'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №12 (81) том 3
  4. Научная статья № 300

Просмотры  214 просмотров

Комилов Д.Р., Қаноатова Г.И.

  


АФКОРИ ДОНИШМАНДОНИ ҶАҲОНӢ ДАР БОРАИ ОСОРИ ИБНИ СИНО (АВИТСЕННА) *

  


Аннотация:
дар мақолаи мазкур оид ба афкори донишмандони ҷаҳонӣ дар бораи осори Ибни Сино бахшида шудааст. Муаллифон оид мақоми иҷтимоии афкори донишмандони ҷаҳонӣ дар бораи осори Ибни Сино ва ахлоқи инфиродӣ баён карда, муаллиф бар он назар аст, ки муҳимтарин ва пурарзиштарин осори Ибни Сино аз нигоҳи донишмандони ҷаҳонӣ маълумот дода шудааст. Ибни Сино дар осорҳои худ таълимот оид ба хусусиятҳои ҷавҳари аҷсом, ҳаракат, макон, қадами олам, маърифат ва шаклҳову анвои онро амиқу ҳамаҷониба таҳқиқ намудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Ибни Сино дар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи худ муайян кардааст, ки ҷаҳонбинии ӯ ба сӯи бисёр андешӣ дарак медиҳад. Муаллиф бар он назар аст, ки Ибни Сино ҳангоми тарҳрезии таълимоти худ дар бораи нафс ва тан низ бештар ба Арасту моил будааст. Муаллиф кушиш бар он дорад, ки ҳадафҳои асоси тақиқотро оид ба назарҳои Ибни Сино дар бораи сиёсат ва ҳуқуқ муайян намояд   

Ключевые слова:
ҳикмат, фалсафа, нафс, машшоия, макон, замон ва тиб, назарҳо, ташакуллёби   


Соли 1980, дар иҷлосияи бистуми конфронси умумии ЮНЕСКО хизматҳои бузурги олими барҷаста, доират-ул-маорифи асри миёнагии тоҷик Абӯалӣ ибни Синоро дар инкишофи илму тамаддуни ҷаҳонӣ ба назар дошта, ба тамоми кишварҳои узви ин созмон пешниҳод кард, ки 1000-солагии ин марди хирад ва намояндаи маъруфи илму тиббу фалсафа ва фарҳанги ҷаҳониро бо тамоми шукӯҳу ваҷоҳат таҷлил намоянд. Зеро бо шарофати қудрати тафаккури фалсафӣ ва тааммуқи фикрӣ, дар инкишофи минбаъдаи соҳаҳои мухталифи илмҳои фалсафӣ, нуҷум, геологӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, табиӣ, забоншиносӣ, мусиқӣ ва саҳми бағоят калоне бозидааст.
Моҳи ноябри соли 1951, Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ дар ҷаласаи солиёнаи худ дар шаҳри Вена, қароре қабул карда буд, ки дар он ба манзури тавсеаи равобити фарҳангӣ ва таҳкими сулҳ тавсия дода шуда буд, ки барои чанд нафар аз ашхоси фарҳанги ҷаҳон ба монанди Леонардо Давинчи, Виктор Гюго, Е.В.Гогол ва аз ҷумла барои Ибни Сино ба муносибати ҳазораи таваллуди ӯ дар соли 1952 (мутобиқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ маросими таҷлил ва ёдбуде барои шавад. Дар муроҷиатномаи раиси ин Шӯро Фредирик Жолио Кюри гуфта шуда буд: «Мо халқҳо ва ҳамаи одамонро даъват менамоем, ки ҷашни табрикии он шахсонеро якҷоя барпо намоянд, ки онҳо ба шарофати аҳамияти асарҳояшон мансуби тамоми инсоният мебошанд».
Дар ҳамон сол, кумитаи байналмилалӣ ҷиҳати ҷашн гирифтани ҳазорсолагии Ибни Сино иборат аз 44 нафар донишмандони маъруфи 24 кишвари ҷаҳон таъсис дода шуда буд. Дар паёми ин кумитаи байналмилалӣ, ки ҳамаи он 44 донишмандони ҷаҳон имзо карда буданд, гуфта шуда аст:
«Ба ҳангоми ҳазораи Ибни Сино, ки дар пеш аст, мо ба унвони намояндагони фарҳанги кишварҳо ва ақоиди мухталиф, равшанфикрони тамоми ҷаҳонро даъват мекунем, ки саҳми бузургеро, ки Ибни Сино ба василаи осораш, ки мояи ҳақшиносии ҷомеаи башарият дар тавсеаи фарҳанги ҷаҳонӣ доштааст бахотир оваранд.
Чеҳраи фарҳангии Ибни Сино пуршукӯҳ ва пур аз фавоиди гаронбаҳои фарҳангӣ аст. Нуфузи ӯ дар мардуми кишварҳои исломӣ ва кишварҳои урупоӣ ва дар дунёи муосир, ки вориси тамаддуни азими гузашта мебошанд, ба қадре зиёд аст, ки моро барои интишори паёме ба манзури адои эҳтиром ва такрими шоистаи ӯ ба шакли муштарак ва умумӣ бармеангезад». Зарурат ба ёдоварист, ки раиси ин кумитаи байнанмилалиро яке аз машҳуртарин шарқшиносони ҷаҳон ва донишмандони бузурги машриқзамин Саид Нафисӣ ба ӯҳда доштанд.
Қабл аз он, ки роҷеъ ба саҳму нақши Абалӣ ин «намунаи аълои инсони ҷаҳонии қуруни вусто» дар фарҳанги умумибашарӣ таваққуф намоем, ҳамин нуктаро ҳатман бояд тазаккур дод, ки ҷаҳонбинӣ умуман ва хосатан ақидаҳои фалсафӣ ва илмӣ табиии ин родмарди ягонаи давр на дар заминаи хушку холӣ, балки дар асоси хеле мустаҳкам ва инкишофёфтаи фарҳанги маънавии гузашта ва замони худи мутафаккир, дар Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки воқеан ҳамон замон қонуни илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ ба ҳисоб мерафт, ташаккул ёфта буд.
Абӯсаид Ҷузҷонӣ шогирди донишманди Ибни Сино дар шарҳи ҳолаш навишта, ки Амир Алоуддавла шабҳои ҷумъа маҷлису мунозарае аз олимон ба ҳузури Ибни Сино фароҳам карда буд, ки “Шайх дар миёни донишмандон чунон буд, ки касе дар дониш дар баробари ӯ тоб намеовард”. “Ҳаргиз надидам, ки чун бар китоби тозае менигарад. Дар саросари он бингарад, балки бар ҷойҳои душвори он менигарист, то бубинад гирдоваранда ончи гуфта, бадин андоза донишу фаҳмиш бар ӯ равшан мешавад”. Ва боз пеш меомад мулоқоти Абӯмансурро бо Ибни Сино дар ҳузури Амир Алоуддавла ва изҳори Абӯмансур ба Ибни Сино, ки ту ҳакими олимақомӣ, аммо дар луғатдонӣ комил нестӣ, ки Ибни Сино ранҷид. Се сол бо истеъдоду ҳофизааш кушиш намуд се қасида ва се китоби луғатро навишт. Бо Алоуддавла созиш намуд. Маънеи онҳо изҳори аҷз намуд ва Ибни Сино ба ӯ кумаку роҳнамоӣ кард. Абӯмансур ба фаросату дарёфт, ки инкор заминасозии Ибни Сино буда, аз ӯ ба хотири суханони аввалин ҷаласаи мулоқоташ маъзарат хост.
Дар аввали асри XII-и мелодӣ китобҳои “Қонун ва Шифои” Ибни Сино ба забони лотинӣ мундариҷан ба забонҳои дигар аврупоӣ тарҷума шуд. То асри XVII мелодӣ мавриди мутолиъа ва таълиму тадрис буда, попҳо аз онҳо махсусан аз мантиқу фалсафааш тамҷид кардаанд. Аз пизишкии китоби қонунаш барои муолиҷаи беморон худ истифода намудаанд. Чандин қарн ҳукм ин буд, ки ҳарки бихоҳад пизишк бошад бояд синошинос бошад.
Ибни Туфайли Андалусӣ дар китоби “Асрор - ул - ҳикмат” ва рисолаи “Ҳайи яқзон” менависад. “Ибни Сино дар китобҳои хоста аст, ки назариёти афкори Арастӯ муассиси ҳикмати машшоиро барои донишҷӯёни ҳикмату мантиқ ба беҳтарин тарзе ташреҳ кунад, бо инҳол боз дар китоби фалсафаи машриқи Ибни Сино чизҳое омодааст, ки дар китобҳои Арастӯ нест” [7, 137].
Ибни Сино номае ба Баҳманёр, ки яке аз шогирдони донишмандаш буд, ки “Китобе тасниф кардаам ва онро инсоф ном гузоридам. Дар ин китоб уламоро ба ду қисмат мағрибин ва машриқин тақсим карда, машриқин бо мағрибин дар мақоми муориза баромаданд, то ҷое, ки хусумати муҳаққиқ гардида, онгоҳ инсофро пеш овардам”. Мағрибин яъне, тарафдорони Арастӯ ва ҳокими юнон, ки аҳли мағриб заминанд. Ва машриқин яъне, ки китоби инсоф дар ҳамлаи Масъуд писари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва Абӯсаҳли Ҳамдавӣ ба Исфаҳон дар соли 425 ғорат хазонаҳои Алоуддавла, ки Ибни Сино дар назди ӯ буд. Китобҳои Ибни Сино ҳам ба ғорат рафт. Шайх ба онки ба Баҳманёр навишта буд, ки ду бора мисли онро хоҳад навишт. Аммо марг фурсаташ надод. Китоби Инсоф шомили ҳазорҳо масъала дар бист ҷилд будааст.
Китоби Мубоҳисоти Ибни Сино шомили ҷавоб саволҳое аст, ки Баҳманёр ва Абӯмансур ду нафар аз донишмандон, ки аз шогирдони Ибни Сино буданд. Аз вай ва назорати афкори фалсафӣ шахсии худро дар он ҷавобҳо навиштааст. Байҳақӣ дар китоби “Татима савон ал ҳикмат” менависад, ки китоби Мубоҳисоти ҳовӣ мушкилоти печида ва муҳими мантиқӣ фалсафӣ аст, ки фаҳму дарки он бисёр мушкил аст.
Ибни Сино бо истеъдоди хуб дар ҳама риштаҳои дониши инсонӣ ва мантиқу фалсафаи юнонию Искандарӣ, Ғарбию Шарқӣ иҳота ва тасаллут комил дошт. Дар ҳамаи китобҳо номҳои худ тозае оварда, махсусан дар муқаддимаи китоби “Ҳикмат ул машриқия”, ки мантиқ ул машриқайн ном дошта менависад. “Иллат барои навиштани ин китоб он аст, ки бархе аз донишҷӯёну хонандагон китобҳои юнониҳо китобҳое ман ки барои ғайри муҳаққиқин пайравони мактаби машшоъи Арастӯ таълиф кардам, тасаввур кардаанд, ки Худованд касеро дар фалсафа ҷуз ба суи юнониҳо роҳбарӣ намекунад. Ҷуз аз тариқи фалсафа эшон раҳматаш ба онҳо намерасад”. Хушбахтона қисмати қисмати мантиҷ ул машриқайн баъд аз ғорати хонаи Ибни Сино дар ҳамлаи Султон Масъуди Ғазнавӣ боқимонда дар он Ибни Сино ақидаи хоси худро навишта истиқлолу фикри назариёти хешро ироа дода сабт карда, ки фалсафаву мантиқ ва илмҳои юнониён нест. Дигарон ҳам қудрати изҳори назариёти фалсафӣ ва мантиқиро доранд, боз дар ҳамон муқаддима Ибни Сино навишт, ки “Мо гирифтори касоне ҳастем, ки фаҳм надоранд”. Агар дар миёнашон касеро, ки рушди медошт меёфтем. Ончи бар момуҳаққиқ шуда буд, ба ӯ медодем. Бо вуҷуди мавридҳои зикршуда Арнест Ренон донишманди фаронсавӣ дар китоби худ бо номи Ибни Рушд ва фалсафаи ӯ Ибни Синоро муқаллиди Арастӯ номида яъне, файласуф намо навишт.
Хушбахтона устоди Донишгоҳи Азҳари Миср, Мустафо Абдураззоқ дар китоби худ ба номи “Тамҳид лит торихи фалсафа” назари Арнест Ренонро рад кардаанд. Бо ин шева гуфтааст, ки “Оё касе ҳаст, ки гумон кунад ақле чун ақли Ибни Сино масоили наве дар фалсафа ворид накарда ва фақат муқаллиди Арастӯ бошад” [8, 178].
Дар ҳақиқат бояд гуфт, ки сарчашмаи аввалини назарӣ ва табиии фалсафаи Абӯалӣ Ибни Сино бешубҳа ҳикмати антиқии Юнону Рум ба ҳисоб меравад. Боиси таъкид аст, ки мероси фарҳангии Юнони бостон, ҳанӯз то давраи паҳншавии ислом дар Шарқи наздику Миёна густариши васеъ ёфта буд. Ҳанӯз аз ибтидои асри V1 сар карда асарҳои олимон ва файласуфони Юнони қадим Пифагор, Афлотун, Арасту, Эпикур ва гаӣ раҳо дар марказҳои илмию фарҳанӣ ин Нисибин ва Гундишопури давлати сосониҳо ба забони суриёнӣ ва паҳлавӣ мавриди тарҷума қарор гирифта буданд. Чунон, ки маълум аст, императори Рум Юстиниан дар Афина Академияро баста буд, муаллимону шогирдон ва дилбохтагони он маҷбур шуданд барои худ паноҳгоҳ ҷӯянд. Ин паноҳгоҳро онҳо дар давлати сосониҳо дар дарбори Хусрави Анушервон пайдо карданд. Хусрав ба онҳо иҷозат дод, ки ҳамон тавре мехоҳанд, ба монанди Академияи Александрия, дар Гундишопур Академияи навро таъсис намоянд.
Академияи Гундишопур дорои се факулта: тиббӣ бо шифохонаи алоҳида, нуҷум бо расадхона ва риёзӣ буд. Академия дар муддати дурудароз маркази илмӣ-табиии давлати Сосониҳо ба шумор мерафт. Аз ин мактаб зумраи донишмандони тиб ва фалсафа ба воя расиданд.
Ҳамин тавр, то паҳншавии ислом ва ташкил ёфтани хилофат бисёр асарҳои фалсафӣ, тиббӣ, риёзӣ ва соири илмҳои табиии аллакай ба забонҳои паҳлавию суриёнӣ ва оромӣ тарҷума шуда буданд. Ба ин забонҳо тарҷума шудани он осори фарҳангӣ дар замони хилофат ба забони арабӣ тарҷума шудани онҳоро хеле осон мекард. Дар ин амал фаъолияти Ҳорун-ар-рашид (786-804) ва писари вай Маъмунро (813- 830) махсусан қайд кардан лозим аст. Дар давраи хилофати Ҳорун-ар-рашид, маркази илмии «Байтул-ҳикма» дар Бағдод ба фаъолият оғоз намуда буд. Дар замони ҳукмронии Маъмун, махсусан баъд аз он ки вай соли 819 аз Марв ба Бағдод омад, барои боз ҳам ривоҷ додани фаъолияти «Байт-ул-ҳикма» ё «Дор-ул-ҳикма» ва инчунин баъзан бо номи «Хазинатул-ҳикма» ёд мешавад, кӯшиш мекунад.
Саҳми Ибни Сино дар пешбурди ин соҳаҳои хеле муҳими донишҳои башарӣ бағоят бузург аст. Ба қавли Сайид Муҳаммад Машкут«... Ибни Сино, ки гуи сабқатро аз ҳамкорони хеш рабуда ва дар фалсафа ва тибӣ хидматҳои бузурге анҷом додааст, назди ҳар қавм ва ҳар миллат ба ҳамон дараҷа, ки бо дониш ва тамаддун ошноӣ доранд, шӯҳрат ва эҳтиром дорад». Дар ҳақиқат осори тиббии вай хулоса ва ҷамъбасти дастовардҳои антиқа ва асарҳои миёна мебошанд. Дар асари 5-ҷилдаи доиратулмаорифи вай «Ал-қонун фӣ тибб» тамоми донишҳои то асри XI андӯхтаи мероси тибби форсии қадим, Юнони бостон, Рими қадим, арабӣ, ҳиндӣ, чинӣ, тибетӣ, осори олимони Осиёи миёна ва соири олимони тиб ҷамь карда шудаанд». Қобили қайд аст, ки аз байни мутафаккирони Шарқи наздики асрҳои миёна, ки аврупоиён шинос шудаанд. Ибни Сино мақоми хосе дорад. Аллакай дар охирҳои асри ХП Герард аз Кремон (1114-1187) нахустин тарҷимаи «Ал-қонун фи тибб»-ро дар нимаи дуюми асри XII ба забогш лотинӣ анҷом дод. То ин вақг рисолаи «Қалбия» ба забони лотинӣ тарчума шуда буд. Ба шарофати ин тарҷима, аҳли Аврупо бо комёбии тиббии халкҳои шарқ шинос шуданд. Ин тарҷима, бешӯбҳа ба инкишо- фи илми тибби мардуми аврупо таъсири хеле зиёде расонд. Беҳӯда нест, ки яке аз ҷумлаи нахустин кигобе, ки дар Аврупо баъди пайдо шудани мошинҳои чопӣ нашр гардид, ин дар соли 1473 ба табъ расидани «Ал-Қонун» буд. Дар муддати начандон зиёд, на бешгар аз 20-30 сол, ин китоб 15 бор ба чоп расид. Роҷеъ ба он ки «Ал-Қонун»-и Ибни Сино дар чи мақоми баланде қарор гирифта буд, аз рӯи далели зерин хулоса баровардан мумкин аст. Дар маълумотномаи тиббии Итолиё, ки дар асри ХV ба табъ расида буд, номи Авитсена бештар аз 3000 бор во мехӯрад. Ҷиҳати муқоиса бояд илова карда шавад, ки иоми бонуфузтарин до- нишманди антиқа Гиппократ 140 маротиба иқгибос шудааст.
Аз ҷумлаи аввалин тарҷумонҳои осори Абуалӣ ба забонҳои авропоӣ, пеш аз ҳама ба лотинӣ ба ғайр аз Герард метавон аз Михаил Скот (ваф.1235) ва Беренгари Валенӣ (ваф.1113) ёд кард. Зеро ҳар дуи онҳо аз ҷумлаи он тарҷумонҳои асарҳои Ибни Сино буданд, ки сафашон ҳар чӣ бештар меафзуд. Дар ибтидои асри ХV1, бошад, дар Итолиё Андреа Алпаго (ваф.1520), бо тааммуқи назар ба тарҷимаи асарҳои Абуалӣ мепардозад. Осори Шайхурраис ва дигар мутафаккирони шарқ, дар Болоне, Монпеле, Париж, Оксфорд ва соири марказҳои илмии аврупо, дар асри ХII мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Аз байни тарҷумонҳо, ки осори Ибни Синоро ба лотинӣ тарҷима кардаанд, ҳатман бояд аз Доминго Гундисалво ёд кард, ки сарварии мактаби тарҷумонии Толедоро ба ӯхда дошт. «Ин мактаб «Байт-ул-ҳикма»-ро, ки халифаҳои аббосӣ дар Бағдод таъсис карда буданд, ба ёд меорад».
Гундисалво, дар баробари асарҳои Киндӣ, Форобӣ ва рисолаҳои «Ихвон-ус-сафо», китоби «Шифо» ва як ду рисолаи Абуалиро ба забони лотинӣ тарҷума намудааст. Ногуфта намонад, ки дар тарҷумаи асарҳои Ибни Сино, саҳми Иоанн Авендетҳ (ё, ки Ибни Довуд) хеле калон аст. Вай рисолаи «Саргузашт»-и Абуалиро, ки шогирдаш Абу Убайдуллоҳи Ҷузҷонӣ навишта буд ба забони лотинӣ тарҷима намуда буд. Ба қалами вай тарҷимаи қисмати аввали «Шифо», шарҳи «Исоғуҷӣ» -и қисмати мантиқ, «Равоншиносӣ» дар бораи растаниҳо ва қисмати зиёди физика тааллуқ дорад. Ибни Довуд, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам ҳамроҳи дигар рисолаҳои хурди Ибни Синоро тарҷима кардаанд. Қобили зикр аст, ки баъдтар «Илоҳиёт», «Ра- воншиносӣ» ва қисматҳои дигари «Шифо», инчунин «Китоб-ун-наҷот» низ тарҷума шуданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки на танҳо «ал-Қонун», балки асарҳои дигари ӯ ба монанди «Китоб-ут-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Урҷуза фи тибб» ва ғайраҳо борҳо ба забонҳои немисӣ, франсавӣ, англисӣ, лотинӣ, итолиёӣ тарҷима ва тафсир шудаанд. «ал-Қонун» дар соҳаи тибб, зиёда аз шаш қарн барои табибони Европа китоби асосии дарсӣ ва рӯимизӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳанӯз дар асри ХУ1 дар Европа зиёда аз 15000 нусхаи асарҳои вай нашр гардида буданд.
Тарҷумаҳои осори чӣ тиббӣ ва чӣ фалсафии Ибни Сино дар сартосари Аврупо бо рӯҳбаландии том истиқбол шуданд. Вақте, ки он дастхатҳо, саранҷом пеш аз ҳама дар Страсбург ва Венесия ба табъ расиданд, бо теъдоди зиёд паҳн гашганд. Қисмате аз он асарҳо алоҳида ва қиемати дигарашон, якҷоя бо асарҳои Форобӣ ва Киндӣ нашр гардидаанд. Як қатор сарчашмаҳо, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин асарҳо дар марказҳои мухталифи илмии Аврупо ба таври васеъ истифода мешуданд.
Ба ин маънӣ ишора карда А.В.Сагадеев навишта буд, ки ҳанӯз дар олами Ғарб аз қарни ХII сар карда аз байни осори илмӣ-фалсафӣ ва фарҳангии Ибни Сино, ки ба инкишоф ва пешравии илмҳои аврупоӣ таъсири бевосита расонидаанд, асарҳои илмӣ-табии ӯ ва пеш аз ҳама «Ал- Қонун фи тибб» мебошад. Аз ҳама бештар, ҷиҳати таълимоти афлотунияи ҷадиди фалсафаи Абуалӣ, таваҷҷӯҳи олимон ва файласуфони Ғарбро ба худ ҷалб намуда буд, дар натиҷа ҷараёне ба вуҷуд, омад, ки баъзан онро «августиании авитсенишуда» ном мебурданд. Ибтидои ин таълимотро «архиепископ» Телеади Иоанн (қарни ХII) дар рисолаи «Роҷеъ ба рӯҳ» гузошта буд. Дар асри ХIII таъсири Сино дар Вилгелми Оверни, Франсисканҳои универси- тети Париж Александр Галскиӣ, Жана Деля Рошел, Бона- вентур (ваф.1274) инчунин дар Франсисканҳои англис - Роберт Гроссетест, Ҷон Пекам дида мешавад. Таваҷҷуҳи Александр Галскиро пеш аз ҳама равоншиносии Абуалӣ ба худ ҷалб намуда буд.
Баъди тарҷума шудани қисмати бештари китоби «Шифо», ки тамоми илоҳиёт ва фаслҳои аввали мантиқро дар бар мегирифт, мавқеи Ибни Синоро роҷеъ ба мавҷудияти мафҳумҳои омӯзиш қарор гирифт.
Нисбат ба дигар мутафаккирони асрҳои миёна, ба аҳволу осори Абуалӣ, Роҷер Бэкон (1294) бештар ва беҳтар шинос буд. Вай Ибни Синоро «доии файласуфон», номида буд. Ба монанди Шайхурраис Бэкон чунин меҳисобад, ки ақли фаъол ҷудо аз рӯҳ вуҷуд дорад. Бэкон аз Ибни Сино назарияи рушноии нурро гирифта, табиати биноӣ ва ҳодисаи тирукамонро тавассути он шарҳ медод. Ғайр аз ин, Бэкон аз вай боз ончиро, ки дар бораи анатомия ва кори чашми одам ва пайдоиши образҳо дар чашм, инчунин бисёр чизҳоро аз риёзиёт қабул карда буд. Эҳтироми хеле баланди вай нисбат ба Абуалӣ дар ҳамин буд.
Ин таъсир дар фалсафаи яҳудия хосатан дар таълимоти Моисеӣ Маимунид (1135-1204) ва дар таълимоти пантеистии Спиноза дида мешавад. Тавре Афнан менависад, Алберт аз ҳамаи мутафаккирони мусулмон бештар ба талимоти Абуалӣ шинос буда, дар тамоми асарҳои худ, аз вай бо шавқу завқ ва мамнуният ёд мекунад. Вай аввалин бор мантиқи арабиро дар «Мантиқи мактабӣ», дохил карда буд ва он, моҳиятан мантиқи Авитсена буд.
Таълимоти фалсафии Абуалӣ, низ дар ташаккули афкори намояндаи машҳури дигари асримиёнагӣ Скот (ваф.1308) нақши басо муҳимме гузошта, дар системаи ҷаҳонбинии вай воқеан ҳам нуқтаи гардиш ба ҳисоб меравад. Таъсири ақидаҳои Ибни Сино, ба Вилям Оккам (ваф.1349), ки дар аввалҳо шогирд ва паӣ рави Дунс Скот буд, низ хеле калон аст. Ин таъсир пеш аз ҳама дар мантиқ, илоҳиёт ва равоншиносӣ дида мешавад.
Ба қавли Афнан таъсири Шайхурраис дар Аврупои Ғарбӣ ба давраи оғози эҳё маҳдуд намешавад. Маълум аст, ки баъдтар фалсафа тамоман ба маҷрои дигар тараққӣ кардан гирифт ва нуфузи илмҳои таҷрибавӣ иқлими эҷодиёти фикриро ба куллӣ тағйир доданд. Ба ҳар ҳол, ҳар гоҳ мутафаккирони асримиёнагии худ нигоҳ мекарданд, наметавонистанд афкори ҷасуронаи Абӯалӣ Сино ва усулҳои аҷоиби таҳқиқии вайро нодида гузаранд. Дар он гуфта шудааст. «... Ибни Сино пешрави аз зумраи мутафаккирон аст, ки дар тӯли чандин қарн пурсамартарин афкори солимро сарфи назар аз мулоҳизоти дину нажод ва тоифаю таассуб дар ҳама ҷо коштаанд... Дар саросари даврони қуруни вусто осори фалсафӣ ва пизишкии Ибни Сино бузургтарин нуфузҳоро дар ҷомеаҳои илмии аврупо ба ҷо гузоштааст ва дар эҷоди афкор ва улуми навин таъсири фаровон дошта аст. Ӯ неруи бемонанди хеш, далеронаашро барои таҳқиқот ва пирӯзиҳо ва кашфиёташро якҷо дар ихтиёри истифодаи тамоми мардум ва тамоми ҷомеаи башарӣ қарор додааст».
Ҳамин тариқ, саҳми Абуалӣ Ибни Сино дар тавсеа ва рушди фарҳанги ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки воқеан ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик аз айёми зиндагиаш то замони ҳозир чӣ дар Шарқу чӣ дар Ғарб аз зумраи ҳакимон ва яке аз табибони бузургтарини ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №12 (81) том 3

  


Ссылка для цитирования:

Комилов Д.Р., Қаноатова Г.И. АФКОРИ ДОНИШМАНДОНИ ҶАҲОНӢ ДАР БОРАИ ОСОРИ ИБНИ СИНО (АВИТСЕННА) // Вестник науки №12 (81) том 3. С. 2170 - 2179. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/20008 (дата обращения: 13.06.2025 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/20008



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2024.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.