'
Раҳмонова Б.Ҳ.
НАҚШИ ФАРЗИЯ ДАР ИНКИШОФИ ДОНИШИ ИЛМӢ *
Аннотация:
Дар мақолаи илмии зерин сухан дар бораи нақши фарзия дар инкишофи донишҳои илмӣ тавассути фалсафа меравад. Инчунин, дар мақолаи мазкур назарияи илмӣ, вазифаҳои асосии он ва методҳои дониш таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Фарзияи илмӣ аслан ин тахминест, ки ба ҳақиқат наздиктар мебошад. Он ба нерӯи психологӣ ва мантиқии саҳеҳаш такя менамояд. Фарзия дарсе самт рушд менамояд. Он аз нигоҳи илми фалсафа дорои се намуд мебошад. Назария қонунияти ҳодисаҳои соҳаи муайянро дар системаи рушдёбандаи донишҳои илмии, шарҳ медиҳад. Назарияи илмӣ дорои панҷ вазифаи асосӣ мебошад. Дар мақолаи , математикӣ ва ташреҳӣ баррасӣ шудааст. Дар илми фалсафа донишро чунин шарҳ медиҳанд: дониш яке аз омилҳои инкишофи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки аз нигоҳи фалсафӣ дониш дорои намудҳо ва шаклҳои хеш мебошад
Ключевые слова:
илм, илмӣ, фалсафа, фарзия, нақш, инкишоф, дониш, сохтор, навъ, самт, назария, вазифа, математика, тасвир, метод, пешбинӣ, маърифат, ҷомеа
Чуноне, ки маълум аст, вожаи фалсафа аз юнонӣ фило-дӯст доштан ва софия-ҳикмат гирифта шудааст. Маънои он ҳикматродӯст доштан аст. Бори нахуст ин истилоҳ аз тарафи Пифагор дар Юнони Қадим истифода шудааст. Ӯ чунин ақида дошт, ки инсон танҳо ҳикматро дӯст дошта метавонад, вале ҳикмати хоси худо мебошад.
Дар мақолаи мазкур фарзия ва нақши он дар донишгоҳи илмӣ аз нигоҳи фалсафӣ таҳлилу баррасӣ мегардад.
«Фарзия - шакли донишҳои назариявӣ, ки дар рафти ҳалли масъала пайдо мешавад ва дар худ тахминҳои дар асоси фактҳо ифодашударо дорад,ки ҳаққонияти онҳо маълум карда нашудааст ва ба исботу асоскунӣ ниёз доранд» [7,227].
Фарзияҳои илмӣ метавонад дар се самт дар натиҷаи рушд ба вуҷуд ояд:
1) дар доираи худи фарзия маълум намудани он,
2) асоснок, пешниҳод ва инкоркунии худи фарзия,
3) мубаддал ёфтани фарзия ба назарияи илмӣ чун низоми донишҳои эҳтимолӣ.
Боиси зикр аст, дар ҳақиқат дар шаклҳои амалия санҷидани фарзия ба вуҷуд меояд. Ҳангоми исботи фарзия қисме аз онҳо назарияи ҳақиқӣ дигарҳояш ивазу мушаххас ва сеюмиҳояш ба хато мубаддал гардида, бартараф хоҳанд шуд.
Инчунин, фарзияҳоро ба навъҳои зерин тасниф менамоянд: «1)фарзияҳое, ки бевосита барои шарҳдиҳии таҷриба пайдо мешаванд, 2) фарзияҳое, ки дар ташаккули онҳо таҷриба нақши муайян доранд, аммо ҳалкунанда не,3)фарзияҳое, ки дар асоси ҷамъбасти назариёти мавҷуда пайдо шудаанд»[7,228].
Дар фалсафа фарзияҳои умумӣ, ҷузъӣ ва корӣ низ ба назар мерасанд.Тахминҳо оид ба қонуниятҳои мухталифи миёни ҳодисаҳо фарзияҳои умумӣ ба ҳисоб меравад. Фарзияҳои умумӣ бунёди созмондиҳии асосҳои донишҳои илмӣ ҳисобида мешаванд. Тахминҳо роҷеъ ба пайдоиш ва вижагиҳои фактҳои алоҳида, ҳодисаҳои мушаххас ва падидаҳои ҷудогона фарзияҳои ҷузъӣ номида мешавад. Тахминҳое, ки ҳамчунин қоида дар марҳилаи ибтидои таҳқиқот мавриди истифада қарор мегирад ва ба сифати нуқтаи аввали ҳаракати минбаъдаи андешаҳои таҳқиқотӣ хидмат менамояд, фарзияҳои корӣ мебошад[8,228].
Донишмандон ва муҳаққиқони соҳаи фалсафа фарзияро шарҳдода чунин мегӯянд:
Дар аввал фарзия гумони пешакӣ ва тахминест ,ки аз мушоҳидаи ҳодисаҳои нав ба вуҷуд меояд. Фарзия ин тахминест, ки ба ҳақиқат наздиктар буда, ба қувваи эътимоди психологӣ ва мантиқии саҳеҳиаш такя мекунад.Он тахминест, ки аз далелҳо пайдо мешавад. Он дар ҳолати ба вуҷуд омадани масоиле зарур мешавад, ки далелҳои нави маълумгардидаро тибқи назарияи мавҷудбуда шарҳу эзоҳ кардан номумкин бошад.
Мисоли зерро фарзия шуморидан мумкин аст: Маърифат ба сӯйи ҳақиқат ғайр аз«пуле», ки аз фарзияҳо дар болои ҷарии номаълумиҳо сохта шудааст, роҳи дигар надорад.
Аз ҳамин сабаб олимон фарзияҳои сершуморе пешниҳод мекунанд, ки онҳо дар сари онҳо ба мисли занбӯрони асал дар қуттӣ давр зада, ӯро ором намегузоранд, то он вақте, ки яке аз фарзияҳо бештар қобили қабул гарданд.
Мавриди таъкид аст, ки дар илм муборизаи ақидаҳо давом дорад, ки аксар вақт ифодаи фарзияҳои зиддиҳамдигар, ифодаи фарзияҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Дар илм фарзияҳо пайдошуда, зуд аз байн намераванд, балки муддати каму беш зиёд «кор мекунанд». Инчунин, фарзияҳое мавҷуданд, ки дар ибтидо рад мешаванду баъдан (шояд баъд аз 5 сол) ҳатто ба назария табдил меёбанд. Фарзия барои кашфиёт намудан аҳамияти ёрирасонӣ дорад. Яъне дар баъзе мавридҳо қудрати кашфиёт намуданро пайдо менамояд. То ҳол ягон роҳе пайдо нашудааст, ки аз фарзия пеш гузошта шавад. Фарзияро парвози хаёлот, самараи дарку идрок ва илҳоми олимон ҳисобидан мумкин аст. Фарзияро нисбат ба назария камтар қадр карда намешавад. Чунончи, маълум аст,ки назария як унсури бештар саҳеҳ ва сазовори мартабаи бенуқс мебошад, аммо ба таърихи илм нигарем назария баъзан нест мешавад. Фарзияҳои нав дар харобаҳои он ба вуҷуд меоянд.
Ҳоло дар зер назария ҳамчун шакли олии пурраи дониши илмӣ ироа мегардад:
Назария гуфта, ба маънои васеи сухан системаи тасаввурҳои саҳеҳ, идеяю принсипҳое дар назар дошта мешавад, ки маънои танги сухан, назария системаи олии асосноку мантиқан ғайризиддиятноки дониши илмест, ки дар бораи хосиятҳои муҳим, қонуният, робитаҳои сабабию оқибатӣ, детерминантҳое, ки ақидаи том мебахшад, ки характери амалу инкишофи соҳаи муайяни воқеиятро муайян менамоянд. Назария қонунияти ҳодисаҳои соҳаи муайянро дар системаи рушдёбандаи донишҳои илмии саҳеҳи дар амалия санҷидашуда, шарҳ дода метавонанд. Назарияи баркамол чунин шарҳ дода мешавад: он натанҳо системаи донишҳои қарору ором ё тадбиқшаванда мебошад, балки механизми муайяни тафаккурии он инкишофи донишро дар бар мегирад. Барномаи муайяни таҳқиқотро дар бар гирифта, вазифаи методологиро иҷро менамояд. Боиси қайд аст, ки агар дар рафти таҳқиқот далелҳое пеш оянд, ки онҳоро дар доираи ҳамин назария шарҳ додан имконнопазир бошад, онро асоси иваз намудан ва аниқ кардани равияҳо назария ҳисобида шавад. Ҳолати хатарнок барои назария ин номувофиқатӣ ба фактҳо мебошад, яъне дар ҳолате назария хато ҳисобида мешавад, ки агар далелҳо ба назария зид бошанд.
Назария дар илми фалсафа дорои вазифаи хеш мебошад.Дар зер вазифаҳои асосии назария таҳлилу баррасӣ мегарданд. Вазифаҳои асосии назария аз нигоҳи фалсафӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:
«1.Вазифаи синтетикӣ-муттаҳидкунии донишҳои алоҳидаи саҳеҳу эътимодбахш ба системаи тому ягона.
2.Вазифаи ташреҳӣ–ошкор сохтани робитаҳои сабабӣ ва дигар робитаҳо, гуногунии робитаҳои падидаи мавриди омӯзиш қарорёфта, хусусиятҳои муҳим, қонунҳои пайдоиш ва инкишофи он.
3.Вазифаи методологӣ, ки истифодаи методҳо, тарзҳо ва роҳҳои таҳқиқ кардани назарияҳои дигарро дарназарияи мазкур фаро мегирад.
4.Вазифаи пешгӯйӣ, ки аз пешбинии илмии падидаҳо ва ҳодисаҳои минбаъда иборат аст.
5.Вазифаи амалӣ. Таъиноти ниҳоии ҳар як назария ин «дастурамал» шудани он барои тағйир додани ҳақиқатҳои воқеӣ мебошад» [7,229].
Ҷиҳатҳои муҳимро дар назария чунин шарҳ медиҳанд: асоси ибтидоии эмпирӣ (фактҳои дар ҳамин соҳаи дониш муқараршуда, маълумоти таҷрибаҳо, ки шарҳи назариявиро талаб мекунад), тахмину фарзия, постулату аксиомаҳои гуногун, мантиқи назария қоидаи хулосаю исботҳои мантиқие, ки дар доираи назария раво дониста мешавад, маҷмӯи факту хулосаҳои ҳосилшуда ва исботи онҳо, ки арсаи асосии дониши назариявианд ва ниҳоят қонунҳои илм ва инчунин пешбинӣ.
Намудҳои бештар ва шаклҳои сершумори гурӯҳбандии назария ба шаклҳои сершумори дониши ҳозираи назариявӣ низ мувофиқат менамиоянд. Ҳоло якчанд намудҳои зерини назарияро шаҳру эзоҳ медиҳем:
Назарияҳои тасвирӣ гуфта, назарияҳоеро мегӯянд, ки вазифаи танзими одатан беҳад маводи мухталифу фаровонро иҷро карда метавонанд.
Назарияҳои математикӣ аппарат ва моделҳои математикаро ба кор мебарад.
Назарияҳои ташреҳӣ бо масъалаи ташреҳи таҷриба алоқаманд буда, системаи дедуктивии назариявиро, ки дар онҳо ҳам қоидаҳои ибтидоӣ ва ҳам қоидаҳои мантиқии таҳия ва вусъат зикр шудаанд, аз ҳамдигар фарқ мекунонад.
Мавриди таъкид аст,ки дар навбати худ силсилаҳои мазкури назарияҳоро ба як қатор шохаҳо тасниф менамоянд. Аз нигоҳи фалсафии илм натанҳо тавассути ҷамъ намудан ва зиёд гардидани донишҳои нав рушду инкишоф меёбад. Нуқтаҳои дигаргунии қатъӣ нукоте мебошанд, ки инқилобҳои илмии мутафаккирони зерин: Каперник, Нютон ва Эйнштейнро дар бар мегиранд. Ба мисли, инқилоби физика дар охири асри XIX аввали асри XX қатъиян дар ҳам шикастани постулатҳои асосии ҷаҳонбинонаи илми классикӣ ва тавлиди принсипҳои нави маърифатӣ буд.
Дар аввал парадигмаи илмиро шарҳу эзоҳ додан лозим аст. Асли сараввал маънои калима парадигма «намуна, шакл» мебошад. Вақте, ки парадигма мегӯянд, меъёру намунаҳои тафаккури таҷрибавию назариявӣ дар ҳамин ҷамоаи илмӣ муайяну қабулшуда, ки характери эътиқод пайдо намудаанд: тарзи интихоби объекти тадқиқот ва шарҳи системаи муайяни фактҳоро дар шакли принсипу қонунҳои ба қадри кифоя асоснокеро дар назар доранд, ки назарияи зиддиятнокеро ташкил мекарда бошанд. Ҳар системаи дониш парадигма , ки ин ё он ҷамоаи илмӣ пазируфтааст, аз рӯи давраҳои инкишофи илм пайи ҳам гузошта, қиёс кардан ва принсипҳои куллии онҳоро ошкор намудан мумкин аст, ки дар асоси онҳо қарор гирифтаанд.
Боиси таъкид аст, ки парадигма як чизи ҳамеша мукаммал нест. Манзараи илмӣ олами ғанӣ мегардад ,ки ин дар ниҳояти кор боиси ҷойи як парадигмаро гирифтани парадигмаи дигари пурмазмуну мукаммал ва пурра мегардад. Аз рӯйи нишонаҳои хоси парадигма тарзу услуби тафаккури илмиро фарқ мекунанд: услуби механистӣ, эҳтимолӣ, кибернетикӣ ва ғайра.
Агар парадигмаро ҷамоаи илмӣ ба миён мегузошта бошад, пас фикрҳои навро одатан олимони ҷудогона пеш мегузоранд.
Методҳои дониш ва пешрафти технологияи ҷомеа
Инсон дар олами қобили пешбинӣ ва пешгӯйи зиндагӣ менамояд. Дар соҳаи эмпирӣ ва дар соҳаи назарияи тафаккур нерӯи пешгӯйӣ намудани воқеҳоро доро мебошад. Вале пешгӯйӣ дар ҷойе имконпазир аст, ки тартибот, мантиқи объективӣ пайбурдаи субъекти пешгӯйӣ муқаррар бошад. Таҳлили масъалаи пешбинӣ баррасии масъалаҳои зеринро тақозо менамояд: таносуби байни пешбинӣ ва фарзия, қонун, имконият ва воқеият чӣ гунааст, механизму воситаҳои психологӣ ва мантиқи қувваи пешгӯйикунандаи хирад чӣ гунаанд, муносибати унсурони бошуурию бешуурӣ дар рафти инъикоси пешакии он чи ки ҳоло нест, вале он чи ки аз оянда ба соҳили ҳастии нақд ба ҳозира бармеояд. Дарвоқеъ ҳам, худи имконияту механизмҳои пешбинӣ ба андозаи зиёд тағйир меёбад, калон мешаванд. Пешбинӣ тарзҳои гуногун дорад, масалан ҳисси пешакии ба мавҷудоти зинда хос: агар мавҷудоти зинда ояндаро ҳис накунад, аз маҷрои воқеаҳо сар ба саломат бурда наметавонад. Пешбинӣ илми тахминӣ аз ҷиҳати таҷрибавӣ ва назариявӣ асоснокест, ки дар бораи вазъи ояндаи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва равандҳои маънавии ҳоло номаълум, вале қобили ошкор мебошад. Дар фаъолияти амалӣ, пешбинӣ дар шакли пешгӯйӣ сурат мегирад. Қобили қайд аст, ки вақте пешгӯйӣ мегӯянд, он таҳқиқоти махсуси илмии пешомади ягон ҳодисаро дар назар дорад. Чунин пешбинӣ тақозо менамояд, ки имконияти воқеии инкишофи система ошкор карда, тамоюлоти ҳозира, суръати ҳаракати авҷгиранда ва имконияти нақшакашию идораи комплексӣ, ки таъсири мутақобили зиддиятноку мутаносиби ҳамаи ҳалқаҳои муҳими ҳаёти иқтисодии ҷамъиятро ба ҳисоб мегирифта бошад, дар назар дошта шавад. Пешгӯйӣ ин пешбинӣ дар замону макон маҳдуди мушаххас, масалан, пешгӯии гирифтани Офтоб, пешгӯии обу ҳавои фардо ё рафтори душман дар рафти амалиёти ҷанг, тадбирҳои дипломатӣ ва ғайра.
Одам дар асоси маърифати робитаҳои сабабию қонунӣ фаҳмидани моҳияти чизҳо ҳар сари чанд вақт аз ҳади имконоти ҳозира берун баромада, ба ояндаи асрорангез назар меандозад ва мавҷудияти чизҳои ҳанӯз номаълумро пешбинӣ карда рафти эҳтимолӣ ва зарурии воқеаҳоро пешгӯйӣ карда метавонад. Пешбинӣ аломат буда, далели он аст, ки афкори илмӣ қувваҳои табиат ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ҳаёти ҷамъиятро ба вазифаҳои инсоният тобеъ мекунад. «Идора пешбинӣ кардан аст.»-мегӯяд ҳикмати қадима.
Маърифати илмӣ имкон медиҳад на фақат пешбинӣ кунем, балки ояндаро бошуурона муайян ҳам намоем. Маънои ҳаётии ҳар илмро ба тарзи зерин тавсиф намоем: донем, то ки пешбинӣ намоем, пешбинӣ намоем, то ки амал кунем. Инсоният аз рӯзи аввал орзу дорад, ки пешбинӣ кунад ва инқобилиятро ба қаҳрамонони афсонавӣ ва асотирӣ хос медонист. Дар ин росто мавриди зикр аст, ки хиради мо дар ин муддати тӯлонӣ роҳгумнашуда, роҳи дарозро тай карда наметавонист.
Хулоса аз нигоҳи фалсафӣ нақши фарзия дар донишҳои илмӣ басо муҳим мебошад. Дар се самт: дар доираи худи фарзия маълум намудани он, асоснок, пешниҳод ва инкоркунии худи фарзия, мубаддал ёфтани фарзия ба назарияи илмӣ чун низоми донишҳои эҳтимолӣ, фарзияи илмӣ метавонад дар натиҷаи рушд пайдо шавад. Он дорои се самт мебошад. Инчунин, боиси зикр аст, ки инсоният донишро дар муддати ҳаёташ доир ба воқеияти объективӣ бо роҳҳои гуногун ба даст оварда метавонад. Дониши илмиро доимо тасдиқ ҳисоб намудан мумкин аст. Донишҳо қабл аз мо ҳосил гардидаанд. Мо дар раванди муошират, инчунин мутолиа кардан онҳоро аз бар менамоем.Донишҳои илмӣ дорои намудҳо ва шаклҳои асосии хеш мебошанд.
Номер журнала Вестник науки №9 (78) том 5
Ссылка для цитирования:
Раҳмонова Б.Ҳ. НАҚШИ ФАРЗИЯ ДАР ИНКИШОФИ ДОНИШИ ИЛМӢ // Вестник науки №9 (78) том 5. С. 545 - 552. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/17548 (дата обращения: 18.04.2025 г.)
Вестник науки СМИ ЭЛ № ФС 77 - 84401 © 2024. 16+
*