КОРРУПСИЯ ДАР НАЗАРИЯИ ЊУЌУЌИ ИСЛОМЇ
Аннотация: Дар маќола масъалаи бањои њуќуќии коррупсия аз нигоњи ањкоми дини ислом мавриди тањќиќ ќарор дода шудааст. Муаллиф дар заминаи тањлили ањкоми шариат - оятњои «Ќуръон», њадисњои оид ба ришвахорї ва чунин хулоса мекунад, ки ислом дар масъалаи ришвахорї ва пора додан мавќеи устувори сиёсии иљтимої дорад ва бад-ин васила њал намудани корњоро хилофи шариат медонад. Њама чиз, њама дороиву неъматеро, ки бо ин роњ ба даст меояд, ислом њаром донистааст. Нафароне, ки ришва мегиранд, ришва медињанд ё дар он миёнаравї мекунанд, умуман шахсони даромади ѓайриќонунї дошта дар њукми шариати ислом сазовори дўзах мебошанд. Дар замони муосир њама гуна ќонунгузорињо дар давлатњои мусулмонї бо назардошти талаботи љањони муосир, вале бо риояи ќатъии њамин сарчашмањои бунёдї, яъне «Ќуръон»-у суннат, ба амал бароварда мешавад. Ба андешаи муаллиф, ба назар гирифтани фањмиш ва бањодињии масъалаи мубориза бо коррупсия аз нигоњи динї-ахлоќї барои осон шудани дарёфти давои ин вабои номатлуб мусоидат хоњад кард
Ключевые слова: коррупсия, ришвагирї, ришвадињї, даромади ѓайриќонунї, кишварњои исломї, шариат, ислом, Ќуръон, суннат, њадис, ќиёс, ќонун.
Шаффофият ва мањкуми коррупсия яке аз он мавзўъњои муњиме мебошанд, ки мавриди омўзиши илмњои иљтимоии дар асоси «Ќуръон» ба вуљудомада гардидаанд. Аммо муҳимоти сиёсии ин мафњумњо дар замони љадидия бо як ќатор сабабњо ба вуљуд наомад. Имрўз ваќте ки ислом, њамчун низоми шаклгирифтаи донишњо ба иштирокчии фаъоли љањонишавї табдил мегардад, мањз рўзмарра шудани ин мафњумњо дорои маънои гузариш ба љомеаи шањрвандї мебошанд. Ин мафњумњо чї гуна ба вуљуд омаданд? То кадом дараља аз тарафи одамони нимљазираи Арабистон ќабул карда мешаванд?
Гањвораи пайдоиши ислом нимљазираи Арабистон буда, он бо маќсади ба тартиб даровардани муќобилияти иљтимоиву иќтисодї тавассути берун омадани Муњаммад – пайѓамбар бо даъвати парастиши Худои ягона зуњур намудааст. Пайѓамбари ислом шахси камсавод, вале сиёсатмадори беназир буд, аз ин рў ташаккул ва такомули бинои устувори таълимоти ў аз тарафи ќавмњои мухталиф анљоми наку пазируфтааст.
Ин таълимот, пеш аз њама, дар њудуди љуѓрофии шањру ќабилањои вилояти Њиљоз доман густурда, баъдтар тавонист заминаи тамаддуни Бањри Миёназаминро нафаси тоза бахшад. Аслу асоси фарњанги исломиро љањонбинии вањёнї ташкил медињад. Ин чунин маъно дорад, ки њама гуна масъалагузорї ва дарёфти њаллу фасли он дар ислом пайванди илоњї дорад. Дуруст бањо додани вазъи сиёсию иљтимої ва асосњои назариявии оини муњаммадї ба таъсири мутаќобилаи мураккаб, коркарди низоми фарњангсолории минтаќавї ва ќаробати таърихї ва њудудии халќњои офарандаи он марбут аст, ки дар шакли як маљмўи омилњои асосї ифода ёфтааст. Дар ин љо зикр намудани ду омил дорои ањамият аст:
Аввалан, эљоди тафаккури нави муттањидкунандаи ќабоили бодиянишин ва халќу ќавмњои мухталифи он замон, ки аз байни онњо ќавмњои арабу форсу турк дар њифозат, њамзистї ва њамоњангии фикрї ба ин таълимот давомият бахшидаанд.
Дувум, раванди шаффофият ва меьёрофаринии фањмиши вањдат, ки ба ќоидањои шараф, виљдон ва номус асос ёфта, љавњари амљумани шањрвандиро ташкил медод, ки дар марњилањои минбаъда барои тањияи меъёрњои стандартии тамаддуни умумиљањонї истифода карда мешуд. Бояд махсус таъкид намуд, ки маќсади асосии чунин тањаввулоти фикрї аз созмон додани муњити зисти тоза аз зўроварї, фиребу найранг ва бадахлоќї иборат буд.
Усули асосии амалї сохтани ин маќсадро Муњаммад аз шакли устувор додан ба фањмиши нави Худо шурўъ карда, дар атрофи худ њамаи касонеро, ки аќидаи ўро дастгирї мекарданд, муттањид сохт. Таъсирнокии муњтавои матни «Ќуръон»-у ањодис ва ќонуну ќоидањои нав ба тањаввулоти афкори адабї, њуќуќї ва иљтимої мусоидат намуда, дар санъат, меъморї ва зиндагию некуањволии халќи одї то андозае хуб таљассум ёфтаанд. Муњаммад ва кори ў аз он сабаб пазируфта шуд, ки ў навовариро нафаќат аз номи Худо, балки инчунин аз номи халќњои дигари замони худ муаррифї менамуд. Њамаи аќидањои диние, ки асрњо дар Шарќи Наздик бодиягардї мекарданд, дар ќавлу гуфтори ў ба шакли содаву љамъбастї ва мукаммал таљассум ёфтанд [1, 555].
Муњимтарин дастуру нишондодњои оёти «Ќуръон» ва њадиси Пайѓамбар корњои неки бани Одамро тараннум карда, корњои бади онро мазаммат мекарданд, бо лаънат хондан ба чунин падидањои ношоиста, ба мисли муфтхўрї, порахўрї ва ришваситонї дар байни мардум афкори умум эљод мекарданд. Ва муњимтар аз он њамин аќидањо дар назму наср ва матни шеъру таронањо љойгоњи сазовор ёфта, вирди забони ќабилаву халќњо мегаштанд.
Вале заминаи асосии њуќуќї ва њукми шаръии муносибат ба њаллу фасли масъалањои марбут ба ришвахўрї ва пора гирифтан дар китоби муќаддаси мусулмонон – «Ќуръон» баён гардида, иљрои амалии он дар ањодиси набавї нишон дода шудаанд [2].
Баррасии ин масъала аз рўйи тартиби хронологї дар оёти «Ќуръон» ва њадисњои Пайѓамбари ислом чунин аст:
Дар ояти 188 сураи «Баќара» (2: 188) чунин омадааст: «Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноњаќ махўред ва амволи худро ба њокимон марасонед (яъне ба ришва), то порае аз амволи мардумонро ба ситам бихўред, ва шумо медонед» [3, 29]. Ин оят зимни гурўњи оёте омадааст, ки дар он дар бораи фарз гардонидани рўза барои мусулмонон ва манъ будани хўрдану ошомидан ва як маљмўи муайяни корњо сухан меравад. Рўза гирифтан дар Рамазон яке аз панљ рукни асосии ислом аст ва дар он машѓули хўрдан будан корест пургуноњ ва бемантиќ аз нигоњи љањонбинии исломї. Аз ин љињат дар ояти мазкур Худо фармудааст, ки молњои худро ба ноњаќ хўрдани одамон ва молњои худро ба њокимон њамчун ришва пешнињод кардани онњо, то тавассути њамин гуноњу ситам моли мардум хўрдану мардумозорї ба даст ояд, баробари он аст, ки мусулмон моњи рўзаро дарёбаду машѓули хўрдану ошомидан бошад. Ва таъкид мешавад, ки шумо инро бидонед: ончуноне, ки дар моњи Рамазон хўрдан мумкин нест, ба ноњаќ ва додани ришва хўрдани моли мардум низ раво нест. Дар «Тафсири ал-Баљавї» оварда шудааст, ки ин оят дар шаъни Имриулќайс ибни ал- Киндї нозил шудааст. Рабиъа ибни Аднон ал-Хазрамї ном шахсе назди Пайѓамбар даъво кард, ки Имриулќайс замини ўро ба ситам гирифтааст. «Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноњаќ махўред» ба чандин навъи амали ботил, ба мисли ѓасб карда гирифтан, ба фиреб рабудан, дар ќимор бохтан, ќасами дурўѓ хўрдан ва њатто иљораи муљанниеро гирифта додан далолат мекунад, ки њамаи он роњест ба сўйи ришва ситонидан ва хиёнат кардан» [4, 210]. Дар китоби «ал-Вањиз фї тафсири-л-Ќуръони-л-азиз» низ зимни баррасии њамин оят таъкид мешавад, ки «шумо моли якдигарро ба тарзе, ки дар шариат њалол нест аз тариќи хиёнат, ситам кардан, дуздидан ба ќимор рабудан махўред, ва ба њокимон ришва надињед, то ба ситам ќисмате аз амволи мардумро аз они худ кунанд» [5, 115].
Дар ояти 42 сураи «Моида» (5:42) масъалаи муносибат ба хўрандагони ришва хусусияти љиддї ва оштинопазир касб мекунад. Асли оят чунин аст: «Онњо шунавандагони сухани дурўѓанд, хўрандагони њароманд (яъне ришваанд), агар пеши ту биёянд, миёни онњо њукм кун, ё аз онњо рўй бигардон. Ва агар аз онњо рўй бигардонї, ба ту њељ зиёне нарасонанд, ва агар њукм кунї, пас дар миёни онњо ба инсоф њукм кун, ба дурустї, ки Худо адлкунандагонро дўст медорад» [6, 115]. Агар ин оятро бо мазмуни оятњои пешинаи њамин сура тањлил намоем, осон дарёфтан мумкин аст, ки Худо Пайѓамбарро аз сифати асосии кофирон огоњ месозад ба забон рондан ва ба дил имон наовардан. Сифати хўрандагони њаром (ришвахорон) бо њамин хислати кофирон њаммонанд нишон дода мешавад, ки нисбати онњо аз рўйи адолат њукм кардан ё аз онњо тамоман рўй гардонидан дуруст бошад.
Дар худи њамин сура бори дигар дар оятњои 62-63 масъалаи њаром хўрдан њамчун кору касби бад маънидод мешавад: «Аз онњо бисёреро мебинї, ки ба гуноњу тааддї ва њаром хўрдани худ шитоб мекунанд. Њароина бад чизе аст, ки ба амал оварданд. Чаро худопарастон ва донишмандон онњоро аз дурўѓ гуфтанашон ва њаром хўрданашон манъ намекунанд? Њароина бад чизе аст, ки мекарданд» (5:62-63) [7, 118]. Ин љо низ сухан дар бораи касоне меравад, ки ба парастидани маъбуди ботил машѓуланд, вале чун пеши мардум оянд, иќрор мекунанд, ки ба Худои ягона имон овардаанд. Ин ќабил одамон дар байни њамаи ќавму миллатњо ва динњои гуногун њастанд, ки Худо онњоро лаънат кардааст ва бар онњо хашм гирифтааст. Њамин ќабил одамон, ки имону баварї ба Худо надоранд, ба гуноњ кардану њаром хўрдан (ришвахўрї) низ шитоб мекунанд. Сифати одами ришвахўр мисли одами беимон аст. Ва «Ќуръон» аз худопарастону донишмандон даъват ба амал меорад, ки онњоро аз дурўѓ гуфтан ва њаром хўрдан манъ кунанд.
Ин даъват имрўз низ ањамияти фавќулода муњим касб кардааст, зеро танњо худотарсї ва илман дуруст бањо дода тавонистани ин падида роњи халосї аз онро нишон дода метавонад. Дар ин оятњо калимаи арабии «суњт» ба маънои њаром хўрдан омадааст. Дар «Тафсири ал-Ќуртубї» омадааст, ки «суњт», яъне њаром хўрдан, рањмдилии инсонро бибарад. Берањмї дар касе бошад, ки ўро дину эътиќод нест. Ибни Масъуд мегўяд: «Суњт» ришва аст. Умар ибни ал-Хаттоб низ таъкид намудааст, ки «ришваи њоким суњт, яъне њаром хўрдани ўст». Пас Умар њадиси Пайѓамбарро зикр мекунад: «Њар пора гўште, ки аз роњи њаром хўрдан нумўъ карда бошад, пас он сазовори дўзах аст». Ин љо баррасии мавзўъ ањамияти иљтимої касб мекунад ва шахсе, ки машѓули ришва ситонидан аст, унсури хатарноки љомеа дониста мешавад. Њамин сифати бади номатлуб боиси берањму бедину беэътиќод гардидани ў мегардад. Вале дар байни касоне, ки њукм мебароранду таќдири мардум аз фаъолияти дурусти онњо вобаста аст, майл кардан ба ин хислати хатарнок боиси нооромии љомеа мегардад. Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми китобњое, ки доир ба њадисњои Пайѓамбар таълиф шудаанд, тањлилу баррасии ин масъала дар пояи фармудањои оёти дар боло зикршуда ва бозгўйи амалии он тањаќќуќ пазируфтааст.
Дар «Сањењ»-и ал-Бухорї хамирмояи баррасии ин мавзўъ дар ду китоб - «Иљора» ва «Бахшиш» гузошта шудааст. Китоби «Иљора» аз 16 бобу 27 (2260-2286) њадис иборат аст [8, 216-222]. Дар ин китоб њадисњое њастанд, ки ба масъала наздик аст ва аз матни онњо мавќеи Пайѓамбар ба роњ надодани ришвахорию пораситонї аён мегардад. Масалан, дар њадиси 2261 муносибати Пайѓамбар ба касе, ки талабгори бо њар роњ соњиби вазифа шудан аст, чунин баён гардидааст: «Мо касеро, ки омил шудан мехоњад, њаргиз омил таъйин нахоњем кард». Дар боби 16 аз номи Ибни Сирин чунин оварда мешавад, ки дар додани музд ба таќсимкунанда зиёне нест ва боз чунин гуфтааст: «Чунин мегуфтанд: «суњт» (даромади ѓайриќонунї) дар њукм(-и шариат) ришва аст ва онро барои амали тахмин кардани миќдори мева медоданд» [9, 216]. Дар њадиси 2282 сухан дар бораи амалњое доир мешавад, ки барои иљрои он музде ситонидан манъ шудааст: «Пайѓамбар бањои саг, мањр (музд)-и фоњиша ва пули (пешфолии) коњинро манъ кардааст» [10, 221-222]. Аз мазмуни њадисњои сањењ осон дарёфтан мумкин аст, ки Пайѓамбар њал кардани масъалањоро тавассути ришва ва пора додан ќатъан манъ кардааст. Аз матни ин њадисњо чунин хулоса кардан зарур аст, ки агар иљрои корњои дар боло зикршуда аз роњи пулу музд додан номумкин дониста шуда бошад, пас дар бораи ришва њољати гуфтан нест.
Китоби «Бахшиш» аз 37 боб ва 70 њадис иборат аст. Дар он аслан дар бораи бахшиш, фазилати он ва ташвиќ кардан ба додани он сухан меравад. Зикр мешавад, ки ба Пайѓамбар њамсояњои ансориаш шир, панир, равѓани зард, хушбўйї ва амсоли онњоро њадя меоварданд ва онњоро ќабул мекард. Њамчунин сардорони ќабилањо ва сарони кишварњо низ ба ў њадя мефиристоданд, ки тибќи таомулот пазируфта мешуд. Дар ин китоб дар иртибот ба њазар кардан аз тановули чизи шубњанок ва ба ришва монанд чанд нуќтаи љолиб ба чашм мерасад: 1) Пайѓамбар аввал њадя ё садаќа будани таомро муайян мекард. Агар мегуфтанд, ки садаќа аст, ба ёронаш медод, онњо мехўрданду худ намехўрд. Вале агар мегуфтанд, ки њадя аст, ў низ њамроњи онњо мехўрд». Ва аз Умар ибни Абдулазиз чунин наќл карда мешавад: «Њадя дар замони Пайѓамбар њадя буд ва имрўз ришва аст». Ин љо раванди бо мурури замон ба сифати ришва пазируфта шудани њадя таъкид карда имешавад. 2) Пайѓамбар аз ќабилаи Азд Ибни ал-Утбийя ном шахсеро барои љамъ кардани садаќот омил таъйин кард. Баъди бозгаштан ў омаду гуфт: «Ин аз они шумост ва ин ба ман њадя шудааст». Пайѓамбар чунин гуфт: «Пас чаро дар хонаи падараш нанишаст, то нигарон бошад, ки оё ба ў њадя мекунанд ё не?! Ва ќасам ба Он Зоте, ки љони ман дар дасти ўст, њар гоњ касе аз моли закот ноњаќ чизе бигирад, рўзи ќиёмат, албатта, онро бар гарданаш бор карда биёрад». Сипас даст боло бардошта ба Худо дуо гуфт: «Бор Худоё, оё дар ин корњо чї гуна муносибат карданро ба уммат расонидам?!» [11, 350]. Ин љо ќатъан ришва ситонидан ва аз хазинаи давлат чизеро аз худ кардан манъ карда шудааст ва ин гуноњ сазовори љазои сахт аст. 3) Дар њадиси 2611 ривоят мешавад, ки дар сафаре Умар ибни ал-Хаттоб ва писараш Абдуллоњ њамроњи Пайѓамбар будаанд. Пас Пайѓамбар ба шутури Умар нигариста мегўяд: «Онро ба ман бифурўш. Ва онро харида ба Абдуллоњ њадя мекунад» [12, 350]. Дар ин њадис собит карда мешавад, ки њатто Пайѓамбар њаќќи чизеро нохарида ба каси дигар њадя карданро надорад. 4) Дар њадисњои 2607-2608 ривоят мешавад, ки Пайѓамбар асирони ќабилаи Њавозинро бе ивази чизе баргардонид ва аз дигарон низ талаб кард, ки њамчунин кунанд ва агар насибе бар ивази асирон талаб карданї бошанд, аз аввалин ѓанимат додани онро ваъда кард. Ёронаш низ ба Пайѓамбар пайравї карданд [13, 349]. Дар ин љо мавќеи иљтимої ва намунаи шахсї нишон додан барљаста ифода гардидааст. Ва дар айни замон барои њалли ин ќабил корњо ба ногузир будани додани чизе моманди хунбањо ишора шудааст.
Минбаъд бо мурури ташаккули љомеаи исломї дар китобњои дигари «Сањењ» ба масъалаи ришва ва пора таваљљуњи бештар зоњир намуданд ва барои муќаррар намудани муносибати ислом ба ин масъала њадисњои њасан ва заъифро низ мавриди омўзиш ќарор доданд. Масалан, дар «Сунан»-и ат-Тирмизї назари Пайѓамбар ба ин масъала дар бобњои марбут ба ришва дар њадисњои 1336-1337 чунин оварда мешавад: «Лаънати Худо бар касе бод, ки ришва меситонад ва бар касе, ки ришва медињад» [14, 622]. Њамин њадис дар «Сунан»-и Ибни Моља зимни њадиси 3580 дар боби «Андар кароњияти ришва ситонидан» чунин омадааст: «Пайѓамбар ришвагиранда ва ришвадињандаро лаънат хондааст». [15, 324]. Дар «Сунан»-и Ибни Моља низ њамин њадис чунин оварда шудааст [16, 323]. Вале дар «Сањењ»-и Ибни Њиббон дар боби «Ришва» дар њадисњои 5076-5077 Абўњурайра аз Пайѓамбар чунин наќл кардааст: «Худо ба ришвагиранда ва ришвадињамда барои баровардани њукми нодуруст лаънат хондааст» [17, 467]. Дар «Муснад»-и Ањмад ин масъала хусусияти бештари иљтимої касб мекунад ва дар боби «Њадисњои наќлкардаи Савбон» чунин оварда мешавад: «Пайѓамбар ба ришвагиранда, ришвадињанда ва каси миёнарави байни онњо лаънат хондааст» [18, 376].
Дар асоси далолати њадисњои дар боло овардашуда ба чунин натиља расидан мумкин аст, ки ислом дар масъалаи ришвахорї ва пора додан мавќеи устувори сиёсии иљтимої дорад. Ва бад-ин васила њал намудани корњоро хилофи шариат медонад. Њама чизе, ки бо ин роњ ба даст меояд, ислом њаром донистааст. Касони ришвагиранда, ришвадињанда, миёнарави байни онњо ва шахсони даромади ѓайриќонунї дошта дар њукми шариати ислом сазовори дўзах мебошанд. Дар замони муосир њама гуна ќонунгузорињо дар давлатњои мусулмонї бо назардошти талаботи љањони муосир, вале бо риояи ќатъии њамин сарчашмањои бунёдї, яъне «Ќуръон»-у суннат, ба амал бароварда мешавад. Дар њолати истисної гурўњи фаќењони варзидаи олами ислом дар иртибот ба ин ё он њолати рухдода дар асоси иљмоъ њукми худро мебароранд. Масалан, агар њангоми ба гаравгон гирифтани шахсияти масъуле барои озод кардан додани маблаѓи муайян њамчун пора шарт гузошта шавад, дар ин бора баровардани њукми иљмои фаќењон таќозо карда мешавад. Дар ин љо низ «Ќуръон»-у суннат ба сифати дастури рањнамо дониста мешанад.
Дар њудуди Тољикистони муосир низ то соли 1920 муносибат ба ин масъала дар асоси фармудањои бунёдии «Ќуръон»-у суннат сурат мегирифт. Вале баъди вожгун шудани аморати Бухоро ва бунёди низоми коммунистї њуќуќу ќонунгузории нав љорї карда шуд ва мардум аз анъанаву суннатњои миллии худ дур монданд. Таѓйироти мафкуравии сохти нав назари одамонро ба фањмишњои њалолу њаром ва фарќи байни њадяву туњфа ва ришваю пора сахт коњиш дод. Тартиботи нави низоми њуќуќї дар замони шўравї то андозае тањмилї намудор мешуданд. Агар то солњои 1950 дар тањлилу баррасињои масоили њуќуќї каму беш ба анъанањои исломї ва миллии халќи тољик таваљљуњ зоњир карда мешуданд, вале дар нимаи дуюми асри XX дар Иттињоди Шўравї фазои нави њуќуќї њукмрон гардид, ки дар он барои мафњумњои тобиши динидошта љойгоње намонд. Шояд яке аз сабабњои асосии сар задани љанги шањрвандї дар солњои 1992-1993 надонистани њамин воќеият бошад [19, 51-52].
Тољикистон 30 сол аст, ки дар фазои истиќлолияти сиёсї зиндагї мекунад. Рушди мустаќилона баробари афзалиятњо баъзе омилњои манфї низ дорад, ки яке аз онњо коррупсия аст. Бо назардошти хатарнок будани ин масъала дар Љумњурии Тољикистон маљмўи санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гардида, доктринаи миллии њуќуќї дар ин соња ташаккул дода шуд. Бо ба тасвиб расидани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 «Дар бораи тадбирњои иловагии пурзўр намудани мубориза бар зидди љинояткорї дар соњаи иќтисод ва коррупсия (ришватхурї)» [20], Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 ќабул гардид [21] ва баъдан 25 июли соли 2005 Ќонуни мазкур бо дарназардошти уњдадорињои байналмилалї дар тањрири нав ќабул карда шуд [22]. Соли 2006 баъди аз љониби Љумњурии Тољикистон ќабул гаридани Конвенсияи Созмони Милали Муттањид зидди коррупсия Љумњурии Тољикистон уњдадор гардид, ки ќонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиќ намуда, маќомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис дињад. Бо назардошти ин бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 10 январи соли 2007, №143 маќомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия – Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд [23]. Љињати ба танзим даровардани фаъолияти Агентї ва мансубияти љиноятњои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон» [24] ва бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 7 сентябри соли 2007, №414 «Дастурамали бањисобгирии омории љиноятњои хусусияти коррупсионидошта ва фењристи чунин љиноятњо» [25] ќабул гардид. Бо маќсади андешидани чорањои маљмўии ташкилї, иљтимоию иќтисодї, њамоњангсозии фаъолияти маќомоти давлатї ва иштироки љомеаи шањрвандї дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2008-2012 тасдиќ гардид [26]. Њамчун маќоми умумимиллии машваратї, мутобиќсозандаи фаъолияти маќомоти давлатї ва љалби љомеаи шањрвандї љињати амалигардонии чорањои пешгирї ва муќовимат бо коррупсия бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 14 декабри соли 2010 Шўрои миллии муќовимат ба коррупсияи Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд [27]. Мутобиќи банди 63 Консепсияи пешгўйии рушди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 тасдиќ гардидааст ва бо дарназардошти ба итмом расидани татбиќи Стратегияи зикршуда ва зарурати объективии идома бахшидани фаъолият дар самти мазкур, инчунин таќвият бахшидани њаракати муттасил дар соњаи муќовимати маљмўї бар зидди коррупсия Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020 тањия гардид [27]. Мављуд будани тасаввуроти гуногун дар бораи коррупсия ба «ќадимї» будани ин амали номатлуб далолат мекунад. Бешак дар марњилаи њозира ба назар гирифтани фањмиш ва бањодињии масъалаи мубориза бо коррупсия аз нигоњи динї-ахлоќї барои осон шудани дарёфти давои ин вабои номатлуб мусоидат хоњад кард.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2
Ссылка для цитирования:
КОРРУПСИЯ ДАР НАЗАРИЯИ ЊУЌУЌИ ИСЛОМЇ // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1342 - 1353. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22340 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22340
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
