Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 23 февраля 2025 г.
  4. Научная статья № 107
Просмотры  195 просмотров

КОНСЕПСИЯИ ТАЪМИНИ УСТУВОРИ ЭНЕРГИЯИ МАҶМААҲОИ СОЛИМГАРДОНИЮ ФАРОҒАТӢ ДАР АСОСИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ДАР МИСОЛИ ТАБОБАТГОҲИ ИҚЛИМИИ КӮҲИИ «САНГИ ГИРЁН»-И НОҲИЯИ АЙНИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Аннотация: Дар маќола асосҳои методологӣ ва тавсияҳои илмӣ-амалӣ барои коркарди консепсияи рушди устувори маҷмааҳои солимгардонӣ ва фароѓатї (рекреатсионї)-и вилояти Суғд дар шароити вазъи рӯзафзуни бехатарии энергетикӣ ва эътимоднокии фаъолияти низоми энергетикии миллии Тоҷикистон мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Ба сифати объекти тањќиќ муассисаи табобатии ҶДММ «Санги Гирён», воқеъ дар дењаи Зерободи ноҳияи Айнӣ интихоб шудааст. Дар доираи ин намуна пешниҳод мешавад, ки системаи муосири инноватсионии ғайримарказӣ таҳия гардад, ки фаъолияти истеҳсолии осоишгоҳро бо энергияи экологӣ тоза, бо истифода аз манбаъҳои барқароршаванда таъмин кунад. Татбиқи чунин системаи намунавӣ имкон медиҳад, ки асоси илмӣ барои таҳияи консепсияи таъминоти устувори энергияи маҷмааҳои солимгардонию рекреатсионӣ дар вилояти Суғд гузошта шавад. Ин равиш метавонад намунаи афзалиятнок барои рушди низомҳои таъминоти энергетикии маҷмааҳои солимгардонӣ дар тамоми минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон гардад

Ключевые слова: консепсия, маљмаањои солимгардонї ва фароѓатї, манбаъњои барќароршавандаи энергия, таъмини ќувваи барќ, истиќлоли энергетикї, НБО.

Муҳимияти мавзӯи тадқиқот. Маҷмааҳои солимгардонӣ ва фароѓатии Тоҷикистон ҳамчун як сохтори иқтисодиёти минтақа ва шакли беназири ташкилоти дорои фаъолияти иҷтимоии инсон ҳанӯз асосноккунии кофии назариявӣ ва методологии худро дар илмҳои минтақавӣ наёфтаанд. То ҳол заминаҳои ягонаи консептуалие таҳия нашудаанд, ки рушди устувори хизматрасониҳоро дар низоми мантиқии комил таъмин намоянд. Рушди маҷмааҳои солимгардонӣ ва фароѓатӣ, ки ибтидо бо мақсади татбиқи функсияи иҷтимоии давлат, ҳифз ва барқарорсозии саломатии инсон, таҳкими иқтидори саломатӣ, ки мероси миллии кишвар маҳсуб мешавад, таъсис ёфта буданд, дар асл иқтидори инноватсионии онҳоро боло мебарад ва рақобатпазирии чунин муассисаҳои иҷтимоиро дар бозори хизматрасониҳои санаторию курортии Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад. Аммо дастёбӣ ба ҳамаи ҳадафҳои гузошташуда вобаста ба сатҳи рушди тавозуни сӯзишворию энергетикии ҳар як кишвар аст.

Ақибмонии беназир дар суръати ба истифода додани манбаъҳои нави энергия дар низоми энергетикии миллии Тоҷикистон дар муқоиса бо талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодӣ ба камбуди қувваи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон оварда расонидааст.

Дар шароити набудани бозори умумии энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, ки имкони тавозуни истеҳсол ва истеъмолро таъмин намояд, талабот ба нерӯи барқ аз пешниҳод ба маротиб зиёд аст. Норасоии истеҳсоли нерӯи барқ дар системаи энергетикии Тоҷикистон ба 10 миллиард киловат-соат наздик мешавад. Барои муқоиса, истеҳсоли миёнасолонаи нерӯи барқ дар Неругоҳи обии Норак 10,5 миллиард киловат-соатро ташкил медиҳад. Дар натиҷа, истиқлоли энергетикӣ тадриҷан коҳиш меёбад, ки боиси коста шудани эътимоднокии идораи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла кори маҷмааҳои солимгардонӣ ва фароѓатӣ дар саросари кишвар мегардад ва ин маҷмааҳо дар ин давра амалан фаъолиятро қатъ мекунанд. Дар чунин шароит соҳа таваҷҷуҳи сармоягузорони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷиро аз даст медиҳад.

Усулҳои анъанавии методологӣ барои ташаккули низоми устувори таъминоти энергетикии чунин муассисаҳо дигар ба ҳалли мушкилоти замони рушди иқтисодӣ мувофиқ нестанд. Лозим аст, ки шаклҳо ва усулҳои нави идоракуние таҳия гардидаанд, ки дар шароити муносибатҳои бозорӣ ва омилҳои зудтағйирёбандаи муҳити дохилӣ ва берунӣ самаранок бошанд.

Аз ин рӯ, ташаккули равишҳои сифатан нави таҳияи низоми таъминоти энергетикии маҷмааҳои солимгардонӣ ва фароѓатии Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо мекунад ва аҳамияти амалӣ низ дорад.

Ҳадафи тадқиқоти мақола. Ҳадафи асосии ин тадқиқот таҳияи асосҳои методологӣ ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ-амалӣ барои коркарди консепсияи рушди устувори маҷмааҳои солимгардонӣ ва фароѓатї (рекреатсионї)-и вилояти Суғд дар шароити вазъи рӯзафзуни бехатарии энергетикӣ ва эътимоднокии фаъолияти низоми энергетикии миллии Тоҷикистон мебошад.

Объекти тадқиқот. Дар амалияи идоракунии маъмурӣ ва хоҷагии маҷмааҳои солимгардонӣ ва рекреатсионии вилояти Суғд низомҳои мавҷудаи таъминоти энергетикӣ пурра аз низоми энергетикии миллии Тоҷикистон вобаста мебошанд, яъне таъмини нерӯи барқ тавассути хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз шабакаҳои маҳаллии энергетикӣ амалӣ мегардад. Фаъолияти муваффақи чунин маҷмааҳо аз устувории кори низоми энергетикии кишвар вобаста аст, ки дар шароити кунунӣ наметавонад механизми самараноки идоракунии таъминоти барқро дар тӯли сол таъмин кунад. Ҳамин вазъият ба коркарди мувозинати ҳамаи намудҳои хизматрасониҳои энергетикӣ, аз ҷумла равшанидиҳӣ, пухтани ғизо, гармидиҳӣ ва хунуккунӣ (кондитсионеркунӣ) монеа эҷод мекунад, то фаъолияти онҳо ба ҳадафи асосӣ — қонеъ гардонидани ниёзҳои табобатӣ ва рекреатсионии мизоҷон мутобиқ шавад.

Мутаассифона, дар тӯли 20 соли охир ин муассисаҳои иҷтимоӣ бештар ба ҷойҳои мавсимии истироҳат барои аҳолии ҷумҳурӣ ва меҳмонони сершумори кишварҳои ҳамсоя табдил ёфтаанд. Таъмини нерӯи барқ дар қариб ҳамаи маҷмааҳои солимгардонӣ ва санаторӣ-курортӣ ба таври марказӣ аз низоми энергетикии Тоҷикистон сурат мегирад. Аз ин рӯ, дар фаслҳои сармо корхонаҳои душворрас ва дур аз манбаъҳои таъминоти энергетикии марказонидашуда, аз ҷумла курортҳо ва муассисаҳои табобатӣ, фаъолияти худро қатъ мекунанд. Барои таҳлил ҳамчун намуна муассисаҳои физиотерапевтии «Ҳавотағ» ва «Осоишгоҳи Уротеппа», ки дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҷойгиранд, интихоб шуданд. Таъмини нерӯи барқ дар ҳарду осоишгоҳ аз шабакаҳои маҳаллии шаҳрӣ сурат мегирад. Графики маҳдудиятҳои таъминоти барқ, ки аз ҷониби низоми энергетикӣ муқаррар шудааст, 10–12 соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Давомнокии чунин маҳдудиятҳои номатлуб аз 5 то 6 моҳро дар бар мегирад.

Тавре маълум аст, маҳдудиятҳои мавҷуда ба нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии ҳамаи истеъмолкунандагони нерӯи барқ, аз ҷумла маҷмааҳои солимгардонӣ ва рекреатсионӣ, ки дар минтақаи таъминоти барқи шаҳри Истаравшан қарор доранд, таъсири манфӣ мерасонанд. Дар натиҷа, кормандони доимии ин осоишгоҳҳо ба рухсатиҳои иҷбории бепул барои муддати 5–6 моҳ фиристода мешаванд, ки баъд аз он аксари онҳо ба ҷои кори худ барнамегарданд. Ҳамзамон, мутахассисони касбӣ тарки кор мекунанд, ки бе онҳо ташкил ва идораи раванди истеҳсолӣ душвор ва камсамар мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки роҳҳову имконоти алтернативии таъминоти энергетикӣ ҷустуҷӯ ва интихоб карда шаванд, ки дар тӯли тамоми сол дастрас бошанд, ҷозибаву рақобатпазирии ин муассисаҳоро дар бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ таъмин намоянд ва ба ҳамаи талаботи ҳифзи муҳити зист ҷавобгӯ бошанд.

Барои ҳалли ин мушкилот метавон ба таҷрибаи ҷаҳонии ташкили низоми устувори таъминоти энергетикии маҷмааҳои солимгардонӣ ва рекреатсионӣ муроҷиат кард. Дар айни замон, яке аз маъмултарин низомҳо, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад, таъсиси микро-кластери изолятсионии таъминоти барқ мебошад, ки дар асоси истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди энергияҳои офтобӣ, бодӣ, гидроэнергетикаи хурд ва гармии замин ташкил карда мешавад [1, 2, 3, 4, 5].

Тавре маълум аст, қаламравҳои кӯҳии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва иқлимии рекреатсионӣ мебошанд, ки бо истифодаи оқилона метавонанд заминаи рушди оммавии намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва табобати курортӣ-санаториро фароҳам оваранд. Ба чунин маконҳо метавон минтақаи баландкуҳии ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар вилояти Суғдро шомил кард.

Бо вуҷуди ин, ҳар гуна рушди маҷмааҳо ба таъминоти устувори энергетикӣ ниёз дорад, ки имкон медиҳад ҳамаи намудҳои фаъолиятҳои хоҷагӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ амалӣ гарданд. Ин таъминот бояд ба ҳалли муосири экологӣ, яъне ба истифодаи "энергияи сабз" асос ёбад ва ҳамчун заминаи рушди устувори минтақа хидмат кунад. Ҳалли ин масъала дар татбиқи низомҳои зеҳнии мутобиқшаванда ва фаъол, бо истифода аз манбаъҳои ғайримарказии экологии энергия ба технологияҳои инноватсионии нав асосёфта, ки равиши анъанавии ташкили идораи муассисаҳои солимгардонию санаториро тағйир медиҳанд, дида мешавад.

Бо дарназардошти ин, системаи таъминоти барқ барои истеъмолкунандагони чунин объектҳо метавонад ба таври зайл ташкил карда шавад:

  • бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия – офтоб, об, гармии замин, шамол. Илова бар ин, намуди манбаъ бояд аз рӯи шароити муҳити зист, имконпазирии экологӣ ва иқтисодӣ муайян карда шавад,
  • истифодаи якҷояи инноватсионии манбаъҳои барқароршавандаи энергия.

Маълум аст, ки танҳо истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия метавонад ифлосшавии муҳити зистро ҳангоми истеҳсоли энергияи барқ ва гармӣ ба ҳадди ақал расонад. Ҳар як намуди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки истифода мешаванд, афзалиятҳо ва нуқсонҳои худро доранд, аммо бояд қайд кард, ки ҳангоми ҳалли масъалаи таъмини нерӯи барқ барои муассисаи мушаххаси тиббӣ ва табобатї, интихоби вариант бояд дар асоси шароити ибтидоии муњити табиї буда, омилњои иќтисодї, экологї ва иљтимоиро инъикос кунад.

Бо ин мақсад, барои таҳияи консепсияи таъминоти устувор ва эътимодноки нерӯ ба объектҳои солимгардонию рекреатсионӣ дар вилояти Суғд зарур аст, ки намунаи пилотӣ барои минтақаҳои баландкӯҳ таҳия гардад. Барои ин муассисаи табобатии ҶДММ «Санги Гирён», воқеъ дар дењаи Зерободи ноҳияи Айнӣ интихоб шудааст. Дар доираи ин намуна пешниҳод мешавад, ки системаи муосири инноватсионии ғайримарказӣ таҳия гардад, ки фаъолияти истеҳсолии осоишгоҳро бо энергияи экологӣ тоза, бо истифода аз манбаъҳои барқароршаванда таъмин кунад. Татбиқи чунин системаи намунавӣ имкон медиҳад, ки асоси илмӣ барои таҳияи консепсияи таъминоти устувори энергияи маҷмааҳои солимгардонию рекреатсионӣ дар вилояти Суғд гузошта шавад. Ин равиш метавонад намунаи афзалиятнок барои рушди низомҳои таъминоти энергетикии маҷмааҳои солимгардонӣ дар тамоми минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон гардад.

Санатория-табобатгоҳи  ҶДММ «Санги Гирён»:

Чашмаи «Санги Гирён» яке аз сарчашмаҳои нодири табиии оби маъданӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар 9 км дуртар аз деҳаи Зеробод, дар баландии 2120 метр аз сатҳи баҳр ва дар ҳавзаи ҷӯйбори Зеробод воқеъ аст. Ин чашма ҷойи баромади обҳои зеризаминии сангҳои метаморфии аслӣ мебошад. Њаљми чашма вобаста ба фасли сол аз 0.33 то 0.42 л/с (1.5–2.2 м³/соат) тағйир меёбад. Он дар байни сокинони маҳаллии ноҳияи Айнӣ ва инчунин дар дигар манотиқи Тоҷикистон маъмул аст.

Таркиби кимиёвии оби маъданӣ:

Оби маъдании чашма ба категорияи обҳои минерализатсияи паст (М 1.18 г/дм³) тааллуқ дошта, аз рӯйи таркиби кимиёвӣ гидрокарбонатӣ-сулфатӣ натрий-калтсий (SO₄²⁻ 58, HCO₃⁻ 41, Ca²⁺ 50, Na⁺+K⁺ 31 мг-экв.%) мебошад. Оби чашма хусусияти муҳити заиф-шӯрро дорост (pH 7.34) [2].

Мутобиқи таснифи обҳои минералии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, ГОСТ 13273-88 «Обҳои нӯшокии маъданӣ ва шифобахш», оби чашмаи «Санги Гирён» ба обҳои табиии шифобахши ошомиданӣ мансуб аст, ки ба об наздик мешавад. Гурӯҳи VIII (мувофиқи ГОСТ 13273-88 - Гурӯҳи X) ва барои табобати бемориҳои зерин нишон дода шудааст:

Бемориҳои системаи ҳозима:

  1. Эзофагитҳои рефлекторӣ.
  2. Гастрити музмин:

2.1 бо функсияи муқаррарии секретории меъда.

  1. Захми меъда ва рудаи дувоздањангушта.
  2. Бемории рӯда.
  3. Бемории ҷигар.
  4. Бемориҳои талхадон:

Ихтилоли узвҳои ҳозима пас аз ҷарроҳӣ:

  1. синдромҳои меъдаи ҷарроҳишуда пас аз ҷарроҳии захми меъда,
  2. синдромҳои постхолестистэктомия.
  3. Бемориҳои системаи эндокринӣ, ихтилоли ғизо ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо.

Системаи мавҷудаи таъминоти барқ:

Њоло санатория бо ќувваи электр тавассути неругоњи микроофтобии иктидораш хамагї 2 киловат барќ таъмин карда мешавад. Генератори дизелӣ ҳамчун манбаи қувваи барқ истифода мешавад. Талаботи оби гармро барои бинои табобатӣ коллекторҳои офтобӣ истеҳсол мекунанд.

Санҷиши зоњирии иншоот ва арзёбии иқтидори умумии тамоми таҷҳизоти барқӣ дар инфрасохтор нишон дод, ки сарбории ҳадди аксар тақрибан 50 кВт хоҳад буд. Ба ин маблағ эҳтиёҷоти њам саноатӣ ва њам ба талаботҳои иҷтимоии электрикӣ дохил мешаванд. Ғайр аз ин, дар наздикии он дар поёноби ҳарду соҳили маҷрои Зеробод хочагии деҳқонӣ ташкил карда шудааст, ки 11—12 гектар замини корам дорад. Кор мавсимӣ буда, то қабули ҳосили хоҷагии қишлоқ (картошка, помидор, карам, пиёз ва ғайра) давом мекунад. Сарбории ферма тақрибан 50 кВт муайян карда мешавад. Њамин тавр, сарбории умумии электрикии осоишгоҳи “Санги Гирён” қариб 100 киловатро ташкил медиҳад. Дар ояндаи наздик васеъ кардани комплекс пешбинӣ карда шудааст, ки ин талаботи энергияро ду баробар зиёдтар талаб мекунад.

Асосноккунии техникӣ-иқтисодии имконоти таъмини энергия:

Барои эҷоди системаи устувори таъмини энергия барои манбаъ, имконоти зерини алтернативӣ мавҷуданд:

  1. Зиёд кардани иқтидори неругоњи офтобӣ,
  2. Сохтмони хати интиқоли барқ – 0,4-10 кВ,
  3. Сохтмони шахтаи неругоњи обӣ.

Варианти 1. Ба 70 киловат зиёд кардани иқтидори таҷҳизотҳои мавҷудаи офтобӣ.

Истифодаи энергияи офтобии барқароршаванда бартариҳои худро дорад. Муҳим он аст, ки захира ҳамеша дар ихтиёр аст ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Камбудии асосии манбаи энергияи офтобӣ мавҷуд набудани он дар берун аз шароити обу ҳавои рӯзона аст, ки бо раванди ҷамъшавии энергия алоқаманд мебошад. Айни замон дар бозори энергетикӣ арзиши 1 кВт нерӯи офтобӣ бе нигоҳдорӣ – 400-500 доллари ИМА,, бо ҷамъкунӣ, ҳадди аққал - 1800 доллари ИМА-ро ташкил медињад.

Варианти 2. Сохтмони хати электрикии 0,4—10 кВт.

Масофаи истгоњи ёрирасони деҳаи Зеробод то чашмаи “Санги Гирён” 9 километр аст. Дар вақти сохтани хатҳои электрикӣ 0,4—10 кВт он ќариб 7 километрро ташкил медиҳад. Арзиши 1 километр хатти 0,4 кВт дар баландкўҳҳо 8-9 хазор доллар ва бидуни зеристгоҳҳои трансформаторӣ 10 кВт 16 хазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, қувваи барқ бояд аз шабакаи барқ бо нархҳои муқаррарнамудаи истеҳсолкунанда бо назардошти талафоти он дар шабакаи барқ харидорӣ карда шавад. Мувофиќи ќоидањо њангоми лоињакашии хатњои электр меъёри шиддат аз рўйи масофаи интиќоли ќувваи электр муќаррар карда мешавад. Шиддати оптималии масофаи 5-10 км 10 кВ мебошад. Ҳамин тариқ, дар мавриди сохтмони хати интиқоли барқ хароҷоти зеристгоҳҳои трансформаторӣ 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Варианти 3. Сохтмони НБО-и хурд

Маҷрои хурди обии Зеробод, ки аз ҳудуди дењаи Зерободи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, шохоби чапи дарёи Зарафшон буда, дар масофаи 674 км аз даҳана ба он ҷорӣ мешавад. Он аз нишебињои шимолии ќаторкўњи Зарафшон дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатњи бањр сарчашма мегирад. Дар лаби он аз канори шарқии деҳа дарёи Зеробод ҷорӣ мешавад. Дарозии он 12 км, майдони обанбор (водосбор) 37,5 км² мебошад.

Давраи максималии ҷараёни он моњњои апрел-май аст. Истеъмоли миёнаи моҳонаи об дар давраи гармии сол аз моҳи апрел то сентябр тақрибан 0,54 м3/с мебошад.

Нархи сохтмони ГЭС-и хурд ва хатти электрикӣ бо усули экспертӣ муайян карда шуд (бо дарназардошти натоиҷи назарсанҷии коршиносон оид ба тарҳрезӣ ва сохтмони иншооти хурди барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ, ҳамчунин тарҳҳои шабеҳе, ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд). Таҳлил нишондиҳандаҳои мушаххаси зеринро нишон дод: 3000 доллари ИМА барои 1 кВт иқтидори муқарраршуда ҳангоми сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ва 16 000 доллар барои 1 км барои сохтани хати интиқоли барқи 10 кВт, ки тамоми марҳилаҳоро дар бар мегирад: тадқиқот, лоиҳакашӣ,  харидани таљхизот, бо масолењ таъмин кардан, корњои бинокорї-насбкунї ва ба истифода додан. Арзиши дар боло зикршуда 3000 доллари ИМА барои 1 кВт иқтидор дар нерӯгоҳҳои барқии обии хурд одатан дар ҳисобҳои техникӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Ҳамин тариқ, арзиши умумии лоиҳа 210 000 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Самаранокии муқоисавии вариантҳо бо истифода аз усули камхарҷ амалӣ карда мешавад [7].

Z = 0.12K+I, (1)

ки дар он 0,12 коэффисенти стандартии самаранокии маблағгузории асосӣ, К — хароҷоти асосӣ ва I — хароҷоти амалиёт.

Барои иншооти гидроэнергетикӣ ва хатҳои интиқоли барқ коэффисиенти меъёрии самаранокӣ 0,12 қабул карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки таъсири иншоот ба рушди иқтисоди минтақа хеле калон аст, коэффисиент метавонад то 0,08 паст карда шавад.

Меъёри ниҳоии маблағи солонаи пардохтҳо барои НБО-и хурд ва хатҳои интиқоли барқ (МГЭС ва ВЛ) мувофиқи меъёрҳои ҳозира аз 1,5 то 3% аз сармоягузории умумии капиталӣ муайян шудааст.

Барои ҳарду варианти ҳисоб 3% аз сармоягузории ибтидоии капиталӣ қабул карда мешавад. Натиҷаҳои ҳисоб дар ҷадвали 1 оварда шудаанд.

 

Ҷадвали 1. Самаранокии муқоисавии вариантҳо.

№

Нишондодҳо

СЭС

МГЭС

ВЛ-10 кВ

1.

Тавоної (иќтидор)-и муќарраршуда, кВт

70

70

70

 

2.

Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ ва ҳаҷми солонаи интиқоли нерӯи барқ тавассути хат, кВт/соат

 

302 400

 

302 400

 

326 592*

3.

Сармоягузориҳо, доллари ИМА

126 000

210 000

150 000

 

4.

Хароҷоти солонаи истеҳсолот, доллари ИМА

 

3 780

 

6 200

 

30 627

 

5.

Арзиши истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ, сенти ИМА/кВт.соат.

 

1.25

 

2.10

 

9.40

 

Хароҷоти ҷорӣ, доллари ИМА

18 900

31 400

48 627

 

Эзоҳ: * — бо назардошти талафот дар вақти интиқоли барқ.

Натиљањои њисобкунї нишон медињанд, ки варианти самараноктарин сохтмони нерўгоњи барќии офтобї мебошад, ки дар он арзиши камшуда нисбат ба вариантњои алтернативї хеле кам аст (Љадвали 1).

Хулоса:

Татбиқи технологияҳои таъмини нерӯи барқ дар асоси коркардҳои интеллектуалӣ бо истифода аз усулҳои мустақили таъмини энергия дар асоси истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои ташкили бозори рақобатпазирии нерӯи барқ, бахусус дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон ањамияти зиёди иќтисодї дорад.

Муносибати пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки системаи боэътимод ва аз ҷиҳати экологӣ тоза бо энергия барои истироҳатгоҳҳои кишвар таҳия карда шавад. Дар баробари ин, иқтисодиёти воқеии минтақа, аз ҷумла маҷмааҳои фароғатӣ барои рушди устувор такони иловагӣ хоҳанд гирифт.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 2 (83) том 4


Ссылка для цитирования:

Хурам Латифзода КОНСЕПСИЯИ ТАЪМИНИ УСТУВОРИ ЭНЕРГИЯИ МАҶМААҲОИ СОЛИМГАРДОНИЮ ФАРОҒАТӢ ДАР АСОСИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ДАР МИСОЛИ ТАБОБАТГОҲИ ИҚЛИМИИ КӮҲИИ «САНГИ ГИРЁН»-И НОҲИЯИ АЙНИИ ВИЛОЯТИ СУҒД // Журнал «Вестник науки» от 23 февраля 2025 г. № 2 (83) том 4. С. 829 - 839. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/21662 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/21662



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.