ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲО ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ МУШКИЛОТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ОЛМОНӢ
Аннотация: Дар мақола хусусиятҳои дарси олмонӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва душвориҳои он баррасӣ карда мешавад. Дар он роххои инкишофи ЗУН дар процесси омузиши забони немисй махсусан кайд карда шудааст. Инчунин бояд қайд кард, ки дар системаи дарси забони хориҷӣ намудҳои зерини дарс амал мекунанд: дарс – тренинги малакаҳои ибтидоӣ, машқ барои омӯзиши малакаҳои нутқ ва малакаҳои шифоҳӣ, ба инҳо дохил мешаванд: дарс – конференсия, дарс – семинар, мизи мудаввар, ҳуҷум, такрори маводи омӯхташуда, кор бо парвандаҳо, машқҳои забонӣ ва нутқ, баҳсу мунозира
Ключевые слова: забони олмонӣ, омӯзиш, бозӣ.
Дарси забони олмонӣ яке аз қисматҳои мантиқан ба итмомрасидаи кори таълими забон мебошад, ки мақсади асосии он ба даст овардани ҳадафҳои муайяни дорои характери амалӣ, умумимаърифатӣ, такомулӣ ва тарбиявӣ маҳсуб меёбад. Барои ба даст овардани натиҷаи мусбати иҷрои мақсади мазкур бояд машқу супоришоти қаблан омодашуда ва ба нақшагирифташударо иҷро кард, ки он дар асоси воситаҳо ва роҳҳои аз тарафи омӯзгор пешниҳодшудаи таълим таҳия карда шудааст. Моҳияти он аз самти нутқ вобаста аст.
Азхудкунии бомаффақияти малакаҳои забонӣ ва маълумот дар дарси забони олмонӣ аз ташкили моҳиронаи дарси мазкур вобастагии зич дорад. Барои ташкили сифатнок ва сермаҳсули таълим зарур аст, ки шартҳои методисти шуравӣ, психолог Леонтьев А.А.- ро иҷро намоем:
ба ҷо овардани самти коммуникативии ҷараёни таълим,
таъмин намудани иштироки фаъолонаи ҳар як хонанда дар дарс,
роҳ надодан ба ташкили якрангии дарс,
таъмин кардани алоқаи маводи нави дарсӣ бо маводи аллакай омӯхташуда,
назорат кардани такомул ва беҳтаргардонии доимии малака ва маҳорати нутқи шифоҳӣ, шунавоӣ ва хониш,
иҷозат надодан ба рӯй додани эҳсосоти негативӣ (манфӣ) ҳам аз тарафи омӯзгор ва ҳам аз тарафи худи хонандагон,
истифода бурдани тамоми навовариҳои технологӣ барои азхудкунии босамари маводи таълим
Дарси забони олмонӣ метавонад танҳо комплексӣ шавад, яъне дар он тамоми намудҳи кор гуногунранг бояд гузаронида шавад ва ҷанбаҳои гуногуни забон омӯзонида шавад. Ҳангоми гузаронидани дарс хонанда-гон бояд фаъолияти нутқии босифатро намоиш диҳанд.
Дар раванди дарс машқкунӣ ва мустаҳкамкунии маводи гузашта бояд нисбат ба омӯзиши маводи нав бартарӣ дошта бошад. Тартиби дарсҳо ин ҷамъ намудани дарсҳои намудашон гуногун, ки дар як занҷираи пайдарҳам қарор доранд ва аз мақсади умумии том иборатанд. Тартиби дарсҳо ба коркарди пайдарҳамии ин ё он маводи забонӣ хос мебошанд ва одатан тамоми қисматҳои китоби дарсӣ ё мавзӯи муайяни нутқиро фаро мегирад.
Дар низоми дарс чунин намудҳо мавҷуданд: дарси машқи малакаҳои аввалиндараҷа, дарси машқи малакаҳои нутқ, нутқи шифоҳӣ, масалан: дарс-конференсия, дарс-семинар, мизи мудаввар, ҳуҷуми ақлӣ, мубоҳиса, такрори маводи омӯхташуда, масъалагузорӣ, кор бо кейсҳо ва машқи онҳо, машқҳои забонӣ ва нутқӣ. Ғайр аз ин дарсҳои тафсирӣ ва санҷишӣ мешаванд.
Дар дарсҳои омӯзиши малакаҳои нутқ диққати асосӣ ба хондан, муколама, нақлҳо, нутқи якҷониба, дуҷониба равона карда мешавад. Дарсҳои такрорӣ низ бояд гузаронида шавад, ки он барои донишҷӯёне, ки дар дарс ҳамон вақт ғоиб буданд, ҳадди ақал як маълумоте медиҳад, ба монанди: интервю-яке нақши рузноманигор, дигаре донишҷӯро мебозад, онҳо доир ба мавзуи дарс, истифодаи аёният, воситаи техникии таълим (ВТТ), методҳои таълим ва мушаххас дар ҳар як марҳилаи дарс чӣ маводҳо буданд, нақл мекунанд. Мақсади асосии чунин дарс - мураттабсозӣ ва вобаста кардани маводи гузашта бо сохтори дарсро ташкил медиҳад, намудҳои гуногуни фаъолияти таълимро дар низоми қолабнок бо тартиб ва пайдарпай амалӣ мегардонад.
Бо ҷамъбасти ҳамаи гуфтаҳои боло, метавон қайд кард, ки дарси забони олмонӣ бояд тавре ташкил карда шавад, ки иҷрои ҳадафҳои таълимӣ, рушд ва тарбияро таъмин кунад. Давомнокии дарс набояд аз 50 дақиқа зиёд бошад, ки дар он омӯзгор бояд дар пайдарпаии муайян бо донишҷӯён тамоми марҳилаҳои дарси пешбинишударо гузарад, аммо бо миқдори маводи пешниҳодшуда аз ҳад нагузарад.
Дар мактаби олӣ гурӯҳҳое созмон дода шудаанд, ки ду забони хориҷиро дар бар мегиранд, фаронсавӣ-олмонӣ, олмонӣ-англисӣ ва ғайра. Хусусиятҳои умумии забонии (лингвистии) ду забон аз он иборат аст, ки якеро омӯзанд, дигаре низ азхуд карда мешавад. Дар оғози омӯзиши забо-ни олмонӣ донишҷӯён боварӣ ҳосил мекунанд, ки забонҳои олмонӣ ва англисӣ бисер умумият доранд: Mein Name ist Miller. My name is Miller. Er spriсht Deutsch. He speaks German. Ich will schlafen-I want to sleep.
Дар ташаккули шаклҳои замонии феъл (аз се шакли асосии феъл ва истифодаи феъли ёрирасон) haben=to have),-kommen-kam-gekommen, come-came-come, bringen-brachte-gebracht, bring - brought – brought, sprechen-sprach - gesprochen, speak - spoke – spoken, феълҳои модалӣ: müssen - must, to have to- can, to be able to, dürfen-may, to be allowed to, истифоодаи артиклҳо: Clown=der Clown (m) clown=ein Clowncar=das Auto (n) car=ein Autogara-ge=die Garage (f)garage=eine Garage истифодаи ҷонишинҳои нисбӣ дар ҷумлаҳои пайрави тобеъ: die Frau, die… the woman, Mann, der… the man, who…, das kind, das… the child, Leute, die… the people, who…, die Kiste, die… the box, Ball, der… the ball, that/which… Auto, das… the car, Spielsachen, die… the toys, that/which…, сиғаи амрӣ: Denk an deine Frau! -Think of your wife! Hilf euren Freunden!- Help your friends!
Ин ҳама метавонад дар азхудкунии забони олмонӣ ҳамчун забони дуюм, хусусан дар марҳилаи аввали таълим, ҳамчун пуштибон хизмат кунад. Шумораи зиёди калимаҳое, ки ҳангоми дарки визуалӣ шинохта мешаванд, ба таври самаранок кӯмак мерасонанд: калимаҳои байналми-лалӣ, масалан: die Donau, der Norden, der Süden, der Osten, der Westen, der Chef, die Ziffer, der Laborant, der Elektriker, der Soziologe, der Reporter, der Dekan, der Computer, das Auto, der Philologe, der Pilot, der Professor, ки ҳар як забони хориҷиро бо луғати мазкур оғоз намудан мумкин аст.
Омӯзиши забони олмонӣ осон, фаҳмо ва равон ба амал меояд, агар:
ба монандӣ ва умумиятии забони дигар ба забони немисӣ, забони модарии худ такя кунед, истифодаи тахминҳои забонӣ (дар бораи маънои калима, шакли грамматикӣ), дар асоси контекст, қисмҳои шинохтаи калима, фарқиятҳоро дар падидаҳои забон ва тарзи ифодаи фикр мушоҳида кунед, ба забони нав интиқол додани қобилияти кор (дарёфти маънои калима дар луғат, истифодаи ибора, иҷрои машқҳои гуногун ва ғайра).
Ҳангоми кор бо луғат баъзан мушкилот ба миён омада метавонад. Ба шумораи омилҳое, ки мушкилоти азхудкунии фаъоли калимаҳоро ба вуҷуд меоранд, инҳо дохил мешаванд: Мувофиқат ё номувофиқатии ҳаҷми маъноҳои калимаҳои забони модарӣ ва хориҷӣ: калимаҳои номувофиқ барои азхудкунии фаъол нисбат ба калимаҳое, ки ҳаҷми маъноҳои мувофиқ доранд, мушкилоти бештар меоранд.
Дараҷаи пайвастшавӣ ё озодии сухан нисбат ба дигар калимаҳои ин забон: ибораҳои озод, пайвастагиҳои устувори калимаҳо (фразеологизмҳо), идиомаҳо. Пайвастагиҳои озоди калимаҳо дар забони хориҷӣ аксар вақт бо калимаҳои модарӣ мувофиқат намекунанд. Омезиши калимаҳои ғайриозод, устувор ё таркиби калимаҳои фразеологӣ барои азхуд кардани он душворӣ ба вуҷуд меоранд, ки онҳо бояд дар контекстҳои муайян дақиқ ва устувор ҳамчун як фикри том дар шакли бетағйир ба ёд оварда шаванд. Ба ин гурӯҳҳо дохил мешаванд: alle durch Die Bank дар забони модарӣ мавҷуд нестанд, große Augen machen ба таркиби забони модарӣ монанд аст (бо чашмони калон нигоҳ кардан, яъне ҳайрон шудан).
Хусусияти сохтори калима: калимаҳои оддӣ, сохта ва мураккаб. Калимаҳои оддӣ осонтар ҳазм мешаванд. Калимаҳои мушаххас одатан нисбат ба калимаҳои абстрактӣ осонтар ҳазм мешаванд. Дар асл, агар дар бораи истилоҳи типологияи методии луғат сухан ронем, он маънои гурӯҳбандии маводи забонро аз рӯи намудҳои мушкилоти азхудкунии онҳо аз ҷониби донишҷӯен дорад. Типологияи зерин, ки аз ҷониби методисти рус Н.В. Николаев пешниҳод шудааст, маъмултарин аст: ӯ якчанд намуди калимаро ҷудо мекунад :
Калимаҳои байналмилалӣ ва иқтибосӣ, ки ҳаҷми маънои онҳо дар забонҳои модарӣ ва хориҷӣ (олмонӣ) якхела аст: die Musik, das Theater, das Мuseumi, das Kino, der Club, das Auto, das Taxi. Мушкилии азхудкунии ин калимаҳо дар талаффуз (овоз додани онҳо) аст, на дар фаҳмидан. Калимаҳои сохта ва мураккаб, инчунин таркиби калимаҳое, ки ҷузъҳои онҳо ба донишҷӯен шиносанд: der Lehrling, der Schüler, der Lieblingsschriftsteller, die Gemäldegalerie. Ҳангоми фаҳмидани чунин калимаҳо, омӯзгор бояд ба дониши донишҷӯен такя кунад. .Калимаҳои решавӣ, ҳаҷми маъноҳое, ки ба ҳаҷми маъноҳои калимаҳои мувофиқ дар забони модарӣ мухолифат намекунанд: der Tisch, der Fichtenbaum, der Stuhl.
Калимаҳое. ки тибқи маънояшон барои забони омухташаванда хосанд: der Herr, das Brandenburger Tor, der Zwinger, der Palast.
Барои кушодани маънои онҳо беҳтараш тафсир ё эзоҳдиҳиро дар забони модарӣ истифода кард: Калимаҳои ҳамреша бо забони модарӣ, вале аз ҷиҳати маъно фарқкунанда (дӯстони бардурӯғи тарҷумон): die Familie, das Magazin, die Vase.
Ибораҳо ва калимаҳои мураккаб, ки ҳарчанд ҷузъҳои алоҳидаи онҳо ба донишҷӯен маълум аст, аммо ба ҷузъҳои воҳидҳои лексикии бо онҳо алоқаманд дар забони модарӣ монанд нестанд. Ҳангоми ворид кардани чунин калимаҳо беҳтар аст, ки ба контексти махсус сохташуда такя кунед. Воҳидҳои лексикӣ, ҳаҷми маъноҳое, ки аз ҳаҷми маъноҳои калимаҳои дахлдор дар забони модарӣ васеътаранд: der Jahrmarkt, die Jahreszeit, das Teehaus. Воҳидҳои лексикӣ, ҳаҷми маъноҳое, ки аллакай ҳаҷми калимаҳои мувофиқ дар забони модарӣ мебошанд: der Wortschatz, das Vokabular, das Wörterbuch.
Барои бартарaф намудани мушкилот, мақсаднок аст, агар пешниҳоди зеринро ба назар гирем: азбаски воҳидҳои лексикӣ барои азхудкунӣ мушкилоти гуногун доранд, бояд ба манфиати ҳосилнокии омӯзиши лексика мушкилоти воҳидҳои лексикии азхудшавандаро арзёбӣ кард ва онҳоро ба гурӯҳҳое, ки бештар ё камтар якхела мебошанд, ҷамъбаст кард. Pоҳҳои ҷорӣ кардани луғат бояд ба ҳар як гурӯҳ татбиқ карда шаванд. Муқаддима ва тавзеҳот бояд ба тарафҳои воҳидҳои лексикӣ, ки боиси мушкилот мешаванд, равона карда шаванд ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Бартараф кардани мушкилоти лексикӣ бо чунин роҳҳо амалӣ карда мешавад: ҷудо кардани калимаҳои душвор аз ҳамдигар, дохил кардани воҳидҳои омӯхташуда ба пайвастагиҳои гуногун ва робитаҳои ассотсиатсионӣ, инчунин иҷрои машқҳои фарқкунанда (муқоисашаванда). Аломатҳои мушаххасеро нишон додан мумкин аст, ки бояд барои рафъи мушкилоти азхудкунии луғати хориҷӣ истифода шаванд. Воҳидҳои мушкилтарини лексикӣ:
а) Воҳидҳои луғавии дарозтарин ва кутоҳтарин,
б) Воҳидҳои луғавии мафҳумҳои ифодашавандаи абстрактӣ,
в) Воҳидҳои луғавӣ бо семантикаи сустшуда: setzen (in Bewegung, in Gang)
г) калимаҳои сатрӣ (der, so, die Sache, halten)
д) калимаҳои сермаъно
е) калимаҳои мураккаб ва таркибӣ (begreifen, besuchen, erzählen)
ж) пайвастагиҳои фразеологӣ
з) клишеҳои нутқ (ибораҳои рехта)): es kommt auf keinen Fall in Frage, was das anbetrifft, meiner Meinung nach, ea lässt sich, keine Ahnung ва ғайра.
Барои беҳтар аз ёд кардани калимаҳо, омӯзандагон метавонанд аз қофиябандӣ, (рифмҳо), сурудҳое, ки калимаҳои нав доранд, чистон, зарбулмасал, мақол, тезгӯяк, диалог, монолог истифода баранд. Инчунин бояд усулҳои махсуси ёд кардани калимаҳоро сафарбар кард, ба монанди: нутқронӣ бо садои гуногун, гуфтугӯи ритмикӣ бо ягон ангезаи шинос, кор бо расм, варақаҳо, тамошои филм. Чунин усулҳо аз ҷониби омӯзгорони дорои усулҳои интенсивӣ бомуваффақият истифода мешаванд. Барои рушди нутқ сохтани пайвастагҳо қадами муҳимтарини миёна аст, дар забон калимаҳои танҳо вуҷуд надоранд (Н.И.Жинкин). Хусусияти комбинатсияҳо дар ҳар як ҳолат бо тарзи ифодаи минбаъдаи андешаи донишҷӯен муайян карда мешавад. Пайвастагиҳо аз рӯи қонунҳои мутобиқати маъновӣ дар ҳамкории зич бо меъёрҳои грамматикӣ сохта мешаванд.
Мисолҳои мушаххас доир ба тартиби ибораҳо ва пайвастагиҳо: 1. Кадом феълҳоро бо калимаҳои олмонӣ сохтан мумкин аст: das Dorf, der Garten, der Hof, die Landschaft, der Himmel, der Wind, die Temperatur, die Wohnung, das Leben, das Lesen, das Hörverstehen, die Kommunikation.
- Дар сутунҳо калимаҳоро мувофиқ намоед, ки пайвастагӣ ба вуҷуд ояд:
Sie, bauen, еinen Schneemann, machen, eine Schneeballschlacht, laufen
Мушкилоти азбаркунии луғат ҳангоми кор бо он ба вуҷуд меояд. Кор бо луғат дар 3 марҳила гузаронида мешавад: Пешниҳоди мавзуи нав, овардани мисолҳо доир ба калимаҳои нав ва истифодаи онҳо дар матни додашуда. Мавзуи мазкур домани паҳно дорад, метавонем мафҳумҳоро идома бахшем, ки онро дар андешаҳои минбаъда иброз хоҳем дошт.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 12 (81) том 1
Ссылка для цитирования:
ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲО ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ МУШКИЛОТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ОЛМОНӢ // Журнал «Вестник науки» от 1 декабря 2024 г. № 12 (81) том 1. С. 1810 - 1816. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/19397 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/19397
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
