'
Комилов Д.Р., Назаров К.И.
ВИҶДОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ДАРУНӢ ДАР ТАНЗИМИ РАФТОРИ ИНСОНИЯТ *
Аннотация:
Мақолаи мазкур ба таҳлили фалсафии мафҳуми виҷдон ҳамчун омили дарунӣ дар танзими рафтори инсон бахшида шудааст. Муаллиф виҷдонро ҳамчун механизми ахлоқии ботинӣ муаррифӣ мекунад, ки шахсро ба худназорат, худтанқидӣ ва эҳсоси ҷавобгарӣ раҳнамоӣ мекунад. Мавқеи виҷдон дар фалсафаи классикӣ (Суқрот, Афлотун, Кант), асрҳои миёна (Августин, Фома Аквинӣ), фалсафаи Шарқ (Ғаззолӣ, Ибни Сино, Конфутсия) ва мактабҳои равоншиносӣ (Фрейд, Роджерс, Маслоу) таҳлил гардида, фарқияти равишҳои ғарбӣ ва шарқии фаҳмиши он нишон дода мешавад. Муаллиф бар он назар аст, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо буҳрони ахлоқӣ ва фишорҳои арзишӣ рӯбарӯст, нақши виҷдон ҳамчун воситаи эътимодбахши худтанзимкунӣ ва эҳсоси масъулияти ахлоқӣ аҳаммияти хоса касб мекунад. Мақола инчунин ба робитаи виҷдон бо муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин ба зарурати таҳкими ин нерӯи ботинӣ дар таълиму тарбия таъкид мекунад
Ключевые слова:
виҷдон, фалсафаи ахлоқ, худогоҳӣ, масъулият, фалсафаи Шарқ ва Ғарб, иродаи ахлоқӣ, суперэго, Кант, Фрейд, худтанзимкунӣ, арзишҳои ахлоқӣ, экзистенсиализм, тарбияи маънавӣ
Мафҳуми виҷдон яке аз масъалаҳои калидӣ ва печидаи фалсафаи ахлоқ ба шумор меравад, зеро он бо дигар мафҳумҳои муҳим, аз ҷумла худогоҳӣ, масъулият ва иродаи ахлоқӣ робитаи зич дорад. Виҷдонро метавон ҳамчун нерӯи дохилии ахлоқӣ муаррифӣ кард, ки шахсро ба худназораткунӣ, арзёбии ахлоқии амалҳо ва эҳсоси ҷавобгарӣ водор менамояд. Бар хилофи худогоҳӣ, ки бештар ба дараҷаи дарки инсон аз мавҷудияти худ ва муҳити атроф равона шудааст, виҷдон махсусан ба арзёбии ахлоқии кирдорҳо ва ангезаҳои шахсӣ нигаронида шудааст. Масъулият бошад, ҳамчун ҳолати эҳсосии зери таъсири виҷдон ва иродаи ахлоқӣ зуҳур мекунад ва натиҷаи амалисозии ниёз ба ҷавобгӯ будан дар назди худ ва дигарон аст. Пас, виҷдон на танҳо ҷанбаест аз худогоҳӣ, балки шакли амалии он дар сатҳи ахлоқ ва муносибат ба арзишҳост, ки онро аз мафҳумҳои дигар фарқгузор месозад., ки дар тӯли таърихи андешаи башарӣ ҳамеша таваҷҷуҳи файласуфону мутафаккиронро ба худ ҷалб намудааст. Виҷдон ҳамчун як нерӯи ботинии ахлоқӣ, ки қобилияти фарқ кардани неку бадро дар заминаи эҳсоси масъулият, худогоҳӣ ва истиқлоли маънавӣ фароҳам меорад, дар ташаккул ва танзими рафтори шахсӣ ва иҷтимоии инсон нақши меҳварӣ мебозад.
Ин нерӯ дар табиати худ на танҳо воситаи арзёбии ахлоқии амалҳо, балки низоми дохилии назорат ва худтанзимии шахсият маҳсуб мешавад. Он дар масири худогоҳӣ ва худмеъёрсозии шахс хизмат карда, арзишҳои ахлоқиро ба сатҳи таҷрибаи маънавии фард интиқол медиҳад.
Таҳлили фалсафии виҷдон нишон медиҳад, ки он дар марзи миёни шуури мантиқӣ ва таҷрибаи рӯҳӣ қарор дошта, чун дар фалсафаи стоикӣ, ки ба таври барҷаста таваҷҷуҳи хоса ба худназораткунӣ ва зиндагии мувофиқ бо табиатро талаб мекунад. Стоикҳо, ба монанди Эпиктет ва Сенека, виҷдонро ҳамчун садои дохилии ақл ва як нерӯи муттасил бо табиати кайҳонӣ медиданд, ки инсонро ба амалҳои одилона ва муътадил раҳнамоӣ мекунад. Аз нигоҳи онҳо, маҳз тавассути итоат ба виҷдон ва зиндагии дар асоси фазилатҳо амалӣ мешавад. Ин равиш таъкид менамояд, ки виҷдон танҳо эҳсоси дохилӣ нест, балки ҷузъи муҳими таълими маънавии инсон аст, ки ӯро бо тартиби ахлоқии ҷаҳони ҳастӣ мутобиқ месозад, бо сохторҳои ҳастишиносӣ ва ахлоқӣ пайванд дорад. Виҷдон ҳамчун “овози дарунӣ” шахсро ба худназораткунӣ, худтанқидӣ ва эҳсоси ҷавобгарӣ водор мекунад. Аз ин ҷиҳат, он ба сифати зуҳуроти иродаи ахлоқӣ ва робитаи масъулият фаҳмида мешавад [1].
Дар заминаи иҷтимоӣ ва фарҳангии муосир, ки бо фардгароии арзишҳо, нисбиятгароии меъёрҳо ва фишорҳои идеологӣ тавсиф мешавад, нақши виҷдон ҳамчун танзимгари дохилии рафтор на танҳо нигоҳ дошта мешавад, балки аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Дар чунин шароит, омӯзиши фалсафии виҷдон ба як масъалаи дорои аҳамияти назариявӣ ва амалӣ табдил меёбад [2].
Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ин таҳқиқ баррасии ҳамаҷонибаи мафҳуми виҷдон ҳамчун омили дарунӣ дар танзими рафтори инсон мебошад бо назардошти дидгоҳҳои фалсафӣ, ҳамчунин таҳлили равонӣ ва фарҳангии он дар равобити шахсӣ ва иҷтимоӣ. Ин таҳлил на танҳо ба тавсеаи маърифати назариявӣ, балки ба рушди ҳуввияти ахлоқии шахсият дар ҷаҳони муосир мусоидат мекунад.
Виҷдон инчунин аз диди равоншиносӣ мавриди таҳлил қарор мегирад. Барои таҳкими робитаи фалсафа ва равоншиносӣ, метавон таносуби миёни мафҳуми виҷдон дар фалсафаи Кант ва сохтори "суперэго" дар назарияи Зигмунд Фрейдро баррасӣ кард. Фрейд суперэгоро ҳамчун қисми ахлоқии рӯҳи инсонӣ муаррифӣ мекунад, ки тавассути дарунсозии меъёрҳои иҷтимоӣ ва падару модар амал мекунад, шахсро ба эҳсоси гуноҳ ва худназораткунӣ водор месозад. Ин сохтор асосан раванди ғайриозод ва фишоровар дорад. Баръакс, Кант виҷдонро ҳамчун нерӯи иродаи ахлоқии озод ва аслии субъект муайян мекунад. Дар ин ҷо виҷдон на ба таъсири беруна, балки ба зарурати дохилии эҳтиром ба қонун ва масъулияти ахлоқӣ такя мекунад. Аз ин рӯ, агар суперэго бештар бо маҷбурияти иҷтимоӣ ва эҳсоси гуноҳ вобаста бошад, бо истиқлолият ва эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ иртибот дорад. Ин муқоиса нишон медиҳад, ки ҳарчанд ҳар ду мафҳум ба танзими рафтор ва худназораткунӣ дахл доранд, вале аз лиҳози манбаъ ва раванди таъсирфарсоӣ аз ҳам фарқ доранд. Ба андешаи равоншиносон, ба монанди Зигмунд Фрейд, виҷдон ба унвони як ҷузъи сохтори рӯҳи инсонӣ суперэго фаҳмида мешавад, ки меъёрҳои иҷтимоиро таҷассум мекунад ва шахсро аз амалҳои зиддиқонунӣ ва зиддиахлоқӣ бозмедорад [3]. Дар равоншиносии гуманистӣ Карл Роджерс ва Абраҳам Маслоу, виҷдон ҳамчун тавонмандсозии худшиносӣ баррасӣ мегардад [4]. Дар равоншиносии когнитивӣ бошад, он ҳамчун механизми арзёбии фикрҳо ва қарорҳои шахсӣ фаҳмида мешавад, ки қобилияти худтанзимкунӣ ва масъулиятро дар шахс таҳким мебахшад [5].
Аз ин рӯ, виҷдонро метавон ҳамчун падидаи мураккаби инсоншиносӣ ва фалсафӣ тавсиф кард, ки дар буриши гуногуни соҳаҳои маърифат, фалсафа, равоншиносӣ, ахлоқ қарор дорад. Моҳияти он дар тавонмандии инсон ба худшиносӣ, худтанзимкунӣ ва худнақдкунӣ ифода меёбад, ки дар ниҳояти кор ба ташаккули шахсият ва масъулияти ахлоқии ӯ мусоидат менамояд. Дар замони муосир, ки бо бисёрӣ, гуногунандешӣ ва шикасти меъёрҳои анъанавии ахлоқ тавсиф мешавад, нақши виҷдон ҳамчун омили ботинии эътимодбахш ва арзишӣ боз ҳам муҳимтар мегардад.
Таҳлили фалсафӣ нишон медиҳад, ки виҷдон ягона воситаи иртиботи инсон бо воқеияти маънавии худ ва ҷомеа мебошад, ки тавассути он на танҳо худшиносӣ, балки муносибати инсоният бо ҳақиқат, озодӣ ва масъулият муайян мегардад. Виҷдон ин на танҳо меъёри дохилӣ, балки арзишгоҳи ҳастии инсон аст, ки тавассути он шахс худ ва дунёро мауррифӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки омӯзиши фалсафии виҷдон барои таҳкими суботи маънавӣ, ахлоқии шахс ва ҷомеа аҳаммияти рӯзмарра ва бунёдӣ дорад.
Таҳлили фалсафии виҷдон нишон медиҳад, ки он дар нуқтаи пайванди ду соҳаи таҷрибаи инсонӣ қарор дорад: яъне дар ҳамбастагии идроки мантиқӣ ва эҳсоси маънавӣ. Виҷдон ҳамчун “овози ботинӣ” ё “худогоҳии ахлоқӣ” шахсро ба худсанҷӣ, худназорат ва эҳсоси ҷавобгарӣ водор месозад. Он ҷанбаи иродаи ахлоқиро таҷассум менамояд, ки инсонро ба интихоби фаъол ва масъулонаи кирдорҳо раҳнамоӣ мекунад. Дар ин раванд, виҷдон ба сифати воситаи миёнарав миёни озодии субъективӣ ва императивҳои ахлоқӣ амал мекунад.
Дар таърихи фалсафа, мафҳуми виҷдон бо шаклҳо ва маъноҳои гуногун ифода ёфтааст. Дар фалсафаи аҳди бостон, ҳарчанд ки мафҳуми “виҷдон” бо истилоҳи мустақим ба кор намерафт, аммо решаҳои таҷрибаи ахлоқии ботинӣ дар андешаҳои Суқрот, Афлотун ва Арасту ба таври возеҳ ба назар мерасанд. Суқрот аз як нерӯи ботинӣ ёд мекунад, ки ӯро аз амалҳои номатлуб бозмедорад.[6] Ин овози дохилӣ, ки ангезандаи худтанқидӣ ва масъулияти шахсӣ аст, дар тафсири муосири виҷдон ифодаи равшан меёбад.
Афлотун нафсро ба се қисм ҷудо мекунад: шаҳвонӣ, иродавӣ ва маърифатӣ, ки охирӣ ҳамчун маркази ахлоқ ва идрок амал мекунад. Арасту, бо вуҷуди набурдани номи виҷдон, тавассути мафҳумҳои эҳсоси бо худ ва адолати дохилӣ, ба мавҷудияти як раванди дохилии ахлоқӣ ишора менамояд. [7]
Дар таълимоти масеҳият, виҷдон ба унсури марказии тафаккури ахлоқӣ табдил ёфтааст. Августин онро ҳузури Худо дар қалби инсон маънидод мекунад ҳамчун шоҳиди ботинӣ ва раҳнамо ба сӯи некуӣ. Фомаи Аквинӣ мафҳуми виҷдонро ба ду шоха тақсим мекунад: қобилияти фитрии шинохти умумии неку бад, ва арзёбии амали мушаххаси ахлоқӣ. Дар шарҳи ӯ, виҷдон на танҳо таҷрибаи эҳсосӣ, балки амали хирадмандона ва натиҷаи тафаккури ахлоқӣ низ мебошад. [8]
Мафҳуми виҷдон шакли амалии бештар касб кард. Имануил Кант виҷдонро ба сифати механизми худқонунгузори иродаи ахлоқӣ таҳлил мекунад, ки бар асоси қонуни умумиахлоқӣ амал мекунад. Аз нигоҳи ӯ, виҷдон на ҳамчун эҳсоси гунаҳкорӣ, балки ҳамчун амри дохилии итоат ба қонуни умумии ахлоқӣ зоҳир мешавад. [9]
Дар фалсафаи экзистенсиалистӣ, виҷдон ба сифати огоҳии инсон аз озодӣ ва масъулияти комили худ таъбир мегардад. Сартр таъкид мекунад, ки инсон маҳкум ба озодист ва ин озодӣ, ки ҳамзамон сарчашмаи масъулияти бебозгашт аст, тавассути виҷдон таҷриба мешавад. Виҷдон дар ин замина, мавқеи субъектро дар муқобили ҷаҳон ва арзишҳои худ ташкилдиҳандаи ӯ муайян мекунад. [10].
Дар таърихи фалсафаи муосир, виҷдон ҳамчун падидаи таҳаввулёбанда баррасӣ мегардад. Муҳаққиқоне чун Пол Рикёр ва Чарлз Тейлор ба виҷдон ҳамчун сохтори таърихӣ ва фарҳангие менигаранд, ки дар робита бо худшиносии шахсӣ ва муҳити арзишии иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Дар ин таҳлил, виҷдон танҳо як падидаи ботинӣ нест, балки ҳосили таълиму ирсияти фарҳангӣ ва таҷрибаи таърихиест, ки дониши ахлоқӣ ва ниёзҳои иҷтимоиро муттаҳид мекунад. [11]
Ҳамин тариқ, виҷдон ҳамчун нерӯи дарунӣ ва механизми феълии ахлоқ, дорои таҳаввулоти мафҳумӣ, таърихӣ ва фарҳангист. Он ба унвони омили мувозинаткунандаи озодӣ ва масъулият, ҳамзамон таҷассуми худогоҳӣ ва ҷавобгарии шахсӣ аст. Дар ҷаҳони муосире, ки бо ихтилофи арзишҳо ва таҳдид ба меъёрҳои ахлоқӣ рӯбарӯст, нақши виҷдон ҳамчун танзимгари ботинии рафтор беш аз ҳарвақта муҳим мегардад. Аз ин ҷиҳат, таҳқиқи фалсафии он на танҳо арзиши назариявӣ, балки аҳаммияти амалӣ ва инсондӯстона дорад.
Дар афкори фалсафаи Шарқ, махсусан дар асарҳои Абӯҳомид Ғаззолӣ ва Ибни Сино, виҷдонро ҳамчун як нерӯи ботинӣ, ки дар асоси ақл ва эътиқод амал мекунад, мебинанд. Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ дар Эҳёи улуми дин виҷдонро бо мафҳуми нафси лаввома нафсе, ки худро маломат мекунад тавсиф мекунад, ки ба виҷдон наздик аст [12]. Ибни Сино, инсон дорои қувваи шинохт ва қувваи амалкунанда аст, ки дар якҷоягӣ рафтори ахлоқиро ташкил медиҳанд. Виҷдон дар ин замина якҷоя бо хирад ва ирода амал мекунад, то шахсро ба сӯи нафси комил расонад.
Дар твърихи фалсафаи ҳинд, виҷдон (антархарона) бо “даруни маънавии худ” робита дорад. Бино ба афкори Гита, инсон бояд “кори худро бе чашмдошт иҷро намояд, зеро виҷдони ӯ шоҳиди аслии нияти ӯст”[13]. Ин афкор, ки ният ва худогоҳии ахлоқӣ бар амалҳо ҳукмронанд, бо ғояҳои экзистенсиализм (вуҷуд) ҳамоҳанги дорад.
Фалсафаи Шарқ, ки ҷаҳонбинии он бештар ба ҳамоҳангӣ бо табиат ва тарбияи рӯҳ нигаронида шудааст, ба мафҳуми виҷдон таваҷҷуҳи хосса дорад, ҳарчанд ки он ба таври мустақим бо ин ном камтар истифода мешавад. Аммо мафҳуми наздик ба виҷдон ва иродаи ахлоқӣ дар анъанаҳои фалсафии ҳинд, чин ва ҷаҳонбинии Шарқ ба таври дақиқ ташреҳ шудааст.
Дар фалсафаи Веданта ва Упанишад, виҷдон ҳамчун буддхи яъне нерӯи фарқкунанда байни ҳақ ва ботил, ё шинохти ахлоқӣ, таъриф мешавад. Буддхи ҳамчун як сатҳи олӣ дар сохтори нафси инсон (антархарона) ҳисобида мешавад, ки аз ҳиссиёт ва ақл боло қарор дорад ва роҳнамои шахс дар ҷустуҷӯи Дҳарма қонуни ахлоқии зиндагӣ мебошад [13].
Ҳамзамон, дар "Бхагавад Гита", яке аз матнҳои муқаддаси фалсафаи ҳинд, Лорд Кришна таъкид мекунад, ки шахс бояд амалро на аз рӯи хоҳишҳои шахсӣ, балки аз рӯи вазифа ва дониши ботинӣ иҷро кунад. Ин нидо ба виҷдон ва иродаи ахлоқӣ хеле монанд аст [13].
Фалсафаи конфутсионӣ низ ба эҳсоси ботинии неку бад аҳаммият медиҳад. Конфутсия виҷдонро дар мафҳуми жэн, инсондӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдардӣ нисбат ба дигарон, таҷассум мекунад. Ин эҳсос як навъ қонуни ахлоқии ботинӣ аст, ки инсонро ба амалҳои рост раҳнамун мекунад. Ба ақидаи Менгзи, виҷдон дар инсон ба таври фитрӣ мавҷуд аст ва онро метавон бо оби тозае муқоиса кард, ки агар ба он халал нарасонӣ, табиатан рост меравад [14].
Дар фалсафаи Шарқ, ҳарчанд истилоҳи "виҷдон" ба таври ғарбӣ камтар истифода мешавад, мафҳумҳои муодил ва ё наздик ба он ба монанди буддхи, жэн, нафси лаввома ҷойгоҳи муҳим доранд. Виҷдон дар ин анъанаҳо бештар ҳамчун натиҷаи худшиносӣ, покии ботин ва риояи қонуни табиат ва рисолати шахсӣ фаҳмида мешавад. Таъкиди ин аст, ки виҷдон омили дарунӣ ва илоҳӣ буда, роҳи инсони комилро равшан мекунад.
Дар ҷомеаи муосир, масъулияти шахсӣ ҳамчун унсури муҳимми нигоҳ доштани ҳамбастагӣ ва суботи ахлоқӣ амал мекунад. Ин худшиносии ахлоқӣ, ки ба ҳисси масъулият ва виҷдон вобаста аст, ба шаклгирии тарзи рафтор ва қарорҳои ахлоқӣ мусоидат мекунад. Масъулият дар маҷмӯъ, на танҳо ба амали шахс балки ба муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии ӯ низ таъсир мерасонад. Ҳар қадаре ки инсонҳо ба виҷдони худ эътибор диҳанд ва онро ҳамчун омили асосӣ барои арзёбии рафтор ва қарорҳои худ истифода баранд, ҳамон қадар ҷомеа дар маҷмӯъ ба устуворӣ ва арзишҳои ахлоқӣ нигоҳ медорад. Баръакс, кам шудани эҳсоси виҷдон ва маҳдудшавии масъулият ба худ, метавонад ба бесарусомонӣ ва суст шудани арзишҳои ҷомеа оварда расонад.
Виҷдон дар фалсафа ҳамчун як нерӯи маънавии дохилии инсон ба ҳисоб меравад, ки вазифаи танзим ва роҳнамоии рафтори шахсро бар дӯши худ мегирад. Ин ба ахлоқии ботинӣ шахсро водор мекунад, ки амалҳои худро дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои эътиқодӣ арзёбӣ кунад. Ва дар ин раванд, муҳим аст, ки виҷдон ба назаргирии шароити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонад. Он, ки дар сабки зист ва тафаккури иҷтимоии инсон ба вуҷуд меояд, на танҳо як падидаи инфиродӣ, балки мураккаб ва шароитпазир аст, ки дар асоси тарбия, таҷриба ва муҳити иҷтимоӣ шакл мегирад.
Дар равиши фалсафии ахлоқӣ, метавон гуфт, ки виҷдон танзимкунандаи рафтори инсон дар марзи воқеияти фитрӣ ва иҷтимоиро ташкил медиҳад. Ҳангоми эҷоди нигоҳ ва арзёбӣ, он ҳангоми мувофиқ кардани амали инсон ба меъёрҳои ахлоқӣ, бо шеваи иҳсоси масъулият ва ҷавобгарӣ ҳаракат мекунад. Барои ҳамин, виҷдон на танҳо ба шахс кӯмак мерасонад, ки масъулияти худро дарк кунад, балки ӯро ба ҳифзи арзишҳои ахлоқии ҷомеа водор мекунад.
Виҷдон ба муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста аст ва дар ҳар давру замон бо иловаи арзишҳои навин шакл мегирад. Маҳз ҳамин дуҷониба будан ва таъсири мутақобили он ба фарҳанг ва шахсият, виҷдони инсонро ҳамчун омили мураккаби ахлоқӣ ва иҷтимоии инсон ба вуҷуд меорад. Мисол, дар фалсафаи аҳди бостон, дар таълимоти Суқрот ва Афлотун, мафҳуми виҷдон асосан ҳамчун падидаи фитрии ахлоқӣ дарк мешуд, ки шахсро ба амалҳои мутобиқ ба арзишҳои ахлоқӣ роҳнамоӣ мекард. Вале бо рушди иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ғояи виҷдон як ҷузъи фаъоли таълими ахлоқӣ гардид.
Виҷдонро метавон дар асарҳои худи мутафаккирон, аз ҷумла: Суқрот то Кант ва Августин ёфт. Нақши виҷдон ва масъулияти шахсӣ дар фалсафа тавре дар асарҳои фалсафии маъруфи ин донишмандон ба назар мерасад, ки он ҳар як инсонро водор менамояд, ки худашро арзёбӣ кунад ва амали худро дар асоси ҳисси ҷавобгарӣ ва ахлоқии ботинӣ санҷад. Суқрот мисол барои ин аст, ки ӯ дар тассавуроташ ва барои амал кардани ахлоқӣ ё неку бад як "овози ботинии" интиқодӣ ва ақлонии худро пешниҳод мекунад. Мафҳуми виҷдонро бештар аз қобилияти инсон барои дарк кардани озодӣ ва масъулият дарк менамоянд.
Масъулияти шахсӣ ва виҷдон мафҳумҳои ба ҳам алоқаманд мебошанд. Виҷдон шахсро ба худназаркунӣ, худтанқидӣ ва арзёбӣ водор мекунад. Дар шароити ахлоқии муосир, масъулияти шахсӣ як ҷузъи муҳими татбиқи виҷдон ва ба амал овардани рафторҳо мебошад. Бе виҷдон, шахс метавонад рафтори худро саркашӣ кунад ва аз ҳисси масъулият маҳрум шавад. Дар ҳолати мутобиқат бо виҷдон, масъулият фарқ намекунад, ки онро танҳо барои зиндагии шахсӣ ё маънавӣ, балки барои он ҳам ҳамчун бахши аслии ҷомеа пазируфта мешавад.
Дар натиҷа, виҷдон на танҳо ҳамчун танзими рафтор, балки ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи шахсият ва устувории ахлоқӣ дар ҷомеа амал мекунад. Ба таври умум, ҳар як марҳилаи таърихии таҳаввулоти фалсафии виҷдон дар муаммои ҷомеа ва арзишҳои ахлоқӣ нақши муҳим мебозад, ки нигоҳ доштани виҷдон ва таҳкими он дар бунёни фарҳангӣ ва таълимӣ як кафолати муҳим барои устувории ахлоқӣ ва инсондӯстӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, нақши виҷдон дар фалсафаи муосир як масъалаи бисёр мураккаб ва муҳим мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва табаддулот аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Виҷдон ҳамчун унсури худогоҳӣ, ахлоқ ва эътиқоди инсон дар фалсафаи муосир, ки дар он муносибатҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии гуногун рӯй медиҳад, нақши барҷаста дорад.
Номер журнала Вестник науки №5 (86) том 2
Ссылка для цитирования:
Комилов Д.Р., Назаров К.И. ВИҶДОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ДАРУНӢ ДАР ТАНЗИМИ РАФТОРИ ИНСОНИЯТ // Вестник науки №5 (86) том 2. С. 1287 - 1296. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22985 (дата обращения: 20.07.2025 г.)
Вестник науки © 2025. 16+
*