'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №6 (87) том 1
  4. Научная статья № 299

Просмотры  37 просмотров

Ҳафизов Д.Ш.

  


ТАЪСИРИ ЭКСТРАКТИ ХУШКИ ЗАРРЕША БА МУБОДИЛАИ ЭНЕРГЕТИКИИ МУШАКҲО *

  


Аннотация:
Аз натиҷаҳои таҷриба маълум гардид, ки экстракти хушки зарреша фаъолнокии ферментҳоро баланд намуда, талаботи энергетикии узвҳоро беҳтар менамояд. Гликоген яке аз полисахариди захиравӣ буда, дар ҷигар ва мушакҳо ҷамъ мегардад. Ҳангоми зиёд шудани талабот бо энергия гликоген бо суръат таҷзия шуда, глюкоза ҳосил мегардад. Глюкоза бошад бе восита манбаи энергияи ҳуҷайраҳои системаи асаб ва мушакҳо ба ҳисоб меравад. Дар зери таъсири экстракти хушки зарреша мубодилаи ангиштобҳо муътадил гардида, таҷзияи айэроби гликоген бартарӣ пайдо мекунад. Аз сабаби оне, ки дар муҳити камоксигенӣ гузаронида шуданд, дар ин шароит глюкоза ба таҷзияи анэробӣ дучор гардида, кислотаи ширӣ ҳосил мекунад   

Ключевые слова:
Зарреша, молекула, биохимия, мубодила, физиология, организм, танзим, мондашавӣ, мушак, энергия, захира, таъсир, гурӯҳ, ҳайвон, намуна, калламуш, фаъолнокӣ, фермент.   


Чи хеле ки маълум аст, мондашавӣ дар натиҷаи вайрон гардидани боҳамтаъсиррасонӣ аст, ки қисми канории системаи марказии асаб, ки дар он қисмати охирон роли асосиро мебозад. Ҷараёни ба амалоии мондашавӣ ба инкишофи боздории муҳофизат дар майна алоқаманд буда, имконият медиҳад, ки манбаи энергетикии организм барқарор гардад [1,с. 97].
Аломати умумии мондашавӣ, ки қобилияти кориро маҳдуд мекунад, вайрон гардидани синтези АТФ ва фаъолнокии як қатор системаи ферментҳо пеш аз ҳама ферментҳои сикли оксидшавӣ ва дар мушак бошад ферменти АТФ –ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, ҳангоми мондашавии мушакҳо захираи энергетикии дар пайвастагиҳои калонмолекулаи бо АТФ алоқаманд маҳдуд гардида, инчунин табдили энергияи химиявии АТФ ба энергияи махсус, ки ба энергияи механикии кашишхурии мушак вобаста мебошад [2,с. 66].
Воситаи асосии баланд бардоштани қобилияти коршоямӣ ва мубориза ба фарорасии мондашавӣ, мутобиқшавии физиологии организм ба фаъолияти баланди функсионалӣ алоқаманд мебошад. Ин равандро тавассути машқкунӣ ё ин ки термини систематикии мушакҳо, ки организмро барои иҷроиши фаъолияти баланд ва шидатнокии зиёд тайёр мекунад [3,с. 152]. Бояд қайд намуд, ки дар асоси таъсири интихоби бо ҷараёни мубодилаи мушакҳои кундаланграхи склетӣ дар вақти фаъолияти онҳо ҷойи асосиро танзими равандҳои бо энергияро таъминкунанда ишғол намуда, имконияти шароити беҳтарро барои иҷроиши кор ва мубодилаи устувор дар давраи барқароргардӣ зарур мебошад [4,с. 118].
Ин ақидаҳо барои мо асос гардиданд, ки як таҳқиқотро дар 30-калламуши сафеди вазнашон 130-150г бо истифода аз экстракти хушки зарреша барои танзими равандҳои ҳосилшавии энергия ва зиёд гардидани захираи энергетикии организм дар вақти кори муайяни мушак гузаронем. Ин гуна таҳқиқотҳо имконият медиҳанд, ки механизми биохимиявии маводҳои фармакологии адаптогениро ба раванди барқароршавӣ баъди мондашавии сарбории ҷисмонӣ омӯхта шаванд.
Барои омӯзиши фаъолияти мушакҳо, давомнокӣ ва шидатнокии онҳо ба таъғйиротҳои гуногуни биохимиявӣ дар организм ва нишондодҳои биохимиявии омӯхташаванда дар мушакҳои склетӣ, мағзи сар, ҷигар ва хун мо таҳқиқотро дар шароити оромии нисбӣ ва додани миқдори муайяни сарборӣ ба мушакҳо бо усули шиноварӣ дар аквариуми обдор, ки ҳарораташ 28-30° дар давоми 15 дақиқа (кори кутоҳмуддат дар шароити норасоии таъминоти оксиген бо талаботи организм) баъди 2 соат (ҳолати устувории ҷараёнҳои мубодилавӣ) ва баъди 5 соат (шиноварӣ, ки ба мондашавии вазнин мерасонад) зери омӯзиши худ қарор додем. Маводҳои санҷидашавандаро бо миқдори вояи максималии таъсирдоштаашон, ки экстракти хушк заррешаро ба миқдори 50 ва 100 мг/кг вазн ба зери пусти ҳайвонҳои дар ҳолати оромии физиологӣ вуҷуддошта ё ин, ки баъди 15 дақиқаи шиноварӣ 1 соат пеш аз таҳқиқот ва дар давоми 2 ва 5 соати шиноварӣ пеш аз дар аквариум гузоштан сузандоруро гузаронидем. Дар гурӯҳи ҳайвонҳои намунавӣ мутаносибан миқдори муайяни маҳлули физиологиро гузаронидем. Баъди куштани ҳайвони таҷрибавии мушакҳо, ҷигар ва майнаи сарро дар зери таъсири нитрогени моеъ ях нушонидем. Барои таҳқиқоти майнаи сар ҳарду нимкураро истифода намудем [5,с. 307].
Дар митохондрияҳои аз мушакҳои скелетӣ ва майна, ки тавассути сентрофугаи диференсиалӣ ҷудо намудем, шиддатнокии фосфоргардонии нафаскаширо омӯхтем. Ба гурӯҳи калламушҳое, ки дар ҳолати оромии физиологӣ қарор доштанд ва экстракти хушки заррешаро қабул намуданд ба маҷмуи нуклеотидҳои аденилавӣ, миқдори АТФ, АДФ ва гликоген дар мушакҳои скелетӣ таъсири назаррас нарасонданд.
Чи хеле, ки аз натиҷаҳои дарҷгардида бар меояд, ки дар мушакҳои гурӯҳи ҳайвонҳои намунавӣ дар ҳолати оромӣ миқдори креатининфосфат 1.73±0.07 мкМ/2-ро ташкил намуд, баъди 15 дақиқаи шиноварӣ 0.98±0.08 мк М/г, баъди 2 соати шиноварӣ 1.4±0.10 ва баъди 5 соати шиноварӣ 1.1±0.05 мкМ/г–ро ташкил намуд. Аз натиҷаи бадастомада маълум аст, ки аз ҳама зиёдтар миқдори креатин фосфати баъди 15 дақиқаи шиноварӣ дар мушакҳо кам мегардад, ки он аз 45% камтар мебошад, ин нишондод баъди 5 соати шиноварӣ дар таркиби мушакҳо то 35%-камтар мебошад.
Дар гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм, ки экстракти хушки заррешаро бо миқдори 50 мг/кг қабул намуданд ва миқдори креатинфосфат дар ҳолати оромӣ 1.61±0.04 мкМ/г-бошад, баъди 15 дақиқаи шиноварӣ ин нишондод 1.3±0.05, 2 соати шиноварӣ 1.68±0.01 ва 5 соат бошад 1.59±0.09мкМ/г-ро ташкил намуд.
Аз натиҷаҳои бадастомада маълум гардид, ки дар таркиби мушаҳои гурӯҳи ҳайвонҳое, ки экстракти хушки заррешаро қабул намуданд, миқдори креатинфосфат ҳамагӣ 19% баъди 15 дақиқаи шиноварӣ кам гардид, баъдан қариб, ки пурра барқарор мегардад.
Ҳамин гуна натиҷаро мо дар таркиби мушакҳои гурӯҳи сеюм, ки экстракти хушки заррешаро қабул намуда буданд мушоҳида мекунем.
Захирашавии энергия дар намуди энергияи байни банди химиявии синфи махсуси пайвастаҳо мегузарад, ки бештари аз онҳо ангидриди кислотаи фосфат мебошад. Дар таркиби мушакҳо фосфатҳои серэнергия ва камэнергия мавҷуданд. Креатинфосфат ба моддаҳои серэнергия дохил мегардад. Ҳудуди шарти барои ин ду гурӯҳи пайвастагиҳо бузургии энергияи озоди гидролизии банди фосфатӣ мебошад. Ҳамин тавр, фосфатҳои серэнергия дорои энергияи байни банди фосфатӣ мебошад.
Мафҳуми «банди аз энергия бой», ки биохимикҳо истифода мебаранд аз мафҳуми «энергияи банд» фарқ мекунад, ки дар химияи физикӣ дар зери мафҳуми он энергияеро мефаҳмонд, ки барои таҷзияи банди байни ду атоми молекула зарур аст. Қабул шудааст, ки чунин бандҳоро макроэнергия (аз энергия бой) ҳисоб менамоем, ки ҳангоми гидролизи онҳо тағйирёбии энергияи озоди система ба зиёда аз 21 кҷ/мол баробар аст.
Дар мубодилаи энергияи тамоми намуди ҳуҷайраҳо нақши марказиро системаи нуклеотидҳо аденин, ки он АТФ, АДФ ва АМФ инчунин фосфати ғайриорганикӣ ва ионҳои магнийро дар бар мегирад, иҷро менамоянд. АТФ молекуллаи аз ҷиҳати термодинамики ноустувор мебошад, ки ҳангоми гидролизи он АДФ ё АМФ ҳосил мешавад. Махсусан ҳамин ноустуворӣ ба АТФ имконият медиҳад, ки он вазифаи кашондани энергияи химиявиро барои қонеъ гардонидани талаботи энергетикӣ, ки барои ҳуҷайра зарур аст, иҷро кунад.
Чи хеле, ки аз натиҷаҳои бадастомадаи мо маълум аст, дар таркиби мушакҳои калламушҳои гурӯҳи намунавӣ, ки дар ҳолати оромӣ миқдори АТФ 4,78±0,14 мкМ/л-ро ташкил намуд. баъди 15 дақиқаи шиновари ин мода 23% ва баъди 5 соати шиноварӣ бошад то 34% кам гардид. Миқдори АДФ бошад дар ҳолати оромӣ 0,66±0,06 мкМ/л, баъди шиноварӣ 6% ва баъди 5 соат бошад 33%-зиёдтар гардид.
Аз натиҷаи таҷриба маълум аст, ки миқдори АДФ аз ҳисоби таҷзияи минбадаи АТФ зиёд мегардад. Миқдори АМФ бошад то 20% дар давоми таҷриба кам гардид.
Дар гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм ва сеюм, ки экстракти хушки заррешаро бо миқдори 50 ва 100 мг/кг қабул намудаанд, миқдори АТФ баъди 15 дақиқаи шиноварӣ 7% ва баъди 5 соат бошад, баръакс то 2 % зиёд гардидааст. Миқдори АДФ дар ҳайвонҳои гурӯҳи дуюм аз 20 то 26% кам гардидааст. Дар таркиби мушакҳои ҳайвонҳои гурӯҳи сеюм бошад миқдори АДФ баръакс то 4% зиёд гардидааст. Ҳамин гуна қонуниятро низ мо дар миқдори АМФ мушоҳида мекунем.
Яке аз ферментҳои асосии дар ҷараёни таҷзияи полисахаридҳо аз он ҷумла гликоген иштироккунанда гексокиназа ба ҳисоб меравад. Фаъолнокии фермент дар таркиби мушакҳои гурӯҳи калламушҳои намунавӣ ба ҳисоби миёна 10,7±1,46 мк/мг дақиқаро ташкил намуд. Дар гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм ва сеюм, ки экстракти хушки заррешаро қабул намудаанд, фаъолнокии ферменти гексокиназа дар гурӯҳи дуюм 17±1,6 ва дар гурӯҳи ҳайвонҳои сеюм бошад 18,5±1,7 мкм/мг дақиқаро ташкил намуд, ки дар муқоиса нисбати ҳайвонҳои намунавӣ аз 58 то 72 фаъолтар мебошанд.
Дар гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм ва сеюм, ки экстракти хушки заррешаро бо миқдори 50 ва 100 мг/кг қабул намудаанд, фаъолнокии ферменти суксионатоксидаза дар ҳайвонҳои гурӯҳи дуюм аз 35,5 то 54,4% дар ҳайвонҳои гурӯҳи сеюм аз 51 то 59% ба мушоҳида расид. Дар зери таъсири экстракти зарреша фаъолнокии ферменти ситохромоксидаза дар ҳайвонҳои гурӯҳи дуюм аз 12,5 то 43% дар гурӯҳи сеюм бошад аз 40 то 45 % баланд гардид.
Натиҷаҳои боваринокро мо ҳангоми омӯхтани фаъолнокии ферментҳои АМФ-дезоксиназа ва 5-нуклеотидаза ба даст овардем. Фаъолнокии ферменти АМФ-дезоксиназа дар таркиби мушакҳои ҳайвонҳои намунавӣ, ки дар ҳолати оромӣ қарор доштанд 0,112±0,01 мкм/мг сафед қарор дошта бошад, баъди 5 соати шиноварӣ ин фермент 1,9 то 2 зиёд гардидааст. Ҳамин гуна тағйиротро дар ҳайвонотҳои гурӯҳи дуюм ва сеюм низ мушоҳида намудем.
Барои боз ҳам чуқуртар омӯхтани мубодилаи энергетикӣ дар бофтаи мушакҳои кундаланграхи склетӣ ва таъсири экстракти хушки заррешаро ба ин таҷрибаҳо мо ҷараёни оксиду фосфорнокшавиро дар таркиби мушакҳо зери таҳқиқоти худ қарор додем.
Фурӯбарии оксиген дар мушакҳои кундаланграхи склетии калламушҳои намунавӣ, ки дар ҳолати оромӣ қарор доштанд 2,0±0,17 мкА/мг сафедор ҳангоми инкубасия пурра ва нопура бошад 1,0±0,09 мкА/мг сафедор ташкил намуд ин нишондодҳо баъди 5 соати шиноварӣ 5-10% кам гардидааст.
Дар гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм ва сеюм, ки экстракти хушки заррешаро қабул менамуданд, фаъоляти фурӯбарии оксигенро дар мушакҳои скелетӣ аз 15 то 30% зиёд гардидааст. Дар гурӯҳи ҳайвонҳои якум, ки ҳамчун намуна хизмат менамуданд, ҳангоми дар ҳолати оромӣ будан сарфи фосфори ғайриорганикии дар таркиби мушакҳои кундаланграхи ҳуҷайраашон бо 3,0±0,29 мкА/мг сафеда баробар буд, баъди 15 дақиқаи шиноварӣ ин нишондод 2,08±0,14 ва баъди 5 соат бошад 1,65±0,19 мкА/мг сафедор ташкил дод. Дар давоми 5 соати шиноварӣ сарфи фосфори ғайриорганикӣ то 1,8 маротиба дар таркиби мушакҳо кам гардидааст. Сарфи фосфори ғайриорганикӣ дар мушакҳои гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм баъди 5 соати шиноварӣ 3,24±0,19 дар гурӯҳи ҳайвонҳои сеюм бошад, дар ҳамин вақт 3,4±0,18 мкА/мг сафедор ташкил намуд, ки нисбати ҳайвонҳои намунавӣ 2 маротиба зиёдтар мебошад.
Манбаи энергияи организми ҳайвон ва одам модаҳои органикие, ки дар шакли тайёр дар намуди ғизо ба организм дохил мешаванд, ба ҳисоб мераванд. Ангиштобҳо қисми зиёд таркиби ғизои олами ҳайвонот ва одамро ташкил медиҳад. Бинобар ин мо дар пеши худ мақсад гузоштем мубодилаи ангиштобҳоро дар таҷрибаҳои худ каме чуқуртар омӯзем. Дар расми 6 миқдори глюкозаи таркиби хун нишон дода шудааст. Дар таркиби хуни гурӯҳи ҳайвонҳои намунавӣ, ки дар ҳолати оромӣ қарор доштанд, миқдори глюкоза 6,0±0,16 ммол/л-ро ташкил намуд. Баъди 15 дақиқаи шиноварӣ ин нишондод каме баланд гардида 7,1±0,22 ммол/л, баъди 2 соат бошад 4,8±0,15 ммол/л-ро ташкил намуд. Дар таркиби хуни гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм ва сеюм, ки экстракти хушки заррешаро қабул менамуданд. Миқдори глюкоза устувор буда, камтар ба тағйирот дучор гардид. Дар гурӯҳи ҳайвонҳои дуюм баъди 15 дақиқаи шиноварӣ 6% баъди 2 соати шиноварӣ 15% ва баъди 5 соат бошад ҳамагӣ 20% кам гардидааст. Дар таркиби хуни гурӯҳи ҳайвонҳои сеюм, ки экстракти заррешаро бо миқдори 100 мг/кг вазн қабул менамуданд, миқдори глюкоза боз ҳам камтар ба тағйирот дучор гардид, ки ин нишондод 18%-ро ташкил дод.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 1

  


Ссылка для цитирования:

Ҳафизов Д.Ш. ТАЪСИРИ ЭКСТРАКТИ ХУШКИ ЗАРРЕША БА МУБОДИЛАИ ЭНЕРГЕТИКИИ МУШАКҲО // Вестник науки №6 (87) том 1. С. 2465 - 2471. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/23875 (дата обращения: 08.07.2025 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/23875



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.