Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 1 декабря 2024 г.
  4. Научная статья № 263
Просмотры  164 просмотра

ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Аннотация: Муаллиф дар мақола сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро шарҳ додааст. Муаллиф ҳамчунин ҳадафҳои воқеии гурӯҳҳои террористӣ, амалҳои ғайриинсонӣ, гароишҳои ифротгароёнаи онҳоро, сабабҳои ноором шудани ҷомеа, тахриби зербиноҳои кишварҳои мухталиф, дунболи манфиатҳои молӣ, дастрасӣ ба сармоягузорони ғайриқонуниро баён кардааст. Гурӯҳҳои ҷавонони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон, ва кам нестанд, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ шуда, ба ақидаҳои мазҳабии мутаассиб афтода, ҳатто оилаи худро фаромӯш мекунанд. Ба Сурия маълум аст, ки нерӯҳои ба ном “Давлати исломӣ” ҳам дар таблиғи ғояҳои радикалии худ шикаст хӯрданд ва чи дар натиҷаи ҷанг чӣ қадар ҷони худро аз даст доданд, чӣ қадар сарнавиштҳо шикастанд, чӣ қадар хисорот диданд!

Ключевые слова: терроризм, муҳоҷират, хилофат, байналмилалӣ, низоъ, минтақа, ҷавонон, илм, маориф.

Дар бистсолаи қарни XXI инсоният бештар ба хатари ҷиддӣ, ба монанди, терроризм ва ифротгароӣ дучор гардидааст, ки яке аз падидаи номатлуби замон арзёбӣ гардида, он воқеан хатари умумиинсониро дар сайёра рӯз аз рӯз бештар гардонидааст. Нигаред, ба муносибатҳои тезу тунди ҷаҳони имрӯза, ки террор ва терроризм, ифротгароӣ дар он чӣ қадар афзудааст ва рӯзе нест, ки хатари он ба мардуми осоиштаи дунё таҳдид накунад. Масалан, амалҳои террористӣ дар давлатҳои гуногуни дунё Британияи Кабир, Ирландия, Испания, Шарқи Наздик, Ҳиндустон, Колумбия, Итолиё, Россия, Амрико, Фронса, Олмон ва ғайра ба назар мерасад, шаҳру минтақаҳои аҳолинишини ободу зебои давлатҳои ҷангзадаи Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ғайра ба замин яксон шуда, мардуми зиёди бегуноҳ он аз ин кишварҳо фирор кардаанд ва бо аҳли оилаашон сарсону саргардон, дар муҳоҷират хору зор гардидаанд.

Албатта, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои терроористӣ сабабҳои худро дорад, аз ҷумла пайвастани ҷавонони каммаърифат ба ин гурӯҳҳо гуногунанд, вале яке аз мақсадҳо ин ноором намудани фазои орому осудаи ҷомеа, аз байнбарии ҳокимияту давлат маҳсуб меёбад, зуҳури онҳо бо роҳҳои мухталиф амалӣ гардида, ҷаҳду талоши гурӯҳҳои мазкур баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузорҳои ғайриқонунӣ, қонеъ намудани мароми манфиатҷуёни хориҷӣ мебошад.

Ташкил, роҳандозии амалиёти гурӯҳ ё ҳизбу ҳаракатҳои мазкур ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манфиат ва талоши давлатҳои абарқудрат дар кишварҳои дунё, бахусус, исломӣ мебошад. Мисоли он дар ҳодисаҳои нанговари давлатҳои Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон ва Покистон бештар ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, мувофиқи маълумотҳо қисме аз ҷавонону наврасони раҳгумзадаи кишвари моро низ аз тарафи гурӯҳҳову шахсони алоҳидаи манфиатҷӯ ба сафи гурӯҳҳои мазкур, аз ҷумла ба гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил мегардонанд ва онҳо дар амалҳои тераристӣ ширкат доранд[1].

Дар бораи ташкили «Давлати исломӣ» ҳанӯз дар соли 2014 исломшиноси ироқӣ Абу Бакр аль- Арабӣ, бо исми Абу-Дуа ё халифа Ибрагим (Ал-Бағдодӣ) низ машҳур аст, хабар додааст. Дар бораи шахсияти ин одам то ҳанӯз иттилооти кам дастрас гардидааст ва ҳатто ба ҷангиёни худӣ низ ӯ «аз таги ниқоб» фармон медодааст. Аслан ӯ шаҳрванди давлати Ироқ буда, тахмин меравад, ки дар аснои воридшавии сарбозони Амрико (баъзе муҳаққиқон инро «ташвиқот» мепиндоранд) ба Ироқ ӯ ба ҳайси мударриси масҷид адои вазифа кардааст. Сарбозони Амрико ӯро дастгир карда, ҳамчун яке аз тарафдорони фаъоли террористон ба маҳбас кашидаанд. Баъди аз маҳбас озод шудан ӯ ба қатори фаъолони «Ал-қоида» дар Ироқ пайвастааст. Ӯ баъди захмдор шудан пинҳонӣ меҷӯяд ва дар шаҳри Мосул ё дар наздикии сарҳадҳои давлати Урдун маскан мегирад.

Абу Бакр аль - Бағдодӣ «Давлати исломӣ»-ро бо мақсаде бунёд намуд, то ки фармонфармоиро дар ҳудуди вилоят, минтақа, кишварҳои забткардааш таҳти назорати «исломиён» қарор диҳад. Аз оғоз силоҳбадастон мехостанд иттиҳоди нерӯманди исломиро таъсис диҳанд, ки аввалан он бояд бар зидди давлати дунявӣ мубориза бурда тавонанд, баъдан халифати умумиҷаҳонӣ, ки аз рӯйи шариат кору фаъолият менамояд, барқарор кунад ва дар навбати аввал бо кулли “мухолифони ислом”ва тарафдорони ИМА мубориза мебаранд ва давлати Исроилро аз байн барад.

Дар соли 2016 дар рӯзномаи “Аль- Наба”, ки онро “Давлати исломӣ” нашр менамояд, оварда шудааст, ки дар назди онҳо масъалаи барқарор намудани ҳокимияти онҳо дар Ироқ ва Сурия, сонӣ несту нобуд кардани “Ҳукуматдорони бехудо”дар дохили кишварҳои мусулмонӣ меистад.

Буҷети яксолаи «Давлати исломӣ» дар соли 2014 2 млрд. долларро ташкил медод, он сол аз сол аз ҳисоби ғоратгариҳои зиёд, аз ҷумла аз ҳисоби даромади фурӯши нефти зери тасарруфгирифта ба даст меомад, меафзуд.

Вале дар муқоиса бо солҳои пешин ташкилоти мазкур ба маротиб пурқувват гардид ва он ба маркази нави тарансмилии террористӣ бо шабакаи калони агентура, ячейкаҳои «хобрафта» ва таҷрибаи ташкили идораи маъмурӣ ва қувваҳои мусаллаҳи пуртаҷриба, ки аз рӯйи қобилияти ҷангӣ, нерӯ аз артишҳои доимии кишварҳои Шарқи наздик ба маротиб бартарият дошт.

Вобаста ба ҳуҷҷатҳои бадастомадаи «исломиён», пешвоёни «Давлати исломӣ», барои таҳти тасарруф қарор додани ҳудуди давлати Ироқ ҳанӯз дар соли 2015 омодагӣ медиданд.Ба сифати чораҳои пешгирикунанда ва дар ҳолати махфӣ нигоҳ доштани он органҳои паралелии фарҳмондеҳӣ таъсис доданд, ки дар ҷойҳо ба ин гурӯҳҳои мухторият дар гузаронидани амалиёт дода шуда буд.

Амалиёти ҷангии онҳо таҳти шиори «ҳарчанд бадтар, ҳамон қадар хуб», ҳарчанд зиёдтар ҷабрдидагон дар байни аҳолии осоишта, зиддияти гурӯҳӣ, барқароркунии шаҳрҳои харобгашта, ҳамон қадар ҷиҳодкунандагон хушҳол мегарданд. Ин далели асосӣ барои фаъолияти ташкилот ва фарох гардонидани доираи «халифат» ва «рушди қувваҳои муссалаҳи нерӯманд» имконияти бештар меовард ва зарарӣ ҷиддӣ ба аҳолии осоишта ва зарари иқтисодӣ ба шаҳру мамлакат мерасонд, ки аз ҷониби террористони он хеле муҳим дастгирӣ меёфт[2].

Ҳанӯз дар моҳи январи соли 2016 «Давлати исломӣ» бештар аз 70 000 м.кв ҳудудуди давлатҳои Ироқ ва Сурияро таҳти тассарруфи худ қарор дод, вале дар охири сол аз он 14% -ро аз даст доданд ва 60 400 м.кв.-ро нигоҳ дошта тавонистанду халос. Гурӯҳҳои терористӣ бо куштору ғоратгариҳои худ дар майнаи одамони сайёра тарсу воҳимаро ҷой карданд ва аз ҳисоби ҷавонони каммаърифат, ноогоҳ, ҳавобаланду манфиатҷӯ сафи худро зиёд намудаанд. Гурӯҳи ҷавонони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, тоҷикон ҳам дар ҳайати онҳо кам нестанд, ба таври фиреб ба доми гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ афтода, дар бораи аҳли оилаи худ андеша намекарданд,онҳоро сарсону саргардон ва ба сари падару модарони худ ғаму кулфат ва доғ оврданд, ки як умр он шуста намешавад ва дар бисёр мавриҳо ҷони худро аз даст доданд. Дар солҳои охир «Давлати исломӣ» аз 13 минтақаҳои худэътирофгардида (33 адади онҳо дар Ироқ ва Сурия), ки онҳоро террористон ҳудуди ишғолкардаи худ меҳисобиданд, дар натиҷаи муҳорибаҳо бенасиб гардиданд.

Аз мактубҳои пешвои гуррӯҳи номбурда Абу Бакр аль- Бағдодӣ,ки дар Лубнон ёфт шуданд, маълум мегардад, ки он тарафдоронашро барои ба давраи нави муноқиша дар минтақаҳои дигар, ё дар ҳудуди территорияи муҳоҷирон гузаштан даъват намуда, ният дорад онҳоро дар амалиётҳои террористӣ дар Египет, Тунис ва Алҷазоир истифода барад. «Давлати исломӣ» дар баробари он мехоҳад «назорати худро аз болои Ҷануби Синай ва биёбонҳои Ливия, Сомалӣ ва шаҳри Филипин Маравӣ барқарор намоянд, қайд мекунад эксперт оид ба соҳаи бехатарӣ Фадхил Абу Рагиф.

Мушоҳидон ин қадами гурӯҳҳи «Давлати исломӣ»-ро ҳамчун мағлубият дар Ироқ ва Сурия, ки дар давраи гузашта аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳамчун «ҳудуди территорияи омодагӣ ва назорат» ва макони «халифат» ҳисобида мешуд, эътироф намуданд.

Ба гуфти сафири кишвари Сурия дар Федератсияи Россия дар ҳайати гурӯҳҳои «Давлати исломӣ» қариб 10 ҳазор сарбозони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд ва онҳо дар минтақаҳои гуногун бераҳмона меҷангиданд ва ба бехатарии милии давлати Россия хатар бунёд месозанд[3].

Натиҷаи пурсишномаҳои сотсиологӣ дар солҳои охир нигарониҳои мардумро оид ба фаъолгардии амалиётҳои гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ба қайд гирифтаанд,ки боиси ташвиш аст. Албатта, воридшавии хоҳишмандони зиёд ба сафи «Давлати исломӣ» дар солҳои 2015 ва солҳои минбаъда, аз ҷумла аз кишварҳои Европаи Ғарбӣ мардумро ба изтироб овардааст. Афзоиши сафи гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама ҷанговароне,ки дар кишварҳои Ироқ ва Сурия мардуми осоиштаро азобу шиканҷа медоданд, ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки бештар ба миқдори ин гурӯҳҳои мазкур таваҷчуҳи худро равона созад.

Ҳамагӣ дар тарафи террористон дар Ироқ ва Сурия, бо назардошти гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти проблемаҳои радикализм ва зӯроварии сиёсӣ (ICSR) 20 730 шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон меҷангиданд. Теъдоди асосии онҳоро аҳолии кишварҳои Шарқи Наздик – 11 000, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ - 3 000 ташкил медод. Аз рӯйи ҳисоботи тахминӣ 5-10%-и хориҷиён дар рафти муҳорибаҳои ҷангӣ ба ҳалокат мерасанд, 10-30% минтақаи муноқишаро тарк карда, ба Ватан ё дар кишварҳои транзитӣ мондаанд.

Мувофиқи баъзе нишондодҳо дар кишварҳои Сурия ва Ироқ дар ҳайати «Давлати исломӣ» 4 000 нафар аз мамолики Ғарб, аз онҳо 550 нафар занон дар амалиётҳо иштирок мекарданд.

Гузашта аз ин, барои мисол, агар мувофиқи нишондодҳои IHS Conflict Monitor то моҳи октябри соли 2016 қариб 6 млн. аҳолии осоишта дар дасти ифротгароён қарор дошта бошад, дар моҳи апрели соли 2017 Ҳукумати Ироқ эълон намуд,ки гурӯҳи террористони одамкуш танҳо 7% ё камтар аз 30 000 м.кв территирияи мамлакатро назорат мекунанд. Дар Сурия низ армияи «Давлати исломӣ» ба мағлубияти ҳам таблиғотӣ ва ҳам ҳарбӣ дучор гардид. Ин зарбаи шадиде ба мошини таблиғотии террористон, ки ҳамеша такя ба интихоби ҷангҷӯён ва паҳн намудани терроризм дар тамоми дунё мекарданд, ба ҳисоб рафт ва он ба мағлубияти онҳо замина гузошт.

Новобаста ба муқовимати шадид «Давлати исломӣ» назорати худро аз болои минтақаҳои Сурия ва Ироқ асосан аз даст дод ва минтақаҳои кишварҳои номбурда аз зери тасарруфи он озод гаштанд, гурӯҳҳои дигари аз ҷониби коолитсияи «Ғарб» дастгириёбанда низ дер ё зуд торумор мешаванд[4].

Ҳамзамон хеле ҷолиб аст,ки ба ҳайати гурӯҳҳои ифротиву террористӣ киҳо ва чӣ тавр шомил мешуданд?

Теъдоди зиёди ҷавонон(аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ) мардони ҷавон бо сатҳи пасти маълумотнокӣ ва дар таҳсил қафомонда: (тавассути шабакаи Интернетӣ онҳоро ба воридшавӣ ба ҷараёнҳои террористӣ ҳидоят менамоянд),

миқдори зиёди мавҷудияти масҷидҳо: ҷавонони зиёд ва дар рӯзи ҷумъа кормандони муассисаҳо низ дар онҳо гирд оварда шудаанд ,

саҳми нокифояи васоити ахбори омма: барномаҳои мазмунан пасти радио, телевизион ва дигар васоити таъсиррасони оммавӣ,

пешниҳоди маводи таблиғотӣ: «Давлати исломӣ» он ҷавононеро,ки мақсаду мароми худро амалӣ карда натавонистанд, ба гурӯҳи худ шомил мегардонад,

коркарди муносибати махсус ба ҳарбиёни ҷавон: Дар ин самт бештар ба ҳисси норозигии афсарон нисбати муносибати фармондеҳон истифода карда мешавад,

раҳёфтҳои махсус нисбат ба занҳо: занони ҷавон (бештар барои иштирок дар муҳорибаҳои ҳарбӣ, хитзматрасонии зарурати гурӯҳҳои ҷангҷӯ, ё барои такмили системаи ҳаётии давлати мазкур (кормандони тиббӣ, ҳуқуқшиносон, кормандони соҳаи нафту газ…) ташвиқот карда мешаванд, вале дар раванди таблиғот масъалаи иштирок дар ҷанг бардошта намешавад,

ширкат дар муоширати махсус: Дар маҷаллаҳои нашрӣ, интернет- заммимаҳо, ҷомеа ва гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоии таррористон сараввал ба пешниҳоди ҷолиби муҳокимаи масъалаҳои сиёсӣ, геополитикӣ, лидери ҷаҳонӣ, вазъият дар Шарқи Наздик, масъалаҳои дини ислом ва омӯзиши забони арабӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди мушоҳидаи шавқмандӣ ба гурӯҳи «Давлати исломӣ».

таъсири психологӣ: ва дигар намуди ташаккули шавқмандӣ бо мақсади шомил намудани ҷавонон ба аъзогӣ ба гурӯҳҳои террористӣ,

хадамоти махсуси хориҷӣ дар минтақа: андешаҳоро миёни ҷавонон паҳн ва интишор медиҳанд ва ҷавононро ба гурӯҳҳо ҷалб мекунанд,

исломшиносон: борҳо таъкид карданд, ки амалҳои террористии аъзои «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои экстеремистӣ ва террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд,ҳазорҳо нафар шаҳрвандони осоишта, кӯдакону бонувон ба ҳалокат мерасанд, шаҳрҳо ва минтақаҳои аҳолинишин вайрону валангор мегарданд,

манфиатҳои давлатҳои абарқудрат: дар ходисаҳои давлатҳои Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон, Покистон ва ғайра ба осонӣ мушоҳида карда мешаванд,

таъсири васоити иттилоотию иртиботӣ: (таблиғоти бардурӯғ ва фишорҳои гуногуни шабакаи интернетӣ, сомонаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва минбаъд бо онҳо пайвастани ҷавонони раҳгумзадаю каммаърифат)

сатҳи нокифояи шароити иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бекории ҷавонон дар солҳои охир,

Ҳаёти сиёсии муосир аз ҷавонон ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ, ақлу хиради ташаккулёфтаро талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванди солимфикр бояд аз рӯи донишу малака, ҷаҳонбинӣ, фарҳангу маърифати хеш дар раванди созанда ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, қабули ин ё он қарор бояд масъулияти баландро ҳис намояд.

Падару модарони ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, тарбияи камолоти маънавӣ, таҳти назорати доимӣ қарор додани тамоми амалиёти фарзандон тадбирҳои мушаххас андешанд, то ки фарзандони онҳо «бозича»-и дасти дигарон нагарданд ва ҳаёти худ ва Ватани маҳбубро дар хатар намонанд[5]. Яъне ягона илоҷи раҳоӣ ёфтан аз фарогирии ҷавонон ба гурӯҳхои террористӣ ин пеш аз ба вуҷуд омадани он чораҳои муассир баҳри тарбияи фарзанди комил андешидан мебошад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 12 (81) том 1


Ссылка для цитирования:

Сухроб Б.Н., Мастова Г.Н. ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН // Журнал «Вестник науки» от 1 декабря 2024 г. № 12 (81) том 1. С. 1840 - 1847. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/19401 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/19401



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2024.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.