Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 1 декабря 2024 г.
  4. Научная статья № 264
Просмотры  270 просмотров

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ХАТАРИ АЗ БАЙН РАФТАНИ ПИРЯХҲО

Аннотация: Бар асари тағирёбии иқлим ва гармшавии пешгӯинашавандаи глобалӣ, обшавии пиряхҳо мушкилоти таъмини об дар минтақаро дар солҳои наздик боз ҳам шадидтар хоҳанд кард. Тоҷикистон дорои захираҳои ғании об аст, ки сарчашмаи он пеш аз ҳама боридани барфу борон дар баландкуҳҳо ва пиряхҳои дигар мебошад. Қариб нисфи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд

Ключевые слова: пирях, фирн, иқлим, ярч, обхезӣ, максимум, экспедитсия, таназзул.

Даҳяки майдони сайёраи моро пиряхњо фаро гирифтаанд. Онњо сатњи Антарктида ва Гренландияро пурра фаро гирифта зери ќабати ѓафсии онњо, ки дар баъзе љойњо 3 - 4 километр мерасанд, каторкўњњо ва массивњо нињон гардидаанд. Л. Р. Серебрянный, А. В. Орлов Ледники в горах.

Пиряхњо дар натиљаи замшавии боришоти табииї атмосферии кристалї ташаккул ёфта дар навбати худ аз ќабатњои барф, фирн ва глетчер иборат мебошанд. Барои ташаккулёбии онҳо ду омил - боришоти зиёд дар шакли барф ва њарорати њаво ҳатто дар мохњои фасли тобистон аз 0º паст мусоидт менамоянд.

Вобаста аз мањалли ташаккулёбиашон пиряхњои рўйпўш (Антарктида, Греландия) ва пиряхњои куҳї - водигиро људо менамоянд. Дар сатњи сайёраи мо пиряхњо масоњати зиёда аз 16 млн. км2, яъне 11% и масотњи хушкиро ишѓол намудаанд, ки њаљми умумии онњо ба 30 млн.   км3 баробар аст. Зиёда аз 99% и тамоми масоњати пиряхњои сатњи Замин ба минтаќањои ќутбї рост меоянд [4], ки танзимкунандаи иќлими сайёра ба њисоб мераванд. Пиряхҳоро метавон дар наздикии арзњои экваториалї низ мушоњида кард, ки онњо одатан дар ќуллањои кўњњои баланд чойгиранд. Масалан, баландтарин қуллаи Африқо - кӯҳи Килиманҷаро бо пирях рўйпўш гардидааст, ки ҳадди аққал аз 4500 м поён ҷойгир нашудааст, зеро хати барфї дар ин минтаќа аз баландии 4500-5000 њазор метр мегузарад.

Мавќеи хатти барфї дар Помир бошад аз хусусиятњои иќлимии он ва мавќеи ќаторкўњњо нисбат ба љараёни боду - барфї вобаста мебошад. Вобаста ба он, ки иќлими континенталї дар Помир дар баробари аз ѓарб ба шарќ њаракат кардан хатти барфї ба њамон самт баланд шуда, пиряхњо кам мушоњида мешаванд. Аммо баландшавии хатти барфї дар Помири Љанубу Ѓарбї дар минтаќаи ќуллањои баландтарин — ќуллањои Карл-Маркс ва Фридрих Энгелс ба дараљаи минималї, яъне 5200 - 5240 м. мерасад. Таносуб байни баландии максималии хатти барфї ва ҳадди ақали он ба 1340 метр баробар аст. [2.] Ба њисоби миёна дар ин љо дар давоми мавсими боришот 2-3 метр барф ҷамъ мешавад, ки ин барои барқарор кардани хароҷоти обшавии ях дар фасли тобистон кофї мебошад. [4.]

Дар ќаторкўњњои Зрафшону Њисору Олой, ки яке аз марказњои бузурги яхбандии кишвар пас аз Помир ба њисоб мераванд хати барфї аз баландињои 3400 - 4200 м. мегузарад.

Пиряхњои кўњї яке аз унсури таркибї ва људонопазири табиати сайёраи мо мебошанд. Сарфи назар аз он ки масоҳати ишғолкардаи онҳо начандон бузург аст, онҳо ҳамчун танзимгари табиии ҷараёнњои дарёҳо, нигаҳдорандаи захираҳои оби тоза ва манбаъҳои таъмини энергетикї аҳамияти калон доранд. Дар баробари ин, як катор офатњои табиї низ бо пиряхњо вобастагї доранд ба монанди фаромадани ярч, обхезии шадид, сел ва ѓайра.

Давраи бузурги охирини яхбандї ва ташаккулёбии пиряхњои рўи Замин ба марњилаи охири кайнозой ва инкишофёбии инсон рост меояд. Тахминоти асосноке вуљуд дорад, ки ташаккулёбии пиряхњо раванди эволютсионии инсонро тезонидаанд. Дар гумон аст, ки дар баробари таѓирёбии иќлим воќеањои муњим ба монанди азхудкунии оташ, омода кардани сару либос ва сохтани хонањои истиќоматие, ки аз сармою намнокї эмин нигоњ медоштанд бавуљуд омадаанд. Ҳисоб карда шудааст, ки танҳо 25% сатњи рӯи замин унсурҳои яхбандии бисёрсоларо доранд.

Танњо дар пиряхњои кўњии ИДМ кариб 2500 километри мукааб захираи об вуљуд дорад. Ин захираҳо хеле суст истифода мешаванд ва синну соли максималии пиряхњои кўњї аз 1000 сол зиёд нестанд. Хамасола обшавии пиряхњо бештари минтаќањои хушкии кураи заминро бо об таъмин намуда дар навбати худ мављудияти мўъљизањои нотакрори табиатро ба монанди дарёњои сероб, ки аз гармои биёбонњои тафсон убур мекунанд маънидод менамоянд. Дар баландкӯҳҳо аз пиряхҳо дарёҳои калон ба монанди Амударё, Сирдарё, Ганг, Ҳинд, Брахмапутра, Хуанхэ, Янсзизян ва ғайра оғоз меёбанд. Обҳои обшудаи пиряхҳо, ки унсури муҳимтарини баланси обии даштҳои доманакӯҳҳои хушки Авруосиё ва Амрико мебошанд, ба тараккиёти иктисодиёти ин минтаќањо, бахусус гидроэнергетика ва хољагии дењот њисси калон мегузоранд. [4.]

Аз љихати хусусиятњои орографї ва шароитњои иклимї Тољикистон на танњо кишвари водиҳои сарсабз, балки яке аз калонтарин минтаќањои яхбандии муосир дар ИДМ ба њисоб меравад. Пиряхњои Тољикистон манбаи асосии ѓизогирии дарёњои Осиёи Миёна мебошанд ва дар навбати худ онҳоро метавон ҳамчун захираи об бо танзимгари табиии гидрографӣ арзёбї кард. Бесабаб нест, ки пиряхњои кўњї ба Фонди ягонаи давлатї дохил карда шудаанд.

Омўзиши пиряхњои Тољикистон ба охири асри XIX рост меояд, ки дар ин марњила олимон - сайёњони рус А.И. Федченко, В. Ошанин, И.В. Мушкетов, В.И. Липский ва дигар тадќиќотчиёни Туркистон сањми арзандаи хешро гузошта буданд. Дар даврони Њокимияти Шўравї соли 1928 Академиям Илмњои ИЉШС экспедитсияи калонеро оид ба тадќиќи пиряхњо ташкил намуда буд. Дар каталоге, ки аз љониби гидрограф ва глятсиологи машхури советй проф. Н.Л. Корженевский соли 1930  тартиб дода шуда буд майдони яхбандии Осиёи Миёна бидуни  Помир, Олтой Талас ва як қисми қаторкуҳи Олтой ба 8987 км2 арзёбї гардида буд. Аммо тадқиқотҳои минбаъда нишон доданд, ки майдони умумии пиряхшавии кӯҳҳои Осиёи Марказӣ 17000-18000 км2 –ро ташкил медињад ва зиёда аз 60%-и он дар ќаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.

Минтақаи калонтарини яхбандии муосир Помир мебошад, ки майдони умумии пиряхшавии он дар ҳудуди ИДМ 8041 км2 ро ташкил медињад. Калонтарин марказхои пиряхї дар ин љо дар каторкўњњои Академияи илмњо, Пасиолой, Рушон-Базардарин, Язѓулом, Дарвоз, Пётри Якум ва Зулумарт, ки дар пањлуи ќуллаи Исмоили Сомонї, ќуллањои Истиќлол, А.Сино ва ѓайра вокеъ гардидаанд. Шумораи ҳамаи пиряхњои ба қайд гирифташуда 1085 ададро ташкил медиҳад. Аксар вақт дар Помир пиряхҳои дарозиашон аз 2 то 6 км (қариб 54% пиряхҳо) мавҷуданд. Помир аз руи шумораи пиряхњои калонтарин дар ИДМ љои якумро ишгол мекунад. [2.]

Тўли дањсолањои охир бо таѓирёбии иќлим мушкилоти обшавї ва бухоршавии пиряхњои водигї дар аксар минтаќањои љањон ба назар мерасанд. Чунин омил ба одамон ва кишварҳои вобаста аз пиряхҳо зарари калон мерасонад, зеро онњо неругоњои барќии обиро бо об таъмин намуда дар навбати худ њаводорони табиати кўњсорро ба минтаќа љалб месозанд, ки боиси даромади молии кишварњо гардидаанд.

Кӯҳҳои Рувензори Африқо дар марзи Уганда ва Ҷумҳурии Демократии Конго ҷойгиранд. Замоне дар ин кўњњо 40 пирях ба ќайд гирифта шуда буд, аммо то соли 2005 камтар аз нисфи он боқӣ мондаасту халос. Коршиносон бар ин назаранд, ки тамоми пиряхҳои кӯҳҳои Рувензор пас аз 20 сол аз байн хоҳанд рафт. Дар Танзания бошад кӯҳи Килиманҷаро тақрибан 90 дарсади яхњояашро аз даст додааст. Як кисми ях бевосита ба буѓи об мубаддал гардида об намешаванд. Њоло он, ки ташрифоварии сайёҳон ба ин мавзеъ тақрибан 10 % маҳсулоти Танзанияро ташкил медињад. Яке аз глятсиологњои австриягии Донишгоҳи Инсбруки Австрия Райнер Принс мегўяд, ки мардуми Танзания барфу яхро дар қуллаҳои кӯҳҳо ҳамчун «манзили худо» арзёбї мекунанд ва аз даст рафтани пиряхҳо метавонад ба эътиқоди динии сокинони он таъсир расонад.

Дар Аврупо бошад, дар марзи байни Олмон ва Австрия, панҷ пирях дар якҷоягӣ камтар аз ним километри мураббаъ ях боқӣ мондаасту халос. Олимон тахмин мекунанд, ки назар ба соли 1850 он 88% талафот бештар ёфтааст.

Нестшавии пиряхњо дар Амрикои Ҷанубӣ низ мушкилот доранд. Олимон аз он нигаронанд, ки пиряхи Гумболд дар Венесуэла метавонад дар тӯли 20 сол аз байн равад. [5.]

Чунин зуњуротњои табиї дар Љумњурии Тољикистон низ мушоњида мешаванд. Иқлимшиносони тоҷик таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳониро ба пиряхҳои Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. Мувофики натиљањои мушоњидавї аз соли 1930 инљониб майдони умумии пиряхњои љумњурї ќариб 30 % кам шудааст.

Ба аќидаи сармутахассиси маркази пажӯҳиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон Абдурашид Тағойбеков гармшавии иқлим дар Тоҷикистон ба равандҳои тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ марбут мебошад ва то охири асри XXI ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Осиёи Марказӣ метавонад аз 3,7 то 5,6 дараҷа боло равад. Дар баробари ин афзоиши ҳарорати фасли зимистон аз 3,0 то 5,8 дараҷа, дар тобистон аз 3,8 то 5,5 дараҷа гарм шавад. Баландшавии ҳарорат дар заминаи кам шудани боришот тақрибан дар тамоми минтақа ба амал меояд.

Агар суръати феълии чунин таназзули пиряххо дар давоми 30-40 соли наздик идома ёбад, бисёр пиряххои хурд дар Точикистон комилан аз байн мераванд ва ин ба режими оби баъзе дарёњои Точикистон, аз љумла Зарафшон, Кофарнињон, Ќаратоѓ, Обихингоб таъсири калон мерасонад. Мувофики маълумотњои охирин, пиряхи Федченко дар давоми 30 сол бештар аз 3 километр масоњати худро аз даст додааст, ки замоне дарозиии он то ба Лахш (ноњияи сарњадии Тољикистон бо Ќирѓизистон) мерасид. [1.]

Њоло дарозии он ба 70 километр расида дар давоми дањсолањои минбаъд боз 2 километри дигар кам мешавад.

Дар баробари ин муҳандиси Маркази пиряхшиносии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Александр Пиров беш аз 30 сол боз ба омӯзиши пиряхҳо машғул буда, мегӯяд, пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул қарор доранд, яъне ақибнишинӣ мекунанд, аммо дар ин бора бонги изтироб задан лозим нест зеро пиряхҳо об мешаванд ва ин як раванди муқаррарии табиӣ буда пеш аз мову шумо об мешуданд ва минбаъд об мешаванд, баъзан баръакс — бавуљуд меоянд. Чунин омил дар давоми асрҳо рӯй дода истодааст ва барои пешгирї кардани ин раванд коре кардан ќариб номумкин аст — иќлим дар зери таъсири омилњои гуногун таѓйир меёбад ва аз ин пешгирї кардан ѓайри имкон аст. Аврупо низ замоне зери яхбандӣ ќарор дошт, пас ин пиряхҳо ба коҳишёбӣ шурӯъ карда буданд. [6.]


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 12 (81) том 1


Ссылка для цитирования:

Боев Б.М. ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ХАТАРИ АЗ БАЙН РАФТАНИ ПИРЯХҲО // Журнал «Вестник науки» от 1 декабря 2024 г. № 12 (81) том 1. С. 1848 - 1853. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/19402 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/19402



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2024.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.