'
Мирова Н.Р.
ТАҲАММУЛПАЗИРЇ ВА ИНСОНГАРОЇ ДАР ТАЪЛИМОТИ АБЎҲАНИФА *
Аннотация:
Мақолаи илмии мазкур ба таҳаммулпазири ва инсонгароӣ дар таълимоти Абӯҳанифа бахшида шудааст. Муаллиф кушиш намудааст, ки инсонгароӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониро таҳлил намояд. Ҳар як шахс бояд дорои хислатҳои хамида бошад. Дар асл инсонгароӣ маънои фаррох дорад. Аз нигоҳи Абуҳанифа сӯҳбати инсонҳо аз салом додан оғоз мегардад. У таъкид менамояд, ки дар мавриди вохурдан бо мардум бо садои расову муҳаббатомез салом гуфтан лозим аст. Инчунин, дар мавриди салом гуфтан пешдастӣ кардан лозим аст. Донистани қадри инсонро он шарт ва зарур медонад
Ключевые слова:
Абӯҳанифа, таълимот, таҳаммулпазирӣ, инсон, инсонгароӣ, қадр, хислат, хамида, мартаба, одоб, илм, мақом
Дар байни ақидаҳои Имоми Аъзам дар бораи баробарии халқҳо ва аҳамияти он дар тарбияи таҳаммулпазири чун дигар қисматхои мероси ӯ барои илм ва тарбияи муосир, таълимоти ахлоқии Имом ва нақши он дар тарбияи насли наврас, таълимоти мутафаккир оид ба ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон, ақидаҳои Имом ва масъалаҳои гендерӣ, ҳаёт ва осори Имоми Аъзам ҳамчун намуна барои ташаккули ҳувияти миллӣ, худшиносии тоҷикон, таъмини ваҳдат ва якпорчагии миллату кишвар ва амсоли он низ аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеаи моянд.
Инсонгароӣ маънои васеъ дорад ва хислати ҳамидаи инсон аст, ки хар инсони комил бояд онро доро бошад. Дар таърихи ҳамаи халқҳои олам инсонгаройӣ рукни боарзиши олами ҳастии махлуқи нотиқ ба шумор меравад.
Бояд тазаккур дод, ки муносибати инсон аз се нигоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аввал, муносибати инсон ба офаридгор, яъне холиқ ба махлуқ. Дуввум, муносибати инсон ба олами беруна. Саввум, муносибати инсон ба инсони дигар мебошад. Ахлоқи ҳамидаи тарғиб намудаи Имоми Аъзам аз одоби сӯҳбат ва таҳаммулпазирона шунидани андешаи мусоҳиб мебошад. Сӯҳбати инсонҳо аз салом додан оғоз мешавад, ки дар ин маврид Ҳазрати Имом мефармояд: «Ҳангоми дидор бо мардум бо садои расову муҳаббатомез салом деҳ ва дар салом гуфтан пешдастӣ намо»(2,73). Бояд зикр кард, ки Имоми Аъзам дар ин роҳ худ ҳамеша пешдастӣ менамуд ва итминон дошт, ки рафтори пешвоёни дин, бояд хамин гуна бошад. Сазовор аст ҳар кас рафтори бузургворонро намунаи зиндагии худ қарор бидиҳад. Пештар аз дигарон салом карда бузургворӣ ва каромати саломкунандаро нишон медиҳад ва аз фазилати ахлоқии ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ», ки ин дастури маънавии инсонгароист ва сарманшаи он аз пандномаи Имоми Аъзам бармеояд, чунин таъкид менамояд: «Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом бояд кард, бигӯй дар ҳафт мавзеъ. Аввал чун бародари тариқро бинӣ, салом бояд кард.Дуввум, чун дар роҳ равӣ, ба одамон салом бояд кард. Сеюм, чун ба дари хонаи бародар равӣ, салом бояд кард ва инро саломи иҷозат хостан гӯянд. Чаҳорум,чун ба ҷамъе даройӣ, салом бояд кард. Панҷум, чун аз мавзее, ки нишастӣ, бархезӣ ва ҷамъе он ҷо бошад, салом бояд кард ва инро саломи видоъ гӯянд…
Дар шароити беҳуқуқи аксари донишмандони мардуми ғайриараб, агар дар муҳити арабӣ қарор доштанд, кӯшиш мекарданд, ки аз арабҳо дар илму дониш балотар бошанд. Илова бар ин,вакте, ки арабҳо ба кишваркушоӣ ва фатҳи мамолики дигар машғул буданд, мардуми ғайриараб-аҷамиҳо ба омӯзиши илму фарҳанг пардохта, дар ҳаёти мадании Хилофат мавқеи худро устувор сохтанд. Дар улуми динӣ низ ин кор сурат мегирад ва дар натиҷа мақоми аҷамихо дар он хеле баланд гардид ва ба рушди улуми исломӣ онҳо такони бузурге бахшидааст. Ислом дар гаҳвораи араб арзи вуҷуд карда бошад хам, дар домани Аҷам тарбият ёфт ва бузург шуд. Беҳуда нест, ки яке аз муҳақиқони аврупоӣ исломро пайванди ду унсур: дини сомӣ ва тамаддуни ориёӣ донистааст.1
Аз хурди Абуҳанифа ба илму донишомӯзи машғул мешавад, ки фақеҳи машҳур Абдулайлоро бо зеҳни фавқулода ва донишаш ба ҳайрат мегузорад ва бо тавсияи ӯ барои таълим ба назди Абу Сулаймон Ҳаммод меравад ва 18 сол аз у илм меомӯзад. На байни улуми исломи ӯ фикҳро интихоб мекунад. Ҳарчанд дар аввал ба масоили каломӣ пардохта бошад ҳам, он бадон сурат буд, ки онҳо ҷузъи фикҳ ҳисоб мешуданд, яъне он масъалаҳоеро, ки Абуҳанифа дар “Фикҳи Акбар” –и худ баён доштааст, дар доираи илми фикҳ баррасӣ мегарданд ва калом дар он замон илми мустакиле нашуда буд. Бадҳо , пас аз бурузи муътазила ақлгарои дар ислом ба ҷараёни муқтадир табдил ёфт ва ибтидои онро Абуҳанифа гузоштааст.
Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки он дар таълимоти ахлоқии худ бошад, инсонгароиро меҳвари таълимоти худ авзал мешуморад ва инсондустиву мардумпарвариро ҳамаҷониба ситоиш кардааст.
Агар пурсанд, ки одоби салом кардан чанд аст, бигӯй ҳафт. Аввал, пок бошад. Дуввум, савора ба пиёда, истода бар нишаста ва нишаста ба такязада салом кунад. Сеюм, хурдтар ба бузургтар, аққал бар аксар салом кунад. Чаҳорум, дар салом кардан рӯй хандону пешонӣ кушода дорад. Панчум, ба ишорат салом накунад, балки бар лафз бигӯяд, ки «Ассалому алайкум»(5,72).
Чунон ки мебинем, ҳадафи салом кардан пеш аз ҳама аз ҷониби шахси саломкунанда хостгории тансиҳативу амният мебошад.
Дар пешниҳоди Имоми Аъзам, ки саломро кушодарӯёна ва шунаво пешниҳод мекунад, мақсадаш ин будааст, ки инсон ҳамеша сайъ кунад, то дар тамоми ҳолатхои зиндагӣ кушодазабону кушодарӯй бошад ба он гунае, ки мардум ӯро бо чеҳраи пур аз меҳру муҳаббат дида бошанд. Ин гуна касон шубҳае нест, ки бо чеҳраи шодмони хеш ҳамеша ғамҳои дигаронро дур месозад ва барои рӯҳафтодагон рӯҳу равони тозаро ворид месозад.
Имоми Аъзам дар васиятҳои хеш мухимтарин роҳи парвариши ҳамаҷонибаи ахлоки инсониро нишон медиҳад. Мардумро ба шикастанафсӣ ва дар итоати хеш нигоҳ доштани зимоми нафсро, ки беҳтарин хислат дар инсонгароӣ маҳсуб меёбад, даъват менамояд ва чунин мефармояд: «Бар он чи ки Худованд аз моли дунё ва мақому мартаба ба ту иноят карда, қаноат кун. Он чи дар даст дорӣ, бо ҳусни тадбир масраф кун, то аз мардум бениёз бошӣ»(2,73).
Қаноат варзидан бешубҳа пояи асосии ахлоқи хамида аст, ки мӯҳтавои он инсонворона зиндагӣ кардани фардро муайян мекунад. Қаноат офати тамаъ ва ҳирсу фоидаҷӯӣ аст. Сарчашмаи аз байн бурдани чунин хислатҳои нолоиқи инсонро маҳз дар қаноатмандиву сабр дидан мумкин аст. Шахси тамаъкору ҳарис ҳеҷ гоҳ озоду соҳибирода буда наметавонад. Одамушшуаро Рӯдакӣ дар масъалаи мазкур чунин таъкид мекунад, ки бешубҳа
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав озод бизӣ (3,47).
Инсондӯсти, қадршиносӣ ва саховатмандӣ на фақат дар таълимоти Абӯҳанифа иҷозат ёфтааст, ки инсонпарварию саховатмандӣ ва дасткушод аз Имоми Аъзамро дар рафтораш низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки ба инсонҳои ниёзманд кӯмаки худро расонад. Ёрӣ ба бечорагон аз ҷониби ӯ ҳаргиз аз нигоҳи риё сурат намегирифт, балки ёрии ӯ сидқан ва ҳамеша аз нигоҳи инсонгароӣ ҷомаи амал мепӯшид. Ӯ аксаран ба шогирдонаш, мутафаккирони камбизоат инъом медод. Боре як нафар ба Абу Ҳанифа ба қимати 3 динор тӯҳфае овард. Имоми Аъзам бар ивази он ба қимати 30 динор матоъро барояш инъом мекунад. Имоми Аъзамро харҷи зиндагии чандин шогирдонашро бар ӯҳда гирифта буд, ки аз онҳо М. Шайбонӣ буд.
Ҳанафия маънибардорӣ аз аҳкоми шаръиро вобаста ба манфиати умум, шароити таърихӣ, манфиати ислом ва халқҳои тасхиршуда тарҳрезӣ намуд.
Абӯҳанифа таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмиро асос ва воситаи ҳалли мушкилиҳо қабул намуда, суббот ва низоми мардумро болотар аз ҳама арзишҳо гузошт.
Аз ин ҷо бармеояд, ки асоси таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам аз мавзуният ва афзалияти ҳуқуқҳои инсон иборат аст. Яъне Имоми Аъзам дар таълимоти хеш ба мавқеи инсон ва низоми инсонӣ диққати хеле бузург додааст.
Таҳаммулпазирӣ яке аз арзишҳои олии таммадуни инсонӣ буда, ҳамчун иҷтимоӣ мақоми шоистае дар афкори файласуфони давраи Эҳё пайдо шуд. Инсон ва ҳуқуқҳои он дар ин давра беҳтарин падидаи инкишофи маърифат пазируфта шуданд ва дар ҷараёни рушди ҷомеа нақши муҳимро бозиданд. Агарчи дар асрҳои ХУ1 –ХУ11 дар санадҳои ҳуқуқии баъзе аз кишварҳо чунин ҳуқуқҳо сабт шуда буданд, лекин танҳо дар асри ХХ комилан мақоми ҳуқуқии худро соҳиб гаштанд.
Яке аз хусусиятҳои фиқҳи ҳанафиро А.Холиқов аз он медонад, ки моҳияти таҳаммулпазирӣ аз эътирофи арзишҳои маънавӣ ва умумибашарӣ иборат буда, хусусияти асосии онро мавзуният ва зарурияти он барои ҷомеаи ҳозира ташкил мекунад ва арзиши олитарине, ки ҳуқуқи инсонро таҷассум мекунад, ин қадри инсон аст. Қадри инсон эътирофи арзишҳои олии инсон аз ҷониби ҷомеа ҳамчун омили муайянкунандаи хислатҳои ҷудогонаи ӯ мебошад, ки ба он пеш аз ҳама ақл, виҷдон, хусусияти хулқ ва рафтори инсон вобаста аст.
Дар илми «ҳуқуқи инсон» мафҳум ва ибораҳое мавҷуданд, ки мазмуни онро ошкор мекунанд. Инҳо ба мисли қадри инсон, моҳияти ҳуқуқи инсон, таркиб ва намудҳои ҳуқуқи инсон, робитаи инсон ва давлат ва зарурияти ҳимояи таҳаммулпазирӣва ғайра мебошанд. Ин масъалаҳоро аз нуктаи таълимоти халқии ҳанафия чунин иброз намудан имкон дорад:
1) Таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа бар фиқҳи ӯ асос дорад. Назарияи ахлоқии Абӯҳанифа назарияро бо амалия пайвастааст ва ин пайванд нишон медиҳад, ки меъёру муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа, муносибати байни одамон, рафтору гуфтори онҳо, идеяҳои ахлоқӣ, ки таълимоти муайянеро фаро гирифтаанд дар амалия дарди дили инсонҳо бояд баъд татбиқ шавад. Ба гуфти Президенти кишвар пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “агар қонунҳо ва меъёрҳои муайянкардаи онҳо ҳуқуқу озодиҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим дароранд, оила, бо гурӯҳҳоии иҷтимоӣ муайян мекунанд ва ҳатто ба иҷрои қонуну шартномаҳои иҷтимоиро мусоидат менамоянд”.1 Яъне муносибатҳои ахлоқӣ воситаи муҳими танзимкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат, метавон ду ҷиҳати ахлоқиро нишон дод, яке назарияю таълимотхои ахлоқӣ, дар амалияи ахлоқ, маҷмӯи рафтору кирдоре, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад.
2) Абӯҳанифа, чун фақеҳ гарчи ба талаботи ахлоқии Қуръону сунна этибори ҷиддӣ додааст ва дар назария аз онҳо пурра пайравӣ мекунад, вале назарияҳои ахлоқиеро,ки пеш гузаштагон, хусусан эрониён (тоҷикон) ба вуҷуд оварда буданд ва дар зиндагию рӯзгори ин мардум ҷои хосро ишғол мекарданд, аз назар сокит накардааст. Гузашта аз он дар таълимоти ахлоқии худ аз доираи маҳдудиҳои динию фиқҳӣ берун баромада, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ҳамаи инсонҳо новобаста ба дину мазҳабашонро аз ҷумлаи аслҳои ахлоқии худ қарор додааст. Ӯ дар ин маврид аввалин фақеҳе аст, ки чаҳорчӯбаи таълимоти фиқҳи исломиро васеъ сохта дар таълимоти ахлоқияш онро ҳатто чандин ба назар нагирифта, арзишҳои умумибашарии ахлоқиро асоси таълимотҳои худ қарор додааст.
3) Тақлид ва тарки хирадгарои ба асос гирифтааст. Таҳаммулпазирӣ, созишномаи динӣ, ҳамдигарию ҳамдигарфаҳмии намояндагони динҳои гуногун аз ҷумлаи ҳамин аслҳои ахлоқи умумибашарӣ мебошанд. Ӯ ба фикрӣ ва қолабхои анъанавии ахлоқи арабҳо, ки дар суннат ифодаи худро ёфта буданд, маҳдуд нагаштааст ва ин амали имоми Аъзам бояд намунае мегардид, барои фақеҳони исломӣ, ки мутаасифона, дар асрҳои XIV-XIX ин рафтори шоистаи тақлид дар фиқҳ ба фаромуши дода шуд, Махз хамин ҷиҳати фикри исломиро М. Иқбол натиҷаи танбалии фикрӣ медонад, ки махсусан дар давраи инҳитоти рӯҳӣ ҳосил мешавад ва мутафаккирони бузургро ба сурати бутҳое дармеоварад. Агар баъзе аз фуқаҳои бузурги мутааххир ин ваҳму дардро таъйид кардаанд, исломи ҷадид маҷбур нест, ки аз истиқлоли фикрии худ чашм бипӯшад. Маълум аст, ки иҷтиҳод ба маънии чаҳду кӯшиш кардан аст ва иҷтиҳод дар ислом кӯшиш ба харҷ додан барои фикри мустақил дар ҳукми шаръи аст.
Бояд муқарар кард, ки чаро тақсимбандӣ ба “асҳоби ҳадис” ва “асҳоби раъй” сурат гирифтааст, гарчанде ҳар ду гурӯҳ мӯътақиди онанд, ки нусус (ҳадис қисме аз он аст) бар қиёсу раъй муқаддамтар аст. Дар он ҷо фикри олимон ва муҳаққиқони динӣ гуногун аст. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки гурӯҳе, ки бештар ба ҳадис муроҷиат кардааст, онҳоро “асҳоби ҳадис” ва гурӯҳе, ки дар истинботи худ ба асос гирифтааст.
М.Иқбол натиҷаи тамбалии фикрӣ донистааст.
Азбаски фақеҳони номдор чун Абӯҳанифа муҷтаҳид буданд ва иҷтиҳод бе донистани ҳадис намешавад, пас буда наметавонад, ки Абӯҳанифа дар илми ҳадис пояи устувор надошта бошад ва аксари муҳаддисони давр дониши васеи ӯро дар улуми исломӣ, аз ҷумла ҳадис таъкид кардаанд. Ба қавли Маккӣ бини Иброҳим, шогирди Абӯҳанифа ва устоди Имом Бухорӣ, ки бештар аз се як ҳиссаи китоби худро, аз қавли ӯ ривоят кардааст, дар китоби худ “Танзил-ул-мазоҳиб” Абӯҳанифаро донотарин шахси ҷавон номидааст, яъне дар илми ҳадис донишмандтарини замони худ, ки илм дар он вақт қабл аз ҳама, илми ҳадис будааст ва фатвоҳои имом Абӯҳанифа низ шаҳодат аз дониши амиқи ӯ дар илми ҳадис медиҳанд. Ғайр аз ин “Китоб-ул- осор”, ки дар илми ҳадис навишта шудааст, бар аксари орои муҳақиқон ба Абӯҳанифа тааллуқ дорад ва он аз ҷумлаи аввалин китобҳо дар илми ҳадис мебошад. “Имом Абӯҳанифа пеш аз Имом Бухорӣ ва соирин мезист ва дар он асонид ва турки ҳадис низ ба ин густурдагӣ набуда (замони имом Бухориро дар назар дорад), вай китоби худро аз миёни 40000 ҳадис (имом Бухорӣ аз миёни 60 000 ҳадис) баргузида аст”. Ба қавли ҳофиз Абубакр ибни Ҳамза-ал Ҳусайнӣ, ки китоби “Ат-такира ли риҷол-ил-ашара” китоби Абӯҳанифа “Китоб –ул осор” танҳо китобе аст, ки Абӯҳанифа ба қалами худ нигоштааст.2
Боиси зикр аст, ки Абӯҳанифа дар замони худ яке аз олимони дин дар илми ҳадис буда, олимони он замон уро ҳамчун шахси донишмандтарин муаррифӣ намудаанд.
Яке аз категорияҳои асосии ахлоқии Абӯҳанифа таҳаммулпазирӣ «қадри инсон» аст ва дар асоси қадршиносӣ ҳуқуқҳои дигари инсон пазируфта ва ҳимоя карда мешавад. Эътибори қадрдонӣ ва қадршиносӣ куллан муносибатро ба инсон дигаргун мекунад ва эҳтироми онро дар ҷомеа ва байни мардум мушарраф месозад. Аз ин лиҳоз дар таълимоти Имоми Аъзам низ категорияи «қадри инсон» олимақом ва назаррас аст.
Имоми Аъзам дар яке аз пандҳояш фармудааст: «Қадри ҳар касро бишнос!» . Дар ин панд Имоми Аъзам инсонҳоро даъват месозад, ки одам на аз лиҳози мартаба, молу мулк шинохта шавад, балки ӯ аз лиҳози қадру қимат эътироф гардад. Қадру қиммати инсон ва шинохти ӯ бо мақоми иҷтимоии ӯ, бо касбу кор ба сатҳи илмомӯзияш вобаста аст. Ё панди дигари ба ин монанд - «мардуми бошахсият ва шарифро азиз бидор». Шахсият аз ҷониби Имоми Аъзам фарде, ки дорои илм ва одоби ҳамида аст, пазируфта мешавад. Дар пандҳои мазкур Имоми Аъзам одамонро дар иҷтимоиёт ва иқтисодиёт баробар мебинад, ки ин ҳам як моҳияти дигари таҳаммулпазирӣаст.
Имоми Аъзам дар мавриди эҳтиром доштани қадри инсон панд медиҳад: «Аз лаънат фиристодани бисёр ва дашномтарозӣ парҳез кун», зеро дар ҳолати фиристодани лаънат ва дашном шинохти инсонҳо коста ва эътибори қадру қиммати он паст мешавад. Ё ба қавли дигари Имоми Аъзам паст задани инсон, ба иззати нафси ӯ расидан низ рафторест, ки ҳақ ва ҳуқуқи инсонро поймол месозад. «Ҳеҷ касро таҳқир макун» - ин панди Абӯҳанифа боз ҳам қадри инсонро чун мафҳуми олии муносибатҳои одамон, ки боиси рушди оқилонаи ҷомеа мегардад, медонад. Таҳқир аз нигоҳи Имом Аъзам хислатест, ки одамро ба инкишоф намерасонад, балки муносибатҳои байни одамиро тезутунд гардонида, нобаробарии иҷтимоӣ ва зиддиятҳои маънавӣ ба миён меорад.
Мавриди таъкид аст, ки таҳаммулпазирӣ пеш аз ҳама қадри инсонро дар байни ҷомеа боло мебарад ва донистани мартабаи инсон пеш аз ҳама мавқеи худи шахсро дар ҷомеа нишон медиҳад.
Арзиши дигари таҷассумкунандаи таҳаммулпазирӣ ин адолатпарастӣ ва баробарӣ мебошад, ки аз ҷониби Имоми Аъзам эътироф шудаанд. Бо насиҳат ба яке аз шогирдонаш ӯ мефармояд: «..ҳар гоҳ тарафайни даъво назди ту ҳозир шуданд, дар байни нотавон ва тавонманд, беобрӯ ва обрӯманд, дар ҷои нишастан, дар ҳарф гӯш додан, дар сӯҳбат кардан, дар ҳама чизҳо баробарӣ ва адолат кун ва ҳаргиз магузор аз ту ҳаракате содир шавад, ки обрӯманд ба хотири эътибори мардумияш дар ту тамаъ кунад ва беобрӯ ба хотири зарф ва нотавонияш аз ту ноумед гардад». Дар ин панди арзишманд чандин мафҳумҳои муҳимро дидан мумкин аст, ки арзишҳои маънавии ҳуқуқи инсонро инъикос мекунанд. Онҳоро дар мисоли бархурду зиддияти маъноҳо овардан мумкин аст: нотавон ва тавонманд, беобрӯ ва обрӯманд, баробарӣ ва адолат, умед ва ноумедӣ. Дар панди мазкур категорияи ҳуқуқии «баробарӣ» афзалияти худро дар ҳалли муносибатҳои байни тоифаҳои нобаробари ҷомеа маълум месозад ва ин таъминоти иҷтимоӣ дар қонунгузории имрӯзаи давлатҳои пешқадам инъикоси худро ёфтааст.
Хулоса, аз Имом Абӯҳанифа насиҳату васиятҳои пурмӯҳтаво боқӣ монааст, андарзҳои Абу Ҳанифа дар рӯзгори мо мактаби хосаи инсонгароиро дар маърифати шаҳрвандони кишвар тарбият мекунад.
Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 1
Ссылка для цитирования:
Мирова Н.Р. ТАҲАММУЛПАЗИРЇ ВА ИНСОНГАРОЇ ДАР ТАЪЛИМОТИ АБЎҲАНИФА // Вестник науки №6 (87) том 1. С. 2430 - 2439. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/23872 (дата обращения: 08.07.2025 г.)
Вестник науки © 2025. 16+
*