Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 13 апреля 2025 г.
  4. Научная статья № 154
Просмотры  173 просмотра

ОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАЊОИ ВОЌЕИИ ЉИНОЯТИ ДАР ХАТАР МОНОНДАН

Аннотация: Дар маќола баъзе масъалањои љинояти дар хатар монондан мавриди тањлил ќарор гирифтааст. Муаллиф вобаста ба шароити замони муосир хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокии љинояти мазкурро баррасї намуда, оид ба баъзе масъалањои воќеии ин љиноят тањлили илмї намудааст. Њолатњои бањсноки љинояти дар хатар монондан баррасї гардида, андешањои олимони ватанї ва хориљї оиди масъалаи мазкур мавриди баррасї ќарор гирифтааст

Ключевые слова: дар хатар монондан, муносибатњои љамъиятї, уњдадорї, љавобгарии љиноятї, шахсият, фард, њаёт ва саломатї.

Дар таъмин намудани њифзи њаёт ва саломатии шањрвандон иљрои ќонун мавќеи аввалиндараљаро касб намуда, танзимгари фазои мусоид дар њамаи муносибатњои љамъиятї ба њисоб меравад.

Дар раванди созмон додани љомеаи шањрвандї наќши «ќонунгузорї, эњтиром, риоя ва иљрои он нињоят бузур аст. Аз ин рў, таъкид кардан ба маврид аст, ки ќонун бояд меъёри муайянкунандаи рафтори њаррўзаи шахс, фаъолияти ташкилоту муассисањо ва воситаи танзимкунандаи муносибатњои љомеа мебошад. Зеро ќонун меъёрест, ки бо дарназардошти манфиатњои кулли љамъият, принсипњои њаќиќат ва адолат њамчун заминаи асосии пешравии љомеа, ризоияти умум ва суботу оромї тањия карда мешавад» [1, 169].

Аз гуфтањои боло бармеояд, ки њаёт ва саломатии инсон яке аз унсурњои асосии давлат буда, ба арзишњои олии инсонї тааллуќ доранд. Арзиши олї будани њаёт ва саломатии инсоро дин, ахлоќ ва таќрибан ќонунњои њамаи кишварњо афзалияти онњоро эътироф мекунанд. Дар бисёр мавридњо љинояти дар хатар монондан то ба аз њаёт мањрум намудан оварда мерасонад, ки ќатл накардан яке аз ањкоми «Ќуръон», «Инљил» ва «Типитака» ба њисоб меравад. Дар м. 3 Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар омадааст, ки «њар як инсон ба њаёт, озодї ва дахлнопазирии шахсї њаќ дорад» [2, 3] ва мувофиќи м. 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон «инсон, њуќуќ ва озодињои ў арзиши олї мебошад. Њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд» [3, 5]. Аз ин бар меояд, ки њуќуќу озодї, њаёт ва саломатии инсон ва шањрвандро њар як санади меъёрї-њуќуќї ва назарияњои динї низ њамчун арзиши олї эълон намудаанд.

Далели афзалияти манфиатњои шахсро њар як давлат, хусусан, Љумњурии Тољикистон, низ дар ќонунгузории худ барои риояи стандартњои байналмилалї ќаблан муайян мекунад. Аммо дар яке аз санадњои меъёрї- њуќуќї таъмин намудани њуќуќи инсон ба њаёт, бидуни пешнињоди чорањои муњофизатї танњо Эъломияи умумии њуќуќи башар хоњад буд. Барои содир намудани чунин љиноятњо бояд тањримњои воќеї муќаррар карда шаванд. Функсияи асосии њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба ќонуни љиноятї вогузор карда шудааст, ки барои он њимояи њаёт ва саломатї вазифаи муњимтарин ба њисоб меравад. Мувофиќи мушаххасоти номбаршуда, ќонунгузории љиноятї дар самти баланд бардоштани сатњи њуќуќї, танзим карда мешавад ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд њамчун арзиши асосии иљтимої боќї мемонад.

Љиноятњое, ки дар боби 16 КЉ ЉТ љиноятњо ба муќобили њаёт ва саломатї [4, 33] пешбинї гардидааст, на фаќат ба њаёт ва саломати инсон ва шањрвандон, балки ба љомеаи Љумњурии Тољикистон низ зарари љуброннопазир мерасонад. Ба њамагон маълум аст, ки дар шароити њозира беэњтиромї нисбат ба инсон љомеаро фаро гирифтааст. Чунин њолат яке аз омилњои такмил додани ќонунгузории љиноятї дар ин соња мебошад, ки ба он сабаби ворид намудани таѓйиру иловањо асоснок мегардад. Дар замони муосир, фаъолияти мазкур бояд яке аз самтњои асосии сиёсати давлатї дар мубориза бар зидди љинояткорї гардад. Ба танзим даровардани намудњои алоњидаи муносибатњои љамъиятие, ки амнияти инсонро таъмин мекунанд, бо нопуррагї ва номувофиќї хос аст. Бояд тазаккур дод, ки чунин андеша то андозае дуруст аст. Тавре, ки фаъолияти ќонунгузорї дар амалия нишон медињад, таѓйирот дар ќонунгузории љиноятї на њамеша мусбатанд. Меъёрњое, ки дар ќонунгузорї пешбинї гардидааст шаклњои мушаххаси таърихан муќарраршудаи ахлоќ, ахлоќи дар љомеа њукмронро инъикос мекунанд.

Ба гуфтаи Н.Ф. Кузнетсова, самти асосии назарияи њуќуќи амрикоињо инкор кардани фарќияти љиддии ќонун ва ахлоќ, тафсири ахлоќ њамчун «ахлоќи натиљаи нињої» мебошад, ки барои он ангезањои фаъолият наќш надоранд [5, 1]. Барои ќонунгузории давлатњои ѓарб, тафовуте вуљуд надорад, ки оё ќонун мутобиќи эътиќоди дохилї, принсипњои ахлоќї ё аз тарси љазо иљро карда шавад, агар фаъолияти шањрвандон мутобиќи муќаррароти ќонун иљро карда шавад. Вобаста ба масъалаи мазкур мутафаккирони хориљї, низ назаряњои худро изњор кардаанд. Мисол: файласуфи рус И.А. Илин «ќонунгузории Федератсияи Россия бар зидди гузаштани чунин мавќеъ буд: «дар илми њуќуќшиносї чунин аќидае мављуд аст, ки њадафњои рафтор дар соњаи ахлоќї муњиманд ва дар њаёти њуќуќї муњим нестанд: њама он чизе, ки дар ќонун зарур аст, як роњи берунаи амали ќонун мебошад, новобаста аз он ки он аз кадом ангеза сарчашма мегирад: ќонун ба рўњияи инсон бетафовут аст, ба шарте ки танњо вай њудуд ва маќоми њуќуќии худро риоя кунад. Аммо агар шумо ин дидгоњи расмї ва кўтоњбинро ќабул кунед ва онро дар амал пайваста татбиќ кунед, пас як таназзули амиќи ќонун ва шуури њуќуќї ба вуљуд меояд. Сабабњои рафтори њуќуќї метавонанд танњо нисбат ба чунин шуур, ки ќонунро аз њадафи асосї ва олии худ људо карда, моњияти онро бо пайдоиши сатњии тартиби «бехатар» мањдуд мекунад, бетафовут бошанд» [6, 1-2].

Дар љомеаи имрўза доимо меъёрњои амалкунандаи ахлоќї вуљуд доштанд, ки онњо дар њама гуна форматсияњои иљтимоию иќтисодї арзиши доимї доранд. Яке аз ин меъёрњои амалкунанда ин аз њисси рањм ва аз рўйи уњдадорї, ки дар ќонунгузории љиноятї оварда шудааст, расонидани ёри ба шахсе, ки барои њаёташ хатар вуљуд дорад мебошад. Ќонунгузории амалкунанда як мавзўи муњимеро аз даст додааст, ки бояд ба он диќќат дод. Ин аз рўйи њисси инсондўустї ва мувофиќи консепсияњое, ки дар асри мо маъмуланд дар бораи уњдадорињои мутаќобилаи аъзои як љомеаи шањрвандї, вобаста ба њолатњое, ки њаёт ва саломатии шахсе, ки дар хатар аст.

Вобаста ба њолати мазкур дар байни љабрдида ва субъект як муќаддасоте мављуд аст (њаёт ва саломатї), гарчанде, ки дар аксар њолатњо субъект пайхас намешавад, ки барои ёрї расонидан ба шахсе, ки барои њаёт ва саломатиаш хатар тањдид мекунад, уњдадор аст ва ин кумак на танњо имконпазир аст, балки ягон амали махсусеро талаб намекунад, танњо вай уњдадор буд, ки ба љабрдида ёрї расонад ё ба маќомоти дахлдор хабар дињад. Дар чунин маврид ёрї расонидан на љасорати ќањрамонї аст ва на садоќат, балки уњдадории њар як шањраванд мебошад. Аз рўйи њолатњои зикргардида ба аќидаи мо дар чунин маврид рафтори хунукназаронаи субъект нисбат ба љабрдида ин амали зишт буда сазовори љазо мебошад

Дар аксар њолатњо њангоми оѓоз намудани парвандаи љиноятї мутобиќи м. 127 КЉ ЉТ барои дар хатар монондани њаёт ва саломатии шахси ба ёрї муњтољбуда, љинояткор розї намешавад ва ў бар он бовар аст, ки чунин уњдадории умумии шањрвандиро надорад. Муњаќќиќони соњаи њуќуќи љиноятї бар он назаранд, ки чунин њолат агар аз тарафи давлат имконияти расонидани ёрї мављуд набошад пас то ба љойи њодиса омада расидани шахсони салоњиятдор ин уњдадорї бар дўши њамаи шањрвандоне, ки дар онљо ќарор доранд дохил мешавад. Албатта бояд гуфт, ки ќонунгузории љиноятї новобаста аз хоњиши шањрвандон барои дар хатар монондани шахси дигар љавобгарии љиноятї пешбинї намудааст ва бояд зикр намуд, ки надонистани ќонун шахсро аз љавобгарї озод намекунад.

Дар баробари ин њар як шањрванди кишвар бояд донад, ки љавобгарии љиноятї чист? Доир ба ин масъала олимони ватанї Шарипов Т.Ш., Сафарзода А.И., Саидов Ш.Н., чунин ибрози андеша кардаанд, ки љавобгарии љиноятї ин муносибати њуќуќиест, ки дар љараёни амалї гардонидани он давлат дар симои маќомоти њифзи њуќуќ ба рафтори шахси љиноятсо­диркарда бањои манфии њуќуќї дода ва ба ў дар њадди муќарраркардаи ќонуни љиноятї чорањои таъсиррасониро истифода мебарад [7, 108].

Мувофиќи ќ.1 моддаи 6 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон «Њар шахсе, ки љиноят содир намудааст, бояд тањти љазо ќарор гирад ё нисбати ў чорањои дигари дорои хусусияти њуќуќии љиноятии дар њамин Кодекс пешбинишуда татбиќ гардад». Вазъи кунунии љомеаи љањонї ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон зарурати дар мадди аввал гузоштани принсипи ахлоќиро таќозо мекунад. Танњо дар ин њолат њуќуќи инсон ба њаёт, саломатї ва таъмини амнияти онњо хусусияти декларатсионї нахоњад дошт. Аввалин пайдоиши заминањои ахлоќии расонидани ёриро бояд аз урфу одатњои инсондўстї ва назаряњои динї љустуљў кард. Сар карда аз рўзи тавлиди љомеаи инсонї меъёрњои ахлоќии љамъиятї ва ќабилавї, њама амалњои зишти инсонњоро, ки дар байни аъзои ќабила таъсири манфї мерасонад манъ мекунад. Шароити зинда мондани кулли ќабила кумаки тарафайн тамоми аъзои љомеаро таќозо мекард. Њар яки онњо рушд ва фаъолияти минбаъдаи худро аз назарияњои дин ба даст оварданд. Дар бисёр динњои љањон ањкоме мављуд аст, ки ба арзишњои умумиинсонї асос ёфтаанд. Ќисми зиёди онњо ба меъёрњои ќонунгузорї муќаррар карда шудаанд, ба монанди маљбур намудани љинояткор барои адо намудани љазо барои љинояти содир кардааш ва ин меъёрњо дар ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, низ дарљ гардидааст.

Дар муќоиса ба меъёрњои ахлоќї, дар соњаи њуќуќї, низ рафтори зарурї пеш аз њама аз љониби маќомоти салоњиятдор бо роњи зўрї таъмин карда мешавад. Мазмуни асосии њимояи арзишњои ахлоќї аз љониби ќонуни љиноятї дар фишурдаи «ба каси дигар зарар нарасонед» ифода ёфтааст, яъне њар як шахсро мебояд, ки аз расонидани зарар ба дигарон худдорї намояд. Ахлоќ ба мундариљаи меъёрњои њуќуќи љиноятї таъсири назаррас мерасонад. Дар навбати худ, меъёрњои њуќуќи љиноятї, низ ба меъёрњои ахлоќї таъсири пурќуввати зид доранд. Бо дар назардошти он, ки давлат кадом амалњои зарароварро аз њама хатарнок мењисобад, онњоро њамзамон ѓайриахлоќї низ мешиносад. Њамин тариќ, ќонунгузории љиноятї њамчун дастури амиќи меъёрњои ахлоќї хизмат мекунад. Дар меъёрњои њуќуќи љиноятї, низ њамчун њолати манъкунанда, аз љумла њангоми тањдиди љазо барои бењаракатона содир намудани љиноятї (хунукназарї, нарасонидани кумак ва ѓ.) пешбинї шудааст. Чунин меъёрњо рафтори ѓайриинсониро манъ мекунанд, дар сурате ки шахс оќибатњои расонидани зарар ба љабрдидаро медонист ва бояд ин оќибатро пешгирї мекард. Албатта, зинаи асосии танзимгари фаъолияти шањрвандон принсипи ахлоќї мебошад, яъне иљрои бошууронаи ќонунњо. Аммо дар даврањои муайяни рушди љомеаи инсонї, ваќте ки асосњои ахлоќї рў ба таназзул овардаанд, мањз ќонунгузории љиноятї ба таъмини њуќуќу озодињои инсон ва тарбияи њисси ахлоќии адолат, мусоидат мекунад. Яке аз омилњои зикргардида дар тарбияи масъулияти иљтимої ва рафтори ахлоќї, ин љавобгарии љиноятї барои дар хатар монондани њаёт ва саломатии шахс мебошад.

Самаранокии мафњуми зикргардида фавран зоњир намешавад. Шањрвандонро маљбур кардан мумкин нест, ки фавран бо ахлоќ бошанд ва танњо бо роњи муќаррар кардани љазо барои содир намудани љинояти бењаракатона дар худ њисси инсондўстиро њамчун уњдадорї нисбат ба њамватанони худ бояд касб кунанд. Барои рушд намудани чунин принсипи инсондўстї ва омўзонидани шањрвандон барои худдорї намудан аз чунин љинояти бењаракатона ва доштани чунин уњдадорї бояд дар муассисањои таълимї заминаи њуќуќии толибилмон боло бардошта шавад. Натиљаи муќаррар кардани чунин љавобгарии љиноятї дар мадди аввал, содир намудани љинояти бењаракатона метавонад дар каме аз ин њолатњои манъшуда ифода ёбад. Мавќеи асосї он аст, ки шањрвандон љинояти бењаракатонаро амали ѓайриќонунї ва тоќатнопазир дар љомеа мешуморанд.

Дар замони муосир зарурати нигањдорї ва тањкими меъёрњои ахлоќї, ки амнияти њаёт ва саломатии инсонро тавассути ќонунњои љиноятї њифз мекунанд, фавран ба миён омадааст.

Асоснок ва муќаррар намудани ањамияти љавобгарии љиноятї барои дар хатар монондани шахс дар њолатњое, ки њаёт ва саломатии инсонро хатар тањдид мекунад, танњо аз мантиќи аќли солим бар меояд. Дар чунин маврид омезиши якчанд љузъњо лозим аст: ќонунњои рушди иљтимої, муносибатњои ахлоќии љомеа ва ѓайра. Мањз дар чунин меъёрњое, ки дар он ќонунњо амалњои фаъоли њимояи шахси дигар пешбинї гардидаанд, то андозае мундариљаи бештари ќонунњои ахлоќии љиноятиро инъикос мекунад. Аз чунин мавќеъњо, кирдори бењаракатонаи шахс ба шахсе, ки барои њаёт ва саломатиаш хатари расидани зарар тањдид мекунад, ёрї намерасонад, ваќте ки ў имконияти расонидани кумакро дошт. Чунин фаъолияти љинояткор на танњо амали бадахлоќона, балки мутобиќи ќонунгузори љиноятї нисбати ин кирдор љавобгарї муќаррар карда шудааст. Гузашта аз ин, љинояти дар хатар монондан на танњо нисбат ба шахсе, ки вазифадор буд, ки дар бораи ў ёрї расонад, балки нисбат ба њар шањрванди Љумњурии Тољикистон, агар ин кирдори бењаракатона боиси марги љабрдида гардида бошад, тааллуќ дорад. Муќаррар намудани љавобгарии љиноятї барои чунин кирдори бењаракатона барои тамоми љомеа ва барои њар як шањрванд дар алоњидагї муфид аст, зеро шахсе, ки ба ёрї муњтољ аст, њаёт ва саломатии ўро хатари расидани зарар тањдид мекунад, бо меъёри ќонуни љиноятї њифз карда мешавад. Давлат метавонад, ки талаби маънавии кумакро ба шањрванди худ пешнињод кунад, зеро ин ба вазифањои олии давлат мухолифат намекунад, ки яке аз онњо њифзи њаёт ва саломатии инсон ба шумор меравад.

Мо чунин мешуморем, ки баррасї намудани ин масъалањо дар асоси вазъи кунунии љомеаи инсонї барои илми њуќуќи љиноятї, ќонунгузории љиноятї ва амалияи татбиќи ќонун, хеле муњим аст, зеро он самаранокии меъёрњои дахлдори њуќуќи љиноятиро афзоиш дода барои таъмин намудани вазифањои ќонунгузории љиноятии Љумњурии Тољикистон шароити мусоид фароњам меорад.

Табиист, ки ба назарияњои муосири њуќуќи љиноятї ва љиноятњои дар ин самт баррасишаванда таваљљуњи ночизе дода мешавад ва ќабул надоштан ин уњдадорї аз тарафи шањрвандон имкон намедињад, ки олимони ин соња нисбати онњо мавќеи ягонаро тањия кунанд. Аз сабаби ќабул надоштани чунин уњдадорї аз тарафи шањрвандон андешањои гуногунро дар байни њам олимони ватанї ва њам олимони хориљї ба вуљуд меорад.

Дар баробари њолатњои зикр гардида бояд ќайд намуд, ки мутобиќи м. 61 КЉ ЉТ њар як љинояте, ки дар ин Кодекс пешбинї гардидааст, њолатњои сабуккунандаро доро мебошад,

1) Њолатњои сабуккунандаи љазо инњо мебошанд:

а) бори аввал содир намудани љиноят,

б) ноболиѓ будани гунањкор,

в) њомиладор будан,

г) кўдакони хурдсол доштани гунањкор,

д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагї ва ё аз рўйи дилсўзї содир намудани љиноят,

е) содир намудани љиноят дар њолати њаяљони сахти рўњие, ки сабаби он зўроварї, тањќири сахт ё амалњои дигари ѓайриќонунии љабрдида мебошад,

ж) содир намудани љиноят дар њолати аз њадди муњофизати зарурї гузаштан, дастгир кардани шахси љиноят содирнамуда, зарурати нињої, таваккали асоснок, иљрои фармон ё амр,

з) тањти таъсири маљбуркунии љисмони ё рўњии вобастагии моддї, хизматї ва ё вобастагии дигар содир намудани љиноят,

и) ихтиёран омада ба гуноњи худ иќрор шудан, сидќан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани љиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни љиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натиљаи љиноят бадастомада,

к) бевосита пас аз содир намудани љиноят расонидани ёрии тиббї ё кумаки дигар ба љабрдида, ихтиёран талофї кардан ё рафъ сохтани зарари моддї ва маънавии дар натиљаи љиноят расонидашуда, анљом додани амалњои дигаре, ки ба ислоњи зарари ба љабрдида расонидашуда равона гардидаанд.

2) Агар њолати дар ќисми якуми њамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси њамин Кодекс ба сифати аломати љиноят пешбинї шуда бошад, онро такроран њамчун њолати сабуккунандаи љазо ба назар гирифтан мумкин нест.

3) Њангоми таъйин намудани љазо њолатњои дигари дар ќисми якуми њамин модда зикрнагардида мумкин аст њамчун њолатњои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд [8, 61].

Аммо олимони хориљии соњаи њуќуќи љиноятї дар фарќият нисбат ба љинояти дар хатар монондан, њолатњои дигари сабуккунии ин љиноятро зикр намудаанд, ки чунин њолатњои сабуккунандаи љинояти дар хатар монондан дар ќонунгузории љиноятии ЉТ дида намешавад. Олими хориљї Соловей Людмила Владимировна, ба аќидае буданд, ки њолатњои сабуккунандаи љавобгарии барои дар хатар гузоштани шахс танњо ваќте ба инобат гирифта мешавад, ки барои баррасї ба суд пешнињод карда шаванд. Чунин њолатњо истисної мебошанд, ваќте ки амали айбдоршаванда (гумонбаршуда) љиноят њисоб карда намешавад ё онњо њамчун љиноят бо дараљаи пасти гуноњ таъйин карда мешаванд.

Хусусияти муњими ин категорияи љиноятњо њолатњои сабуккунанда мебошанд, ки дар байни онњо фарќиятњои зеринро таъкид к кардан мумкин аст:

Эътимоди самимї доштан нисабати љабрдида, ки хатаре вуљуд надорад,

Бартарафсозии тањдидњои љиддитар (масалан, маљбур шудам, ки аз љабрдида дур шавам, то њамлаи авбошонро ба ў истисно кунам),

Надонистани тањдидњои мављудбуда,

Шахси масъул худ ба њолати ногувор афтид, мавриди њамла ќарор гирифт ё ин, ки аз ќуввањо заррар дид, њолати нохуш,

Бо маќсади сабук кардани њолати бемор, аммо барои ин маљбур шуд ўро тарк кунад (масалан, барои даъват кардани ёрии таъљилї),

Объективан мављуд набудани имконияти кумак (масалан шахси ѓарќшударо наљот дода натавонист зеро, ки худаш шино карда наметавонад) [9, 3-4].

Ҳамин тариқ, муҳаққиқ чунин мешуморад, ки баррасї намудани баъзе масъалаҳои воқеии ҷинояти дар хатар монондан, дар асоси вазъи кунунии ҷомеаи инсонӣ барои илми ҳуқуқи ҷиноятӣ, қонунгузории ҷиноятӣ ва амалияи татбиқи қонун, хеле муҳим аст, зеро он самаранокии меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи ҷиноятиро афзоиш дода барои таъмин намудани вазифаҳои қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2


Ссылка для цитирования:

Абдусаломзода Ш. ОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАЊОИ ВОЌЕИИ ЉИНОЯТИ ДАР ХАТАР МОНОНДАН // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1275 - 1284. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22334 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22334



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.