ЭНЕРГИЯ (НЕРУИ БАРЌ) ЊАМЧУН АШЁ ДАР ЊУЌУЌИ ГРАЖДАНЇ
Аннотация: Маќолаи мазкур ба масъалаи энергия њамчун ашё ва объекти њуќуќи гражданї бахшида шудааст. Муаллиф мафњуми энергия ва ќувваи барќро пешнињод намуда, чунин мењисобад, ки онњо объекти мустаќили њуќуќи гражданиро ташкил медињанд. Муаллиф пешнињод менамояд, ки дар ќ. 3, м. 142 КГ ЉТ дар ќатори ашёњои манќула энергия (неруи барќ) њамчун ашёи бељисм ворид карда шавад, зеро энергия ба сифати моли махсус дар ќатори дигар молњо мутобиќи шартнома фурўхта мешавад ва њамчун неъмати муфид барои ќонеъ намудани талаботи моддї ва маънавии инсон зарур аст
Ключевые слова: ашё, энергия, энергетика, неъмати моддї, объекти њуќуќи гражданї, њуќуќи моликият.
Энергия ва неруи барќро њамчун объект ва ашё дар њуќуќи гражданї њисоб кардан мумкин аст. Чунки энергия, аз љумла неруи барќ ба сифати моли махсус дар ќатори дигар молњо мутобиќи шартнома фурўхта мешавад ва њамчун ашё барои ќонеъ кардани талаботи инсон зарур аст.
Имрўз таъминоти неруи барќ дар Љумњурии Тољикистон масъалаи њаётан муњим ба њисоб меравад, зеро фаъолияти лозимаи объектњои њаётан муњим, аз ќабили корхонањои истењсолї, муассисањои тиббї ва таълимї, бонкњо ва дигар объектњо аз он вобаста аст. Њаёти њаррўзаи одамонро низ бидуни истифодаи неруи барќ тасаввур намудан ѓайриимкон аст.
Вобаста ба муњимияти энергия (неруи барќ) дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 январи соли 2021 ќайд гардид, ки Њукумати Тољикистон азм дорад, ки бо маќсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиќлоли энергетикї, бо неруи барќ пурра ќонеъ сохтани талаботи ањолї ва иќтисоди миллї бунёду таљдиди як силсила иншооти хурду бузурги њаётан муњимро вусъат бахшад [1].
Дар таърифи расмии мафњуми неру, аниќтараш неруи барќ, ки дар моддаи 2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи энергетика» љой дода шудааст, неруи барќ њамчун моли махсус маънидод мешавад. Чунин таърифи неруи барќ хеле мухтасар ва эмпирикї (таљрибавї) буда, бештар ба хусусиятњои юридикии он ишора мекунад, на бевосита ба худи неруи барќ.
Энергия яке аз сифатњои материя – меъёри њаракати он, инчунин ќобилияти анљомдињанда (иљрокунанда) мебошад [2, 911]. Энергия ашё набуда, лекин он дар як ваќт падидаи моддї мебошад [3, 50], – ќайд мекунад П.Г. Лахно. Неруи барќ ин неруи љараёни барќ, яъне њаракати самтноки (бонизоми) њиссањои заряддодашуда (электронњо, ионњо ва ѓайра) мебошад [4, 73].
Азбаски неруи барќ ба осонї ба дигар шаклњои неру табдил меёбад, бинобар ин, истифодаи љараёни барќ хеле гуногун аст. Бо ёрии таљњизоти гуногун, неруи барќ ба неруи механикї табдил ёфта, кори механикиро иљро мекунад, ба неруи гармї, неруи афканишотї, электромагнитї табдил меёбад.
Ба аќидаи муњаќќиќ М.И. Брагинский энергия дар ќиёс ба ашёњо сифати муайяни материя, яъне ќобилияти иљро намудани (анљом додани) кор, таъмин намудани иљрои амалиётњои гуногуни технологї, муњайё намудани шароити зарурї барои фаъолияти соњибкорї ва дигар навъи фаъолият мебошад [5, 118].
Неруи барќ ва захирањои энергетикї неъматњои моддие мебошанд, ки оид ба онњо муносибатњои молу мулкї ба вуљуд меоянд. Мувофиќи аќидаи О. Двинин, захирањои энергетикї ва энергия њамчун объекти њуќуќи гражданї баромад мекунанд ва ваќте ки шахс аз навъњои гуногуни энергия истифода мекунад, ў бояд эњсос намояд, ки ба худ намуди алоњидаи объекти муносибатњои њуќуќи гражданиро мегирад [6, 17-18].
М.З. Рањимов дар китоби дарсии зери тањрири О.У. Усмонов, аз фанни «Њуќуќи гражданї», ќисми 1 аз соли 2001 ќайд менамояд, ки объекти муносибатњои њуќуќи гражданї гуфта, њамаи он чизеро мефањманд, ки нисбат ба он дар байни шахсон њуќуќ ва уњдадорињои гражданї ба вуљуд меоянд. Объекти муносибатњои њуќуќи гражданї неъматњои мушаххаси харида ё фурўхташуда, нигоњдошта, дар истифода буда, кашонда шуда ва ѓ. шуда метавонанд, ки ќобилияти ќонеъ гардонидани ин ё он талаботи инсонро дорад [7, 145].
Муаллифон Ф.С. Сулаймонов ва Д.С. Сафаров дар китоби дарсии зери тањрири Ш.К. Ѓаюров ва Ф.С. Сулаймонов аз фанни «Њуќуќи гражданї», ќисми 1 аз соли 2013 ќайд менамоянд, ки объекти њуќуќи гражданї ба маънои объективї ин муносибатњои љамъиятие эътироф карда мешаванд, ки аз љониби меъёрњои граджанї-њуќуќї ба танзим дароварда мешаванд. Хулоса кардан мумкин аст, ки объектњои њуќуќњои гражданї (дар маънои субъективї) ин неъматњо ва њуќуќњои молу мулкї ва ѓайри молу мулкие, ки субъектњо бањри бо воситаи онњо ќонеъ намудани манфиатњои худ дар муносибатњои граджанї-њуќуќї ширкат меварзанд, баромад менамоянд [8, 122-123].
Ба аќидаи муаллифони дигар тањти мафњуми объектњои њуќуќи гражданї неъматњои моддї ва ѓайримоддї фањмида мешавад, ки вобаста ба онњо муносибатњои њуќуќї ба миён меоянд ва вуљуд доранд. Мафњуми молу мулк, ашё, мол, кор ва хизматрасонї аз љониби ќонунгузор вобаста ба њар як навъи алоњидаи шартномањо ва дигар соњањои истифодаи ќонунгузории гражданї истифода бурда шудааст. Масалан, дар бораи мафњуми мол дар моддањои 488, 490 њамчун мавзўи шартномаи хариду фурўш [9, 378-379], дар бораи неруи барќ ва таъминкунї ба он дар моддаи 569 КГ ЉТ њамчун мавзўи шартномаи таъмини барќ бахшида шудааст, сухан меравад.
Ба фикри мо энергия, аз љумла неруи барќ ба сифати объект ба ќатори дигар молњо дар муносибатњои гражданї-њуќуќї мутобиќи шартнома фурўхта мешавад ва њамчун неъмати муфид барои ќонеъ кардани талаботи моддї ва маънавии инсон аз ањамият холї нест.
Аз ин бар меояд, ки объектњои муносибатњои њуќуќии гражданї, ки дар љараёни бастан ва иљро намудани шартномањои таъминкунї бо неру ба воситаи шабакаи пайвастшуда ба вуљуд меоянд, чунин неъматњои моддї чун нерўи барќ ва дигар захирањои энергетикї њисоб меёбанд. Бояд ќайд кард, ки дар адабиёти њуќуќї энергия «аз нуќтаи назари таснифоти объектњои њуќуќњои гражданї њамчун ашёи манќул, одї, таќсимнашаванда, истеъмолшаванда муайян шудааст, ки ба он аломатњои љинсият хосанд» [10, 90].
Е.А. Суханов ќайд менамояд, ки энергия, дар муќоиса бо ашёњо, сифати муайяни материя мебошад ва кори муфидеро иљро мекунад [11, 332]. Дар ин љо, энергия яќинан ба «дигар молу мулк» мансуб дониста шудааст (ба маънои ибораи дар моддаи 140 КГ ЉТ истифодашуда). Дар адабиёти њуќуќї энергия, инчунин њамчун «арзиш» ва «неъмати иќтисодї» [12, 29], њамчун «моли арзиши аслидошта, ки аз харољот љињати истењсоли он ташаккул меёбад, муайян шудааст» [15, 170-171].
Бояд ќайд кард, ки дар доктринаи замонавии сивилистї муайян шудани энергия њамчун объекти њуќуќњои гражданї, њамчун молу мулк ва мол боиси ихтилофи љиддии аќидањо намебошад. Дар њар сурат муайян намудани хусусиятњои энергия њамчун падидаи физикї ва њамчун объекти њуќуќњои гражданї, молу мулк ва мол зарур аст. Дар маъхазњои илмї ва таълимї ба чунин хусусиятњои энергия ишора шудааст:
муттасилии (ногусастании) раванди истењсол, интиќол ва истифодаи энергия [13, 36],
энергияро бо дарназардошти хосиятњои физикии он ѓун доштан, андўхтан, захира кардан, ба мисли дигар молњо дар анборњо ё зарфњои махсус нигоњ доштан ѓайриимкон аст [14, 306].
азбаски энергия њамзамон бо интиќоли он истеъмол карда мешавад, онро наметавон баргардонд (масалан, бо тартиби реститутсия) [15, 169],
интиќоли энергия ба истеъмолкунанда бе истифодаи воситањои махсуси техникї, зерсохтори мувофиќ – хатњои интиќоли барќ, шабакањои об, стансияњои обкашї ва трансформаторї ва ѓайра номумкин аст [16, 90],
истифодаи энергия таљњизоти махсуси техникиро таќозо мекунад, ба мисли таљњизоти ќабулкунандаи энергия, асбобњои назоратї-ченкунанда, воситањои таъмини бехатарї ва ѓайра [16, 90],
неруи барќ ва гармиро танњо тавассути шабакаи пайвасткунї интиќол додан мумкин аст [15, 169],
хусусиятњои муфиди энергия дар љараёни истифода ва истеъмоли он зоњир мегарданд. Натиљаи истифодабарии энергия метавон корњои анљомдодашуда, амалиёти техникї ва ѓайра бошад. Аммо худи энергия дар ин маврид нобуд шуда, дар шакли мањсулот ё дигар шакл таљассум намеёбад [14, 306],
нисбати энергия «њамчун объекти њуќуќи моликият, истифодаи ваколатњои молик будан ва ихтиёрдорї намудан мањдуд аст» [17, 179]. Масалан, энергияро ба гарав мондан, ба иљора додан, ба мерос мондан ва ба мерос гирифтан номумкин аст [18],
неруи барќ осон ва зуд ба масофаи дур бо шабакањои барќї интиќол дода мешавад [19, 48].
Дар шароитњои муосири иќтисодї, неруи барќ бояд ба сифати неъмати мустаќил эътироф шавад, зеро он дорои аломатњои асосии мол буда, ашё мебошад [6, 51], – менависад О.А. Двинин. П.Г. Лахно бошад, менависад, ки энергия ин ашё набуда, лекин дар як ваќт падидаи моддї мебошад [3, 50].
Мушкилоти масъала дар он аст, ки на дар ќонунгузорї ва на дар назария, мутаносибан таърифи расмї ва таърифи ягонаи илмии мафњуми «ашё» вуљуд надорад. Чї тавре, ки Л.В. Лапач ќайд мекунад «сарфи назар аз ањамияти муњими ашё барои тартиб додани мафњуми молу мулк, њељ яке аз низомњои маъруфи њуќуќњои миллї мафњуми ашёро муайян накардааст. Ин на сањви ќонунгузор, балки масофагирии комилан табиї аз таърифњои умумї мебошад, ки чї тавре маълум аст, хавфнок аст» [20, 151].
К. И. Салковский бо пайравї аз Рими бостон навишта буд, ки «ашё њама он чизест, ки дар фазо (макон) воќеъ буда, шахсият намебошад» [21, 200]. К.И. Скловский ашёро њамчун њар як объекти (предмети) моддї (ё љисмї), ки шахс намебошад, маънидод мекунад [22, 428].
Л.В. Лапач гуфтањои К.И. Скловскийро тавсиф намуда, менависад: «ин фикри К.И. Скловскийро дар њаќиќат наметавон «дур партофт», чунки он таќсими асосии техники њуќуќро инъикос мекунад: дар он (дар њуќуќ) ѓайр аз субъект ва объект чизи дигаре нест. Бинобар ин, њама чизе, ки субъект нест, он объект (ашё) мебошад» [20, 151-152]. Дар китоби дарсии ќаблан зикршуда зери тањрири А.П. Сергеев ва Ю.К. Толстой, ашёњо њамчун «предметњои моддии олами беруна» ва арзишњои моддии аз тарафи табиат додашуда ва аз тарафи одамон офаридашуда, ки ба сифати объектњои њуќуќњои гражданї баромад мекунанд, аз љумла, албатта намудњои гуногуни энергияњои мутеи одам буда (энергияи гармї, энергияи барќ, энергияи атомї), муайян шудаанд [23, 254].
Л.В. Шеникова зери мафњуми «ашё» предметњои њамчун љисми физикї вуљуддоштаро, ки одамон ба доштанашон дастрасї доранд, мефањмад [24, 3]. С.В. Скрябин ашёро њамчун предмети олами моддии дорандаи шакли љисмии аз лињози юридикї эътирофшуда, ки ба воситаи он таљассуми берунии худро ёфта ва барои дорандааш манфиати муайяни молу мулкиро ифода менамояд, арзёбї мекунад [25, 84]. Ба аќидаи В.П. Мозолин, зери мафњуми «ашё» бояд предметњоеро фањмид, ки љавњари моддї-љисмї доранд, яъне љисмњоеро, ки дар њолати сахт, моеъ ва газмонанд ќарор доранд. Онњо предметњои табиати зинда ва бељон мебошанд, ки аз рўйи таъйиноти худ метавонанд объекти њуќуќи моликият бошанд [26, 47]. Баъзе аз таърифњои илмии мафњуми «ашёњо» аз лињози мазмуни худ пурра энергияро низ фаро мегиранд. Инро ба назар гирифта, И.А. Лукянтсева ќайд мекунад, ки энергия ин аниќ на шахс, на шахсият ва на субъект аст [13, 38]. Н.В. Аполинская барои муайян намудани ашёњо њамчун объектњои њуќуќњои гражданї чунин аломатњоро зарур ва басанда медонад:
хусусияти моддї доштани ашёњо, яъне ба неъматњои олами моддї тааллуќ доштани онњо,
дастрас будани онњо, яъне имконияти воќеии шахс ба доштани онњо дар марњилаи рушди тамаддун,
муфид будани ашё, яъне ќобилияти он барои ќонеъ намудани талаботи муайяни инсон [27, 28].
Ю.С. Гамбаров ќайд мекунад, ки «энергия бояд ба сифати ашё шинохта шавад, зеро он дар муомилоти мустаќил ќарор дорад ва зимнан бо муомилоти он, њамон як тасаввуроте, ки нисбати ашёњои муќаррарї, љисмї њосил шудаанд, алоќаманд мебошанд» [28, 587].
Њамзамон дар рафти омўзиши объектњои њуќуќи гражданї У.А. Меликов ба масъалаи «ашёњои љисмдор» ва «ашёњои бељисм» таваљљуњ зоњир менамояд [29, 140-142]. Дар воќеъ неруи барќ низ мисли «ашёњои бељисм» аст ва хосиятњои худро дорад. Дар асоси омўзиш ва тањлили фикру аќидањои олимон дар бораи мафњум, моњият ва аломатњои ба он хос, якчанд хулоса баровардан мумкин аст: якум, энергия, аз љумла энергияи барќро њамчун объекти њуќуќи гражданї њисобидан комилан дуруст аст, дуюм, неруи барќ чунин неъмати муфидест, ки онро бо чашм, гўш, бинї эњсос намудан ѓайриимкон ва кўшиши ба дигар узвњои бадан (масалан, даст) ошкор намудан барои њаёт ва саломатї хатари љиддї дорад, сеюм, хусусиятњои ба нерўи барќ хос ва фарќкунандаи он аз дигар намудњои объектњои њуќуќи гражданї, ба тафовути љиддии муносибатњо нисбати ин объект ба вуљуд меомада ва тартиби танзими њуќуќи онњо мегардад, чорум, неруи барќ ашёи бељисм мебошад.
Аз ин рў, мувофиќи маќсад мебуд агар дар ќисми 3, моддаи 142 КГ ЉТ дар ќатори ашёњои манќула энергия (неруи барќ) њамчун ашёи бељисм ворид карда шавад, зеро энергия ба сифати моли махсус дар ќатори дигар молњо мутобиќи шартнома фурўхта мешавад ва њамчун неъмати муфид барои ќонеъ намудани талаботи моддї ва маънавии инсон зарур аст.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2
Ссылка для цитирования:
ЭНЕРГИЯ (НЕРУИ БАРЌ) ЊАМЧУН АШЁ ДАР ЊУЌУЌИ ГРАЖДАНЇ // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1285 - 1294. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22335 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22335
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
