Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 13 апреля 2025 г.
  4. Научная статья № 167
Просмотры  177 просмотров

ТАЪРИХ ВА ОСОРИ ЗИНДАГИИ АБЎАЛЇ ИБНИ МИСКАВАЙЊ

Аннотация: Дар маќолаи мазкур аќоид ва назариёти яке аз мутафаккирони форсу тољик Абўалї Муњаммад ибни Мискавайњ доир ба њукумат, дав¬лат, сиёсат ва њуќуќ масъалагузорї шудааст, ки дар он масъалањои таъ¬рихиро доир ба давлат ва њуќуќ муаллифон равшану ошкор пешкаши хонанда намудаанд. Дар аќидањои мутафаккирони гузаштаи форсу тољик аз ибтидо илм оид ба давлату давлатдорї, чї гуна роњандозї намудани муно¬сибатњои сиёсї ва њуќуќї дар давлат ва љомеа вобаста ба замонњои гуногун дар мењвари бањсу тањќиќи олимони форсу тољик ќарор дошт. Ибни Мис¬ка¬вайњ яке аз мутафаккирони асри Х дар самти илмњои ахлоќ, фалсафа, сиёсат ва њуќуќ ба шумор меравад, ки дар таълимоти худ адолат, њукумат, ќонун (шариат), сиёсат ва аз њама муњим илми ахлоќро ба роњбар ва љо¬меаи тобеи он пешнињод намудааст, ки њукумат ва роњбар дар баробари риояи талаботи пешбинигардида, метавонанд дурудароз ва побарљо њуку¬мат кунад. Мискавайњ бар он аќидае мебошад, ки зимни роњбарї дар њама давру замон худ ва тобеонаш аз ќонунњо (шариат) бояд риоя намоянд, то ин ки љомеаи тобеон аз он дидан ва истифода баранд, дар он лањза метавон як њукумати ќонунї, давлати пуриќтидору пойдор дар њама давру замон хоњад монд. Маќсади масоили тањќиќгардида дар маќолаи мазкур дар он аст, ки бояд дар љомеа њар шахс новобаста аз мавќеи иљтимої бояд аз ќонун ва ќарорњои боадолатонаи њукумат, маќомоти олии ќонунгузор риоя ва дар доираи он зиндагї намояд.

Ключевые слова: давлат, њукумат, сиёсат, ахлоќ, фалсафа, њуќуќи умумї, љомеа, ќонун, мардум, мутафаккир, ќудрат, дастуру супориш.

Абўалї Алї Ањмад ибни Муњаммад ибни Масъуд ибни Яъќуб ибни Мискавайњ (932/936-1030) муаррих, шоир ва файласуфи машњури тољик мебошад, ки њаёти бобаракати илмиашро дар њудуди Эрони муосир ва Ироќ сипарї намудааст. Мискавайњро дар таърихи фалсафаи исломї «устоди сеюм» номидаанд ва аввалин мутафаккири пайрави дини ислом мебошад, ки илми ахлоќ, яъне фалсафаи амалиро, ки масоили иљтимої, сиёсї ва њуќуќї дар доираи он тањлилу баррасї мегардиданд, аз нуќтаи назари илмї тафсир ва пешнињод намудааст. Дар Шарќ ба сари њокимият омадани ин ё он сулола, салтанат ё аморат заминаи љамъ овардани намояндагони бузурги илму маърифат, шоиру нависандагон, њакимону нобиѓањо дар дарбор гашта, ба василаи онњо сарнавишти салтанату сулолањо тањия ва дар таърихномањо навишта мешуд.

Намунаи равшани чунин равандро мо дар симои Абўалї ибни Сино ва Мискавайњ мушоњида менамоем. Аз љумла Абўалї ибни Сино дар даврони сулолаи Сомониён (875-1005) њаёт ба сар бурда, бо афкори тиббию фалсафиаш њам номи худ ва њам номи ин сулоларо дар таърих абадї гардонидааст. Мискавайњ дар навбати худ маъруфтарин шахсияти илмї-фарњангии давлати Бувайњиён (945-1056) ба шумор меравад. Ў аз як тараф, њамчун як таърихнигор, њодисањои таърихро аз «Тўфони Нўњ» то асри X дар асари шашљилдааш «Таљориб -ул-умам» гирд оварда, аз тарафи дигар, фалсафаи амалии мутафаккирони гузаштаю муосирашро дар «Тањзиб-ул-ахлоќ» тањлилу баррасї намуда, бо ин ду асар њам худаш ва њам маќоми сулолаи Бувайњиёнро ба љањониён шиносонидааст.

Замони зиндагї ва фаъолияти эљодии Ибни Мискавайњ пур аз зиддияту кашмакашњои байни сулолањои њукмрон, ошўбу дасисањои дарборї, низоъњои динию мазњабї ва рўйдодњои дигари сиёсиву иљтимої буд. Мутаассифона, сарчашмањои ќадимаю љадид ба саргузашти ў чандон диќќат надода, танњо оид ба баъзе љанбањои њаёти ў иттилоот медињанду халос [19, 37-148., 2, 68., 4, 98.,15, 78.,17, 56].

Мутобиќи ахбори сарчашмањо, Мискавайњ дар шањри Рай таваллуд шудааст. Дар сарчашмањо якчанд санаи таваллуди Мискавайњ зикр шудааст, аммо аксарияти муњаќќиќон санаи таваллуди ўро соли 320-уми њиљрї (932-юми милодї) њисобидаанд. Мискавайњ њанўз аз айёми хурдсолї ба омўзиши адабиёт, илми тиб, кимиё, фиќњ ва таърих шурўъ намуда, дар љодаи илму адаб то њадде муваффаќ ва комёб шудааст, ки њанўз дар айёми љавонї ўро вазирони машњури сулолаи Бувайњиён – Муњаллабї ва Ибни Амид ба њайси дабир ва китобдор ба фаъолият ва хизмати давлатї пазируфтанд. Њаёту зиндагии ў њамчун амалдори давлатї дар Баѓдод – пойтахти хилофати Аббосиён гузаштааст, ки муњимтарин маркази илму фарњанги исломї дар асри X ба шумор мерафт.

Дар баъзе сарчашмањо зикр шудааст, ки Мискавайњ чанд ќасида дар ситоиши ин ду вазири донишманду фарњангдўст эљод намудааст. Солњои охирини њаёти худро Мискавайњ комилан ба корњои тањќиќотї ва эљодї бахшидааст. Ў беш аз 90 сол умр дида, дар рўзи 9-уми моњи сафар соли 421-уми њиљрї (16 феврали соли 1031 милодї) дар шањри Исфањони Эрон вафот ва дафн гардидааст [7, 666].

Мискавайњ дар «Таљориб-ул-умам» ќайд кардааст, ки бо Муњаллабї – яке аз вазирони бонуфузи сулолаи Бувайњиён муддати тўлонї, аз рўзњои аввали вазириаш робита доштааст. Муњаллабї соли 345 њ. ба мансаби вазирї менишинад [10, 27]. Дар асоси ин ишораи Мис­кавайњ муњаќќиќон ба чунин хулосаи тахминї омадаанд, ки Мискавайњ њангоми бо ањли дарбори Бувайњиён робита барќарор карданаш, мебоист аќаллан 20-сола мебуд. Пас, ў соли 325 њ. ба дунё омадааст. Номи пурраи мутафаккир Абўалї Ањ­мад ибни Муњаммад ибни Яъќуб аст. Баъзе муњаќќиќон аз ќабили Хонсорї ва Шањрзўрї ўро Ибни Яъќуби ибни Мискавайњ ё Маскуя гуфтаанд. «Дар назари ман, – мегўяд Абдулазиз Иззат, – Мискавайњ њамчун тахаллус аз Ибни Мискавайњ дида сањењтар аст» [3, 178]. Мо њам њамин андешаи Иззатро тарафдорем, зеро баъзе муњаќќиќон [16, 236] ва махсусан муосиронаш ба ў «Мискавайњ» гуфта мурољиат мекарданд [10, 46].

Тахаллуси нисбатан љолиби Мискавайњ «ал-муаллим-ас-солис» (устоди сеюм) мебошад [18, 193].

Дар ин миён Бувайњиён, Сомониён ва дигар силсилањои њокимони тољик дар таъсис ва ташаккули љомеаи миллї ва љорї намудани суннату нињодњои давлатдорї муваффаќона амал карда, низоми давлатдориеро ба роњ мондаанд, ки он беш аз дусад соли дигар (999-1219) сармашќи низоми идориву девонсолории Ѓазнавиён, Ќарохониён, Салљуќиён, Ѓуриён ва Хоразмшоњиён гардид [1, 54].

Мискавайњ дар маљолису љамъомади ањли дарбор иштирок мекард ва аз њаводиси даврон бохабар буд. Ба иловаи муарриху файласуф будан, шоир низ буд ва илми шеърро хуб медонист. Хулоса, Мискавайњ аз ќабили он мутафаккиронест, ки њам њаёти њакимона ва њам омиёнаро аз cap гузаронида, маљрои амалии зиндагиро хуб омўхта буд. «Ман, – мегўяд ў, – дар айёми љавонї тарбияи хуби ахлоќї нагирифтаам, аз падар мањрум гашта, бо ќабоњату бадахлоќї майл доштам. Ба замми ин, ки руасо ва машоих ба ман инъом медоданд, аз ин роњ ман баъдан баргаштам, ки ба хонанда аз рўйи китоби «Тањзиб-ул-ахлоќ» маълум аст. Инак дар насињати ту – хонандаи љавон аз њадди худ таљовуз намудам, то ки он чи дар ибтидо бо ман буд, ту худро аз он дур гирї ва њама гуна бероњагиро барњам зада, бо роњи савоб равї. Ба ту, ќаблан бодбоне пешнињод намудам, то ки дар бањри пурталотуми њаёт ѓарќ нагардї» [12, 50].

Тавре ќаблан зикр гардид, асри Бувайњиён давраи гул-гулшукуфии адабиёту санъат ва соири илмњо ба шумор мерафт. Дар ин давра гурўњи зиёди файласуфон (Яњё ибни Адї, Абўсулаймони Мантиќї, Мис­кавайњ ва дигарон), нависандагон (Ибни Амид, Соњиб ибни Абод, Абуњаёни Тав­њидї, Ассобї ва дигарон), забоншиносон (Ибни Љиннї, Абуалї ал-Форисї, Ибни Холуя ва ѓайри онњо) зиндагї ва эљод мекарданд. Њамчунин анъанаи китобдорї ва нигоњдошти китобхонањо хеле ривољ ёфта буд. Аз ин љињат, Мискавайњ имконият дошт, ки аз ин китобхонањо озодона истифода кунад ва дар натиља осори пурќимате аз худ боќї гузорад.

Дар бораи устодон ва шогирдони Мискавайњ дар сарчашмањо ва асарњои муњаќќиќони осори ин мутафаккири бузург иттилоот хеле кам аст. Худи мутафаккир низ дар осораш танњо дар баъзе мавридњо оид ба ин ё он давраи зиндагии худ ба таври муљмал чанд сухан гуфтааст, ки барои тањсили тасаввуроти комил дар бораи саргузашти ў кофї нест. Дар њар сурат гуфтан мумкин аст, ки ў, чунонки худ дар китоби «Тањзиб-ул-ахлоќ» мегўяд, дар љавонї бо ташвиќњои падар ба адаб ва шеър рўй овардааст. Дар љойи дигари њамин асар, Ибни Мискавайњ аз хондани китоби «Иститола-ул-фањм»-и Љоњиз [10, 5] ёд карда, навиштааст, ки мањз аз њамин китоби Љоњиз аз мављудияти «Љовидон хирад»-и Њушангшоњ огоњ гардид [17, 35].

Мискавайњ илми таърих ва «Таърихи Табарї»-ро назди Комил, ки аз мусоњибони Муњаммад ибни Љарири Табарї буд, хонд [8, 184] ва улуми ќадим (дониши Юнон)-ро назди Ибни Хаммор омўхт. Вай дар ин илмњо, ба вижа дар мантиќ ва тиб бисёр ќавї буд, ки ўро ба њамин сабаб «Буќроти дувум» меномиданд[11, 15-16]. Ба гуфтаи Абуњайёни Тавњидї [14, 37] аксари аъзои анљумани Ибни Саъдон, ки Мискавайњ яке аз онњо будааст, аз маљлиси Ибни Аддї бархостаанд.

Абусулаймон дар зимни баёни осори Мискавайњ мегўяд, ки ин осор дар нишастњои тадрисї назди Мискавайњ хонда мешуд. Баъзе муњаќќиќон Мискавайњро аз устодони Абуњайён донистаанд ва китоби «ал-Њавомил ва-ш-шавомил»- ро, ки посухи Мискавайњ ба пурсишњои Абуњайён аст, барои исботи ин фикр далел овардаанд [17, 31].

Ибни Мискавайњ дар баробари анљом додани хизмати давлатї ва таълифи асарњо, инчунин бо ањли илму адаби замони хеш пайваста дар равобити илмиву фарњангї будааст. Тибќи ахбори сарчашмањо, ў бо Абунасри Форобї, Абўалї ибни Сино, Абусулаймони Сиљистонї, Соњиб ибни Ибод, Ибни Омир, Абуњаёни Тавњидї, инчунин, бо шоирону адибони бузурги форсу тољик њамзамон ва бо баъзеи онњо дар робита буд. Тамоми њакимону донишмандоне, ки бо Мискавайњ шинос будаанд, дониши воло ва фазоили инсонии ўро, ки мавриди эњтиром ва ќадршиносии њамагон буд, эътироф кардаанд.

Баёнгари љойгоњи бузурги илмї ва шахсияти муњими мутафаккири шањир Ибни Мискавайњ дар тавсифњои донишмандони муосираш мушо­њида мегардад. Масалан, Ќифтї дар китоби «Таъриху-ул-њукамо» навиштааст: «Ибни Мискавайњ дар улум ва њикмат марди фозил ва мумтоз ва дар санъати тибб хибра буд» [6, 331]. Саъолибї дар њаќќи Абўалї Мискавайњ мегуяд: «Абўалї дар ќуллаи фазл, адаб, балоѓат ва шеър ќарор дорад» [13, 98]. Ёќути Њимавї дар «Муъљам-ул-удабо» гуфтааст: «Ба ростї, ў (Мискавайњ) файласуф ва таърихшиноси тавоно буд ва нисбат ба улуми пешинаш ошноии хуб дошт ва дар ин замина китобњои зиёде навишта аст» [3, 10., 5, 79]. Омулї дар китоби «Мавсуаи мухтасар» оварда аст: «Абўалї, табиб, адибу луѓатшинос, таърихшинос ва файласуфе буд, ки барои худ як мактаби фалсафї дар ахлоќ ба вуљуд овард» [3, 327]. Њамин олим дар китоби дигараш «Аъён», дар бораи Мискавайњ мегуяд: «Ў донишманди њаким, файласуфи номовар, риёзидону муњандис, мутакаллим, адиб, муаррих, ахлоќшинос, шоир, соњиби таснифоти бисёр дар мутуни аќлї ба хусус дар њикмати назарї ва амалї аст» [3, 141].

Аз мутафаккирони ѓарбї Адам Метс дар китоби «Тамаддуни исломї» Мискавайњро машњуртарин муаррихи ќарни чањорум эътироф кардааст [7, 347.,9, 64].

Дар њаќиќат, яке аз самтњои муњими фаъолияти эљодиву тањќиќотии Мискавайњ – тањќиќоти масоили таърихї ба шумор меравад. Натиљањои фаъолияти пурсамари ин донишманди шањир дар китоби бузурги ў «Таљоруб-ул-умам» дарљ ёфтаанд. Ибни Мискавайњ сабаби навиштани ин ва дигар китобњои таърихии худро дар «Љовидон хирад» чунин шарњ додааст: «Ѓараз он аст, ки дониста шавад, аќлњои њамаи миллатњо роњи ягонаеро мепаймояд, ки бо гуногунии кишварњо ва гузашти замон, он уќул дигаргун намешаванд ва њељ амре он аќлњоро бо дигаргуншавии наслњо ва даврањои таърихї, дигаргун ва мунњариф аз масири худ намесозанд ва ба ин хотир номи ин китоб барозандаи он аст, ки аќл ва хирад, њамвора љовидон мебошад» [11, 375], яъне асоси рушди њар як љомеа аќлу хирад буда, он ба њамаи халќу миллатњо тааллуќ дорад.

Мискавайњ дар доираи илму фанни замонаш осори зиёде ба мерос гузошта, теъдоди осори ўро аз 13 то ба 18 адад номбар кардаанд [8, 66]. Дар муќаддимаи форсии «Таљориб-ул-умам» бошад, Абулќосим Имонї таълифоти мутафаккирро 28 адад шумурдааст: 1) «Тартиб-ус-саода» дар шарњи пояи сегонаи некбахтї ва бознамуди даќиќи љойгоњи дониш бар њасби мактаби Арасту, 2) «Ал-фавз-ул-асѓар» асари фалсафї доир ба «Саноеъ», «Нафс» ва «Нубувват», 3) «Ал-њамовил ва-ш-шавомил», 4) «Тањзиб-ул-ахлоќ», 5) «Фавз-ус-саодат», 6) «Расоили фалсафї», 7) «Рисола фи моњият-ул-адл», 8) «Љовидон хирад» (Ал-њикма ал-холида), 9) «Адаб-уд-дунё ва-д-дин», 10) «Унс-ул-фарид», 11) «ал-Хавотир», 12) «Китоб-ус-сиёсат-ил-ма­лик», 13) «Алмуставфи фї-шеър» (Ин асар маљмўаест аз шеъри мунтахаб ва њалли душворињои он), 14) «Ар-рисолата-л-мусъида», 15) «Китоб-ус-сияр», 16) «Китоб-ул-љомеъ» (Дар илми пизишкї), 17) «Китобу фи тартиб илбољот минал атъима» (ё «Китоб-ут-табих» – ин китоб дар бахши ошпазии тиббї аст), 18) «Китоб-ул-шариба» (Ин асар дар тањияи шарбатњои тиббист), 19) «Мухтасар-ун-набз», 20) «Китоб фи адвияти-л-муфрада» (Дар боби пи­зишкї ва доруњои сода), 21) «Ањво-ул-њукамо ва сифоти-л-анбиёи салаф», 22) «ал-Мухтасар фї синоат-ил-адад», 23) «Фаќру ањли-л-кутуб», 24) «Рисолатун фи дафъи-л-ѓам мин-ал-мавт», 25) «Таолиќун ала-л-кутуби-л-ман­тиќия», 26) «Васиятномаи Мис­кавайњ» (Андарзест ба љўяндаи њикмат), «Ањди Мискавайњ» (Паймонест, ки Мискавайњ ба худ баста будааст), 27) «Рисола­тун лању ила Бадеъуззамон ал-Њамадонї фи љавобињї», 28) «Таљо­риб-ул-умам» [4, 21].

Дар ин бахши тањќиќот мавзўю муњтавои асосии баъзе осори Ми­ка­вайњро барои шиносої пешкаш намудан аз манфиат холї нест.

  1. Алфавз-ул-асѓар
  2. Таљориб-ул-умам
  3. Тањзиб-ул-ахлоќ
  4. Ас-сиёсат-ул-мулук
  5. Љовидон хирад (ал-Њикмат-ул-холида).
  6. Рисола дар боби адл
  7. Васиятнома.

Мискавайњ илми ахлоќро дар шакли як системаи муназзам ворид карда, асосгузори ин илм ба шумор меравад [4, 21.,9, 76].

Мискавайњ пайрави фалсафаи машшоъ буда, ба ќавли Муњаммад Иќбол «низоми фалсафиаш дар асари машњури ў «Алфавз ул-асѓар» дарљ ёфтааст» [4, 28-29.,14, 73].

Њангоме, ки мо ба таълифоти Мискавайњ рў меоварем, мушоњида мекунем, ки таълимоти ў бештар ба њикмати амалї ва ќисмати муњими он тањзиби ахлоќ ва тарбияи њуќуќї бахшида шуда, ду бахши дигари фалсафаи амалї дар таълимоти мутафаккир ба таври умумї баён шудаанд. Таълимоти ахлоќї ва њуќуќии Миска­вайњ, ин як афкори мураттабу муназзам, як системаи устуворе мебошад, ки муњтавиёти он аз синтези андеша­њои ахлоќии Пешдодиён, Сосониён то Ибни Муќаффаъ, афкори ахлоќї ва сиёсї-њуќуќии мутафаккирони Њинд, Юнон, аз љумла Суќрот, Љолинус, Пифагор, Афлотун, Арасту ва амсоли онњо, таълимоти ахлоќї ва њуќуќии Ќуръону ањодиси набавї, андешањои ахлоќї ва сиёсию њуќуќии мута­факкирони исломї, минљумла Киндї, Абунасри Форобї, Абурайњони Берунї, инчунин аз таљриба, мушоњида ва бозёфтњои худи Миска­вайњ иборат аст.

Аз назари Муњаммад Юсуф Мўсо, Мискавайњ дар илми ахлоќ бар хилофи Абунасри Форобї ва Ибни Сино, таснифоту њиссаи бештаре дорад, зеро ду мутафаккири дигар андешањояшонро ба таври умумї оид ба масоили ахлоќї баён намудаанд ва дар ин соња он ќадар машњур нестанд. Мискавайњ баръакс аз зумраи он мутафаккиронест, ки таълимоту таълифоти худро ба илми ахлоќ бештар бахшида, дар тањќиќ ва баррасии ин соњаи илм маќоми хосеро сазовор шудааст.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 2


Ссылка для цитирования:

Сатторов Ҳ. ТАЪРИХ ВА ОСОРИ ЗИНДАГИИ АБЎАЛЇ ИБНИ МИСКАВАЙЊ // Журнал «Вестник науки» от 13 апреля 2025 г. № 4 (85) том 2. С. 1402 - 1410. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22347 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22347



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.