'
Комилов Д.Р., Саидзода А.Р.
АФКОРИ РАВОНШИНОСИИ ИМОМИ АЪЗАМ *
Аннотация:
Дар мақолаи мазкур оид ба назарияҳои афкори психологии Имоми Аъзам маълумот дода шудааст. Муаллифон оид тарҷумаи осори Имоми Аъзам, дастрасии онро таҳлил бо ҷустҷуйи илмӣ таҳқиқ намудаанд. Имоми Аъзам дар осорҳои худ таълимот оид ба хусусиятҳои ҷавҳари афкори ахлоқӣ, психологӣ, тарбият ва шаклҳову анвои онро амиқу ҳамаҷониба таҳқиқ намудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Имоми Аъзам дар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи худ муайян кардааст, ки ҷаҳонбинии ӯ ба сӯи бисёр андешӣ дарак медиҳад. Муаллифон кушиш бар он доранд, ки ҳадафҳои асоси тақиқотро оид ба назарҳои осори Имоми Аъзамро муайян намоянд
Ключевые слова:
афкор, психологӣ, ҳикмат, ахлоқ, тарбият, таълимот, усул, замон, назария, ташакуллёбӣ
Ҳадафи таълимоти Имоми Аъзам пур аз ҳикмат, тарзи муносибатҳои дуруст бо одамон, усулҳои ҳалли моҷаро, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ ва ташаккули шахсияти ҷавонон ба миён меорад.
Мақсади омӯзиш аз ин мавзуъ аз он иборат аст, ки шакли ҷанбаҳои равоншиносии онро муайян намоем. Гарчанде ки илми равоншиносӣ ҳамчун илми мустақил дар асри Имоми Аъзам вуҷуд надошта бошад ҳам, лекин ӯ дар таълимоти худ аз усулҳои равоншиносӣ (психологӣ) хеле хуб истифода мебурд.
Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит муассиси яке аз бузургтарин, паҳншудатарин ва одилтарини мазҳаби ҳанафия мебошад. Соли 2009-ум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли байналмилалии бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа» эълон гардид.
Имоми Аъзам аввалин фақеҳ ва ҳомиест, ки забони шаккарини «тоҷикии форсӣ дар қатори забони бою ғании арабӣ-забони дину ойин ва коргузорӣ хонд».[1]
Имоми Аъзам забони тоҷикӣ, яъне форсӣ ва густариши онро басо содиқона ба роҳ монда, ба ин васила забони аждодии худро дар қатори забони арабӣ, забони илму ҳикмат ва дину давлат эълон кардааст.
Бинобар ишорати муҳаққиқон, Имоми Аъзам дар он замонҳои хеле тезу тунди густариш ва интишори дини Ислом ва ҷорикунии забони арабӣ тавонист, ки забони тоҷикии форсиро пой бар ҷо қарор бидиҳад.
Имоми Аъзам забони тоҷикии форсиро забони дуюми дин, баъд аз забони арабӣ эълом дошт. Сониян тафсири Қуръон ва хондани намозро бо забони тоҷикӣ-форсӣ иҷозат дод. Аввалин тафсирҳои Қуръон, аз он замон аст (мисли тафсири Табарӣ, тафсири кӯчаки Қуръон, аз ҷониби Шайхурраис Абӯалии Сино) ва ғайра.
Дар замони салтанати фарҳангдори Сомониён, (ба хусус дар даврони Исмоили Сомонӣ забони форсӣ, дар баробари забони арабӣ, забони илму адаб, нигориш ва низ давлатдорӣ буд.
Дар ҳаёти мадании асри IХ-Х ҷараёни «шуубия», хеле равшану возеҳ дар адабиёт зуҳӯр карда буд. Ба зӯрӣ интишор додани расму ойин ва забону фарҳанги арабӣ, босуръат идома дошт. Арабикунонӣ ҳанӯз, аз замони тавсия ёфтани Ислом, дар мамолики берун аз Маккаю Мадина оғоз гардида буд.
Дар он даврони пурталотуми асри хеш, Имоми Аъзам тавонист, ки шуҷоатмандона қарзи миллати хешро, дар назди аҳли тоҷику форс адо намояд ва бузургии забони тоҷикӣ-форсиро нигоҳ дорад.
Маҳз кишварҳои тоҷикнишин, яъне форснишин ба хусус дар Мовароуннаҳру Хуросон ва қисмате аз марзи Эрон мазҳаби ҳанафӣ, ки муассиси он Имоми Аъзам аст, хеле густариш ёфт. Хонадони Оли Сомон мазҳаби ҳанафиро, ки муассисаш олиму ҳаким ва фақеҳу имоми кабир Абӯҳанифаи Форсӣ буд, хуш пазируфтанд. Абӯҳафси Кабир ва Абӯҳафси Сағир-падару писар, ки бузургтарин фуқаҳойи ҳанафимазҳаби Осиёи Марказӣ, дар аҳди Сомонӣ буданд, дар назди шогирдони Имоми Аъзам ба хусус дар назди Имом Муҳаммад илми фиқҳ омӯхтаанд (барои маълумоти муфассал оиди ҳаёт ва фаъолияти ин ду бузургфақеҳ ва мушовирони маънавии давлати Сомониён метавонед ба китобҳои «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ва «Салоти Масъудӣ»-и Мавлавӣ Шайх Масъуди Самарқандӣ ва китобӣ-бадеӣ-таърихии устоди насри худогоҳии миллӣ-Муҳаммадзамони Солеҳ, бо номи «Девори Хуросон» ва чанде дигар муроҷиат намоед.
Н.Неъматов-муаррихи шинохтаи тоҷик, дар китобашон «Давлати Сомониён» тазаккур дода, ки дар Осиёи Миёнаи давраи Сомониён, ба таври расмӣ, мазҳаби ҳанафӣ қабул шуда буд.
«Ҳоло мазҳаби Имоми Аъзам дар Тоҷикистон, Афғонистон кулли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Поволже, яъне, Тотористону Бошқирдистон, Қафқози Шимолӣ, Қазоқистон, Сӯрия, Покистон, Туркия, Ҳиндустон, Миср, Ироқ, як қисмати Эрон, Индонезия, Бангладеш, Арабистони Саудӣ, як қисми Чин ва Анатолия ва Балкан, яъне, Югославия, Албания ва каме дар Булғория, соҳилҳои Баҳри Сиёҳ ва ғайра, дар масоили динӣ ҳукмрон аст.[3] Ва бояд қайд кард, ки имрӯз, аз ҳама паҳншудатарин ва чашмрастарин мазҳабе, ки ҷомеъасозаш метавон шуморид, ин мазҳаби Ҳанафист, яъне мазҳаби Имоми Аъзам зеро, ки адл, адолат ва эҳтироми башарият, шиор ва ормонҳои олии башарӣ, маромӣ ӯст, яъне «Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро».[3]
«Шӯрои муфтиёти Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Тотористону Бошқирдистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Туркия, як қисми Чин ва ғайра дар фатвою қарорҳои хеш ба фиқҳи ҳанафӣ истинод меоваранд. Бояд қайд кард, ки имрӯз дар баъзе қисматҳои Индонезия, Ҳинд, Малайзия, Югославия, Булғория ва савоҳилҳои Баҳри Сиёҳ (Қрим) ҳам мусалмонони ҳанафимазҳаб иқомат доранд.[3]
Осору афкори фиқҳии Имоми Аъзам дар замонаш шӯҳрати оламгир дошт ва имрӯз ҳам ақидаҳои одилонаву башардӯстонаи ин марди ҷаҳони хираду ҳикмат қадри худро гум накардаву нахоҳад кард. Балки чун хуршед медурахшаду башариятро ба сӯи роҳи рост, яъне, ба роҳи Худошиносӣ ҳидоят мекунад. То имрӯз афкори Имоми Аъзамро олимони зиёде аз қабили Шайх Шаҳобиддин Аҳмад ибни Ҳаҷари Ал-Маккиӣ «Ал-хайрот-ал-ҳисон фӣ-маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон» ба форсӣ «Маноқиби Имоми Аъзам» Ал-Азҳар, Лубнон чопи 1377ҳ Муҳаммад Абӯзаҳра «Абӯҳанифа ҳаётуҳу ва осоруҳу», Қоҳира-1977, Иноятуллоҳи Иблоғ, «Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва афкори ӯ», Боголюбов А.С., «Этика правовие воззрения Абӯҳанифа ан-Нумон, Полестинский Сборник 1987 М., Фиқҳ-ал-Қозӣ Абӯабдуллоҳ Ҳусайн ибни Алии Саймирӣ «Ахбор Абӯҳанифа ва асҳобиҳи», Бейрут-Лубнон, 1976, Муҳаммадсабури Бухорӣ «Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ» Бухоро соли 1997, М.Бухорӣ «Ақоиди Имоми Аъзам дар партави Қуръон ва Суннат» Бухоро 1998, С.Б.Бузургмеҳр «Ҳазрати Имоми Аъзам» маҷал., "Тоҷикистон" N3-4. 1998: Бегиҷон Рустамзода "Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) кист". Душанбе 1999, Б.Рустамзода. Ақидаҳои фиқҳии Абӯҳанифа (Имоми Аъзам), Душанбе 1999, 42с ва ғайра мебошад, ки бузургӣ, тақво мартаба, мақому манзалат ва маъруфияти Имоми Аъзамро муайян мекунад.
Дар равоншиносии муоширати корӣ яке аз усулҳои самарабахши ба сари масъала овардани ҳамсӯҳбат, бо шахс муроҷиат кардан аст. Яке аз хусусиятҳои ҳамсӯҳбат бо шахс ин ифодаи эътибору эҳтиром ба шахсияти ҳамсӯҳбат мебошад. Ба ин восита, ӯ метавонад нисбати мо ҳисси таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
Имоми Аъзам ҳангоми ба савол ҷавоб гуфтан ва ё ҳал кардани масъалае ҳатман аз далеловариҳо истифода мебурданд, чунки таъсири ҷавобе, ки бо далел исбот мешавад, бениҳоят зиёд аст. Дар илми равоншиносӣ, хусусан психологияи муоширати корӣ дар бобати далеловарӣ роҳу усулҳои муайянеро кор карда баромадаанд.
Имоми Аъзам аслан аз амали қиёс зиёд истифода мебурданд, ки дар музокироти корӣ он бо номи усули муқоисанамоӣ машҳур аст. Усулҳои далеловариеро, ки Имоми Аъзам меоварад, метавонем, ки дар рафти муошират васеъ истифода барем.
Бояд қайд кард, ки Имоми Аъзам дар баробари маҳорати баланди далеловарӣ доштанаш, инчунин дар баҳсу мунозира ҳам одобу усулҳои хуби муоширатро истифода мебарад. Масалан, ҳар вақт ба шогирдонаш чунин мегуфт: " Агар шахси омӣ ва нодон бо ту мубоҳисаю мунозира кард, бо вай мубоҳиса макун, ки обрӯйи туро мебарад".[4]
Дар психологияи муоширати корӣ омадааст, ки ҳар кас вобаста аз ақлу фаҳмиши хеш баҳс мекунад. Баҳс кардан на ҳама кас метавонад дар майдони баҳс бояд дониши мукаммал, диққат ва мақсади муайяну одоби ҳамида дошта бошем. Имоми Аъзам бисёр хуб гуфтаанд, ки бо чунин одамон баҳс маъние надорад. Инчунин Имоми Аъзам дар баҳсумунозира ҳеҷгоҳ ба ғазаб намеомаданд. Ба шогирдонаш ҳам таъкид мекард: "дар баҳсҳои илмӣ ҳеҷгоҳ хашмгин нашавед ва ғазабро истифода набаред".[4]
Имоми Аъзам бо шогирдонаш бисёр ҳам мушфиқона рафтор мекард. Афкори ӯ ин буд, ки бо шогирдон ҷиддӣ ва бо сахтгирии шадид муносибат намекард. Ин назарияи Имоми Аъзам маънои онро доранд, ки дар рафти таълимдиҳӣ бояд фазои солими муошират бошад ва ба вуҷудоварандаи ин фазои солим танҳо устод аст.
Дар замони ӯ, аз он усулҳое, ки имрӯз илми равоншиносӣ такя мекунад, истифода мешуданд. Имоми Аъзам низ дуруст мешуморид, ки ҳеҷгоҳ афкор ё назарияро танҳо коркард намекард. Аввал масоилеро дар доираи шогирдонаш мегузошт ва шогирдон ҳар як афкору ақидаи худро мегуфтанд. Имоми Аъзам мавқеи худро изҳор мекард ва ниҳоят беҳтарин тафаккурро муайян карда мешуд.
Имоми Аъзам ба масъалаҳои равоншиносиву ахлоқӣ даст зада, дар назди оммаи мардум нагуфтани сифатҳои бади ягон касро маслиҳат медоданд. Имоми Аъзам мефармояд: "Шахсеро ба бадӣ шинохтӣ, бадиашро пеши мардум зикр макун, балки хубиеро дар вай ҷустуҷӯ кун ва бо ҳамин хубӣ аз ӯ ёд кун".[4] Шумо агар ҳангоми сар задани низоъ хусусиятҳои бади таҳқиркунандаро як сӯ гузошта, кӯшиш кунед корҳою хусусиятҳои хуби ӯро ба ёд оваред. Аз таълимотҳои Имоми Аъзам доир ба равоншиносии оилавӣ ҷавҳари таҳқиқотеро ҷамъ кардан мумкин аст, ки то ҳол қисме аз он масъалагузорӣ нашудааст. Имоми Аъзам дар ҳалли низоъҳои оилавӣ чунон эҳтиёткорона муносибат менамуданд, ки ниҳоят ба фоидаи зану шавҳар баробар ҳал мешуд.
Хулоса, Мазҳаби ҳанафия роҳест, ки шиораш адл асту адолат, яъне, мусалмонони мазҳаби ҳанафия, ба пайравони ҳамаи динҳои осмонӣ ва кулли башар муносибати хуб доранд. Яҳудиҳо ва насрониҳо-масеҳиён-аҳли китоб ҳастанд ва ҳанафиён онҳоро низ эҳтиром мекунанд. Ва мусалмонони ҳанафимазҳаб ба китобҳои аз ҷониби Худо ба онҳо фиристодашуда имон овардаанду доранд ва паёмбарони онҳоро паёмбарони худ медонанд.
Омӯзиши афкори пешқадам, маслиҳатомезу пурҳикмат ва ҷомеасози гузаштагонамон, ба мисли пири аҳли тақво, фақеҳи бузург ва инсони комилу ормонӣ Имоми Аъзам барин кубарои азимушшаън метавонад, ки ҷомеаи моро аз ин вартаи маҳвшавӣ берун орад.
Муҳаммад Иқбол хуб гуфтааст, ки:
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,
Ки паридан натавон, бо пару боли дигарон. [5]
Моро иттиҳоди инсондӯстиву демократӣ, бунёдгаро, ки битавонад ҷавобгӯи кулли мушкилоту ҳомии аҳли башарият бошад.
Афкори равоншиносии Имоми Аъзам ҷанбаҳои иҷтимоӣ дошта, дар рушду инкишофи ҷомеаи имрӯза низ мавқеи хоса доранд. Мутаассифона, то ҳол андешаҳои ӯ мавриди тадқиқот қарор наёфтаанд. Умед аст, ки мутахассисони соҳавӣ сари ин масъала фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намуда, ба паҳлӯҳои ниҳонии андешаҳои ин шахсияти оламшумул шарҳу баёни тоза рӯйи кор меоранд.
Номер журнала Вестник науки №11 (80) том 3
Ссылка для цитирования:
Комилов Д.Р., Саидзода А.Р. АФКОРИ РАВОНШИНОСИИ ИМОМИ АЪЗАМ // Вестник науки №11 (80) том 3. С. 1504 - 1510. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/18911 (дата обращения: 30.04.2025 г.)
Вестник науки © 2024. 16+
*