РУШДИ ИЛМ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ
Аннотация: Маҳз илм аст, ки њаќиќати ашёро собит мекунад ва дар ҷаҳонбинии инсон наќши муњимро мебозад. Назарияҳои илмии инсон дар таҷриба, аз тарафи муассиса ва созмонҳои илмии ҷаҳонї маъқул донисташуда, шоҳроҳи наҷоти таърихи њар фардро ва рушди мибаъдаи мунаввар карда метавонад. Аз ҳамин нуқтаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир бояд сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таври бояду шояд баланд бардорем. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд
Ключевые слова: илм, табиат, љомеа, рушд, мазмун, мутафаккир, омӯзиш, аср, давр, муосир, мантиқ, адабиёт.
Дар даврони атиқа то ба ҳанӯз маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии инсоният ба ҳисоб рафта, дар ин замина рушди илму маориф, омӯзиши илмҳои мухталиф ба вижа улуми дақиқ, аз худкуни техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илмӣ дар мақоми назаррас қарор дорад. Илм ҳамчун унсури шуури ҷамъиятии инсон ва инъикоси воқеии он дар табиат ягона ва тадбиқшаванда мебошад. Мувофиқи сарчашмаҳо ҳар як илм таърихи инкишофи худро дар масири таърих ба башарият нишон додааст. Роҷеъ ба давраҳои инкишофёбии илм ақидаҳои олимон гуногун аст, чунки дар ҳар сарчашмаҳои таърихӣ факт ва далелҳоро ба таври мухталиф нишон додаанд. Олимон ва мутафаккирон дар давраҳои қадим нисбати илм ва маориф аҳамияти ҷиддӣ медоданд [1, с.77].
Дар замони муосир бошад, донишҳои фарогирифтаи илмӣ васеъ гардида, зарурати ба соҳаҳои гуногун тақсим шудани илм ба миён омадааст. Айни замон дар ҷаҳон шахсе вуҷуд надорад, ки маҷмуи донишҳои илмиро фаро гирифта тавонад, чунки илмњои имрӯза ба аќидаи донишмандон, зиёда аз 15000 фанҳои алоҳидаро дарбар мегирад. Аз рӯ, хусусият илм ва соҳаҳои таҳқиқии онро ба ду гурӯҳ: табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҷудо менамоянд. Ба гуруҳи илмҳои ҷомеашиносӣ фалсафа, таърих, ҳуқуқ, адабиёт, санъат, этика, эстетика, педагогика ва ғайраҳо дохил мешавад. Ба гуруҳи илмҳои табаиатшиносӣ бошад: физика, нуҷум (астрономия), химия, биология, тиб, геология, география, математика ва монанди инҳоро фаро мегирад.
Дар рафти омӯзиши таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва қонунияти умумии табиат, фарзияҳои илмии таърихӣ нишон медиҳад, ки дар байни илмҳои табиатшиносӣ аз ҳама пештар нуҷум (астрономия) инкишоф ёфтааст. Ин вобаста ба он мебошад, ки одамон дар ибтидо ба офтоб, моҳтоб, сайёраву ситораҳо мароқ зоҳир намуда, вобаста ба ин муайян намудани вақт доири тағийрёбии шабу рӯз, роҳҳои сайругаштро дар баҳр ва хушкӣ аз рӯи онҳо муайян мекарданд. Илмҳои дигаре, ки дар баробари астрономия инкишоф ёфтааст ин математика ва физика мебошад, таърихи пайдоиши математикаро риёзидони бузурги шӯравӣ А.Н. Колмагоров (1903-1987) ба чор давра тақсим менамояд: 1) пайдоиши математика, 2) математикаи элементарӣ, 3) ба вуҷуд омадани ҳисоби бузургиҳои тағийрёбанда, 4) математикаи муосир. Баъд аз пайдоиши математика илми дигари табиатшиносӣ ки аксари қонунҳои табиатро бо тариқи таҷриба исбот менамояд ва қисми зиёди он ихтироотҳое, ки дар техника ва техналогияҳо аз ҷумла дар замони муосир ҷой дорад маҳз бо қонунҳои физика асос меёбанд, ки аз замони пайдоиш то ба имрўз ба се давраи инкишофёбї ҷудо намудан мумкин аст: 1. Давраи аввали инкишофи физика аз замони қадим то асри XVII ё худ аз замони Арасту то замони Нютон-ро дар бар мегирад. 2. Давраи физикаи классикӣ аз охири асри XVII то соли 1905 ва ё аз замони Нютон то давраи Эйнштенро дар бар мегирад. 3. Давраи физикаи муосир аз соли 1905 то замони муосир ё аз давраи Эйнштейн то физикаи имрӯзро дарбар мегирад. Дар замини ин илмҳо дигар илмҳои табиатшиносӣ ба монанди, кимиё, биология, геология, минералогия, физиологияи растаниҳо ва одам, геометрия, география, геодезия, тригонометрия ва ғайра ба вуҷуд омадааст. Олимон ва донишмандони кишвар аз кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигар олимон ва мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик дар кашфиётҳои илмҳои табиатшиносӣ - дақиқ тўли чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаистодаанд. Дар замони давлатдории қадимаи тоҷикон аниқтараш дар замони давлатдории Сомониён як қатор асарҳои илмӣ ва адабӣ эҷод намудаанд.
Абӯалӣ ибни Сино. (980-1037). Абӯалӣ ибни Сино дар тиб, фалсафа, мантиқ ахлоқ равоншиносӣ, риёзиёт, тасвири олам, кимиё, ботаника, забоншиносӣ ва дигар илмҳо асарҳои зиёде таълиф намудааст, ки он асарњои оламшумули ӯ «Китоб-уш-шифо», «Ал-қонун-фиттиб», «Донишнома» ва ғайра имрўз машҳури ҷаҳон гардидаст. Дар замоне, ки умри худро сипари намудааст, њамчун энсиклопедист шинохта мешуд. Ӯ асосан дар се соҳаи илм хизматҳои шоён кардааст: тиб, фалсафа ва адабиёт. Асари ӯ дар соҳаи тиб «Қонуни илми тиб» мебошад, ки энсиклонедияи тиббӣ маҳсуб ёфта, дар тўли асрҳо китоби рўимизии табибони Шарқу Ғарб мебошад. Аз 200 асари илмии Абӯалӣ ибни Сино 50 - тоаш ба фалсафа бахшида шудаанд, ки дар байни онҳо «Донишнома» ва «Китоб-уш-Шифо» ҷойи намоёнро ишғол менамоянд. Дар соҳаи адабиёт ҳам як қатор асарҳо навиштааст, ки характери фалсафӣ, тиббӣ ва этникию ахлоқӣ дорад. Фалсафа ба ақидаи Абӯалӣ ибни Сино илм дар бораи масъаањои ҳастӣ мебошад. Вай фалсафаро ба се қисм яъне, физика (таълимот дар бораи табиат), мантиқ (илм дар бораи роҳи донистани табиат ва инсон) ва метафизика (илм дар бораи роҳи донистани ҳастӣ) тақсим мекунад. Абӯалӣ ибни Сино яке аз донандагони хуби фалсафаи Арасту буд. Ҳамчун олим, табиб ва табиатшинос ӯ мавҷудияти объективии табиатро эътироф мекард. Муҳаммад Абубакри Розӣ (Закариёи Розӣ солҳои 864-925). Закариёи Розӣ яке аз машҳуртарин олимони замони худ буд. Ӯ оид ба фалсафа, тиб, кимиё як қатор асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Асарҳои машҳури ӯ «Тибби руҳӣ», «Сиратул фалсафа», «Қонунҳои табии фалсафа», «Мулоҳизаҳо дар бораи вақт ва фазо» мебошанд, ки дар онҳо таълимоти фалсафии худро баён кардааст. Баъдтар мутафаккирони бузурги Авропа Голбах, Гелветсий ва Фейербах дар ин бора муҳокимаронӣ кардаанд [2, с.65].
Файласуфи маъруфи дигари он замон Ал-Форобӣ (Абунаср Муҳаммад ибни Тархон Форобӣ солҳои 870-950) буд. Ӯ математик табиб ва файласуфи бузурги замонаш ба шумор мерафт. Вай тафсиргари асарҳои Арасту буд, ки ӯро бо лақаби «шореҳ» ва «тафсиргар» мешинохтанд. Мутафаккир масъалаи асосии фалсафаро ба таври идеалистӣ ҳал карда буд. Мисли дигар мутафаккирони асримиёиагӣ Форобӣ Худовандро сабаби асосии ҳастии олам мешуморид. Олами моддӣ, ба ақидаи Форобӣ аз шаш унсур иборатанд: элементҳои оддӣ, минералҳо, растаниҳо, ҳайвонҳо, инсон ва ҷирмҳои осмонӣ. Вай чунин мешуморид, ки сарчашмаи дониш органҳои ҳис мебошанд ва он чизе, ки дар олам њаст инсон онро дониста метавонад.
Дигар олими машҳури асри IX-и тоҷик Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо-ал-Хоразмӣ буд. Ӯ асарҳояшро асосан дар академияи илмҳои Бағдод эҷод кардааст. Ал-Хоразмӣ ба илми риёзии ҷаҳонӣ тартиби ҳисобкунии ҳиндӣ ва асосҳои алҷабрро дохил намуд. Дар соҳаи нуҷум Хоразмӣ љадвалҳои пурқимате тартиб дода буд, ки онҳо асоси корҳои илмии ситорашиносони баъдинаи ҷаҳон гардидааст. Ӯ илми алгебраро ҳамчун шохаи нави математика ба вуҷуд овард. Ал-Хоразмӣ ҳамчун табиатшиносї машҳур якчанд асарҳо, махсусан «Ҷадвалҳои астрономӣ» «Нишонаҳои шакли замин», «Рисолаи соатҳои офтобӣ»-ро навишт, ки онҳо баъдтар ба забони лотинӣ чоп шуда, мутафаккирро дар Ғapбy Шарқ машҳур гардонид. Асарҳои ў дар ташаккули тафаккури фалсафии мутафаккирони ояндаи ҷаҳон кўмаки калон расонидаст. Олими машҳури соҳаи кимиё Ҷобир ибни Ҳайан (Гебер) - ро дар Ғарб падари химия медонанд. Асарҳои Абубакри Бухороӣ «Њидоят-ул-мутаалллимин», «Китоби набз» ва «Китоби ташриҳ» («Анатомия») бо забони тоҷикӣ иншо шуда, ба анатомия, физиологияи одам ва касалиҳою усулҳои табобати онҳо маълумотҳои умумӣ медиҳад. Олимони дигари соҳаи тиб ва кимиё Ҳаким Майсарӣ, Абумансур ал - Хиравӣ ва дигарон буданд, ки сарвари онҳо Абуалӣ ибни Сино буд [3, с.125].
Дар ин давра аз ҷиҳати таърихи дуру дароз дар бораи табиати зинда ва пайдоиши он фикру ақидаҳои зиёд вуљуд доштанд. Масалан, ѓояи инкишофи табиати зиндаро дар асарњои материалистони дунёи ќадим, аз љумла, Њиндустон, Чин, Миср, Юнон ёфтан мумкин аст. Дар аввали њазораи якуми то мелод дар Њиндустон мактабњои фалсафие фаъолият доштанд, ки ѓояи инкишофи олами зиндаро аз материя эътироф мекарданд. Дар ин кишвар дар охири њазорсолаи якуми то мелод, назарияи табдилёбии як мављуди зинда ба дигараш вуљуд дошт. Донишњои дар ин мамлакатњо љамъшуда минбаъд ба пешрафти илм дар Юнони ќадим, Рим ва кишварњои дигар таъсир расонидаанд. Яъне дар давраи тамаддуни Шарќи ќадим инсоният дар масъалаи фањмиши табиати зинда ќадами бузурге ба пеш нињод. Дар Чин ва дигар мамлакатњои Шарќ тасаввурот дар бораи табиати зинда дар алоќаманди ба илми тиб тараќи мекард. Дар Юнони ќадим нахустин донишњои илми дар бораи табиат, дар асарњои файласуфони асри VIII – VI пеш аз мелод, ки онњо табиатшинос низ буданд, пайдо шудааст. Њамин тариќ, дар дунёи ќадим доир ба биология маълумоти зиёд вуљуд дошт. Аммо омўзиши илмњои табиатшиносї, аз чумла олами њайвонот, аз асри IV то мелод оѓоз ёфт ва он ба мутафаккири бузурги Юнони ќадим Арасту тааллуќ дорад [4, с.133].
Арасту олами њайвонотро омўхта, зиёда аз 500 намуди онњоро тавсиф ва аз руйи тартиби муайян (аз содда ба мураккаб) овардааст. Арасту 4 китоби калон ва 11 рисолаи биологї навиштааст, ки тамоми донишњои он давраро дар соњаи биология љамъбаст менамояд. Бинобар ин, Арастуро асосгузори илми биология њисобидан мумкин аст. Арасту олами њайвонотро ба ду гурўњ – њайвоноти хундор (аз руйи таснифоти њозира – њайвоноти сутунмўњрадор) ва њайвоноти бехун (њайвоноти бесутунмўњра) чудо кард. Асарњои Арасту дар даврањои асримиёнагї дастури асоси њисоб мешуданд. Баъзе мамлакатњои Шарќи наздик (Миср, Ироќ, Сурия ва Осиёи Маркази, Эрон, Афѓонистон) аз марказњои ќадимтарини илму маърифат буданд.
Дар асрњои IX – XIII Абубакри Розї, Абурайњони Берунї, Ибни Сино, Умари Хайём, Насириддини Тусї ва дигарон як ќатор масъалањои умиминазариявии илмиро њал кардаанд. Масалан, Берунї ва Ибни Сино заминро омўхта, ба хулосае омаданд, ки ин сайёра доимо дар тағйирот аст. Ба фикри онњо он љое, ки њоло инсон обод кардааст, як ваќтњо биёбон ва њавзањои бањру дарёњо буданд ва баръакс, он минтаќањое, ки шукуфон буданд, ба дашту биёбон ва њавзаи бањру дарёњо табдил ёфтанд. Далели ин дар ќабатњои замин ёфтани боќимондањои љонварони бањрї мебошад. Ба аќидаи Ибни Сино санг, ё дар натиљаи аз гармии офтоб сахт шудани гили часпон, ё бо сабаби хушк шудан аз таъсири гармии чизи дигаре ба вуљуд омадаанд. Кўњњо, водињо, дарбандњо бошанд, дар натиљаи заминларза бо таъсири харобиовари обу њаво ба вуљуд омадаанд [5, с.96].
Ибни Сино илми фалсафаро аз Абуабдуллоњи Нотилї омўхтааст, аслан ў ба фалсафа ва тиб шавќ дошт. Ў дар сини 16 - солагї алакай њамчун табиби машњур ном баровард. Хулоса илмњои замонашро то 18- солагї аз худ кард, дар айни замон, бо тибби амалї машѓул шуда, аз омўхтан њељгоњ боз наистод. Ба саволи фалсафа чиро меомўзад ў чунин посух дода буд: Фалсафа кули масъалањои њастиро меомўзад.
Дар «Донишнома» - худ Ибни Сино аз аслњо ва нуктањои панљ илмњои њикмати пешиниён маълумот гирд меоварад: илми мантиќ, ки илми тарозуст, илми табииёт, ки илми он чизњоест, ки ба њис бишояд дидан ва андар љунбишу гардишанд, илми њайату нињоди олам ва њоли сурати љунбиши осмонњою ситорагон, чуноне ки боз намудаанд, ки чун бишоист њаќиќати он донистан ва чањорум илми мусиќї ва боз намудани сабаби созу носози овозњо ва нињодани лањнњо ва панљум илми он чї берун аз табиат аст.
Дар риштаи илми мантиќ донистанро ба ду навъ људо мекунад: андардонистан (тасаввур) ва гаравидан (тасдиќ). Илми мантиќ илм аст, ки андар вай падид шавад њоли дониста шудани нодониста ба дониста, ки кадом бувад, ки ба њаќиќат бувад ва кадом бувад, ки наздик ба њаќиќат бувад ва кадом бувад, ки ѓалат бувад ва њар яке чанд гуна бувад.
Илми мантиќ илми тарозуст ва илмњои дигар илми суду зиён аст. Лафзро низ Сино ба ду навъ: муфрад ва мураккаб људо мекунад.
Оид ба улуми илоњиёт ибрози андеша карда, Сино ќайд мекунад, ки њар илмро чизе њаст, ки андар он илм аз њоли вай огоњї љўянд. Ва чизњо ду гуна аст: Яке он аст, ки њастии вай ба феъли мост ва яке он аст, ки њастии вай на ба феъли мост. Яке кирдорњои мо ва дуввуми замину осмон ва њайвону набототро меомўзад. Якумиро илми амалї ва дуюмиро илми назарї гўянд.
Илми амалї се гуна аст: тадбири оми мардум. Он низ ду навъ аст: яке чи гунагии шароеъ ва дуюмї чи гунагии сиёсатро меомўзад. Илми дигар тадбири манзил аст. Сеюм илми худ аст, ки мардум ба нафси хеш чї гуна бояд, ки бувад.
Њаракатро ў ба маънои таѓирёбии умумї мефањмад. Сино њаракатро ба се навъ људо мекунад:
Њаракати аразї
Њаракати касрї
Њаракати табиї
Њаракаи аразї њаракати љисмест, ки он дар даруни љисми дар њаракат буда, ќарор гирифтааст.
Њаракати касрї (маљбурї) њаракатест, ки тавассути таъсири ќувваи беруна ба амал меояд. Масалан, њаракати санги њавододашуда чунин аст.
Њаракати табиї – њаракатест, ки сабаби он дар худи табиати љисм аст, яъне сарчашмаи њаракати табиї дар худи љисм аст. Масалан, шўъла гирифтани оташ, ба замин майл кардани љисми вазнин ва ѓайра.
Нуќтаи назари Абўалї ибни Сино оид ба «майл» хеле љолиб аст. Ба аќидаи ў «майл» ќувваест, ки љисми мутањаррик аз муњаррик мегирад ва љисм то тамом шудани майл њаракати худро давом медињад.
Абўалї ибни Сино ба њастии объективии макону замон (фазову ваќт) ќоил аст. Ба аќидаи ў љисмњо дар дохили фазову ваќт ќарор гирифтаанд, фазову ваќт шароити зарурии олами моддї мебошанд. Сино аќидаи шахсонеро, ки њастии фазову ваќтро инкор мекарданд ё фазову ваќтро аз љисм људо тасаввур менамуданд, танќид карда менависанд, ки фазою ваќт људо аз љисм вуљуд надоштанд.
Њамин тавр, Ибни Сино ва Берунї дар шарњи таѓйироти замин ба мављудияти тањаввулот (эволютсия) дар табиат бовари доштанд. Яъне ин мутафаккирон инкишофи табиию таърихии табиатро эътироф мекарданд. Ибни Сино њаёт, марг, саломатї, беморї ва дигар њолатњои физиологии организми зиндаро чун равандњои табии шарњ медод. Вай организми инсонро «аз гањвора то ба гур» дар таѓйиру табдилёбї шуморида, инро натиљаи таъсири омилњои гуногуни физиологї ва шароити мухити беруна медонист. Ў ба алоќаманди ва вобастагии тамоми гурўњњои олами зинда бовари дошт. Ибни Сино дар асарњояш дар бораи наботот ва њайвонот маълумоти зиёд овардааст. Умари Хайём дар љањонбинии илмиаш Арасту ва Ибни Сино - ро пайрави мекард. Бояд гуфт, ки биология њамчун илм дар дунёи ќадим ва асрњои миёна вуљуд надошт. Тасаввуроти одамон дар бораи табиати зинда зери таъсири хурофот буд. Дар Аврупо муносибат ба илм, аз љумла ба биология, аз асри XV сар карда ба кулли таѓйир ёфт. Ин давра дар илм бо номи давраи Эњё машњур аст. Дар ин давра дар Аврупо ба љойи љамъияти феодалї, љамъияти нав – љамъияти сармоядорї арзи њастї пайдо кард. Шањрњои нав бунёд ёфта, корхонањои саноати барпо карда мешуданд. Барои ба кор даровардани корхонањо ашёи хом зарур буд. Маълумот дар бораи набототу њайвонот тадриљан зиёд гашта, навъњои серњосил ва пурмањсули наботот ва чорво ба вуљуд оварда мешуданд. Олимон намудњои нави набототу њайвоноти номаълумро кашф карда, бо маќсади амали кардан намудњои зараррасон ва фоидарасонро муайян месохтанд [6, с.213].
Дар замони имрӯза таъсири тамаддуни башарї дар биосфера ба љое расидааст, ки зиндагонии инсонро бе дарки ягонагии ӯ бо табиати атроф тасаввур кардан ғайри имкон аст. Буҳрони экологӣ, ки инсонро амалан дар маҳалли фалокат қарор додааст, пеш аз ҳама ба сабаби дар ҷамъият ба таври зарурӣ густариш наёфтани донишҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Чунин фазои холии илмию фарҳангӣ дар навбати худ барои қабули қарорҳои бемасъулиятона, истеҳсолоти беназорат барои таъмини эҳтиёҷоти инсоният ва зараррасонӣ ба табиати атроф замина гузошт. Сабаби асосии буҳрони экологӣ на ин ки илм, балки ноқисии тасаввуроти воқеии илмӣ дар бораи одаму олам мебошад. Аксарияти одамон ҳоло ҳам дар олами геосентрӣ ва механикӣ зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд ё намехоҳанд ба моҳияти падидаҳои ғайриодии заминию осмонӣ сарфаҳм раванд. Бинобар ин, ташаккул додани ҷаҳонбинии дуруст, ки бояд ба марҳилаи ҳозираи рушди тамаддун мувофиқат намояд, њол он ки омўхтани он барои инсоният аҳамияти аввалиндараҷа дорад [7, с.42].
Дарвоқеъ, донишҳои табиатшиносӣ оид ба сохтори олам ва ҷои инсон дар он тасаввуроти бунёдӣ медиҳанд ва аз ин ҷиҳат омӯзиши табиатшиносӣ ва гуманитарӣ бояд ҷузъи муҳими маърифати умумии донишҷӯёни дигар ихтисосҳо низ бошад. Ин донишҳо ба тайёрии таҳсилоти умумии донишҷӯён ва фаъолияти минбаъдаи ихтисосии онҳо метавонад, кӯмак намоянд. Дар замони мо, ки илмҳои табиатшиносӣ ба соҳа ва ихтисосҳои гуногун тақсим карда шудаанд ва ҳар як мутахассис бо забони худ ҳарф мезанад, масъалаи ҷаҳонбинии васеъ мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро фақат ҷаҳонбини том аст, ки ба дарки моҳияти одаму олам ва қонуниятҳои инкишофи тамаддуну табиат дар ҳамбастагии бунёдии онҳо заминаи қавӣ ва самарабахш ба вуҷуд меоварад. Ҳаёти моро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан душвор аст. Дар ҳама давру замон илм дар рушди кишварҳо нақши калидӣ дорад.
Бидуни шак, имрӯз илм ё технология ба муҳаррики рушди таърихии ҷомеа табдил ёфта, ба ихтиёри одамон қувваи бузургеро гузоштанд, ки барои якбора зиёд кардани миқёси фаъолияти дигаргунсозиҳои онҳо имконият дод. Инсон муҳити табиии зисти худро куллан тағйир дод, тамоми сатҳи замин ва биосфераро омӯхт ва «табиати дуюм» — муҳити сунъии зисти худро эҷод намуд, ки он барои ӯ на камтар аз муҳити табиӣ аҳамият дорад.
Табиатшиноси бузурги шӯравӣ В. И. Вернадский дар зимни тасдиқи ин ҳақиқат гуфта буд: тавассути илм ва техника инсон ба қувваи махсуси геологӣ табдил ёфт. Чаро ки инсон тамоми сатҳи заминро дигаргун сохт ва ҳатто ба биосфера таъсири амиқ гузошт. Илова ба ин, инсон дар сурате инсони ҳақиқӣ мегардад, ки аз тариқи эҷодкорона азхуд кардани мерос бо наслҳои гузаштаи одамон дар радифи ҳамбастагии таърихию фарҳангӣ қарор дошта бошад. Мақсади асосии ҳар гуна илм ба низом овардани ҳодисаҳои мураккаби дар олам рӯйдиҳанда ё ба тартиб овардани чизест, ки маҷмӯи онҳоро табиат меноманд. Вале бояд ба назар гирифт, ки усули илмӣ танҳо яке аз тарзҳои хоси донистани табиати одаму олам аст. Ниҳоли илм дар замини фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мерӯяд. Ва аз ин маънӣ илм, фарҳанг ва ҷомеа дар ваҳдати ботинӣ қарор доранд.
Ба ин далели таърихӣ ҳамбастагии илм ва маорифро низ афзудан мебояд, ки самаранокиашро таҷрибаи тамаддуни аврупоию амрикоӣ собит кардааст. Ин таҷрибаи муҳиму муфиди таърихию фарҳангиро бояд ба пуррагӣ омӯхт ва дар кишвар ҷорӣ намуд, зеро пайванди пажӯҳиш бо омӯзишу парвариш барои ташаккули кадрҳои соҳибтафаккур мусоидат мекунад. Аслан, чунонки таҷрибаи педагогӣ нишон медиҳад, дар он муассисаҳои таҳсилотӣ, ки он ҷо ба таҳқиқоти илмӣ машғул нестанд, гирифтани маълумоти ҳозиразамонро ҳам чашмдор будан ғайриимкон аст [8, с.66].
Аз ин рӯ, маҳз илми мутараққӣ ҳаққи маънавӣ дорад, ки дар ҳастаи ҷаҳонбинии муосир қарор гирад. Ва маҳз назарияҳои илмии дар таҷриба собитшуда ва аз тарафи муассиса ва созмонҳои илмии ҷаҳони маъқул донисташуда, шоҳроҳи наҷоти таърихи ва рушди мибаъдаи одамизодро мунаввар карда метавонад. Пас чӣ бояд кард?! Маҳз, аз ҳамин нуқтаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир бояд сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таври бояду шояд баланд бардорем. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои илмӣ ташвиқ намоянд, то қобилияти эҷодии онҳоро тақвият ёбад ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Маҳз, ҳамин омилро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, даќиќ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, чунки танҳо ҷаҳонбинии илмӣ бо донишҳо ва тафаккури техникӣ метавонад, мусаллаҳона алайҳи ҳама гуна буҳронҳо раќобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад. Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиќ гузоштаанд. Маълум мегардад, ки танҳо инсони бофарҳанг ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад. Мо бо гузашти замон фаҳмида истодаем, ки дараҷаи рушди олами маънавиямон дар биосфера дигар ба шароити ҳаёти ҷомеа мутобиқат намекунад, фаҳмиши мо бошад, барои бартараф сохтани мушкилоти тараққиёт кифоягӣ намекунад. Номутобиқатии фаъолияти инсон чун ҷинси биологӣ ба қонунҳои умумие, ки инкишофи биосфераро идора мекунанд, торафт аён гардида истодааст [15, с.103].
Амалӣ намудани ин иқдоми созандаву бунёдкорона ва таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу худшинос, тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад. Мо бояд омӯзиши муқаддимаи илмро аз боғчаи кӯдакон шурӯъ намуда, дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омӯзиши асосҳои илмӣ барои тамоми соҳаҳо ва ихтисосҳо ба роҳ монем, стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимиро ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва инчунин гуманитарӣ таҷдиди назар намоем. Муассисаҳои таълимиро бо асбобҳои аёнӣ ва лавозимоти озмоишгоҳии муосир таъмин созем, муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуда, мазмуну моҳияти омӯзиш, пажӯҳиш ва дарки ҳодисоти табиат дар асоси консепсияи ягонагии инсону табиат ва талаботи муосир сурат гирад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 3 (84) том 5
Ссылка для цитирования:
РУШДИ ИЛМ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ // Журнал «Вестник науки» от 28 марта 2025 г. № 3 (84) том 5. С. 683 - 695. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22104 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22104
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
