Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 13 апреля 2025 г.
  4. Научная статья № 157
Просмотры  164 просмотра

ЌАБУЛИ КОДЕКСИ СОЊИБКОРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЗАРУР АСТ

Аннотация: Дар маќолаи мазкур яке аз масъалаҳои мубраму муосири илми њуќуќи соњибкорї – Кодекси соњибкорї бо назардошти андешаи тарафдорон ва муќобилони он тањлил шудааст. Ба андешаи муаллифон дар кишвари мо бояд Кодекси соњибкории мутобиќ ба тафаккури ањолї, ваъзи иќтисодии кишвар ва амалияи танзими њуќуќї ва њуќуќтадбиќнамоии фаъолияти соњибкорї, ки дар тули 30 соли Истиќлолияти давлатї ќабул карда шавад ва он фарогири кулли дастовардњои байналмилалї дар соњаи њуќуќи соњибкорї бошад.

Ключевые слова: Кодекси соњибкорї, Љумњурии Тољикистон, санади кодификатсионї, фаъолияти соњибкорї, сиёсати њуќуќї, субъектњои соњибкорї.

Дар Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6 феврали соли 2018, тањти №1005 тасдиќ шудааст, муќаррар мегардад, ки самтњои такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бо дар назар доштани васеъ гардидани доираи муносибатњои љамъиятии моњиятан њаммонанд, ки бо ќонунњо танзим меёбанд, бояд дар оянда бо тадриљ кодификатсия карда шаванд. Зеро дар шароити аз њад зиёд шудани ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии зерќонунї барои танзими муносибатњои љамъиятї дар баъзе соњањо кодификатсия хеле муњим мебошад. Ба чунин кодификатсия ва васеъкунї аз њоло бояд шурўъ кард ва онро бо роњи бо тадриљ аз нав кардани ќонунгузории амалкунанда анљом додан лозим аст. Маќсади кодификатсия кардани онњо бартараф намудани номутобиќатї ва кам кардани шумораи санадњои меъёрии њуќуќии њаммонанд мебошанд (зербанди 5, банди 12). Инчунин иловатан ба ин муќаррарот мушаххас дар банди 45 Консепсия дарљ гардидааст, ки дар баробари ислоњоти гузаронидашуда дар бахши соњибкорї анљом додани омўзиши зарурат ва асоснокии тањияи Кодекси соњибкории Љумњурии Тољикистон, ки ба рушди фаъолияти соњибкорї заминаи мусоид фароњам меорад, мувофиќи маќсад аст [1].

Бинобар муќаррароти зикршудаи Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон, тавсияњои Форуми чорум ва панљуми миллї оид ба волоияти ќонун дар Тољикистон ва љињати иљрои банди 1 Наќшаи чорабинињо оид ба амалисозии марњилаи сеюми Барномаи дастгирии соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2020, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 апрели соли 2018, №227 [2] тасдиќ шудааст, ќарори раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон аз 31 марти соли 2020, №107 «Дар бораи таъсиси Гурўњи кории байниидоравї љињати омўзиши таљрибаи ќонунгузории байналмиллалї дар самти дастгирии соњибкорї ва зарурати тањияи лоињаи Кодекси сохибкории Љумњурии Тољикистон» ќабул карда шуд. Дар асоси ин ќарор аз њисоби намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон, Шўрои машваратии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, факултети њуќуќши­носии Донишгоњи миллии Тољикистон Гурўњи кории байниидоравї љињати омўзиши таљрибаи ќонунгузории байналмиллалї дар самти дастгирии соњибкорї ва зарурати тањияи лоињаи Кодекси сохибкории Љумњурии Тољикистон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд. Гурўњи корї муаззаф шудааст, ки њисоботи тањлилї бо тавсияњо, лоињаи санадњои меъёрию њуќуќї љињати омўзиши таљрибаи ќонунгузории байналмиллалї дар самти дастгирии соњибкорї ва зарурати тањияи лоињаи Кодекси соњибкории Љумњурии Тољикистонро тањия намуда, ба Њукумати Љумњурии Тољикис-тон пешнињод намояд.

Дар заминаи санадњои зикршуда зарур мешуморем љанбањои назариявї ва амалии ќабули Кодекси соњибкориро тањлил намоем. Чунки ин Кодекс метавонад кафолати мувозинати манфиатњои љамъиятї ва шахсиро дар баамалбарории фаъолияти соњибкорї таъмин намояд. Коркарди босифати шаклї ва мазмунии лоињаи санади кодефикатсионии ќонунгу-зорї дар соњаи соњибкорї амали сариваќтї ва мубрам дар кишвар бояд арзёбї гардад.

Аз тарафи дигар бояд ќайд намуд, ки ќабули Кодекси соњибкорї гарчанде аз љониби кулли олимони њуќуќи соњибкорї дастгирї ёфта бошад њам, [4], аз љониби баъзе намояндагони илми њуќуќи граждании кишвар дастгирї нашудааст [12, 4]. Аммо воќеият ин аст, ки дар ќонунгузори вазифа гузошта шуд, ки Кодекси соњибкории Љумњурии Тољикистон тањия ва ќабул карда шавад. Аз ин рў, ба андешаи мо ба љойи рад намудани ќабули ин Кодекс ваќте расидааст, ки олимони њуќуќшиносон ва кормандони амалї дар Тољикистон дар њамкории зич ќарор гирифта, лоињаи мукаммали Кодекси соњибкориро омода намоянд. Ќабули Кодекси соњибкорї имкон медињад, ки дар шакли ќонуни муттањидшуда меъёрњо оид ба ташкил ва баамалбарории фаъолияти соњибкорї кодификатсия карда шуда, шумораи зиёди санадњо ва бенизомии онњо бартараф карда шавад.

Т.Е. Нугманов бо дастгирї аз ќабули Кодекси соњибкорї андешаи худро чунин баён менамояд: «Ќабули Кодекси мазкурро таљрибаи хориљиён тасдиќ мекунад. Тањлили таљрибаи давлатњои аз нигоњи њуќуќї рушдёфта нишон медињад, ки барои иќтисодиёти бозаргонии баркамол мављудияти Кодекси соњибкорї њамчун соњаи алоњидаи њуќуќ њатмист. Дар якќатор давлатњо Кодекси соњибкорї ќабул гардидааст. Масалан дар Австрия, Аргентина, Белгия, Булѓористон, Венесуэла, Олмон, Юнон, Миср, Испания, Кореяи Љанубї, Кувайт, Люксембург, Мексика, Полша, Руминия, Словакия, Уругвай, Фаронса, Чехия (1961), Чили, Шветсия, Эстония (1995), ИМА, Туркия ва Љопон» [13, 81].

Ба андешаи Рањимзода М.З. ќабули Кодекси гражданї агарчанде, ки барои то дараљае ба низом овардан ва танзими муносибатњои молумулкї ва шахсии ѓайримолумулкї заминаи асосї шуда бошад њам, вале барои дар оянда дар як ќонуни муайян муттањид намудани муносибатњои зикршуда мусоидат карда натавонист. Бараъкс, ќонунњои зиёде ќабул карда шуданд, ки муносибатњои маданї(гражданї) ва соњибкориро новобаста аз Кодекси гражданї ба танзим дароварданд. Аз як тараф ќабули як ќатор ќонунњои танзимкунандаи муносибатњои шаҳрвандӣ ва соњибкорї дар худи Кодекс дар назар дошта шуда бошанд њам аз тарафи дигар ќонунњои зиёде ќабул карда шуданд, ки Кодекси гражданї ќабули онњоро дар назар надошт. Ќабули кодексњои андоз, мењнат, замин, тандурустї, Кодекси ЉТ дар бораи њуќуќвайронкунии маъмўрї танзими омехтаи муносибатњои уфуќи ва амудии њуќуќиро то дараљае ба роњ монданд, ки дигар дар бораи танњо аз тарафи Кодекси гражданї ба роњ мондани танзими муносибатњои молумулкї сухан рондан душвор мебошад. Танзими аз њад зиёди муносибатњои маданї аз љониби кодексу ќонунњои дигар иддаоро дар бораи оне, ки дар шароити њозира Кодекси гражданї гўё наќши «Конститутсияи иќтисодї»-ро иљро мекарда бошад зери суол ќарор додааст. Аз тарафи дигар дар солњои охир кўшишњо оиди дар худи Кодекси гражданї ба роњ мондани танзими њуќуќии уфуќї ва амудии муносибатњои молумулкї ва шахсии ѓайримолумулкї, инчунин корпаративї боиси нофањмињо дар предмети танзими њуќуќии муносибатњои маданї гардида истодааст. Ба аќидаи мо, нуфузи Кодекси гражданї њамчун танзимкунандаи муносибатњои уфуќї дар љомеа њамон ваќт баланд мегардад, ки ба ќадри имкон предмети танзими њуќуќии он - танзими сифатан якхелаи муносибатњои љамъиятии молумулкї ва шахсии ѓайримолумулкї бошад, на омехтагии аз њад зиёди муносибатњои оммавию хусусї. Бояд ќайд намоем, ки дар Љумњурии Тољикистон ќонунњои зиёде ќабул карда шудаанд, ки муносибатњои соњаи иќтисоди бозориро ба танзим медароранд. Онњо гуногунсоња буда, характери амудию уфуќї доранд. Бо маќсади таъмини ягонагї ва бо њам мутобиќатии ќонунгузории соњањои алоњидаи иќтисоди бозорї, ќабули кодекси ягонаи танзимкунандаи асосњои умумии соњибкорї ва њуќуќии зарур аст. Вагарна низоми ќонунгузории соњибкорї барои аз худ кардан ва дар амал татбиќ намудан мураккаб ва душвор мегардад. Мављудияти чунин кодекс имконият медињад, ки ќонунњои гуногуни танзимкунандаи муносибатњои соњибкорї дар як кодекси алоњида ифода ёфта, такрори минбаъдаи онњо дар ќонунњои алоњида аз байн бардошта шавад. Ин боиси љиддан бењ гаштани низоми ќонунгузории соњибкорї гардида, ихтилоф ва номутобиќатии байни ќонунњои гуногуни танзимкунандаи муносибатњои иќтисодї(соњибкорї) бартараф ва истифодаи самараноки ќонунгузории соњибкорї аз тарафи соњибкорон таъмин карда шавад. Аз ин љо ќабули Кодекси соњибкорї бо дарназардошти рушди минбаъдаи иќтисодиёти кишвар зарур аст» [5, 66-67].

Олимони њуќуќшиноси Љумњурии Ќирѓизистон Арабаев Ч.И. ва Байгуттиева Ш. низ дар кишвари худ ќабули Кодекси соњибкориро тарафдорї намуда, андешаи худро чунин асоснок намудаанд: «шартњои муњими таъсиси шароит барои рушди фаъолияти соњибкорї, љалби сармоя ва њимояи њуќуќи субъектњои фаъолияти соњибкорї дар Љумњурии Ќирѓизистон пеш аз њама ќонунгузории бонизом танзимкунандаи фаъолияти соњиюкорї ва рафъи камбудињои таъсиси њадди аксари шартњо дар санадњои алоњида барои соњибкорї аст. Ќонунгузории Љумњурии Ќирѓизистон, ки муносибатњои соњибкориро танзим менамояд бояд аз санадњои меёрии њуќуќии зерин иборат бошад: 1. Кодекси соњибкории Љумњурии Ќирѓизистон, 2. Санадњои меъёрии њуќуќии дар асоси Кодекси соњибкории Љумњурии Ќирѓизистон ќаублшуда, 3. Шартномањои байналмилалии танзимкунандаи фаъолияти соњибкорї бо назардошти мутобиќат ба конунгузорї ва иштирокчии он будани Љумњурии Ќирѓизистон» [14, 88].

Дар Украина то ќабули Кодекси соњибкорї (2003) Мамутов В.К. зарурати ќабули онро чунин асоснок намуда буд: «дар натиљаи таљрибаи амалии худи солњои охир афсонаро дар бораи он, ки самаранокии иќтисодиётро танњо тавассути худтанзимнамоии бозаргонї ва меъёрњои њуќуќии бо ном њуќуќи хусусї таъмин намудан мумкин аст, аз сар гузаронидам. Акнун натиљањои нињоят манфї маълуманд ва ин афсонањо дар тўли якчанд ваќт аз љониби касоне баён мегардид, ки обу њаворо дар сиёсати иќтисодї муайян менамуданд. Бе танзими самарабахши давлатї, яъне бидуни тартиботи муътадил, ки аз љониби давлат бо ёрии меъёрњои њуќуќии њуќуќи оммавї, ки њамбастагии манфиатњои шахсиро бо манфиатњои љамъиятї муќаррар ва дастгирї мекунанд, таъмини самти иќтисодиёт, бозор имконнопазир аст. Дастовардњои асри бист на танњо дар моликияти хусусї ва бозоре, ки њазорсолањо маълум аст, балки дар он аст, ки дар тўли асри кунунї метавонист то андозае њам моликияти шахсї ва бозорро љилавгирї кард, онњоро дар доираи муайян гузошт ва «партовњои» манфии онњоро мањдуд кард. Таљрибаи танзими давлатии фаъолияти иќтисодї дар замони мо дар ќонуни иќтисодиёти пешрафта нав аст. Яке аз шартњои муњим ва баъзан сабаби њуќуќвайронкунињое, ки ба иќтисодиёт зарар мерасонанд, бенизомї ќонунгузории соњибкорї мебошад. Бенизомї боиси ноустувории меъёрњои алоњида мегардад. Ноустуворї боиси мураккабї, номукаммалии техникї ва њуќуќї гардида, ба ворид шудани ќонунгузории соњибкорї ба њаёт мусоидат намекунад ва риояи он имконнопазир мешавад. Инчунин бояд ба назар гирифт, ки кодификатсияи ќонунгузории соњибкорї барои пешгирии љиноятњои иќтисодї зарур аст» [15, 45-51].

Дар Россия ќабули Кодекси соњибкориро И.В. Дойников љонибдорї намуда, бо ќабули он интихоби роњи дурусти стратегии давлатро дар таъмини амнияти иќтисодии кишвар вобаста медонад ва диќќатро ба он равона менамояд, ки консепсияи муосири њуќуќи соњибкорї метавонад васеънамоии сивилистикии њуќуќи хусусиро, ки зарурияти танзими оммавї-њуќуќии иќтисодро сарфи назар мекунад, боздорад [17, 24].

Олимони дигар низ андеша доранд, ки дар айни замон аз сабаби нокифоягии заминаи ќонунгузории соњибкорї ќабули санадњои идоравї ва минтаќавии зиёд ба назар мерасад. Барои пешгирии ин амал зарур аст низоми даќиќ ва оќилонаи танзими муносибатњои бозорї коркард шавад. Ќабули Кодекси соњибкорї вазъи иќтисодї ва њуќуќии кишварро инъикос кунад. Ин санади меъёрии њуќуќї пеш аз њама ба ташаккули бозори мол хизмат кунад [18, 56-66]. Ќабули Кодекси соњибкорї сифати хидматрасонии соњибкориро ба таври назаррас баланд хоњад бардошт. Мављудияти њуљљати мазкур дар кишвар ба танзими фаъолияти соњибкорї мусоидат намуда, иштирокчиёни онро ба риояи меъёрњои ахлоќї ва этикї водор мекунад. Принсипњои пешбурди соњибкорї барои њама аъзои љомеа шаффоф хоњанд буд, ки ба барќарор намудани муносибатњои боварии байни соњибкорон ва истеъмолкунандагон мусоидат мекунад [22, 538].

Ба аќидаи Саъдиев И.З. роњбарияти давлат ва Њукумати кишвар барои боз њам рушд намудани соњибкорї бањри такмили ќонунгузорї дар соњаи соњибкорї тадбирњо андешида истодаанд. Дар асоси моддаи 18 Ќонуни ЉТ «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» аз 26-уми июли соли 2014, № 1107, яке аз самтњои асосии дастгирии давлатии соњибкорї такмили ќонунгузорї оид ба масъалањои соњибкорї аст. Дар баробари ин, дар асоси м. 13 Ќонуни мазкур ќабул ва тасдиќи санадњои меъёрии њуќуќии танзимкунандаи фаъолияти соњибкорї яке аз салоњияти Њукумати ЉТ оид ба њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї аст. Аз ин рў, Консепсияи сиёсати њуќуќии ЉТ масъалаи мукаммалсозии ќонунгузории соњибкориро пайгирї менамояд. Дар сархати 1-и банди 45-и он «омўзиши зарурат ва асоснокии тањияи Кодекси соњибкории ЉТ» пешнињод шуд, ки барои бартараф намудани монеањои љиддии инкишофи соњибкорї равона гардидааст. Ќабули Кодекси соњибкорї боиси он мегардад, ки ќонунгузории Тољикистон ба стандарти љањонї пурра мутобиќ карда мешавад ва низоми њуќуќии кишвар такмил меёбад [6, 120].

Е.П. Губин асосгузори андешаи ќабули Кодекси соњибкории Росия В.В. Лаптевро марбут дониста, таъкид менамояд, ки «итминони комил дорам, ки дар шароити муосир чунин як санади меъёрии њуќуќї ба монанди Кодекси соњибкорї зарур аст. Ва аз номи Кодекси соњибкорї бояд тарс набошад, гарчанде, ки барои баъзењо он аллергияро ба вуљуд орад. Он барои тиљорат, иќтисод, љамъият ќабул карда мешавад ва манфиати шахсони алоњида наметавонад дар ин масъала роњнамо бошад. Тањияи лоињаи Кодекси соњибкорї як ќадами муњим дар мукамалгардии танзими њуќуќии иќтисодиёт хоњад буд. Асос он аст, ки ба њељ кас нигоњ накарда, дур аз бељуръатї, тарси рафтан ба роњи нави худ њуќуќ эљод карда шавад» [23, 76].

Дар заминаи тањлили адешањои олимони ватанї ва Иттињоди Давлатњои Мустаќил бо далел гуфтан мункин аст, ки ќабули Кодекси соњибкории Љумњурии Тољикистон амри зарурї мебошад. Масъалаи дигар, ки ба баррасии густурда ният дорад, ин барои он далолат дорад, ки Кодекси мазкур ба кадом модел бояд мутобиќ бошад. Яъне дар ваќти коркарди лоињаи он намуна барои мо Кодекси соњибкории кадом давлат маќбул аст? Барои љавоб гардонидан ба ин савол Кодекси соњибкории баъзе аз давлатњоро мавриди тањлил ќарор медињем.

Кодекси соњибкории Љумњурии Ќазоќистон 29 октябри соли 2015, № 375-V ЗРК ќабул шуда, аз 1 январи соли 2016 мавриди амал ќарор дода шуд [24]. Сохтори он аз 7 фасл, 31 боб ва 324 модда иборат мебошад. Фаслњои Кодекс ба масоли муќаррароти умумї (1), њамкории субъектњои соњибкорї ва давлат (2), шаклњо ва воситањои танзими давлатии соњибкорї (3), раќобати иќтисодї (4), самтњо ва намудњои асосии дастгирии давлатии соњибкории хусусї (5), шаклњо ва тарзњои њимояи њуќуќи субъектњои соњибкорї (6), љавобгарї барои вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Ќазоќистон дар соњаи соњибкорї. Муќаррароти интиќолї ва хулосавї (7). Кодекси мазкур шароити њуќуќї, иќтисодї, иљтимої ва кафолатњои таъмини озодии фаъолияти соњибкориро дар Љумњурии Ќазоќистон муайян мекунад, муносибатњои љамъиятиеро, ки дар робита бо фаъолияти субъектњои соњибкорї ва давлат ба вуљуд меоянд, аз љумла танзими давлатї ва дастгирии соњибкорї, танзим мекунад. Бояд ќайд намуд, ки бо ќабули Кодекси соњибкории Љумњурии Ќазоќистон ќонунњои зерин аз эътибор соќит карда шуданд: «Дар бораи хољагињои дењќонї ё фермерї» аз 31 марти соли 1998, «Дар бораи сармоягузорї» аз 8 январи соли 2003, «Дар бораи соњибкории хусусї» аз 31 январи соли 2006, «Дар бораи раќобат» аз 25 декабри соли 2008, «Дар бораи контрол ва назорати давлатї дар Љумњурии Ќазоќистон» аз 6 январи соли 2011, «Дар бораи дастгирии давлатии фаъолияти саноатї-инноватсионї» аз 9 январи соли 2012 (ќисми 15, моддаи 324 КС ЉЌ).

Дар баробари Кодекси соњибкории Љумњурии Ќазоќистон дар ин кишвар ду ќисми Кодекси гражданї амал мекунад. Кодекси граждании Љумњурии Ќазоќистон (Ќисми умумї) аз 27 декабри 1994 [25] ва Кодекси граждании Љумњурии Ќазоќистон (Ќисми махсус) аз 1 июли соли 1999, № 409-I ЗРК [26]. Њарду ќисми Кодекси гражданї аз 7 фасл, 62 боб ва 1124 модда иборат мебошанд. Дар асоси моддаи 1 муносибатњое, ки бо ќонунгузории гражданї танзим карда мешаванд, дарљ шудааст. Бо ќонунгузории гражданї муносибатњои моливу пулї ва дигар муносибатњои амволии ба баробарии иштирокчиён асосёфта, инчунин муносибатњои шахсии ѓайримолумулкии вобаста ба амвол танзим карда мешавад. Шањрвандон, шахсони њуќуќї, давлат ва инчунин воњидњои маъмурию њудудї иштирокчиёни муносибатњои тибќи ќонунгузории гражданї танзимшаванда мебошанд. Муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї, ки ба амвол алоќаманд нестанд, тибќи ќонунгузории гражданї танзим карда мешаванд, агар дар санадњои ќонунгузорї тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад ё аз моњияти муносибатњои шахсии ѓайримолумият барнамеояд. Барои муносибатњои оилавї, мењнатї ва муносибатњо оид ба истифодаи захирањои табиї ва њифзи муњити зист, ки ба талаботи дар ќисми 1 њамин модда пешбинишуда мутобиќат мекунанд, ќонунгузории гражданї дар њолатњое татбиќ карда мешаванд, ки агар ин муносибатњо мутобиќан бо ќонунгузории оилавї, мењнатї, оид ба истифодаи захирањои табиї ва њифзи муњити зист танзим нашуда бошанд. Ба муносибатњои амволї, ки ба тобеияти маъмурї ва ё дигар тобиияти њокимиятии як тараф ба тарафи дигар, аз љумла муносибатњои андозбандї ва дигар муносибатњои буљетї асос ёфтааст, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи санадњои ќонунгузорї, ќонунгузории шањрванди татбиќ намегарданд.

Деминова В.Ю. иброз менамояд, ки Кодекси соњибкории Љумњурии Ќазоќистон принсипњои ягонаро мустањкам намуд, ки дар заминаи он субъектњои соњибкорї ва давлат њамкорї менамоянд. Дар айни замон, баъзеи онњо барои њуќуќи ќазоќистон навоварї мебошанд. Ба онњо принсипњои њавасмандгардонии масъулияти иљтимоии соњибкорї, иштироки мањдуди давлат дар фаъолияти соњибкорї, рушди худтанзимкунї дар соњаи соњибкорї, љавобгарии мутаќобилаи субъектњои соњибкорї ва давлат ва ѓайра дохил мешаванд [27, 253].

Дар Украина Кодекси соњибкорї (хољагї) 16 январи соли 2003, №436-IV ќабул карда шуда, аз 1 январи соли 2004 мавриди амал ќарор дода шудааст [28]. Кодекси мазкур аз 9 фасл, 41 боб ва 418 модда иборат буда, масоили зеринро инъикос менамояд: принсипњои асосии фаъолияти соњибкорї (1), субъектони соњибкорї (2), асоси молумулкии соњибкорї (3), уњдадорињои соњибкорї (4), љавобгарї барои њуќуќвайронкунї дар соњаи соњибкорї (5), махсусияти танзими њуќуќї дар соњањои алоњидаи соњибкорї (6), фаъолияти иќтисодии хориљї (7), рељањои махсуси хољагидорї (8), муќаррароти хотимавї (9). Дар моддаи 1 Кодекси соњибкории Украина муќаррар шудааст, ки кодекси мазкур принсипњои асосии соњибкории Украинаро муайян менамояд ва муносибатњои соњибкориро, ки дар љараёни ташкил ва пешбурди фаъолияти соњибкорї байни субъектњои соњибкорї, инчунин байни ин субъектњо ва иштирокчиёни дигари муносибатњо дар бахши соњибкорї ба вуљуд меоянд, ба танзим медарорад. Бо ќабули Кодекси соњибкории Украина ќонунњои Украина «Дар бораи соњибкорї» ва «Дар бораи корхонањо» аз эътибор соќит дониста шуданд.

Кодекси граждании Украина низ 16 январи соли 2003, №435-IV ќабул гардида [29], аз 3 фасл, 6 китоб, 90 боб ва 1308 модда иборат мебошад. Моддаи 1 Кодекси граждании Украина муносибатњое, ки бо ќонунгузории гражданї танзим мешаванд, номгузорї шуда аз чунин муќаррарот иборат аст: «1. Ќонунгузории гражданї муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї ва молумулкиро (муносибатњои гражданиро), ки ба баробарии њуќуќї, озодии ирода, мустаќилияти молумулкии иштирокчиёни он асос ёфтааст, танзим менамояд. 2. Ба муносибатњои молумулкї, ки дар асоси тобеияти маъмурї ё дигар тобияти њокимиятии як тараф ба тарафи дигар, инчунин муносибатњои андоз ва буљет асос ёфтааст, ќонунгузории гражданї татбиќ намегарданд, агар дар ќонун тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад».

В.К. Мамутов ќабули Кодекси соњибкории (хољагии) Украинаро муваффаќияти Украина номида, такид менамояд, ки тањия ва муњокимаи лоињаи КСУ ба рушди тањќиќоти иќтисодї-њуќуќї, ихтисоси њуќуќи соњиборї дар илми њуќуќшиносї ва маърифати њуќуќї такони љиддї бахшида, ба таъмини њалли бонизоми якќатор мушкилоти ќонунгузории соњибкории мурофиавї мусоидат намуд. Мављудияти КСУ ба баланд шудани сатњи устувории ќонунгузорї, ки ањамияти муњими иќтисодї ва њуќуќї дорад, мусоидат намуд ва ба омўзиши муназзам ва такмили минбаъдаи ќонунгузорї рушд бахшид. Мављудияти КСУ инчунин имкон дод, ки Кодекси гражданї аз меъёрњои беруна, ки шањрвандон оид ба фаъолияти соњибкорї намефањманд, озод карда шавад [30, 66].

Дар баробари давлатњои алоњида дар сатњи Иттињоди Давлатњои Мустаќил бо ќарори иљлосияи сивусеюми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатњо-иштирокчиёни ИДМ 3 декабри соли 2009, №33-24 Кодекси намунавии савдо барои давлатњо-иштирокчиёни ИДМ ќабул карда шуд [31, 382-389], ки он аз 2 фасл, 8 боб ва 33 модда иборат мебошад. Дар фаслу бобњои ин кодекс масълањои зерин танзим шудаанд: Фасли I. Муќаррароти умумї (Боби 1. Муќаррароти асосї, Боби 2. Ташкили фаъолияти савдо, Боби 3. Шартномањои савдо ва уњдадорињо, Боби 4. Танзими давлатии фаъолияти савдо) ва Фасли II. Хусусиятњои баамалбарории намуд ва шаклњои алоњидаи фаъолияти савдо (Боби 5. Савдои яклухт, Боби 6. Савдои биржавї, Боби 7. Савдои чакана, Боби 8. Савдои электронї). Дар моддаи 1 Кодекси намунавии савдо (Соњаи танзими Кодекси мазкур) муќаррар шудааст, ки Кодекси мазкур муносибатњои байни шахсоне, ки ба фаъолияти савдо машѓуланд ё бо иштироки онњо (муносибатњои савдо) ва муносибатњои вобаста ба танзими давлатии фаъолияти савдо ба вуљуд меоянд, танзим менамояд.

Муќаррароти Кодекси мазкур татбиќ намегарданд: нисбати муносибатњо оид ба хариду фурўши маишї, ки байни шањрвандон ба вуљуд меоянд, ба муносибати хариду фурўши молу мулки ѓайриманќул, ба истиснои амволи ба молу мулки ѓайриманќул (њавопаймо, киштињои бањрї, киштињои дохилї ва объектњои кайњон) баробаркардашуда, ба савдои коѓазњои ќиматнок, ба савдои моликияти зењнї, ба фаъолияти тиљорати хориљї, ба савдо бо асъори хориљї ва сарватњои асъорї, ба муносибатњое, ки дар соњаи хуроки умум бавуљуд меоянд.

Тањлили муќаррароти Кодекси соњибкории Љумњурии Ќазоќистон, Кодекси соњибкории Украина ва Кодекси намунавии савдо барои давлатњо-иштирокчиёни ИДМ ба хулосае меорад, ки дар кишвари мо бояд Кодекси соњибкории мутобиќ ба тафаккури ањолї, ваъзи иќтисодии кишвар ва амалияи танзими њуќуќї ва њуќуќтадбиќнамоии фаъолияти соњибкорї, ки дар тули 29 соли Истиќлолияти давлатї ќабул карда шавад ва он фарогири кулли дастовардњои байналмилалї дар соњаи њуќуќи соњибкорї бошад. Дар тањияи лоињаи Кодекси соњибкории Љумњурии Тољикистон баъзе аз муќараротро метавонем аз Кодекси соњибкории Љумњурии Ќазоќистон, Кодекси соњибкории Украина ва Кодекси намунавии савдо барои давлатњо-иштирокчиёни ИДМ истифода намоем. Аммо ин муќаррарот бояд бо назардошти баинобатгирии мониторинги њуќуќии нуќсонњои дар амал ошкоршудаи ин санадњо сурат гирад. Инчунин дар Кодекси соњибкорї набояд меъёрњое дохил карда шаванд, ки дар Кодекси гражданї алакай мављуданд ва ба танзими њуќуќии фаъолияти соњибкорї алоќаманд намебошанд.

Чунки такрори меъёрњо ва ё мухолифати онњо ба оќибатњои манфї, ки дар њаёти иќтисодї бештар эњсос хоњанд шуд, оварда мерасонанд, зеро таќдири манфиатњои бузурги иќтисодї аз њар калимаи ќонун вобастагї дорад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2


Ссылка для цитирования:

Раҳматов Р. ЌАБУЛИ КОДЕКСИ СОЊИБКОРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЗАРУР АСТ // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1308 - 1323. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22337 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22337



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.