'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №6 (87) том 1
  4. Научная статья № 295

Просмотры  51 просмотров

Саидмуродова С.

  


АНДЕШАҲОИ ДОНИШМАНДОН ВА АҲЛИ АДАБ ДАР СИТОИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ *

  


Аннотация:
Дар мақола роҷеъ ба вижагиҳои забони тоҷикӣ ва фикру мулоҳизаҳои муҳаққиқону соҳибназарони ҳирфаӣ андешаронӣ шудааст. Муаллиф бо далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки ин адабпажуҳон дар васфи забони ноби тоҷикӣ бо меҳру муҳаббат, назарҳои илмии холисона дошта, аз фарҳанги пурғановати тоҷикон суханҳои воло гуфтаанд   

Ключевые слова:
забони тоҷикӣ, вижагиҳо, андешаҳо, муҳаққиқон, аҳли адаб, бахши луғавӣ, нигоҳдории забон   


Мусаллам аст, ки забон аз боризтарин ва муҳимтарин падидаҳои иҷтимоӣ буда, ба мисли оинаи тамомнамо куллияи таҳаввулоти иҷтимоиро дар худ инъикос мекунад. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Ҷойи зикр аст, ки забон дар пањно ва иқтидори давлат ќувват ва неру мегирад ва давлат аст, ки барои рушду нумўи забон муњити солим фароњам меоварад. Дар рӯйи олам забонҳои зиёде мавҷуданд.
Аксарияти онҳо таърихи пайдоиши қадимӣ дошта, тавассути ҳифзу нигоҳдошти соҳибзабонон то замони мо омада расидаанд. Ба ҷумлаи чунин забонҳо забони тоҷикӣ низ шомил мебошад, зеро забони тоҷикӣ аз замонҳои қадим арзи ҳастӣ намуда, тоҷикон тавассути ин ганҷинаи бебаҳо муошират, равобит ва ибрози ақида менамуданд. Ҳар як аср муҳити сиёсӣ, навигариҳои зиндагӣ ва инкишофу такомули худро дорад, аз ин ҷиҳат забони тоҷикӣ бо мурури замон дар як сатҳ наистода, дар заминаи давраҳои таърихӣ, додугирифти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, махсусан, дар бахши таркиби луғавӣ тағйироти гуногунро аз сар гузаронидааст. Он дар заминаи муддати асрҳо инкишоф ёфтанаш дар нутқи шифоҳӣ ва осори назмиву насрӣ шакли имрӯзаро гирифтааст. Забони адабии муосири тоҷикӣ давоми сайқалёфтаи забони клаcсикии форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. “Боиси ифтихор ва қаноатмандист,ки ниёгони шарофатманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита пайдо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд” [9, 5].
Шоёни зикр аст, ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди забони тоҷикӣ хеле зебо гуфтаанд: «Забони миллї симо ва пайкари миллат мебошад. Аз ин рў, вазифаи њар фарди мењанпараст, огоњ ва дилсўз ба фарњанги миллї љаззоб, зебо, солим, неруманд ва ќобили созандагї нигоњ доштани ин симову пайкар аст. Забон њам ба монанди миллат пир намешавад ва њар ќадар солхўрдатар шавад, боз њам љавонтар, шодобтар ва нерумандтар мегардад» [8].
Васфи забони ноби тоҷикӣ дар сухани бузургон ифодагари ин гуфтаҳо мебошанд. Аз ҷумла, Баҳром Фирӯз- нависандаи забардасти тоҷик дар мавриди забон ва аҳаммияту ҷойгоҳи он чунин нигоштааст : “Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне оинаи фарҳанги халқ аст. Забон ҷони миллат аст, бе забон миллат арзи вуҷуд карда наметавонад. Олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст.
Миллат бо ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ ва биниш дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Аз ин рӯ, забони халқро надониста, ӯро шинохтан номумкин аст.
Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст ва касоне, ки забонро пушти по мезананд, ба он ҳурмат надоранд, ба халқу Ватан этироми бардурӯғ доранду бас” [3,6].
Адиби шинохтаи Доғистон Расул Ғамзатов дар китоби хеш “Доғистони ман” нақле меорад: ”Рӯзе назди модаре ҳамдеҳаам рафта будам, то мужда расонам,ки писарашонро дар кишвари Фаронса дидаам. Ӯ хеле рассоми моҳир шудааст...
Модар аз ин мужда хеле хурсанд шуд ва аз ӯ пурсид, ки писарам бо шумо бо кадом забон суҳбат мекард? Посух додам, ки бо забони фаронсавӣ,ба воситаи тарҷумон....
Модар пас аз шунидани ин ҷавоб дарҳол ба сар чодари сиёҳ кашид. Ман аз ин рафтори модар мутаассир шудам, ба модар хитоб намудам. -Холаҷон, писари шумо зинда аст, чаро чодари сиёҳ ба сар кардед? Модар дар ҷавоб гуфт, ки ман чунин писар надорам, писаре, ки забони модариашро гум кардааст...”[6,43-45].

Аз тамоми ину он гум кардагон,
Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон,
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст,
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

 

Чун ин сатрҳоро мехонем, ба хулосае меоем, ки бузургдошти забон, қадру манзалати он, инчунин поку беолоиш нигоҳ доштани он аз ҳама волотар будааст.
Бояд тазаккур дод, ки се забон, се гӯйише, ки дар қаламрави се давлати ҳамзабон мавриди истифода аст, яке аз забонҳои зеботарин, шевотарини дунё маҳсуб мешавад. Аллома Иқбол лафзи дарӣ,, форсӣ-тоҷикиро аз ҳамаи забонҳо болотар медонад.

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Фикри ман аз ҷилвааш масҳур гашт,
Хомаи ман шохи нахли Тур гашт.
Порсӣ аз рифъати андешаам,
Дархӯрад бо фитрати андешаам.[4,28]
Ҳамчунин, Муҳаммад Иқбол мафтуни Фирдавсӣ ва Хайём будани
худро бо чунин мисраъҳо ифшо медорад:
Одамиро диду чун гул баршукуфт,
Дар забони Тӯсу Хайём гуфт.
Нутқи идрокаш равон чун оби ҷӯ,
Маҳви ҳайрат будам аз гуфтори ӯ.
Ин ҳама хоб аст ё афсунгарӣ,
Бар лаби миррихиён ҳарфи дарӣ [4, 68].

Роҷеъ ба он ки тоҷикон таърихи куҳан доранду тамаддуни ҷаҳонӣ И.В.Сталин чунин ибрози ақида намудааст : “Тоҷик маънои тоҷдор буданро дорад, тоҷикон ва эрониён сазовори ин ном ҳастанд. Инҳо аз ҳама қадимитарин миллати Осиёи Миёна ҳастанд ”.
Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ дорои мақому манзалати хосе мебошад. Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаҳои пурарзише доранд:”Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишону бақои ҳар халқу миллат аст”.
Аз гуфтаҳои аҳли зиё, донишмандону сиёсатмадорон бармеояд, ки забон дар худ ганҷинаи ҳастӣ ва камолоти инсониятро таҷассум менамояд.
Ҳамчун номи тоҷик забони тоҷик ҳам таърихи ғанӣ ва рангин дорад ва барои муҳофизати қаламрави ҳастии худ бо забонҳои бегона ҳамеша дар набард будааст.
Забони тоҷикӣ бо фасоҳату балоғаташ асрҳо боз дар дили оламиён роҳ ёфта, илҳомбахшу сухан гуфтан намудааст. Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист.
Дар таҳқиқоти олимон ва донишмандони эронӣ васфи забони тоҷикӣ ба авҷи аъло расонида шуд. Аз ҷумла, Саид Нафисӣ- муҳаққиқи эронӣ, адабиётшиноси мумтоз дар бораи тоҷикон чунин ибрози андеша намудааст : “Ҳар гоҳ китоберо бо забони тоҷикӣ мехонам, ҳамеша маро ба ёди ин водии ниёгон меандозад. То миёнаҳои асри 12 сатре аз таърихи Эрон нест, вале дар тамоми сарчашмаҳо аз Бухоро ва Самарқанд ёдовар шудаанд. Орзуи ман ин аст, ки ин сарзамини поки ниёкони худро зиёрат кунам ва як бор аз даҳони онон ин забони ширини тоҷикиро бишнавам ”[3,6].
Боз як донишманди эронӣ Забеҳуллоҳи Сафо роҷеъ ба забони тоҷикӣ чунин ибрози назар мекунад: ”Дар ин нукта баҳсе нест, ки дар давраи исломӣ, ҳангоме ки сухан аз забони дарӣ ё порсии дарӣ меравад, мурод забони Хуросон ва Мовароуннаҳр аст, ки тоҷикони имрӯза нигаҳдоранда ва давомдиҳандаи ин забон ва адабиёт мебошанд”[3,5].
Донишманди афғонӣ Ҷаъфари Ранҷбар дар пешгуфтори китоби арзишманди Саид Нафисӣ “Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ менависад, ки “Дар рӯзгоре, ки забон ва лаҳҷаҳои қадими эронӣ, ба монанди суғдию паҳлавӣ, порсию бохтарӣ, сиистонию ҳиравӣ, помирӣ ва ғайра дар ҳоли нобудӣ ва парокандагӣ ва ҳазм шудан дар забон ва адабиёти араб буд, устод Рӯдакӣ ва соири хирадмандони замон бо ташвиқи шоҳони Сомонӣ аз нобудӣ ва тафриқаи ин лаҳҷаҳои куҳани эронӣ ҷилавгирӣ намуда, аз ҷонибе талош карданд, ки бо баҳрагирӣ аз баъзе вожаҳо ва истилоҳоти арабӣ ва омезиши вожаҳо ва лаҳҷаҳои куҳани эронӣ ба рушду ғинои ин забон бипардозанд ва то андозае ба ин ҳадафи нек ва сиёсати ваҳдати миллию забонӣ дар қаламрави густурдаи Сомониён ноил шудаанд ”[5, 71].
Чунин забоне монанди забони форсӣ дар ҷаҳон нест, ки дар тайи ҳазор сол ба мардум фаҳмо бошад. Имрӯз ҳам мардум матни беш аз ҳазорсоларо бидуни тарҷума мефаҳманд. Мо метавонем шеърҳои Рӯдакӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Умари Хайёмро мисол орем, ки беш аз ҳазор сол пеш суруда шудаанд, ва хушбахтона имрӯз низ ононро мехонем, мефаҳмем ва азёд менамоем.
Суханони меҳрбори раиси Бунёди Рӯдакӣ дар Фаронса (шаҳри Порис), узви Шурои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, доктор Масъуди Миршоҳӣ мазмуни мазкурро боз ҳам тақвият медиҳанд: “Сарзамини тоҷикон гаҳвораи тамаддун, фарҳанг ва забону адаби эронитабор аст. Тоҷикистон сарзаминест, ки аз мушкилиҳои ба сараш омада наҳаросида, дар набардҳои дохилию беруна пирӯз ва беҳрӯз боқӣ монд ва оламиёнро дар нигаҳ доштани мероси ниёгон, ҳунару адаб ва фарҳангаш дар шигифт гузошт” [5, 72].
Устод Айнӣ, мавҷудияти забони тоҷикӣ, ривоҷу равнақ ва нашъунамои онро ба мавҷудияти халқи тоҷик ва ҳаёти таърихие, ки он аз сар гузаронидааст, алоқаманд дониста, дар оғози “Намунаи адабиёти тоҷик ” мегӯяд: “Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунон ки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳею амире нест.Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқаи форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқаи муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст”. [1.7].
Инчунин, устод Садриддин Айнӣ дар бораи “Шоҳнома ”-и Фирдавсӣ, ки нигаҳдорандаи забони ноби форсӣ - тоҷикӣ аст, чунин ибрози андеша намудаанд: “Ҳатто дар “Шоҳнома” он гуна зиёд вожаҳои тоҷикӣ кор фармуда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон мавриди истифода нест, аммо ин луғатҳо дар миёни тоҷикон зинда аст”.
Бобоҷон Ғафуров таъкид менамояд: “Ин забон дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Таърихи он на ин ки аз давраи исломӣ, балки аз асри 6-и пеш аз мелод шуруъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои таърихӣ собит месозанд”.
Шарофиддин Рустамов –забоншиноси тоҷик мегӯяд: “Забон рукни асосии миллат аст.Ҳар кӣ ба қадри забон намерасад, ба қадри ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз намерасад. Охир, забон ин модар аст, таърих аст, маданият аст, забон тақдир аст”[3,7].
Фридрих Энгелс дар мактубаш ба Карл Маркс менависад, “Ашъори ринди сармасти Ҳофизро, ки забонаш ширину хушсадост, ба форсӣ хондан басо гуворост ”.
Ҷоиз ба зикр аст, забони тоҷикӣ, ки бо он шоирони номдораш дурру гуҳар рехтаанд, аҳли адаби дунёро ба худ мафтун сохтаанд.Аз он ҷумла,
Гёте-шоири немис, ки худ шефтаи ғазалиёти Ҳофиз буд, ба Ҳофиз муроҷиат намуда мегӯяд: “Ҳофизо, дилам мехоҳад аз шеваи ғазалсаройи ту тақлид кунам. Нахуст ба маънӣ андешам ва он гаҳ бад-он либоси алфоз пӯшам. Ҳар каломеро ду бор дар қофия наёвардам, магар он ки бо зоҳире яксон маънои ҷудо дошта бошад. Дилам мехоҳад, ҳамаи ин дастурҳоро ба кор барам, то шеъре чун ту, эй шоири шоирони ҷаҳон, суруда бошам!”[ 3,35].
Дар китоби Пешвои миллат -“Забони миллат-ҳастии миллат”, дар мавриди ҳифзу поку беолоиш нигоҳ доштани забон суханони заррин сабт шудаанд: ”Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад”[8.5 ].
Дар гуфтаҳои боло зикр намудем, ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки забони мо моро дар арсаи дунё муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд гуфтаҳои Пешвои худро чун дурри гаронбаҳо нигаҳбон ва мувозиб бошем. Дар ҳошияи суханони Пешвои миллат гуфтанӣ ҳастам, ки чун мо ворисони ин забон ҳастем, бояд ба забони хеш, ба тозагиву покии он, ба фарҳанги он, ба таърихи он арҷ гузорем, эҳтиром намоем ва барои рушду такомули он саҳмгузор бошем.
Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири тахрибкунандаи забонҳои дигар, тақлиди зараровари талаффузҳои сунъии калимот ҳифз намоем. Раванди ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия имрӯз на танҳо ба забону фарҳанги мо, балки ба бисёр дигар забонҳои нисбатан камшумор и дунё таҳдид менамояд. Дар зери таъсири ҷаҳонишавӣ ва тавсеаю нуфузи забонҳои муосири байналмилалӣ, инчунин дар ҷараёни баҳравар шудан аз дастовардҳои илму техника миллату қавмиятҳои камшумор бо мурури замон тарзи тафаккури миллии худро аз даст дода, ба арзишҳо ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои дигар рӯ меоваранд.
Имрӯз мо бояд кӯшиш кунем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне забоние, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 1

  


Ссылка для цитирования:

Саидмуродова С. АНДЕШАҲОИ ДОНИШМАНДОН ВА АҲЛИ АДАБ ДАР СИТОИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ // Вестник науки №6 (87) том 1. С. 2421 - 2429. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/23871 (дата обращения: 15.07.2025 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/23871



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.