Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 13 апреля 2025 г.
  4. Научная статья № 156
Просмотры  190 просмотров

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРЇ ВА ДИГАР ШАКЛЊОИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТЇ: АЗ ОН ЉУМЛА КОНТРОЛИ ДАВЛАТЇ

Аннотация: Њангоми омўзиш ва тањлили самтњои асосии баамалбарории назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї аз љониби кормандони маќомоти прокуратура ва дигар шахсони мансабдори давлатї муайян гашт, ки зуњуроти амалигардии назорати прокурорї ва давлатї талаботи таркибии волоияти ќонунро дар љомеа таъмин мекунад. Чи хеле, ки мо маълумот пайдо кардем, бархе аз намояндагони соњаи назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї дар он аќидаанд, ки ягона зуњурот ва њолати воќеие, ки амалигардии самтњои назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатиро таќозо мекунад – ин риоя ва иљро нагардидани ќонун мебошад ва назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї унсури муњими системаи тадбирњои таъмини ќонуният, тартиботи ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба шумор меравад

Ключевые слова: прокурор, назорат, озодї, ќонуният, контрол, мансабдор, давлат, тартибот, њифз, ќонун, зуњурот, назорати прокурорї, самт, объекти назорат, субъект, љиноят, санљиш, пешнињод, амр, ќарор, назорати буљет, назорати андоз, назорати ќарзї, назорати молиявї, назорати доимї, тањлил.

Назорати прокурорї яке аз сохторњои муњимми низоми давлатдорї ба шумор рафта, вазифаи асосии онњо таъмини волоияти ќонун, тањкими ќонуният ва тартиботи њуќуќї бо маќсади њифзи мустаќилият ва соњибихтиёрии кишвар, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, асосњои демократии њокимияти давлатї, вазъи њуќуќии маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии мањаллї, дигар маќомоти давлатї, иттињодияњои љамъиятї, динї, њизбњои сиёсї ва дигар сохторњои ѓайридавлатї ва муњимтар аз њама дар тањкими пояњои давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї сањми босазо доранд [1, 728].

Назорат яке аз ќисмњои муњими идоракунї ба шумор меравад ва ин пайдарпай санљидани фармонњои њукумат, ќонунњо ва ќарорњои созмонҳои роњбарикунанда, иљрои наќшаи ба зимма доштаи шахсони воќеї, њуќуќї мебошад, ки барои пешгирии интизомвайронкунињо, риоя ва иљрои бевоситаи ќонунњо гузаронида мешавад.

Назорати прокурорї, алалхусус дигар шаклњои назорати давлатї дар баамалбарории вазифа ва ваколатњои ќонунии маќомоти прокуратура сањми аввалинадараљаро соњиб аст. Дар баробари самаранокии назорати прокурорї дар самти назорати умумї аз тамоми кормандони дар зери назоратбуда мењнати маънавї – њуќуќии кофї ва босифатро таќозо мекунад [2, 126].

Њамаи масоили вобаста ба маќсади назорати прокурорї дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» аз 25-уми июли соли 2005, Фармонњои Прокурори генералии ЉТ ва дигар санадњои меъёрию њуќуќие, ки батанзимдарории фаолияти назоратии маќомоти прокуратураро ифода мекунанд, пешбинї шудаанд. Ба таври аниќ ва конкретї предмети назорати умумї њамчун масъалаи таъминшавандаи вазифаи маќомоти прокуратура дар моддањои 23 ва 24-уми Ќонуни Конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» пешбинї шудааст.

Дар ин радиф дигар шаклњои назорати давлатї ба густариши назорати прокурорї дар самти иљрои ќонунњои ва таъмини волоияти ќонун дар љомеа мусоидат менамояд.

Пеш аз њама прокурор вазифадор аст, ки дар самти ба амал баровардани назорати прокурорї бо худ маълумотњои пешбиникардаи њисоботи оморї, маълумоти маќомоти назоратбарандаи њокимияти давлатї, љамъиятиро дар бораи вазъу њолати конуният дар корхона, муассиса, вазорату идорањо, ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятии ноњия, шањр, вилоят ва ё љумхурї пурра дошта бошад [3, 840]. Ба прокурори назоратбаранда зарур аст, ки бевосита худ маълумотњоро дар бораи њолати ќонуният ва дар њудуди дар зер назорат буда ва инчунин дар њар як корхона, идора, муассиса, ташкилот ва иттиходияњои мушаххас омўзад, тањлил намояд ва хулосањояшро ба натиљањои семоња, нимсола, нуњмоња ва солона оид ба вазъи ќонуният муќоиса намоянд. Дар самти назорати умумї бояд диќќати махсус ба фазои иќтисодї ва фаолияти истењсолї- хољагї ва ба самти таъмини ќонуният нигаронида шавад. Бо маќсади гузаронидани санљишњо ва ба амал баровардани самтњои гуногуни назорати умумї прокурор бояд мутахассисон ва донандагони соњањои гуногунро љалб намояд ва аз хизмати онњо истифода барад.

Мисол, прокурор њангоми баамалбарории назорати умумї якчанд санадњои њуќуќии ѓайриќонуни корфарморо ошкор месозад, ки њуќуќњои мењнатии кормандони ин корхонаро мањдуд намудааст. Дар ин њолат њаракатњои прокурор чї гуна буда метавонад? Ин њаракатњо аз вазъияти ќонуният дар ин корхонањо, аз хусусияти сабабњои онњоро ба вуљудоваранда, аз кордонї ва ташаббуснокии прокурор, фањмиши вазифањои ба ў гузошташуда алоќаманд мебошанд.

Дар ин њолат прокурор ба санади ѓайриќонунї эътироз меорад ва дар эътирози худ масъалањои бекор кардани санад, ба ќонун мутобиќ гардонидани он, инчунин ќатъ кардани амали ѓайриќонунии шахсони мансабдор, барќарор намудани њуќуќњои поймолшударо ба миён мегузорад.

Инчунин прокурор њуќуќвайронкунї ва њолатњои ба онњо мусоидаткунандаро ошкор намуда, шахсони гунањкорро муайян карда, барои бартараф кардан ва роњ надодани онњо дар оянда чораандешї карда, масъалаи ба љавобгарї кашидани шахсони гунахкорро дар асоси меъёрњои пешбининамудаи ќонун ба миён мегузорад. Бинобар ин ќонунгузории батанзимдаровардаи назорати прокурорї як ќатор салоњиятњои махсусро пешбинї мекунад, ки њуќуќ ва уњдадорињои прокурорро дар масъалаи батараф кардани њуќуќвайронкунї таъмин менамояд. Дар таљриба ва назарияи назорати пракурорї ин салоњиятњо њамчун воситаи таъсиррасонии прокурорї оиди њуќуќвайронкунї номида мешавад.

Ваколатњои ба прокурор муњайё карда шуда ба ў имконият медињанд, ки њуќуќвайронкунї ва гузашт кардан аз онро сари ваќт ошкор карда, нисбати њуќуќвайронкунандагон чорањои њуќуќї андешида, сабабњо ва шароитњои ба ин њуќуќвайронкунї мусоидаткардаро бартараф намоянд.

Ваколати прокурор он ваќт иљрошуда њисобида мешавад, ки агар вай аз он самаранок истифода бурда, њуќуќвайронкуниро ба пурраги муайян карда тавонад. Ягона сабабе, ки назорати прокурориро ба миён оварда амалї мегардонад – мављудияти њуќуќвайронкунї мебошад. Аз ин рў, танњо аз нуќтаи назари прокурорї нисбат ба њаракати маќомоти давлатї, ѓайридавлатї, ташкилотњои љамъиятї, динї, шахсони мансабдор ва шањрвандон дар асоси ќонун бањо дода мешавад.

Маќсади нињоии назорати давлатї ва прокурорї дар асоси талаботи Конститутсия – таъмин, эњтиром ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мебошад.

Фаъолияти назоратии давлатї якчанд намуди мушаххас ва шаклњои назорати давлатиро дар худ таљассум менамояд: якум, намудњои функсио-налии соњаи назорати давлатї, дуюм, баъзе навъњои универсалии байни-соњавии назорати давлатї.

Ба шаклњои функсионалии назорати давлатї инњо дохил мешаванд:

Назорати буљетї ќисми асосии назорати давлатї мебошад. Он њамчун маљмўи муносибатњои аз тарафи маќомоти давлатї гузаронидашаванда мебошад, ки аз болои ќонуннокї, маќсаднокї ва самаранокии ташкил, таќсим ва истифодабарии фондњои маблаѓњои пулии љумњурї, њукуматњои мањаллї ва фондњои маќсадноки давлатї бо маќсади баланд бардоштани сатњи даромадњои буљетї ва риояи интизоми буљетї гузаронида мешавад. Назорати буљетї оид ба истифодабарии захирањои буљетї, захирањои ќарзи давлатї, иљроиши шартњои пешкашкунии ќарз аз буљет, таќсимоти дотатсия, трансфертњо ва дигар захирањои молияи давлатї мебошад.

Назорати андозї ин санљиши иљрои ќонунгузории андозро, ки аз љониби маќомоти андоз гузаронида мешавад, дар бар мегирад. Иштирокчиёни санљишњои андозї шахсони мансабдори маќомоти андозї, ки дар амрнома зикр шудаанд ва андозсупорандагон (корхонаю муассисањо) мебошанд.

Назорати андозї мутобиќи Кодекси андоз танњо аз љониби маќомоти андоз амалї карда мешавад.

Назорати андоз бо  тарзҳои зерин гузаронида мешавад:

Маљмўї, на бештар аз як маротиба дар як сол,

Мавзўї, на бештар аз як маротиба дар нимсола, доир ба њамон як намуди андоз.

Агар дар соли андозї назорати маљмўии андозсупорандагон гузаронида шуда бошад, он гоњ нисбати њамин андозсупорандагон дар давоми 12 моњ аз рўзи анљом ёфтани назорати маљмўии дар боло зикргардида, назорати мавзўї гузаронида намешавад.

Назорати асъорї бошад, бањри ба низоми муайян даровардани ќурби асъор, миќдори истифодашавандаи он, гузаронида мешавад. Маќсади назорати асъор таъмини риояи ќонунгузории асъор, гумрук ва андоз њангоми аз тарафи резидент ва ѓайрирезидентњо анљом додани амалиёти асъорї мебошад.

Назорати суѓуртавї оид ба љамъоварии аъзоњаќќии суѓурташудагон, истифодаи маблаѓњои љамъгардида, иљрои уњдадорињо дар назди суѓурташудагонро дар бар мегирад. Назорати маќсаднок ва дуруст истифода бурдани маблаѓњои суѓуртавиро таъмин менамояд. Назорати давлатї ба фаъолияти суѓуртавї бо маќсади риояи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба суѓурта, самаранок инкишоф додани хизмати суѓуртавї, њифзи њуќуќу манфиатњои суѓуртакунандаю муассисањои суѓурта ва дигар шахсони манфиатдор, давлат сурат мегирад. Назорати пардохти сањмияњои суѓурта ва харољоти маблаѓњои суѓуртаи иљтимої бо ќарори маќоми идораи суѓуртаи давлатии иљтимої аз љониби намояндаи маќомоти суѓуртаи иљтимої ё ташкилоти мустаќили аудиторї анљом дода мешавад. Назорати љамъиятї љињати таъмини њуќуќи ашхоси суѓурташуда, харољоти маблаѓњои суѓуртаи давлатии иљтимої дар корхонањо, ташкилоту муассисањо аз љониби маќомоти намояндагии кормандон анљом дода мешавад.

Назорати бонкї ин назорати њуљљатњо, регирстрњо, баланси бонк таќсимоти дурусти фоида байни сањњомон, маќсаднокии маблаѓњои равонашуда, риояи ќоидањои амонатгузориву ќарзї ва иљрои ќонунгузорињову санадњои меъёрї мебошад. Маќсади асосии танзими бонкї ва назорат нигоњдории суботи системаи бонкї, њимояи манфиатњои амонатгузорон ва кредиторон мебошад. Гузаронидани тафтиши њамаи бонкњо ва дигар ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї бо ќувваи кормандони маќомоти назорати бонкї (Бонки милли Тољикистон) ё мутахассисони бомањорати ба ин маќсад љалб гардида, инчунин тафтиши регистрњо, њуљљатњо, њисобњои онњо ва риоя намудани ќонунгузорї аз тарафи онњо, инчунин дидани чорањо оид ба ислоњи вазъияти дар онњо ба амаломада ё татбиќ намудани чораи љазои муќарраркардаи ќонунгузорї.

Назорати ќарзї ин тафтиши дуруст ва маќсаднок истифода бурдани маблаѓњои ќарзї, самаранокии онњо, натиљањои манфиатнокии намудњои гуногуни ќарз(муњлатнокї, њаљм, соњавї ва ѓайра), риояи шартнома ва пардохтпазирии ќарздорон аз тарафи ќарздињандагон мебошад. Назорат оид ба риояи меъёрњои ќонунгузорї, њангоми ташкилёбии захирањои ќарзи давлатї, ќарзњои бонкї ва шартњои пардохти уњдадорињои ќарзї мебошанд.

Дар њолати аз муњлат гузаронидани баргардонидани ќарзи пештара, зиёдтар аз 30 рўз, додани ќарзи навбатї ба корхона ќатъ карда мешавад.

Ба муассисањое, ки захирањои аз наќша зиёди молу ашёњо ва ќарзи аз муњлат гузашта надоранд, бонк ба онњо сабукињо дода метавонад. Ин бо роњи ќатъ нагардидани ќарздињї ва бо эњтиёљотњои наќшавї таъмин карда мешаванд.

Назорати молиявї-иљтимої, аз болои ташкилёбї ва истифодаи фондњои пулї ба маќсади таъминоти иљтимоии ањолї равона карда мешавад.

Назорати фаъолияти сармоягузорї фаъолияти маќомоти њокимияти идоракунї ва субъектњои хољагидории давлатї оид ба мувофиќи маќсад истифода гардидани маблаѓњое, ки барои сармоягузорї ба иќтисодиёт, аз љумла барои бунёд ва рушди корхонањои ѓайридавлатї пешбинї шудаанд, назорат карда мешавад.

Санитарии давлатї ва назорати санитарию эпидемиологї мутобиќат бо ќоидањои санитарї-эпидемиологї давлатї ва меъёрњои ва меъёрњои гигиенї. Мисол, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Љумњурии Тољикистон њамчун маќомоти назоратии давлатї бо маќсади санљиши риояи ќонунгузорї ва иљрои тадбирњои санитарию эпидемиологї (пешгирикунанда) ва ќонунгузорї дар соњаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ањолї дар њудуди бозори марказии ш. Душанбе муддати 2 сол мешавад, ки ягон тадбирњои санитарию эпидемиологї (пешгирикунанда) нагузаронидааст, ки дар натиља вазъи санитарию эпидемиологї дохили бозор бад шудааст, ки ин ба вазъи саломатии фурўшандагон ва харидорон таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд ва амали прокурор њамчун маќомоти ба амалбарорандаи назорати умумї дар чунин њолат. Дар чунин њолат прокурор пешнињод дар бораи бартараф намудани ќонунвайронкунињо, сабабу шароитњои ба онњо мусоидаткарда ба маќом, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки барои бартараф кардани ќонунвайронкунї ваколат дорад, пешкаш менамояд ва он бояд фавран баррасї шавад. Дар муњлати на дертар аз як моњ бояд оид ба бартараф намудани ќонунвайронкунї, сабабу шароитњои ба онњо мусоидаткарда тадбирњои дахлдор андешида, аз натиљаи он ба прокурор хаттї хабар дода шавад.

Назорати давлатии молиявї-ин назорати иљрои ќонунњо аз тарафи органњои давлатї ва муассисањои махсусгардонидашуда мебошад, ки аз болои фаъолияти њамаи субъектњои иќтисодї бо усулњои махсус гузаронида мешавад. Бояд зикр намуд, ки вазифа ва самти асосии фаъолияти Агентї назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон ин амалї намудани назорати давлатии молиявї дар тамоми шохањои њокимияти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракунии мањаллї, корхонаю муассиса ва ташкилотњои давлатї, инчунин дар дигар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мебошад. Дар навбати худ назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиро дар фаъолияти маќомоти Агентї Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва прокурорњои тобеи он дар доираи салоњияти худ татбиќ менамоянд.

Назорати давлатии байторї бар мувофиќати ќоидањои байторї, ва ќоидањои санљиши байторию санитарї ва ѓайрањо.

Инчунин навњои гуногуни контрол ва назорати давлатї мављуд аст: хадамоти назорати давлатии фитосанитарї ва карантини растанї, назорати техникї дар соњаи кишоварзї, зотпарварї, назорати маводи нашъаовар, њифзи захирањои об, назорати хољагии љангал ва шикор, назорати истифода ва њифзи табиат, оид ба масъалањои ободонї ва манзил, назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, хариди мол (кор ва хизматрасонї), назорати энергетикии ЉТ, назорати танзими алоќа ва иттилоотонї, таъминкунандаи њифзи њуљљатњои Фонди бойгонии миллї, телевизион ва радио, молияи ЉТ, назорати бонкї ва иљозатномадињї, назорати сохтмони ЉТ, адлияи ЉТ, назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљтимоии ањолї, заминсозї, геодезї ва харитасозї, назорати геологї, омор, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати байторї, тандурустии ЉТ, зиддимонополї, комиссариати њарбї, назорати бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкорї, гумрук, андоз, фарњанг, ваколатдори назорати истифодаи амволи давлатї, хизмати давлатї, њифзи сирри давлатї, назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт ва ѓайра.

Ба сифати назорати универсалии байнисоњавии назорати давлатї ва прокурорї оид ба иљрои ќонунњо аз бисёр намудњои назорати маъмурї, ки аз љониби сохторњои гуногуни Вазорати корњои дохилї ва дигар маќомотњои њифзи њуќуќ ба амал бароварда мешаванд тафовут дорад [4, 512].

Тавассути амалисозии контрол ва назорати давлатї тартиботи дахлдор оид ба андозситонї, таъсисдињии захирањои замин ва истифодаи он, риоя ва муќаррар намудани ќоидањо ва рељањои истифодабарии объектњои табиат (об, замин, љангал, боигарињои зеризаминї) таъмини ќоидањои мењнатї ва ташкили амалисозии њуќуќи соњибкорї ва таъмин карда мешавад. Масалан, њама гуна бозрасињо (инспексияњо), маќомоти амалисозандаи назорат ва контроли маъмуриро гирем, ба онњо ваколати махсус дар ин ё он самт дода шудааст, ки чунин ваколат баёнгари вазъи њуќуќии ин маќомот мебошад. Масалан, маќомоти назорати барќї, зидди сўхтор, стандартонї ва ѓайра, ки њар яке аз онњо дорои салоњияти махсус буда, фаъолияти хосеро дар самти назорати давлатї ба сомон мерасонанд.

Моњияти контрол дар он ифода меёбад, ки маќомоти ба он ваколатдор ва ташкилотњои љамъиятї аз тамоми воситањои ташкилию њуќуќї истифода карда муайян мекунанд, ки дар фаъолияти маќомотњои зерконтролї ба ягон вайронкунии ќонун роњ дода нашавад ва агар чунин вайронкунии љойдошта бошад, сари ваќт он бартараф карда шавад, ва шахсони гунањкор ба љавобгари кашида шаванд. Контрол њамчун тарзи таъмини ќонуният нишонањои зерин дорад.

1) Байни маќомот шахси мансабдори контролкунанда ва объекти контролшаванда дар бисёр њолатњо муносибатњои ба њам тобеияти дида мешаванд.

2) Объекти контролро ќонуният ва маќсаднокии фаъолияти контролшаванда ташкил медињад, ки контролкунанда метавонад ба фаъолияти вай таъсир расонад.

3) Контролкунанда дар њолатњои зарурї чорањои љавобгариро нисбати контролшаванда татбиќ менамояд.

4) Контрол дар шаклњои гуногун амалї карда мешавад (шунидани њисобот, тафтиши њуљатњо, гузаронидани экспертиза ва ѓайра).

Назорат њамчун тарзи таъмини ќонуният дар фаъолияти маќомоти давлатї аз контрол фарќ мекунад. Назорат дар доимї ва бо низоми фаъолияти маќомоти махсуси давлатї аз болои фаъолияти маќомот ва шахсони мансабдоре ифода меёбад, ки ба тобеияти ташкили њуќуќи онњо дохил намешаванд ва ба маќсади муайянкунии вайронкунии ќонун гузаронида мешавад. Њангоми назорат ба фаъолияти ташкилї ва маъмурию-хољагии назоратшаванда дахолат кардан иљозат дода намешавад [5, 240].

Аксари муттахассисони соња намудњои назорати давлатиро ба маъмурї ва прокурорї људо намудаанд.

Назорати маъмурї фаъолияти маќомоти махсуси ваколатдори њокимияти иљроия ва шахсони мансабдори онњо оид ба назорати мунтазами риоя ва иљрои меъёрњои њуќуќї аз љониби шахсони њуќуќї ва воќеї дар соњаи идоракунии давлатї мебошад [6, 15].

Хусусиятњои назорати маъмурї иборатанд, аз:

он як навъи махсуси контроли давлатї мебошад,

аз тарафи маќомоти махсуси ваколатдори њокимияти иљроия ва шахсони мансабдори онњо сурат мегирад,

фаъолияти контролии мазкур хосияти мунтазамї дорад,

бо маќсади таъмини тартибот ва амнияти љамъиятї дар соњаи идоракунии давлатї ба амал бароварда мешавад,

дар байни субъект ва объекти назорат мављуд набудани тобеият,

бо ёрии усулњои муайян сурат мегирад,

Усулњои татбиќи назорати маъмурї:

1) назорати доимї,

2) санљиши давра ба давра,

3) азназаргузаронии иншооти дар зери назоратбуда,

4) тањлили њуљљатњо,

5) омўзиши мурољиати шахсони воќеї ва њуќуќї ва маводи дар воситањои ахбори омма дар бораи њуќуќвайронкунї дар самти идоракунии давлатї нашршуда.

Назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї ин хоси равандњо ва њодисањое, ки дар љомеа ва давлат сурат мегирад мебошанд. Назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї ба ислоњи объекти назоратшаванда ё бењтар кардани њолати ў мусоидат мекунад. Инчунин зикр намуд, ки назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї аз лињози падидањое мебошад, ки барои мављудият ва инкишофи љомеа ва фаъолияти самараноки давлатї зарур мебошанд. Дар шароити муосир ташаккули давлати соњибихтиёр ва демократию њуќуќбунёд, ки Љумњурии Тољикичтон ба он рў овардааст назорати прокурорї ва назорати давлатї маќоми хосса дорад.

Тибќи нуќтаи назари В. Е. Чиркин, [7, 10-18] назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї, барои таъмини волоияти ќонун дар љомеа зарур мебошад, вале бояд њадди чунин навъи фаъолияти назоратї вуљуд дошта бошад. Аз ин лињоз набудани назорат метавонад ба беэътиної ба манфиатњои давлат ва ѓасби њокимият оварда расонад. Аз љониби дигар, назорати аз њад зиёд аз тарафи маќомоти олии њокимияти давлатї метавонад ба аз даст додани фаъолияти мўтадили маќомоти дигар, вайрон намудани мувозинати шохањои њокимияти давлатї њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, дахолат ба љомеаи шањрвандї оварда расонад.

Аз муќоиса ва дарки категорияњои «назорат» ва «шаклњои назорати давлатї», мо метавонем, ки бисёр хосиятњои умумии онро муайян созем. Дар фањмиши муќаррарї маънои калимањои «назорат» ва «шаклњои назорати давлатї» њаммонанд аст, ки он мушоњида ё мушоњидаи давомдор бо маќсади назорат аз болои касе ё чизе барои риояи ќоидањост.

Инчунин, бархе аз муњаќќиќон ва В.В. Гошуляк зикр намудаанд, ки назорати давлатї ва ва дигар шаклњои назорат дорои хосияти умумї мебошанд, аз љумла:

1) объекти назорат ва дигар шаклњои назорати давлатиро ќонуният дар фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, ташкилотњои ѓайрињукуматии тиљоратї ва шахсони воќеию њуќуќї ташкил медињад,

2) «назорат» ва «шаклњои назорати давлатї» мушоњидаи доимї ва фаъолияти мунтазами назоратї аз болои объектњои дар зери назоратбуда мебошад,

3) маќомоти ба амал барорандаи назорат ва дигар шаклњои назорати давлатї дар доираи салоњияти худ, чорањои муайяни маљбурсозиро амалї месозанд,

4) маќсади «назорат» ва «шаклњои дигари назорати давлатї», таъмини ќонуният ва тартиботи њуќуќї дар љомеа мебошад [8, 352].

Бинобар ин баъзе аз муаллифон пешнињод ќатъї намудаанд, ки дар байни «назорат» ва «шаклњои назорати давлатї», фарќият вуљуд надорад [9, 160].

Бо вуљуди ин, густариши назорат ва дигар шаклњои назорати давлатї ба тафовути байнињамдигарии онњо оварда расонд. Ин тафовутњо дорои як ќатор аломатњо аст. Моњияти «назорат»-ро В.П. Беляев дар таъмини ќонуният ва тартиботи њуќуќї бо воситаи муайян ва бартараф намудани њуќуќвайронкунињо инчунин дар пешгирии онњо мебинад. Тибќи нуќтаи назари мо низ мазмуни фаъолияти назорати давлатї аз љониби субъектњои баамалбарорандаи назорати давлатї ба маќсади таъмини волоияти ќонун, ошкор ва пешгирии њуќуќвайронкунињо, таъмини њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд ва њифзи манфиатњои ќонунии шахсони људогона, љомеа ва давлат мебошад [10, 436].

Баъзе муаллифон, тафовути назорати давлатї ва контроли давлатиро ба таври даќиќ пешниход намуда, назорати прокурориро яке аз шаклњои назорати давлатї маънидод намудаанд.

Хулоса њангоми омўзиш ва тањлили самтњои асосии баамалбарории назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї аз љониби кормандони маќомоти прокуратура ва дигар шахсони мансабдори давлатї муайян гашт, ки зуњуроти амалигардии назорати прокурорї ва давлатї талаботи таркибии волоияти ќонунро дар љомеа таъмин мекунад. Тавре, ки мо маълумот пайдо кардем, бархе аз намояндагони соњаи назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї бар он аќидаанд, ки ягона зуњурот ва њолати воќеие, ки амалигардии самтњои назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатиро таќозо мекунад ин риоя ва иљро нагардидани ќонун мебошад ва назорати прокурорї ва дигар шаклњои назорати давлатї унсури муњими системаи тадбирњои таъмини ќонуният, тартиботи њуќуќї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба шумор меравад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2


Ссылка для цитирования:

Мирзоев Б. НАЗОРАТИ ПРОКУРОРЇ ВА ДИГАР ШАКЛЊОИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТЇ: АЗ ОН ЉУМЛА КОНТРОЛИ ДАВЛАТЇ // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1295 - 1307. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22336 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22336



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.