МАХСУСИЯТИ ИСТИФОДАИ МАТН ДАР ЖАНРИ ЛАВҲАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
Аннотация: Дар таҳияи маводи телевизионӣ видеонавор асос ва матн ёридиҳандаи он ба ҳисоб меравад. Зеро телевизион аз матбуот ва радио бо он фарқ мекунад, ки видеонавор дорад ва бинанда тавассути видеонавор аз маводи пешниҳодшаванда воқиф мегардад. Вале боз маълумотҳое ҳастанд, ки онро ба воситаи видеонавор пешниҳод намудан ғайриимкон аст. Дар ин ҳолат истифодаи матн зарур мегардад. Матн ҳамчун ҷузъи пуркунанда дар ҳолати зарурӣ ва мантиқан бояд истифода бурда шавад. Зеро матни зиёд тамошобинро дилтанг ва барномаи телевизиониро ғайрикасбӣ мегардонад. Матн дар баробари мусиқӣ ва интершум аз ҷузъҳои пуркунандаи навор дар маводи телевизионӣ ба ҳисоб меравад. Ҳеҷ гоҳ матни жанри лавҳаи телевизионӣ аз ҳақиқат дур буда наметавонад. Зеро талаботи асосии жанри лавҳаи телевизионӣ лаҳзаи ҳаётиро бо тарзи бадеият ба навор гирифта, бо истифода аз мусиқӣ, интершумҳои табиӣ ва матни бадеӣ пешниҳоди тамошобин гардонидан аст. Муаллифи мақолаи илмии мазкур кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар бораи махсусияти матн дар жанри лаҳваи телевизионӣ бо такя ба асарҳои олимон, таҳлили лавҳаҳои телевизионӣ ва андешаҳои илмии хеш махсусияти матнро дар жанри лавҳаи телевизионӣ муайян созад. Хулоса, муаллифи мақолаи илмии мазкур бо баёни махсусияти матн дар жанри лавҳаи телевизионӣ таҳиягарони жанри лавҳаи телевизиониро ба риояи талаботи жанрӣ ва бо ин ба таҳияи касбиёнаи лавҳаи телевизионӣ даъват намудааст
Ключевые слова: матн, лавҳа, махсусият, телевизион, мусиқӣ, табиӣ, интершум, видеонавор, жанр, талабот.
Пеш аз он, ки бобати махсусияти истифодаи матн дар жанри лавҳаи телевизионӣ сухан гӯйем, аввал дар бораи худи жанри лавҳа истода мегузарем. Жанри лавҳа мутаълиқи гурӯҳи жанрҳои публитсистикаи бадеӣ буда, дар матбуот, радио ва телевизион ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Лавҳа жанрест, ки дар он як лаҳзаи ҳаёт бо бадеият тасвир мегардад [8, c.121].
Профессор И. Усмонов дар бораи лавҳа чунин мегӯяд: Лавҳанавис исбот намекунад, балки нишон медиҳад. Нишон додан бо мафҳумҳои умумї намешавад. Барои дарки ин ҳикмати Саъдии бузургро ба ёд доштан лозим аст. Ӯ гуфтааст: Мушк он бошад, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигўяд [15, c. 90]. Лавҳаро лаҳзаи воқеӣ асос гардида, барои таъсирбахш шудани он бадеият ҳамчун ҷузъҳои пуркунанда истифода бурда мешавад. Вай (лавҳа) ба воқеаи мушаххас сару кор гирифта, тахайюл дар он танҳо дар ҷузъҳои иловагї барои пурра ва равшан кардани воқеаҳои конкретї меояд [7, c. 288]. Тахайюлоте дар жанри лавҳа истифода мешавад, ки лаҳзаи тасвиршавандаро таъсирбахш ва зебо мегардонад. Дар журналистика тасвири як лаҳзаи рӯзгори қаҳрамон ё як рӯйдоди мушаххасро лавҳа меноманд. Аз нигоҳи услуб вай ба ҳикояти бадеї монанд мешавад, вале аксаран макон – суроға ва қаҳрамони реалї дорад. Вале вобаста ба тахайюли эҷодии офарандааш вай метавонад умумият ёфта, ба образҳои бадеї наздик шавад [2, c.5]. Вале лавҳа жанри журналистика буда, офарандаи образи бадеӣ намегардад. Бадеият барои ҷолиб намудани лаҳзаи ҳаётӣ истифода бурда мешавад.
Дар жанри лавҳа тасвири зоҳирї муҳим нест. Бештар тасвири ботинї он чизе, ки диданашаванда асту муаллиф онро бо чашми дил эҳсос мекунад, бояд бо бадеият тасвир намуда, пешниҳоди хонанда гардонад. Ин тааллуқ дорад ба лавҳаи матбуотї ва радиої.
Вале талабот ба лавҳаи телевизионї боз ҳам мураккабтар аст. Навори лаҳзаи тасвиршаванда зоҳири лаҳза аст ва қариб чизе ба бинанда намедиҳад. Ин гуна лаҳзаҳоро ҳамеша мебинему ба он аҳамият намедиҳем. Вале як лаҳзаи оддиро тариқи жанри лавҳа метавон чунон зебо, ғайриоддї, диданбоб пешниҳод намуд, ки ҳар як бинандаро ба андеша кардан водор намояд [8, c.123]. Яъне талабот ба лавҳаи телевизионӣ нисбат ба лавҳаи матбуотию радиоӣ ҷиддӣ ва фарқкунанда мебошад.
Дар лавҳаи телевизионї сабаби мушаххаси рӯйдод нест, аммо дараҷаи баланди бадеияти кори наворбардорї бо композитсияи муайяни ҳар як кадр, интихоби махсуси ракурс, бо истифода аз тасирбахшии мувофиқати рангҳо талаб мегардад. Талаботи махсус ба матни паси кадрї (наворї) мебояд. Муаллиф аз интихоби забони хушки иттилоотї, расмї баромада, барои тасирбахшї аз воситаҳои гуногуни бадеии (хушобурангии) забон истифода мекунад [8, c.123]. Маҳз бо ин махсусиятҳои хоси хеш лавҳаи телевизионӣ аз лавҳаҳои матбуотӣ ва радиоӣ фарқ мекунад.
Акнун зарур мешуморем, ки бобати мафҳуми матн низ маълумот диҳем. Дар соҳаи забоншиносӣ матн маънии ду ва зиёда ҷумлаҳое, ки аз ҷиҳати маъно ва грамматика як мазмунро ифода мекунанд дорад. Матн дар ҳама соҳаҳо нақши муҳими хешро соҳиб мебошад. Алалхусус дар воситаҳои ахбори омма, махсусан дар матбуот ва радио мавқеи калидиро доро мебошад.Вале дар телевизион матн мавқеи дуюм ва навор мавқеи аввалро соҳиб мебошад. Зеро табиати телевизион бештар навор ва камтар матнро меписандад [10, c.261].
Имрӯзҳо дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон лавҳаҳои зиёди бематнро тамошо кардан мумкин аст, ки зебоии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои ободу зебои он дар фаслҳои гуногуни сол бо мусиқии ба ин манзараҳо мувофиқ таҳия гардида, манзури тамошобинон гардонида шудааст. Кас аз зебоии чунин манзараҳо оромиши руҳӣ ёфта, меҳру муҳаббаташ нисбат ба кишвари биҳиштосо боз ҳам зиёдтар мегардад.
Барои мисол лавҳаи Қасри миллат [3] бо як маҳорати баланд ба навор гирифта шудааст. Дар ин манзара фасли дай ҳукмфармоӣ мекунад. Анбуҳи арчазор ва боридани барфи нуқрагин болои арчаҳову роҳҳо, мусиқии оркестри симфонӣ ба ин лаҳзаи боридани барф дар арчазор ҳусни дигар зам кардааст. Ин лавҳа дар ҳаҷми 2 дақиқаву 27 сония таҳия гардидааст. Аҷаб манзараи дилкашу оромкунанда. Ҳавои абрноки тира. Гӯё зимистон кӯрпаи нуқрагинашро ба замини файзбор пӯшонидааст.
Лавҳаи Сирк [4]. Видеонавори манзараи сирк тавассути камераи парвозкунанда сабт шуда, биноҳои баландошёнаи дар гирду атрофи бинои сирк қомат афрохта, наздик ба бинои сирк ва гулҳои рангоранги лолаҳои сурху сафед, сурху зард, суп-сурх ва нилобӣ ин манзараро боз ҳам зеботар мекунанд. Аз баландӣ манзараи бо гулҳо ороишдодашудаи гулҳои калони лола дар замини сабзпӯши сабзаҳо. Нақши гул дар гул. Мусиқии мувофиқ ба нозу карашмаи гулҳо интихоб шудаааст. Навори бе матн. Вале чашми бино ва дарки шунаво онро пурра мекунад. Фасли баҳор омадааст, шукуфтани гулҳои лола. Чанд рӯзе дар ин фасли зебо гулҳо-лолаҳои зебои баҳорӣ меҳмонанд. Хандаи ин гулҳо-шукуфтани онҳо. Ин зебоиро танҳо бо чашми сар мебинеду бо чашми дил онро эҳсос мекунед. Манзараи табиат ва як гӯшаи биҳишосои шаҳри Душанбе. Ин лавҳаи бе матн аз 1 дақиқаву 2 сония иборат аст.
Лавҳаи Зардолу [5]. Аз дидани зардолуҳои заб-зарди сурхчаранг, ки дар шохи дарахт мисли дугонику сегоник часпидаанд ва аз равшании офтоби нурбахш нерӯи тоза гирифтаанд чашми касро мерабояд. Ин манзари зардолузори вилояти Суғд аст. Навъҳои гуногуни зардолу дар шохаҳои дарахтон пухта расидаанд. Ин лавҳа 1 дақиқаву 49 сонияро дар бар мегирад.
Лавҳаи бе матн метавонад дар ҳаҷми аз ин ҳам зиёдтар таҳия гардад. Масалан, лавҳаи Зима аз Телевизиони Первый канал (Россия) [6]. Видеонавори гунҷишкак дар шохаи пур аз барф нишаста, бо парҳояш ки барфи борида истода аз ду тараф онҳоро пӯшонидааст, сар фурӯ бурда худро гарм мекунад. Гӯё болопӯши ғафсе дорад, ки сарашро ба ин тараф ба он тараф аз барф пинҳон мекунад. Дар навор бо хатҳои равон навишта шудааст: субҳи зимистон, равшании камтарини офтоб мисли абрешими нуқрагин ба сардӣ таъсиргузор аст. Яъне, лавҳаро хатҳои равон (матни беовоз) пурра мекунад. Ин лавҳаи телевизионии фасли дай манзараҳои гуногуни фаслро, ба мисли дарахтону сабзаҳо, оби оҳиста мавҷзанони дарё, шоҳахои пур аз барфи дарахтон, арчазори дашти беканор, яхҳои болои об равон, ҷорӣ шудани об аз кӯҳи баланд, ҳавои сарди зимистонро дар худ таҷассум мекунанд. Бо хатҳои равон ҳар як манзараи ба навор гирифта шуда, дар ду ва ё се ҷумла шарҳ дода мешавад. Наворро матни беовоз пурра мегардонад. Мусиқии форам низ ба ин манзараи дилфиреби табиат зам гардидааст.
Ба ақидаи профессор Муъминҷонов З. ...дар лавҳаи телевизионӣ баръакси лавҳаи матбуотӣ ва радиоӣ матни паси кадрии муаллиф зарурат надорад. Табиати телевизион бештар нишон додану камтар сухан гуфтанро меписандад [8, c.261]. Дар ингуна лавҳаи телевизионӣ вазифаи матни муаллифро наворбардор бо видеокамера ба ҷо меорад. Мусиқии мувофиқ ва интершум (овози табиӣ ҳамон лаҳзаи пешниҳодшаванда) дар лавҳаи радиоӣ ва телевизионӣ аз ҷузъиёти муҳими ин жанр ба ҳисоб меравад.
Дар жанри лавҳаи телевизионӣ таҳияи барнома заҳмати зиёдро аз муаллиф, коргардон, наворбардор, коргардони овоз ва танзимгар талаб мекунад. Мавзуъҳои лавҳаҳои телевизионӣ, ин лаҳзаҳои нотакрори табиат дар фаслҳои сол, лаҳзаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти инсон ва монанди инҳоро дар бар мегиранд.
Дар лавҳа лаҳзаҳои воқеаҳои ҳақиқӣ нишон дода мешаванд. Танҳо барои пурра ва таъсирбахш гардонидани он матни бадеӣ ҳамчун ҷузъҳои ёридиҳанда истифода мешаванд. Дар лавҳа бештар тахайюлоте истифода мегардад, ки лаҳзаи истифодашавандаро пурра, зебо, таъсирбахш ва хотирмон месозад.
Драматург Ҷумъа Қуддус бар ин ақидааст, ки: Дар журналистика тасвири як лаҳзаи рӯзгори қаҳрамон ё як рӯйдоди мушаххасро лавҳа меноманд.
Баъзан ин лавҳаҳо инсонро ба дидани лаҳзаи зебо аз фаслҳои сол, ки аз он дур мондааст ва бо коре андармон шудааст, ба худ ҷалб мекунад. Шояд ба худ саволе ҳам диҳад, ки чаро чунин лаҳзаҳоро аз табиат не аз телевизион тамошо мекунад.
Лавҳаи телевизионӣ вобаста ба мазмуни дарбар гирифтааш унвонгузорӣ карда мешавад. Гарчанде видеонавор дар лавҳа асосӣ ба шумор меравад, бо вуҷуди он мазмуну муҳтавои онро дар муносибат, мусоҳиба, муоишрат, гуфтугӯи шахсони алоҳида ва ё гурӯҳӣ, чун дар зиндагии воқеӣ муайян мекунад. Лекин ҳамаи ин дар матн низ ифодаи худро меёбад. Зеро ки видеонаворро матн пурра менамояд. Дар матни лавҳаи телевизионӣ оҳанги талаффуз аз рӯи ҳиссиёт ба тарзи табиӣ иҷро карда мешавад. Ҳар як кадр дар матн, яъне дар сенарияи лавҳаи телевизионӣ инъикос мегардад. Лавҳаи телевизионӣ аз рӯи сенария ба навор гирифта мешавад, ки он дорои бадеияти наворӣ ва матнӣ мебошад.
Лавҳаи телевизионӣ ба гурӯҳи сеюми жанрҳои журналистикаи телевизион – жанрҳои публитсистикаи бадеӣ мутаалиқ мебошад. Агар вазифаи жанрҳои иттилоотӣ аз рўйдоду воқеаҳо хабар расонидан бошад, дар жанрҳои таҳлилӣ шарҳу тафсир ва таҳлили ҳамин рӯйдодҳо ба амал бароварда мешавад. Дар гурӯҳи жанрҳои публитсистикаи бадеӣ бошад, лаҳзаи табиӣ, характеру хислати инсонӣ бо факту рақам ва нишонии ҳақиқӣ ба таври бадеӣ инъикос карда мешавад.
Забони жанрҳои иттилоотии телевизион бештар расмиву бидуни бадеият бошанд, дар жанрҳои таҳлилӣ то андозае забони муколамавии озод истифода мегардад. Дар жанрҳои публитсистикаи бадеии телевизион бадеият, ки пуркунандаи ҳақиқат ва инъикосгари реалият мебошад истифода бурда мешавад. Бадеият ба маводи телевизионӣ обу ранги зебо дода, боиси диққатҷалбкунанда ва мафтункунанда баромадани он дар истифодаи гурӯҳи жанрҳои публитсистикаи бадеии телевизион аз ҷумла жанри лавҳаи телевизионӣ мегардад.
Хулоса, ҳеҷ гоҳ матни жанри лавҳаи телевизионӣ аз ҳақиқат дур набуда, инъикоскунандаи ҳаёти реалӣ мебошад. Зеро талаботи жанрии лавҳаи телевизионӣ лаҳзаи табиат ва ё лаҳзаи ибратбахши ҳаёти инсонро бо тарзи бадеият ба навор гирифта, бо истифода аз интершумҳои табиӣ, мусиқии мувофиқ ва матни бадеӣ пешниҳоди тамошобин гардонидан аст.
Имрӯзҳо, ки технологияи иттилоотӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, дар байни воситаҳои ахбори омма телевизион қудрати таъсиррасонии ҳақиқӣ дорад. Тавассути телевизион ҳар як шахс лавҳаи пешниҳодшавандаро тамошо карда, ба тарзи худ андешаронӣ менамояд. Дар ҳолати матн надоштани лавҳаи телевизионӣ тавассути мусиқӣ ва интершуми табиии истифодашуда метавонад маънии лавҳаро дарёбад. Зеро воқеият асоси жанри лавҳа мебошад.
Лавҳаи телевизионӣ ин воқеияти бо тарзи зебо ва ба тамошобин хушоянда пешниҳодшаванда аст, ки аз реалияти ҳақиқӣ иборат мебошад. Лаҳзае, ки бо навор инъикос мегардад, лаҳзаи ҳақиқии ҳаётӣ буда, бо бадеият пурра мегардад. Қаҳрамоне ва рӯйдоде, ки дар лавҳаи телевизионӣ инъикос мегардад, шахс ва рӯйдоду нишонии ҳақиқӣ бо ному насаби қонунӣ ва танҳо бо иловаи бадеияти мувофиқ, ки мутаносибан боиси зебо пешниҳод намудани мавод мегардад, ки дар ин кор нақши махсусияти матн дар баробари видеонавор хеле муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ истифодаи матн дар жанри лавҳаи телевизионӣ махсусияти хоси хешро дошта, бо бадеияту кутоҳбаёнӣ ва ё умуман истифода набурдан ба лавҳаи телевизионӣ ҳусни зебоӣ ва ҷолибият мебахшад, ки ин талаботи табиати телевизион аст.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 2 (83) том 1
Ссылка для цитирования:
МАХСУСИЯТИ ИСТИФОДАИ МАТН ДАР ЖАНРИ ЛАВҲАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ // Журнал «Вестник науки» от 2 февраля 2025 г. № 2 (83) том 1. С. 969 - 976. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/21330 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/21330
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
