ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТЇ ДАР ДАРСИ МАТЕМАТИКИ
Аннотация: Дарсњои хонандагон бо истифодаи компютер дар ќатори машѓулиятњои муќаррарї гузаронида мешавад, ки дар он истифодаи компютер барои њалли масъалањои хусусии дарс ба маќсад мувофиќ бошад. Дар натиҷа, хонанда мавзўи дарсро даќиќ мефањмад, мавзўъро дуруст дарк карда, худро њамчун эљодкор нишон медињад
Ключевые слова: математика, маориф, технология.
Њар як дарси компютерї бояд интегронидашуда бошад, яъне дар он якљоя бо масъалањои фаннї масъалањои курси информатика њал карда мешаванд.
Намудњои асосии дарсњо, ки дар раванди таълим бо истифодаи технологияи иттилоотї истифода мешаванд, инҳоянд,
дарси њамгиро,
дарси назорат ва ислоњкунї,
дарси такмилдињии дониш ва мањорат.
Дарси ҳамгиро ин маҷмӯи дарси махсуси ташкилшуда мебошад, ки ҳадафи онро танҳо тавассути омезиши донишҳои фанҳои гуногун, ки ба баррасӣ ва ҳалли ҳама гуна масъалаҳо нигаронида шудааст ва ба хонандагон имкон медиҳад, ки дарки ҳамаҷониба, синтезшудаи масъалаи омӯхташавандаро ба даст оранд. Дар луғати забони русӣ аз ҷониби Сергей Иванович Ожегов: «ҳамгиро - муттаҳид шудан ба як ягона».
Муҳаққиқон ҳамгироии омӯзиширо бо роҳҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Масалан, Ю.М.Колягин чунин мешуморад дар робита ба низоми таълим мафҳуми «интегратсия» ду маъноро мегирад: ҳамчун ҳадаф ва ҳамчунвоситаи таълим. [6]
Ин мафҳум дар солҳои 80-ум аз ҷониби педагогикаи рус ворид шуда ва маънои шакли робитаи байнисоҳавиро пайдо кард. Он дар мактабҳои муосир, ки дар он ҷо ҷустуҷӯҳои фаъол идома доранд, талаб карда мешавад, масъалан технологияҳои инноватсионии педагогӣ, ҳамгироӣ, берун шудан аз марзҳо имконпазир мегардад, як фанни таълимӣ возеҳ дар амал нишон диҳад, ки чӣ гуна ҳама чиз дар ҷаҳон бо ҳам алоқаманд аст ва дар айни замон ҳавасмандиро барои омӯзиши мавзӯи инфироди зиёд мекунад.
Мақсади асосии дарси назорат ва ислоњкунї ин санҷиши сифат ва мустаҳкамии маводи омӯхташуда, ташаккули малакаҳо (салоҳиятҳои фаннӣ ва мета-предметӣ), ворид намудани ислоҳот, ошкор намудани камбудиҳо дар дониш, маҳорат, муайян намудани сифати азхудкунӣ мебошад. Аз ин рӯ, дарсҳои назорати рушд дар ду марҳила гузаронида мешаванд:
1) навиштани варақаи санҷишӣ аз ҷониби хонандгон ва баҳогузории он аз рӯи меъёрҳо,
2) тахлили рефлексионии кори тестии анчомёфта ва ислоҳи хатогихои дар кор роҳ додашуда,
Ин марҳилаҳо дар ду дарс гузаронида мешаванд, ки онҳоро бо вақти зарурӣ барои муаллим ҷудо мекунанд:
а) тафтиши натиҷаи кори хонандагон дар дарс,
б) ташкили дарсҳои назорати инкишоф: худназорат, назорати ҳамдигарӣ.
Ташаккули қобилияти худбаҳодиҳӣ бо мувофиқа бо муаллим сурат мегирад.
Дарси такмили дониш, малака ва маҳорат як навъи дарс буда, вазифаҳои дидактикии зеринро ҳал мекунад:
а) системасозӣ ва умумӣ кардани донишҳои нав.
б) такрор ва мустаҳкам намудани донишҳои пештара гирифташуда.
Дарсњо бо воситаи компютер, њангоми омўзиши мактаббачагон аз рўи курси махсуси муайян 3 шакли таълимро пешкаш мекунад:
шакли фронталї,
шакли гурўњї,
шакли индивидуалии таълим.
Барои ташкили раванди таълим шароитњои зеринро ба њисоб гирифтан лозим:
Дарсро бояд устоде, ки компютерро медонад, гузаронад,
Супоришњои компютерї бояд мувофиќи мазмуни фанни таълимї ва методикаи таълимии он тартиб дода шавад,
Хонандагон бояд бо компютер дар сатњи барои иљрои супоришњои компютерии зарур, мурољиат карда тавонад,
Хонандагон бояд дар кабинетњои махсуси мувофиќи меъёрњои гигиенаи барои мактаби ибтидої љињозонидашуда дарс гузаранд.
Барои ташаккул ва инкишофи салоњиятњои асосї дар мазмуни маданияти иттилоотї ба муаллими синфи ибтидої, коркарди системаи супоришњо зарур аст, ки мувофиќи зиёдшавии пуррагї, проблемањо, навигарї, њаётї, амалиягї, фаъолиятии талабагон дар интихоби ахборот, коркарди он аз тарафи устод назорат карда мешавад [1].
Њангоми коркарди дастгирии компютерї муайян кардан зарур аст:
Чї гуна мавзўъњоро бо супоришњои компютерї ва барои ҳалли чї гуна масъалаҳои дидактикиро «дастгирї» кардан меарзад,
Чї гуна воситањои барномавиро барои сохтан ва иљрои супоришњои компютерї истифода бурдан ба маќсад мувофиќ аст,
Чї гуна бояд мањорати пешакии кор дар компютер дар мактаббачагон ташаккул ёбанд,
Кадом дарсњоро бо компютер гузаронидан мувофиќи маќсад аст,
Машѓулиятњои компютерї чї тавр ташкил карда мешавад.
Роњњои сохтани маводњои таълимии электронї барои мактаби ибтидоӣ чунин аст:
Таркиби њар як ќисми мавзўъ бояд барои дарсњои синфи ибтидої мувофиќ бошад: Фањмонидани маводи нав, мустањкамкунии аввала ва такрори малакањо, назорати азхудкунї,
Таркиби њар як ќисми мавзўъ бояд барои дарси синфњои ибтидої мувофиќ бошад: Фањмонидани маводи нав, мустањкамкунии аввала бо ёрии ахборот, ки истиллоњњои асосї ва мафњумњои њар як мавзўъ таъкид мешавад.
Њаљми маводи таълимї барои супоришњои машќкунї ва назоратї бо ба њисобгирии меъёри санитарї –гигиенаи кори хонандагони синфњои ибтидої дар компютер,
Интихоби маводи таълимї бо бањисобгирии принсипњои асосии дидактикї,
Воситањои идоракунии системаи компютерии таълимии фаннї бояд ба таври максимали оддї бошад ва хонандагонро аз иљрои супоришњо дур накунад. [2]
Истифодаи технологияи иттилоотї дар дарси математикаи мактаби ибтидоиро дар мисоли таќдими электронии – Power Point «Шиносої бо ифодањои ададї» дида мебароем.
Маќсади дарси мазкур ташаккули мафњуми «ифодањои ададї», «ифодањои математикї», ќимати «ифодаи ададї», мафњуми «мувофиќї», мустањкамкунии мањорати ёфтани ќимати ҳар гуна ифодаи ададї, инкишофи ҷалб намудани диќќатдињї, мустањкамкунии хотира, пайдо намудани мароми мењнатдўстї, пайдо намудани шавќ ба фанни математика, бо воситаи технологияи компютерї њал карда тавонистани мисолу масъалањои математикї.
Таќдими «Шиносої бо ифодањои ададї» барои пешнињоди аёнии системаи супоришњо аз рўи мавзўи дарси мазкур ва иљрои коллективонаи ў мувофиќ карда шудааст.
Кор бо таќдими мазкур ба 12 даќиќаи дарс мувофиќ карда шудааст.
Слайди якум. Сањифаи титулї, ки дар он номи мавзўъ ва синф нишон дода мешавад.
Слайди дуюм. Ба талабагон таклиф карда мешавад, ки ба кадом аз расмњо ифодаи 4+3 мувофиќ аст, муайян карда шавад.
Ба сифати расмњо тасвирҳои маљмўъњои охирнок, ки элементњои онњо шаклњои геометриро доранд, тасвир карда шудаанд. Интихоб карда мешаванд. [3].
Бо ифодањои ададї кор карда, ба назарияи миќдории адади мусбати бутун, ба тавонистани мувофиќкунии маљмўи предметњои ин маљмўъ ва барќароркунии мувофиќї байни ифодањои ададї ва расмњо такя мекунанд.
Супоришро иљро намуда, талабагон ба дигар супориши навбатї шурўъ мекунанд, ки ин супориш нисбат ба супориши пешина каме фарќ мекунад ва каме мураккабтар мебошад.
Барои иљрои супоришњо ба мактаббачагон муќаррар намудани мувофиќати байни ҳам якќиматаи байни маљмўи ифодањои математикї (ададї) ва маљмўи расмњо, ки предмети инъикоси ифодањои ададии мувофиќ мебошанд, зарур аст.
Иљрои супориш донишњои актуалии азхудшударо талаб мекунад: мањорати љалбкунии донишњои гирифташуда барои муќарраркунии мувофиќати байни расми пешнињодшуда ва ифодањои ададї. Ба ѓайр аз он супоришро иљро намуда, хонанда тартиб ва таркиби ададро иљро намуда, дар њудуди маљмўи дањ адади додашуда, дар асоси он ададњоро ќисм ба ќисм људо намуда, ба амали замкунї сарфањм меравад.
Дар расмњо як ќатор объектњои маљмўъњои охирнок, ки аз рўи зиёдшавии миқдори элементҳо, ки дар маљмўи муайян мављуд мебошанд, бо тартиби муайян оварда шудаанд ва ќатори ифодањои ададї тасвир карда шудааст.
Талаба бояд мувофиќати байни ќатори маљмўъњои предметї ва ќатори ифодањои ададї, ќоидаи њосил кардани њар як маљмўи предметї ва мувофиќан ададро муќаррар намуда, муайян кунад.
Супоришњои асосї ба пештара шабоњат доранд ва оид ба муќарраркунии мувофиќати байни элементњои маљмўи дида баромадашаванда ва адади элементњои маљмўи охирнок равон карда шудаанд. [4].
Ќайд кардан лозим аст, ки таърифи математикии ифодаи ададї барои фањмидани мактабхонњои хурдсол мураккаб ва дастнорас мебошад. Аз ин сабаб мувофиќи бо принсипњои дидактикии ташаккули мафњумњои кор бо ифодањои ададї бояд пай дар пай сохта шавад: зина ба зина, мушоњидаи мантиќии маросими таълими математикї дида шавад.
Системаи супоришњои гузошташуда ба мустањкамкунии мањорат ва малака равона буда, барои иљрои масъалањои таълимї дар сатњи баланди мустаќимї шароит фароњам меоварад.
Ин коркард мумкин дар дарси математикаи синфњои якуми мактаби ибтидої аз рўи њар гуна барномањои дар замони муосир мављуд будаи таълимї, истифода бурда, тадбиќ карда шавад.
Таљрибаи кор дар мактаб нишон медињад. ки дар шароити тадбиќи фикркардашудаи дидактикии технологияи информатсионї дар чорчўбаи дарси анъанавї имкониятњои бемањдуд барои индивидуализатсия ва дифференсиатсияи раванди таълим пайдо мешавад, инкишофи њар як мактабхон бо траекторияи таълими хусусї, њангоми гирифтани дониш кафолат дода мешавад.
Њангоми истифодаи технологияи иттилоотї барои ташаккул ва инкишофи сифатњои шахсияти талабагон дар раванди фаъолияти таълимї шароитњои мусоид фароњам оварда мешавад.
Мувофиќи барнома хонандагони синфи 2 ба њалли муодилањо шурўъ менамоянд. Дар синфњои ибтидої њарфњоро њамчун номаълумњо бо ёрии ќиматгузорї меёбанд. Дар ваќти омўзонидани ин мавзўъ мо як муодиларо бо воситаи слайди навбатї нишон медињем ва якчанд ќиматњоро ба таѓйирёбандаи он дода мебинем, ки дар ќиматњои дигар баробарии нодуруст њосил мешавад. Баъд мефањмонем, ки он ќиматњои таѓйирёбандае, ки њангоми гузоштани ќимати адади он ду тарафи ифода баробар мешавад, решањои муодила номида мешавад. Баъд чунин савол медињем. Бачањо дар байни маљмўи ададњои X=0,1,2,3,4,5,6,7… кадом адад решаи муодилаи додашуда шуда метавонад? Њама бо як овоз X=5 љавоб медињанд. Ба муаллим лозим аст, ки аз маводњои синфњои 1-4 пурра истифода барад. Мо барои аз ёд кардани ќоидањо дар дарсњоямон хонандагонро маљбур менамоем, ки якчанд мисолро бо воситаи компютер њал намоянд. Мефармоем, ки гуфтањои моро хонандагони алоњида такрор намоянд. Диќќати асосиро мо ба хонандагони сустхон медињем. Дар ваќти фањмондани мавзўи «Љамъшавандаи номаълум чї тавр ёфта мешавад?» Дар компютери устод, ки бо воситаи проектор дар тахтаи сафед инъикос мегардад, мисоли зеринро менависем. 115+Х=220, дар ин љо 115-љамъшавандаи маълум, Х-љамъшавандаи номаълум, 220-њосили сумма. 115+Х=220, Х=220-115, Х=105. Барои ёфтани љамъшавандаи номаълум аз њосили љамъ љамъшавандаи маълумро кам кардан лозим аст. Ќоидаро дар шакли умумї чунин тасвир менамоем. а+х=в ё ки х+а=в, а-љамъшавандаи маълум, х-љамъшавандаи номаълум, в- њосили љамъ. Мавзўи навбати «Ёфтани камшава.ндаи номаълум»-ро бо чунин мазмун оѓоз менамоем. Барои ёфтани камшавандаи номаълум ба камкунанда фарќро љамъ намудан лозим аст: х-а=в, х=в+а ки дар ин љо х-камшавандаи номаълум, а-камкунандаи маълум, в-њосили фарќ. Муодилаи Х-150=226-ро низ бо њамин роњ њал намуданро ба хонандагон мефањмонем.
Х-150=226, Х=226+150, Х=416. Бо њамин роњ камкунандаи номаълумро бо мисолњо фањмонида, чунин ќоидаро аз рўи аз камшаванда фарќро кам кардан лозим. [5].
Дарси математикаро бо ёрии компютерњои замонавї на ин ки дар синфњои ибтидої гузаронидан мумкин аст, балки ин таљрибаро дар синфњои болої низ татбиќ намуда, бо ёрии компютерњо дарс гузаронидан, яъне масъалањои гузошташударо бо ёрии технологияи иттилоотї њал намудан аст.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 12 (81) том 1
Ссылка для цитирования:
ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТЇ ДАР ДАРСИ МАТЕМАТИКИ // Журнал «Вестник науки» от 1 декабря 2024 г. № 12 (81) том 1. С. 1817 - 1824. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/19398 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/19398
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
