БАЪЗЕ ПЕШНИЊОДЊО ОИД БА ТАКМИЛИ КОДЕКСИ МЕЊНАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
Аннотация: Дар маќолаи мазкур баъзе пешнињодњо оид ба такмили Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон бо назардошти андешаи олимон ва тадбиќи мукарроти ќонунгузории мењнатї мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Ба андешаи муаллифон дар ваќти омода намудани лоињаи Кодекси мењнат дар тањрири нав олимон андешањои худро оид ба мукаммалнамоии он пешнињод намуда буданд. Бо ин нигоњ накарда таљрибаи панљсолаи тадбиќи меъёрњои Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон баъзе аз нуќсонњоро ошкор намуд, ки зарурати таъѓйиру иловањоро дар он бамиён овардаанд. Аз љумла, муаллифон дар ин маќола асоснокї ва зарурати таѓйиру иловањоро ба моддањои 1, 42, 51, 69, 96, 97, 114, 117, 146, 219, 236 Кодекси мењнатии Љумњурии Тољкистон пешнињод намуда, ба кодекс илова намудани боби 28 (1) (Хусусияти танзими мењнати омўзгорон)-ро сариваќтї арзёбї мекунанд
Ключевые слова: кодекси мењнат, Љумњурии Тољикистон, шартномаи мењнатї, роњбари ташкилот, кормандон, ќатъ намудани шартномаи мењнатї, воњиди кории кормандон, барњам хўрдани ташкилот, ќатъ гардидани фаъолияти корфармо.
Ќонунгузории мењнат соњаи мустаќили њуќуќ ва ќонунгузории Тољикистон мебошад, ки муносибатњои байни кормандон ва корфармоён, инчунин дигар муносибатњои ба онњо алоќамандро танзим мекунад. Таъминоти њуќуќии муносибатњои мењнатї бевосита бо Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, инчунин дигар санадњои меъёрии њуќуќие, ки дарбаргирандаи меъёри њуќуќи мењнат мебошанд, ба танзим дароварда мешаванд. Мављудияти ќонунгузории мењнат барои муќаррар намудани кафолатњои давлатии њуќуќ ва озодињои шањрвандон, фароњам овардани шароити мусоиди кор ва муњофизат аз бекорї, њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии кормандон ва корфармоён зарур аст. Барои амалї намудани самтњои ин фаъолият назорати риояи ќонунгузории мењнат ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии дорои меъёрњои њуќуќи мењнат зарур аст.
Дар баробар ин мушкилоти ќонунгузории мењнат гуногунанд ва метавонанд њуќуќу манфиатњои корманд ва корфармоён халалдор намоянд. Чунки ќонун ин меъёри шахшуда, яъне догма нест, бо пайдо шудани муносибатњои нави љамъиятї, таъѓйир ёфтани муносибатњои љамъиятї таъѓир меёбанд ва аз нав ќабул мешавад.
Кодекси мењнат бо маќсади дар санадњои ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба таври илова муќаррар намудани шароити мењнат, шуѓл ва кафолати иљтимої бастани созишнома ва шартномањои коллективиро пешбинї менамояд. Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон асосњои сиёсати давлатиро дар соњаи муносибатњои мењнатї муайян намуда кафолати давлатии њуќуќи мењнатии шањрвандонро муќаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатњои ќонунии кормандон, корфармоён ва давлат равона шудааст. Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон љињати ба танзим даровардани муносибатњои мењнатї аввалин маротиба дар давраи Истиќлоли давлатї 15-уми майи соли 1997 [1] ќабул гардида то санаи 23-юми июли соли 2016 (бо 13 маротиба ворид намудани таъѓйиру иловањо [2]), яъне то ќабул шудани Кодекси нави мењнати Љумњурии Тољикистон [3] амал намуд. Бо пайдо шудани муносибати нави љамъиятї зарурати дар тањрири нав ќабул намудани Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон бавуљуд омад. Кодекси нав ќабул гардида аз бисёр љињат, аз љумла, вобаста ба сохтор, танзими мукаммали муносибатњои нави љамъиятї дар соњаи мењнат аз кодекси ќаблї фарќ мекунад. Бо ќабул шудани Кодекси нав ду ќонуни соњавї Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 19 майи соли 2009, №517 «Дар бораи њифзи мењнат» [4] ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июли соли 2006, №202 «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномањо ва шартномањои коллективї» [5] аз эътибор соќит дониста шуда, муносибатњои љамъиятие, ки ин ќонунњо ба танзим медароварданд, бо муќаррароти Кодекси нав ба танзим дароварда шуданд. Дар умум маќсади дар тањрири нав ќабул намудани Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон бартараф намудани хатогию нофањмињо, ислоњи меъёрњои ба њам мухолифи ќонунгузорї ва ба танзим даровардани муносибатњои танзимнашуда дар соњаи мењнат мебошад.
Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ бо роњбарону фаъолони Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Љумњурии Тољикистон санаи 24-уми октябри соли 2019 оид ба ин санад иброз намуданд, ки «бо дарназардошти рушди иќтисодиёти кишвар, ба вуљуд омадани муносибатњои нави мењнатї, таќвият бахшидани њифзи иљтимої ва роњандозї намудани дигар тадбирњои иловагї соли 2016 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав ќабул гардид, ки раванди муносибатњои мењнатї бояд бо риоя ва дар доираи ин санад ба танзим дароварда шаванд»[6].
Дар ваќти омода намудани лоињаи Кодекси мењнат дар тањрири нав олимон андешањои худро оид ба мукаммалнамоии он пешнињод намуда буданд [7, 138-143]. Бо ин нигоњ накарда таљрибаи панљсолаи тадбиќи меъёрњои Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон баъзе аз нуќсонњоро ошкор намуд, ки зарурати таъѓйиру иловањоро дар он бамиён овардаанд.
- Дар сархати 72 ќисми 1 моддаи 1-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон калимаи «(ќарордоди)» дар мафњуми шартномаи мењнатї дарљ шудааст, аммо дар 365 моддаи дигари Кодекс ин калима истифода намешавад, инчунин дар муќаррароти боби 3, ки ба шартномаи мењнатї бахшида шудааст ва моддањои 24, 25, 26 ва дар дигар моддањои он ибораи «(ќарордод) » пешбинї нашудаву шарњ дода нашудааст. Аз ин рў зарур аст, ки ин калима - (ќарордоди) аз сархати 72 ќисми 1 моддаи 1-и Кодекс хориљ карда шавад.
Тањлили сохтори Кодекси мењнатии Љумњурии Ќазоќистон нишон дод, ки дар 5 фасл, 23 боб ва 204 модда калимаи «ќарордод» умуман вуљуд надорад [8].
Мо љонибдори андешаи Л.А. Сироватская мебошем, ки иброз намудааст: «байни ќарордод ва шартномаи мењнатї фарќе нест, ин мафњумњо њаммаъноянд. Барои људо намудани ќарордод ягон асоси ќонунї вуљуд надорад» [9, 879].
- Дар моддаи 51 ва 170 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон мухолифат дар пардохти иловапулї ба роњбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро иљро мекунанд њангоми иваз шудани молик дида мешавад. Њангоми ќатъ намудани шартнома бо роњбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро иљро мекунанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик мутобиќи моддаи 170-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон уњдадор аст ба њар кадоми онњо на камтар аз музди мењнати шашмоња љубронпулї дињад. Вале тибќи моддаи 51-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи мењнатї њаљми кумакпулї њангоми аз кор рафтан набояд аз се маоши миёнаи моњонаи корманд камтар бошад. Кумакпулї њангоми ќатъ шудани шартномаи мењнатї (моддаи 51-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон) бо ташаббуси корфармо дар њолатњои бекор кардани шартномаи мењнатї бо асоси пешбиникардаи сархатњои якум, дуюм, панљум, понздањум ва шонздањуми ќисми 1 моддаи 42-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон. Сабаб дар он аст, ки дар сархати 2 моддаи 42 Кодекси мењнат чунин муќаррарот љой дорад: «ќатъ намудани шартномаи мењнатї бинобар иваз шудани соњибмулк, њангоми ошкор гардидани номувофиќатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишѓолкардааш ё кори иљро мекардааш дар натиљаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани њамин кор халал мерасонад, агар ин номувофиќатии корманд дар натиљаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббї тасдиќ шуда бошад».
Дар банди 4, ќисми 1 моддаи 81 Кодекси мењнатии Федератсияи Россия чунин муќаррарот љой дорад: «4) иваз шудани соњибмулки амволи ташкилот (нисбати роњбари ташкилот, муовинони ў ва сармуњосиб)». Ин модда ба бекор кардани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо таалуќ дошта, номувофиќии корманд ба мансаби ишѓолкарда ё кори иљрошаванда бинобар нокифоягии ихтисос, ки бо натиљаи аттестатсия тасдиќ шудааст алоњида дар банди 3 муќаррар шудааст [10].
Аз ин рў, бањри бартараф намудани ихтилофот байни меъёрњои моддањои 51 ва 170 Кодекси мењнатии Љумњурии Тољикистон пешнињод менамоем, ки ибораи «бинобар иваз шудани соњибмулк» аз сархати 2, моддаи 42 Кодекс хориљ карда шуда, муќаррароти зерин њамчун сархати 21 ба моддаи 42 Кодекси мењнат илова карда шавад: «- иваз шудани соњибмулки амволи ташкилот (нисбати роњбари ташкилот, муовинони ў ва сармуњосиб)».
- Сархати 1, моддаи 51-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ба ќисми 1, моддаи 169 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон мутобиќат намекунад. Зеро ба корманд њангоми ќатъ шудани шартномаи мењнатї кумакпулї дода мешавад. Дар моддаи 51-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дарљ шудааст, ки чунин кумакпулї набояд аз се маоши миёнаи моњонаи корманд камтар бошад. Аммо, дар моддаи 169 Кодекси мењнат омадааст, ки ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воњиди корї ё таѓйир ёфтани шароити мењнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатњои зерин дода мешаванд:
– кумакпулии аз корравї дар њаљми на камтар аз музди миёнаи якмоња,
– нигоњ доштани музди миёнаи якмоња дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моњи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо ќарори маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи мењнат ва шуѓли ањолї, агар корманд дар муњлати дањ рўзи баъди аз кор озод шудан сари ваќт ба ин маќомот мурољиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад.
Яъне агар корманди ихтисоршуда мутобиќи моддаи 169-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар давоми моњи дуюм ва ё моњи сеюм аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи мењнат ва шуѓли ањолї бо кор таъмин карда шавад, онгоњ аз љониби корфармо ба ў кумакпулї барои моњњои дуюм ва сеюм пардохт карда намешавад.
Аз ин рў, кумакпулї мутобиќи моддаи 51-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар њолатњои пурра барњам хўрдани ташкилот ё ќатъ гардидани фаъолияти корфармо, тибќи љумлаи 1 сархати якуми ќисми 1 моддаи 42, ки он метавонад камтар аз се моњ пардохт карда шавад. Бинобар ин зарур аст, ки дар сархати 1 моддаи 51-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон пас аз калимаи «якум» ибораи «(ба истиснои ихтисор шудани шумора ё воњиди кории кормандон)» илова карда шаванд.
- Дар сархати 2 банди 1 моддаи 51-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон иборањои «(сархати сеюми моддаи 48) ва (сархати чоруми моддаи 48)» хато навишта шудааст. Зеро њангоми ќатъ шудани шартномаи мењнатї, њангоми эътибори ќонунї пайдо кардани њукми айбдоркунандаи суд на сархати 3 балки сархати 4 мебошад, инчунин њангоми вафоти корманд на сархати 4 балки сархати 5-и моддаи 48-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон мебошад. Аз ин рў, зурур аст, ки бо назардошти ин хатогї раќами сархатњо дар банди 1, моддаи 51 Кодекси мењнатии Љумњурии Тољкистон дуруст карда шаванд.
- Дар моддаи 114, сархати 1-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон оварда шудааст, ки «Рухсатии иљтимої ба кормандон барои фаъолияти эљодї, њомиладорї ва таваллуд, нигоњубини кўдак ва тањсил бе људошавї аз истењсолот дода мешавад».
Дар ин меъёр мафњуми «бе људошавї аз истењсолот» чиро ифода мекунад, норавшан аст. Дар тамоми давраи рухсатињои иљтимої, аз љумла рухсатии њомиладорї ва таваллуд ва нигоњубини кўдак корманд аз кор озод аст ва ин давраи рухсатиро барои нигоњубини саломати худ, фарзанди дар батни ў буда ва фарзанди хурдсоли худ (расидан ба синни то 1.5 солагї ва ё 3 солагї) истифода менамояд. Дар дигар намудњои рухсатињои иљтимої, аз љумла рухсатии эљодї корманд бо нигоњ доштани љойи кору мансаб ин давраро барои навиштани корњои илмї сарф менамояд. Дар давраи рухсатии таълимї низ корманд бо нигоњ доштани љойи кор ин давраро барои иштирок намудан дар раванди таълим мегузаронад. Корманд чї тавр метавонад бе људошави аз истењсолот дар раванди таълим иштирок намояд. Барои мисол агар корманд дар дилхоњ корхонаю муассисаи шањри Хуљанди вилояти Суѓд кор ва фаъолият намояд њангоми сар шудани дарсњояш (маълумоти дуюми ѓоибона) чї гуна метавонад дар Донишгоњи миллии Тољикистон дар шањри Душанбе њам дар дарсњо ва њам дар кор ширкат намояд.
Тањлили Кодекси мењнатии Љумњурии Ўзбекистон далели он аст, ки муќаррароти «бе чудошавї аз истењсолот» ба рухстаии иљтимої вобаста намебошад. Аз љумла дар моддаи 149 Кодекси мењнатии Љумњурии Ўзбекистон муќаррар шудааст, ки: «Кормандон њуќуќ доранд аз рухсатињои иљтимоии зерин истифода мебаранд: барои њомиладорї ва таваллуд (моддаи 233), нигоњубини кўдак (моддањои 232, 234, 235), вобаста ба тањсил (моддањои 254 ва 256), рухсатии эъљодї (моддаи 258)» [11].
Бинобар ин ќонунгузорро зарур аст, ки бо роњи даровардани таъѓйиру иловањо ибораи «бе људошавї аз истењсолотро» аз сархати 1-и моддаи 114-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон хориљ намояд. Агар аз сархати 1-и моддаи 114-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ибораи «бе људошавї аз истењсолот» хориљ карда шавад, талаботи Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ба моддаи 40, сархати 1-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» ва ба сархати 3-и «Ќоидањои њисобкунии музди миёнаи мењнат барои пардохти рухсатињои мењнатї, кўмакпулї дар ваќти аз кор рафтан, кўмакпулї барои корношоямии муваќќатї ва дигар њолатњое, ки ба пардохти музди миёнаи мењнат алоќаманданд», ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 01.06.2007, №313 тасдиќ карда шудааст, мувофиќ мешавад.
- Манти банди 2 моддаи 117-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон бо матни худи номи модда ва банди 2 он мухолифат мекунад. Зарур аст, ки ќисми 2-и моддаи мазкур дар шакли зерин иваз карда шавад: «Дар њолати мазкур дар муњлати муќарраргардида ба кормад рухсатии муваќатии бемузд ё дар њолати мављуд будани мкониятњои молиявї нисфи музди миёнаи мењнат нигоњ дошта мешавад”.
- Ќисми 2 моддаи 142 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ба ќисми 1 моддаи 146-и кодекси зикргардида, вобаста ба музди мењнат мухолифат менамояд. Дар ќисми 2 моддаи 142-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон њиссаи доимии музди мењнат аз њиссаи соатбайъ ва ё моњонаи меъёрњои тарифї (маош) иборат аст. Аммо, дар моддаи 146 музди мењнат аз меъёрњои соатбайъ ва ё моњона ва маош аз рўи вазифа (мансаб) иборат мебошад. Яъне, дар як модда музди мењнат аз соатбайъ ва ё моњонаи меъёрњои тарифї (маош) иборат буда, дар дигар моддаи он бошад, музди мењнат аз меъёрњои соатбайъ ва ё моњона ва маош аз рўйи вазифа (мансаб) муќаррар шудааст.
Бинобар зарур аст, ки муќаррароти ќисми 1, моддаи 146 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикиистон ба муќаррароти ќисми 2 моддаи 142 Кодекс мутобиќ гардонида шавад.
- Дар моддаи 219-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ворид намудани таѓйирот зарур аст, ки маќсади он мутобиќ намудани моддаи мазкур ба моддањои 68 ва 71-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон мебошад. Пас аз ба тасвиб расидани Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав ба ташкилоту муассисањо аризаи занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд вобаста ба кам кардани ваќти њаррўзаи корї зиёд шудааст. Чунки дар асоси моддаи 219 Кодекси мењнат (Муќаррар кардани ваќти нопурраи корї барои занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд) корфармо уњдадор аст, дар асоси аризаи зани њомила ва дигар шахсони уњдадорињои оилавї дошта, ки кўдаки то чордањсола ё кўдаки маъюбро нигоњубин мекунанд, инчунин ба корманде, ки нигоњубини аъзои бемори оиларо мутобиќи хулосаи тиббї амалї менамояд, рељаи ваќти рўзи нопурраи корї ё њафтаи нопурраи корї муќаррар намояд. Моддаи 68 (Давомнокии кўтоњкардашудаи ваќти корї) Кодекси мењнат муќаррар менамояд, ки давомнокии ваќти кории кўтоњкардашуда ба шахсони зерин муќаррар карда мешавад: занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд. Тибќи моддаи 71 (Ваќти нопурраи корї) Кодекси мењнат бо созиши байни корманд ва корфармо њангоми ќабул ба кор ва дар давоми кор рўзи нопурра ва ё њафтаи нопурраи корї бо пардохти музди мењнат вобаста ба њаљми истењсол ё мутаносибан ба ваќти корї муќаррар карда мешавад.
Яъне дар моддаи 68 Кодекс њамчун кафолат ба занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд давомнокии ваќти кории кўтоњкардашуда бе кам кардани музди мењнат пешбинї шудааст, вале, дар моддаи 219 Кодекс бошад ба занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд, ваќти нопурраи корї муайян шудааст, аммо дар асоси моддаи 71 ваќти нопурраи корї бо пардохти музди мењнат вобаста ба њаљми истењсол ё мутаносибан ба ваќти корї муќаррар карда мешавад.
Пас аз мазмуни ин меъёрњо бармеояд, ки ба занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд дар як модда ваќти кори кутоњкардашуда бо нигоњ доштани музди мењнат ва дар дигар модда бошад ваќти нопураи корї бо назардошти њаљми кор пардохти музди мењнат кафолат дода шудааст.
Бинобар ин пешнињод менамоем, ки номи моддаи 219 аз «Муќаррар кардани ваќти нопурраи корї барои занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд» ба «Муќаррар кардани ваќти кории кўтоњкардашуда барои занон ва дигар шахсоне, ки уњдадорињои оилавї доранд» иваз карда шуда, дар дохили модда ибораи «рељаи ваќти рўзи нопурраи корї ё њафтаи нопурраи корї» ба ибораи «рељаи ваќти кории кўтоњкардашуда» иваз гардад.
- Бо маќсади мутобиќ намудани ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2002, №521 «Дар бораи Номгўйи истењсолот, сехњо, корњо, касбу вазифањое, ки шароити мењнати зарарнок ва вазнини кор дар онњо» барои рўзи кўтоњи кор ва рухсатии иловагии њарсола њуќуќ медињад, бо моддањои 69, 96, 97 ва 236 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон зарурати иваз намудани калимаи «Рўйхати» ба калимаи «Номгўйи» дар моддањои 69 ва 236 ба миён омадааст.
Дар моддањои 69 ва 236-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон калимаи «Рўйхати» ба калимаи «Номгўйи» иваз кардан зарур аст. Ќайд кардан зарур аст, ки ќарори болозикр дар асоси муќаррароти пешбинї намудаи моддањои болозикри Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ќаблї тањия ва ќабул шуда буд. Дар Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар ду моддаи он (моддањои 69 ва 236) ба љойи калимаи «Номгўйи» калимаи «Рўйхат» омадааст, ки ин њолат зарурат барои ворид намудани таѓйирот дар фасли муќаддима ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2002, №521 пеш омада истодааст.
- Зарур мешуморем, ки дар фасли III (Хусусияти танзими мењнати гурўњи алоњидаи кормандон) Кодекси мењнатии Љумњурии Тољикистон боби 28 (1) бо мазмуну муќарроти зайл илова карда шавад:
«БОБИ 28 (1). ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕЊНАТИ ОМЎЗГОРОН
Моддаи 288 (1). Њуќуќи машѓул шудан ба фаъолияти омўзгорї
- Ба фаъолияти омўзгорї шахсоне машѓул шуда метавонанд, ки дорои тањсилоти таълимии муайяне мебошанд, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст.
- Ба фаъолияти омўзгорї шахсони зерин машѓул шуда наметавонанд:
– шахсоне, ки аз њуќуќи машѓул шудан ба фаъолияти омўзгорї дар асоси санади судии ба ќувваи ќонунї даромада мањрум карда шудаанд,
– шахсоне, ки барои љиноятњои вазнин ва махсусан вазнини ќасдона содирнамуда, дорои доѓи судї бошанд,
– шахсоне, ки бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї ѓайри ќобили амал эътирофшуда,
– шахсоне, ки мубталои беморињое мебошанд, ки номгўйи онњо аз тарафи маќомоти ваколатдори соњаи тандурустї тасдиќ гардидааст.
Моддаи 288(2). Хусусияти бастан ва ќатън намудани шартномаи мењнатї бо кормандони муассисањои тањсилоти олї
- Шартномањои мењнатї барои ишѓоли вазифањои корманди илмию омўзгорї дар муассисањои олии омўзгорї метавонад ба муњлати номуайян ва ё ба муњлати муайянкардаи тарафњои шартномаи мењнатї баста шавад.
- Дар асоси озмун ишѓоли вазифаи илмию омўзгорї дар муассисањои олии таълимї, инчунин гузаронидан ба вазифаи корманди илмию омўзгорї боиси интихоб намудан љињати ишѓоли вазифаи муайян ва бастани шартномаи мењнатї мегардад.
- Озмун барои ишѓоли вазифаи корманди илмию омўзгорї аз љониби корманди мављуда, ки бо ў шартномаи мењнатї ба мўњлати номуайян баста шудааст, дар панљ сол як маротиба гузаронида мешавад.
- Бо маќсади нигоњдории раванди мунтазами таълим бастани шартномаи мењнатї барои ишѓоли вазифаи корманди илмию омўзгорї дар муассисаи олии таълимї бе интихоб шудан дар асоси озмун њангоми ќабул ба кор њамчун њамкор ва ё таъсис ёфтани Шўрои олимон дар муассисаи олии таълимї то оѓози он ба мўњлати на бештар аз як сол ва барои ишѓоли љойи кори корманди муваќатан њузурнадошта, ки тибќи ќонун љойи кораш нигоњ дошта мешавад, то баромадани ин корманд ба кор иљозат дода мешавад.
- Барои ишѓоли чунин вазифањо озмун гузаронида намешавад:
– вазифаи декани факултет ва мудири кафедра,
– вазифаи корманди илмию омўзгорие, ки занони њомиладор ишѓол намудаанд,
– вазифаи корманди илмию омўзгорие, ки занони дорои кўдаки то се сола ишѓолнамуда шартномаи мењнатиро ба муњлати номуайян бастаанд.
- Низомнома оид ба тартиби ишѓоли вазифаи илмию омўзгорї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї тасдиќ карда мешавад.
- Агар корманди ишѓолкунандаи вазифаи илмию омўзгорї тибќи шатномаи мењнатї ба муњлати номуайян басташуда аз рўи натиљаи озмун вазифаро ишѓол накунад ва ё хоњиши дар озмун иштирок карданро изњор накунад, дар ин маврид шартномаи мењнатї бо ў тибќи асосњои муќаррарнамудаи Кодекси мазкур ќатъ мегардад.
- Њангоми интихоби корманд тибќи озмун ба вазифаи пештар ишѓолнамудаи ў бо шартномаи мўњлатноки мењнатї шартномаи мењнатии нав метавонад баста нашавад, дар ин маврид шартномаи муњлатноки мењнатї бо ин корманд ба вазифаи муайян муњлати амали шартномаи пештар басташуда метавонад бо розигии тарафњо ба муњлати муайян на бештар аз панљ сол ва ё ба муњлати номуайян таѓйир ёбад.
- Њангоми гузаронидан ба вазифаи корманди илмию омўзгорї дар натиљаи интихоб дар асоси озмун мўњлати амали шартномаи мењнати бо корманд бо мувофиќаи тарафњо метавонад таѓйир дода шавад.
- То итмоми муњлати интихоб шудан тибќи озмун ки бо ќисми 3 моддаи мазкур пешбини шудааст ва ё дар муњлати шартномаи мењнатии муњлатнок бо маќсади тасдиќи мувофиќати корманд ба вазифаи ишѓолкардааш метавонад атесттатсия гузаронида шавад. Низомнома оид ба тартиби гузаронидани атесттатсияи кормандони ишѓолкунандаи вазифаи корманди илмию омўзгорї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї тасдиќ карда мешавад.
- Дар муассисањои олии таълимии давлатї вазифаи ректор, роњбари филиал (донишкада), декан ва муовинони онњо, мудири кафедраро мардони то 63-сола ва занони то 58-сола ишѓол карда метавонанд. Шахсони ишѓолкунандаи вазифањои зикршуда мардон баъди ба синни 63-солагї ва занон 58-солагї расидан бо розигии хаттии онњо ба кори дигар мувофиќи тахассус гузаронида мешаванд.
Моддаи 288(3). Давомнокии ваќти кории омўзгорон
- Барои омўзгорон ваќти кории кўтоњ на бештар аз 36 соат дар як њафта муќаррар карда мешавад.
- Сарбории таълимии омўзгор, ки дар шартномаи мењнатї пешбини шудааст, метавонад бо њадди болои мањдуд карда шавад агар дар низомномаи намунавии муассисањои таълимї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї тасдиќгардида, пешбини гардида бошад.
- Вобаста аз вазифа ва ё ихтисоси омўзгор бо назардошти хусусияти мењнати он давомнокии ваќти корї (меъёри соати омўзгорї барои андозаи музди мењнат) аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 288(4). Рухсатии асосии њарсолаи дарозкардашудаи пардохтшаванда
Ба омўзгорон рухсатии асосии њарсолаи дарозкардашудаи пардохтшаванда бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дода мешавад.
Моддаи 288 (5). Асосњои иловагии ќатъи шартномаи мењнатї бо омўзгор
Ба ѓайр аз асосњои пешбининамудаи Кодекси мазкур асосњои иловагии ќатъ намудани шартнома мењнатї бо омўзгорон инњо мебошанд:
– дар давоми як сол такроран даѓалона вайрон намудани оинномаи муассисаи таълимї,
– истифодабарии усули тарбиявї нисбати шахсияти таълимгиранда, тарбияшаванда, ки ба зўроварии љисмонї ва равонї вобаста аст,
– интихоб нашудан дар асоси озмун ба вазифа ва ё ба итмом расидани мўњлати интихобшавї ба озмун».
Ин пешнињод аз тањлили ќонунгузории мењнатии давлатњои хориља ва андешаи олимон манша мегирад. Аз љумла, дар Кодекси мењнатии Федератсияи Россия боби 52 бо фарогирии моддањои 331-336 ба танзими масоили хусусиятњои танзими мењнати омўзгорон бахшида шудааст [10]. Мо љонибдори андешае мебошем, ки «хусусиятњои фаъолияти омўзгорї, ки аз ѓамхории махсуси давлат дар бораи њифзи њаёт ва саломатии ноболиѓон иборат мебошад, далели он аст, ки мењнати онњо дар сатњи санади кодификатсионї пурра ва њаматрафа бояд танзим карда шавад» [12, 163-172].
Њамин тариќ, баъзе пешнињодњо оид ба такмили Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, ки мо пешнињод намудем барои боз њам мукаммал гардидани Кодекс ва бартараф намудани нуќсону мухолифатњои дохили он мусоидат хоњад намуд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2
Ссылка для цитирования:
БАЪЗЕ ПЕШНИЊОДЊО ОИД БА ТАКМИЛИ КОДЕКСИ МЕЊНАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1260 - 1274. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22333 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22333
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
