СОҲИБНАЗАРӢ ВА ДУРНИГАРӢ ДАР АДОЛАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Аннотация: Мақолаи мазкур таҳлили илмӣ-фалсафии консепсияи соҳибназарӣ ва дурнигариро дар тафаккури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мекунад. Муаллифон тавассути усулҳои фалсафаи амал, онтология, эпистемология ва ахлоқи иҷтимоӣ, парадигмаи давлатдории Пешвоиро ҳамчун модели маънавии раҳбарӣ ва тамаддунсозии миллӣ шарҳ медиҳад. Пешвои миллат дар ин мақола ҳамчун субъекти маърифат, виҷдон ва масъулияти таърихӣ муаррифӣ мегардад, ки дар заминаи арзишҳои хирад, адолат ва эҳёи ҳуввият фаъолияти сиёсӣ мебарад. Мақола намунаи фалсафаи раҳбариро бо такя ба мафҳумҳои метафизикӣ ва ахлоқӣ баррасӣ намуда, зарурати таҳқиқи илмии парадигмаи Пешвошиносиро ҳамчун самти мустақили фалсафаи сиёсӣ пешниҳод менамояд.
Ключевые слова: соҳибназарӣ, дурнигарӣ, адолат, пешвои миллат, фалсафаи амал, эпистемологияи сиёсӣ, маънавият, ҳуввияти миллӣ, ахлоқ ва виҷдон.
Қарни XXI бӯҳронҳои арзиш, глобализатсияи торафт шиддатёбанда ва эҳёи ҳуввиятҳои миллӣ мебошад. Дар ин шароити печида, фаҳмиши мафҳумҳои сиёсӣ, аз ҷумла адолат, танҳо дар доираи ҳуқуқ ё низоми идорӣ маҳдуд намешавад, балки ҳамчун падидаи фалсафӣ ва маънавӣ зуҳур мекунад. Таҳлили соҳибназарӣ ва дурнигарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси арзиши адолат, имконият медиҳад, ки мо ба сиёсат ва роҳбарӣ ҳамчун таҷассуми хирад, маърифат ва виҷдон назар андозем.
Мақолаи мазкур бо такя ба усули таҳлили фалсафии муосир аз ҷумла онтологияи роҳбарӣ, эпистемологияи сиёсӣ ва фалсафаи ахлоқ мекӯшад ва мафкураи давлатдориро дар тафаккури Пешвои миллат тавсиф ва тавзеҳ медиҳад. Мо ин равандро ҳамчун намунаи фалсафаи амалгаро ва падидаи маънавии тамаддунсоз таҳлил менамоем, ки дар он афкор, масъулият ва таърих ҳамчун пояҳои устувори миллӣ ба ҳам мепайванданд.
Соҳибназарӣ ҳамчун мафҳуми фалсафӣ дар афкори Шарқ на танҳо бо донишу фаҳмиш, балки бо тааммул ва тафаккур иртибот мегирад. Дар таълимоти тасаввуф, шахси соҳибназар касест, ки бо чашми маърифат ба воқеият менигарад ва қобилияти дарки «асли чизҳо»-ро дорад. Ин мафҳум ба “ҳикмати амалӣ” дар фалсафаи Шарқ наздик аст, ки дар он дониш, таҷриба ва ахлоқ ба ҳам мепайванданд.
Пешвои миллат, бо ташкили фалсафаи истиқлол ва шинохти арзишҳои миллӣ, соҳибназариро ба як арзиши ҳидоятгар табдил медиҳад. Ин маъно дорад, ки дидгоҳи Пешво на танҳо рӯй ба воқеият дорад, балки онро дар асоси арзишҳои таърихӣ, ахлоқӣ ва виҷдонӣ таҳлил ва тавсиф мекунад. Ба таври фалсафӣ, соҳибназарӣ дар ин ҷо ҳамчун қобилияти татбиқи ақл дар сатҳи миллӣ ва стратегӣ маънидод мешавад, ки ҳадафаш на фақат фаҳми воқеият, балки табдили он тавассути ҳикмат ва масъулият мебошад. Он ба ҳамон андоза ки маърифат аст, ҳамон андоза рисолат низ ҳаст, рисолати маънавии роҳбарӣ дар таъмини адолат ва рушди миллӣ.
Дурнигарӣ дар тафаккури Пешвои миллат на танҳо ҳамчун як раванди стратегӣ, балки ҳамчун зуҳури маърифати фалсафии таърих ва ҳастии иҷтимоӣ баррасӣ мешавад.
Аз нигоҳи футурология (ояндашиносӣ) дурнигарӣ ҳамчун қобилияти маънавии роҳбар барои тафаккур ва тарҳрезии ояндаи инсон ва ҷомеа аст. Пешвои миллат бо такя ба таҷрибаи таърихии миллат, зарурати амнияти маънавӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, на танҳо ояндаро тасаввур мекунад, балки онро бо ирода ва рисолат тарҳрезӣ менамояд. Ин навъи дурнигарӣ танҳо амалан сиёсӣ нест, он ҳамзамон маърифати ахлоқӣ ва рисолати фалсафист.
Дурнигарӣ дар ин ҷо бо ақли таърихӣ тавъам аст, ки дар фалсафаи амал ба он ҳамчун шакли баланди худогоҳии сиёсӣ менигаранд. Ин андеша рамзи фалсафаи амалгароёнаест, ки дар он роҳбар на танҳо посухгӯи ҳодисаҳо, балки омили ташаккулдиҳандаи маънои ҳаракати таърихии ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат бо такя ба таҷрибаи таърихӣ, эҳтиёҷоти ҷомеа ва виҷдони ахлоқӣ, на танҳо ояндаро пешгӯӣ мекунад, балки онро тарроҳӣ менамояд. Ин амал бо арзиши масъулияти таърихии Ханс Йонас мутобиқ аст, ки таъкид мекунад, роҳбар бояд аз номи наслҳои оянда низ фикр кунад.
Адолат на танҳо як мафҳуми ҳуқуқӣ, балки як пояи фалсафии таркибии фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқии инсон мебошад. Дар таърихи фалсафа, аз Афлотун то Арасту, адолат ҳамчун таносуб ва ҳамоҳангии ботинӣ миёни қисмҳои ҷомеа ва шахсият дарк карда мешуд. Аз ин рӯ, адолат на танҳо дар сатҳи тақсими захираҳо, балки ҳамчун тавозуни ахлоқӣ ва маънавии ҳастӣ баррасӣ мешавад.
Дар тафаккури Пешвои миллат, адолат ҳамчун пояи асосии давлатдорӣ ва меъёри роҳнамо барои сиёсат ва муносибатҳои иҷтимоӣ зуҳур мекунад. Вай адолатро ҳамчун арзиши фалсафии таҳкимбахши ҳуввият ва ҳимоятгари ҳаққи шахсият мебинад.
Дар ин замина, Пешвои миллат адолатро ҳамчун шакли волои маърифати иҷтимоӣ ва роҳнамои сиёсӣ истифода мебарад, адолате, ки на танҳо заминаи баробарсозии ҳуқуқӣ, балки муҳаррики рушди шахсияти маънавӣ ва худогоҳии иҷтимоиро фароҳам мекунад. Дар ин фаҳмиш, адолат бо арзишҳои хирад, виҷдон ва масъулияти таърихӣ тавъам мебошад.
Аз нигоҳи фалсафаи амал ва ахлоқи иҷтимоӣ, ин равиш баёнгари он аст, ки раҳбар бояд на танҳо низомофарин, балки маъноофарин низ бошад. Адолат дар тафаккури Пешво на танҳо воситаи танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, балки фалсафаи ҳастии роҳбарӣ мебошад, ки бо он инсон арзишманд мегардад ва ҷомеа самти маънавии рушдро интихоб мекунад. Сиёсати адолатпарвар, ки Пешвои миллат онро роҳандозӣ намудааст, ҳамчун таҳаммулпазирии виҷдонӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва иродаи ахлоқӣ зуҳур мекунад. Аз ин ҷост, ки адолат дар ин мафкура, ҳамзамон амали сиёсӣ, ахлоқӣ ва маънавиест, ки ба асоси тамоми сиёсати миллӣ табдил меёбад.
Ҳуқуқ, масъулият ва адолат дар таҷрибаи сиёсӣ ва сиёсати Пешвои миллат дар заминаи адолат аз доираи расмии ҳуқуқӣ берун рафта, ба як шакли маърифати амалӣ ва ахлоқии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Адолати фарогир дар ин замина ҳамчун нерӯи мутаҳаррик барои танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳимояи табақаҳои осебпазир ва барқарорсозии эътидол дар ҷомеа шинохта мешавад.
Дар асоси назарияи адолати тақсимотии Ҷон Ролз, ки бар пояи арзиши фоида барои камбизоаттарин қишрҳо таҳия шудааст, Пешвои миллат сиёсати иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад, ки дар он имкониятҳо ва захираҳо на бар асоси сарват, балки бар асоси ниёз ва инсондӯстӣ тақсим мегарданд.
Ин гуна таҷрибаи сиёсӣ як навъи фалсафаи амалиест, ки дар он ҳуқуқ ҳамчун васила, виҷдон ҳамчун меъёр ва масъулият ҳамчун заминаи маънавӣ дар хидмати адолат қарор доранд. Дар натиҷа, сиёсати Пешво намунаи амалигардонии фалсафаи ахлоқ дар фазои сиёсӣ гардида, рамзи пайвасти ҳуқуқ, виҷдон ва арзишҳои умумибашарӣ мешавад.
Ахлоқ ҳамчун рукни суботи сиёсӣ дар тафаккури ҳикмати Пешвои миллат, сиёсат на танҳо маҷмӯаи қарорҳо ва амалиётҳои идорӣ аст, балки шакли ифодаи маънавиёт, масъулият ва виҷдон дар сатҳи ҷомеа мебошад. Бо такя ба арзишҳои хирад, ахлоқ ва маърифат, Пешво давлатдориро ба як навъи фалсафаи амал табдил медиҳад, ки дар он ахлоқ ҳамчун пояи субот ва виҷдон ҳамчун меъёри ботинии ҳама гуна амал эҳсос мешавад.
Дар ин замина, ахлоқ дар сиёсати Пешвои миллат на танҳо ба маънои тавсияҳои рафтор, балки ҳамчун низоми арзишии зотии роҳбарӣ зуҳур мекунад. Он бо таълимоти ахлоқии Шарқ, аз ҷумла Абуҳомид Ғаззолӣ, ки ахлоқро ҳамчун поксозии нафс ва иродаи ботинӣ тавсиф мекунад, ва бо фалсафаи ахлоқии Ғарб, бахусус Имануил Кант, ки виҷдонро қонуни ботинӣ ва ахлоқӣ медонад, пайванд мегирад.
Сиёсати Пешвои миллат дар ин равиш ба як мактаби маънавӣ табдил меёбад, ки дар он ҳар як тасмим, иқдом ва ислоҳот бояд бо меъёри ахлоқӣ ва ҳассосияти маънавӣ андешида шавад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо амалкарди худ нишон медиҳад, ки давлатдорӣ танҳо ба воситаи ахлоқ устувор мешавад. Аз ин рӯ, ахлоқ дар ин ҷода як унсури иловагӣ, балки заминаи онтологӣ ва фалсафии сохтори сиёсӣ аст.
Аз ин ҷост, ки дар низоми давлатдории Пешвои миллат, ахлоқ на як унсури зоҳирӣ, балки заминаи ботинии сиёсати устувор ва намунаи фалсафаи амал мебошад. Ҳар як амали сиёсӣ, аз назари Пешво, бояд бо худогоҳии маънавӣ, виҷдон ва масъулият ҳамоҳанг мебошад.
Дар сиёсати Пешвои миллат, виҷдон ва ахлоқ на танҳо масъалаи шахсӣ, балки рукни аслии суботи давлат ва устувории ҷомеа мебошанд. Ин фаҳмиш сиёсатро ҳамчун фазои ахлоқӣ ва маънавӣ медонад, ки дар он ҳар як тасмим бояд бо рисолат ва ҷавобгарии иҷтимоӣ андешида шавад.
Пешвои миллат на танҳо як шахсияти сиёсӣ, балки таърихсоз аст, ки дар меҳвари маърифат, рисолат ва худшиносии миллӣ қарор дорад. Ӯ ҳамчун таҷассумгари иродаи таърихӣ ва ҳуввияти маънавӣ амал мекунад, ки ин дар эҳёи забон, эҳтиром ба рамзҳои миллӣ ва зинда кардани хотираи фарҳангии миллат возеҳ ифода ёфтааст.
Пешвои миллат ба ҳуввияти миллӣ на ҳамчун анъанаи гузашта, балки ҳамчун манбаи зиндаи маъно менигарад. Дар ин замина, таҷрибаи Пешво нишон медиҳад, ки ҳуввият танҳо ба воситаи ирода ва худшиносии фаъоли маънавӣ эҳё мешавад.
Фаъолияти Пешво дар эҳёи забон, рамзҳои миллӣ ва фарҳанги таърихӣ на танҳо шакли сиёсати фарҳангӣ, балки таҷассуми амалии як фалсафаи маънавӣ мебошад, ки ҳуввиятро ҳамчун рӯҳи зиндаи ҷомеа ҳифз ва тақвият медиҳад. Бо ин маънӣ, Пешво на танҳо муҳофизи арзишҳо, балки маъноофар ва маърифатгари ҳуввияти миллӣ мебошад.
Пешвои миллат ҳамчун шахсе шинохта мешавад, ки фазои маънавии сиёсиро бо рисолат, виҷдон ва иродаи таърихӣ пур мекунад.
Қудрат барои ӯ воситаи худнамоии арзишҳо ва таъминкунандаи тартиби ахлоқист. Аз ин рӯ, роҳбарӣ дар ин мафкура як вазифаи муқаррарӣ нест, он як навъи ҳузури маънавии инсон дар таърих мебошад, ки воқеиятро бо иродаи маънӣ тавъам мекунад.
Дар тафаккури Пешво, миллат на танҳо воқеияти гузашта, балки омили фаъол ва офарандаи маъно дар фазои муосири сиёсӣ ва фарҳангист. Бо ҳамин сабаб, эҳёи ҳуввият, забон, ва рамзҳои миллӣ ҳамчун барқарории ҳастии маънавии миллат ва эътирофи рисолати фалсафии он тавсиф мешавад. Пешвои миллат миллатро ҳамчун хонаи маънавии инсон ва заминаи худшиносии таърихӣ мебинад, ки ба таври муттасил маъно меофарад ва ба сӯи оянда хирадмандона раҳнамоӣ мекунад.
Таърихи фалсафа ва маърифати оянда мафҳуми оянда дар тафаккури Пешвои миллат на танҳо ҳамчун ҳадафи сиёсати амалӣ, балки ҳамчун арзиши фалсафии дорои баъди маънавӣ ва ахлоқӣ баррасӣ мегардад. Оянда на танҳо як марҳилаи баъдӣ, балки заминаи эҳтимолии масъулият ва худогоҳии миллӣ мебошад. Пешвои миллат ин маънидодро дар амали худ ба як фалсафаи футурологии иҷтимоӣ ва ахлоқӣ табдил медиҳад.
Фаҳмиши оянда дар ин раванд бо иродаи маърифатгароёна, ахлоқи наслсоз ва рисолати таърихӣ тавъам мебошад. Пешвои миллат нишон медиҳад, ки ояндаро на фақат бояд интизор шуд, балки он бояд сохта шавад, тавассути маърифат, хирад, масъулият ва виҷдон. Дар ин равиш, фалсафаи ояндасозӣ ба рукни сиёсати маънавии миллӣ табдил меёбад.
Аз дидгоҳи футурология, ин амал ба назариёти Ханс Йонас дар бораи “этикаи масъулият” наздик аст: ҳар гуна иқдоми имрӯза бояд аз нуқтаи назари фалсафии таъсир ба наслҳои оянда ва суботи ахлоқӣ арзёбӣ шавад. Пешвои миллат дар сиёсатгузориҳои худ ҳамин масъулиятро амалӣ намуда, бо огоҳии таърихӣ ва ҳидояти ахлоқӣ ояндаро ҳамчун фазои имконоти миллӣ тарроҳӣ менамояд.
Дар сиёсати Пешво, адолат ҳамчун ҳадафи таърихии давлат ва ифодаи арзиши мутлақи ахлоқӣ ва маънавӣ фаҳмида мешавад. Ҳамин принсип сиёсатро бо ахлоқ пайванд медиҳад ва ба он мазмуни фалсафии олиро зам мекунад.
Виҷдон ва масъулияти таърихии Пешвои миллат нишон додааст, амали виҷдон, рисолат ва масъулияти таърихист.
Пешвои миллат на танҳо сиёсатмадор, балки файласуфи амалӣ ва эҷодгари маърифатии давлатдорӣ аст.
Ҳамин тариқ, соҳибназарӣ ва дурнигарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо хусусиятҳои шахсӣ ё истеъдоди сиёсӣ, балки шакли мукаммали фалсафаи амалии раҳбарии миллӣ мебошанд, ки дар он қудрат, маърифат ва виҷдон ба ҳам мепайванданд. Пешвои миллат бо такя ба арзишҳои ахлоқӣ ва таърихӣ, давлатдорие эҷод намудааст, ки сиёсати иҷтимоӣ ва маънавиро дар асоси хирад ва масъулияти таърихӣ роҳандозӣ менамояд.[1]
Ин равиш дар ҳоли ҳозир ҳамчун як раванди муосири фалсафии роҳбарӣ зуҳур мекунад, ки дар он сиёсат на як раванди техникӣ, балки як амали маънавии фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад.[2] Дар ин раванд, сиёсати миллӣ тавассути пояҳои хирад[3], адолат[4] ва масъулият[5] шакл гирифта, фаҳмиши наве аз ҳуввият, роҳбарӣ ва маънои таърихро пешниҳод мекунад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 4
Ссылка для цитирования:
СОҲИБНАЗАРӢ ВА ДУРНИГАРӢ ДАР АДОЛАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ // Журнал «Вестник науки» от 27 апреля 2025 г. № 4 (85) том 4. С. 1383 - 1389. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22676 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22676
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
