Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 11 мая 2025 г.
  4. Научная статья № 158
Просмотры  191 просмотр

ТАСВИРГАРОӢ ДАР АШЪОРИ МАСТОН ШЕРАЛӢ

Аннотация: Дар мақола сухан оид ба тасвиргароӣ дар ашъори Мастон Шералӣ меравад, ки дар эҷодиёти ҳар адиб аз муҳимтарин воситаҳои жанрсоз ба шумор рафта, пеш аз ҳама барои мутобиқи мазмун, мантиқ ва расо кардани мундариҷа ва ғояи мавзуъ дар ҳама навъи осор, чи назм ва чи насри бадеӣ, нақши муҳим мебозад. Метавон ёдовар шуд, ки санъатҳои бадеӣ воситаи муҳими адабӣ буда, дар кори тасвир ва маъниороӣ дар эҷодиёти Мастон Шералӣ фаровон истифода шудааст

Ключевые слова: Мастон Шералӣ, эҷодиёт, сасвиргароӣ, бадеият, санъат, восита, шеър, шоир.

Тасвиргароӣ дар эҷодиёти ҳар адиб аз муҳимтарин воситаҳои жанрсоз ба шумор рафта, пеш аз ҳама барои мутобиқи мазмун, мантиқ ва расо кардани мундариҷа ва ғояи мавзуъ дар ҳама навъи осор, чи назм ва чи насри бадеӣ, нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, метавон тарзи истифодаи санъатҳои бадеиро аз муҳимтарин муайянкунандаи ташаккули мазмун ва маънӣ дар мавзуъ ва тасвири калом маҳсуб донист, ки дар ҳар маврид барои маънирас гардонидани сухан нақши созгор бозида, шоир ва ё нависанда қодир аст, ки ба тариқи фикр, ғояву мақсад ва мазмунеро дар осори эҷоднамудаи хеш мутобиқи мақсад ва муассир болои кор оварда тавонад. Ба ин мазмун, метавон ёдовар шуд, ки санъатҳои бадеӣ воситаи муҳими адабӣ буда, дар кори тасвир ва маъниороӣ дар асари бадеӣ бештар ба кор рафта, дар адабиётшиносии чи гузашта ва чи муосир, ба сифати муайянкунандаи маънӣ, мантиқ, балоғати сухан ва мазмуни комил дар ҳама навъҳои адабӣ мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд.

Бадеияти асари бадеӣ ба савияи маҳорату истеъдоди офаранда ва таҷрибаи эҷодии ӯ вобаста аст. Ба вуҷуд овардани воқеяти адабӣ, хулқи нотакрори қаҳрамон, ягонагии шаклу мазмун, мақсад ва ғоя, забон, сабку оҳанги хос ба мавқеъҳои назари иҷтимоии ӯ вобаста мебошад.

Бадеияти шеъри Мастон Шералӣ таҳқиқталаб аст. Он саршори санъатҳои лафзиву маънавӣ буда, аз муҳаққиқ донишу биниши зиёдеро талаб менамояд. Ӯ мекӯшад дар иншои шеъраш аз тамоми санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ фаровон истифода намуда, хонандаи хешро барои тафаккур намудан водор намояд. Бо қатъияти том метавон гуфт, ки Мастон Шералӣ дар истифодаи санъати суолу ҷавоб маҳорати хосса дошта, дар шеъри “Кӯҳҳо” ба таври возеҳу равшан баён намуда, бо назари шоиронаи худ аз он кӯҳе, ки мо ба чашми одди назар меандозем, ҷавоби хешро ҷуё мешавад. Ба мисли он ки:

Кӯҳҳо хомӯш, аммо пурсуҷӯе мекунам,

Пурсуҷӯе мекунам, то гуфтугӯе мекунам…

– Сахтҷонию баландиро зи кӣ омӯхтед?

– Аз сари сангу баланди мардумони кӯҳсор [2,с.79].

Шоир дар ин мисраҳо ба ғайр аз санъати саволу ҷавоб аз ташбеҳҳои зарурӣ, ки мехоҳад баландӣ ва пуртамкинии инсониро ба сарбаландии кӯҳҳо монанд намуда, покдоманиро ба домонаи кӯҳ тозаю озода намудани онро ба обҳои чашмасори он нисбат дода аст:

– Покдомонӣ чаро танҳо ба домони шумост?

– Аз азал дорем шустушӯ ба оби чашмасор.

– Ресмони рӯд аз кай шуд каманди поятон?

– То ки дил бастем дар оҳанги рӯди создор. [2,с.79].

Мастон Шералӣ ки зода ва тарбиятдидаи кӯҳсор аст, ҳеҷгоҳ наметавонад аз он чизеки бо дидану чашиданаш ба воя расидааст, худро канора гирад.

Ҳамчунин Дар ашъори Мастон Шералӣ санъатҳои лафзию маънавӣ ташбеҳ, истиора, саволу ҷавоб, ташхис, такрор ва ғайра фаровон истифода шудаанд. Барои намуна якчанд мисол меорем:

Ташбеҳ– монанд кардан аст. Нависанда барои равшантар тасвир кардани чизе ғоҳо ягон хусусияти онро ба ягон хусусияти чизи дигар монанд мекунад. Вале дар миёни монандшаванда ва монандкунанда аз рӯи сифат ё хусусият ё кирдору атвор аз ягон ҷиҳат бояд як навъ монандие мавҷуд бояд бошад. Ташбеҳ дар роҳи барҷаста, равшан ва зебо ифода намудани ягон лаҳзаи бадеи хизмат мекунад. Мисол:

Фидои ҳалқаи чашми сиёҳи пурхаёли ту,

Фидои абрувони доимо ҳамчу ҳилоли ту.

Фидои орази монанди себи хубонӣ,

Фидои хоки пои ту, ҷамоли ту…[2, с. 41].

Дар мисраи дуюм ташбеҳ ба назар мерасад, абрувони ёрро ба моҳи ҳилол ташбеҳ кардааст. Ва дар мисраи сеюм рӯйи ёрро ба себи сурхи хубонӣ монанд менамояд.

Саволу ҷавоб – яке аз санъатҳои маънавиест, ки барои ифодаи эҳсосоти қалбӣ воситаи мебошад ба шарт он аст, ки суолу ҷавобҳо дар сурати мантиқӣ нозук ва нуктасанҷона воқеъ шаванд. Мисол:

Гуфтам: Чӣ кунам, ки бо манат соз оӣ,

Гуфто: Чи бубунам, ба парвоз оӣ.

Гуфтам: Санамо агар набошад балое?

Гуфто: Ба сарат тавон ки дар тоз оӣ. [2,с.195].

***

Гуфто: – Фалонӣ душман аст,

Ранҷи ту аз иғвои ӯст,

Доғе ба лавҳи номи ту

Мактуби беимзои ӯст.

Гуфтам: – Дило, осуда бош!

Ҳарчанд дар осудагӣ. [3,с.230].

 

 

 

Такрор (такрир) – шоир барои боз ҳам сареҳ ва равшантар гардонидани ифодаи баён калима ё таркибе ва ё ибораҳоеро интихоб менамояд, ки фикри асоси ба онҳо беҳтар зоҳир мегардад. Ин калима ё ибора ба тарзи танқид дар як байт ва чанд байт гаштаву баргашта такрор меёбад. Вале агар ин такрор аз доираи даркорӣ берун равад, ба самимияти сухан ва салосати баён зарба медиҳад ва хонандаро дилгир мекунад. Аммо такрори бамавқеъ боиси пурқуваттар шудани таъсири тасвир мегардад. Такрир намудҳои бисёр дорад. Ин ҷо барои намуна як мисол меорем. Калимае дар мисраи зерин овардашуда дар мисраи дигари байт ҳамчун тафсуру табъийн такрор мегардад:

 

Ҳамвора зи кӯи ту гузар хоҳам кард,

Танҳо ба ҷамоли ту назар хоҳам кард.

Ё ҷон ба ғамат зи тан бадар хоҳад кард,

Ё хилъати васли ту ба бар хоҳам кард.[2,с.195].

 

Ашъори Мастон Шералӣ бо дониши фароху густурдаи шоир, бо бадеияти дурахшон, бо андешаҳои муосир бо ғановати луғавӣ ва риояти ҳамаи талаботи илмии шеър тарҷеҳ дорад. Вақте ашъори ин шоирро мутолиа менамоед, пайравии ӯро ба касе аз шоирони пешину муосирон мушоҳида наменамоед. Муваффақияти асосии шоир дар ҳамаи адвор нотакрорӣ ва сухани худро гуфтану муқаллиди касе набудани ӯст. Хушбахтона, аз ин фазилатҳои асосии шеър ашъори Мастон Шералӣ комилан бархӯрдор аст. Байти пурмаънии шоир далели андешаи болост:

 

Гарчи шеъру шоирӣ табъи худонодода нест,

Лек ин ҷавҳар насиби шоирони сода нест.

Заҳрро чун шаҳд бояд хӯрд дар кори сухан,

Ҳар балое мевазад бар мо, ба ҷуз шаббода нест!...[2, с.113].

 

 

Писандидагии ашъори Мастон Шералӣ, пеш аз ҳама, дар бадеият ва бозёфтҳои шоиронаи фаровону нотакрорӣ ва тозагии андешаҳои ӯст, ки ба ин на ҳар шоир муваффақ мешавад. Мастон Шеарлӣ таносуби суханро моҳирона риоят мекунад ва сухани ӯ мантиқу мазмуни зиёде сари ҳар мисраъ дорад:

Бар ҷамоли духтари поки сухан дил додаем,

Нест соҳибдил ҳар он ошиқ, ки ӯ дилдода нест.

 

Дар раҳи дилдори мо бисёрҳо афтодаанд,

Таййи ин раҳ то ба манзил кори ҳар афтода нест...[2, с.113].

 

Ашъори Мастон Шералӣ бо он ки ҳар мисрааш аз бозёфтҳои ноби шоирона аст, дар хотираҳои хос нақши рӯшан мегузорад. Вақте хонанда кӯшиш мекунад бозёфтҳои шоиронаи сухани Мастонро баршумурад, сарҳисоби хешро гум мекунад, зеро ҳар мисраъ пур аз тозагиву бесобиқагист. Албатта, шеъри бадеияти олидошта ҳамеша дар авҷу арш хоҳад буд ва на ҳар шоир ба сурудани нотакрорӣ муваффақ мешавад. Аз ашъори Мастон Шералӣ бармеояд, ки ӯ ба роҳи шеър мусофир аз рӯи ҳавас ва шуҳратхоҳӣ нест, балки мехоҳад ашъораш дар ҳар вожа чароғи ирфон дошта бошад, ки тавонад инсонҳоро ба сӯи зебоиву некиву ишқ, адабу маданият раҳнамоӣ кунад. Шеър ва шоир он гоҳ хушбахт аст, ки барои инсонҳо рӯшаниро раҳнамо бошанд. Ҳамин рисолати муқаддасро ашъори Мастон Шералӣ хеле латифу боназокат ба субут расондааст. Маърифати ашъори Мастон Шералӣ он гоҳ ба дасти фикри хонанда меояд, ки ӯ огоҳии комил аз ҳамаи аркони адабиёт дошта бошад ва хӯшае аз хирвори ҳамаи шоирони мутақаддиму муосир бардошта бошад. Агар ба дурустӣ тавонем, ашъори Мастон Шералӣ маърифат бикунем бояд беғаразона иқрор бишавем, ки яке аз шоирони муваффақ ва хоси адабиёти муосири мо маҳсуб мешавад


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 5 (86) том 2


Ссылка для цитирования:

Ифтихори А. ТАСВИРГАРОӢ ДАР АШЪОРИ МАСТОН ШЕРАЛӢ // Журнал «Вестник науки» от 11 мая 2025 г. № 5 (86) том 2. С. 1297 - 1302. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22986 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22986



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.