'
Муъминҷонов З.
ҒАЛАТФАҲМӢ ДАР МАФҲУМИ ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ: УМУМИЯТ ВА ФАРҚИЯТИ ЖАНРҲОИ ИТТИЛООТИИ РЕПОРТАЖ ВА ҲИСОБОТ *
Аннотация:
Дар мақола муаллиф таъкид намудааст, ки дар шинохти жанрҳои иттилоотӣ ва риояи талаботи жанрӣ журналистон бояд масъулияти баланд зоҳир намоянд. Дар барномаҳои иттилоотии телевизионӣ дар ҳама жанрҳои иттилоотӣ: хабар, ҳисобот, мусоҳиба ва репортаж сюжет (мавод) таҳия намуда, бо номи хабар, ҳисобот, мусоҳиба ва репортаж пешниҳод намоянд. Масалан, “Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба репортажи ва ё мусоҳибаи мухбирамон (мухбиронамон) аз майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, бобати ҷашнгирии Иди Наврӯзи байналмилалӣ”. Бо ин ғалатфаҳмии тамоми жанрҳои иттилоотиро “гузориш” гуфта пешниҳод намудан ба бинандагон ислоҳ ва барномаҳои иттилоотӣ рангорангу ҷолиб ва нишонрас хоҳанд шуд
Ключевые слова:
ғалатфаҳмӣ, гузориш, телевизион, жанр, репортаж, журналист, ҳисобот, умумият, фарқ, бинанда, таҳия, пешниҳод
Дар фаҳмиши жанрҳои иттилоотии телевизионӣ ғалатфаҳмие, ки дар аксар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба чашм мерасад, ин байни жанрҳои репортаж ва ҳисобот (гузориш) фарқ нагузоштан ва ё жанри ҳисоботро надониста жанри репортаж донистан аст. Дар муқоисаи мундариҷа ва шакли ин ду жанри иттилоотӣ такя ба асарҳои олимони соҳа ва таҳлили маводи телевизионӣ кӯшиш карда мешавад, ки хусусиятҳои хоси жанри репортажи телевизионӣ, умумият, фарқ ва ғалатфаҳмиҳо бо жанри ҳисоботи (гузориши) телевизионӣ муайян карда шаванд.
Муаллифони китоби «Асосҳои журналистикаи телевизион» А. Саъдуллоев ва М. Шоев дар бораи репортаж чунин мегӯянд: «Ҳаракат, тағйири ҷою макони объект ва қаҳрамон хоси телевизион асту ин хосият аз ҳама бештар дар жанри репортаж ба мушоҳида мерасад. Аз ҳамин сабаб репортаж жанри аз ҳама маъмултарин, таъсирбахштарин ва паҳншудатарини журналистикаи телевизионӣ аст» [13, с.27]. Дар ҳақиқат жанри репортаж гӯё махсус барои телевизион офарида шуда бошад, чунки маҳз дар телевизион вижагиҳои он барало намудор мегардад. Дар ин бобат профессор З. Муъминҷонов дар китоби хеш «Жанрҳои журналистикаи телевизион» чунин мегӯяд: «Дар матбуот ва радио журналист рўйдодро бо сухан тасвир мекунад. Бинобарон вазифаи тасвиркунӣ дар кори эҷодии журналисти матбуот ва радио муҳим аст. Аммо дар телевизион тамоман баракси он: рўйдод, ҳодиса тариқи видеокамера наворбардорӣ мешавад, журналист ба рўйдод бо чашми бинанда, дурусттараш бинанда рўйдодро бо чашми диди оператор ва журналист мебинад. Чунки вазифаи тасвиркунӣ тавассути видеокамера ба амал бароварда мешавад. Журналист бо фаҳмондадиҳии оқибикадрӣ ҳолатҳои тасвирнашавандаи рўйдодро мегӯяд» [8, с.27]. Яъне жанри репортаж дар шабакаҳои телевизионӣ бо тамоми махсусиятҳои хоси хеш падидор гашта, аз репортажҳои радиоию матбуотӣ фарқ мекунад.
Аз рўйи тарзи пешниҳод репортаж дар телевизион ба намудҳои мустақим ва сабтшуда ҷудо мешавад. Репортажи мустақим ба эфир ҳангоми содиршавии рӯйдоди муҳим ва репортажи сабтшуда бошад, баъди таҳриру танзим манзури бинандагон гардонида мешавад. «Репортажро ба намудҳои рўйдодӣ (воқеӣ), мавзуӣ ва ташкилӣ ҷудо мекунанд. Репортажи рўйдодӣ (воқеӣ) – аз ҷойи рўйдоди ҳақиқӣ суратгирифта, новобаста ба хоҳиши журналист, дар он рўйдод пурра ва ҳаққонӣ инъикос карда мешавад. Журналист дар репортажи мавзуӣ аз рўйи мавзуъ ҷойи рўйдодро интихоб намуда, репортажро таҳия мекунад. Дар репортажи ташкилӣ бошад, журналист ҳамчун ташкилкунандаи рўйдод ширкат меварзад. Ингуна ташкили рўйдод хеле аҷиб ва манфиатнок ва ё баракс зараровар ва ғайрикасбӣ шуданаш мумкин аст» [8, с.42-43]. Яъне намуди репортажи воқеӣ маъмултарин ва асоситарин репортаж ба ҳисоб меравад, зеро он табиӣ ва аз рӯйдоди ҳақиқӣ таҳия мегардад ва дар он сохтакорӣ дида намешавад. «Дар репортажи рўйдодӣ (воқеӣ) асос худи рўйдод, пайдарҳамии инкишофи он аст. Сухани журналист рўйдодро ташкил ва ё идома намедиҳад, балки танҳо аз ақиби он меравад. Дар ин ҳолат кори журналисти аз ақиби кадр хондаистода, хеле мураккаб ва масъулиятнок аст» [8, с.43]. Чи хеле дида мешавад, дар намуди репортажи рӯйдодӣ масъулияти журналист калон аст, зеро бинанда тавассути видеонавор ҷараёни рӯйдодро мебинад ва журналист вазифадор аст, ки вобаста ба он рӯйдоди муҳим дар стенд-ап ва матни пасикадрӣ сухан гӯяд.
«Репортажи мавзуӣ (проблемавӣ низ мегўянд) ин пешниҳоди ҳолатҳои барои бинанда аҷиби ҳамеша рўйдиҳанда аст. Ин репортаж аз кўчаву хиёбонҳои шаҳр бобати ҳолати ҳаракати нақлиёт ва савдо, аз устохонаи рассом, аз сехи заводи мошинбарорӣ ва ғайраҳо сурат гирифта метавонад. Дар ин ҳолат рўйдод ба ин ҷо омадани худи гурўҳи телевизион ва нишон додани ҳаёти ҳаррўза ба бинандагони сершумори телевизион аст.
Репортаж бояд беғаразу бетаҳрир бошад, яъне журналисти (репортёри) хуб, нигоҳи ғайриоддиаш ба навигарӣ (воқеа) ва аз он чизи муҳиме, ки барои аксарият аҷиб аст, ҷудо намуда пешкаши бинанда кардан фарқ мекунад»[9, с.83-84]. Ин намуди репортаж журналистро вазифадор мекунад, ки аз проблемаҳо, мавзуъҳои доғи рӯз репортаж таҳия кунад, то тариқи он мавзуи муҳими ҳаёти ҷомеа ба муҳокима кашидашуда, масъулини соҳа баҳри ислоҳи он кӯшиш намоянд.
Бо сабаби он ки репортажҳои воқеӣ вазифаи иттилоотӣ ва мавзуӣ (проблемавӣ) бештар аз ҳама вазифаи фарҳангӣ, равшаннамоӣ ва иҷтимоию педагогӣ доранд, бинобарон жанри репортаж жанри гузаранда ва ҳалкунандаи масъала ба жанри таҳлилӣ низ наздик мешавад.
Инчунин мебояд таъкид кард, ки репортажи мусобиқаҳои варзишї дар телевизион мақоми хосае доранд. «Мақсади репортажи варзишї тасвири воқеаи шудаистода аз ҷойи воқеа аст. Дар вақти нақл дар бораи ҳодисаи шудаистода репортёри варзишї бояд бо дигар хабарҳое, ки ба он алоқаманданд, таваҷҷӯҳ кунад» [4, с.178] - мегӯяд, муҳаққиқ В. Моисеев
Репортаж ин рўйдодест, ки ҳангоми содиршавӣ тавассути журналист нишон дода мешавад ва ў (журналист) қаҳрамони асосӣ ва аксаран қаҳрамони ягонаи репортаж аст. Дар ин ҷо истифодаи калимаи «ман» ва нишон додани эҳсоси хеш ба маврид аст. Беҳтарин репортаж ин репортажи мустақим аст. Репортаж қариб, ки танзим карда намешавад. Бо танзим фақат номувофиқии кадрҳо гирифта мешавад.Сюжети иттилоотӣ ин нақл дар бораи рўйдод аст. Дар ин ҷо барои дохил намудани синхронҳо ва дигар наворҳои зарурӣ танзим зарур аст. Журналист метавонад дар кадр бо факту рақам баромад кунад. Дар ин ҳолат истифодаи калимаи «ман» ва нишон додани эҳсоси худ номумкин аст. Бояд таъкид кард, ки репортажи ҳақиқӣ дар телевизиони имрўзаи ватанӣ хеле кам ба мушоҳида расида, дар ҳолати таҳия гаштанаш ҳамчун бозёфт ба шумор меравад. «Ба хотири боварии тамошобинонро ба даст овардан ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб кардан кулли сужаҳои шумо бояд дақиқу асоснок бошанд. Ана он гаҳ шумо ба авҷи аълои фаъолияти ҳирфаї хоҳед расид» [15, с.37].
Таҳқиқ нишон медиҳад, ки аз шартҳои муҳими репортёрї, таҷрибанокї, эҳтиром ба касби худ, донистани объекти репортаж, мақсади интихоби ҳамин воқеаро зикр карда, онро ҳамчун василаи расидан ва бинандаро қонеъ кардан шинохтаанд. Аз ин рӯ, дар журналистикаи имрӯза ҳамкорї, ҳаммуаллифї, таҷрибаомӯзї ба анъана медарояд. Ҳамчун таҷрибаи соҳибкасбон ба ин чизҳо бештар эътибор дода мешавад. Барои ҳамин назария ва амалияи барномаҳои репортажї ҳамеша дар ташаккуланд. Маълум аст, ки навигарї мисли дигар намуди эҷод бо гузашти вақт ва замона мутобиқ мешавад, вале жанри репортаж ба андешаи мо, каме ба дигаргунї медарояд.
Бояд зикр кард, ки тавсиф ва тасвири ҳодисаву воқеот дар жанри репортаж то андозае ба диди журналист вобастагӣ дорад, бинобар ин тақозо карда мешавад, ки журналистони касбӣ ба кори репортёрӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин зимни таҳияи репортажи телевизионӣ масъулияти видеооператору режиссёр ва ҳайати эҷодиву техникӣ зиёд мегардад.
«Дар репортаж таҳлил нест» [3, с.15], тасвири ҷараёни воқеа дида мешавад, ки бо андешаҳои муаллиф ва иштирокчиён пурра карда мешавад. Репортаж дар бораи як воқеаи том аст. Репортёр дар бораи чизе менависад, ки дидааст. Албатта ҳеҷ кас тавсия дода наметавонад, ки кадом воқеа бояд чи хел тасвир карда шавад, репортаж чи хел оғоз ва анҷом ёбад. Талаботи асосї ҳангоми навиштани репортаж вайрон накардани факту рақам ва номҳо мебошад.
«Репортажи махсус чист? Агар барои репортажи оддӣ ва сюжети иттилоотӣ рўйдод асос бошад, барои таҳияи репортажи махсус асос мушкилии рўз мегардад. Мушкилӣ, мавзуи доғи рўз метавонад нашъамандӣ, сўхтор, таваллуд дар шаҳр, озодшавии маҳбусон, фоҳишагӣ, таъмин аҳолӣ бо қувваи барқ, гази табиӣ, оби тоза, оби гарм ва ғайра бошад» [8, с.44]. Репортажи махсус ин нишони хоси ҳар як шабакаи телевизионӣ аст, ки барои обрўй ва баланд бардоштани мавқеи ин телевизион нақши муҳим мебозад.
Репортажҳо метавонанд аз ҷойи рўйдодҳои муҳим, гузаштани идҳо, ҷашнвораҳо, фалокатҳои табиӣ мустақиман пахш гарданд. Агарчӣ репортажро дар айни замон бевосита аз ҷойи воқеа нишон диҳанд, ин репортажи классикӣ ба шумор меравад, вале агар репортаж аҳамияти калони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ дошта бошад дар он сурат онро сабт карда, такроран нишон медиҳанд. Дар ин ҷо ислоҳ кардани баъзе камбудиҳои репортаж аз тариқи танзим имконпазир аст. Репортажҳое ҳастанд, ки воқеаҳои он ғайричашдошт, ногаҳонӣ рух медиҳанд ва дар ин ҷо саривақт ба ҷойи воқеа расидани гурӯҳи эҷодӣ: журналист ва видеооператор ва бурдани репортаж зарур аст.
Боз репортажҳое ҳастанд, ки рафти воқеиёти он пешакї маълум аст. Масалан, мусобиқаҳои варзишӣ, конфренсияҳои илмӣ, нишастҳои матбуотӣ, ҷашнгирии санаҳои муҳими ватанӣ ва ғайра. Ба чунин репортаж аллакай журналист бо тайёрии хубтар ба ҷойи рӯйдод меравад. Чунин ҳолат кори журналистро осон мегардонад ва ў аз рафти воқеа қаблан огоҳӣ дорад. Барандаи репортажро репортёр меноманд. Ин журналисте мебошад, ки тезкор ва зирак аст, инчунин воқеаҳои рўйдодаистодаро шарҳу тавзеҳ дода метавонад ва вақтро аз даст надода саривақт рафти воқеаро ба бинанда пешниҳод месозад. Барои бештар маълумот гирифтан дар бораи рӯйдоди муҳим аз шоҳидон сабабҳои рўй додани рӯйдодро мепурсад. Репортёр метавонад дар бораи хисорот ва аҳамияти воқеа сухан ронда, омилҳои рўйдодаистодаро ба тамошобин нишон диҳад. Дар репортаж, репортёр ҳақ надорад, ки рафти воқеаро баҳогузорӣ карда, хулосаи рӯйдодро ҷамбаст кунад.
«Ҳама чиз андозае дорад. Журналисти навқалам бояд бидонад, ки факту навигариҳои мусбат ба хонанда таъсири нек мерасонанд ва дар зиндагӣ некбин буданро дар онҳо мепарваранд, дили мардумро ба зиндагӣ гарм месозанд, ҳисси ватанпарварии онҳоро бедор мекунанд. Навигариҳои танқидӣ низ заруранд, агар онҳо воқеӣ бошанд, ислоҳи он ба ҷамъият фоидаовар бошад, эродгириҳо муҳиму принсипиалӣ бошанд. Зеро яке аз принсипҳои муҳимтарини журналистика инсондўстӣ аст, ки журналист дар ин маврид ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои иҷтимоии мардум, ҳуқуқ ва озодии шахс баромад мекунад» [10, с. 17-18].
Журналист дар жанри репортаж дар оғоз аз стенд-ап, ки хоси ин жанр аст, истифода бурда, минбаъд аз ҷузъҳои жанри мусоҳиба ва хабари кӯтоҳ низ истифода мекунад. Ин ба талаботи жанри репортаж пурра ҷавобгӯй буда, барои бинанда масъалаи ба миён гузошташуда бо иштироки журналист фаҳмо мегардад, дар байни бинандагон афкори умум ба миён меорад, барои ҳар гуна мушкилиҳо шахсони масъул ва сабабгорро ба «ҷунбиш» меорад. Ба ҳамин восита мушкилие ҳалли худро меёбад.
Жанри репортаж яке аз асоситарин жанри иттилоотии журналистикаи телевизион мебошад, ки журналист аз ҷойи рӯйдоди муҳим ҷараёни онро барои бинандагон шарҳу тавзеҳ медиҳад. Барои журналист дар муқоиса бо шореҳ муҳим нишон додани ҷузъиёти рӯйдодест, ки дар пеши назари бинанда ба амал омада истодааст, на натиҷаи он ва ё оқибатҳои он. Албатта журналистони варзида дар баробари пешниҳод кардани рафти рӯйдоди муҳим метавонанд оқибатҳои онро низ пешгӯйӣ намоянд. Аммо масъулият ва вазифаи асосии онҳо маҳз дар пешниҳоди факту рақами ҳаққонӣ аз рафти рӯйдоди муҳими бавуқуомада аст, ки маҳорату таҷрибаи журналист маҳз дар ҳамин ҳолатҳо баҳогузорӣ мешавад. Барои муайян намудани маҳорати касбияти журналист мебояд ба чунин нуқтаҳо диққат кард:
- қисмати инъикоскунандаи воқеа,
- интихоб ва ҷобаҷогузории иштирокчиёни воқеа,
- интихоб ва пешниҳоди далелҳо,
- интихоб ва тақсимбандии лаҳзаҳои асосӣ ва ҷолиб,
- ҷудо кардани ҷузъиёти махсус,
- пешниҳоди таассуроти шахсӣ.
Журналист дар жанри репортаж одатан дар оғоз (мумкин аст дар анҷом ва ҳатто дар байни сюжет) аз стенд-ап, ки ҷузъи асосии ин жанр аст, истифода мебарад. Стенд-ап як ҷузъи муҳими жанри репортаж дар телевизион аст, ки тавассути он журналист аз ҷойи рӯйдод ба бинандагон иттилои муҳимро мерасонад. Стенд-ап сухани журналист аз ҷойи рӯйдод аст, ки дар таъмини ҷолибияти сюжети иттилоотӣ таъсиргузор мебошад. Журналист дар лаҳзае стенд-ап медиҳад, ки ба мазмуни сюжет мувофиқат мекунад. Масалан, журналист вақте ки дар бораи ҷашни Наврӯз стенд-ап медиҳад, манзараи ҷойгирифтаи ӯ саҳнаи ҷашни наврӯзӣ буда метавонад. Бинанда бо чашмони худ журналистро дар ҷойи рӯйдоди муҳим дида, ба суханони ӯ боварӣ пайдо мекунад. Ин аз талаботи асосии жанри репортажи телевизионӣ буда, барои бинанда иттилои рӯйдоди муҳим бо иштироки журналист фаҳмо гардида, дар байни бинандагон афкори умумро ба миён меорад. Барои ҳалли мушкилии дар жанри репортаж бардошташуда шахсони масъулро ба масъулият водор мекунад.
Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа будани шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар замони ҷаҳонишавӣ барҳақ изҳор намудаанд, ки: “Дар чунин марҳала пурра гардонидани фазои иттилоотии кишварамон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар буда, воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ нисбат ба дигар расонаҳои иттилоотӣ бояд фаъол бошанд. Зеро телевизион ва радио ҳамчун яке аз василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хосса дошта, дар баробари дигар хизматҳо метавонад дар огоҳонидан ва пешгирӣ кардани хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дошта бошад” [23]. Вобаста ба ин журналистони барномаҳои иттилоотии шабакаҳои телевизиони ватанӣ бо пешниҳоди оҷилии рӯйдодҳои муҳими ватаниву хориҷӣ тавассути гурӯҳи жанрҳои иттилоотӣ: хабар, ҳисобот, мусоҳиба ва махсусан репортаж аз ҷойи рӯйдоди муҳим бо иштироки бевоситаи журналист нақши калидӣ бозида метавонанд.
Дар пешниҳоди жанри репортажи телевизионӣ ду навъ истифода мешавад: репортажи мустақим ва сабтшуда. Репортажи мустақим дар вақти рух додани ҳодиса бо истифода аз студияи сайёрї телевизионї (ПТС) пахш мегардад. Аммо набудани имконияти пахши репортаж дар вақти рӯй додани ҳодиса маҷбур мекунад, ки он ба таври ғайримустақим дар шакли сабтшуда нишон дода шавад. Вобаста ба тарзи сабти ҳодиса онро видео, кино ё фоторепортаж мегӯянд. Вобаста ба роҳҳои пешниҳоди репортаж, ки ба базаи моддии техникї марбут аст, онҳо ба худ ном гирифтанд. Ҳарчанд имрӯз ҳодисаҳо бештар ба тарзи видеої ба бинанда мерасанд, аммо тарзи дигари тасвири онҳо низ мавҷуд аст. «Вобаста ба пайдо шудани графикаи компютерї, аниматсияи телевизионї шакли нави репортаж-репортажи тасвирї ҳам пайдо шудааст» [21, с.212].
Дар телевизиони имрӯза репортажҳои бе матн низ ба миён омаданд, ки ин зуҳуроти нави хабарї буда, вай аз «Евронюс» оғоз шуда, «Россия 24» низ ба он тақлид мекунад. Аммо ин навъи репортаж дар телевизиони тоҷик ҳанӯз нест. Видеороликҳои телевизиониро (манзараҳоро), ки дар шабакаҳои телевизиони тоҷик барои пур кардани фосилаи байни барномаҳо истифода мешаванд, чун репортажи бематн муаррифї карда мешаванд, ки онҳо манзараҳои табиат, наворҳои кӯҳна ва бе навигарї мебошанд ва репортаж шуда наметавонанд.
Дар шабакаҳои телевизионии ватанӣ намуди репортажи мустақим кам истифода бурда мешавад. Ҳол он ки мебоист рӯйдодҳои муҳими рӯз дар барномаҳои иттилоотї дар қолаби ин намуди жанр инъикос карда мешуданд. Навъи дуюми репортаж-репортажи сабтшуда дар барномаҳои итилоотии телевизиони тоҷик ба назар мерасад. Журналистон ба ҷойи ҳодиса рафта, ҷараёни онро ба навор гирифта ба студия баргашта, репортаж таҳия мекунанд. Барои мустақиман аз ҷойи ҳодиса иттилоъ додан имкони техникии заруриро надоранд. Аммо баргузории ҷашнҳои муҳими сиёсиву фарҳангии ҷумҳуриявӣ мустақиман пахш карда мешаванд. Масалан, ҷашнгирии рӯзҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ ва баргузории Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман пахш карда мешаванд. Вале ин пешниҳодҳои мустақим тариқи телевизион ҳарчанд гузориш номида шаванд ҳам, дар жанри репортаж набуда, дар жанри ҳисобот мебошанд. Зеро ҷараёни ин чорабиниҳо аз аввал то ба анҷом пурра ба бинандагон мустақиман намоиш дода мешаванд. Мувофиқи рафти ҷараёни чорабинӣ намоиш додани рӯйдод хоси жанри ҳисобот мебошад.
Намуди жанри репортажи сабтшуда дар шабакаҳои телевизиони ватанӣ дар инъикоси рӯйдодҳои дохили ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад. Барои ҷолиб гардонидани он аз лаҳзаҳои асосии рӯйдод наворбардорӣ намуда, ба ин восита бинандаро ба дарки рӯйдод омода карда мешавад. Видеонавор дар ин ҳолат метавонад фазои рӯйдод, рӯҳияи иштирокчиёни воқеа ва дигар ҷузъиёти ба ин монанд бошад.
Репортаж лаҳзаи муҳими як рӯйдодро дар вақти кутоҳе нишон медиҳад, ки чї ҳодиса ва чї гуна рӯй дод ва ин видеонавор бо синхрони (нақли) шоҳидон ва мулоҳизаҳои журналист пурра мегардад. Дар репортажи рӯйдодӣ рӯйдод асос буда, ҷараёни онро журналист дигаргун карда наметавонад. Журналист аз паси он меравад. Рӯйдодро дигаргун сохтан дар назди бинанда ғайриимкон аст. Новобаста аз он ки репортаж мустақим ва ё сабт мегардад, наворбардор бо видеокамера, режиссёр дар пулти сабт, танзимгар дар компютери танзимкунанда истода кадрҳои зиёдатиро мебурад, то бинандагон асоси рӯйдоди муҳимро тамошо кунанд. Шарти аксосии репортаж сабаб доштан аст. Сабаб доштан маънои нав будани рӯйдодро мефаҳмонад, яъне жанри репортаж на дар хусуси рӯйдоди ҳаррӯза содиршаванда, балки дар бораи рӯйдоди нав таҳия карда мешавад. Рӯйдоди нав ду навъ мешавад: рӯйдоде, ки нахустин маротиба ба амал омадааст ва ё навигарие, ки дар рӯйдоди кӯҳна пайдо гардидааст.
Рӯйдоди муҳим дар телевизион он чизест, ки дар видеонавор инъикос карда мешавад. Ин як факт, як рӯйдоди муҳим аст. Бо он ки факт асос аст, жанри репортаж бо жанри хабар наздикї дорад, аз он ки чи гунагии факт бо ҷузъиёт шарҳ дода мешавад, ба жанри мухбирнома наздик аст. Вале мақсадҳо гуногун мемонанд: дар жанри мухбирнома бо таҳлил бо хулосае ба ё натиҷае расида мешавад. Вале дар жанри репортаж, ки вазифааш иттилоъ расонидан мебошад, таҳлил истифода нашуда, тасвири ҷараёни воқеа дида мешавад, ки бо андешаҳои журналист ва иштирокчиёни рӯйдод пурра карда мешавад. Репортаж дар бораи як рӯйдод аст. Журналист дар бораи чизе сухан меронад, ки дидааст. Бояд жанри репортаж аз ҷойи рӯйдоди муҳим дар иштироки журналист таҳия гардад. Чунки яке аз хусусиятҳои асосии жанри репортаж иттилоърасонии журналист аз ҷои рӯйдоди муҳим ба тариқи стенд-ап мебошад, ки инро мо дар дигар жанрҳои иттилоотӣ мушоҳида карда наметавонем.
Дар шабакаи телевизионӣ тариқи жанри репортаж рўйдоди муҳим чи хеле ҳаст ҳаққонӣ нишон дода мешавад. Дар инъикоси рўйдоди муҳим журналист аксаран ҳамчун шоҳид, баъзан ҳамчун иштирокчии бевосита тариқи спенд-ап пайдо гашта, ба бинандагон аз ҷойи рӯйдод ва дар лаҳзаи муҳимтарини рӯйдод иттилои муҳимро баён месозад. Бо ҳамин махсусиятҳои хоси хеш жанри репортаж дар шабакаҳои телевизионӣ аз дигар жанрҳои иттилоотӣ: хабар, мусоҳиба ва махсусан ҳисобот ба куллӣ фарқ карда меистад. Хулоса, жанри репортаж дар шабакаҳои телевизионӣ бо тамоми ҷузъиёташ падидор шуда, аз муҳимтарину асоситарин жанри иттилоотии телевизион ба ҳисоб меравад.
Номер журнала Вестник науки №5 (86) том 2
Ссылка для цитирования:
Муъминҷонов З. ҒАЛАТФАҲМӢ ДАР МАФҲУМИ ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ: УМУМИЯТ ВА ФАРҚИЯТИ ЖАНРҲОИ ИТТИЛООТИИ РЕПОРТАЖ ВА ҲИСОБОТ // Вестник науки №5 (86) том 2. С. 1315 - 1325. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22988 (дата обращения: 20.07.2025 г.)
Вестник науки © 2025. 16+
*