'
Файзизода Ф.
НАҚШИ РАВОНШИНОС ДАР ИНТИХОБИ КАСБ *
Аннотация:
Ин мақола дар бораи интихоби касб дар наврасони муосир сухан меронад — ин наслҳо аз насли волидони худ хеле фарқ мекунанд. Дар мақола нақши равоншинос дар интихоби касб дар синни наврасӣ баррасӣ карда мешавад меъерҳои асосии интихоби касб эътибори он, сатҳи баланди музди меҳнат, имконияти рушди касб ва танҳо баъд манфиати шахсӣ мебошанд. Имрӯзҳо касбҳои нав пайдо мешаванд ва баъзеҳо камтар серталаб мешаванд е комилан мемиранд. Муаллиф чунин мешуморад, ки наврасони имрӯза ҳангоми интихоби касб аксар вақт мушкилоти муайян доранд. Эътибори баъзе касбҳо ба гузашта меравад, ба ҷои онҳо касбҳои дигар меоянд. Вазъият бо он мураккаб мешавад, ки гуфтан душвор аст, ки кадом мутахассисон дар бозори меҳнат пас аз 10 сол талабот пайдо мекунанд
Ключевые слова:
наврасӣ, касб, омӯзгор, равоншинос, интихоб
Имрӯзҳо дар шароити иқтисодиёти бозорӣ ва баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти шавқу завқи худ ва имкониятҳои ҷомеа нисбати кадрҳо, дар истеҳсолот ҳунари худро нишон диҳанд. Ба таври озодона касби дилхоҳ, ҷои таҳсил ва кори худро мувофиқи қобилияташон интихоб намоянд. Хуб мешавад, агар дар кори касбинтихобкунӣ ҳамаи таълимгоҳҳо, муассисаҳои шуғли аҳолӣ, таъминоти иҷтимоӣ иштирок намоянд.
Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки хонандагон маҳорати интихоби касбро надоранд. Онҳо гумон мекунанд, ки ба ҳеҷ як касб қобилият надоранду оиди ин масъала аз ёрии дигарон истифода баранд хубтар мешавад. Бо забони дигар гӯем, хонандагон дар ҳалли ин масъала ба қувваи худ боварӣ надораду худфаъолӣ нишон намедиҳанд.
Ҳамин тавр, хонандагон ҳангоми интихоби касб дудилагиро ҳис мекунанд. Намедонанд, ки шавқу ҳаваси онҳо бисётар ба кадом равияи фанҳои омӯхташаванда наздиктар аст. Масалан, ба хонанда фанни химия, математика, таърих ва адабиёт писанд аст ва ӯ намедонад, ки шавқу ҳаваси худро муайян намояд. Кадоме аз равияҳо: табиӣ ё гуманитариро интихоб намояд. Хонандаи дигар нисбат ба касби муайяне шавқу завқашро донад ҳам аз имконият ва қобилиятҳои худ боварӣ надорад. Гумон мекунад, ки қобилиятҳои доштааш кофӣ нестанд ва аз иҷрои чунин фаъолияти душвор намебарояд. Сабаби пайдошавии ин ҳолатҳои ногувор дар он аст, ки хонандагон, муаллимон ва падару модарон оиди дуруст интихоб намудани касб донишҳои кофӣ надоранд. Онҳо оиди мафҳуми коршоямӣ ва роҳҳои ташаккулёбии он тасаввурот надоранд. Намедонанд, ки чӣ тавр имконияту қобилиятҳои худро чен намуда, онҳоро бо ҷаҳони касбҳо мувофиқ гузоранд[2.74 с].
Мувофиқи дастовардҳои илми психология, дар асоси хусусиятҳои психофизиологӣ, яъне асосан диққат ва динамикаи ҷоришавии протсессҳои асабӣ, одамонро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд: 1) одамони системаи асаби «зӯр» дошта, 2) одамони дорои системаи асаби «суст». Одамони гурӯҳи якум, яъне системаи асаби «зӯр» метавонанд фаъолиятҳоеро иҷро намоянд, ки чаққонӣ, суръати тези фикрронӣ ва ба ангезандаҳои сахт тоб оварданро талаб менамоянд. Барои ин гуна одамон касбҳои «одам-мошин» мувофиқ аст. Масалан, онҳо метавонанд кайҳоннавард, летчик - тадқиқотчӣ, сӯхторхомӯшкунак ва ғайра касбҳоро бомуффақият иҷро намоянд.
Одамони гурӯҳи дуюм, яъне дорои системаи асаби «суст» қодиранд касбу ҳунарҳоеро бомуваффақият иҷро намоянд, ки пуртоқатӣ ва майдакориро талаб мекунад. Масалан, касби таъмири ҳавопаймо ва техникаҳои дигар чунин хислатҳоро талаб мекунад, ё ин ки фаъолияти наққошию кандакорӣ низ пуртоқатӣ ва майдакориро талаб менамояд. Одамони системаи асаби «суст» дошта барои иҷрои чунин касбҳо мувофиқ мебошанд.
Масъалаҳои психологию педагогии майлҳои касбии хонандагон дар тадқиқотҳои Арискина К.А., Гломшток А.Е., Климова А.Е., Лебедов Г.А., Чистякова С.Н., ЧебышеваВ.В., масъалаи интихоби касб ва шавку ҳавас ва касбҳои хочагии қишлоқ дар корҳои Амиршоев Р., Барабаш Ю.Г., Бондаревский В.Б., Василъев Ю.К., Василъева Г.А., Сахаров Ф.В., Шабанова А.А., Табаров М. ва чанде дигарон омӯхта шудааст. Онҳо паҳлӯҳои гуногуни ин проблемаро тадқиқ намуда қайд карданд, интихоби касб дар хонандагон бо хусусиятҳои мақсаднок ва бошууронаи худ аз синну соли наврвсӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Аз як тараф, нақшаҳои ҳаётии хонандагони синфҳои болоӣ ин натиҷаи ҷамъбасткунӣ ва мақсадҳои калоне, ки онҳо дар назди худ гузоштаанд бошад, аз тарафи дигар протсесси аниқкунӣ ва тафриқаи мақсаду сабабҳо мебошад[3, 68с].
Мувофиқи дастовардҳои илми психология, дар овони наврасӣ кашидани нақшаҳои гуногунро мушоҳида карда мешавад, вале дар бораи роҳу воситаҳои дар амал ҷорӣ шудани ин нақшаҳоро фикр намекунанд. Чунки наврасон ба натиҷаҳои охирини он такя карда, ҷоришавии ҷараёни онро ба эътибор намегиранд. Наврасон дар нақшаҳои худ худашонро дар мавқеи ҷамъиятӣ тасаввур карда, фаромӯш мекунанд, ки барои ба мақсад расидан танҳо орзу кардану ба худ тасаввур кардан кифоя набуда, боз кӯшиш кардан лозим аст, ки шахс ба мақсади гузоштааш расад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон пеш аз хама, барои интихоб намудани касб ба мактабҳои олӣ ё касбӣ рафта, баъд касбро интихоб карданӣ мешаванд. Масалан, ба донишкадаи омӯзгорӣ дохил шуданиам, вале ба кадом факулта, то ҳол муайян накардаам ва баъдтар аниқ мекунам.
Интихоби касб на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, инчунин масъалаи психологӣ низ мебошад. Аввалан интихоби касб ба хусусиятҳои фардӣ-психологии шахс вобаста буда, баъдан аз қобилиятҳои шахс, ки кадом сифатҳо дар ӯ бештар ташаккул ёфтааст ва дар ҳолати сеюм ба ягонагии шуур ва фаъолияти шахс вобаста мебошад.
Интихоби касб протсесси мураккаб ва дуру дароз буда, на танҳо аз рӯи давомнокӣ, балки аз рӯи якчанд давраҳо муайян карда мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар оилаи зиёиён волидон ҳар чӣ қадар барвақттар мехоҳанд, ки фарзандонашон ягон касбро интихоб карда, истеъдоди худро дар ҳамин соҳа такмил диҳанд. Чунин муносибати модару падарон ба он оварда мерасонад, ки дар бачаҳо ҳаваси худмуайянкунии тахассусӣ суст мешавад, аз ҳама гуна шуғлҳо даст мекашанд, ба ташвиш меоянд ва ихтиёрона касби дилхоҳро интихоб карда наметавонанд[5,212].
Бояд қайд кунем, ки агар аз як тараф интихоби барвақтии касб таъсири мусбӣ расонаду барвақт ба ягон касб майл пайдо кунад, аз дигар фаъолиятҳо дур шуда, фаъолияти таълимиаш суст мешавад. Ҳангоми хатми мактаб навҷавон бояд аз ҷиҳати психологӣ ба ҳаёти оилавӣ омода бошад. Ин аввалан дар муошират ва тарзи онро ташкил намудани ҷавон зуҳур меёбад, баъдан дар меҳнатдӯстӣ, фаъолнокӣ ва тафаккури маънавии ӯ дида мешавад. Ин сифатҳо барои худшиносии хонанда базаи навовариҳои марказиро ташкил мекунад. Бо баробари дарк намудани ҷой ва мавқеъи худ, дар зиндагӣ ҷавон бояд худ ва қобилиятҳои худро фаҳмида гирад. Вале яке аз хусусиятҳои синни калони мактабӣ - ин инкишофи гуногуни хонандагон аст. Дар таҷрибаи равоншиноси мактаб дар мадди аввал масъалаи интихоби касби хонандагони синни калони мактабӣ меистад. Интихоби оянда маркази раванди худшиносиро ташкил мекунад. Маҳз ба худшиносӣ ва инкишофи он Виготский А.С. аҳамияти махсус медиҳад.
«Бо ташаккули худшиносӣ, - мегӯяд вай, - омили сифатан нав - шахсияти наврас инкишоф меёбад.»
Дар ҷустуҷӯи мақсади вуҷуд доштан дар хонандагони синни калони мактабӣ дар бораи худ ва мавқеъи онҳо дар зиндагӣ фикру мулоҳизаҳои гуногун пайдо мешаванд. Бо баробари мақсади ҳаётро фаҳмидан хонандагон тафаккури калонсолонаро пеш мегиранд ва дар ин асно шахсияти онҳо низ афзоиш меёбад. Ҳаминро бояд қайд кард, ки мақсади зиндагии хонандаро равоншинос кушода намедиҳад ва ба роҳи ёфтани он равона намесозад. Вай танҳо мефаҳмонад, ки мақсади ҳаётро бояд дар олами иҳотакунанда ҷустуҷӯ намоем, на дар худ кобем. Муҳим он аст, ки мушкилиҳои конкретии хонандаро муайян созем, бояд хонанда ба худ ва қувваи худ боварӣ дошта бошад.
Дар байни мавзӯъҳои муоширати хонандагони синни калони мактабӣ мавзӯъи интихоби касб, корҳои таълимӣ, муомила бо коллектив, машғулиятҳои дӯстдошта, муҳити оилавӣ ва ғ. мавқеъи муҳимро ишғол менамояд. Бо хонандагони синни калони мактабӣ фаъолият бурда, равоншинос бояд ба он умед бандад, ки хонандагон мустақилона ба вай муроҷиат намоянд. Ба доираи вазифаҳои худ вай бояд на танҳо ҳалли мавзӯъҳои аз болояшон муроҷиатшавандаро дохил намояд, балки барои ҳалли масъалаҳои барои ҳаёти ояндаи хонанда зарур ба вай кӯмак расонад[6,122].
Дар бисёр маврид, вақте, ки аз шахс мепурсанд, ки худмуайянкунии касбиро чӣ гуна тасаввур месозад, вай ҷавоб медиҳад, ки худмуайянкунии касбӣ ин вақте, ки равоншинос ё роҳбари синф бо хонандагон оиди касби ояндаи интихобкардаашон пурсишҳои тестӣ мегузаронанд. Вале дар асл худмуайянкунии касбӣ бо ин кор маҳдуд намешавад.
Унсурҳои худмуайянкунии касбиро мувофиқи тадқиқоти Пряҷникова Е.Ю. дида мебароем:
- Худмуайянсозии шахс. Ба он ҳам хонанда дохил шуда метавонад, ҳам донишҷӯ ва ҳам мутахассисе, ки дар ин ё он соҳа фаъолият мебарад,
- Оила. Ба оилае, ки яке аз аъзоҳояш хатмкунандаи мактаб мебошад, зарур аст, ки барои худмуайянкунии фарзанд ҳамаи шароитҳоро фароҳам оваранд,
- Илмҳои педагогиву психологӣ. Субъекти мазкурро дар шахсияти муаллимони фанние, ки бо худмуайянкунии касбии ҷавонон машғул ҳастанд, тасаввур бояд намуд,
- Марказҳои психологие, ки дар худмуайянкунии касбӣ ба ҷавонон ёрии психологӣ мерасонанд,
- Муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо. Яке аз вазифаҳои мактаб ин тайёр намудани хонандагон ба худмуайянкунии касбист. Ҳарчанд, ки аз ҷониби мактаб ба масъалаи худмуайянкунии касбии ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир карда намешавад, вале он ба системаи худмуайянкунии касбӣ дохил карда мешавад,
- Муассисаҳои таълимии касбӣ,
- Давлат,
- Иқтисоди ҷаҳонӣ. Дар вақтҳои охир муаммои муҳоҷирати ҷавонон масъалаи мубрами иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти худмуайянкунии касбии ҷавонон баромад карда метавонад.
Худмуайянкунии касбӣ аз рӯи самтҳои зерин сурат мегирад: маърифати психологӣ, яъне ба ҷавонон маълумот додан оиди касбу ҳунарҳои гуногун, мазмун ва мундариҷаи онҳо, талаботи бозори ҷаҳонӣ ба ин ё он касб. Мазмун ва мундариҷаи самти зикргардидаро бо ҷавонон бурдани корҳои тағиботиву ташфиқотӣ аз болои намудҳои гуногуни касбҳо ташкил медиҳад. Маърифати касбӣ ҳам дар раванди дарс ва ҳам дар вақтҳои фориғ аз дарсҳо ба роҳ монда мешавад. Самти дигари худмуайянкунии касбиро машварати касбӣ ташкил медиҳад. Машварати касбӣ – ин расонидани ёрии амалӣ дар худмуайянкунии касбии хонандгон мебошад, ки дар асоси омӯзиши шахсияти хонанда ба роҳ монда мешавад. Машварати касбӣ ба хонандагон имконияти мустақилона интихоб намудани касби ояндаро фароҳам оварда, корҳои машварати дар давоми соли таҳсил ба роҳ монда мешавад.
Методҳои худмуайянкунии касбӣ. Дар худмуайянкунии касбии хонандагон усулҳои гуногун истифода бурда мешаванд: ахборотдтҳанда, маълумотдиҳӣ, экскурсияҳо ба муассисаҳои таълимоти касбӣ, тамошои филмҳо ва барномаҳо, вохӯрӣ бо мутахассисони варзида, хониши лексияҳо, машғулиятҳои беруназдарсӣ ва ғ.
Мехостем, дар бораи усулҳои ташхиси касбии психологӣ чанд сухан гуфта бошем. Ба ин усулҳо дохил мешаванд:
Ҳамин тавр, мавриди зикр аст, ки усулҳои худмуайянкунии касбӣ хеле зиёданд. Бахусус, доираи интихоби усулҳо дар ташхиси касбӣ басо васеъ аст. Баъзе аз чунин усулҳоро номбар кардан мумкин аст: усули муайянсозии шавқу ҳаваси касбии хонандагон, усули ташхиси имкониятҳои касбӣ, усули ташхиси қобилиятҳои эҷодӣ ва ғ. Ин маънои онро дорад, ки дар пешравии инсон ҳамчун мутахассиси барҷаста, хусусиятҳои психологии вай нақши муҳим мебозанд.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи синни айёми ҷавонӣ ин ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда ва интихоби касб мебошад. Масъалаи ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда, худмуайянкунии касбӣ ва интихоби бошууронаи касбу ҳунар солҳои охир ҳисси таваҷҷӯҳи як қатор педагогу равоншиносонро ба худ ҷалб карда меояд. Масъалаҳои психологию педагогии майлҳои касбии хонандогон дар тадқиқотҳои Аркин Е.А., Блонский П.П, Залуҷнқй А.С., Смирнов А.А., Шаӣкий С.Т., Штерман С.П., масъалаи интихоби касб шавқу ҳавас ба касбҳои хоҷагии қишлоқ дар корҳои А.Б. Мудрик, И.О. Кон, олими франсавӣ Б.Заззо, Ф.Патакин, олими америкоӣ Д.Кендед ва чанде дигарон омӯхта шудааст. Онҳо паҳлӯҳои гуногуни ин муамморо тадқиқ намуда қайд кардаанд, ки интихоби касб дар синфҳои болоӣ бо хусусиятҳои мақсаднокӣ ва бо шуурии худ аз синнусоли наврасӣ ба кули фарқ мекунад. Аз як тараф нақшаҳои ҳаётии хонандагони синфҳо болоӣ ин натиҷаи ҷамъбасткунӣ ва мақсадҳои калоне, ки онҳо дар назди худ гузоштаанд, бошад аз тарафи дигар раванди аниқкунонӣ ва тафриқаи мақсаду сабабҳо мебошад.
Нақшаҳои ҳаётӣ аз орзуҳои фаъол ва орзуҳои пухта бо он фарқ мекунанд, ки нақшаҳои ҳаётӣ бо ин интихоби бошууронаи касб алоқаманд мебошанд. Интихоби касб барои наврасон ва ҷавонон масъалаи маънавӣ низ ба ҳисоб меравад. Ин ваҷҳи иҷтимоӣ-маънавӣ буда, ба ҷавонписарон ва ҷавондухтарон хос мебошад. Дар боби 4-уми Қонуни асосии мо гуфта шудааст, ки ҷавонписарон ва ҷавондухтарон натанҳо ба меҳнат, инчунин ба интихоби касб машғулияти дилхоҳ корҳое, ки қобилияти тайёрии касбӣ, маълумот ва ба ҳисобгирии талаботи ҷамъиятӣ дошта, ҳуқуқ доранд.
Худмуайянкунии ҷавонон дар як вақт худмаҳдудкуниро ба вуҷуд меорад. Ҷавонон ягон касберо интихоб карда бо ҳамин аз дигар намудҳои фаъолият худро дур мекунанд.
Барои дуруст интихоб намудани касб, ки он ба шавқу ҳавас вобаста аст, ҷиҳатҳои иқтисодии оила, дараҷаи тайёрии таълимӣ ва ҳолати саломатӣ ва ғайраҳо саҳми муҳим мебозад. Он хонандае, ки таълимро дар мактабҳои махсуси касбӣ давом додани аст ё ба кор ба истеҳсолот рафтанӣ аст, бояд пешакӣ муайян намояд, ки ба кадом мактаби касбӣ ё ба кадом кор машғул мешавад.
Номер журнала Вестник науки №3 (84) том 4
Ссылка для цитирования:
Файзизода Ф. НАҚШИ РАВОНШИНОС ДАР ИНТИХОБИ КАСБ // Вестник науки №3 (84) том 4. С. 637 - 645. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22021 (дата обращения: 20.05.2025 г.)
Вестник науки © 2025. 16+
*