БАЪЗЕ МАСЪАЛАЊОИ ЊУЌУЌИИ ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ЯКЉОЯ
Аннотация: Дар маќолаи мазкур оид ба моњият ва масоили њуќуќии тартиби бастан ва муќаррар кардани муњлат дар шартномаи фаъолияти якљоя сухан меравад. Муаллиф ќайд менамояд, ки танзими њуќуќии шартномаи фаъолияти якљоя дар Тољикистони муосир ба Истиќлолияти давлатии кишвар, ќабули Конститутсия ва Кодекси гражданї алоќаманд мебошад. Ў чунин мешуморад, ки истифодаи васеъ аз шартномаи фаъолияти якљоя дар муносибатњои муштараки тиљоратї ва ѓайритиљоратї дар шароити кунунии Љумњурии Тољикистон ба маќсад мувофиќ буда, бањри амалї гаштани њадафи чоруми Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки саноатикунонии босуръат эълон гардидааст, мусоидати њамаљониба менамояд. Дар маќола, инчунин доир ба тартиби бастан ва муайян кардани муњлат тибќи шартномаи фаъолияти якљоя маълумот дода шуда, масъалањои њуќуќии он тибќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор гирифтаанд
Ключевые слова: истиќлолияти давлатї, фаъолияти якљоя, муносибатњои муштарак, истењсоли якљоя, Конститутсия, Кодекси гражданї, шартномаи фаъолияти якљоя, муносибатњои тиљоратї, муносибатњои ѓайритиљоратї.
Яке аз масъалањои муњиме, ки тањлил ва омўзиши њамаљонибаро оид ба шартномаи фаъолияти якљоя таќозо дорад ин тартиби бастани шартномаи мазкур ва муаммоњои њуќуќї рољеъ ба он мебошад.
Тибќи талаботи меъёри моддаи 1058 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон мувофиќи шартномаи фаъолияти якљоя ду ё зиёда шахсоне, ки шарикон эътироф мешаванд, уњдадор мегарданд њиссањои худро муттањид намуда, якљоя, бидуни таъсиси шахси њуќуќї барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба маќсадњои дигар, ки хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон намебошад, амал кунанд.
Бояд ќайд кард, ки «тартиб ва њолатњои бастани шартномаи фаъолияти якљоя бо ќонуни алоњида танзим нашудааст, бинобар ин тарафњо бояд талаботи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар бораи ањдњо ва бастани шартномањоро» дар фаъолияти худ мавриди корбарї ќарор дињанд [9, 99].
Шартномаи фаъолияти якљоя аз рўйи табиати њуќуќї шартномаи консенсуалї, дутарафа ва бисёртарафа мебошад. Бинобар њамин он аз лањзаи ба мувофиќа расидани љонибњо баста мешавад. Аммо бояд гуфт, ки нисбати шартнома дар бораи фаъолияти якљояе, ки беш аз ду тараф ба имзо мерасонанд, талаботи умумии ќонунгузории гражданї доир ба шартномањо татбиќ мегардад, ба шарте, ки ин ба мавзўи бисёрљонибагии шартномаи мазкур зид набошад.
Аз рўйи табиати њуќуќї дар шартнома оид ба фаъолияти якљоя, тарафњо уњдадории мутаќобила дошта, бо њам вобастагињои њамаљонибаро аз рўйи мавзўи ин намуди шартнома ба уњда доранд,
Шартномаи фаъолияти якљоя шартномаи музднок мебошад, зеро мазмунан аз рўйи он тарафњо сармоягузорї ё маблаѓи муайяни пулиро барои иљрои маќсаде, ки аз табиати шартнома бармеояд пешнињод месозанд ва њангоми ноил шудан ба маќсаде, ки аз рўйи он гирифтани фоида дар назар дошта шудааст музд ё љињати иљрои уњдадорињо пасбаргардонии дигарро мегиранд.
Шартнома оид ба фаъолияти якљоя дар шакли хаттї баста мешавад. Зарурати дар шакли хаттї бастани шартномаи мазкур пеш аз њама ба маќсади њифзи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шарикон пешбинї гардидааст ва он њангоми ба вуљуд омадани бањсњо аз рўйи предмети ин шартнома мусоидат менамояд.
Шартномаи мазкур аз ваќти баста шудан эътибори њуќуќї пайдо карда, иљрои шартњои он барои субъектњои он њатмї мегардад. Љонибњои шартнома инчунин њаќ доранд муайян намоянд, ки шартњои шартномаи бастаи онњо ба муносибатњои то ба имзо расонидани шартнома низ татбиќ мегардад.
Ќайд кардан ба маврид аст, ки «пайдоиш, амалї намудан, иљроиш, таъѓйир ёфтан, ќатъ шудан ва њатто њимояи њуќуќњои гражданї бо ваќт ё замони муайян алоќамандии ногусастанї дорад. Барои њамин њам ќонунгузории гражданї пайдоиш, таѓйир ёфтан ва ќатъшавии муносибатњои гражданиро байни субъектон дар шартномаи фаъолияти якљоя низ бо замон, муддат ё давраи муайяни ваќт алоќаманд менамояд» [7, 144].
Барои амалї гардонидани фаъолият тибќи шартномаи фаъолияти якљоя низ зарурати муќаррар кардани муњлат ба вуљуд меояд. Аммо дар боби 52-юми Кодекси гражданї, ки ба масоили шартномаи фаъолияти якљоя бахшида шудааст, барои амалї намудани фаъолият тибќи шартномаи фаъолияти якљоя муњлати муайян пешбинї карда нашудааст.
Бинобар ин барои муайян кардани муњлати шартномаи мазкур љињати анљом додани фаъолияти якљоя ќоидањои муќараркардаи ќисми аввали Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон доир ба муњлатњо мавриди истифода ќарор дода мешавад.
Муњлат барои шартномаи фаъолияти якљоя чун анъана ба он асос меёбад, ки баробари расидан ба маќсадњои дар шартнома пешбинишуда он ба анљом расида, шартнома ќатъгардида њисоб мешавад. Новобаста аз ин њам, љонибњо дар шартнома метавонанд, ки давраи ваќти махсусро муайян намоянд. Бо баробари ба итмом расидани муњлати муайянкардашуда, уњдадорї низ ќатъ мегардад. Муайян кардани муњлати махсус дар он њолатњо ба маќсад мувофиќ аст, ки шартнома ба муњлати давомдор баста шуда бошад. Дар сурате, ки дар шартнома муњлат ё тартиби муайян кардани он пешбинї нашуда бошад, шартнома ба муњлати номуайян басташуда эътироф карда мешавад [8, 407].
Тавре аз мавзўи шартномаи фаъолияти якљоя бармеояд, њадафи асосии бастани он расидан ба маќсади муайяни дар маркази диќќати шарикон љойдошта мебошад. Аз њамин љињат ишора кардан зарур аст, ки барои амалї намудани фаъолият тибќи шартномаи фаъолияти якљоя муњлат бо ишораи анљоми маќсади муайян низ мавриди истифода ќарор дода мешавад.
Ќобили ќайд аст, ки тибќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон хотимаи муњлати амали шартнома оид ба фаъолияти якљоя тавассути меъёри Ќонун ё матни шартномаи мазкур низ мумкин аст муќаррар гардад ва дар ин сурат баъди анљоми муњлати муќарраргардида дар ќонун ё шартнома њуќуќу уњдадори субъектони он ќатъ мегардад. Агар дар шартнома оид ба фаъолияти якљоя чунин шарт гузошта нашуда бошад ва то лaњзаи иљрои уњдадориро ба охир расондани тарафњо муайян карда шуда бошад, шартнома боэътибор эътироф карда мешавад.
Умуман шартнома дар бораи фаъолияти якљоя вобаста ба маќсаде, ки шарикон аз рўйи он муттањид шудаанд баста шуда, барои давомияти амали он мумкин аст бо назардошти пешбинии иљрои маќсади дар назардошта- шуда муњлати онро љонибњо дар мувофиќа бо якдигар бо ишораи ваќти муайян ё бемуњлат муайян намоянд.
Аз омўзишњо маълум мегардад, ки шартномаи фаъолияти якљоя ин созишномаи байни субъектњое мебошад ки маќсади ягона ва умумиро пайгирї намуда, амалеро иљро менамоянд, ки барои расидан ба маќсадњои гузошташудаи онњо зарурї мебошад. Субъектњо бояд њисоби пул ва молро ташкил карда, моликияти умумї доир ба корро низ ташкил намоянд ва вазнинии харољот ва зарарро аз рўйи кори умумї ба уњда гирифта, байни якдигар натиљањои ба дастомадаро таќсим намоянд.
Ањамияти бастани шартномаи фаъолияти якљоя дар замони муосир дар он ифода мегардад, ки он ягона шартномае дар Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон мебошад, ки фаъолияти якљояро танзим менамояд [8, 404].
Яке аз масъалањои муњим оид ба тартиби бастани шартномаи фаъолияти якљоя ин аниќ ва муайян кардани намудњо ва шумораи умумии субъектњои он ба њисоб меравад.
Њадди нињоии иштирокчиёни шартномаи фаъолияти якљоя бояд на кам аз ду нафар бошад. Лекин шумораи умумии онњо тавассути ќонунгузорї муќаррар нагардидааст.
Рољеъ ба намудњои субъектњои шартномаи мазкур, профессор Суханов. Е. А. ќайд менамояд, ки «агар шартнома ба маќсадњои фаъолияти якљояи соњибкорї баста шуда бошад, яъне он дар шакли мунтазам ба даст овардан ва гирифтани фода аз истифодаи молу мулк, фурўши молњо, иљро корњо ё хизматрасонии муайян равона шуда бошанд, пас тарафњои он метавонанд танњо соњибкорони инфиродї ё ташкилотњои тиљоратї бошанд» [6, 346].
Аммо ишора кардан зарур аст, ки ин маънои онро надорад, ки субъектњои зикргардида ба маќсадњои ѓайритиљоратї низ наметавонанд тарафи шартномаи фаъолияти якљоя бошанд. Зеро назария ва амалияи шартномаи мазкур нишон медињад, ки соњибкорони инфиродї ва ташкилотњои тиљоратї фаъолияти худро дар доираи шартномаи мазкур ба њама гуна маќсадњое, ки ќонун манъ накардааст равона карда метавонанд.
Дар ин бобат профессор Рањимов М.З. ќайд менамояд, ки «фаъолият тибќи шарномаи оид ба фаъолияти якљоя барои ноил шудан ба њама гуна маќсади ќонунї равона карда мешавад, аз он љумла сохтани биноњо, истењсоли якљояи молњо, фаъолияти эњсонкорї, амалї намудани тарњњои тиљоратї ва ѓайрањо», ки ин аз љанбањои тиљоратї ва ѓайритиљоратї доштанї шартномаи фаъолияти якљоя шањодат медињад [8, 404].
Дар баробари ин ба сифати иштирокчиёни шартномаи фаъолияти якљоя аз нигоњи профессор Суханов Е.А. инчунин метавонанд ташкилотњои ѓайритиљоратї низ баромад намоянд[6, с. 346].
Дар маљмўъ маќсаде, ки барои он шартномаи фаъолияти якљоя баста мешавад, бояд барои њамаи иштирокчиёни ин намуди шартнома ягона ва умумї бошад. Њадафи умумии шарикон мумкин аст њам хусусиятњои тиљоратї ва њам ѓайри тиљоратї дошта бошад. Аммо бояд ќайд кард, ки дар њама њолат бояд маќсади шарикон мутобиќи талаботи ќонунгузорї бошад, аз он љумла ба талаботњои ќонунгузории зиддиинњисорї мувофиќат дошта бошад. Агар иштирокчии шартномаи мазкур шахси њуќуќї бошад ва дорои ќобилияти соњибњуќуќии махсус бошад, маќсади шартнома бояд мутобиќи маќсади фаъолияти он бошад [5, 141].
Рољеъ ба масъалањои тиљоратии шартномаи фаъолияти якљоя дар замони муосир Шукина Н.М. ќайд менамояд, ки «истифодаи васеъ аз шартномаи фаъолияти якљоя дар соњањои гуногуни хољагии халќ љой дорад. Ба ин мисол шуда метавонад: коркарди якљояи нефт, коркарди нефт бо маќсадї дар оянда фурўхтани мањсулоти тайёри он, њамкорї ва фаъолияти якљоя дар соњаи сохтмон ва истифода аз он дар минбаъда, якљоя захира кардан ва буридани чуб, коркард ва хушккунии он, истењсоли якљоя ва амалї кардани таљњизоти хурди њавоии парвозкунанда, ташкили якљояи шабакањои мустаќими телевизионї дар шањр, фаъолияти якљоя дар самти сохтмони хонањои истиќоматї, дар бораи кори якљоя оид ба муњайё сохтани захирањои мавсимї ва ба вуљуд овардани манбаъњои моддї, дар бораи фаъолияти якљоя оид ба харидуфурўши мањсулоти шакар ва ѓайрањо» [4, 294].
Дар асоси аќидањои зикршуда бояд ќайд кард, ки зарурати бастани шартномаи фаъолияти якљоя њамзамон њангоми истењсоли мањсулоти кишоварзї низ ба миён меояд. Мисоли равшани ин гуфтањо муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хољагињои дењќонї» аз соли 2016 ба њисоб меравад. Дар асоси талаботи моддаи 7 ин Ќонун хољагии дењќонї бе таъсиси шахси њуќуќї, ки аз љониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якљоя амал менамояд.
Чї тавре, ки ишора гардид, хусусиятњои тиљоратї доштани шартномаи фаъолияти якљоя ва корбурд аз он дар фаъолияти якљояи шарикон нињоят зиёд ба назар мерасад. Аммо ба аќидаи мо ривољ ва равнаќ бахшидан ба масоили ѓайритиљоратии ин навъи шартнома низ дар шароити муосир аз манфиат холї нест. Зеро ќонунгузорї дар самтњои ѓайритиљоратї низ бастани шартномаи фаъолияти якљояро манъ накардааст.
Фаъолият дар доираи самтњои ѓайритиљоратї бастани шартномаи мазкур њангоми ташкили љойњои корї, таъминот ва тарбияи ноболиѓон, дастгирї ва кумакњо дар соњањои њифзи иљтимої, тандурустї, маориф, илм ва ѓайрањо ба амал бароварда мешавад, ки аз хусусияти иљтимої доштани шартномаи фаъолияти якљоя дарак медињад.
Ин аќидаро профессор Рањимов М.З низ дастгирї намуда ишора менамояд, ки «доираи субъектњои шартномаи фаъолияти якљоя оид ба маќсаде, ки шарикон дар назар доранд, аниќ ва муайян карда мешавад. Бинобар ин, субъектњо дар шартнома оид ба фаъолияти якљоя дар баробари фаъолияти тиљоратї њамзамон метавонанд ба фаъолияти ѓайритиљоратї низ машѓул шаванд». Аз ин љо хулоса баровардан мумкин аст, ки шартномаи фаъолияти якљояро њам ба маќсадњои тиљоратї ва њам ѓайритиљоратї истифода бурдан хилофи ќонунгузорї намебошад.
Дар интињо ба хулосае омадан мумкин аст, ки мавзўи бастани шартномаи фаъолияти якљоя бештар хусусияти тиљоратї дорад, аммо ба маќсадњои ѓайритиљоратї, низ бастани шартномаро ќонунгузорї манъ накардааст. Шартномаи фаъолияти якљоя хусусиятњои муттањидкунї ва созандагиро доро мебошад. Ин навъи шартнома аз ќадим барои анљоми хизматрасонињои мураккаб мавриди истифода ќарор гирифта, то кунун чунин хусусияти худро гум накардааст. Бинобар ин чунин ќайд намудан мумкин аст, ки дар амал татбиќ гаштани пешнињодоти зерин бо истифода аз шартномаи фаъолияти якљоя барои пешрафти иќтисодиёти љумњурї созгор ва муфид хоњад буд:
а) дар гузашта одамон барои амалї гардонидани муомилоти тиљоратї (харидуфурўши ѓуломон, сохтани киштињо) барои бастани шартномаи фаъолияти якљоя муттањид мешудаанд ва маќсади гузошташуда дар муњлати кўтоњтарин ба анљом мерасид. Ба маќсад мувофиќ аст, ки бо эълон гардидани њадафи 4-уми стратегии Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки саноатикунонии босуръат пешнињод гардидааст, соњибкорон барои бастани чунин навъи шартнома бештар мутањид гарданд ва ин муттањидї имкон медињад дар муњлати кўтоњтарин иќтисодиёти мамлакат босуръат рушд намояд.
б) масъалаи сохтани давлати иљтимої маќсади Њукумати Љумњурии Тољикистон буда, моддаи аввали Конститусияи кишвар, низ онро пешбинї кардааст. Ин имкон медињад, ки мо бењтарин шароитњои арзандаро барои шањрвандони худ фароњам орем ва чунин хусусиятњои эњсонкорї дар шартномаи фаъолияти якљоя баръало эњсос мегардад. Аз ин дидгоњ агар шарикон бо истифода аз шартномаи фаъолияти якљоя бо маќсадњои эњсонкорї низ муттањид мегардиданд дар самти расидан ба њадафњои иљтимоии Њукумати кишвар натиљањои мусбат ба даст меомад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2
Ссылка для цитирования:
БАЪЗЕ МАСЪАЛАЊОИ ЊУЌУЌИИ ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ЯКЉОЯ // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1354 - 1361. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22341 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22341
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
