Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 20 апреля 2025 г.
  4. Научная статья № 150
Просмотры  208 просмотров

ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ – ИҚТИСОДӢ ДАР ТАҲҚИҚОТИ А. БЁРНС

Аннотация: Дар мақола маълумоти сайёҳи англис Александр Бернс ҳамчун сарчашма оид ба таърихи Бухоро дар миёнаҳои асри 19 баррасӣ шудааст. Муаллиф бори аввал дар таърихшиносии рус ин масъаларо тавассути тахлили мукоисавӣ тахлил мекунад. Дар мақола маълум мегардад, ки маълумоти А.Бернс сарчашмаи нодири таърихи Бухоро дар миёнаҳои асри 19 мебошад. Барои воќеияттар дарки фазое, ки А.Бернс ва дигар сайёњони аврупої дар он ќарор доштанд, инчунин барои равшантар тасаввур кардани масъулияти амир барои сарнавишти хонињо, некуаҳволии сокинони онњо, иштироки шахсии ў дар идораи кишвар, мисол овардан бамаврид мебуд, ки мушоњидањои њамзамонон, ки аз фаъолияти сиёсї ва маъмурии Бухоро шунид, на аз њаёти Бухоро медонистанд. ки дар нимаи аввали асри 19 ба хонихо хукмронй мекард. А.Бернс вазъи ичтимоии аморати Бухороро тахлил намуда, дар бораи савдои ѓуломдорї, ки дар ин давра дар Бухоро ривољ дошт, муфассал таваљљўњ кардааст

Ключевые слова: Бухоро, Бернс, тањќиќот, асрњои миёна, аморат, амир Насруллоњ, амир Њайдар, ќушбегї, Мовароуннањр, К.Мейендорф, кор, ободї, њамзамонон, сарнавишт, хонигарӣ.

Омӯзиши вазъи иҷтимоӣ -иқтисодии Бухоро ба доираи манфиатҳои асосии супориши А.Бёрнс дохил мешуд. Ба Александр Бёрнс муяссар гашт, ки ниҳоят ба зудӣ шахси дуюми бузурги аморатро (Ⱪушбегӣ Ҳакимбой) ҷониби худ ҷалб намояд ва аз инҷо корҳои ӯ хеле муваффақона пеш мерафт. Ба А.Бёрнс дар Бухоро навиштан ва истифода аз ашёҳои хатнависӣ манъ карда шуда буд ва инчунин ӯ ҳуқуқ надошт, ки дар шаҳр савора гардад, ки ин ӯро ҳатто хурсанд карда буд. Дар боқимондаи амалу корҳо бошад, ӯ комилан озод буд ва метавонист, бе ҳеҷ гуна мамоният дар шаҳр гашту гузор намояд.

А.Бёрнс, ки ахборро аз даҳони одамони оддӣ ба даст меовард, ҳамсуҳбати хеле хуб буд ва моҳирона, аз соддагии бухороӣ истифода мебурд: «Бисёриҳое, ки назди мо ташриф меоваранд, ба донишҳои мо шубҳа мекунанд. Ин ба кори ошкоро гуфтугӯ кардани онҳо бо мо оиди ҳама чиз, сиёсати давлати онҳо сар карда то ҳолати бозорҳо монеа намешуд. Соддалавҳон! Онҳо фикр мекунанд, ки ба ҷосусон танҳо чен кардани қалъаҳо ва деворҳои онҳо зарур аст ва дарк намекарданд, ки гуфтугузор чи тавр муҳим аст [1, C.121]

А.Бёрнс дар мушоҳидаҳои худ бисёр чизҳоро ба хотир мегирифт ва мекӯшид, ҳарчи бештар муфассалтар вазъиятро дар аморат омӯзад. А.Бёрнс мақсадҳои муайянро пайгирӣ мекард ва ба таври қатъӣ аз пайи он амал мекард. Иттилои ӯ хеле пурихтилоф буд, вале дар ин ҳол ҳам, барои илми таърихи кишвар таваҷҷуҳи калонро ба миён меовард. А.Бёрнс худ танҳо ба Бухоро ташриф наоварда буд. Баъди ӯ ба инҷо як зумра муҳаққиқон сафар карданд. А.Бёрнс нахустин кашшофи кишвар набуд, вале маҳз сафари ӯ ҷониби дигарро водор сохт, ки ба таври ҷиддӣ аз пайи ин кор шавад.

Аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс ва дигар, муҳаққиқон сохтори давлатии аморати Бухоро давлати феодалӣ бо истибдоди мутлақият асримиёнагии ба ӯ мансуб буда, хос буд. [2,87]

Ⱪариб ҳама муаллифоне, ки ба Бухоро дар давраҳои гуногун ташриф оварда буданд, амалан дар ақидаҳо оиди тавсифи ҳаёти сиёсӣ-маъмурии аморат ҳамфикр мебошанд. Идоракунии давлат дар дасти амир қарор дошт. Дар давраи будубоши Бёрнс дар Бухоро давлатро Амир Насрулло (1826- 1860) идора мекард.

Ба А.Бёрнс муяссар нагашт, ки шахсан бо амир дидорбинӣ намояд, гарчанде аз дасти худ – қушбегӣ инро хоҳиш карда буд. А.Бёрнс тавонист, танҳо аз дур худи амирро бинад. Дар китоби худ А.Бёрнс оиди таърихи ин вохӯрӣ ёдовар шуда, ба амир баҳои хеле баланд додааст: «Баҳодурхон – инҷо ин ҳокимро чунин меномиданд-дар афкори халқ хеле баланд меистод. Ӯ ҳангоми ба тахт нишастан, тамоми боигариҳои худро тақсим кард. Ӯ дар фарқият аз падари худ амир Ҳайдар ҳама коидаҳои диниро иҷро карда нишондодҳои қуръонро пайравӣ мекард ва агар ба овозаҳо бовар кунем, танҳо аз ҳисоби хироҷу андози сарона, ки аз яҳудиён ва ҳиндуҳо ҷамъ оварда мешуд, зиндагӣ мекарданд».

Дар ҳақиқат, Александр Бёрнс иттилоро аз даҳони аҳолии ҷамъ мекард. Ва овозаҳо, чун қоида, на ҳама вақт объективӣ мебошанд. Гарчанде А.Бёрнс эътироф мекунад, ки Насрулло ҳангоми ба ба тахт нишастан корномаҳои бадахлоқона содир мекард: «Насрулло корномаҳои бад ва бадахлоқонаи худро ҳарида гирифт, ки барои ба тахт омадан ба у кумак расонда буданд». [3, C.87]

А.Бёрнс инчунин ба таври муфассал паҳлуҳои маишии ҳаёту рӯзгори амири Бухоро инъикос намудааст. Амир оберо менӯшид, ки аз дарё ду афсар дар халтаҳои пӯстӣ меоварданд. Об пеш аз он ки ба дасти амир мерасид, аз ҷониби вазир (қушбегӣ) аз санҷиш мегузашт. Ба ақидаи А.Бёрнс тамоми ғизои истеъмолкардаи амир аз чунин санҷиш мегузашт, хӯрок ба назди амир дар қуттии маҳкам кардашуда пешкаш карда мешуд ва калиди он қуттиро танҳо қушбегӣ ва худи амир доштанд. А.Бёрнс менависад: «Баъди ин ҳама фикр кардан мумкин аст, ки ҳокими бечораи ӯзбекҳо ҳеч гоҳ аз хӯрокҳои гарм ва тоза омодашуда баҳра намебурд».

Вале сарчашмаҳои дигари ин давраро оиди Бухоро таҳлил намуда метавон чунин хулосабарори кард, ки А.Бёрнс то андозае дар баҳодиҳӣ ба амир ба роҳгумӣ роҳ додааст. Бисёр муҳаққиқоне, ки дар як фосилаи вақт бо А.Бёрнс ба Бухоро ташриф оварда буданд, таъсиру нуфузи бузурги руҳониёнро ба амирони Бухоро қайд карданд. Умуман, ислом барои Бухоро ҳанӯз аз худи пайдо шудани ин дин дар Мовароуннаҳр, аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Вале маҳз сулолаҳои ӯзбекӣ динро, ки аз рӯи ғоя худаш роҳ ба дарк ва омӯзиши илмҳои гуногунҷабҳа мекушод, ба монеаи асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табдил доданд.

Муҳаққиқони руси кишвар, ба монанди Е.К.Майендорф ва Н.В. Хаников, ки низ яке дар соли 1820, дуюм дар соли 1841 ба Бухоро ташриф оварда буданд, таъсири уламои диниро ба амир қайд карда буданд. Аз чумла, Е. Майендорф қайд карда буд: «уламо ба қарорҳои хонҳо ҳама вақт таъсири калон мерасонанд». Минбаъд ӯ ин андешаро рушд дода, қайд мекунанд, ки «ин олимон, ки метавонистанд худсарона шариат ё қонунҳои динӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсиро тафсир намоянд, дар назди ин фарди худкомаи хурофотпараст мушовир буда, аксар вақт ба ӯ роҳбарӣ мекарданд». Ба ақидаи ин ва дигар муаллифон, таъсири, омили муайяни боздоранда, ҳокимияти амирро маҳдуд месохт. [4 C, 76]

Барои дарки он ки то кадом андоза амирони сулолаи Манғит аз устодони динии худ вобастагӣ доштанд, каме ба қаъри таърих ворид мешавем. Ӯзбекҳо дар ҳудудҳои Мовароуннаҳр, дар ибтидои асри XVI пайдо шуданд. Вилояти аввалини сукунати ӯзбекҳо, дар қисмати шарқии Ӯрдаи Тиллоӣ, яъне дар байни Волга ва кӯли Арал ҷойгир шуда буд. Истилоҳи ӯзбек ба акидаи баъзе муҳаққиқон, номи сиёсии ҷомеъ дошт, яъне қабилаҳои гуногун аз рӯи мулоҳизаҳои сиёсӣ ба як иттифоқ ҷамъ омада ин номро қабул карданд.

Фанатизми кӯркурона ва хоҳиши таъғир додани чизеро барои Бухоро меъёр гашта буд. Чӣ тавре ки Вамберӣ дар китоби худ «Саёҳат ба Осиёи Миёна» хабар медиҳад, гардиши асосӣ ба чаҳолатпарасти дар замонҳои аморати Имомқулихон ва Носирмуҳаммадхон ба амал омад. Ӯ менависад: «Дар ин давра беш аз дигар ҳокимон Имомқулихон ва Носирмуҳаммадхон (1650) намоёнтар ба назар мерасанд. Синфи эшонҳоро олиҳимматона дастгирӣ кардани онҳо аз бисёр ҷиҳат ба он мусоидат намуд, ки фанатизми динӣ дар Бухоро ва ҳатто дар тамоми Туркистон ба он дараҷае баланд баромад, ки он ҳеҷ гоҳ ба он сатҳ дар ҳеҷ ҷой ва ҳеҷ вақт дар тамоми таърихи ислом набаромада буд».

Барои дарки нисбатан воқеии он фазое, дар он А.Бёрнс ва дигар саёҳони аврупоӣ қарор доштанд ва инчунин барои тасаввуротҳои нисбатан равшан оиди масъулияти амир дар сарнавишти хонигариҳо, некуаҳволии сокинони он ва иштироки шахсии он дар идоракунии мамлакат, ба маврид мебуд, ки мулоҳизаҳои муосирон, ки ҳаёти сиёсӣ-маъмурии Бухоро фаъолияти амиронеро, ки хонигариҳоро дар нимаи якуми асри XIX идора мекарданд, на аз рӯи шунид медонистанд, пеш оварда шавад.

Вамберӣ дар «Саёҳат ба Бухоро» низ ба фосиқии амир ишора кардааст: «Амир Насрулло падари-ҳокими ҳозираи Бухоро, дар солҳои охири салтанаташ фосиқи бераҳм буд, ки бо марг ҷиноятҳои ба муқобили ахлоқу одоб содиршударо ҷазо медод ва дар айни замон шарафу номуси табаияти худро ба таври нафратовар доғдор мекард. Танҳо шумораи ками оилаҳо аз бадкирдориҳои ӯ наҷот меёфтанд ва дар ҳар сурат ҳеч кас ҷуръат намекард бо овози баланд хурдтарин эродро гиранд». [5, C.134]

А.Бёрнс дар асари худ ба таври хеле муфассал ба шахсияти «Ⱪушбегӣ» -и Бухоро қарор гирифтааст. Ин шахс дар миссияи А.Бёрнс нақши начандон охиронро бозид. Ҳанӯз дар остонаҳои Бухоро (Ⱪаршӣ) А.Бёрнс вақте ки овозаҳои изтиробомез оиди тақдир расиданд, пешдаст карда ба қушбегӣ мактуб навишта, дар он хоҳиш кард, ки ба ӯ ва намояндагӣ кӯмак ва дастгирии худро расонад: «Ман қарор додам ки фавран нисбати бартараф кардани таасуроти аблаҳона дар сокинони таҳҷои чораҳо бинам ва худи ҳамон соат ба Ⱪушбегӣ нома навишта, онро бо салом, бо яке аз хизматгорони афғони мо фиристодам». Александр Бёрнс ҳамчун разведкачии касбӣ ҳангоми роҳпаймоии худ ба воситаи Афғонистон ахлоқ ва хислатҳои ҳокимони шарқиро хеле хуб омӯхт. Ӯ менависад: “ман ҳанӯз аз ин пеш ҳолате доштам эътимод пайдо кунам, ки чӣ тавр ба худи мо хабар додан оиди омадани мо манфиатнок мебошад ва бинобар ин, ҳоло ҳам ба оқибатҳои хуби чунин хабардиҳӣ шубҳа надоштам”. [3, C.87]

Дарҳол, баъди ба Бухоро расидан А.Бёрнс аз тарафи вазир (Ⱪушбегӣ) қабул карда шуд: “маро худи ҳамон соат ба назди вазир ё бо ном Ⱪушбегӣ, яъне хӯҷаини тамоми бекҳо, шахси солхӯрда, ки инҷо таъсиру нуфузи хеле калон дошт, роҳ доданд”. Ⱪушбегӣ, ки Бёрнс ӯро хӯҷаини тамоми Бекҳо меномид, дар ибтидо, тамоман таиноти дигар дошт. Бо ин калима-яъне “Ⱪушбегӣ” дар аввал “сардори шикори ҳоким» ё “мири шикор»-ро меномиданд, вале минбаъд ба ин унвон ё мансаб (мувофиқи маълумотҳои А.А.Семенов ин дар давраи Убайдуллохон солҳои 1702-1711 ба амал омада буд) калимаи арабии “кулл”- яъне “хома» илова карда шуд. Минбаъд барои он ки ба чунин шахс аҳамияти калон дода шавад, бо хоҳиши хон “кул” – и арабӣ аз охири калима ба аввали калимаи “ Ⱪушбегӣ ” оварда, дар натиҷа “куллаи Ⱪушбегӣ» гардид, яъне Ⱪушбегӣ бо итоати ҳама ба ӯ. Дигар хел карда гӯем, сардори шикори ҳокимӣ амалан сарвазир гардид.

Ⱪушбегӣ Ҳокимбой ҳангоми будубоши А.Бёрнс дар Бухоро дар ҳақиқат таъсиру нуфӯзи калонро доро буд. Ин шахс ҳангоми ба тахт омадани Насрулло нақши хеле муҳим дошт. Маҳз дастгирии Ⱪушбегӣ Ҳокимбой, ба ӯ имкон дод, ки Бухороро соҳиб гардад ва ибтидои салтанати амир Насрулло, Ҳокимбой ба ӯ таъсири хеле калон дошт. Ҳокимбой ба шарофати мусолиҳакорӣ (ё нармдилии) Насрулло шаъну шуҳрати калон пайдо карда, молу мулк ва сарвати зиёд ҷамъ овард.

Аз рӯи маълумотҳои Г.Вамберӣ: “вақте, ки Насрулло (ман мехостам калимаи бухартсевро истифода намоям) дасташро боло бардошт, то ки ҳашаротро зада кушад, ки он имкон дода буд аз ҳисоби хуни худи ӯ оромона фарбеҳ шавад, ин ҳашарот худ омада буд, аз фарбеҳи кафида равад”. [4, C. 67]

Ⱪушбегӣ ба зудӣ аз лутфу марҳамати Насрулло маҳрум шуд ва дар соли 1840 дар талаву тороҷ кардани хазинаи давлатӣ айбдор дониста, аз мансаби худ барканор гашта, ба ҳабс ба Ⱪаршӣ фиристода шуд.

А.Бёрнс бошад қушбегиро дар худи қуллаи шаъну шуҳрати ӯ дарёфт намуда буд. Умуман муваффақияти намояндагии А.Бёрнс дар Бухоро, аз бисёр ҷиҳат ба хизматҳои маҳз Ⱪушбегӣ Ҳокимбой вобастагӣ дошт. Бо сабабҳои ба мо номаълум Ⱪушбегӣ ба А.Бёрнс таваҷҷуҳу илтифоти зиёд зоҳир карда, ба ҳар восита ба ӯ кӯмак мерасонд: “Бисту якуми июл мо назди вазир ташрифи хайрбодӣ оростем. Ин ташриф ба мо имкон дод, ҳарактери ин инсони некро боз ҳам бештар дониста гирем. Ⱪушбегӣ наздики 60 сол дошт, чашмони ӯ мисли оташ медурахшиданд сарфи назар аз ин ки риши ӯ бо мурури солҳо нуқрафон гашта буд, дар симои ӯ ақлу заковат равшанӣ мекард, маккориаш равшан буд ва чи тавре мегӯянд, хислати фарқкунандаи ҳарактери ӯро ташкил медод”.

Маълумотҳои А.Бёрнсро таҳлил карда, метавон тахмин кард, ки Ⱪушбегӣ Ҳокимбой, дар ҳамкорӣ бо англисҳо манфиатдор ва ҳавасмандӣ дошт ва ҳатто ба А.Бёрнс пешниҳод намуд, ки аз нав дубора, аллакай ба сифати “фиристодагони тиҷоратӣ” барои барқарор кардани муносибатҳои нисбатан босамар ва васеъ кардани тиҷорат баргарданд. Чанде дертар дар соли 1836 Ⱪушбегӣ Ҳокимбой фиристодаи русҳо Виткевич низ вохӯрда буд, ки ба Бухоро дар ибтидои моҳи январи соли 1836 омада буд. Виткевич низ, ба монанди А.Бёрнс ба ҷамъ овардани иттилоъ оид ба ин кишвар ба Бухоро бо рисолати махсус фиристода шуда буд: “Ӯ инчунин бо Ⱪушбегии амири Бухороӣ гуфтушунидҳо доир карда, баргардонидани асирони русро талаб кард. Ⱪушбегӣ макру ҳилла карда, ба наздикшавӣ бо Англия таҳдид мекард ва дар ин ҳол намояндагии чанде пеш инҷо қарордоштаи А.Бёрнсро мисол меовард, вале ба Виткевич муяссар гашт, ки руҳияи қушбегиро тағйир дода, ба ӯ фаҳмонд, ки англисҳо пахта ва меваи хушки онҳоро ҳаридорӣ намекунанд, Бухоро дигар чизи мефурӯхтагӣ надорад, вале онгоҳ аморат аз оҳан мис ва дигар молҳои россиягӣ, ки англисҳо ба онҳо дастрас намекунанд, маҳрум мешавад”. Тақдир дар муҳлатҳои наздиктарин ин ду шахсиятҳои намоён-ҳам Виткевич ва ҳам А. Бёрнсро дар вохӯрӣ дар Афғонистон бо ҳам рӯ ба рӯ кард. Аморати Бухоро дорои зинаҳои сарбастаи епископ – дараҷаҳои мансабу мартабавӣ буд. Қариб ҳама муҳаққиқоне, ки ба Бухоро ташриф оварда буданд, ба ин таваҷҷуҳ равона намуда буданд.

Муҳокимарониҳои сайёҳи рус Майендорф ва Хаников, ки дар қайдҳои сафарии худ ба таври хеле муфассал дастгоҳи маъмурии Бухороро тавсиф намуданд, хеле ҷолиб мебошанд. Дар аморати Бухоро нуфузу мартабаи шахси мансабдор яклухт ва пурра аз таваҷҷуҳу илтифоти амир ба ӯ вобастагӣ дошт. (Ва Ⱪушбегӣ Ҳокимбой намунаи аёнии он мебошад) Майендорф, масалан қайд намуда буд, ки мансаби «атолик» (дар мазмуни асли падарашро ивазкунанда, ба таври маъозӣ-шахсе, ки такягоҳи амир ба ҳисоб меравад), ки дар он замон ҳокими мустақили мулки Ҳисор сарфароз гардонда шуда буд, ба мартабаи вазири кабир баробар карда мешуд (Чунончӣ, масалан дар Туркия). Дар айни замон маълум аст, ки ба маънои пурра мансаби маъмурӣ ба ҳисоб намеравад. Ин аслан кор, рутба ё унвон буда, рамзи шахси бовариноки амир ё эътирофи хизматҳои ӯ аз тарафи амир мебошад. Майендорф мансаби дуюмро аз лиҳози аҳамият – фармондеҳи лашкар меҳисобид, ки унвони додҳо ё парвонагиро дошт.

Мансаби сеюм аз рӯи аҳамият ба ақидаи Майендорф, Шайхулислом ё сарвари руҳониён дониста мешуд, гарчанде аз рӯи мартаба он ба қатори дарбориён дохил намешуд. Аз пайи он роҳиб мерафт, ки вазифаи он ба нақши машваратчии махфӣ равона карда шуда буд. Минбаъд - дастурхончӣ, чӣ тавре, ки Е.Майендорф менависад, нақши додхо ва камергерро иҷро мекард ва танҳо баъди он Ⱪушбегӣ меомад, ки дар як вақт унвони дарборӣ ва мансаби давлатиро дошт. Аз паси ин мирбошӣ, қозиаскар (қозӣ-урду-судяи лашкар) меомад, ки дар дарбор мезист ва амир мунтазам бо ӯ дидорбинӣ мекард ва инчунин мунаҷими дарбор, нигоҳдорандаи ганҷинаҳои хон ба ҳисоб мерафт. Боз ҳам минбаъд ясавулбошӣ бо ду сади ясавулҳо ё афсарони политсия ва ниҳоят ду намуди горд қарор гирифта буданд: яъне маҳрамҳо, ки ба пажаҳои руси мувофиқ меомад, иборат буд: дуюмӣ 500 аскар, ки онҳоро касабабардорҳо меномиданд.

Мурофиаҳои судӣ дар дасти руҳониён қарор дошт. Аз рӯи мушоҳидаҳои А.Бёрнс руҳониёни бухорои дараҷаҳои мансабу мартабаҳоро бо сарварии Шайхулислом ташкил дода буданд. Дар сарварии суд -қозикалон-судяи олӣ қарор дошт.

Дар шӯбаи коргузории идора ӯ ду ёвар-муфтиҳо кор мекарданд. Дар ҳар кадом шаҳрҳои на чандон калон қозӣ худро доштанд, дар қишлоқҳо бошад «раис», ки ба уҳдадории ӯ назорати аз тарафи аҳолӣ иҷро кардани нишондодҳои динӣ дохил мешуд. А.Бёрнс дар кори худ ба таври хеле муфассал иҷрои қонунҳои шариатро дар Бухоро тавсиф намуда, онҳоро ниҳоят бераҳмона, вале ба адолат бегона ҳисоб намекунанд: «мо оиди чунин урфу одатҳо ва қонунҳо, ҳар гуна андешае, ки накунем онҳо якранг Бухороро пурзӯр карда, некуаҳволии сокинони онро афзун мегардонданд ва ҳамин тавр, дар тамоми Осиё чунин мамлакате арзи вуҷуд надорад, ки ҳама синфҳои халқ бе тафовут аз чунин ҳомигии баробар, чӣ тавре ки инҷо истифода мекунанд, истифода баранд. Агар мо иллатҳои Бухороро мухолифи қонунҳо ва адолати судии он гузорем, пас мебинем, ки дар он ҳанӯз маҳкумкуниҳои зиёди арзанда вуҷуд доранд, вале ҳар гунае, ки набошад, халқ хушбахт, мамлакат осуда, некуаҳвол, тиҷорат, нашъунамо кардаву бо моликият таъмин мебошад». Мувофиқи маълумотҳои муҳаққиқи дигари рус Н. Хаников амалдорони ҳарбӣ ва мулки аз ду гурӯҳи имтиёзнок таъин карда мешуданд, ки ӯ онҳоро табақаҳо номгузорӣ кардааст. Инҳо сайидҳо-авлодони бевоситаи пайғамбар ва хоҷаҳо-авлодони аввалин ду халифаҳо буданд. Ба ин табақаҳо мансуббудагон мебоист ҳуҷҷатҳои хаттии авлодӣ-абақавӣ мебошанд, ки баромад ва авлоди онҳоро исбот мекард. [2, C.89]

Умуман, ба сайидҳо авлодони Муҳаммад аз духтари ӯ Фотима ва шавҳари ӯ Алӣ мансуб дониста мешуданд. Сайидҳо дар Бухоро эҳтироми зиёд доштанд ва намояндагони мақомоти олии аморат мекӯшиданд, ки бо ягон оилаи сайидҳо хешигарӣ пайдо кунанд. Сайидҳо аз ҳар гуна ҷазоҳои ҷисмонӣ озод карда шуда, ба хомигӣ дар назди ҳокимият ҳуқуқ доштанд, саллаҳои ранги сабз, ки Муҳаммад онро дӯст медошт, мебастанд. Хоҷаҳо мувофиқи гуфтаҳои Хаников, ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд: хоҷагон Саид ата ва хоҷагон Ҷуйборӣ (шайҳҳои ҷуйборӣ). Якум инҳо аз дуюмин инҳо бо он бартарӣ доштанд, ки онҳо исботи хаттии баромад, пайдоиши худро доштанд. Ба гурӯҳи дуюми табақаҳои бухороӣ Н. Хаников уругдорҳо (дар тарҷумаи тахтуллафзӣ-аҷдодони сарбозону навкорон ва ашрофон) ва шогирдпешаҳоро мансуб медонист. Якумин аз онҳо – ҳама ӯзбекҳо насли онҳое буд, ки дар мансабҳои маълум дар назди хонҳои пештара ва ҳозираи бухороӣ дар хизмати доимӣ буданд.

А.Бёрнс инчунин, дар ин бора ёдовар мешавад ва ҳатто яке аз чунин оилаҳоро хотирнишон мекунад: «Дар Бухоро ман бо яке аз оилаҳои иззатманди ӯзбекӣ шинос шудам ва боре рӯзи ҷумъа ташриф овардам. Аҷдодони ӯ он дар ибтидо аз Дашти Ⱪипчоқ баромада буданд ва онҳо дар ин мамлакат наздик 150 сол боз мезистанд. Яке аз аъзоёни он ду маротиба ба Константинопол ба сифати фиристода, равона карда шуда, унвони олии Бейро сазовор гардида буд».

Дуюмиҳо – ҳама тоҷикон, ҳама муҳочирони форсӣ, ғуломони озодшуда ва умуман одамони баромадашон паст буданд.

Руҳониёнро бошад, Н. Хаников ба гурӯҳи сеюм дохил мекунад. Намояндагони ин гурӯҳ метавонанд, онҳое бошанд, ки маълумоти динӣ ва мулкӣ гирифта бошанд, намояндаи ду табақаи аввал ба категорияҳо ҷудо мешуданд: «хизматчиён-сипоҳиён ва хизматнакардаҳо – фуқаро. Руҳониён маъмулан, худро ба ин ду категория мансуб намедонистанд.

Шахсони мансабдор ба мансабу мартаба лақаб ё диплом мегирифтанд лаққабҳо аз рӯи дараҷаи аҳмият се намуд ё категория доштанд. Бо муҳри як худи амир.

Ҳама дорандагони ярликҳо аломатҳои фарқкунанда доштанд. Хаников инчунин рутбаҳои ҳарбиро бо тартиби болораванда қайд мекунад: аламон (қаторӣ) чала – ботур аз шумораи аламонҳо ба надимони ҳарбии амир гузаронида мешуданд), даҳбошӣ, панбошӣ.

Минбаъд, рутбаҳое мерафтанд, ки бо ярлиқи категорияи олӣ дода мешуданд: чургосҳо, мирзобошиҳо, ҷебагиҳо, қаровулбегиҳо, аз паси онҳо рутбаҳои нисбатан баланд мерафт: ишкагасҳо, чағатойбекҳо, баъд туқсабо, додхоҳ. Бо ин рутбаҳо маъмулан намояндагоне, ки ба табақаи шогирдпеша мансуб буданд, сарфароз гардонда мешуданд. Боқимонда рутбаҳо ниҳоят баланд ба намояндагони табақаҳои ругдор ва уругдор дода мешуданд. Танҳо онҳо метавонистанд дорандагони рутбаҳои парвонагӣ, девонбегӣ гарданд. Рутбаи атолиқ ба ақидаи Н.Хаников дар хонигарӣ аз ҳама баланд ҳисобида мешуд. Дар давраи Насрулло бо ин рутба танҳо ҳокими Шаҳрисабз, вақте ки ӯ духтари калонашро ба амир ва хурдиашро ба писари ӯ ба занӣ дода буд, сарфароз гардида буд. [4, C. 65]

А. Вамбери низ дар китоби худ “Саёҳат ба Осиёи Миёна» сохтори давлати аморати Бухороро тавсиф намудааст, шакли идоракунӣ дар Бухоро аломатҳои форсии қадима ё арабиро ниҳоят кам нигоҳ доштааст, зеро ки инҷо унсурҳои туркӣ-муғулӣ бартарӣ доштанд. Сохтори давлатӣ, ки ба системаи тартиботи дараҷа мансбҳо-иерархия асос ёфта буд, ҳарактери ҳарбӣ дошт, дар қуллаи ҳокимият амир ба сифати генералсимус, ҳоким ва сарвари динӣ қарор гирифта буд.

Сардорони ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешуданд: а) катасипоҳиязне амалдорони олӣ, б) ортасипоҳӣ, яъне амалдорони миёна ва в) ашагисипоҳӣ (сабитҳо). Ба ду гурӯҳи аввал мутобиқ бо қоидаҳо танҳо уруқдорҳо, яъне намояндагони авлоди доро мебоист қабул мешуданд, зеро ки онҳо ба мансаб аз рӯи ярлиқ, яъне фармони хаттӣ ва биллиг (ярлиқ ва биллиг – калимаҳои қадимаи туркӣ, якумӣ маънои “мактуб”, дуюмӣ маънои “аломат»-дошт) дохил мешуданд, вале аллакай аз қадим ба ин мансабҳоро инчунин форсҳо низ, ки пеш ғулом буданд, мушараф мегаштанд.

А.Бёрнс ба иқтидори ҳарбии аморати Бухоро таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Вазъияти лашкар, қобилияти ҷангии он, шумора ва ҳайати фармондеҳии он ин ҳама барои шотландии ҷавон аҳамияти калон доштанд. Амир Насрулло дар давраи идоракунии худ ҷангҳои бетанафусро чи бо хонигариҳои ҳамсоя ва чи бекҳои дохилии саркаши мулки худ пеш мебурд. Амир Насрулло ба қувваҳои мусаллаҳи худ диққати калон медод, ҳатто А.Бёрнс, ки Бухороро дар давраҳои аввали салтанати ӯ зиёрат карда буд дар симои ӯ шахси худбин ва ҷангдӯстро мушоҳида карда буд: Мегӯянд, ки “ҳама даромадҳои давлатии Бухоро ба нигоҳ доштани муллоҳо ва масҷидҳо ҳароҷот мешавад: вале ин ҳокими ҷавон ҳарактери шуҳратпарастӣ ва ҷангталабӣ дошта ва бинобар ин, ба ман чунин менамояд, ки ӯ дороии худро барои нигоҳ доштани лашкар ва баҳри мустаҳкам кардани ҳокимият истифода мекунад”. [6, C. 121]

Аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс, лашкари Бухороро сардори гарнизон-“тӯпчибошии лашкар” сарварӣ мекард ва ӯро аксар вақт вазири ҳарбӣ меномиданд. Худи лашкар дар маънои танги ин калима ба ҳарбиён-аскарон ва фармондеҳони лашкар сипоҳ ё сипоҳиён ва намояндагони ҳайати ҳарбӣ- маъмурӣ, ба ном амалдорон, тақсим мешуд. Вазифаҳои гуногуни хизматиро, ки ҳарактери дуюмдараҷа доштанд, хизматчиёни рутбаҳои поёнӣ иҷро мекарданд. Мувофиқи маълумотҳои А.Бёрнс шумораи лашкари Бухоро: 20 ҳазор савора, 4 ҳазор пиёдагардро бо 40 тӯп ташкил медод. Ғайр аз ин қисмҳои иловагии ҳарбӣ низ вуҷуд доштанд, ки аз лашкари халқӣ ва политсия иборат буданд. Шумораи ин қисмҳо аз рӯи маълумотҳои А. Бёрнс, метавонистанд ба 650 ҳазор нафар расанд.

А. Бёрнс менависад: “Пиёдагардон-хушкигардҳо бо аспҳо ҳаракат мекарданд, вале барои муҳориба шитоб мекарданд. Он бо шамшерҳо, кордҳои дароз ва найзаҳои вазнин мусаллаҳ шуда буданд. Силоҳҳои оташфишон кам буд ва сарбозон аз он истифода бурда наметавонистанд. Тӯпҳо дар Бухоро бе ароба мехобиданд ва инҷо артиллеристони маҳаллӣ вуҷуд доштанд”.

Дар оянда шумораи лашкари Бухоро тағйиротро аз сар нагузаронд. Ин муносибат дигар ба лашкари Бухоро сайёҳи маҷорӣ Армний Вамберӣ, ки аз рӯи ақидаҳояш ба А.Бёрнс нисбатан наздик буд, маълумотҳои ҷолиб пеш меорад. А. Вамберӣ дар замонҳои салтанати амир Музаффар ба Бухоро сафар карда буд.

А.Бёрнс ба идоракунии маъмурии маҳалӣ ва паҳлуҳои иқтисодии он мароқи калон зоҳир мекард. Дар ибтидои асри XIX ба ҳайати аморати Бухоро ба ғайр аз ҳудудҳои асосӣ (водиҳои Зарафшон, Ⱪашқадарё ва Сурхандарё) ҳама қисматҳои шарқии Туркманистони ҳозира аз ҷумла Марв, қисмати зиёди Туркманистони Афғонистони ҳозира, ва инчунин як қатор ноҳияҳои Тоҷикистони ҳозира (Ҳисор, Хуҷанд, Уротеппа, Панҷакент), Ургут, мулкҳои кӯҳии дар болооби Зарафшон, дар шимоли шарқи шаҳри Туркистон бо ноҳияҳои ба он ҳамшафати қазоқӣ, дохил мешуданд.

Ҳамсояҳои аморати Бухоро мулкҳои мустақили Шаҳрисабз, Тошкинд, Ⱪаротегин, Дарвоз, Шуғнон ва як қатор мулкҳои кӯҳӣ, ки дар Адмикгст ҷойгир буданд, ба ҳисоб мерафтанд: аз рӯи маълумотҳои гуногуни сайёҳон, инчунин округҳои дар аморати Бухоро аз 9 то 12-то буданд, худи Бухоро ба 7, аз рӯи маълумотҳои дигар ба 9 туман тақсим мешуд.

А.Бёрнс ва то ӯ Мир Изатулло нӯҳ вилоятро ба ҳисоб гирифтанд: Ⱪароқӯл, (шаҳр дар вилояти Бухоро), Бухоро (бо ҳафт туман), Кармина (шаҳри Навоӣ), Миёнкол (шаҳри Каттақӯрғон), Самарқанд (бо панҷ туман), Ҷиззах Ⱪаршӣ, Лаби об ё соҳилҳои Окс ва Балх.

Ба ақидаи А.Бёрнс, дар аморати Бухоро шаҳрҳои калон, ғайр аз пойтахт, вуҷуд надоштанд, вале маълумотҳои мавҷуда ин андешаи А.Бёрнсро, рад мекунанд. Масалан, дар Ⱪаршӣ 60-70 ҳазор аҳолӣ мезистанд А.Бёрнс бошад, онро ҳамагӣ 10 ҳазор нишон додааст. [5, C.121]

Ба А.Бёрнс бозори Бухоро таваҷҷуҳи зиёдро ба вуҷуд меовард. Александр Бёрнс дастранҷи геопалитикаи англисӣ буд, ки бо ҳарисӣ бозорҳои нав ба навро, барои фурӯши молҳои худ ҷустуҷӯ мекард. Бухоро бо Россия алоқаҳои зичи иқтисодӣ дошт ва Англия мехост бо ҳама роҳу воситаҳо русҳоро ба бозори Бухоро роҳ надиҳад. [5, C. 65]

Бозори Бухоро бо бисёр сабабҳо барои Россия фавқулода муҳим буд ва англисҳо инро хеле хуб мефаҳмиданд. Ашёи хоме, ки аз Бухоро бароварда мешуд, нисбати Аврупо хеле арзон буд, ки ин барои Россия манфиатбахш ба ҳисоб мерафт. Россия ба бозорҳои нави молфурушӣ эҳтиёҷ дошт, зеро бисёр молҳои мануфактураҳо ва корхонаҳои саноатии рус ба рақобати молҳои аврупоӣ тоб наоварда, на танҳо дар Аврупо, балки дар худи Россия ҳам талабгор надоштанд. Ғайр аз ин, молҳои англисӣ молҳои русиро аз Ҳиндустони Шимолӣ, Хитой, Форс, Афғонистон танг карда мебароварданд. Аҳамияти бозори Бухоро ҳамчун макони пахта барои Россия на танҳо дар ибтидои асри XIX, балки дар солҳои 60-ум ҳам хеле муҳим буд, зеро дар ИМА ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, содироти пахтаи америкоӣ ба Россия якбора кам шуд, ва ниҳоят назорат аз болои хонигариҳои Осиёи Миёна барои Россия бо мақсади мудофиаи марзҳои берунии империяи худ ниҳоят зарур буд.

Дуюм, дар вазъи баамаломада Россия мебоист дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ чи дар Европа ва чи дар Шарқ, ба гузашткҳо розӣ мешуд. Сеюм, дар ин ҳол барои ҳаракати ҳуҷум ба баҳри Каспий ва Мавораи Кафказ майдони амалиёти ҳарбии мувофиқ ба даст медаровард. Чорум, ба зери назорати Англия гузаштани Бухоро тиҷорати русро бо Осиёи Миёна ва Эрони шарқӣ, ки дар он замонҳо ҳаҷми он хеле меафзуд, ба нобудӣ оварда мерасонд. [6, C. 73]

Аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс, тиҷорат дар Бухоро дар марҳилаи болоравӣ қарор дошт ва давлат бо ҳар роҳу восита ба рушди он мусоидат мекард: “ҳеҷ кас ба тиҷорат, ҳамчун ҳокимони Бухоро ин қадар мусоидати хуб намекунад, дар шоҳигарии охирин ҳоким боҷу хироҷро чун пештара, чи ҳангоми фурӯши мол ва чи бо системаҳои амонатии гумруки британи намеистоданд”. Маркази бешубҳаи тиҷорат дар аморат бозорҳои он ба ҳисоб мерафтанд. Бозорҳо ва корвонсаройҳои Бухоро, ки онҷо намояндагони, амалан, тамоми тиҷорат аз Аврупо то Шарқи Дур, Хитой ва Ҳиндустон ҷамъ меомаданд, сарчашмаи бойтарин ва бешубҳа, пурарзиши иттилои иқтисодӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ ба шумор мерафтанд. Ба бозорҳои серодами бухороӣ ва меҳмонсаройҳо ташриф оварда, А.Бёрнс ба гуфтугузорҳои корвониҳо ва савдогарон оиди саргузаштҳои худ дар роҳҳои тиҷоратӣ, постҳои гумрукӣ ва ҷамъоварии андозҳо, сифат ва нархҳои ашёҳои гуногун, муносибати ҳокимон ба тоҷирон рақобатҳои миёни Россия, Ҳиндустон, Хитой ва Англия, бодиққат гӯш меандохт. Дар Бухоро, аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс, ба таври қатъӣ аз болои нархҳо ва дурустии тарозуҳо назорат мекарданд. Агар тоҷир ҳангоми баркашидаи мол ё дигар ҳолатҳо ҳаридорро фиреб медод, ба ӯ ҷазои сахт медоданд-дар шакли нимбараҳна ӯро дар ароба савор карда, дар бозор мегардонданд ва маҷбур мекарданд, ки пушаймонии худро изҳор намояд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Бухоро, бозорҳо натанҳо вазифаи хоҷагидориро иҷро мекарданд. Дар айни ҳол онҳо як навъ марказҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мерафтанд. Масалан, дар бозорҳо фармонҳои ҳокимро қироат карда, вайронкунандагони қоидаю қонунҳоро ба ҷазо гирифтор карда, дар рӯзҳои ид, намоишҳо ташкил мекарданд. Барои аҷнабӣ дар бозорҳои Бухоро молҳое, ки саноати маҳаллӣ истеҳсол карда, ба намоиш гузошта буданд, хеле ҷолиб буданд: матоъҳои пахтагини дурангаи рахдор, ки “алоча” номида мешуданд, абрешим-аз матоъҳои тунук, ки тортанакро ба хотир меорад, маснуотҳо аз пӯст ки дар инҷо нақши асосӣ мебозиданд. Дар Бухоро, аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс дар Бухоро теғи хеле хуби пулодин истеҳсол мекарданд ва аз он кордҳои зебо тайёр менамуданд. Маснуотҳои кордӣ ба Форс ва Арабистон бароварда мешуданд. Дар Бухоро, аз рӯи шаҳодати сайёҳон, устохонаҳои сершумори дуредгарӣ ҳам вуҷуд доштанд, ки дар онҳо, дару тирезҳо, гаҳвора, сандуқҳо омода мекарданд. Заргарони бухороӣ корд, шамшер, ангуштарин, зини асп ва аз тилло ҳар гуна ороишотҳои занона тайёр мекарданд. Чеварони бухороӣ ба гулдӯзиҳои худ шуҳрат доштанд. Онҳо ба риштаҳои тилло нуқрагӣ ва абрешимӣ хилъат, миёнбанд, тоқӣ тайёр мекарданд. Ҳунарҳои пойафзолдӯзон шахсро ҳайрат мегузошт. Мӯзаҳои мардона ва занона ниҳоят бадошт ва зебо истеҳсол карда мешуданд. Инчунин оиди бозорҳо ва дуконҳое, ки либосҳои рангҳои равшан, бо гулҳои зебои ҳарранга доштанд, наметавон ёдовар нашуд.

Сокинони Шарқ, ки танҳо инҷо бо тамоми асли худ кушода мешаванд “чахчух» яъне шибир-шибири либосро хеле дӯст медоранд ва ба ман мушоҳидаи он ки харидор дар чапони нав чӣ тавр пешу қафо меравад, то ки қувваи овозро санҷида барояд, хушҳолии зиёд меовард. Ҳама ин ашёҳо, маснуотҳои саноати маҳаллӣ буда, ҳамаи онҳо хеле арзон буданд. Маҳз бозорҳои бухороӣ либосҳои тамоми муъминонро то Тоторияи Хитой бо костюмҳои бошукӯҳ таъмин мекарданд. [3, C. 65]

Қирғизҳо, қипчоқҳо ва қалмиқҳо низ одатан аз биёбонҳо ва тоторияи вахшӣ ба инҷо назар мекарданд, бо чашмони танг ва фуки пешбаромада аз шодӣ механдиданд, костюми худро, ки аз пӯсти дағали асп тайёр карда шуда буд, ба яктаки сабук (як навъ либоси тобистона) иваз мекарданд. Дар инҷо барои ӯ дараҷаи олитарини тамаддун ҳисоб мешуд: Бухоро-ин ҳам Париж буду ҳам Лондон.

Дар бозорҳои Бухоро, аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс ва инчунин А.Вамберӣ, молҳои россиягӣ бартарӣ доштанд. А.Вамберӣ менависад: “ман дар паҳлӯи ҳамсафарони худ қарор гирифта, нигоҳи худро ба дуконҳо, ки онҷо бештар молҳои русӣ ва мануфактурӣ ҷойгир буданд, равона мекардам, молҳои россиягӣ ба воситаи Оренбург меомаданд. Барои сайёҳ онҳо дар ин шаҳри дурдасттанҳо аз он лиҳоз хеле ҷолиб буданд, ки порчаи чит ва дар он маркаи фабрикаро дида, ӯро ҳиссиёти махсус фаро мегирад, гӯё ки ҳамшаҳриашро дида бошад.

Ӯ ҳарактери фавқулода ҷонноки тиҷорати Бухороро бо Астрахан, Оренбург, Урал ва Сибири Ҷанубӣ қайд мекунад. Аз инҷо ба хонигариҳои Осиёи Миёнаги қанд, қалъагӣ, дегҳои чуянӣ, сатил, моҳут, матоҳои катонӣ ва чит, зарфҳои металлӣ, силоҳ, оҳан, мис, маснуоти оҳангарӣ ва пӯстӣ ворид мешуданд. Тоҷирони бухороӣ ба Россия пахта, меваи хушк, чорво, пӯст, ки аз он чарм тайёр мешуд ва дигар молҳоро мебарованданд. А.Вамберӣ хеле ҷолиб қайд кардааст, ки “дар тамоми Осиёи Миёна ягон хона ва кулбае вуҷуд надорад, ки дар он ягон намуд маҳсулотҳоро аз Россия дидан мумкин набошад”.

Маснуотҳои саноатии рус, чӣ тавре ки сайёҳ қайд мекунад, дар бозорҳои Осиёи Миёнагӣ бо молҳои англисӣ муваффақона рақобат мекарданд. Барои Россия – Бухоро як навъ нуқтаи фосилавии содироти мол ба дигар мамлакатҳои Шарқ ва баръакс, воридоти маҳсулотҳои Осиёгӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷойи дуюмро баъд аз Россия Ⱪошғар ишғол мекард. Мувофиқи маълумотҳои тадқиқотчии рус Е. Майендорф, ҳар сол аз Бухоро ба Ⱪошғар 700-800 шутурҳои пурбор равона мешуданд: бухороиҳо ба Ⱪошгғар он молҳои русиро мебурданд, ки дар Бухоро фурӯхта натавониста буданд ва инчунин он молҳое, ки русҳо ба Кулҷу, Аксу ва Ⱪошғар равона мекарданд”.

Дигар муҳаққиқи рус Ф. И. Лобисевич навишта буд: “Бухоро, ки аз рӯи мавқеи географии худ ба ҳарактери саноатии аҳолии худ, даст намерасонд хусусан ба ҳамкориҳои осоиштаи тиҷоратӣ бо Россия қадр мегузошт ва бозори муҳимтарини Осиёи Миёнаро баҳри фурӯши молҳои мо ташкил медод”. Боз як олими дигари намоёни рус П.В.Голубков дар пешгуфтор ба китоби А.Бёрнс чунин менависад: “Дар бозори Бухоро савдогарон рус дар идомаи охирин 300 сол доимо бо ширкати Ост-Индия рақобат доранд ва муносибатҳои миёни Россия ва Бухоро чунон зичанд, ки Москва аз бухороиҳо пур шуданд ва баръакс, инро дар бораи Бухоро ҳам гуфтан ҷоиз аст”.

Вазъи иқтисодиро дар аморат таҳлил намуда А. Бёрнс ба хулосае меояд, ки Англия қодир аст содироти молро ба Туркистон афзун гардонад ва “агар русҳо аз киштигардии Волга истифода кунанд, ки он калонтарин дарёи Аврупо ба ҳисоб меравад пас Британияи Кабир чунин шароитҳои қулай ва мусоидро дар ду дарёи Осиё-Ганг ва Ҳинд, ки аз он калонтар ва ҳамон андоза ба киштигардӣ мувофиқанд, дарёфт карда метавонад”.

Аморати Бухоро аз рӯи моҳияти худ, давлати аграрӣ ба шумор рафта, тамоми заминҳои он аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс, ба се категорияи асосӣ тақсим мешуданд: давлатӣ (амлок, мамлук), мулкҳои хусусӣ (мулк, милк) ва вақфӣ, яъне ба рӯҳониён мансуббуда.

Дар аморати Бухоро аз рӯи маълумотҳои А.Бёрнс, ду шакли асосии хироҷ ва андоз арзи вуҷд доштанд: ошкоро-“муқаррарӣ” ва “бевосита»- ихроҷ» (хироҷ). Дар қатори андозҳои дар боло номбаршуда инчунин маҷбурият ва уҳдадориҳои молӣ вуҷуд доштанд, ки ба гардани аҳолии Бухоро бор карда шуда буданд, “амалят” боҷ барои нигоҳ доштани мулкҳои обёришавандаи маъмурият “ҷамалга” ё “канорга”-уҳдадори оиди ист ва хурондани қисмҳои ҳарбии гузаранда ва “мардикор»-берунгузории коргарон барои ин ё он уҳдадориҳои молӣ (ба монанди тоза кардани каналҳои обёрикунанда таъмири роҳҳо ва ғ) ва инчунин андозҳои косибино, ҳунармандӣ, ки миқдори онҳо аз рӯи ҳунарҳо ба 32 расида аз ҳар кадом ҳунарманд ҷамъоварӣ карда мешуданд. [1, C. 63]

Мувофиқи маълумотҳои А.Бёрнс зироаткорон чоряки ҳосилро ба анборҳои хонигарӣ месупориданд. Сеяки ҳосили заминҳои вақф гирифта мешуд, зеро қисмати зиёди заминҳо ба шахсони динӣ мансуб буд. Аз ҳама боғҳо ва заминҳои наздиҳавлӣ андоза-и “танасапэ» ҷамъ оварда мешуд. Ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ (ҳарбӣ) ба ҳама сокинони хонигарии Бухоро андоза-и фавқулоддаи ҳарбии “ҷул» (сариҳавлигӣ) бор карда мешуд. Даромадҳои аморати Бухороро на танҳо андозҳои заминӣ балки боҷҳои тиҷоратӣ, андоз аз чорво –“закот» ва андоз аз ғайримусулмонҳо-ҷиззия аз 1 то 4 - ро танга ташкил медоданд. [9, C. 87]

Мувофиқи маълумотҳои А.Бёрнс, Мир Изатулло ва дигар сайёҳон савдогарон уҳдадор буданд, ки аз чил як қисмати арзиши молҳои худро пардохт намоянд. Тамоми даромадҳои давлатӣ (ба ҷузъ аз “даҳяк”, ки барои эҳтиёҷоти масҷидҳо ҳарҷ мешуд) барои нигоҳ доштани лашкар, нафақа идрорпулии толибилмони мадрасаҳо, олимон ҳарҷ шуда, тамоми ҳароҷотҳои амир чӣ тавре ки А. Бёрнс қайд мекунад аз ҳисоби ҷиззия ба роҳ монда шуда буданд.

Боз як сарчашмаи муҳими даромадҳои амир инъому ҳадяҳои пешниҳод кардаи бекҳо ба амир-бо ном тортуқ ба ҳисоб мерафтанд.

Андозҳои начандон калон инчунин аз мулкҳои ба наздикӣ аз тарафи амир забт шуда-Ҷиззах ва Балх ворид мешуданд. Аз Балх, мувофиқи маълумотҳои А. Бёрнс 20, ҳазор тилло ворид мешуд. Аз рӯи ҳисобҳои А. Бёрнс, даромади софи давлат ба 3, 6 млн рупи мерасиданд.

А. Бёрнс кӯшиш намудааст, ки истеҳсолоти ҳунармандиро низ дар аморат инъикос намояд. Мувофиқи гуфтаҳои А. Бёрнс ҳунармандӣ дар ҳаёти иқтисодии шаҳрҳои аморати Бухоро аҳамияти калонро доро буд. Яке аз намудҳои асосии он бофандагӣ ба ҳисоб мерафт. Матоъҳои бухороии “алоча” “бӯз”, чит ва абрешим, бахмали дарозпати ранги торику сурхдоштаи самарқандӣ берун аз ҳудудҳои аморат ҳам машҳур буданд. Инчунин рӯймолҳо, ҷойпушҳо саллаю дастор, ки аз ресмонҳои пахтанигу абрешимин тайёр карда шуда буданд, хеле васеъ паҳн шуда буданд. Боз як навъи дигари ҳунармандӣ оҳангарӣ ва коркарди метал ба ҳисоб мерафт. Устоҳои оҳангар корд, дос, инчунин силоҳу лавозимоти ҷангӣ тайёр мекарданд, онҳо инчунин шамшер, ханҷар, табар, камон, найза ва сипар месохтанд, ҳатто тӯп ҳам месохтанд. Санъати заргарӣ ва кулолӣ, коркарди чӯб низ соҳаҳои муҳими ҳунармандӣ буданд. Аз чӯб барои дару тирезаҳо чорчӯбаҳо, гаҳвора, ароба, сандуқ, қаиқ ва ғайраҳо тайёр мекарданд. Хусусан ашёҳо бо чуби кандакорӣ карда шуда, арзишу эътибори зиёд доштанд.

Аз химчаҳои дарахт ҳар гуна сабадҳо мебофтанд. Дар шароитҳои хона тайёр кардани қолинҳо, палосҳо, зини асп, ғилоф барои кордҳо ва сумкаю халтачаҳо аз пӯст рушд мекард. Дар солҳои 40-уми асри XIX аз рӯи маълумотҳои муҳаққиқон дар Бухоро 38 корвонсаройҳо вуҷуд дошт, ки дар онҳо “тоҷирони аз дигар ҷойҳо омада ва савдогарони маҳаллӣ истиқомат мекарданд. Дар корвонсаройҳо анборҳо, дуконҳо, устохонаҳ ва меҳмонҳонаҳо ҷойгир шуда буданд. Як қисми онҳо ба амир, дигаронаш ба шахсони хусусӣ, сеюмин ба вақф мансуб буданд. Ба корвонсаройҳои бухороӣ ҳар сол 12-15 ҳазор шутур молҳо ворид мешуд. Ба корҳои тиҷоратӣ корвонбошӣ – мудири амир роҳбарӣ мекард.

Вазъи иҷтимоиро дар аморати Бухоро дида баромада, А.Бёрнс ба таври муфассал дар тиҷорат ғуломон, ки дар ин давра дар Бухоро нашъунамо дошт, таваққуф намудааст. [10, C.76]

А.Бёрнс ҳатто аз бозори ғуломфурӯши дар Бухоро дидан кард: “Аз аввалин ҳолати мусоид истифода карда ман ба бозори ғуломфурӯшии Бухоро, ки ҳар пагоҳии рӯзи шанбе баргузор мегардад, дидан кардам. Ӯзбекҳо ҳама корҳои худро ба воситаи миёнаравони ғуломон пеш мебаранд, ки аксар вақт туркманҳоро аз Форс ғулом карда меоранд. Дар инҷо ин бадбахтҳоро ба фурӯш мегузоранд, онҳоро дар тамошохонаҳои муваққатӣ си ё чил нафарӣ нигоҳ медоранд ва ҳаридорон онҳоро чун ҳайвонҳо аз назар мегузаронанд, танҳо фарқи онҳо дар ҳамин аст, ки ин мол худ дар бораи худ ҳисобот медиҳад”. Вобаста ба ин, қайд кардан лозим аст, ки тиҷорати ғуломон-мусулмонон, ки дар даврони исломӣ ибтидои ҳарактери маҳдуд дошта, бо ташкил ёфтани давлати Шайбониён дар Осиёи Миёна ва Эрон вусъати калон пайд


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 3


Ссылка для цитирования:

Негматов Д.Н. ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ – ИҚТИСОДӢ ДАР ТАҲҚИҚОТИ А. БЁРНС // Журнал «Вестник науки» от 20 апреля 2025 г. № 4 (85) том 3. С. 1192 - 1211. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22497 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22497



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.