Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 4 мая 2025 г.
  4. Научная статья № 146
Просмотры  202 просмотра

БАҲОДИҲИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Аннотация: Дар мақолаи мазкур зарурати баҳодиҳии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ асоснок карда шуда, қайд шудааст, ки вазифаҳои асосии раванди муосири таълим ташкили системаи самарабахши сифати таълим, системаи маҷмуӣ ва объективии баҳодиҳии сифати таълим, баланд бардоштан ва беҳтар намудани сифати таълим мебошанд. Равишҳои гуногун оид ба моҳият ва мазмуни мафҳуми «сифати таълим» таҳқиқ карда шуда, таърифи мафҳуми мазкур аз ҷониби муаллиф пешниҳод шудааст. Омилҳои асосии ба сифати таълим таъсиркунанда ҷудо карда шудаанд. Се усули асосии баҳодиҳии сифати таълим, ки дар таҷрибаи байналхалқӣ мавҷуданд, муайян ва тавсиф карда шудаанд. Муаллиф ҳадафҳои асосии ташкили системаи баҳодиҳии сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

Ключевые слова: соҳаи маориф, сифати таълим, баҳодиҳӣ, ҷараёни таълим, стандартҳои давлатии таълим, мониторинги сифати таълим, фазои таҳсилот.

Дар шароити муосир баланд бардоштани сифати таълим яке аз масъалаҳои асосӣ ва хеле муҳим ба  шумор рафта, ҳалли ин масъала раванди дуру дароз ва бисьёрдавраро дар бар гирифта, асоси онро ислоҳот ва ҷорӣ кардани ҷараёнҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф ташкил менамояд.  Яке аз вазифаҳои асосии ислоҳот дар соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таълим аст, ки ба қонеъ гардондани талаботи ҷомеа ва тайёр намудани мутахассисони ба талаботи марҳалаи муосири рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, вазифаҳои асосии раванди муосири таълим ташкили системаи самарабахши сифати таълим, системаи маҷмуӣ ва объективии баҳодиҳии сифати таълим, баланд бардоштан  ва беҳтар намудани сифати таълим ба шумор мераванд.

Ба андешаи Моисеев А.М., сифати таълим «маҷмӯи нишонаҳо ва хусусиятҳои асосии натиҷаҳои таълим, ки метавонад талаботи худи донишҷӯён, ҷомеа, муштариёнро ба таълим қонеъ гардонад» [4, с.118]. Муҳаққиқи рус Болотов В.А. моҳияти сифати таълимро ҳамчун хусусияти таркибии системаи маориф номида, қайд намудааст, ки дараҷаи мутобиқати натиҷаҳои воқеии бадастомадаи таълим бояд ба талаботи меъёрӣ, интизориҳои иҷтимоӣ ва шахсӣ мутобиқат намояд [2, с.8]. В.П. Панасюк сифати таълимро ҳамчун маҷмӯи амалҳое мешуморад, ки дар ташаккул ва инкишофи шахсият нақши муҳим дорад [6, с.154].

Ба андешаи мо, натиҷаҳои асосие, ки сатњи баланди сифати таълимро таъмин мекунанд инҳо мебошанд: донишҳои академї, салоњиятњои иљтимої, таљрибаи иљтимоии донишљў, ки дар рафти аз худ намудани барномаи таълимӣ ба даст оварда шудааст.

Дар моддаи  1-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” омадааст, ки «сифати таълим - тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиљаи он шахс соњиби тањсилот мегардад» [1, с. 82].

Муҳаққиқи тоҷик Содиқзода Х.С. қайд кардааст, ки таъмини сифати таҳсилот - раванди фаъолияти мақсадноки муассисаи таҳсилоти олӣ барои рушди сиёсати соҳаи маориф ва вазифаҳои сифат, банақшагирии сифат, идоракунии сифат, арзёбии сифат ва баланд бардоштани сифати таълим ба шумор мераванд [5, с.38].

Мо чунин мешуморем, ки сифати таълим на танҳо мутобиқати дониши донишҷӯён ба стандартҳои давлатии таълимӣ, балки фаъолияти бомуваффақияти худи муассисаи таълимӣ, фаъолияти ҳар як омӯзгор ва роҳбар дар самти таъмини сифати таълим ба ҳисоб меравад.

Унсури таркибии ҷудонашавандаи фаъолияти пурсамари системаи тањсилоти олии касбӣ бањодињии доимии сифати таълим мебошад, ки имкон медињад на танњо камбудию норасоињои дар ин самт мавҷуд буда ошкор ва бартараф карда шаванд, балки усулњои комилан наву муосир ва интерактивии таълим ҷорӣ карда шуда, самарабахшии онҳо муайян карда шавад [9, с.304].

Ҳангоми интихоби усулҳо ва меъёрҳои баҳодиҳии сифати таълим, инчунин омодасозии мутахассисон, пеш аз ҳама, ба талаботи давлатии сифат диққат додан зарур аст. Дар сатҳи давлатӣ сифати тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи меъёрҳои мутобиқати зерин баҳо дода мешавад [10, с.454]:

       - шароити раванди таълим - талаботи иҷозатномадиҳӣ (ба ҳисоби миёна дар минтақа),

- мазмун, сатҳ ва сифати таълим - талабот оид ба гузаронидани аттестатсия (стандартҳои давлатии таҳсилот),

- мақсад, шароит, мазмун ва натиҷаҳои (самаранокии) раванди таълим - нишондиҳандаҳои аккредитатсияи муассисаи таълимӣ аз рӯи шаклҳо ва намудҳои пешниҳодшуда.

Меъёрҳои мавҷудаи баҳодиҳии сифати таълимро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Гурӯҳи якум нишонаҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар бар мегирад. Риояи ин талабот ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имкони амалӣ намудани фаъолияти таълимиро фароҳам меорад. Гурӯҳи дуюми меъёрҳои баҳодиҳии сифати таълим ҳамон нишондиҳандаҳои сифатро дар бар мегирад, ки аз ҷониби коршиносон дар асоси пурсиши довталабон ва корфармоён муайян карда мешаванд [3, с.180].

Ҳангоми таъсиси системаҳои таъмин ва баҳодиҳии сифати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равишҳои гуногуни идоракунии сифат, инчунин усулҳо ва меъёрҳои  мухталиф истифода мешаванд. Дар таҷрибаи байналхалқӣ се усули асосии баҳодиҳии сифати таълим вуҷуд дорад, ки онҳо то андозае наздиканд, вале аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

- усули баҳодиҳии идоракунии сифати фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (SWOT-таҳлил),

- усули баҳодиҳӣ, ки ба принсипҳои умумии идоракунии сифат - Total Quality Management (TQM) асос ёфтааст,

- усули баҳодиҳӣ, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба сифати таълим асос ёфтааст.

Мувофиқи шартҳои усули баҳодиҳии идоракунии сифати фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (SWOT-таҳлил) баҳодиҳии фаъолият дар асоси маълумоти оморие, ки аз хадамоти марказонидашудаи муассиса (шуъбаи банақшагирӣ-молиявӣ, муҳосибот, шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, шуъбаи кадрҳо ва ғайра), ҳисоботи солонаи кафедраҳо  ва факултетҳо гирифта мешавад, амалӣ карда мешавад. Дар асоси ин маълумотҳо нишондиҳандаҳои нисбӣ (ба як омӯзгор, корманди илмӣ, донишҷӯ), барои ҳар як факултет дар алоҳидагӣ ва барои донишгоҳ дар маҷмӯъ ҳисоб карда мешаванд.

Омилҳои муҳимтарини татбиқи бомуваффақияти усули баҳодиҳӣ, ки ба принсипҳои умумии идоракунии сифат - Total Quality Management асос ёфтааст, инҳо мебошанд:

- ҷалби кормандон ба фаъолияти дастаҷамъӣ,

- ба муштариён ва қаноатмандии онҳо нигаронидани диққат,

- уҳдадории роҳбарияти муассиса ба ҷараёни таълим ва сифати он,

- мониторинги сифати таълим.

Дар самти баҳодиҳии сифати таълим дар зери мафҳуми мониторинг ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳн кардани маълумот дар бораи низоми таълим ё ҷузъҳои алоҳидаи он, ки ба таъмини иттилоотии идоракунӣ нигаронида шудааст ва имкон медиҳад, ки ҳолати объект дар ҳар лаҳза баҳо дода шавад, фаҳмида мешавад. Маълумоти дар натиҷаи мониторинг гирифташударо барои пешгӯии рушди системаи таълим истифода бурдан мумкин аст.

 

 

 

 

Унсурҳои асосии системаи мониторинги сифати таълим инҳо мебошанд:

- муқаррар намудани стандартҳо ва амалиёт оид ба сифати таълим,

- ҷамъоварӣ ва баҳодҳии маълумот,

- андешидани чораҳои дахлдор, баҳодиҳии натиҷаҳои чораҳои андешидашуда дар доираи стандартҳои амалкунанда [8, с.48].

Самаранокии сифати таълим ҳамон қадар баландтар хоҳад буд, агар роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ принсипҳои умумии идоракунии сифат (TQM)-ро, ки маблағгузории иштироки омӯзгоронро дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ оид ба масъалаҳои  сифати омодасозии мутахассисон ва ташкили манбаи меъёрии худии сифат  дар бар мегирад, омӯзад ва амалӣ гардонад.

Дар доираи усули баҳодиҳӣ, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба сифати таълим асос ёфтааст,  системаҳои гуногуни таъмини сифати таълим истифода мешаванд.

Барои идоракунии самараноки таълим, ќабули ќарорњои асоснок, муќоиса ва бањодињии њолати муосири сифати тайёр кардани мутахассисон баҳодиҳии мунтазами сифати таълим зарур аст. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки мутаассифона, то имрўз тафсири ягонаи мафњуми «сифати таълим» вуљуд надорад ва механизмњои мувофиќашудаи мониторинги татбиќи он тањия карда нашудаанд.

Дар асоси таҳқиқи гузаронидашуда, мо ҳадафҳои зерини ташкили системаи баҳодиҳии сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудем:

- таъмини риояи принсипҳои объективият ва боадолатӣ дар қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ,

- таъмини фазои ягонаи таълимӣ,

- баланд бардоштани сатҳи огоҳии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои таълимӣ барои қабули қарорҳои ҳаётан муҳим (дар бораи давом додани таҳсил ё таъмин шудан бо ҷойи кор),

- аз тарафи мақомоти соҳаи маориф қабул намудани қарорҳои асосноки идоракунӣ,

- омодасозии экспертҳои миллӣ дар самти баҳодиҳии сифати таълим,

- ташкили низоми тайёркунӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи баҳодиҳии сифати  таълим.

Ба андешаи мо, баҳодиҳии сифати таълим бояд дар асоси натиҷаҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун объекти назоратшаванда амалӣ карда шавад.

Ҳамин тариқ, дар ҷамъбаст қайд кардан ҷоиз аст, ки дар шароити муосир доираи васеи усулҳои баҳодиҳии сифати таълим, вобаста ба вазифаҳо ва фаҳмиши он, вуҷуд доранд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки аз усулҳои зерин ба таври васеъ истифода бурда, барои баланд бардоштани сифати таълим чораҳои зарурӣ андешанд. Ташкили системаи мустақили баҳодиҳии сифати таълим ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат хоҳад кард.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 5 (86) том 1


Ссылка для цитирования:

Раҷабова Ф.О. БАҲОДИҲИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР // Журнал «Вестник науки» от 4 мая 2025 г. № 5 (86) том 1. С. 1234 - 1240. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22824 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22824



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.