Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 13 апреля 2025 г.
  4. Научная статья № 158
Просмотры  168 просмотров

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМИ ДИНЇ, ТАЊАВВУЛИ ИДЕОЛОГИИ ОНЊО

Аннотация: Дар маќолаи мазкур тањдидњои муосири экстремизм ва терроризми динї, тањаввули идеологии онњо, роњњои пешгирии љиноятњои хусусияти экстремистидошта бо пайдарњамии илмї мавриди омўзиш ќарор дода шуда, мафњумњои умумињуќуќии “экстремизми динї”, “фаъолияти экстремистї” ва “терроризми динї” пешнињод гардидаанд. Инчунин, ба ањамиятнокии чорањои профилактикї дар муќовимат ба афкори экстремизм ва терроризми динї, диќќати махсус дода шуда, хулосањои арзишманд матрањ гардидаанд

Ключевые слова: тањдидњои экстремизм ва терроризми динї, фаъолияти экстремизм ва терроризми динї, љиноятњои характери экстремистидошта, профилактикаи умумї ва инфиродии љинояткорї.

Вазъи таѓйирёбандаи љањони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуњуроти хатарноки замони муосир, аз љумла терроризму экстремизм, ќочоќи силоњ, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, киберљиноятњо ва дигар љиноятњои фаромиллї, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалањои таъмини амнияти кишварамон диќќати аввалиндараља дињем.

Зеро пайравони созмонњои террористиву экстремистї барои ноором сохтани вазъият дар љомеа ва тафриќаандозиву барангехтани низоъњои диниву мазњабї кўшиш карда, барои гумроњ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, љавонон ва ба созмонњои манъшуда љалб намудани онњо аз шабакањои интернетї васеъ истифода мебаранд» [1, 25].

Барои хулосабарории объективї дар бораи ягон падида, воќеа ва ё ашё, моњияти онро даќиќ тасаввур намудан лозим аст. Бинобар ин мо бояд консепсияи равшани «экстремизм ва терроризми динї»: маънои ин истилоњот, сабаби пайдоиш, хусусият, оќибат ва воситањои муќовимат бар зидди онро пешнињод намоем. Айни замон экстремизм ва терроризми динї ба мушкили љањоние табдил ёфтааст, ки ягон давлат ба танњої наметавонад ба он муќобилият кунад. Ин омилест, ки њам ба амнияти миллї ва њам ба якпорчагии кишвар тањдид мекунад.

Маънои луѓавии экстремизм дар нуќтаи дуртарин аз марказ ќарор доштан аст. Дар дин њам ин истилоњ маънои дар имон, андеша ва рафтор дур аз асосњои диёнат буданро дорад. Аз дидгоњи Ќуръон экстремизм (ифротгарої) танњо дар сурате имконпазир аст, ки агар инсон аз принсипњо-сарчашмањои асосии дар Ќуръон муќаррарнамудаи Худои таъоло дур мешавад (даст мекашад). Оќибати асосии экстремизм набудани мувозинату амният дар њаёти шахсияти алоњида, оила, љомеа мебошад.

Экстремизми динї падидаи тасодуфї нест ва сабабњои объективии пайдоиши худро дорад. Пеш аз ташхиси бемории экстремизм ва муолиљаи он, сабабњои объективии пайдоишашро бояд фањмид. Бо таваљљуњ ба ин, мо мекўшем сабабњои њаќиќии пайдоиши экстремизми диниро муайян намоем. Таърихи инсоният таърихи рў овардан ба ифрот ва кўшиши баромадан аз он аст. Мисоли инро дар њаёти давлатњои бузург ва њам дар таќдири шахсони алоњида ёфтан он ќадар душворї надорад. Чун ќоида, расидан ба ифрот њељ гоњ ба њељ кас некї наовардааст. Тољикистони соњибистиќол, ки њанўз солњои навадуми асри гузашта даврони фољиабори муќовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронидааст, ки дар ии роњ беш аз 150 њазор шањрванди Тољикистон кушта, 50 њазор кудакон ятим монда, зарари иќтисодии он ба зиёда аз 10 млрд. доллари ИМА баробар гардида буд [2, 3], њамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуњуроти дањшатноку нафратовар ќарор дорад ва дар пўсти худ натиљаи фаъолияти эмиссарњои созмонњои экстремистї ва терроризми динии байналмилалиро дидааст. Мо гўё аз он роњи дурусте, ки Худои таъоло ба мо бањри расидан ба саодати дунявию ухравї фармудааст, фаромўш кардаем. Худои таъоло дар Ќуръон чунин мефармояд: «Эй мўъминон, аз гумони бисёр дурї љўед, њароина баъзе аз гумонњо гуноњ аст ва љосусї макунед ва якдигарро ѓайбат макунед! Мо шуморо танњо барои он чун халќу ќавмњои гуногун офаридем, ки то њамдигарро дарк кунед ва дўст доред….». Инро дар ёд дошта, мувофиќи имону виљдон мо бояд тавре зиндагї кунем, ки њамдигарро дарк намоему дўст дорем. Чунки ќонуни худовандии: «Он чиро ки бар нафси худ намеписандї, бар нафси дигарон њам маписанд», - принсипу шарти Ислом аст, мањз бинобар њамин инсони имон ба Худо дошта дар симои инсони дигар пеш аз њама бародар, хоњари худ – махлуќи олитарини Халлоќро бинад! Вай масъулиятро пеш аз њама назди Худо дарк карда истода, бояд аз шарру зўроварї худдорї намояд, инсони шоиста бошад, ба њар инсони дигар некї хоњад ва некї кунад. Инсони њаќиќатан имон ба Худо дошта экстремист ё террорист буда наметавонад! «Ва бар некукорї ва парњезгорї бо якдигар мадад кунед ва бар гуноњу ситам бо якдигар мадад макунед, ва аз худо битарсед», - мефармояд Парвардигор. Мањз аз ин рў мо экстремизму терроризмро намепазирем, чунки онњо бо зўроварию душманї мардумону кишварњо, махлуќоти Худоро бар зидди њамдигар меангезанд. Чизе ки дар ќадим аз сарамон нагузашта бошад, моро таќдир ба њам овардааст. «Боде намевазаду барге аз дарахт намеафтад, магар ба хости Худои таъоло!» - мегуфтанд гузаштагони мо ва дар китобњои муќаддас њам чунин омадааст. Бо хости Худову иродаи ў ва бино бар ќисмати навишта, дар тўли асрњо мо бо мардуми афѓон њамсояву њамватанем, вале воќеае, ки аз љониби чанд ашхоси худобехабар, нисбати Фархунда дар соли 2015 раво диданд, (гарчанде љазояшонро гирифтанд) касро бетараф гузошта наметавонад. Шоири халќии Тољикистон Камол Насруло дар шеъри худ бо номи «Њушдоре ба марги дањшатбори Фархундаи бегуноњ» гуфтааст:

 

 

 

 

Љањолат кушт фарро, хандаро кушт,

Фарањро кушт, чун Фархундаро кушт.

Љањолат ишќро созад лагадкўб,

Ба дўши бегуноње мезанад чуб.

Ба дўшаш санг андозад пайи санг,

Кунад мўи варо бо чанг бенанг…

Дар он мулке, ки љањл асту љањолат,

Макун уммеди некиву адолат…

 

Оиди ин амал њаќ ба љониби Махфират Хидирзода, ходими љамъиятї-давлатист, ки ба ќавли ў куштори Фархунда бори дигар чењраи манфур ва нафратовари хурофотпарастонро (экстремистон ва террористони динї дар назар аст) ба љањониён нишон дод. «Дар назди чунин ашхос на зан, на модар, на духтар ва на иффати вай, на номуси вай ягон арзише надорад. Бинобар ин њар ќадаре, ки љомеа огоњ бошад ва нигоњи ќатъи ва љиддї доштани љомеа дар ин маврид нињоят зарур аст».

Ва ё 8 майи соли равон дар мадрасаи духтаронаи «Сайид-уш-шуњадо», дар ѓарби шањри Кобул террористон боз бомба таркониданд. Дар натиља 85 кас кушта ва беш аз 100 каси дигар захмї шуданд. Аксари ќурбониён духтарони аз 11 то 15-сола њастанд.

Ширин Амонзода, вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон дар сањифаи фейсбукаш навиштааст: “Њоло, дар ин моњи муборак, ки њама пайравони дини мубини исломро фурсати тавбаву истиѓфор аст, зери чатри дини ислом ин бехирадон бори дигар охирин умеди ин тифлаконро њангоми дарсомўзї дар лонањои ќалбашон саркўб карданд. Ва ба љуз аз мањкум шудан ба лаънат дигар чизе дар кулвори рамазониашон нагирифтанд”. Дар њаќиќат бори дигар собит шуд, ки терроризму экстремизм дину мазњаб, миллату ќавм ва чењраи инсонї надоранд.

Бешубња, сабаби асосии эктремизми динї надоштани дониши мукаммал дар бораи њадафњо ва моњияти дин аст. Ва агар тамоман набудани донишу таљрибаи динї боиси пайдоиши як шакли экстремизм – худхоњию бадахлоќї гардад, пас дониши ноќису пароканда боиси натиљаи мухолиф – радикализми њамлакорона мешавад. Агар одамон динро омўзанд, хоњанд фањмид, ки он ба сулњ, муњаббат ба атрофиён ва эътидол мехонад. Дар њоле ки инсон идроки сатњию бенизом дорад, вай метавонад самимона бовар дошта бошад, ки дониши амиќ дорад. Чунин дониши дурўѓин тасвири аёну комили воќеиятро инъикос намекунад ва барои баровардани хулосањои муфид аз масоили пайдошуда имкон намедињад. Чунин «олим» ба чизњои дуюмдараља таваљљуњ карда, ба асос диќќат намедињад. Набудани фањмиши дурусти њадафу низоми дохилии дин боиси норасоињои тарбияи динї ва ахлоќи бад мегардад, ба зоњиршавии сифатњои манфии хислат: тундї, ситезаљўї, бадгўї, кибр, шубњанокї ва бадбинї мусоидат мекунад. Итминони кўр-кўрона ба њаќќонияти худ якљоя бо кибру ѓурур ба экстремизми динї оварда мерасонад. Чунин љоњилї бо роњњои гуногун зоњир мегардад ва маъмултарини инњо пайравии бешуурона ба маънои тањтуллафзи матн ва инкори моњияти ботинї ва таъиноти стратегии дин мебошад. Аломати аввалини экстремизм тањаммулнопазирию берањмии мутаассибона мебошад, ки инсонро водор ба пайравї аз афкору тахайюли худ мекунад ва ба экстремист имкон намедињад то манофеи атрофиён, њолатњои объективї ва асосњои динро ба назар гирад. Чунин муносибат ба муќаррар намудани муколамаи созанда ва муќоисаи холисонаи нуќтањои назар дар масоили бањснок монеъ мешавад.

Дарвоќеъ, љавонони мо, ки пиромуни масоили диниву дунявї дониши казої надоранд, ба осони фирефтаи њиллаву найрангњои равияњои бадкешу ифротгаро мешаванд. Набудани фањмиши моњияту њадафњои дин якљоя бо нуќсонњои ахлоќї (надоштани назорати худї, кибр, ситезакорї) экстремистро ба дасткашї аз муносибати муътадил дар њалли масъалањои пайдошуда оварда мерасонад. Агар экстремистон њуќуќи њарифони худро ба нуќтаи назари худ эътироф мекарданд, оќибатњои чунин муносибати тундравона камтар мебуданд. Аммо чунин рўй намедињад ва экстремистњо одамонеро, ки дар дин муътадилиро ихтиёр кардаанд, ба њама гуноњњо, бидъат ва њатто ба куфр муттањам мекунанд.

Аз ин рў, бо супориши Пешвои муаззами миллат, њануз соли 2009 нахустин маротиба китоби Ќуръони карим бо забони тољикї дар се давра ба теъдоди умумии беш аз 200 њазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум таќсим гардид.

Аз њисоби буљети давлат ва Фонди эњтиётии Президент дањњо миллион сомонї ба чопи китобњои илмї, ахлоќї ва эътиќодии фарњанги исломї људо гардида, садњо асарњои гаронбањои таърихї, ки асрњои дароз дар гўшаи фаромўшї монда буданд, аз љумла“Сањењ”-и Имом Бухорї, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эњёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”-и Имом Ѓаззолї ва дигар осори пурќимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Таассуб монеаи рафънопазир дар роњи њамдигарфањмї мебошад, чунки њамдигарфањмї ваќте њосил мешавад, ки њар ду тараф мавќеи тањаммулро ишѓол мекунанд. Ба љои ин экстремист, ба норозигї бархўрда мусоњибашро ба иштибоњ, бидъат, љурм ва куфр айбдор мекунад. Чунин экстремизми динї оќибатњои мудњишро ба бор меорад ва пешомади терроризми љисмонї мебошад.

Аломати дуюми экстремизм зиёдаравии намоишкоронаю доимї дар рафтори динї ва тамоюли водоркунии дигарон ба чунин рафтор мебошад. Ин амали расмиятпарастон аст, њол он ки ислом рўирост ба сабукї ва эътидол дар дин даъват мекунад. Дар Ќуръони маљид Худованд мефармояд: «Худо барои шумо осониро мехоњад ва барои шумо душвориро намехоњад» [3, 28] (2:185) ё: «Мо шуморо бењтарин умматњо сохтем, то бар мардум гувоњ бошед...» [3, 22] (2:143), яъне эљоди мушкилот барои одамон дар њолатњои маишияшон ва ќасдан душвор намудани маросимњои динї хилофи таълимоти ислом аст.

Экстремизм дараљаи шиддати иљтимоиро дар љамъият (дар байни намояндагони динњои гуногун, дар дохили оин, байни љавонону насли куњансол, волидону фарзандон) ба таври нораво баланд мекунад.

Аломати сеюми экстремизми динї дар шеваи даѓалонаю тунди муошират бо одамон, дар муносибати дурушту ќатъият љињати расонидани маълумот дар бораи ислом зоњир мегардад. Чунин муносибат ба принсипњои оддитарини ќуръонї ва инсонї мувофиќат намекунад.

Диндорї бояд љомеаро дар њама зинањо солим гардонида, ба муносибати байни одамон унсури мусбатро њамроњ намояд. Сифатњои даѓалї, дуруштї, ќатъият, ки хоси экстремистони динї мебошанд, натиљаи баръакс медињанд. Экстремист ба фавран айбдор намудани одамон дар иштибоњу љиноятњо майл дорад.

Экстремизми динї бо тамоми ќувваташ замоне зоњир мешавад, ки як гуруњи људогонаи пайрави аќидањои дар боло номбаршуда ба амнияти аксарият тањдид карда истода, истифодаи зўроварии љисмониро раво мебинад.

Ин кор ваќте имконпазир мегардад, ки гуруњи тундрави одамон тамоми инсонњоро – ба ѓайр аз пайравони худ – берун аз дини ислом дониста кофир эълон мекунад. Чунин иќдом робитаи байни ин гуруњ ва љамоати мусулмононро ќатъиян бармеканад. Ва ин равандро мо дар низоъњои мамлакатњои Сурия, Ироќ, Яман, Нигерия, Афѓонистон ва минтаќањои дигари дунё дар рўзњои охир мушоњида менамоем. Имрўз дар муборизањои сиёсї њизбу њаракатњои зиёде, аз ќабили «Њаракати таблиѓот, «Љамъияти Таблиѓ, «Ал-Ќоида», «Њизби Тољикистони озод», «Њизби Тањрир», «Ихвон-ул-муслимин» (Бародарони мусалмон), «Гуруњи 24», «Њаракати Толибон», «Љабњат-ан-Нусра», «Љамоати Ансоруллоњ», «Давлати исломии Ироќу Шом» (ДИИШ), «Гуруњи исломї» (Љамоати исломии Покистон), «Њаракати исломии Туркистони Шарќї», «Њизби исломии Туркистон» (собиќ ЊИЎ), «Лашкари Тойиба», «Њизби нањзати исломии Тољикистон», «Салафия», «шабакаи Висоли њаќ», «Тавњид», «Калима», «Висоли порсї», «Корвони муљоњиддин» ва «Ањли байт», ки онњо дастгоњњои иттилоотии љараён ва иттињодияњои экстремистї ва террористї мебошанд, тибќи барномаи тањияшуда ва тарњрезишудаи «Ал-Ќоида», «Њизби нањзати исломии Тољикистон» ва «Салафия» бо забонњои гуногуни дунё дар сомонањои мухталифи иљтимої машѓули дасисакорї ва эљоди ихтилофу душманэљодкунї њастанд, ба майдон омадаанд, ки њамарўза аз њисоби љавонони минтаќањои гуногуни дунё, аз љумла тољикон низ сафњои худро пурра менамоянд.

Хуллас, тавре ки мебинем, сабаби асосии экстремизми динї нобиноии аќлонї ва љоњилї мебошад. Бинобар ин алайњи экстремизм, пеш аз њама, дар сатњи зењнї муќовимат бояд кард. Аќоиди таассуб бояд дар сатњи академї, бо љидду љањди тамоми олимони соњаи улуми гуманитарию динї ба бадномї кашида шаванд. Тафаккури рўякї ва набудани идроки динї, ки асрори (феномени) экстремизми диниро ташкил медињанд, назари худро дар бобати ислом пешнињод мекунанд. Якчанд љузъиёти ташкилдињандаи хориќаи (Хориќа-чизе, ки одату тартиботи муќаррариро вайрон мекунад) экстремизмро људо намудан мумкин аст:

Якум, љалби диќќат ба љабњањои дуюмдараљаи динї, ки боиси саргармии аз њад зиёд ба масъалањои вуљуд надошта мегардад. Дар муњити љавонони мусулмон њамеша дар мавзўњои њатмї будани риш, дарозии шалвор, њаракат додани ангушти ишорат дар намоз, манъи аксбардорї ва њоказо бањсњо сурат мегиранд. Эктремистон њељ гоњ аз баррасии ин мавзўъњо хаста намешаванд, бештари ваќташонро сарфи њамин мекунанд. Шуури экстремистон масъалањои њаќиќатан муњими ахлоќи нек, эњтирому иззати волидон, зарурати азхудкунии дониши назариявию амалї, њифзи саломатї, кўмак ба муњтољон, яъне масъалањои мавриди таваљљуњи аввалиндараљаи дини исломро тамоман намеписандад ва ќобили ќабул намедонанд.

Дуюм, аз њад зиёд диќќат додан ба манъу мањдудиятњо. Манъу мушкилкунї њам яке аз зуњуроти экстремизми зењнї (аќлонї) мебошад. Бар хилофи худи Паёмбару сањобиёнаш, ки њамеша ба эътидол дар масоили динї мекўшиданд, экстремистњо ќасдан кўшиш мекунанд ягон чизро мамнуъ гуноњи азим эълон намоянд, гўё моњияти дин аз њамин иборат бошад. Муњаммади паёмбар (с.а.в.) дар њадисе фармудааст: «Њалок карданд худро касоне, ки ифрот намуданд».

Сеюм, норасоии дониши ќонуниятњои таърихию объективии воќеият, дасткашї аз омўзиш ва пайравии онњо. Бо ин сабаб дорандагони тафаккури экстремистї робита бо воќеиятро пурра аз даст дода, талаботу лоињањои мутлаќо ѓайривоќеї ва иљронашавандаро пеш мегузоранд. Ин боиси инкори ќонунњои пайдарпайї ва сариваќтї мегардад, ки тамоми падидаву ашёњо тобеи онон њастанд.

Њалли муаммои мушкили экстремизми динї истифодаи усули мураккаб ва муназзамро талаб мекунад. Аз љумла зарурати љалби љомеаи шањрвандї ба мубориза бо терроризми байналмилалї, рањандозии барномањое, ки пеши роњи љалби љавонон ба гуруњњои террористї ва имкони тарѓиби терроризмро бо истифода аз Интернетро бигиранд. Зеро рўз аз рўз дар тамоми мамолики љањон љиноятњо бо истифода аз шабакаи интернети зиёд гардида, ба амнияти шањрвандон тањдид оварда, нисбати сохти конститутсионии бештар давлатњо тањдиду хатарњои навро ба миён меоварад. Аз бисёри љиноятњои иќтисодии оддї, ки маќсади он иборат аз бо роњи муфт дастрас кардани маблаѓњои пули калон мебошад, дар баробари ин бештар технологияњои муосир ва шабаќањои интернет аз љониби иттињодияњои террористї ва экстремистї мањз ба љалб кардани љавонон ва њам аќидаљуён ва њаммаслакони худ, барои инкишофи гуруњњои байналмиллалии терророристї истифода бурда мешаванд. Танњо дар 8-моњи соли 2020 аз тарафи пешвоён ва аъзоёни фаъоли созмону њаракатњои тундравї террористї ва экстремистї дар њудуди Љумњурии Тољикистон ва шањрвандони Тољикистон, ки дар Федератсияи Россия ва дигар давлатњо дар муњољирати мењнатї ќарор доштанд, зиёда аз 100-нафарро ба созмону ташкилотњои тундрав љалб гардида, бо нияти дар оянда онњоро барои гузаштани таълимотњои њарбї-диверсионї ва иштирок намудан дар амалиётњои љангии хориљи кишвар ба ќароргоњњои худ, ки дар давлати Сурия, Ироќ ва Љумњурии Исломии Афѓонистон љойгиранд, нияти интиќол карданро доштанд.

Бинобар сабабњои маълум тундравї њам падидаест, ки бештар дар байни љавонон пањн гаштааст. Масъулияти пайдоиш, пањншавї, муќовимат ва пешгирии экстремизми динї на танњо ба зиммаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, балки бар дўши тамоми љомеа аст. Пешгирии экстремизм бояд дар сатњи аќлонї бо роњи пањнкунии таълимоти исломи суннатї дар муассисањои тањсилот (муассисањои таълимии динї, кафедрањои донишгоњ, донишкадањо ва мактабњо) ба роњ монда шавад.

Айни замон мавриди он расида, ки уламои баландпоя, ходимони дину мазњаби њанафї, олимони маъруфи тољик, зиёиёни кишвар гушаеро чун шахсони холис ихтиёр накарда, бингаранд ва биандешанд, ки онњо ба љомеа чї дода метавонанд. Бояд дар амал нишон дод, ки дину ойини исломии мо дар њаќиќат ойини сулњу сафо, дўстиву бародарї ва накўкорист.

Мо бояд њамаљониба њама навъи тањамулнопазирии диниро аз љомеа ва тафаккури худ решакан созем. Дар сари масъалањои: эњёи маънавї, тозагии ањлоќ, бунёдкорї, њуќуќњои асосии шахсияти инсонї мутаффиќу бо њам ва дар ин кори хайр дастгири якдигар бошем. Биёед дар ин хусус боз як бори дигар якљо андеша намоем, зеро имрўз ваќти он расидааст, ки љавонони мо ба хотири дифоъ аз арзишњои волои миллию динии хеш рў ба китоб биёранд ва дар лањзањои зарурї ба душманони ѓоявиашон на бо зўри силоњ, балки бо сењри сухан, далелњои асосноки илмї љавоби ќотеъ гардонда тавонанд.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2


Ссылка для цитирования:

Раҷабзода С. ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМИ ДИНЇ, ТАЊАВВУЛИ ИДЕОЛОГИИ ОНЊО // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1324 - 1333. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22338 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22338



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.