'
Бойзода Ҷ.Ҷ.
АФКОРИ ТАЪРИХИИ ҲИКМАТИ ОМӮЗГОР ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ *
Аннотация:
Мақолаи илмии “Афкори таърихии ҳикмати омӯзгор дар Паёмҳои Пешвои миллат”, ки муаллифи он Бойзода Ҷамшед Ҷумабой мебошад, ба таҳлили фалсафӣ, таърихӣ ва иҷтимоии нақши омӯзгор дар рушди маънавӣ, худшиносии миллӣ ва сиёсати давлатдории муосир равона шудааст. Муаллиф тавассути баррасии муфассали муҳтавои Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон медиҳад, ки ҳикмат ва ҷойгоҳи омӯзгор на танҳо як унсури маориф, балки пояи асосии давлатдорӣ, тафаккури миллӣ ва ояндасозии кишвар ба шумор меравад.
Ключевые слова:
омӯзгор, маориф, Паём, Пешвои миллат, таълим, худшиносӣ, ахлоқ, фарҳанг, сиёсати иҷтимоӣ, рушди инсон.
Таълиму тарбия на танҳо унсурҳои ҷудонопазири фарҳанги миллӣ мебошанд, балки худ рукнҳои поягузори ҳастии маънавии миллат ҳастанд. Ин ду мафҳум, ки дар худ раванди интиқоли дониш, ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи таърихиро фаро мегиранд, воситаи муҳимми нигоҳдории ҳуввият ва пайванди наслҳо маҳсуб мешаванд. Чуноне ки фарҳанг таърихи зиндаи миллат аст, пас таълиму тарбия равиши пайгирии он мебошад.
Тасаввури он, ки миллате метавонад равишу суннатҳои таълиму тарбияти миллати дигарро бе зиёни ҳуввият пазируфта амалӣ созад, як иштибоҳи фалсафии ҷиддӣ мебошад. Аз байн рафтани суннатҳои таълимӣ ва ахлоқии миллӣ, ки дар тӯли қарнҳо ташаккул ёфтаанд, метавонад боиси костагии иродаи фарҳангӣ, заъфи худшиносӣ ва ниҳоят, бо худбохтагии маънавии миллӣ анҷом ёбад.
Фарҳанг танҳо маҷмӯаи дониш ва расму одат нест, балки ифодаи олии ҷаҳонбинии миллӣ ва шеваи махсуси маърифати воқеият аст. Пазириши фарҳанги бегона дар соҳаи маориф бе нақду таҳлили он, хатарест барои пойдории сохтори маънавии ҷомеа.
Таърихи башар собит кардааст, ки ҳама гуна низоми таҳсилоти муассир, ҳадафманд ва бо арзишҳои миллат мутобиқ будааст. Дар фарҳангҳои қадима, аз ҷумла дар Шарқ, таҳсил на фақат воситаи интиқоли дониш, балки роҳи камолоти маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии инсон маҳсуб шуда буд. Ба ибораи дигар, таълим ҳадаф нест, балки василаест барои ташаккули инсон ва ҷомеаи солим.
Профессор Нейблет ба дурустӣ таъкид мекунад, ки тарбия ҳамчун заминаи муҳимми рушди инсон, ҷойгузини муҳити модар шуда, тамоми арзишҳо ва ҷаҳонбинии иҷтимоиро ба шахсият интиқол медиҳад [1].
Яъне, муҳити фарҳангӣ ҷойи аввалро дар шаклгирии шахсият ишғол мекунад ва равиши таълим наметавонад аз ин муҳит ҷудо бошад.
Ҷаҳони муосир, ки таҳти нуфузи равандҳои глобализатсия қарор дорад, бо худ шаклҳои гуногуни “фаҳмиш”-и таълимро ворид намудааст. Афзоиши фосила байни усулҳои суннатӣ ва равишҳои навини таҳсил дар мактабҳо, дар бисёр маврид ба заъфи маънавиёт, коҳиши ахлоқ ва костагии забони модарӣ оварда расонд. Ҳамаи ин падидаҳо натанҳо натиҷаи тағйири техникаи таълим, балки бештари ҳолатҳо аз таъсири фарҳангҳои беруна ва сиёсати таълимии бегонагон сарчашма гирифтаанд.
Ба даст овардани истиқлолият барои мо на танҳо истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ, балки имкони таҳкими истиқлолияти фарҳангӣ ва маърифатиро фароҳам овард. Ин раванд оҳиста-оҳиста моро водор мекунад, ки ба сарчашмаҳои миллӣ баргардем ва арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар равиши таълим дубора арзёбӣ кунем.
Дар таърихи фалсафаи таълим, омӯзгор на танҳо як интиқолдиҳандаи дониш, балки як пайвандгар, маърифатбахш ва ҳидоятгари рӯҳонии шогирдон ба шумор меравад. Ӯ чун нури фурӯзони маърифат дар торикии ҷаҳолат, шахсияти насли навро шакл медиҳад. Ба қавли Саноии Ғазнавӣ:
Солҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан. [2]
Ин шеъри пурмаъно таъкид мекунад, ки тарбияи як инсони шинохтакунанда ва офаринанда солҳо меҳнат ва заҳмати омӯзгорро тақозо мекунад.
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин андешаро пуштибонӣ менамоянд. Пешвои муаззами миллат, њанўз дар Паёми худ соли 2004 таъкид намуда буданд, ки худшиносии миллӣ бояд дар шуури насл аз овони тифлӣ реша давонад:
“...то ин ки ифтихори миллӣ бо шири модар, бо аллаи фаромӯшнопазири ӯ ва бо нахустин ҳарфҳои устод дар мактаб ба дилу шуури ҳар фарди тоҷик абадан ҷой гирад.” [3]
Таълиму тарбият, вақте ҷузъи фарҳанги миллӣ ва ифодакунандаи ҳуввият бошад, метавонад воситаи пойдор гардондани миллат гардад. Танҳо бо баргашт ба фарҳанги худӣ, бо нигоҳдории забон, суннат, ахлоқ ва ҷаҳонбинии миллӣ метавонем дар дунёи рақобатпазир пойдор бимонем. Омӯзгор, ҳамчун чеҳраи марказии ин раванд, масъулияти таърихӣ бар дӯш дорад: ӯ насли ояндаро месозад, фарҳангро нигоҳ медорад ва бо рӯҳи худшиносӣ кишварро устувор месозад.
Дар таърихи тамаддуни инсонӣ, омӯзгор ҳамчун неруи аслии шаклдиҳандаи маърифат, ахлоқ ва ҳуввияти иҷтимоӣ дониста шудааст. Ҳар шахс, новобаста ба мақоми иҷтимоӣ ва касбу кори худ, хоҳ духтур, хоҳ муҳандис, хоҳ ронанда ё бофанда, шогирди устоде будааст. Ин муколамаи таърихӣ байни омӯзгор ва шогирд пойбанд ба усул ва арзишҳои фарҳангӣ ва фалсафии ҷомеа аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ба устувории арзишҳои маънавӣ ва пешрафти тамаддун хидмат кардааст.
Агар инсон бо фитрати доништалабӣ ва қобилияти дарк ба дунё меояд, пас ин неруи табииро танҳо ҳидоят ва мураббигӣ метавонад ба самти созанда равона кунад. Аз ин дидгоҳ, омӯзгор ҳукми раҳнамои маърифатро дорад, ки шакли ибтидоии шогирдро ба шахсияти комил табдил медиҳад. Ҳар гуна камолоти фардӣ, касбӣ ва иҷтимоӣ наметавонад берун аз доираи таъсири омӯзиш ва таълимоти устодона сурат бигирад. Дар фарҳанги Шарқ ва махсусан дар мактаби фалсафии тоҷик, “устод” на танҳо таълимдиҳанда, балки намунаи ахлоқ, донишу хирад ба шумор меравад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми баромадҳои худ, хосса дар Паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олии кишвар, мақоми омӯзгорро ҳамчун меҳвари ислоҳоти маърифатӣ ва пешрафти ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2013 чунин омадааст:
“Тарбияи кадрҳо, хусусан барои соҳаи маориф, таъмини сифат ва сатҳи дониши кадрҳои омӯзгорӣ... бояд ҳамеша дар маркази диққати мақомоти давлатӣ қарор дошта бошад.” [3]
Ин андеша, ки омӯзгор ҷавҳари асосии рушди илм ва фарҳанг ва ташаккули насли муосир мебошад, дар заминаи ҷаҳонбинии фалсафии таълиму тарбия қарор дорад. Ин нукта низ дар Паёми соли 2014 равшан баён гаштааст:
“Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ ва усули таълими ӯ вобастагии зич дорад.” [4]
Бо шомил кардани мақоми омӯзгор дар боби махсуси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 2013), давлат на танҳо аз ҷиҳати қонунгузорӣ, балки дар пояи сиёсати арзишии худ омӯзгорро ҳамчун пояи муҳими иҷтимоӣ эътироф кардааст.
Омӯзгор танҳо як шуғли маъмулӣ нест, балки ҳунаре хос ва санъати маънавӣ аст, ки тавассути он инсон дар зинаҳои маърифати ахлоқӣ ва иҷтимоӣ рушд мекунад. Ба таъбири фалсафаи амалии омӯзиш, устод аввалин шахсе аст, ки бо қалами худ ҳуруфи маърифатро дар сафҳаи поки зеҳни шогирд менависад ва бо ин кор ибтидои як сафари беохири дониш ва худшиносиро таъмин мекунад. Ӯ роҳбари дидбони роҳи камолоти маънавист.
Таълим ва тарбия, ки бар шонаҳои омӯзгор устувор шудааст, на танҳо донишу касб меомӯзонад, балки инсонро ба як махлуқи худогоҳ, масъулиятшинос ва шуури ахлоқманд табдил медиҳад. Дар ҷомеаи адолатпарвар, омӯзгор на як хизматгузори низом, балки поягузори низоми маънавист, ки озодии тафаккур, рӯҳи хидмат ба инсонро парвариш медиҳад. Чунин шахсиятҳо барои пойдории давлат ва суботи ахлоқии ҷомеа муҳимму заруранд.
Дар рӯшноии андешаҳои таърихи фалсафии таълим ва Паёмҳои Пешвои миллат, омӯзгор як сутуни бебадали маърифат ва рушди иҷтимоӣ мебошад. Ӯ воситаи зиндаи интиқоли фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқ аст. Аз ин рӯ, эҳтиром ва дастгирии омӯзгор на танҳо амали ахлоқӣ, балки раванди зарурии сиёсати давлатӣ ва такмили низоми маърифатӣ ба ҳисоб меравад.
Маориф ҳамчун падидаи тамаддунсоз ва равиши марказии худшиносии миллӣ, танҳо дар партави фаъолияти омӯзгорон ба ҳадфи асосии худ мерасад. Дар ҷомеае, ки омӯзгор мавқеи арзишманд дорад, на танҳо зинаҳои маърифатӣ рушд мекунанд, балки пойдории давлат ва ҳуввияти фарҳангӣ низ устувор мемонад. Омӯзгор на як шахси маъмурии таълимӣ, балки амини маънавиёт, пайвандгари наслҳо ва хирадмандест, ки шинохти ҳастӣ ва роҳнамои воқеии инсонро таъмин менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар, бо таъкиди муќаррарї ба самти маориф, нишон медиҳанд, ки фаҳмиши сиёсӣ дар бораи таълим, танҳо сиёсати маъмурӣ нест, балки фалсафаи инсонсоз ва кишварсоз мебошад. Њамчунон, ки дар Паёми худ иброз медоранд:
“…мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем...” [4]
Ин гуна изҳороти сиёсӣ нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат бар пояи эҳтиром ба омӯзгор, ҳамчун шохаи аслии рушди башарӣ ва устувории фарҳангӣ, такя мекунад. Ин ҷо фалсафаи иҷтимоии таълим бо сиёсати давлат якҷо омада, маорифро ҳамчун механизми маърифат, адолат ва рушди устувор арзёбӣ мекунад.
Омӯзгорон мисли боғдоронанд, ки дар боғи инсонӣ тухми дониш, ахлоқ ва маърифат мекоранд. Шогирдон ҳар кадом гуле ҳастанд, ки бо сабру меҳри омӯзгор мешукуфанд. Аммо бузургии ҳақиқии омӯзгор дар он аст, ки ӯ натиҷаро ба хотири худ намехоҳад, балки аз муваффақият ва камолоти маънавии шогирд шод мегардад. Ӯ шахсияти равшандиҳандаест, ки маърифати шахсиро ба зиндагии иҷтимоӣ табдил медиҳад.
Ба ҳамин мазмун, Пешвои миллат дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 таъкид намуданд:
“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.” [6]
Ин таъбир омӯзгорро ҳамчун мафкурасоз, яъне шахсе, ки ҷаҳони маънавии ҷомеаро бунёд мекунад, муаррифӣ мекунад. Маҳз бо омӯзгор миллат соҳиби ҳуввият ва зеҳн мешавад.
Яке аз мафҳумҳои асосии таърихи фалсафаи таълим ин аст, ки омӯзгор наметавонад бетараф бошад, чун ӯ бо сарнавишти насл кор дорад. Пешвои миллат соли 2015 изҳор намуданд:
“Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.” [5]
Ин гуфта на танҳо таъкид бар масъулияти иҷтимоии омӯзгор аст, балки рамзи он аст, ки омӯзгор амонатдори арзишҳои миллӣ ва насли оянда мебошад. Ба ибораи фалсафӣ, ӯ воситаи пайвасти маърифат аз гузашта ба оянда ва муҳаррики иҷтимоии тамаддуни миллӣ аст.
Дар ҳама давру замон омӯзгор бояд намунаи инсони комил, соҳибилм ва ахлоқманд бошад. Агар дониш ба маънои қудрати шинохт бошад, ахлоқ қудрати масъулият аст. Муаллимест, ки дониш дорад, аммо ахлоқ надорад, чун муҳаррике бе фармон аст, метавонад ҳам созад ва ҳам сӯзонад. Таҷрибаи таълим нишон медиҳад, ки танҳо омӯзгори бофазлу соҳибмалака метавонад насли шуъурманд ва мустақил тарбия кунад.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин маврид фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор. [7]
Фалсафаи ин байт равшан аст: омӯзгор чароғи рӯзгори инсон аст, ки дар сурати набудани ӯ, ҷаҳолат бар ҳама чиз соя меафканад.
Омӯзгор сутуни маънавии давлат ва фарҳанг аст. Маориф, ки бо ҳузури ӯ вусъат меёбад, на танҳо равиши интиқоли дониш, балки равиши бунёди инсон аст. Давлате ки омӯзгорро қадр мекунад, дар асл инсонро, маърифати воқеӣ ва озодиро эҳтиром мекунад. Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат бо таъкид ба омӯзгор ва мактаб на танҳо аз сиёсати иҷтимоӣ, балки аз ҷаҳонбинии фалсафии худ дарак медиҳанд.
Дар ҳар давру замон омӯзгор манбаи равшанидиҳандаи маърифат, ахлоқ ва афкори озод будааст. Ӯ рамзи хирад, фидокорӣ ва масъулияти иҷтимоӣ аст. Омӯзгор ҳамчун раҳнамо ва пешвои маънавӣ, дар вуҷуди худ машъали фурӯзони дониш ва муҳаббатро мепарварад. Маҳз тавассути ҳамин нур аст, ки шогирдон роҳи зиндагиро меомӯзанд ва табдил ба шахсиятҳои мустақилу масъули ҷомеа мешаванд.
Омӯзгор, ба маънои аслӣ, шахсияти мафкурасоз ва фарҳангсоз аст. Вай на танҳо дониш медиҳад, балки бо ҳар калима ва рафтори худ ҷаҳонбинии шогирдонро шакл медиҳад. Омӯзгорӣ худ маъноест ҳамвазни мафҳумҳое чун фидокорӣ, раҳбарӣ, ва ҷустуҷӯи ҳақиқат. Ба таври фалсафӣ, омӯзгор рӯҳи зиндаи маърифати миллӣ ва пойдории фарҳанги таърихист.
Чунончи дар Паёми Пешвои миллат таъкид шудааст:
“Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.” [8]
Ин нукта бо равиш ва таҳлили фалсафаи иҷтимоии таълим, омӯзгорро ҳамчун омили меҳварии ташаккули миллат ва худшиносии ҷамъиятӣ муаррифӣ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро ҳамчун бунёди рушди устувор ва сармояи инсонӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додааст. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2024 таъкид гаштааст:
“Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия мебошад.” [9]
Пешвои миллат ҳанӯз соли 2015 бо ҳикмати баланд таъкид карда буданд:
“Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.” [5]
Ин изҳорот на танҳо як ҳушдор, балки таъкиди рисолати фалсафии омӯзгор аст. Ў на танҳо маълумот медиҳад, балки ҷаҳон ва таърих месозад. Омӯзгоре, ки бо қуввати ҳиммат, дониш ва ахлоқи олӣ фаъолият мекунад, насли комилро тарбия менамояд.
Шинохти Пешвои миллат аз моҳияти таълим ҳамчун равиши фарҳангӣ ва фалсафӣ дар ҳар Паёми ӯ таҷассум ёфтааст. Чунон ки дар Паёми соли 2022 омадааст:
“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром мегузорем.” [6]
Ҳамин мавқеи фалсафавии сиёсӣ аст, ки маорифро ҳамчун муҳаррики маърифат ва омӯзгорро ҳамчун сутуни маънавии ҷомеа дар меҳвар қарор медиҳад. Таълими муосир наметавонад бидуни шахсияти рӯҳбаланд ва соҳибмаърифат амалӣ шавад.
Дар Паёмҳои солҳои охир масъалаи рақамикунонӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани инноватсия дар низоми таълим ҳамчун зарурати замон арзёбӣ шудааст. Пешвои миллат таъкид намуданд:
“...дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон, истифодаи технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.” [9]
Ин нукта собит мекунад, ки омӯзгор дар фазои нави рақамӣ бояд на танҳо донандаи фанн, балки роҳбари маънавӣ ва мутахассиси технологияи таълим бошад. Омӯзгор дар ҷаҳони рақамӣ бояд ҳам мураббӣ бошад ва ҳам муҷаддиди равишҳо.
Пешвои муаззами миллат рушди Тоҷикистонро тавассути рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва низоми пешрафтаи маорифи кишвар зарур шумориданд, ки дар саргаҳи ин пешравиҳо бояд омӯзгорон нақши барҷаста дошта бошанд.
Боиси хурсандист, ки дар тамоми Паёмҳои Пешвои муаззами миллат мавзуи маорифи кишвар дар меҳвари асоси қарор дошта, рисолати омӯзгор мавқеи калидӣ дорад. Ин падидаҳо омӯзгорони кишварро бояд рӯҳбаланд намуда, дар тарбияи насли ояндасози кишвари азизамон бояд ҳиссагузор бошанд.
Номер журнала Вестник науки №5 (86) том 4
Ссылка для цитирования:
Бойзода Ҷ.Ҷ. АФКОРИ ТАЪРИХИИ ҲИКМАТИ ОМӮЗГОР ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ // Вестник науки №5 (86) том 4. С. 2330 - 2339. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/23568 (дата обращения: 15.07.2025 г.)
Вестник науки © 2025. 16+
*