МАШВАРАТИ МАСОФАВӢ ВА ҶАНБАҲОИ МУСБИЮ МАНФИИ ОН
Аннотация: Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи машварати психологи ва масофавӣ, психолог дар шабака меравад. Ҷомеаи имрӯза ба шакле пеш меравад, ки мо бояд шароите фароҳам оварем, то ки сатҳи мушкилотро паст оварда ва дар амал битавонем аз методҳои гуногуни психологӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷомеа, ба хусус ҷомеаҳое, ки шароити машварати бевосита барояшон фароҳам нест ва ё ба далелҳои мисли мушкилотҳои хонаводагӣ имкони ҳузур надоштанро муҳайё созем. Агар имрӯзҳо объективона назар афканем ба ҷомеаи имрӯза одамон бештар ба ёрии психологи ниёз доранд. Аммо барои ба назди психолог муроҷиат намудан шарм медоранд ва ё шароит надоранд. Барои чунин шахсон дар психологияи муосир яке аз намудҳои машварат вуҷуд дорад, ки тавассути телефони мобили, сомонаҳои иҷтимои машварат гузаронида мешавад. Машварати масофавӣ ин имконият медиҳад, ки шахс аз хона набаромада метавонад мушкилотҳое, ки ӯро азият медиҳанд тавассути сомонаҳои иҷтимои бо психологи шабакавӣ дар алоқа баромада дилхоҳ мушкилотҳои худро ҳал менамояд. Аввалин маротиба методи “Психолог дар шабака” (“Психолог онлайн”) – ро дар солҳои 90 – уми асри 20 психолог Дэвид Соммерс истифода кардааст. Дэвид Соммерс бо истифодаи машварат дар шабакаи ҷаҳонӣ ба қуллаҳои баланд ноил гардидааст
Ключевые слова: машварат, машварати психологӣ, психологи шабакавӣ, сомонаҳои иҷтимои, масофавӣ.
Ҷомеаи имрӯза ба шакле пеш меравад, ки мо бояд шароите фароҳам оварем, то ки сатҳи мушкилотро паст оварда ва дар амал битавонем аз техникаҳои гуногуни психологӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷомеа, ба хусус ҷомеаҳое, ки шароити машварати бевосита барояшон фароҳам нест ва ё ба далелҳои мисли мушкилотҳои хонаводагӣ имкони ҳузур надоштанро муҳайё созем.
Аз солҳои 20 – уми асри 20 сар карда, психология ҳамчун илми мустақил ҳисобида мешавад ва ҷанбаи амалии ҳалли масъалаҳои психологӣ ба роҳ монда шуд. Машварати психологӣ яке аз соҳаҳои психологияи амалӣ буда, моҳияти асосии машварати психологиро расонидани ёрии психологӣ ба мизоҷ ташкил медиҳад. Машварати психологӣ аз нимаи дуюми асри 20 сар карда, ба таври илмӣ ба роҳ монда шудааст. Машварати психологӣ дар навбати худ намудҳои ба худ хосро доро буда, яке аз намудҳои машварати психологӣ ин – машварати психологии масофавӣ ба шумор меравад.
Мафҳуми “машварат” аз калимаи лотинии consultare гирифта шуда, маънояш маслиҳат, ғамхорӣ мебошад. Дар забони руси зери калимаи машварат маслиҳат, сӯҳбатнамоии бо мақсади донишҳоро зиёд кардан фаҳмида мешавад. Машварати психологи як қисми психологияи муосири амали мебошад, ки вазифаи он коркарди асосҳои назариявӣ ва барномаҳои амали бо ёрии психологи вақте, ки бо ягон намуди мушкилотҳо вомехӯранд.
Меновщиков Ю.В. санаи аниқи пайдошавии машварати психологи-ро нишон медиҳад, ки соли 1951 дар яке аз конференсияҳои ИМА мафҳуми машварати психологиро ҷудо намуданд бо сабаби фарқ намудани машварати психологи аз психологияи клиникӣ ва дигар намудҳои психология ин мафҳум қабул гардида буд [10, с. 20-22].
Машварати масофавӣ як қисми машварати психологӣ ба шумор рафта, дар бартарафнамоии мушкилотҳои психологии мизоҷон тариқи воситаҳо ва техникаҳои муайяни терапевтӣ коркард шудааст.
Дар асри 21 дастрасии шабакаҳои интернетӣ ва шумораи гуногунии зиёди барномаҳо ва бо истифода аз онҳо бо одамони дигар дар алоқа баромадан мушкил нест, ки ин имконияти гузаронидани машварати психологиро аз хона набаромада медиҳад.
Барои ба алоқа баромадани мизоҷ бо машваратчӣ баҳри машварати психологӣ ду чиз заруру муҳим ҳисобида мешавад:
1.Баромадан ба тори тортанаки ҷаҳонӣ (дастрасӣ бо шабакаҳои интернетӣ);
2.Барқарор намудани барномаҳои дорои функсияҳои наборкунӣ: skype, whatsapp, viber, facebook*(*запрещено в РФ), imo ва ғайраҳо.
Агар мо ба сарчашмаҳо вобаста ба машваратҳои психологӣ назар афканем он вақт маълум мешавад, ки аз ҳама бештар ва машҳуртар машварат қисман дар тамоми чомеаҳои ҷаҳони ба хусус давлати Руссия ин машварати масофавӣ яъне психологи шабакавӣ (“Психолог онлайн”) ба ҳисоб меравад.
Аввалин маротиба методи “Психолог дар шабака” (“Психолог онлайн”) – ро дар солҳои 90 – уми асри 20 психолог Дэвид Соммерс истифода кардааст. Дэвид Соммерс бо истифодаи машварат дар шабакаи ҷаҳонӣ ба қуллаҳои баланд ноил гардидааст. Ӯ динамикаи мусбиро дар ҳалли мушкилиҳои психологии мизоҷон дарёфтааст [2, с. 10-15].
Бояд қайд кард, ки машварати психологии масофавӣ бо ёрии шабакаҳои интернетӣ бештари вақт барои шахсони шармгине, ки барои кӯмаки психологӣ наметавонанд ба ҳеҷ кас муроҷиат кунанд, инчунин шахсоне, ки имконияти гирифтани машварати психологии бевоситаро надоранд ба роҳ монда мешавад. Вақте, ки қисми зиёди шумораи одамон дар ҷаҳон барои дарёфти ҷавоби маънои ҳастӣ изтиробро аз сар мегузаронанд, баъзе аз онҳо халосӣ аз инро дар гурехтан, худкушӣ, невроз, психоз ва ғайра мебинанд. Дар ин маврид машварати психологии масофавӣ - ин як навъ “вохӯрии давобахш” – рӯз то рӯз воситаи фаъоли ёрии терапевтӣ мебошад.
Дар шабакаҳои асосии интернетӣ намудҳои гуногуни хизматрасонии машваратӣ оварда шудааст:
Дар қисми шахсии хабарнома (смс) маълумот додан;
Дар шабака сабт намудан;
Машварат гирифтан бо барномаи skype;
Дар қабули шахсии психолог худро сабт намудан;
Дар саволдиҳӣ имконият доштан;
Тренингҳо (ҳамчун қоида гурӯҳӣ)
Ҳамзамон машварати масофавӣ дорои намудҳои гуногун мебошад, ки шахс метавонад ба воситаи онҳо бо психологи шабакавӣ муроҷиат намояд.
Намудҳои машварати психологии масофавӣ
Машварат бо whatsapp;
Машварат бо viber;
Машварат бо ёрии почтаи электоронӣ;
Машваратҳои шабакавии ройгон дар шакли “Саволу ҷавоб”;
Машварати мобилӣ (телефонӣ);
Машварат бо skype ва ғ.
Машварати мобилӣ - (бо ёрии телефони мобилӣ гузаронида мешавад)
Машварати мобилӣ як иртиботи дутарафа миёни мизоҷ ва машваратчӣ мебошад, ки барои бартараф намудани ниёзҳои фаврӣ ва саломатии равонии мизоҷ барқарор карда мешавад.
Машварат бо skype
Машварат бо skype - (бо ёрии истифодаи компютер ва барномаи skype, ки имконияти натанҳо шунидан, балки диданро низ дорад) Дэвид Соммерс иброз менамояд, ки ман аз таҷрибаи худ метавонам барои ба алоқа баромадан бо мизоҷ барномаи skype – ро тавсия диҳам. Дар муқоиса бо дигар барномаҳои номаълум skype якчанд бартарият дорад. Дар аввал барномаи skype – ро барои компютерҳои ҳайати коргарони идораҳо кор карда баромада буданд.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки он дорои имкониятҳои зиёди функсионалӣ мебошад. Аз ҷумла, хатнависӣ, кор бо овоз, наборкунӣ, дидани мизоҷ дар рӯ ба рӯ ва ғ. Ҷанбаи мусбии дигаре, ки skype доро мебошад, дар он дида мешавад, ки ҳар як машварате, ки гузаронида мешавад онҳо сабт карда мешаванд ва шумо имконият доред, ки онҳоро аз аввал монда гӯш кунед ва таҳлил намоед. Инчунин барои шахсони дигар дастрас нест, рақами телефон, ки ин ба мизоҷ имконияти шахсияти худро пинҳон намуданро медиҳад. Ин аз ҳад зиёд ва васеъгии барномаро дарак медиҳад.
Машварати телефонӣ ё ин ки тавассути skype – ин қисми асосии ёрии психологӣ ба мизоҷон ба шумор меравад.
Таҳлили бештари 10 шабакаи хизматрасониҳои психологӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо 46% - машварати маълумотдиҳӣ, 37% - машварат бо skype ва 17% - тренингҳои психологӣ машҳур мебошад [2, с. 4-5].
Ҷанбаҳои мусбии машварати психологии масофавӣ
Дастрасӣ – азхуднамоии бисёри барномаҳои ройгон ва дастрас мебошанд.
Дар бар гирифтани васеъгии нақшаи географӣ: мизоҷ метавонад, ҳатто ҳангоми дар хориҷа будан, ба таври ройгон мутахассис пайдо намояд ва аз кӯмакҳои он истифода барад.
Дастраси бо психолог машваратчӣ - машварати психологии масофавӣ имконият медиҳад то он мизоҷоне, ки ба монанди: модарҳои ҷавоне, ки кӯдакони ширмак доранд, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, шахсони бемор ва ғайра бо психолог машваратчӣ дастрасӣ пайдо намоянд.
Масрафкорӣ – ба мизоҷ роҳкиро харҷ кардан лозим намеояд. Инчунин психолог барои иҷора харҷ нахоҳад кард.
Оперативнокии хизматрасонии психологӣ - пинҳонӣ ва як боваркунонии асосӣ - ин имконияти муроҷиатнамоии одамонро баҳри машварати психологӣ дар вақтҳои мусоидашон аз ҳар нуқтаи дунё медиҳад.
Ҷанбаҳои манфии машварати психологии масофавӣ
Психолог дар интихоби техника, методи коркунӣ бо мизоҷ маҳдуд аст, зеро бо мизоҷ муносибати наздик дар чунин фазо вуҷуд надорад.
Баъзан вақт бо сабабҳои техникӣ шабакаҳои интернетӣ кор намекунанд.
Психолог наметавонад ба мизоҷ тамоми шароитҳои лозимаро муҳайё созад ва ғайра.
Психологи шабакавӣ бо чунин мушкилотҳои психологи кор мекунад ба монанди:
Кор бо ҳолати равонии шахс:
Изтиробнокӣ, бехоби;
Тарс, фобия;
Стресс;
Ҳисси гунаҳгори;
Апатия, ҳолати руҳии вайроншуда.
Мушкилотҳои оилавӣ:
Қаноатманд набудан аз муносибатҳои оилавӣ, низоъҳо;
Арзишҳои оилавӣ;
Низоъ дар байни кӯдакон;
Беҳтар гардонии комуникатсия;
Мутобиқшавӣ ба тағйиротҳои оилавӣ.
Машварати психологи шабакавӣ яъне “Психолог онлайн” яке аз роҳҳои беҳтарини машваратдиҳи ба ҳисоб рафта, барои шахсоне, ки ба ёрии психологи ва дастгирии эмотсионали ниёз доранд. Бо дарназардошти тарафҳои мусбӣ ва манфии машварати психологии масофавӣ метавон гуфт, ки чунин воситаи терапевтӣ ба аксарияти мизоҷон мувофиқ меояд. [8, с. 30-35].
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 2 (83) том 4
Ссылка для цитирования:
МАШВАРАТИ МАСОФАВӢ ВА ҶАНБАҲОИ МУСБИЮ МАНФИИ ОН // Журнал «Вестник науки» от 23 февраля 2025 г. № 2 (83) том 4. С. 822 - 828. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/21661 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/21661
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
