ИСТИФОДАИ МАВОДЊОИ АЛГЕБРАВЇ ДАР ЊАЛЛИ МАСЪАЛАЊОИ МАТНЇ
Аннотация: Мақолаи мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳими илми математика, истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї бахшида шудааст. Ба омўзиши математика дар мактабњои ибтидої, асосї ва тањсилоти миёнаи умумї диќќати аввалиндараља бояд зоњир карда шавад, чун ки вай ба ќобилияти фикронї, зењнї ва зиракии хонанда ривољ мебахшад. Натиљаи илми математика асоси њамагуна кашфиёти муњандисианд ва аз ин љињат омили пешравии љамъиятанд. Дар ќатори дигар омўзиши математика дар синфњои ибтидої зиёд намудани фањмишњои математикї дар њаёт, мењнат ва умуман дар њаёт тадбиќ карда тавонистани чунин масъалањои мустаќилона кор карда тавонанд. Муаллиф дар он ацида аст, ки масъалаи барномаи таълимї, китобњои дарсї стандарти давлатии маълумот дастрасанд, вале комилан онњо басанда нестанд. Мављуд набудани маводњои дидактикї, хусусан комплекти таълимию методиро ба назар гирифта, воситаи мазкурро њамчун маводи ёрирасони таълимию методї пешкаш намудааст
Ключевые слова: маводњои алгебравї, масъалањои матнї, њалли масъалањо, математика, ќобилияти фикронї, синфњои ибтидої, масъалањои мустаќилона.
Дар замони њозира математика њатто ба он соњањои илм, ки пештар аз онњо хело дур буд ба мисли тиб, иќтисодиёт, химия, биология, забоншиносї ва ѓайра пурра дохил шудааст. Вобаста ба дохил гирдидани методњои таълими математикї ба соњањои гуногуни илмї мавќеи математика хеле баланд рафта, талабот ба донишњои математикї дар мактабњои ибтидої, асосї ва тањсилоти миёнаи умумї афзуда истодааст. Дар баробари ин барои таѓйир додани мазмуни барномањои таълимї аз математика талаботњои объективї ба миён омад, ки онњо дар амал ба тадриљ тадбиќ гашта истодаанд.
Омўзиши истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї барои кушодани моњияти математика дар синфњои ибтидої њамчун маводњои таълимї ањамияти калон дорад. Барои амиќ ва васеъшавии дониши аз худ намудани математика ба хонандагони синфњои ибтидої кўмак мерасонад ва барои мустаќилона истифодабарии методњои таълими математика дар эзоњи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї ёри мерасонад. Аз тарафи хонандагон бо мувоффаќиятњои аз худ намудани маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї нишон медињад, ки дар дониши хонандагон бартарафкунии сатњї ба вуљуд меояд. Тањлили адабиёти методї ва омўзиши таљрибаи кори мактабњои ибтидої, асосї ва тањсилоти миёнаи умумї нишон медињад, ки айни замон ба њалли истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї дар таълими математикаи синфњои ибтидої диќќати зарурї додан лозим аст. Ањамияти калони таълимї ва тарбиявии омўзиши истифодаи маводњои алгебравї дар дарсњои математикаи синфњои ибтидої дар зинаи аввали омўзиши математика мебошад. Тадќиќоти худро доир ба истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї дар синфњои ибтидої ба омўзиши математика ба мактаббачагони хурдсол бахшида, маќсади онро ба тариќи зерин пешнињод менамоям:
Тањлили хусусиятњои педагогию психологии хонандагони синфњои ибтидої, тањлили имкониятњои барнома ва китобњои математикаи синфњои ибтидої, дар асоси онњо пешнињод намудани омўзиши маводњои алгебравї дар њалли масъалањо ва машќњо ба омўзиши математика дар синфњои ибтидої, љорї намудани машѓулиятњои амалї аз фанњои гуногуни таълимї дар синфњои ибтидої дар дарсњо мебошад.
Дар љараёни таълим аз воситањои гуногун истифода мебаранд ва дар якљоягї онњо маљмўи ягонаро ташкил медињанд, воситаи ёрирасони таълим ба инкишоф додани ѓояи китоби дарсї кўмак мерасонанд. Китоби дарсии математика барои синфњои ибтидої китобест, ки асосњои донишњои илмиро аз математика рољеъ ба маќсади таълим, ки барнома муайян мекунад дидактика талаб менамояд, баён месозад.
Дар назди китоби дарсї вазифањои зерин меистад:
1) Ташаккули љањонбинии илмии хонандагон ва ба инкишофи тафаккури мантиќии онњо асоси устувор гузоштан,
2) Ба хонандагон дода тавонистани маълумотњои зарурї аз љињати илмї асоснок намудан,
3) Инъикоси миќдори кифоягии масъалањое, ки онњо аз љињати илмї ва методї ба талаботњои ќонунњои дидактикї љавобгў мебошанд.
Маводњои дидактикї ба муаллим имконият медињад, ки њар лањзаи дарсї корњои мустаќилонаи мазмуни таълимї доштаро ташкил карда гузаронад. Маводи дидактикиро барои ташкил кардану гузаронидани корњои умумї ва фардї истифода бурдан аз фоида холї нест. Дар ташкил кардану гузаронидани корњои санљишии гуногун мазмун аз маводи дидактикї истифода бурдан ба маќсад мувофиќ аст.
Истифодабарии воситањои гуногуни аёнї хонандагонро фаъол мегардонад. Шавќу њаваси онњоро нисбат ба математика меафзояд, тафаккур инкишоф меёбад.
Таљњизоти таълимї бояд ба талаботњои зерин љавобгў бошад:
- Мазмуни илмї дошта бошад,
- Ба барномањои таълимї њамоњанг бошад,
- Њангоми тањия ва истифодаи маводњои аёнї синну солї хонандагон ба њисоб гирифта шуда бошад,
- Ба таври эстетикї он дида шуда бошад,
- Аз масофаи муайян дуруст дида шаванд,
- Барои истифода намудан осон бошад.
Дар таълими курси ибтидоии математика аз намудњои зерини маводњои аёнї истифода мебаранд:
- Предметњои муњити атроф - њанўз аз рўзњои аввал ба мактаб омадани хонандагон фанњои муњити атроф њамчун предметњои шумор истифода карда мешаванд. Ба сифати ин маводњо, китобњо, дафтарњо, чубчањои њисоб ва ѓайра хизмат карда метавонанд. Дар синфњои минбаъда маводњои алоњида барои шинос намудани хонандагон бо љузъиётњои алгебравї истифода карда мешаванд.
- Асбобњои намоишдињї- тасвирї - ба ин намуди асбобњо пеш аз њама расм, сурат, наќша, схемањо ва љадвалњои таълимие, ки дар онњо маводњои ба кўдакон шинос тасвир карда шудаанд. (дарахтон, гулњо, парандањо, њайвонњои хонагї, мошинњо ва ѓайра), гурўњи расму суратњо бо лавњањои киссачадор дохил мешаванд. Ин асбобњо њамчун маводњои њисобї дар љараёни таълими шумор ва њалли масъалањо истифода бурда мешаванд. Мисол аз ягон мавод лавњае тайёр карда мешавад, ки дар ду ќатор 10 - тогї киссача дорад. Карточкањое, ки дар онњо расмњо кашида шудаанд, њангоми таълими шумор, љамъ ва тарњ дар киссачањо љой карда мешаванд. Дар таълими нумератсияи ададњо дар доираи дањии дуюм аз њамин ќоида истифода мебаранд.
Солњои охир аз асбобњои объективї дар мактабњои љумњурї сатњи омўзиши математика баланд нест. Яке аз сабабњои ин муддати тўлонї нашр намудани китобњои дарсї, маводњои дидактикї ва воситањои таълимї барои хонандагон ва омўзгорон мебошад. Имрўз, ки мактаби тољик ба китобњои дарсї пурра таъмин аст, фурсати омода, нашр ва дастрас намудани маводњои методї расидааст. Маводњои зерин, ки ба масъалањои матни синфњои ибтидої бахшида шудааст, ба омўзгорон пешнињод карда мешавад. Њоло вобаста ба вазъ дар љумњурї як ќисми хонандагони омўзишгоњои педагогї ва њатто мактабњои ибтидої, асосї ва тањсилоти миёнаи умумї ба кори омўзгорї аз синфњои болоии мактабњои асосї љалб карда шудаанд. Ин омўзгорон барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи худ, инчунин ба ёрии методї муњтољанд.
Имрўз барномаи таълимї, китобњои дарсї стандарти давлатии маълумот дастрасанд, вале комилан онњо басанда нестанд. Мављуд набудани маводњои дидактикї, хусусан комплекти таълимию методиро ба назар гирифта, воситаи мазкурро њамчун маводи ёрирасони таълимию методї пешкаш менамоем.
Ба омўзиши математика дар мактабњои ибтидої, асосї ва тањсилоти миёнаи умумї диќќати аввалиндараља бояд зоњир карда шавад, чун ки вай ба ќобилияти фикронї, зењнї ва зиракии хонанда ривољ мебахшад. Натиљаи илми математика асоси њамагуна кашфиёти муњандисианд ва аз ин љињат омили пешравии љамъиятанд. Дар ќатори дигар омўзиши математика дар синфњои ибтидої зиёд намудани фањмишњои математикї дар њаёт, мењнат ва умуман дар њаёт тадбиќ карда тавонистани чунин масъалањои мустаќилона кор карда тавонистан њам ба вазифањои асосии математика дохил мешавад.
Дар дигар маврид омўзиши математика дар синфњои ибтидої маќсади ба забони математикї гардонидани масъалањои матнї ва амалї ба омўзиши фанњои алгебра ва геометрия тайёр намудани хонандагон мебошанд.
Бо назардошти ин маќсад воситаи мазкур ба гурўњбандї ва тарзи њалли масъалањои матнї, ки масъалањои маводи алгебравиро низ дар бар мегирад, бахшида мешавад. Ба аќидаи мо малакаи њал карда тавонистани масъалањои матнї сатњи дониши хонандагонро муайян менамояд.
Масъалањо ба воситаи 4 - амали арифметикї њал карда мешавад. Дар ваќти њалли масъалањо хонандагон алоќамандии байни амалњоро дониста мегиранд. Дар таълими ибтидої ќисми муњими математикаро масъалањои матнии математикї ташкил медињад. Курси математика ва мазмуни њамаи амалњои арифметикї асосан дар раванди њалли муодилањо, њалли масъалањо бо ёрии муодила ва истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї равшан мешавад. Дар ваќти њалли масъалањо хонандагон маънои њамаи амалњоро дар хотир нигоњ медоранд ва тадбиќ намудани њолатњои асосии ин амалњоро дониста мегиранд. Ба хонандагони синфњои ибтидої омўзонидани њалли масъалањо, онњоро мустаќилона фикр кардан, дар онњо ба тарбия намудани ташаббускорї ва пешќадам имконият фароњам меоварад. Фаъолияти мењнатии хонандагонро аз нуќтаи назари педагогию психологї ва амалї тайёр намудан инчунин алоќаманд намудани таълим бо њаёт ањамияти њамин ќисми математикиро бо истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї бо ёрии муодила боз њам зиёдтар мекунад. Масъалањо ва маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї риштаест, ки назарияро бо амалия ва таълимро бо њаёт пайваст менамояд.
Њалли масъала ба хонандагон барои њаматарафа фањмонидани мафњуми математика ва барои баланд бардоштани дониши назариявї ањамияти калон дорад. Истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї ањамияти педагогї дорад, ки бо ёрии онњо донишњои математикї, мањорату малакањои заруриро ташаккул медињанд. Хонандагонро ба фањмиши ќонунњои табиат меоварад, тадбиќи онњоро меомўзад, малакањои донишро васеъ мекунад, мустаќилона маълумотгириро ба љо меорад. Хонандагон њангоми њалли масъалањо онро муњокима, тањлил, хулосањо бароварда, љамъбаст менамоянд. Масъала воситаи тараќќиёти тафаккури хонандагон мебошад.
Аз тадќиќоти гузаронида ба чунин хулоса омадан мумкин аст:
- Барои омўзиши истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї дар математикаи синфњои ибтидої доир ба барномањои таълимї ва китобњои дарсии математика шароиту имкониятњои фаровон мављудаст.
- Системанок истифода намудани тарзу методњои истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї дар математикаи синфњои ибтидої дар љараёни таълим ба баланд шудани савияи дониши хонандагон таъсироти мусбат расонида ба пайдо намудани мањорати малакањои тадќиќотии хонандагони синфњои ибтидої васеъкунии љањонбинї, фаъолкунї, мушоњидакории онњо кўмак расонида, яке аз воситањои бартарафкунии сатњи дониши хонандагон ба њисоб меравад.
- Методњои истифодаи маводњои алгебравї дар њалли масъалањои матнї дар математикаи синфњои ибтидої ба њамаи намудњо ва зинањои дарс истифода намудан мумкин аст, лекин истифодаи онњо бояд системанок ва бо маќсад бошад.
- Барои бедор ва пайдо намудани шавќу њавас ба омўзиши истифодаи маводњои алгебравї дар математикаи синфњои ибтидої дар мањфилњои «Математикони љавон», «Викторинањои математикї», ташкил намудани машѓулиятњои таълимї, амалї ва беруназсинфї аз математика ба њисобгирии дараљаи фањмиши онњо мувофиќи маќсад мебошад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 1 (82) том 4
Ссылка для цитирования:
ИСТИФОДАИ МАВОДЊОИ АЛГЕБРАВЇ ДАР ЊАЛЛИ МАСЪАЛАЊОИ МАТНЇ // Журнал «Вестник науки» от 26 января 2025 г. № 1 (82) том 4. С. 1346 - 1352. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/21199 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/21199
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
