Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 13 апреля 2025 г.
  4. Научная статья № 159
Просмотры  154 просмотра

ОМЎЗИШИ ТАМАДДУНЊОИ ЊУЌУЌЇ ВА МАСОИЛИ ЊУЌУЌЭЉОДКУНЇ ДАР ТОЉИКИСТОН

Аннотация: Дар маќолаи мазкур масоили љанбањои таърихии њуќуќ ва њуќуќэљодкунї мавриди барасї ќарор гирифта, муаллиф бо истифода аз адабиётњои мўътамади илмї тавонистааст, љанбањои тамаддуни њуќуќэљодкуниро дар маќолаи худ инъикос менамояд. Дар маќола муаллиф дар бораи љанбаъњои таърихии њуќуќ ва њуќуќэљодкунї дар таърихи маданияти тољикро мушикофона инъикос намуда, дар ин раванд сањми мутафаккирон ва сиёсатмадорони даврањои мухталифи тамаддуни тољиконро ёдоварї кардааст. Илова бар ин дар ќонунэљодкунии тољикон шахсиятњои алоњидаи таърихиро дар маќолаи худ барасї кардааст

Ключевые слова: тамаддун, њуќуќ, ќонун, форс-тољик, башар, њуќуќи башар, мутафаккирон, адолат, адл.

Таърихи њуќуќи башар гувоњи он аст, ки оилањои њуќуќии устувор одатан дар марказњои инкишофи љомеаи инсонї дар давру замонњои мухталиф тарњрезї гардидаанд. Марказњои Мисри Ќадим, Бобулистони Ќадим, Рими Ќадим, Форси Бостон, Хилофати Араб, Англосаксонњои асрњои миёна, Аврупои асрњои Эњё ва Амрикои муосир њар яке дар давру замонњои гуногун бо баробари нашъунамои сиёсї, њарбї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангї тавонистанд арзишњои волои њукуќию принсипњои идеалии танзимнамоиро бо усулу воситањои махсусгардонидашудаи дарк ва љустуљўйи њакиќат, адолат, инсоф ва баробарию бародарї кор карда бароянд[1], ки натиљаи он пайвастњои устувори њуќуќиро њамчун анъаноти њуќуќї, оилаи њуќуќї ва ё низоми васеи њуќуќї дар њадди якчанд давлатњои тобеъ ва ё тасарруфгардида рўйи кор овард [2]. Аљиб он аст, ки бо аз байнравии бештари ин ќудратњои оламгир ва зеру забаргардии низоми идории онњо, њуќуќи тарњрезї намудаи онњо, принсипњои танзимнамоии онњо ва роњу воситањои татбиќи њуќуќиашон аз байн нарафта, мардум ва парахањои сиёсии империяро дар шакли давлатњои мустаќил ва иттињодияњои дигар дар фазои ягонаи њуќуќї тўли асрњо нигоњ медошт. Ин маънои онро дошт, ки парадигма ва бинишњои илмию фалсафии њамон тамаддунњо њанўз љовидон аст [3]. Пас, инсоният ањди он тамаддун ва бинишњоро ба пуррагї аз сар нагузаронидааст, њанўз њам аз он илњом мегирад.

Тавре ки њуќуќи Рим ва фалсафаи Юнон њанўз њам илњомбахши љањони нави аврупої ва ѓарбї мебошанд. Аммо дар баробари ин омезишу барњамхўрии тамаддунњои њуќуќї, таъсири мутаќобилаи онњо њангоми бархўрди иќтисодї ва сиёсии байнитамаддунї якдигарро пурра менамуданд. бинобар ин, имрўз гарчанде аз давлати Эллинињою, Англосаксонњо ному нишоне набошад њам, њанўз оилањои њуќуќии римию англосаксонї барои љомеаи инсонї хизмат менамоянд. Аммо баъзан аз оилањои њуќуќї фишори чандинтарафаи таърихиро набардошта, тадриљан ба омезиш ва фурўравї ба тамаддунњои дигари њуќуќї гирифтор гардида, фазо ва мазмуни низомњои нави њуќуќиро ѓанї гардонидаанд. Яъне, дар баробари ин, баъзан кашиш ва фурўбарии кулли оилаи њуќуќї ва низоми њуќуќї дар таърих љой дошт [4]. Мисол, низоми њуќуќии тамаддуни мисрию суриёї дар зери фишори дутарафаи форсњою римињо дар интињои њазораи охири пеш аз милод ва ибтидои њазораи яки милодї ба коми низомњои њуќуќии импературии охирињо фурў рафт [5, 352]. Ин раванд ба ташаккули низоми њуќуќии эллинињо ва баъдан асосан ба римињо такони бузург дод. Айнан чунин таќдир минбаъд низоми њуќуќии зардуштиро думболагирї кард. Фишори пайдарпайи тамаддуни эллинию дертар исломї доираи амали ин низоми њукукиро нињоят танг намуда, тахаллуфи онро дар низоми нави њуќуки исломї ќисман муяссар гардонид [6, 200]. Бояд ба як чиз диќќат дод, ки азбайнравии оилањои њуќуќии тамаддунњои мухталифи дунёи ќадим, ин азбайнравии охирин нишонаи мављудияти њамон тамаддуннњост. Аз њамон марказњои тамаддунхои мурда нишонахои меъмории олї, вайронањои касрњои боњашаммат ва њамин махсусиятњои њуќуќї дергоњ њамчун нишона ва садои таърих боќї мемонд [7, 42].

Њоло низ мубориза ва таъсири мутаќобилаи тамаддунњои њуќуќї идома дорад. Тољикистони мо, гарчанде чандин муддат маркази чунин мављњои тамаддунї буд, муддатњои баъдї дар саргањи чунин барњамхўрињо ќарор дошт. Баъд аз низоми њуќуќии зардуштї, майдони њуќуќии сарзамини аљдодии моро тамаддунњои њуќуќии буддої, насронї, исломї, одатї, муѓулї, туркї ба навбат тасхир намуда, њар як наќши худро дар саргањи ин барњам хўрдан бо тамаддуни њуќуќии исломї дар биниш, усулњо ва рафторњои њукуќии ачдодони мо гузоштанд. Вале тамаддуни њуќуки исломї аз асрњои VIII наќши ѓолиби худро то интињои асри ХIХ нигоњ дошт... Танњо бо омадани русњо аз соли 1868 ба ќисмати шимолї, тадриљан мањдудшавии таъсири њуќуќи исломї дар ин минтаќа эњсос гардид. Вале баъд аз Инќилоби Октябр дар Россия ва сентябри соли 1920 дар Бухоро, зина ба зина мањдудшавии њуќуќи исломї то соли 1929 идома ёфт. Аз соли 1929 расман ба амали њуќуќи исломї дар Тољикистон нуќта гузошта шуд ва Тољикистон ба фазои шохаи сотсиалистии њуќуќи романогерманї шомил шуд. Дар баробари ин њама муборизањо мо низ арзишњои бисёри миллиамонро ќурбон намудем... Акнун мо дар партави оилаи њуќуќии романию олмонї ќарор дорем [8, 85].

Инкишофи ояндаи низоми њуќуќии тољикон дар ин љода бебањс ва бебозгашт аст. Вале ин маънии онро надорад, ки мо бояд аз арзишњои миллию дастовардњои аљдодонамон, ки ќодиранд барои љомеаи шањрвандию давлати њуќуќбунёдамон хизмат намоянд, даст кашем. Мо дар зинае ќарор дорем, ки он бисёр ба ибтидои асри ХХ монандї дорад. Зеро мо он ваќт бо гирудори идеологияи марксистї аз дастовардњои миллии худ рў гардонида, бархе аз хотирањои таърихиии худро ба боди фаромўшї додем. Акнун боди тамаддуни њуќуќии ѓарбї чун вестернизатсияи ќонунгузорї решаи миллии ќонунгузории моро ларзонида истодааст [5, 352]. Мо бояд эњтиёткор бошем. Бунгоњи гумрукии ќонунгузории мо бояд бо манфиатњои устувори миллї ва ватандўстї мусаллањ гардад. Зеро дар ибтидои њазораи се њуќуќ дар пешоњанги бархўрди тамаддунњо ќарор дорад. Агар дар гузашта вазифаи пешоњангро дар ин самт сиёсат, артиш ва дигар неруњо иљро мекарданд, акнун бошад, мавќеи марказиро дар ин маврид њуќуќ ишѓол менамояд. Зеро ислоњоти њуќуќї воситаи муњимми идораи кишварњост [9, 352].

Мухталифии роњњо ва умумияти маќсад. Арзиш, усул ва роњњое, ки шарќиён дар давру замонњои мухталиф њамчун воситаи пайдоиши хушбахтию осудагии мардуми бумї кашф кардаанд, бо њамбастагии этникї, љуѓрофї, динї, иљтимої ва урфу одатњо решањои таърихї дошта, на танњо аз Ѓарб, балки аз бисёр љињат дар дохили худ аз њам тафовут доранд. Бинобар ин, њар кашфиёту дастоварди халќу миллат, ки дар замири инкишофи ѓояњои адлу инсоф, баробарию бародарї, доду мењр, озодию хушбахтии инсон эљод шудааст, роњи мустаќилест ба сўйи инкишофи ояндаи неки инсоният. Роњест, ки бо махсусияти таърихї ва тамаддунии худ арзёбї гардидааст. Роњест, ки њуќуќ ба мављудият дорад. Мањз дар доираи њамин дастовардњо парадигма ва уфуќњои инкишофи халќу миллатњо фароњам гардида, давлатњои бузурги Њахоманишї, Сосонї, Сомонї, Салочуќї ва ѓайрањо пайдо шудаанд [9, 352]. Агар маќсади њамаи инсонњо вобаста ба майлу хоњиши онњо умумият дошта, ба сўйи љамъияти озоду хушбахт равона шудан бошад, роњи таърихии расидан барои ин маќсад яксон набуда, вобаста ба омилњои мухталиф аз њам тафовут дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки халќу миллатњо барои расидан ба ин маќсадњои олї, дар баробари омўхтани сабаќи њамдигар, таљрибаи роњу равиши таърихии аљдодони худро мадди назар гиранд. Ин усул, айни замон, њар миллат ва халќиятро аз омўзиши бемавќеъ нигоњ дошта, мустаќилияту худшиносии онро таъмин намуда, аз њама муњиммаш, истиќлолияти сиёсию њуќуќї ва таърихию замонавии ўро њифз менамояд… Дар баробари ин, бояд ба он таваљљуњ зоњир кард, ки давлатњои пешќадами муосир дар низомњои гуногуни њуќуќї ќарор доранд ва њар як низоми њуќуќї нињод ва соњањои худро тайи њазорсолањо суфта намудааст [6, 200]. Аз ин рў, њангоми пайравї намудан ба соњањои људогонаи њуќуќи давлатњои пешќадам, пеш аз њама, бањамої ва васлгароии ин соњањоро дар њудуди Тољикистон дар мадди назар бояд гирифт [10]. Ба андешаи ин љониб, ба маќомоти ќонунгузор, нињод ё шуъбаи махсуси тањлил ва омода намудани лоињаи ќонунњо дар шароити имрўз шарт ва зарур аст.

Душворињои раванди њуќуќэљодкунї. Сухан мањз нисбат ба фаъолияти ќонунгузорї, њамчун шакли махсуси фаъолияти њуќуќэчодкунї, меравад. Раванди ќоунунгузории Тољикистон, ки миллати таърихан куњану аз назари давлатдорї љавонро ба арсаи сиёсии љањон муаррифї менамояд, хеле мураккаб ва њатто бо душворињои назаррас роњи њаёти осудаи ояндагон-ро љустуљў менамояд. Њар ќонун, њар санади меъёрї-њуќуќї танзимгари муносибати имрўзаву ояндаи бошандагони давлат аст. Чї ќадаре, ки ќонун ба њаёти пешќадами гузаштаву имрўза дуруст алоќамандї дошта бошад, ба њамон андоза вай ояндаи хубро ба мардум тарљењ дода метавонад. Душворињои раванди ќонунэљодкунии замони муосир бо омилњои таърихию замонавї, дохилию хориљї вобастагї доранд. Бидуни шинохт, эътироф ва усули мантиќии њалли онњо дар љодаи њуќуќэљодкунї эътибори миллатро ба пояи зарурї бардоштан душвор аст. Саволе ба миён меояд, ки оё имрўз тамоми ин омилњо аз љониби онњое, ки дар таљзияи ќонунњо наќши њалкунандаро мебозанд, дар мадди назар гирифта мешаванд ё не? Ман ин љо ба сифати онњое, ки дар раванди ќонунгузорї наќши њалкунандаро мебозанд, ќабл аз њама, олимони њуќуќшинос ва илми њуќуќшиносии Тољикистонро дар назар дорам (албатта, масъулияти парлумон низ дар ин самт кам нест). Зеро дар њама давлатњои абарќудрат, чї дар тарих ва, чї дар замони муосир, мањз намояндагони ањли илм фазои њуќуќии кишварро бо бањсу талошњои њуќуќї зеб дода, дурнамои эљоди ќавонинро бо асарњои љовидонаю рањнамои илмї мунаввар гардонидаанд. Бо далоили таърихї мо медонем, ки ислоњоти њуќуќии Курушу Юстиниан, Хусрави I, Исмоили Сомонї ва АлпАрслону Ѓозонхон мањз натиљаи мењнати пурсамару поквиљдононаи олимони илми њуќуќ будаанд. Гузашта аз он, олимони муњтарами мо низ дар коркарди чандин ќонунњо хеле фаъолона ширкат варзидаанд [9, 352].

Душвории асосие, ки дар роњи инкишофи мустаќилияти ислоњоти њуќуќии Тољикистон пеш омад, ин ба вазъи сиёсию фазои њуќуќии кишвар вобастагї дошт. Тољикистон, ки дар њайати Иттињоди Шўравї шомил буд, дар фазои њуќуќии шохаи нињоии низоми њуќуќи римии иљтимоикунони­дашуда ќарор дошт. Пояи њуќуќ дунявї буда, ба сарчашмањои кодификатсиягардида такя намуда, њуќуќэљодкунии расмии маќомоти намояндагиро эътироф мекард. Чунин сурат гирифтани воќеияти њуќуќии марксистон табиї буд. Чунки марксизм, њамчун яке аз љараёнњои сиёсии ѓарбї, ба дастовардњои фазои њуќуќии ѓарбї такя мекард. Бар дўши мардум аз њад зиёд яктарафа бор намудани љањонбинии ѓайр, новобаста аз дараљаи адолатнокии иљтимоиаш, оќибати хуб надод. Дар замони шўравї муътадилии боду фазои њуќуќиро идеологияи њизби коммунист муќаррар мекард. Баъд аз пош хўрдани Иттињоди Шўравї, чун бародарони бузурги ин иттифоќ гирифтори муборизањои дохилї гашта буданд, майли давлатњои бузурги дуру наздик, ки дар низомњои гуногуни њуќуќї ќарор доштанд, ба сўйи Тољикистон бештар шуд [6, 200]. Дар натиља, якљоя бо низоми давлатї ва шакли идоракунї, муайян намудани фазои њуќуќии Тољикистон дар рўйи харита меистод. Давлатњои исломї ба љанбаи таърихии миллати тољик такя намуда, боварї ба он доштанд, ки баргардонидани онњо ба фазои њуќуќии исломї мумкин аст. Давлатњои ѓарбї бо тамаддуни идоракунии ѓарбї, ки дар кори аз байнравии Иттињоди Шўравї наќши њалкунандаро доштанд, ба осонї дастовардњои худро аз даст додан намехостанд… Воќеияти таърихї нишон медињад, ки роњи нисбатан афзалиятноки мо, дар он шароит низ боз бо аксари бародарони даврони шўравї, тадриљан рў ба тамаддуни ѓарбї овардан буд. Аммо ин рўоварї, бояд на ба таќлиди мањз бидуни тањлил ва мувофиќоии мазмун, балки бо муњтаво ва сарњади манфиатњо сурат бигирад. Зеро њама гуна таќлиди бетањлил ва пайгирии устувор дар ояндабинї ва ташаккули њодисањои иљтимої оќибати хуб надошта, сазовор ва мояи ифтихори таќлидкунандагон нахоњад гашт.

Навоварї, эљодкорї ва рањкушої мояи ифтихори халќу миллатњо буд ва хоњад монд. Дар арафаи муайянкунии роњи ояндаи кишвар ва фазои њуќуќии миллат, њокимияти давлатї наќши муайянкунанда ва таќдирсозро бозид. Арзишњои беназиру дастовардњои модулии давлатњои мутамаддин – њуќуќи инсон, љомеаи шањрвандї, давлати њуќуќї, демократия, интихоботи мустаќим яке паси дигар мањз тавассути сиёсати давлат ва ислоњоти ногузири ќонунгузорї вориди кишвари азизи мо гашт [4]. Албатта, гоњ-гоњ ин ѓояњо аз љониби ањли илми кишвар њуќуќшиносон, файласуфон, таърихшиносон ва сиёсатшиносон садо медод, вале ин на он садое, буд ки ба даъвати таърихии «Кистед? Куљо рафтан мехоњед? Ва чаро меравед?!» ќудрати љавоб доданро дошт. Њамагї маънои онро дошт, ки давлат ва сиёсат аз илм ва ќонун аз инкишофи илми њуќуќ хеле пеш харакат карда, ба саволњои таъљилии таърих ва даъватњои навбатии љомеа ба ќадри имкон љавоб дода истодааст. Илме, ки дар ибтидои солњои 90-ум мавќеи худро дар муќобили дигар шаклњои љањонбинї ба пуррагї аз даст дода буд, њанўз мавќеи худро дар љомеа наёфта буд.

Илми муосири миллат дар њама љабњањо эњтиёљ ба навоварї ва инќилоб дошт. Илме, ки ба дарди мардум, воќеияти зиндагии инсон истиќлолияти кишвару ташаккули низоми идории он бархўрд шуда наметавонад, ниёз ба дигаргунию навоварї дорад [6, 200]. Чунин илм ба манфиати давлат хизмат карда наметавонад ва давлат низ ба он эњтиёљ надорад. Аммо давлатњо њанўз њам чунин илмњоро пуштибонї намуда, имконияти озодии баробари инкишофи илм, дин, асотир ва дигар шаклњои љањонбиниро вайрон мекунанд. Чаро? Танњо ба хотири он, ки илм муддатњо ба халќу миллатњои соњибдавлат дар даврони инкишофи тиллоиашон хизмат карда тавонистааст. Аниќтараш, илм барои расидан ба он зинаи инкишоф шароит муњайё намудааст. Акнун чї? Ба назар чунин мерасад, ки давлат ба онњо аз њад зиёд ѓамхорї намуда, аламбардорони онњоро танбал намудааст [6, 200]. Аз љониби дигар, баъзан аз садоњои воќеъбину умедбахш эњтимол зери пардањои ѓафс мондааст. Њам пардаи маъмурини илмї, њам сиёсї ва њам ќурбони дасисањои гурўњї… Синою Ѓазолї, Копернику Галилей ва дигар алломањои илм замоне ба инќилоби фикрї ноил шуданд, ки илм дар муќобили дигар шаклњои љањонбинї бартариро надошт. Аз ин рў, илм, ќабл аз њама, барои мављудият ва баъдан барои њаќќоният ва љовидонии худ мубориза мебурд. Шояд барои бедор намудани тафаккури хобрафтаи илми муосир озод намудани илм аз парастории давлат зарур бошад. Албатта, ин барои мулоњиза, вале медонам, ки чунин озодкунї боз хатарњои дигарро дорад. Хуб мешуд, ки ин ѓояро чун як кўшиши бедор намудани илм ќабул намоед [3].


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2


Ссылка для цитирования:

Рисолати Р. ОМЎЗИШИ ТАМАДДУНЊОИ ЊУЌУЌЇ ВА МАСОИЛИ ЊУЌУЌЭЉОДКУНЇ ДАР ТОЉИКИСТОН // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1334 - 1341. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22339 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22339



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.