РУШДИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА
Аннотация: Дар мақолаи илмиимазкур муаллиф қайд мекунад, ки ҷалби сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки бояд ҳал шавад. Ва дар шароити тагйирот ва гузаштан ба сохтори нави иктисоди бозаргонй ворид шудани сармояи хоричй омили пешрафти иктисодист. Дар макола инчунин гуфта мешавад, ки дар иктисодиёти республика техникам нав, тачрибаи истехсолй ва идоракунй, дониши техникй, кувваи коргарии баландихтисос ахамияти халкунанда доранд
Ключевые слова: проблемаҳои идоракунӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, сармоягузории хориҷӣ, самаранокӣ, ҷалби сармоя, менеҷмент, сармоя.
Давлати соҳибистиқлоли мо имрӯз дар шароити иқтисоди бозоргонӣ қарор дорад. Комёбиҳо рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Иқтисоди бозорӣ ба бисёр корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ таъсири зиёд мерасонад. Сиёсати сармоягузорӣ низоми бозоргонӣ мебошад. Мафҳуми сиёсати сармоягузориро содда мефармем, дар асл ниҳоят хело мураккаб мебошад. Агар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ сиёсати сармоягузорӣ дуруст ба роҳ монда шавад, пас ин ба пешравии иқтисодиёт ва беҳтару хубтар шудани вазъи иқтисодии аҳолиро нишон медиҳад.
Раванди сармоягузорӣ маҷмӯи амалҳои пайдарпайест, ки ба сармоягузорӣ ба дороиҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани фоидае ноил шудан ба ҳадафҳои дигари иқтисодӣ равона карда шудааст. Раванди самараноки сармоягузорӣ банақшагирӣ, таҳлил, интихоб, татбиқ ва назорати лоиҳаҳои сармоягузориро талаб мекунад.
Омӯзиш ва масъалаи сармоягузорӣ муайян менамояд, ки якҷояшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи хоҷагии ҷаҳонӣ ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ алоқаманд мебошад. Миёни ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон кам ба назар мерасад. Сабаби он дар мавҷуд набудани сиёсати дарозмӯҳлати давлат дар самти танзими сармоягузории хориҷӣ мебошад. Воридоти сармояи хориҷӣ самаранокии рушди иқтисодиро ҳавасмандгардонида, устувории сиёсӣ иҷтимоиро таъмин менамояд.
Татбиқи босамари сармоягузориҳои хориҷӣ бо роҳи фазои мусоид ва устувори сармоягузорӣ имконпазир буда, ҷузъҳои муҳими он устувории сиёсӣ, шароитҳои мусоид барои рушди иқтисодӣ, инчунин қонунгузорӣ, ки манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятиро ба ҳисоб гирифтаанд мебошад [4,с.124-129].
Аввалан сармоягузории хориҷӣ сабаби рушди иқтисодиёт мегардад ва ба сармоягузории дохилӣ таъсири калон мерасонад, ҳамчунин ба мустаҳкам гардонидани робитаҳо байни бозори дохиливу байналмиллалӣ мусоидат менамояд.
Сармоягузорони хориҷӣ бояд ҳамеша аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ бохабар бошанд, ки боиси пешрафти фаъолияти онҳо мегардад. Дар ҳолатҳои мавҷуд будани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бехабар мондани сармоягузорони Тоҷикистон онҳо маблағҳои калонро аз даст медиҳад. Танҳо дар ҳамин маврид фаъолияти маблағгузорон дар мамлакат ривоҷ ёфта, сабаби баландгардидани иқтисодиёти давлат мегардад.
Бояд қайд кард, ки танҳо дуруст ба роҳ мондани сиёсати сармоягузорӣ дар мамлакатамон метавонад ба рушди иқтисодиёт таъсири мусбат расонад. Бинобар ин, сабаби беҳтаркунии сармоягузории мамлакат ва баландбардории ҷолибнокии сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ чораҷӯйи кард.
Мутобиқи ривоҷи сиёсати давлатӣ ва ҳимояи сармоягузории ҷумҳурӣ сиёсати давлатии сармоягузорӣ бояд ба фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва бартараф намудани маҳдудиятҳои қонунгузори барои афзоиши сармоягузориҳо дар истеҳсолот, тақвиятбахшии тамоюли иҷтимоии онҳо, озод намудани ташаббуси бахши хусусии иқтисод, муқовимат ба таҳдидҳои баъди бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бавуҷудомадаи бесуботии фаъолияти хоҷагидорӣ дар кишвар бинобар фарсудагии ҷисмонии аз ҳад зиёди бахши истеҳсолӣ нигаронида шавад [3, с.26].
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмин намудани рушди мутавозин ва босуботи иқтисоди кишвар мебошанд.
Рушди сармоягузорӣ ва ташаккули фазои сармоягузорӣ дар кишвар ҳамчун стратегия ва омили муҳими таҷдиди иқтисодиёти миллӣ муайян шудааст. Нақши давлат дар ҷалб ва равонакунии сармоягузорӣ ба рушди бахши воқеии иқтисодиёт, фароҳам овардани шароит барои ташаккули бозори қоғазҳои қимматнок, ҷоннок намудани фаъолияти қарзии бонкҳо дар бахши воқеии иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии ҷалби сармояи хориҷӣ ва риояи қатъии манфиатҳои Тоҷикистон тақвият меёбад.
Сармоягузории хориҷиро метавон ҳамчун омили суръатбахши рушди иқтисод, пешрафти технология, таҷдид ва навсозии дастгоҳҳои истеҳсолӣ, усулҳои пешрафтаи идоракунии истеҳсолот ва омода кардани мутахассисони баландихтисос номид. Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ метавонад боиси афзоиши намудҳои гуногуни маҳсулот гардад ва бо кумаки шарикони хориҷӣ густариш ёбад. Барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар баъзе соҳаҳо, истифодаи технологияҳои хориҷӣ муҳим аст. Барои мисол, ин ба соҳаҳои истеҳсоли молҳои содиротӣ, истихроҷи маъдан ва коркарди нафт дахл дорад. Агар бо кӯмаки сармоягузориҳои хориҷӣ мо ба пешбурди ин вазифаҳо муваффақ шавем, ин барои эҷоди иқтисоди муосир саҳми назаррас хоҳад буд.
Дар ин росто, масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ, алалхусус дар шароити буҳрони сармоягузорӣ дар Тоҷикистон айни муддаост. Аз он, ки то кадом андоза ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ самарабахш мебошад. Дар шароити гузариш аз як системаи хоҷагидорӣ ба системаи дигар ва таъмин намудани механизми чунин гузариш ҳаҷми зиёди сармоягузорӣ тақозо мегардад [5, с.76-80].
Давлатҳои тараққи карда кушиш мекунанд, ки сармоягузории хориҷиро ба худ ҷалб намоянд. Сармоягузории хориҷӣ метавонанд бо роҳи ташкили корхонаҳои муштарак ва корхонаҳое, ки пурра ба сармоягузориҳои хориҷӣ тааллуқ доранд, ҷойҳои нави кориро таъмин кунанд, маҳсулот истеҳсол намоянд, ба буҷаи андоз супоранд ва бо ҳамин воридшавии даромадҳои пуллии лозимаро ба буҷа таъмин намоянд. Ин даромадҳоро давлат дар навбати худ метавонад соҳаҳои содиротӣ равона кунад. Ҷараён ва ҷалбномоии сармояҳои хориҷӣ барои баромадан аз буҳрони иқтисодӣ ҳаётан муҳим аст.
Бояд дарк кард, ки ҷалби сармояи хориҷӣ, дар иқтисодиёт нақши муҳим дорад. Онҳо барои рушди устувори иқтисодиёт, таъмини бе танаффусии истеҳсолот заруранд. Бидуни сармоягузории хориҷӣ дар шароити муосир, рақобат ва рақобатпазирии истеҳсолкунандагони мол дар бозори хориҷӣ ва дохилӣ ғайриимкон аст.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 12 (81) том 1
Ссылка для цитирования:
РУШДИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА // Журнал «Вестник науки» от 1 декабря 2024 г. № 12 (81) том 1. С. 1836 - 1839. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/19400 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/19400
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
