ЛЕКСИКАЛИЗАТСИЯИ ИБОРАҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АСАРҲОИ ОЛИМОНИ ТОҶИК
Аннотация: Дар ин мақола мушкилоти воҳидҳои фразеологӣ ва луғатсозии онҳо дар забони тоҷикӣ баррасӣ карда мешавад. Дар он қайд карда мешавад, ки дар забоншиносӣ, дар баробари ифодаҳои синтаксисии озод, бисер ифодаҳои устувор ва ҷудогона мавҷуданд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳамчун маводи тайери нутқ истеъмол карда мешаванд. Чунин ибораҳо дар забоншиносӣ фразеологизмҳо е воҳидҳои фразеологӣ номида мешаванд. Дар ҳар як калима калимаи калима мавҷуд аст. Бояд қайд кард, ки омӯзиши ибораҳои фразеологии забони тоҷикӣ ду давраро дар бар мегирад: давраи пеш аз инқилоб ва давраи пас аз инқилоб
Ключевые слова: воҳидҳои фразеологӣ, пуробурангӣ, тобишҳои мухталиф, луғатҳои тавсифӣ, лексикография.
Фразеологизмҳо мундарачаи яклухти аксар ибораҳои пуробурангро ифода карда, бо ин хусусияти хоси худ аз унсурҳои муҳими забон ба шумор мераванд. Хамин пуробурангии махсус дар бештари воҳидҳои фразеологӣ мушохида гардида, яке аз чиҳатҳои характерноки воҳидҳои фразеологӣ мебошанд, ки онҳоро аз воҳидҳои дигари забон ба тариқи возеҳ фарқ мекунонанд. Ҳатто дар воҳидҳои фразеологии ниҳоят забонзадашуда ҳам ҳамин хусусиятро мушоҳида кардан мумкин аст. Ифоданокию рангорангии онхо ба образи собиқаи заминаашон алокамандии бевосита доранд. Чунин вохидҳои фразеологӣ бо вуҷуди он, ки акнун он пуробурангию образнокии ибтидоии худро аз даст додаанд, аз тобишҳои мухталифи эҳсосотиву экспрессивӣ маҳрум нестанд.
Омӯхтани ибораҳои фразеологии забони тоҷикӣ ду давраро дар бар мегирад, давраи пеш аз инқилоб ва давраи баъд аз инқилоб. Давраи аввал ба он хос аст, ки ҳарчанд фразеология махсус омӯхта нашуда бошад ҳам, бисёр ибораи фразеологии дар адабиёт ва луғатҳои тавсифӣ ҷамъ оварда шудаанд. Вожаҳои асосии монандӣ: фразеология, фразеологизм, воҳидҳои фразеологӣ дар асарҳои олимони мо якранг нестанд. Масъалаи мазкур дар корҳои соҳаи грамматика, стилистика, лексикография, таърихи забон ва забоншиносии умумӣ талқин карда мешавад.
Шарл Балли вожаи «phraseology»-ро ба ҳайати вожаи стилистика дохил намудааст. Он чун фанни лингвистика аввалин маротиба аз тарафи лингвисти даврони шуравӣ Поливанов Е.Д. масъалагузорӣ шудааст. Фразеология аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, frasa – ибора, logos – таълимот, яъне таълимот дар бораи ибораҳо мебошад.
Дар забоншиносӣ баробари ибораҳои озоди синтаксисӣ як миқдор ибораҳои рехтаву устувор мавҷуданд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳамчун масолеҳи тайёри нутқ истеъмол мешаванд. Ин гуна ибораҳоро дар забоншиносӣ ибораҳои фразеологӣ ё таъбирҳои фразеологӣ меноманд. Фразеология дар ҳар забон маҷмӯъи ибора ва ифодаҳои устувори хоси он забон мебошад.
Чи тавре, ки забоншинос Б.А. Ларин иброз медорад: "Фразеология чун соҳаи забоншиносӣ дар инкишофи ниҳонӣ буда..., ҳоло чун самари расида қайд нашудааст.... Азбаски ба ҳамагон бемаҳоратии ҳаваскори ихтилоф ва бенатиҷавии тахлили ногаҳонии маводи мазкур дар лексикография, услубшиносӣ ва синтаксис равшан аст, алоҳида намудани чунин соҳа ба мо лозим мебошад" (19,6). Бинобар ин олимон В.Л.Архангельский, О.С.Ахманова, А.М.Бабкин, С.Г.Гаврин, С.И.Ожегов ва дигарон фразеологизмҳои як гуруҳ забонхоро мавриди пажӯҳиш қарор доданд.
Фразеологизмхои забонхои форсу тоҷик аз чониби Ю.Ю. Авалиани "Тексты лекций по компаративно-сопоставительной фразеологии единицы таджикского языка", С.В.Хушенова "Изафетные фразеологические единицы таджикского языка", Х.Маҷидов "Лексико-семантические особенности глагольных фразеологических единицы современного таджикского литературного языка" ва "Некоторые вопросы фразеологии современного таджикского языка", Ю.А. Рубинчик, М.Ф.Фозилов ва дигар олимони забоншинос тадқиқ гардидаанд. Кайдҳои аввалин доир ба фразеология мувофиқи маълумоти Х.Мачидов дар "Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик" ба қалами Абдулганӣ Мирзоев тааллуқ дошта, ҳангоми таҳлили забони осори Сайидои Насафӣ ӯ дар хусуси ибораҳои халкии осори шоир таваққуф намудааст, аз ҷумла дар ашъори шоир истифода гардидани як гурӯҳ ибораҳоро ба монанди "сар додан", "қад-қад паридан", "ҳамёни бепул", "пешпо хӯрдан", "бе ресмон бастан", "пушти даст газидан" нишон дода мегузарад. [3, 66].
Дар як силсила маколаву осори илмии профессор Д.Т.Тоҷиев аз ҷумла дар "Слово"-“об"–вода в современном таджикском языке" масъалаҳои фразеологиро метавон дучор гардид. Дар таркиби иборахои рехтаи зиёде омадани калимаҳои алоҳидаи қадимаи тоҷикӣ, лексикализатсия шудани ибораҳо бори аввал аз тарафи ӯ қаламдод шудаанд. Инчунин маълумот дар бобати ибораҳои рехтаи фразеологӣ дар осори Ш.Ниёзӣ ҳам дучор мегарданд. [7, 84]
Вакте ки дар охири солхои 50-уми асри ХХ "Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии точик"-и Н. Маъсумӣ ба вучуд меояд, дар қисми "Ибораҳои халкӣ дар "Марги судхӯр" муаллиф дар бобати паҳноии ҳаҷму доираи фразеология маълумот дода мегузарад. Ӯ аломати махсуси фразеологизмҳоро бештар аз устувории таркиби онҳо медонад. Н. Маъсумӣ онҳоро “боигарии худрӯй” номида аз ҷумла, чунин менависад:
"Паҳноии ҳаҷму доираи фразеология хусусан дар забони адабиёти бадеӣ бо тамоми гуногунии шакл, намуд ва мазмуни он аён мегардад ва ба як ҳисоб моҳияти воситаҳои тасвирии забони нависандаро ташкил медиҳад... Вақте, ки мо дар бораи халқӣ будани забони нависанда ва асари ӯ гап мезанем, ғайр аз боигарии луғавӣ, чӣ тавр ва чӣ андоза истифода бурда шудани боигарии фразеологии забони халқро ҳам дар назар дорем, зеро ки ин боигарии худрӯй–воситаҳои аслии (оригиналии) забони зиндаи халқ симои халқии забони нависандаро ташкил медиҳад" [6,69]
Дар хақиқат, донистани воҳидҳои фразеологӣ далели боигарии забонии нависанда мебошад. Надонистани забони модарӣ бошад, чӣ тавре ки Р. Ғамзатов мегӯяд, мисли ҳолати "...девонаест, ки шиновар несту худро ба дарёи пурталотум меандозад". [1,22]
Н. Маъсумӣ дар "Очеркхо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик" оиди фразеологизмҳо маълумот дода гузаштааст. Бояд таъкид намуд, ки онро ба иборахои феълӣ ва номӣ (ғайрифеълӣ) тақсим мекунад. Ин асари Н. Маъсуми инчунин барои омӯхтани забону услуби асарҳои бадеӣ дар илми филологияи тоҷик воситаи муҳим мегардад. Дар солхои баъдина, яъне пас аз солҳои 50-ум илми фразеологияи тоҷик ташаккул меёбад. Дар ин давра С.В. Хушенова, Х. Маҷидов, Х.Турсунова ва дигарон асархои илмӣ офариданд.
Солҳои 60-70 ум солҳои ташаккул ва пешрафти илми фразеология мебошад. Агар дар солҳои 50-ум дар бобати фразеология бобхои муайян ва алохида бахшида шуда бошад, дар солҳои минбаъда васеъ гардидани доираи омӯзиши воҳидхои фразеологӣ мушохида мешавад. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки худ ба вуҷуд омадани "Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони ҳозираи точик"-и М.Ф.Фозилов аз муваффақиятҳои бузург дар омӯзиши илми фразеологияи забоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад, зеро то он ва пас аз он низ дар забоншиносии тоҷик фарҳанги алоҳида, ки пурра воҳидҳои фразеологиро дар бар гирифта бошад, вуҷуд надошта буд.
Бартарии фарҳанги номбаршуда аз он иборат аст, ки ҷои ибораҳои фразеологӣ дар асоси ҳарфи якуми калимаи аввалини мустақил ё худ маънидор муқаррар шуда, пас аз муайян кардани он, ки дар зери кадом ҳарф будани ибораҳои тартибӣ-алифбоии даруни калимахои якум, дуюм, саввум ба назар гирифта шуда, ҷои ибораҳо муайян карда мешаванд. Барои ҳар як ибораи фразеологӣ мисолҳо оварда шуда, дар зери он муаллиф, номи асар қайд ёфтааст. Инчунин фарҳанги фразеологии мазкур фарҳанги фразеологии нахустин дар боби фразеологияи забоншиносии тоҷик мебошад.
Дар бобати муқоисаи фразеологизмҳои забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ тадқиқоти муайяни мукаммал ва алоҳида то ҳол вучуд надошта, аммо қисмҳои дигари забоншиносӣ аз ҷониби олимони забоншинос кайҳо боз мавриди тадқиқ карор ёфтаанд.
Оиди муқоисаи забонҳои форсу тоҷик тадқиқоти Р. Джураев, Т. Зеҳнӣ, А.З. Розенфельд, Ю.А. Рубинчик ва Л.Н. Муравёва барин забоншиносон ниҳоят ҷолиби диққат мебошад. Аз ҷумла, Т. Зеҳнӣ дар "Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ" ном китоби худ дар бобати фарқияти забонҳои тоҷикиву форсӣ андешаҳои худро баён карда, чунин таъкид менамояд: "Дар тӯли чор-панҷ асри гузашта, чунон ки дар боло зикр ёфт, аз рӯи сабку ифода, шаклҳои морфологӣ, фонетикӣ, калима ва истилоҳҳо, инчунин дар сохти ибора, мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ ва форсӣ баъзе тафовутҳо ба зуҳур пайваст. Якчанд намунаи барҷастаи ин тафовутҳоро аз муқаддимаи асари доктор Ахмад Алии Раҷоӣ "Лаҳҷаи бухороӣ" (сах.3) ин чо мазмунан накл мекунем. Ӯ дар бораи баъзе лақаб ва истилоҳоти махсуси тоҷикӣ мегӯяд: "Дар соли 1322 х.ш. зимни мутолиаи мукаддимаи рубоиёти Хайём, ки бо ташаббуси марҳум Фуруғӣ ва доктор Ғанӣ, дар соли 1322 х.ш.чоп шудааст, дар сахифаи 64 ба рубоии зерин вомехурдем:
Мохи рамазон бирафту шаввол омад
Хангоми нашоту айшу каввол омад.
Омад гахи он ки хикхо андар гуш
Гуянд, ки “пушт-пушт хаммол омад".
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 12 (81) том 4
Ссылка для цитирования:
ЛЕКСИКАЛИЗАТСИЯИ ИБОРАҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АСАРҲОИ ОЛИМОНИ ТОҶИК // Журнал «Вестник науки» от 22 декабря 2024 г. № 12 (81) том 4. С. 2219 - 2224. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/20315 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/20315
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
