БУХОРО ДАР ОИНАИ САЙЁҲОНИ АВРУПОӢ: НИГОҲЕ АЗ АЛЕКСАНДР БЕРНС
Аннотация: Мақолаи мазкур ба таҳқиқи сафари Александр Бернс ба Бухоро дар аввали асри XIX бахшида шудааст. Дар ин кор ҷанбаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ ва этникии минтақа баррасӣ шуда, инчунин мушоҳидаҳо ва хулосаҳои Бернс дар ҷараёни сафари ӯ таҳлил карда мешаванд. Муаллифи мақола сафари А. Бернсро ба Бухоро ба таври муфассал тасвир карда, қайд мекунад, ки ӯ кӯшиш мекард, ки дар бораи минтақа, сохтори сиёсии он, иқтисод ва фарҳанги он маълумоти бештар ҷамъоварӣ кунад. Диққати махсус ба тасвири шаҳрҳо, аз қабили Балх ва Бухоро, меъморӣ, аҳолӣ ва системаи обтаъминкунии онҳо дода мешавад. Бернс инчунин ба таркиби этникии аҳолии аморати Бухоро таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд мекунад, ки дар ин ҷо на танҳо узбекҳо, балки тоҷикон, туркманҳо, арабҳо, қалмиқҳо, қирғизҳо, қарақалпоқҳо, афғонҳо, лезгинҳо, яҳудиён, сиёҳпӯстон ва форсҳо низ зиндагӣ мекарданд. Дар айни замон, ӯ, мутаассифона, на ҳамеша вазъи воқеиро дақиқ инъикос мекард, масалан, нақши тоҷиконро дар ҳаёти аморат кам арзёбӣ мекард. Дар мақола инчунин маълумоти ҷолиб дар бораи вазъи гурӯҳҳои этникии гуногун дар Бухоро, бахусус ҳиндуҳо ва яҳудиён оварда шудааст. Қайд мешавад, ки онҳо аз ҳуқуқ ва озодиҳои муайян бархурдор буданд, ба тиҷорат ва ҳунармандӣ машғул буданд, аммо дар айни замон ба баъзе маҳдудиятҳо дучор мешуданд. Дар маҷмуъ, мақола саҳми арзишманд дар омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ ва нақши сайёҳон, аз қабили Александр Бернс, дар он мебошад
Ключевые слова: Александр Бёрнс, Бухоро, саёҳат, асри XIX, Осиёи Миёна, тадқиқоти таърихӣ, тадқиқоти ҷуғрофӣ, гуруҳҳои этникӣ, маданият.
Дар таърихи Осиёи Миёна Бухоро ва Самарқанд аз замонҳои қадимтарин нақши роҳбарикунанда доштанд. Мовароуннаҳр чунин ном дошт мамлакате, ки он ҷо ин ду гавҳари Шарқ пайдо гашта буданд, дар ин минтақа, ба монанди дигар қисматҳои тамаддуни қадимтарин, дарёҳо ҳама вақт аҳамияти аввалиндараҷа доштанд. Ду шоҳоби бузурги Окс (Ҷайҳун ё Аму) ва Яксарт аз як тараф монеаҳои табиӣ ба шумор рафта, як навъин заминҳоро ҳифз мекарданд, аз тарафи дигар, ҳаёти иқтисодии минтақа, ки қариб ки пурра аз об вобастагӣ дошт, дар назди ин роҳҳои обӣ ҷамъ омада буд. Ⱪашқадарё ва Зарафшон низ дар ин муносибат аҳамияти хоса доштанд, зеро ки маҳз дар соҳилҳои яке аз онҳо, яъне дарёи Зарафшон ду шаҳри калони минтақа - Самарқанд ва Бухоро пайдо шуда буданд. Осиёи Миёна, пеш аз ҳама, бо сабабҳои ҷуғрофӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим саҳнаи ҷангҳои беохир ва тохтутозҳо ба ҳисоб рафта, онҳо ҳайати этникии халқҳоро, ки дар замонҳои гуногун дар инҷо сукунат доштанд, ба таври куллӣ тағйир доданд. [3,с.65].
Дар ибтидои асри XIX дар ин ҷо, дар ин минтақа манфиатҳои ду давлати абарқудрат Россия ва Британияи Кабир ба ҳам бархурд карданд. Бинобарин, ин минтақаи додашуда дар ин давра, чи барои Россия ва чи барои Британияи Кабир аҳамияти калидӣ пайдо карданд. Аввалин шахси европоие, ки ба хонигарии Бухоро ташриф оварда буд, Антони Дженинсон буд, ки ба инҷо аз номи шоҳи рус Иван Грозний сафар карда, манфиатҳои “Ширкати тиҷоратии москавӣ»-ро муаррифӣ мекард. Дар навбати худ Россия низ ба рушди тиҷорат бо хонигарии Бухоро манфиатдор буд. Ин ҳавасмандӣ дар инҳо ифода меёфт: аввалан дар қулай будани бозори бухороӣ барои фурўши молҳои россиягӣ: дуюм, ҳудудҳои хонигарии Бухороро гузашта, Россия имкон пайдо мекард бо дигар мамлакатҳои Осиё муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ монад. Инро ба эътибор гирифта, Россия дар навбати аввал ба баромад ба Ҳиндустон умед мебаст. Дар соли 1558 ба Бухоро фиристодагони шоҳи рус бо сарвари намояндаи “Ширкати тиҷоратии москвагӣ”, ки соли 1555 дар Москва созмон дода шуда буд, англис Антони Дженинсон равона карда шуд, ки он аз ҷониби хони бухороӣ Абдуллохони II қабул карда шуд. Сафир дар ёддоштҳои худ “ Саёҳат аз Москва то шаҳри бохтарии Бухоро” дар соли 1558 “дар бораи имкониятҳои тиҷорати байналхалқӣ ва дохилии хонигарӣ навишта буд”, вале дар айни замон Љенинсон аъзои ширкати ба наздикӣ таъсисдодаи “Ост-Индия» буд ва метавонист пурра манфиатҳои Британияи Кабирро њимоя намояд. Љенинсон баъдтар дар ин бора китоберо бо номи сафари ниҳоят дарози“Саёҳат ҷониби Антони Љенинсон аз шаҳри Москва ба Россия то шаҳри Бухоро дар Бохтар дар соли 1558 ки аз тарафи худи ӯ барои савдогарони лондонии ширкати москвагӣ инъикос карда шудааст» навишт. Вале барои Россия, бинобар наздикии ҷуғрофии он ин шароитҳо ҳама вақт нақши аввалиндараҷа доштанд. Он чӣ ки ба тиҷорат дахл дошт, пас ин муносибатҳо, моҳиятан ҳеҷ гоҳ канда намешуданд. Хонҳои Бухоро ҳам намояндагии худро ба ин давлати шимолӣ мефиристоданд. Танҳо дар давраи салтанати Иван Грозний (1547-1584) панҷ сафорати бухорои ба Москва ташриф оварданд. Муносибатҳои байниҳамдигарии хонигарии Бухоро бо Россия аз нимаи дуюми асри XVI рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Абдуллохони II муносибатҳои тиҷоратии худро бо Россия васеъ карда, мекўшид, ки пеш аз ҳама, вазъи сиёсии давлати худро устувор гардонад. Дар солҳои 1557 – 1558 Абдуллохони II сафирони худро ба Москва фиристод. Фиристодагон ба воситаи Астрахан ба Москва ба назди Иван Грозний расиданд. Аз номи хонҳои худ онҳо барои ҳаракати озодонаи тоҷирони худ дар соҳилҳои Волга иҷозат пурсиданд. Сафирон ҳангоми бозгашт аз Москва бо миқдори зиёди патронҳо (тир) ва паррандаҳои шикорӣ ва бо дигар молҳо баргаштанд. [7,с.59].
Доир ба манфиати ин ва дигар сафарҳо борҳо муҳаққиқони рус ва Шуравӣ навишта буданд. Масалан, А. Шепелёв қайд карда буд: “мунтазам фиристодани сафоратҳо ба Осиёи Миёна ва ҳатто ба Ҳиндустон дар охирҳои асри XVI ва асри XVII на танҳо ба васеъ шудани муносибатҳои сиёсӣ ва тиҷоратии то ба Шарқ мусоидат мекард, балки инчунин ба илми география хизмати бебаҳо карда онро ба маълумотҳои барои он давра беназири дақиқ доир ба Осиёи Миёна бой мегардонд”[1,с.16].
Дар ин бора ташрифоти нисбатан, мунтазами минтақа аз ҷониби намояндагони императорзани рус шаҳодат медиҳанд.
Аз рўи баъзе маълумотҳо Екатерина ҳатто барои сохтмони мадраса дар Бухоро 40 ҳазор рубл ҷудо карда буд.
Ду нафар ҳамсафарони аврупоии худро дафн карда, ӯ баъди ранҷу азобҳои чормоҳа, дар мамлакати дурдаст, бе дӯст, бе кӯмак ва ҳатто бе ягон дилбардорӣ вафот кард”[2, с.123].
А.Бёрнс инчунин муфассал зиёрати қабри Муркрафтро дар Балх тасвир кардааст: “Корвон аз паси шаҳр дар наздикии ҷойи дигар барои мо ғамангез – назди қабри Муркрафт ва Гатри ҷамъ омад, ин бадбахтон паҳлуи ҳамдигар хобидаанд”. Мо наметавонистем ба ин манзара бепарвоёна нигоҳ кунем, зеро онҳо хотираҳои ғамангезро тавлид мекарданд: чӣ қадар ҳамватанони мо дар масофаи дувоздаҳ мил аз якдигар дафн карда шудаанд! Ин моро, ки бо ҳамон роҳ ва қариб, ки бо ҳамон мақсад мерафтем, кам тасалло медод”.
Он чи, ки А.Бёрнс ва ҳамсафарони ӯ маҳз бо хатсайри Муркрафт мерафтанд, аз назарҳо, ҳатто аз ҷониби роҳбалад, афғон бо номи Гиат дур намонд, ки дар ин бора А.Бёрнс дар китоби худ ёдовар мешавад: Гиат шахсе буд, ҳангоми ба Балх наздик шудан ӯ маро бо гуфтугӯи худ оид ба мақсадҳое, ки моро ба ин сайёҳат водор карда буд, ба ҳайрат даровард. Ман ба ӯ гуфтам, ки Бухоро дар роҳ ба Аврупо қарор дорад, вале Гиат эътироз кард, ки Фиринљисҳо доир ба ҳама мамлакатҳо маълумот ҷамъ мекунанд ва марги бармаҳоли Муркрафт ба мо монеъа шуд, то Туркистонро муфассал дониста гирем ва бинобар ин, эҳтимол, мо барои он фиристода шудаем, ки ин маълумотҳоро ба таври хоксорона ҷамъ оварем”. [5,с.67].
А.Бёрнс дар китоби машҳури худ мекўшид, ки мушкилотҳои асосӣ ва тарњи мушаххаси сохтори давлатии аморати Бухороро муқаррар карда манзараи умумии ҳаёти хоҷагии аморат ва робитаҳои берунии иқтисодии онро нишон диҳад.
Қайд кардан зарур аст, ки аморати Бухоро ва инчунин ҳама дигар хонигариҳои Осиёи Миёна ҳеҷ гоҳ марзҳои муайяну дақиқи худро надоштанд. А.Бёрнс ва ҳама муњаќќиќони дигар, ки дар Осиёи Миёна буданд, ба ин пурра боварӣ ҳосил карда буданд. Аввалин маҳали аҳолинишини аморати Бухоро дар сари роҳи А.Бёрнс Балх гардид, “Бегоҳии 9 – уми июн, то ба шаҳри қадимаи Балх расидем, ки ба мулкҳои ҳокими Бухоро мансуб буд”.[8,с.73].
Ҳангоми ба ин шаҳр ташриф овардани Александр Бёрнс он дар ҳоли таназзул қарор дошт ва аз ҳаробаҳо иборат буд. Аҳолии он аз рӯи ҳисобҳои А.Бёрнс аз 2000-нафар зиёд набуд. Балх дар ҳақиқат ба гаҳвораи тамаддуни эронӣ мансуб буд ва аз рӯи маълумотҳои як қатор муҳаққиқон дар асрҳои миёна маркази тамаддуни исломӣ дониста мешуд. Ҳаробаҳои Балхи қадима дар масофаи панҷ соата роҳ тӯл кашида буданд. Акнун танҳо тӯдаҳои алоҳидаи замин ҷоеро нишон медиҳанд, ки Бохтари қадима истода буд ва аз ҳаробаҳои нисбатан баъдина танҳо масҷиди нимхаробгаштаи дар давраи пешвои салљуқиён султон Санҷар бунёд ёфтаро хотирнишон кардан ба маврид мебошад. Дар ибтидои асрҳои миёна Балх маркази тамаддуни исломӣ буд ва он замон ҳанўз танҳо як номро дошт: Куббат - ул – Ислом, яъне гунбази ислом”. [5,с.112]
А.Бёрнс аз рӯи суханони муаррихи рими қадим Квинт курсии табиати Бохтарро хеле пур обуранг инъикос кардааст: Ⱪабати рӯи замин дар Бохтар дар ҳама ҷо гуногун мебошад, дар бисёр ҷойҳо дарахтони боҳашамат ва навдаҳои ток ҳосили фаровони меваҳои болаззат медиҳанд, каналҳои сершумор замини серҳосили бойро обёрӣ мекунанд. Ҷойҳои нисбатан серҳосил ғалла кишт шуда, марғзорҳо чарогоҳҳоро ташкил мекунанд.
Минбаъд А.Бёрнс акнун аз худ идома медиҳад, “Балх бо дарахтон меваҳо ва ғаллаи худ чашмрас мебошад, аспҳои он машҳуранд. Гарчанде он сарчашмаи об надорад ва дигар дарё зери деворҳои он ҷорӣ намегардад, маҳалҳои атроф ба воситаи каналҳо, ки аз дарё, ки аз кӯҳҳои ҳамсоя ҷорӣ мешаванд, ғизо гирифта обёрӣ карда мешаванд, оби он ба таври сунъӣ боло аз шаҳр бардошта шудааст”.
Монеаи навбатї дар роҳи А.Бёрнс ба Бухоро Амударё (Окс) буд. Амударё, ба ақидаи англисҳо, дар худ роҳи наздиктарини обиро аз Афғонистон ба Россия ба воситаи Хева, Бухоро ва баҳри Арал ташкил медод. Бёрнс маълумотҳои ба даст овардаи Муркрафт ва Требекро пурра гардонда, дар харита шохисњои даќиќи нуқтаҳои муҳими стратегиро, ки метавонистанд бо мақсадҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ истифода шаванд, муқаррар кард.
Ⱪайд кардан лозим аст, ки англисҳо ба ин дарё аҳамияти калон медоданд. Англия дар он замонҳо давлати баҳрии пешво ва об барои англисҳо ҳодисаи табиат дониста мешуд. Амударё ё Окс барои онҳо, пеш аз ҳама, манфиати ҳарбӣ дошт ва А.Бёрнс ҳангоми саёҳати худ мекўшид ин раги обиро ба таври муфассал омўзад, “Мо ба аспҳо савор шуда бо ғуруби Офтоб сї милро дар давоми понздаҳ соат тай карда, ба соҳилҳои ин дарёи бузург расидем. Ман бо шавқу ҳаваси зиёд ба он ҳасад мебурдам, он ба тамоми ҳашамати худ ҷорӣ шуда, бо шохобњои худ моро хурсанд мекард”. А.Бёрнс бо ҳамсафарони худ дар ноҳияи деҳаи Хоҷа Сала (қариб ки дар муқобили Тирмизи ҳозира) ба дарё расида дар тули ду шабонарӯз инҷо монданд. Дар ин муддат А.Бёрнс ба таври пинҳонї ченкунии дарёро анљом дода мекӯшид даќиќ намояд, ки он то кадом андоза барои аз он гузаштан навбат мепоидем ва танҳо рӯзи 17 – ум корвони мо ба соҳили шимолии Окс ба вилояти Мауарул Нур (Мовароунаҳр), ки як қисми Тоторияро ташкил медод, ё Туркистон гузаронида шуд. [6,с.121].
Васеии дарё дар инҷо аз 800 ярд зиёд буда, чуқуриаш ба қариб бист фут мерасид, оби он пурлойқа буд, суръати маҷро ба сеюним мил дар як соат баробар буд. Осиёгиҳо онро Ҷайҳун ё Аму меномиданд.
А.Бёрнс мамлакатеро, ки дар он қарор гирифт “Тотория” номид ва чунин мешуморид, ки ин ном начандон дуруст аст. Ба ақидаи ӯ, “Туркистон” номидани ин минтақа нисбатан дурусттар мебошад, яъне мамлакати туркҳо. А.Бёрнс дар ҳақиқати кор оид ба таърихи минтақаи мазкур иттилои зарурӣ надошт ва ҳатто худ бо сокинони маҳалӣ бо забони форсӣ муошират карда, ҳама бошандагони инҷоро узбекҳо ва мамлакати зисти онҳоро Туркистон ҳисоб мекард. Вале ин чандон муайянкунии дақиқи географии ин минтақа набуд.
Он чи ки ба Окс дахл дорад, пас инҷо ҳам Бёрнс ба хатогии муҳим роҳ дод. Англисӣ ҷавон ин дарёи бузургро барои киштигардї пурра мувофиқ меҳисобид, ки ин ақидаро дигар муҳаққиқони минтақа инкор мекарданд. Дар ин муносибат муҳокимарониҳо ва мулоҳизаҳои муҳаққиқи дигари аврупоии кишвар Армияни Вамбери, ки ӯ низ мавқеи устувори англисипарастиро ишғол мекард ва зери ниқоби дарвеши суфї, чанде баъдтар аз Бёрнс ба ин дар кули Зоркул то баҳри Арал ба роҳ монем, пас манзараи зеринро дарк менамоем,
Умуман А.Бёрнс ҳайати этникии аморати Бухороро пеш оварда ҳама сокинони таҳҷоии аморатро қабилаҳои Туркӣ номида, онҳоро ба туркманҳо ва ӯзбекҳои гуногун тақсим мекунад.
А. Бёрнс дар кори худ, умуман тоҷиконро ҳамчун сокинони Бухоро ёдовари намекунад ва ин исботи он аст, ки мулоҳизаҳои ӯ сатҳи ва баъзан дар шаҳри вокеаҳои гуногуни таърихи нодуруст мебошанд. Лекин дар назди А.Бёрнс чунин вазифа намеистад. У мебоист танҳо корҳои разветкавиро пеш мебурд на ин ки ба ходаи нугтез мебаромад
А. Бёрнс маҷбур буд, ки ба иттилои сатҳи, ки аз даҳони мирандаи оддӣ ба даст меовард, қаноат намояд ва танҳо ислом ки илмро неъмати бузургтарин эълон карда буд пайравони худро ба омузиши илмҳои гуногунҷониба бедор мекард. Майлу таваҷҷуҳи сокинони Бухороро ба илм ва назм худи А.Бёрнс ҳам инкор намекард, “сокинони инҷо табиатан ба нахм майлу таваҷҷуҳи зиёд доштанд”. А.Бёрнс 27 июни соли 1832 ба Бухоро расид. Шотландии ҷавон аввалин таасуротҳои худро оид ба ин шаҳр чунин инъикос кардааст, “Намуди Бухоро ҳеҷ чизи ҳайратангез надошт, ҳамвории бой ки дар атрофи он доман паҳн карда буд ҳеҷ гуна баландию теппаҳо надошт ва бинобар ин дарахтон деворҳо ва масҷидҳоро то худи ворид шудан ба пойтахт, аз саёҳон пинҳон мекарданд.[7,с.59].
А.Бёрнс худи шаҳрро ҳам хеле пур обуранг тасвир кардааст, “Дар ҳама ҷо биноҳои сершумори бузурги омузишгоҳҳо, масҷидҳо ва манораҳои баландқомат қомат афрохтаанд, бист корвонсаройҳо барои ҷойгир кунонидани савдогарони миллатҳои гуногун хизмат мекарданд, наздик сад фаввораҳо ва ҳавзҳои об, ки аз сангҳои тарошида шуда сохта шуда буданд, сокинони сершумори шаҳрро бо об таъмин мекарданд. Тамоми шаҳрро каналҳо бурида мегузаштанд, ки аз дарёи Самарқанд ғизо гирифта ҳама онҳоро дарахтони тут паноҳ мекарданд”.
Об барои ҳамаи шаҳрҳои Осиёи Миёна аҳамияти аввалиндараҷа дошт ва Бухороро ҳам дар ин нақш сарфи назар набуд. Бинобар ин маъмумотҳои пеш овардаи А.Бёрнс ва дигар муҳаққиқон доир ба обтаъминкунии ин шаҳри қадим, хеле ҷолиб мебошанд. А.Бёрнс менависад: “гуфтан мумкин нест, ки Бухоро бо об хуб таъмин шуда буд, зеро дарё ба наздикиҳои он ҷорӣ намешуд ва он даҳ мил аз шаҳр дур ҷойгир гашта буд ва канали обе, ки аз он меомад, якбор дар ду ҳафта кушода мешуд ва тобистон аксар вақт сокинони шаҳр дар давоми якчанд моҳ, оби тоза надоштанд. Захира кардани ин чизи барои ҳаёт хеле меҳим кори хеле ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт”[1,с.101]
Кӯҳҳои Алтаба, ки дар ҷанубтар воқеъ гашта буданд, ба ҷанубу – ғарб нигаронида шуда, тадриҷан зина ба зина ба дарё поин мефаромаданд: дар ин ҷо инчунин тақрибан дар панҷ чақрим аз маҷрои дарё занҷири шимолии кӯҳҳои Ҷунгар – Тоғ тӯл кашида буданд. Оид ба шоҳобҳое, ки ба Зарафшон дар шарқтари Панҷакент дарё ба худ манбаи асосии обро мегирад, ки ин имкон медиҳад маҳалҳои атрофи он то худи Бухоро бо об таъмин карда шаванд, зеро ки шоҳобҳои ғарбӣ хеле хурд буда дар мавсими гармо ҳама обро ба майдонҳо истифода мекарданд. Шоҳобҳои Зарафшон аз нишебиҳои ҷанубии Ⱪаратоғ ҷорӣ мешаванд. Аз Нуратанин – Тоғ ба Ҷануб чор дарёи нисбатан калон ҷорӣ мешаванд.
Якумин Кара – Абдал дар ағбаи кӯҳии Сари Бел ибтидо ёфта дар байни Ходум – Тоғ ва Карача – Тоғ ҷорӣ мешавад.
Дуюм Тюрсюн ба Љануб аз сарчашмаи Ухум ҷорӣ шуда ба худ бевосита, бавоситаи кӯҳҳои Карача, роҳ мекушояд.
Сеюм Пшат ибтидои худро аз яке аз шохаҳои ҷанубии кӯҳҳои Ⱪаратоғ дар ноҳияи деҳаи Панҷакент гирифта дар байни Ак Тог ва Карача – Тог ҷорӣ мешавад.
Шоҳоби чорум, ки ба Зарафшон аз Шимол мерезад – Джисман ибтидои худро шимолтари хатирчӣ дар Ак Так назди ағбаи Тикенлик мегирад.
А.Бёрнс инчунин сохмон ва меъмории шаҳрро инъикос кардааст: “Ба ғайр аз биноҳои ҷамъиятӣ ҳама хонаҳо хурд буда, аз як ошёна иборат мебошанд, вале ба ин нигоҳ накарда, хонаҳои зиёди зебо ҳам вуҷуд доранд: баъзе аз онҳо андовакорӣ карда шуда, хеле хуб оро дода шудаанд ва дигаронаш бо манораҳои готӣ аз сангҳои лоҷвард зебу зинат ёфтаанд. Бинои аз üама бузургу муҳташами оммавӣ дар Бухоро масҷиди асосӣ ба ҳисоб мерафт. Он дар масоҳати 300 фут мурабаъ бунёд ёфта, гунбазе дошт бо баландии сад фут. Бинои аз ҳама зеботарин дар Бухоро мадрасаи Ҳаким Абдулло ба ҳисоб мерафт. Панду ҳикматҳо аз Ⱪуръон, ки дар манораи баланд дар даромадгоҳ кандакорӣ карда шуда буданд беш аз ду фут андоза доштанд.[10,с.96].
Қисмати зиёди гунбазҳо дар шаҳр чунин ороишотро доро буданд ва қуллаи онҳо бо лонаҳои лаклакҳо пушонида шуда буданд ва дар ин мамлакат он муждарасони некӣ дониста мешуд.
Осиёи Миёна бо бисёр сабабҳо дар тӯли таърихи дуру дарози худ ба тохтутози бисёр каратаи қабилаҳои гуногун гирифтор гашта буд, ки онҳо бешубҳа осори маълуми худро дар равандҳои этникӣ дар ин минтақа гузошта буданд. Он чӣ, ки ба тоҷикон дахл дорад, пас онҳо ҳамчун сокинони қадимтарини ин кишвар, мутаасифона муддати зиёд дар паси пардаи таърихӣ монда, муҳаққиқон аз ҷумла, А. Бёрнс ҳатто мавҷудияти онҳоро дарк накарданд. Вале ба ин нигоҳ накарда, тоҷикон ҳама вақт дар ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва хоҷагӣ – фарҳангии тамоми хонигариҳои осиёи миёнагӣ нақши назаррас мебозиданд.
Он чӣ ки ба европоиён дахл дорад мувофиқи матлаб мебуд, ки мулоҳизаҳоро оиди ҳайати этникии Бухоро аз дигар саёҳе, ки аз рӯи акидаҳои худ ба А.Бёрнс наздик буд, яъне худи ҳамон Армания Вамбериро пеш биёрем.
Хуросон маънои «мамлакати офтобӣ» яъне Шарқро дошт) хотанро (дар Хитой) дар Шарқ, дар Ғарб баҳри Каспий дар Шимол Хуҷанд, дар Ҷануб – Ҳиндустонро тарзҳои пештараи ватани худ, ҳисоб мекард.
Тоҷикон, хусусан дар аморати Бухоро нақши назаррас дошта, дар Бухоро забон ва фарҳанги худро пурра нигоҳ дошта, ба идоракуни ва вазъи хонигариҳо дар маҷмуъ таъсири муайян гузоштанд. Е.Майендорф навиштааст: «Тоҷикон – ходимони намоён, меҳнатдӯст ва дар касбҳои гуногун қобилиятҳои хеле хуб доранд, онҳо – савдогар, ҳунарманд ва зироатчӣ мебошанд, ҳаёти кӯчманчигӣ ба онҳо ҳеҷ гуна хушнудӣ намерасонад. Аксарияти онҳо хонда ва навишта метавонанд ва ғайр аз руҳониён қисмати нисбатан мутамаддуни аҳолии бухороиро ташкил медоданд.
А.Бёрнс низ ин вазъи аморатро қайд мекунад. Ба чузъ аз тоҷикон ва ӯзбекҳо дар аморати Бухоро инҳо зиндагӣ мекарданд: туркманҳо, арабҳо, калмиқҳо, қирғизҳо, қарақалпоқҳо, афғонҳо, лезгинҳо, яҳудиҳо, лӯлиҳо ва форсҳо. А.Бёрнс сокинони аморатро номбар карда махсус ба ҳиндуҳо ва яҳудиҳо такя кардааст: Кулоҳи начандон калони чоркунҷа ва арғамчинча ба ҷойи миёнбанд ҳиндуро аз Муҳаммадиёни бухороӣ фарқ мекунанд. Ҳар кадом мусулмон муъминонро аз ҳаром шудани салому аллейки муқаррарии онҳо муроҷиати ӯ ба бутпарастон огоҳ мекард. Ғайр аз ин, тафовути зодаи Ҳиндустонро метавон бо назари муҷмали ӯ ва ҳар гуна муошират бо тӯдаи одамон дарк кардан мумкин буд.[9,с.87].
А. Бёрнс ба таври муфассал вазъеро, ки ҳиндуҳо дар Бухоро доштанд, инъикос намуда онҳоро тоҷирони олиҷаноб ҳисоб мекард: «ҳиндуҳои бухорои ҷомеаи моро меҷустанд, зеро ин халқ, аз афташ, ба он одат кардааст, ки ба англисҳо ҳамчун ба мавҷудоте, ки табиатан, аз онҳо бартарӣ доранд, одат кардааст ба ман чунин менамояд, ки дар Бухоро онҳо таҳаммулпазир мебошанд ва вуҷуд доштани маҳдудиятҳо, ки инҷо онҳо ба он гирифтор шуданд, аз нигоҳи аввал ба рондани онҳо аз инҷо шабоҳат дорад. Чунончи, ба онҳо иҷозат дода намешуд, ки ибодатгоҳҳо бунёд карда, бут гузоранд ё маросимҳои худро тантанавор доир намоянд: онҳо ҳуқуқ надоштанд ба назди деворҳои шаҳр раванд ва мебоист либосҳои махсус мепӯшонданд. Онҳо чиззия ё андози сарикасӣ месупориданд, ки аз чор то ҳашт рупияро дар як сол ташкил медод: ҳама онҳое, ки дини муҳаммадиро пайрави намекарданд ин андозҳоро месупориданд, онҳо ҷуръат намекунанд, ки муҳаммадиёнро таҳқир намоянд ва ё бо онҳо муносибати ахмақона кунанд. Онҳо ҳуқуқи ҳаридорӣ кардани ғуломонро надоштанд ва ниҳоят ба онҳо иҷозат дода намешуд, ки оилаҳои худро ба воситаи Окс интиқол диҳанд.
Ба ивази садақаю қурбониҳо ҳиндуҳо дар Бухоро оромона зиндагӣ доштанд ва дар тамоми даъвою мурофиаҳо ва корҳои тафтишотӣ баробари Муҳаммадиён аз адолати судӣ истифода мекарданд.
Доир ба таври маҷбурӣ ба мусулмон табдил додани онҳо ман чизе нашунидаам. Рафтору кирдори онҳо солим ва хуб мебошад. Ҳиндуҳои бухоро аз босуръат бой гаштани худ қаноатманд мебошанд, сарфи назар аз ин ки дар ин ҳол онҳо бисёр ҳурофотҳои худро қурбон мекунанд. Дар Бухоро шумораи онҳоро ба 300 нафар мерасад, ки дар корвонсаройҳои шахсии худ зиндагӣ карда қисмати зиёди онҳо аз Шакарпур, дар Синд, ба инҷо омадаанд. Дар солҳои охир миқдори онҳо ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ӯзбекҳо ва умуман ҳама муҳаммадиён ба қобилияти онҳо дар саноат, ки маблағҳои зиёдро ба гардиш ҷорӣ мекунанд, тан додаанд.
Ҳиндуҳо дар худ иттифоқчии хеле эътимоди англисҳоро таҷассум мекарданд. Ин халқ худро пурра мағлубшуда ҳисоб мекард ва англисҳо барои онҳо қариб, ки худоҳои зинда буданд. Ҳангоми ба Бухоро омадани А.Бёрнс ҳиндуҳо ба ин шотландии ҷавон маблағҳои калони пулиро, бо асъори пешниҳод карданд. Ҳиндуҳо муддати хеле дуру дароз дар бозорҳои Бухоро нақши намоёне мебозиданд. Вамберӣ низ, ки ба Бухоро баъди А.Бёрнс ташриф оварда буд, ба ҳиндуҳо чун ба соҳибкорони олиҷаноб баҳогузорӣ кардааст. Дуруст аст, ки онҳо ҳамагӣ наздики 500 нафаранд: онҳо ба таври пароканда, бе оила дар пойтахт ва музофотҳо зиндагӣ карда, ба таври ҳайратовар тамоми гардиши пулиро дар дасти худ нигоҳ медоранд. Ягон бозор ва ягон деҳае вуҷуд надорад, ки дар он ҳинду – судхӯр онҷо бо халтаҳои худ пайдо нашавад. Тобеияти пурраи худро ба монанди арманӣ дар Туркия ифода карда, онҷо ба таври даҳшатовар аз ӯзбекҳо канорагирӣ мекунанд ва аксар вақт ба қурбонӣ табдил меёбад.[3,с.29].
Бешубҳа, барои А.Бёрнс дар Бухоро дидани пайравони Мусо, як дараҷа ҳайратовар буд. А.Бёрнс менависад: “Яҳудиён низ ба таври якбора чун ҳиндуҳо фарқ мекарданд. Дар либоси онҳо фарқ дида намешавад, онҳо кӯлоҳҳо мепӯшиданд. Аз ҳама зиёд онҳоро типии маълуми халқи аврупоӣ фарқ мекунанд. Дар Бухоро ин қавм бо зебогии ғайриоддии худ фарқ мекарданд ва ба ман борҳо муясар гашта буд, ки ҳангоми сайру гашти худ бо либосҳои зебо ҳалқаи муйҳои ғафсаш, ки ба китфаш партофта шуда симои ӯро боз ҳам хуштарҳ мегардониданд, вохӯрам. Дар Бухоро то 4000 яҳудиён, ки аз Машҳади дар Форс баромада буданд, ба қайд гирифта шуда буданд ва қисмати зиёди онро ба ранг кардани матоъҳо шуғл меварзиданд. Бо онҳо низ чун бо ҳиндуҳо муносибат мекарданд”. Е.Майендорф низ маълумотҳоро шумораи яҳудиён оварда 4000-ро номбар мекунад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 3 (84) том 3
Ссылка для цитирования:
БУХОРО ДАР ОИНАИ САЙЁҲОНИ АВРУПОӢ: НИГОҲЕ АЗ АЛЕКСАНДР БЕРНС // Журнал «Вестник науки» от 16 марта 2025 г. № 3 (84) том 3. С. 884 - 895. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/21941 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/21941
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
