Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 22 декабря 2024 г.
  4. Научная статья № 308
Просмотры  448 просмотров

РОҲУ УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ПАЙВАНДАКҲОИ ПАЙВАСТКУНАНДА ДАР ЗАБОНҲОИ ОЛМОНӢ ВА ТОҶИКӢ

Аннотация: Дар ин мақола мушкилоти таълими забонҳои хориҷӣ баррасӣ карда мешавад. Дар он қайд карда мешавад, ки пас аз барҳам додани идоракунии ҳамкорӣ бо истифодаи фармонҳо ва дастурҳо аз ҷониби омӯзгорон, хусусияти омӯзиши иҷтимоӣ сифати махсус пайдо кардааст. Муаллиф қайд мекунад, ки натиҷаи муваффақ малакаҳои банақшагирӣ, ҳамкорӣ ва амалҳои амалишавандаро талаб мекунад, яъне ҳамкорӣ дар амалҳои воқеии муштарак. Таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб, аз ҷумла ҳам муаллим ва ҳам донишҷӯ, ба мавзӯи муҳим ва зарурӣ барои ҳалли он ҷалб карда мешавад. Мушкилоти байнисоҳавӣ ба миён меояд, дар ин ҷо ҳаёт хусусиятҳои дохил кардани вазифа ё гузоштани вазифаи мураккабро талаб мекунад: фаҳмидани муносибат ба ҳаёт, таъсир расонидан ба мутахассисони гуногуни илм. Ин маънои онро дорад, ки омӯзиш ва ҳалли роҳҳо ва усулҳои рафъи мушкилоте, ки ба миен меояд, ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои донишҷӯ зарур аст

Ключевые слова: забоншиносй, забони точикй, забони немисй.

Рушд ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, муносибат-ҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳаминро талаб мекунад, ки омӯзиши забонҳои хориҷиро алалхусус забони англисиро дар кишвар беҳтару хубтар ба роҳ монем, талаботҳои имрӯзаи ҷамъиятро қонеъ карда тавонем. Хусусан Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатӣ такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014”, назди мутахасси-сону омӯзгорон  вазифаҳои пурмасъули ба таври куллӣ омӯзиш ва такмил додани таълими забонҳои русӣ ва англисиро тақозо менамояд.

Ва инчунин бояд қайд намуд, ки дар баробари рушди забони англисӣ, забони олмонӣ низ рушду нумӯъ дорад ва яке аз талаботҳои ба кор ҷалб намудани  мутахассисони соҳаҳои гуногун ин ду ва зиёда донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Аз ин лиҳоз андеша дорем, ки яке аз он забонҳои хориҷӣ дар баробари забони англисӣ ин забони олмонӣ мебошад, ки ҳоло дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ хеле рушд кардааст. Аз ҷумла дар ҳама донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ин забон тадрис мешавад.

Бояд зикр кард, ки “гуфтугӯи фарҳангҳо“ на танҳо шиносоӣ бо маданияти мамлакатҳои хориҷи кишвар мебошад. Он инчунин ошноӣ бо хусусиятҳои ҳаёт ва тарзи зисти мардуми тоҷик ва саҳми он дар фарҳанги ҷаҳонӣ низ дониста мешавад.

Забонҳои хориҷӣ дар ҳалли ин масъала ҳиссаи пурарзиши худро мегузорад. Дар амалӣ гардонидани ин вазифаю талаботҳои имрӯзаи давлат ва ҷомеа дар самти омӯзиш ва такмили забонҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқеи басо муҳим дорад. Забони хориҷӣ ба талабагон тамоман забони бегона аст. Аз ин рӯ омӯзиши забони хориҷӣ методикаи таълими онро талаб мекунад, то ки омӯзиш дуруст ва осон ба роҳ монда шавад. Дар инкишофи ин фан олимони зиёд кӯшиш кардаанд ва то имрӯз кор бурда истодаанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ҳар чӣ бештар методҳои нав ва осони таълими забони хориҷиро пайдо созанд, то ки  омӯзандагони забон дар як муддати кӯтоҳ ва роҳи осон забони хориҷиро омӯзанд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ аз худ кунанд. Мақсади омӯзиши фан ин тайёр намудани омӯзгорони ҷавон дар ҷодаи таълими забони хориҷӣ мебошад.

Тавассути мақсадҳои таълим ниёзмандиҳои ҷомеа, ки барои тайёр намудани инсони ҳамаҷониба соҳибмаърифат, комил ва устоди касбу ихтисоси интихобкардаи худ манфиатдор мебошад, муайян мегарданд. Ин нуқтаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» (соли 2004), ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбиро баҳри тайёр кардани кадрҳои омодаи ҳамгироӣ дар низоми тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонӣ вазифадор намудааст, таъкид гардидаанд.

Мавзӯи мақолаи мазкур ба пайвандак ва намудҳои он дар забони олмонӣ ва тоҷикӣ бахшида шудааст. Дар кори илмии мазкур масъалаҳои зайл мавриди омӯзиш ва тадқиқот карор ёфтаанд:

  1. Муайян кардани системаи грамматикии забони олмонӣ дар муқоиса бо грамматикаи забони тоҷикӣ. 2. Истифода бурдани пайвандакҳо дар ҷумлаҳои олмонӣ ва тоҷикӣ 3. Омӯхтани намудҳои гуногуни пайвандак-ҳои забони олмонӣ дар муқоиса бо забони тоҷикӣ. 4. Омӯхтани роҳу усулҳои истифодабарии самарабахши машқҳо барои техникаи инкишофи нутқ, шунавоӣ ва гуфтори забони олмонӣ ва тоҷикӣ 4. Муайян кардани мавқеи ҷумлаҳои мураккаби пайваст.

Мақсад ва ҳадафҳои пажуҳиш. Аз нигоҳи илмӣ- назариявӣ ва амалӣ омӯхтани роҳу усулҳои намудҳои пайвандакҳо ва инкишоф додани малакаи грамматикии хонандагон чун як ҷузви малака ва маҳорати ҳарфзанӣ, шунида фаҳмидан, хониш ва хат мебошад.  Навгониҳо - аз он иборат аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ масъалаи  амалӣ истифода кардани намудҳои пайвандак дар забони олмонӣ ва тоҷикӣ барои инкишоф додани намудҳои гуногуни фаъолияти нутқ, маҳорати муошират хело кам мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Пас аз омӯзиш чунин натиҷаҳо  ба даст меоянд:

  1. Дар муҳити ғайриолмонӣ аз бар кардани забони олмонӣ ба интихоби машқҳои грамматикӣ зич алоқаманд мебошад. 2. Малакаҳои зарурии муоширатӣ танҳо дар ҳолати танзим ва истифодаи дурусти системаи машқхои грамматикӣ аз ҷумла бо истифодаи намудҳои гуногуни пайвандакҳо доир ба ташаккул ва такомули ин ё он рукни фаъолияти муоширатӣ ба даст меояд. 3. Омӯхтани роҳу усулҳои истифодабарии самарабахши пайвандакҳо ва намудҳои он барои техникаи инкишофи нутқ, шунавоӣ ва гуфтор дар забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ мусоидат менамояд. 4. Машқҳои созмонӣ ба омӯзондани ҷанбаи созмонии забон, машқҳои маъновӣ ба таълими маънои он воҳидҳо ва машқҳои муоширатӣ ба омӯзонидани ҳиссаҳои номустақили нутқ вазифаи воҳидҳои забон нигаронида мешаванд.

Дар омӯзши забони олмонӣ чунин марҳилабандиҳо  мавҷуданд, ки малака ва маҳорати муоширатии донишҷӯён ва хонандагон аз забони хоричӣ якбора ҳосил намешавад, он зина ба зина ташаккул ва инкишоф меёбад. Аз ин рӯ, омӯзгорони забони хориҷиро зарур меояд, ки дарсро бо усулҳои наву пешқадам гузаронанд. Хусусан бо истифода аз малакаҳои грамматикӣ: аз ҷумла ҳиссаҳои нутқ ва истифодабарии машқҳои гуногун, ташкил кардани дарсҳои шавқовар аҳамияти калон пайдо мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки омӯзиши забони олмонӣ дар ин давра хеле мароқангез аст ва донишҷӯёну хонандагон нисбати ин фан ҳавасмандии калон зоҳир менамоянд.

Гузашта аз ин, маводи забонӣ (фонетикӣ, грамматикӣ ва лексикӣ) бояд вобаста ба хусусиятҳои синнусолии онҳо интихоб карда шавад.  Дараҷаи омӯхта шудани мавзӯъ ин тавассути инкишофи шавқу ҳаваси хонандагон самарабахш ба роҳ мондани омӯзиши грамматикаи  забони олмонӣ ва риояи қонун ва қоидаҳои грамматикии онҳо. Як гурӯҳ олимон мепиндоранд, ки ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти муоширатӣ дар як вақт дар пайвастагӣ бояд таълим дода шаванд. Гурӯҳи дигари олимон таъкид

мекунанд, ки омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти муоширатии хонандагон бояд паёпай ҷараён гирад.

Дар тадқиқоти мазкур аз методҳои мушоҳида, сӯҳбат, озмоиш, омӯзиш ва таҳлили сарчашма ва адабиёти лингвистӣ, педагогӣ, психологӣ ва методӣ ва ҷамъбасти таҷрибаи омӯзгорони пешқадам истифода карда шудааст. Ҳам дар забони олмонӣ ва ҳам тоҷикӣ  пайвандакҳо (ва, аммо, ки, агар) мисли исму феълҳо дорои маънои луғавӣ нестанд. Аз ин ҷиҳат, ин ҳиссаҳои нутқ чун исму феълҳо ба савол ҷавоб намешаванд. Вале ин ҳиссаҳои нутқ, яъне пешоянду пайвандакҳо, дар нутқ барои ба ҳам алоқаманд кардани калимаву ибора ва ҷумлаҳо хизмат менамоянд. Мисол: Vater und Mutter kümmern sich immer um uns.- Падар ва модар ба мо ҳамеша ғамхорӣ мекунанд. Am Morgen war es kalt, aber das Wasser war nicht gefroren-Саҳарӣ ҳаво хунук буд, аммо обҳо ях накарда буданд. Das Radio hat berichtet, dass es heute heiß wird. -.Радио хабар дод, ки имрӯз ҳаво гарм мешудааст. Пайвандаки  und (ва) дар ҷумлаи зикршуда мисли забони тоҷикӣ дар алоқаманд кардани ду калима хизмат мекунад,  пайвандаки „ба“ бошад, дар забони олмонӣ низ ба вазифаи пайвандак меояд, дар тоҷикӣ ба, дар немисӣ um, пайвандаки аber ба забони тоҷикӣ аммо тарҷума мешавад ва онҳо дар ҷумла вазифаҳои якхела иҷро менамоянд, яъне умумият доранд.

Омӯзгор дар ин се ҷумла вазифаи пайвандакҳои ва, аммо, ки ва пешоянди ба-ро шарҳ дода, хулосаи фикрашро бояд ин тавр баён намояд: Ҳамин тавр, ҳиссаҳои нутқ, аз ҷиҳати он ки дорои маънои луғавӣ ҳастанд ё не, аз мавқеи илми морфология боз ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудаанд, ки якеро ҳиссаҳои мустақил ва гурӯҳи дигареро ҳиссаҳои номустақил ё худ ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ меноманд. Муаллим метавонад дар алоқамандӣ бо таблитсаи мазкур боз ҳамон гуфтаҳои фавқро марбут ба 10 гурӯҳ ё ҳиссаи нутқ ҷудо намудани калимаҳои дар нутқи мо истеъмолшаванда, сабаби ба ду гурӯҳ, яъне ба ҳиссаҳои мустақил ва номустақил, ҷудо намудани ҳиссаҳои нутқ, миқдори онҳо (6-то будани ҳиссаҳои мустақил ва 4-то будани ҳиссаҳои номустақил)-ро шарҳ дода, вобаста ба ҳар кадоме аз онҳо тариқи шифоҳӣ як ё дутогӣ мисол ҳам оварад, ки бо ҳамин баёни мавзӯъ низ хотима меёбад.

Ва албатта, агар муаллим зимни гузоришоти боло дар баёни мавзӯи «Ҳиссаҳои нутқ» фаъолият намояд, бешубҳа, метавон гуфт, ки дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ва пурсиши вазифа марбут ба мавзӯи мазкур ба кадом саволу иҷрои кадом машқҳо, санҷидану мустаҳкам намудани донишу малакаи хонандагонро хуб медонаду пешакӣ тасаввур ҳам карда метавонад.

Ҳамин тавр, чи тавре ки дар боло қайд намудем, бояд омӯзгор дар ҷараёни таълими ҳар як ҳиссаи мушаххаси нутқ, бахусус, дар соатҳои 1-2-юми дарси доир ба ҳамон ҳиссаи нутқ бахшидашаванда маҳз ба донишҳои дар ҳамин дарси аввал гирифтаи хонандагон, ки дар он дар бораи ҳиссаҳои нутқ маълумоти умумӣ дода шудааст, такя намуда, аломату хусусиятҳои асосии ҳар яке аз он ҳиссаҳои нутқро ба онҳо бо овардани мисолҳои барҷаста муаррифӣ намояд. Мо низ бо назардошти ин ҳама гуфтаҳо ва зимни такя намудан ба пешниҳодоти методистони шинохта дар зер кӯшиш менамоем, ки фикру андешаҳои фардиву маслиҳатомезонаи хешро, асосан, доир ба ҳамон қисмати мавзӯъҳои таркибии ҳиссаҳои нутқ иброз дорем, ки дар ҳақиқат, дар ҷараёни таълимашон омӯзгорон ба ин ё он мушкилие рӯ ба рӯ мешаванд. Масъалаи мазкур домани васеъ дорад ва шарҳу эзоҳи онро дар мақолаҳои минбаъда идома хоҳем дод.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 12 (81) том 4


Ссылка для цитирования:

Камолова Б.Б. РОҲУ УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ПАЙВАНДАКҲОИ ПАЙВАСТКУНАНДА ДАР ЗАБОНҲОИ ОЛМОНӢ ВА ТОҶИКӢ // Журнал «Вестник науки» от 22 декабря 2024 г. № 12 (81) том 4. С. 2225 - 2230. 2024 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/20316 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/20316



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2024.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.