ҲИКМАТИ МОДАР ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Аннотация: Дар мақола нақши модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, тарбиятгар ва нигоҳдорандаи арзишҳои миллию маънавӣ дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлил мегардад. Пешвои миллат ба мақоми волои модар дар рушди ҷомеа, тарбияи насли худогоҳ ва таҳкими сулҳу ваҳдат таъкид намуда, модарро рамзи муҳаббат, сабр ва фидокорӣ мешуморанд. Мақола муҳимияти эҳтиром ва қадршиносии модаронро дар ташаккули ҷомеаи пешрафта нишон медиҳад ва нақши онҳо дар тарбияи насли ватандӯст ва худшиносро шарҳ медиҳад. Ҳикмати модар дар суханрониҳои Пешвои миллат ҳамчун асоси зиндагӣ ва пешрафти ҷомеа таҷассум ёфта, эҳтиром ва бузургдошти онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар як нафар арзёбӣ мегардад
Ключевые слова: ҳикмати модар, Пешвои миллат, Паёмҳои Президенти Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ, тарбияи ахлоқӣ, нақши модар дар ҷомеа, тарбияи насли ҷавон, сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ, худшиносӣ, мақоми модар дар фарҳанг, фарҳанги миллӣ, зан дар ҷомеа, рушди маънавӣ.
Модар барои ҳар фард, новобаста аз ранги пӯст ва гуногунии забон, маҳбубтарин калима аст. Модар ягона шахсест, ки то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар фикри фарзанд фидоӣ буда, баҳри наҷоти фарзанд бе фикру андеша худро фидо мекунад. Модар, гавҳари дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мост. Дар роҳи тарбияти фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст.
Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.
Модар дар ранҷурии фарзанд ранҷур аст ва аз хурсандии фарзанди худ болидахотир мебошад. То ба камолот расидани фарзанд чӣ ранҷу машаққатҳо мекашад, ожангҳо дар чеҳраи зебои он пайдо мешавад, қомати сарвини он камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, аз ин рӯ, барои фарзандон қарз аст, ки волидайнро эҳтиром намоянд.
Аммо, мутаассифона, фарзандоне ҳастанд, ки модарро хор менамоянд ва дар айёми пирӣ аз ҳоли модар бехабаранд.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола масъалаҳои мубрам ба ҳаёти хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, ҳамчун шинохти ҳикмат барои масъулини соҳаҳои марбута хидмат менамоянд.
Он дарахте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину гуворо ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.
Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.[i]
Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.[ii]
Модар вазифадор аст, ки фарзандро нигоҳубин ва тарбия кунад, одоб омӯзонад, соҳиби касб ва оиладор кунад, дар интихоби ҳамсари нек бикӯшад ва даҳҳо омилҳои дигар, ки барои ба воя расонидани фарзанд зарур аст.
Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.
Агар ҳар падару модар дар ислоҳи хатои фарзандон, бартараф сохтани нуқсону камбудиҳо камари ҳиммат банданд ва ҷавононро ба роҳи нек ҳидоят кунанд.
Мо, ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.[iii]
Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.
Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.[iv]
Модар офарандаи ҳаёту мамот буда аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри бемайлони модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.[v]
Калимаи Модар дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синну соли мо чанде ки набошад, ҳоҳ тифл бошад ҳоҳ калонсол, барои мо навозишу нигоҳи Модар зарур аст. Ва ҳар қадре ки муҳаббати кас ба Модар зиёд бошад, ҳамон қадар ҳаёти башар фарахбахшу дурахшон аст.
Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.[vi]
Ба ҳамин тариқ Пайғамбари ислом фармудаанд: «Биҳишт зери пои модарон аст».(«Лубб-ул-албоб», Ровандӣ, ҳадиси 17933).
Илова ба ин «Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорӣ кунад, дар болотарин дараҷаи биҳишт қарор дорад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45480).
Дар ҷои дигар «Модарон ба мисоли мактабанд». Ин маънӣ аз суханҳои гаронбори Пайғамбари ислом бармеояд. Дар ҳақиқат модар барои фарзанд ҳам мактаб аст, ҳам муаллим. Шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад.
Дар замири ин гуфтаҳо ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.
Дар ин маврид Пайғамбари ислом фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар».
Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макӯш.
Шабу рӯз чун ҷон гиромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳамин тариқ, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.
Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.
Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.
Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.
Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.[vii]
Модар бо рафтору одоби накӯ ва иффату покдоманӣ ва бо ҳосил намудани донишу малака метавонад, хушбахтии оилаи худро созад. Дар ҳақиқат ҷомеаи солим аз оилаи солим ташкил меёбад. Ба дунё омадани фарзанд падару модарро ба зиндагӣ дилгарм карда, ба оилаи онҳо сафову самимият мебахшад.
Кист Зан- Модари тоҷик, ки аз қаъри асрҳо барои ҷалолу азамати ӯ мардону фарзандонаш ҷоннисорӣ карда, дар баробари Худову китобҳои муқаддас ба номаш қасам мехӯранд ва ӯро гиромӣ медоранд?
Ҳанӯз бузургони мо медонистанд, ки оғози офариниш, ибтидову интиҳои олам дар раҳми модару замин аст. Бесабаб нест, ки дар устураи миллии тоҷикон аввалин инсони рӯйи замин Каюмарс аз нутфае аз замин рӯидааст.
Дар асоси гуфтаҳои боло, навиштаҳои зиёде доир ба модар дорем, вале ҳеҷ донишманде, шоире, мутафаккире дар сатҳи устод Лоиқ Шералӣ натавонистааст дар тасвири ҳикмати волои пурасрори модари беозор, модари зебо, модари дилогоҳ ва ғамхор ба ҷавҳари офариниш рӯй биёрад ва вуҷуди саропо меҳрофарини ӯро ба қалам диҳад.
Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз нахустин қадамҳои эҷодияш ба мавзуи модар таваҷҷуҳ пайдо кардааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир “ Ба модарам” ном дорад, ки бори нахуст ибтидои соли 1965 ба табъ расидаат. Вақте ки «Дасти дуои модар» ном маҷмуаи шоирро варақ мезанем, ба панҷоҳу панҷ шеъри ба модар ва зан бахшида дучор меоем.
Дар ин асно, тамоми ашъори устод Лоиқ, аз шеърҳои «Модар», «Суруди модар», «Қарз», «Қасидаи модар», «Ҷомаи гадоӣ», «Чордард»,«Ту монанди замин танҳоӣ, модар», «Дар сари гӯр», «Ҳасрат», «Муноҷот ба модар» то рубоиву дубайтиҳои маҷмуаи «Дасти дуои модар», ҷовидонаанд. Дар ин шеърҳо хусусияти миллию шарқии модари одии тоҷик, ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст.
Дар модарномаи Лоиқ руҳи халқии тасвир пурқувват аст. Шоир дар тасвири ҳастии модар аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик устодона истифода кардааст. Дар шеъри «Ҷомаи гадоӣ» модар бо ният ба дари хонаи занони серфарзанд, пирони ботадбиру солор, одамони бодавлату бонанг ва арусони хушбахт гаштугузор карда, пораҳои матоъ ҷамъ месозад ва аз ин пораҳо ҳамроҳи пиразанҳои худоҷӯ ҷомаи садпораву садранг дӯхта ба кӯдакаш мепӯшонад.
Вобаста ба ин таҳлилҳо ва таҳқиқоти илмӣ исбот мекунад, ки мавзуи модар ба Лоиқ имконият додааст, ки таваҷҷуҳи фарзандонро ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти башарӣ ҷалб намояд. Дар шеъри «Ту монанди замин яктоӣ, модар» шоир модарро ба замину осмон ва хуршеду моҳ ташбеҳ медиҳад, зеро онҳо ҳамчун модар ягонаанд ва меҳри худро миёни фарзандони инсон тақсим намекунанд. Хуршед ба ҳама мавҷудоти дунё баробар нур мепошад ва оғӯши замин низ ба рӯйи ҳама сокинони сайёраи мо баробар боз аст.
Гар шоирони олам якҷо мадҳия гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар!
Аз ин лиҳоз, дар симои суханони устод Лоиқ аст, ки модарро суруди ҷовидоне медонад, ки дар сӯзу наво ва аллаҳои вай ангезаи бузурге нуҳуфтааст. Ин оҳанг ҳамеша бо суруди ҳузнангези қадимӣ ки аз моҳияту вуҷуди аллаи модар бармехезад, танинандоз аст. Модари зор кӯдаки бо ранҷҳову бехобиҳо парвардаи худро бо суруди алла, ки аз сароғози ҳастии инсон сарчашма гирифтааст, мехобонд ва зери лаб замзама мекард, ки тифли гирёнаш калон шуда, ҳамчун нишоне дар ҷаҳон аз ӯ боқӣ монад.
Аз миёни шӯру ғавғои ҷаҳони бачагӣ,
Аллагӯиҳои ту ояд ба гӯши ман ҳанӯз.
Хулосаи Ҳикмати модар ва мақоми волои ӯ дар фарҳанг ва ҷомеаи тоҷикон мавқеи хеле баланд дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ба аҳамияти модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, тарбияи фарзанд ва нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ пайваста таъкид мекунанд. Чунин паёмҳо на танҳо эҳтироми махсусро нисбат ба модарон нишон медиҳанд, балки ҳамзамон аҳамияти онҳо дар рушди ҷомеа ва давлатдории миллӣ равшан месозанд.
Дар суханрониҳои Пешвои миллат дар бораи ҳикмати модар чунин нуктаҳо таъкид мешаванд:
- Модар – сарчашмаи ҳаёт ва тарбия: Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаанд, ки модар нахустин мураббӣ ва роҳнамоест, ки фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Таълими фарзанд аз модар оғоз меёбад, ва муносибати модар метавонад тақдири шахсро муайян кунад.
- Мақоми баланди модар дар фарҳанг: Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки модар дар фарҳанги тоҷикӣ ҳамчун сарчашмаи муҳаббат, садоқат ва сабр шинохта мешавад. Ӯ рамзи покӣ ва фидокорӣ аст.
- Эҳтироми модар – нишонаи фарҳангии миллат: Дар паёмҳои худ Пешвои миллат на танҳо ҷавонон, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро даъват мекунанд, ки нисбати модар эҳтироми хоса дошта бошанд. Модарон на танҳо дар оила, балки дар ҷомеа низ нақши калидӣ мебозанд.
- Модар – нигоҳдорандаи сулҳ ва ваҳдат: Дар замони муосир нақши модарон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдат, махсусан дар тарбияи фарзандон бо руҳияи ватандӯстӣ ва арзишҳои миллӣ, хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
- Нақши модар дар тарбияи насли наврас: Пешвои миллат қайд мекунанд, ки модарон дар тарбияи фарзандон ба рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ саҳми бузург доранд. Онҳо дар ташаккули шахсияти инсонӣ ва ахлоқии фарзандон калидӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, дар андеша ва паёмҳои Пешвои миллат, ҳикмати модар ҳамчун меҳвари ҳаёт ва пешрафти ҷомеа муаррифӣ шуда, эҳтиром ва қадршиносии онҳо вазифаи ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст дониста мешавад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 1 (82) том 4
Ссылка для цитирования:
ҲИКМАТИ МОДАР ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ // Журнал «Вестник науки» от 26 января 2025 г. № 1 (82) том 4. С. 1379 - 1388. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/21203 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/21203
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
