'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №6 (87) том 3
  4. Научная статья № 321

Просмотры  74 просмотров

Мастова Г.Н.

  


ТАҲЛИЛИ ВА ТАВСИФИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ *

  


Аннотация:
тахлили хамачонибаи вазъияти хозираи комплекси агросаноатй, муайян намудани тамоилхои асосй, проблемахо ва перспективахои тараккиёти саноат. Муносибати байни кишоварзӣ, саноати коркард ва инфрасохтори маркетинг. Нақши логистика ва технология дар занҷири арзиш. Методология: Усулҳои таҳлили оморӣ, арзёбии коршиносон, таҳлили SWOT ва баррасии муқоисавии таҷрибаи байналмилалӣ истифода шуданд. Комплекси агросаноатӣ як бахши муҳими иқтисодиёт боқӣ мемонад, аммо модернизатсия, сармоягузорӣ ва мутобиқшавӣ ба чолишҳои ҷаҳониро тақозо мекунад. Рушди устувори комплекси агросаноатӣ ба шарте имконпазир аст, ки равиши комплексӣ инноватсия, дастгирии давлатӣ ва масъулияти экологиро муттаҳид созад.   

Ключевые слова:
маҷмааи агросаноатӣ, кишоварзӣ, саноати коркард, таъминоти моддӣ, дастгирии давлатӣ, самаранокӣ, рушди устувор.   


Муқаддима. Комплекси агросаноатӣ (АПК) яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди онҳо ва таъмини аҳолӣ бо ғизо машғул аст. Ин таҳқиқ ба тавсифи структураи АПК, таҳлили ҳолати ҳозира, мушкилот ва перспективаҳои рушди он бахшида шудааст.Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди инноватсионии мамлакатро ҳамчун масъалаи стратегии ҷомеа муайян намуданд.

 

 

 

Хусусияти муҳими давраи тараққиёти замони муосир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи агросаноатӣ зарурати суръат бахшидан ба рушди илмию техникии истеҳсолот мебошад, зеро дар асоси он равандҳои инноватсионие қарор доранд, ки барои дар заминаи дастовардҳои илму техника мунтазам таҷдиду такмил додани истеҳсолот имконият медиҳад. Айни замон бахши аграрии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба зарурати таҷдиди заминаи илмию иттилоотӣ, техникию технологии комплекси агросаноатӣ ва ба шаклҳои сифатан нави рушди инноватсионӣ гузаштан эҳтиёҷ дорад.

Кишоварзӣ муҳимтарин соҳае мебошад, ки бидуни он дигар бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодӣ ба таври самаранок фаъолият карда наметавонанд. Соҳаи комплекси агросаноатӣ (КАС) вазифаи муҳимтарини иҷтимоиро барои шуғли аҳолии деҳот ҳал менамояд. Ҳоло 75,4 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунад. Муҳимтарин вазифаҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, аҳолиро ба маҳсулоти озуқа ва корхонаҳои саноати сабук ва хӯроквориро бо ашёи хом таъмин намудан аст. Дар шароити ташаккулёбӣ ва тараққиёти муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи КАС ниҳоят баланд мешавад, чунки КАС яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат мебошад. Болошавии некуаҳволии аҳолӣ маҳз ба тараққиёти минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. [2] Комплекси кишоварзию саноатӣ ҳамчун қисми асосии иқтисодиёти мамлакат аз 3/4 ҳиссаи даромади онро медиҳад. Ба ин соҳаҳои муҳим 15% фондҳои асосӣ, қариб 23%-и фондҳои асосии истеҳсолӣ ва 60%-и аҳолии бевосита дар иқтисодиёти кишвар машғулбуда рост меояд. Ҳоло хоҷагии кишоварзӣ қариб 48% ҳаҷми умумии маҳсулоти ҷумҳуриро истеҳсол мекунад. Комплекси агросаноатӣ дар ҳар як давлат қисми асосии иқтисодиёт мебошад, зеро истеҳсоли маҳсулоти барои ҷамъият ҳаётан зарур аст. Комплекси агросаноатӣ мисли дигар соҳаҳо хусусиятҳо ва мушкилиҳои тараққиёти худро дорад, ки бо сабабҳои демографӣ, технологӣ ва ғайра ба миён меоянд.

 

 

 

Дар сохтори КАС се соҳаи асосӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо вазифаи муайянро иҷро мекунанд:

1.Соҳаи кишоварзӣ

2.Истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот

  1. Саноати коркард.

Муносибати байни ин соҳаҳо дараҷаи тараққиёти КАС-и ин ё он кишварро муайян мекунад. Яке аз мушкили дигари соҳа вайрон шудани мувозинати табиӣ ва аз ҳисоби ба кор бурдани усулҳои интенсивии хоҷагидорӣ кам шудани замин мебошад. Диққат ба масъалаи дар муҳлати кӯтоҳ ба даст овардани маҳсулоти асосӣ ба он оварда мерасонад, ки ҳангоми коркард ва ҷорӣ намудани технологияи нав на ҳамеша таъсири манфӣ ба муҳити табиӣ ба назар гирифта мешавад.[2]

Яке аз ҳадафҳои мамлакати кишвар таъмини амнияти озӯқаворӣ бо ғизои солим дар шароити бозоргонӣ буда, ин рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки аз ҷалби сармоягузории инноватсионӣ вобастагии муҳим дорад. Бинобар ин дар раванди фаъолияти инноватсионии соҳа ҷалби

маблағгузорӣ, афзоиши захираҳои сармоягузорӣ аҳамияти махсусро пайдо менамояд, ки дар такрористењсолкунии маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намоянд.

Дар пешбурди фаъолияти инноватсионии соҳаи кишоварзӣ муҳим

мебошад, ки мушкилоти онро ҳал намуд ва ҳамгироии дурусти сармоягузориро бо инноватсия ташкил намуд. Рушди сармоягузориҳои инноватсиониро чун низоми ягона баррасӣ намуд, ки сатҳи тараққиёти иқтисодии соҳа аз он вобастагии калон дорад.

Рушди устуворӣ КАС аз механизмҳои иқтисодие вобастааст, ки барои танзим ва дастгирии бозор, сиёсати пулию қарзӣ, инчунин барои

муътадилии фаъолияти сармоягузории инноватсионӣ нақши калидӣ бозад. Бинобар ин, проблемаҳои беҳдошти рушди сармоягузории соња

махсусан муҳим аст, ки бевосита такмили фаъолияти сармоягузориҳои инноватсиониро дар назар дорад.

Фарқиятҳои бештари рушди иҷтимоӣ - иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва бозори он зарурат пеш овард, ки тадқиқотҳои илмию амалиро пурзур намуда, барои таъмини равиши методологӣ ва фаъолнокии сармоягузории инноватсионї мусоидат намоянд.

Пешрафти иқтисодиётии минтақа аз соњаи кишоварзӣ вобастагии амиқ дошта, дар таъмини аҳолӣ бо маводи озӯқаи солим нақши муҳимро созгор аст ва ҳам нисбат ба соҳаҳои

Вазни қиёсии Тоҷикистон дар истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ боз ҳам баландтар буд. Дар ҷумҳурӣ 11%-и пахта (аз он ҷумла 26,6%-и пахтаи маҳиннах), 1,5%-и сабзавот, 23%-и мева, 2,6%-и ангур, 3,6%-и равғани растанӣ, 1,7%-и консерваи меваю сабзавот ва қариб 60%-и равғани анҷибари мамлакат истеҳсол карда мешуд. Дар солҳои истиқлолият ба инкишофи комплекси кишоварзию саноати мамлакат диққати асосӣ дода мешавад.

Дар тараққии кишоварзӣ ирригатсия ва мелиоратсияи замин низ аҳамияти калон дорад. Мафҳуми ирригатсия ҳамаи чизҳои мансуб ба обёриро дарбар мегирад (сохтмони каналҳо, обанборҳо, гидроузелҳо, истгоҳҳои насосӣ, заҳбурҳо, корезҳо). Мелиоратсия ғайр аз ирригатсия, инчунин аз тахту ҳамвор кардани замин, шӯршӯӣ, заҳгурезонӣ ва дигар амалиётҳо иборат аст.[1]

  • Сохтори комплекси агросаноатӣ аз се соҳаи асосӣ иборат аст:
  • Соҳаи истеҳсолии аввал (кишоварзӣ):

Зироаткорӣ (ғалла, сабзавот, меваҷот)

Чорводорӣ (гӯшт, шир, тухм)

  • Соҳаи коркардӣ:

Саноати хӯрокворӣ (истеҳсоли ғалладона, равған, шир)

Саноати коркарди маҳсулоти чорводорӣ (гӯшт, пӯст)

  • Соҳаи инфраструктурӣ:

Хадамоти таъминӣ (тухм, кимиё, мошинҳо)

Хадамоти тарҳиб (нақлиёт, анборҳо, бозор)

Инкишофи минбаъдаи мутамарказонӣ ва махсусгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин зиёд намудани иқтидори он нафақат барои афзоиши маҳсулот ва беҳтар шудани сифати он заминаи мусоид фароҳам меорад, балки тағйироти иҷимоии ҷиддии деҳот низ мегардад. Баробари тараққиёти соҳаҳои КАС дар деҳот роҳҳои нав, муассисаҳои маданӣ, корхонаҳои хизмати маишӣ ва ғайра сохта хоҳанд шуд. Соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумҳурӣ пахтакорӣ, боғу токдорӣ, сабзавоткорӣ, ситруспарварӣ ва парвариши растаниҳои субтропикӣ мебошанд.

Хулоса. Инкишофи кишоварзӣ ба масоҳати киштзорҳо вобаста аст. Имконияти зиёд кардани заминҳои кишт дар ҷумҳурӣ маҳдуд аст. Зиёда аз 82%-и киштзорҳои обӣ, боқимонда ҳама лалмианд. Дар заминҳои обӣ: пахта, юнучқа, сабзавот, зироати полезӣ, растаниҳои ситрусӣ, инчунин дарахтони мева мепарваранд. Дар заминҳои лалмӣ асосан растаниҳои ғалладона (гандум, ҷавдор) ва равғандор (кунҷит, зағир) мекоранд. Солҳои охир боғу токдории лалмӣ низ ривоҷ ёфтааст. [1]

Комплекси агросаноатӣ ҳамчун соҳаи асосии иқтисодӣ барои таъмини амнияти ғизоӣ муҳим аст. Ниёз ба инвестицияҳо ва технологияҳои нав дора два метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намояд

Тавсияҳо:Ташаккули системаи мониторинги электронӣ барои АПК, Таъсиси марказҳои таҳқиқотии кишоварзӣ, Воситаҳои ҳимояи иқтисодии кишоварзон. Дар марњилаи нави рушд муаллиф тавсия медиҳад, ки бинобар гузаштан ба шаклҳои нави интенсификасияи истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси стратегияҳои экологӣ ва ландшафтӣ зарур мешуморад, ки сохтори заминњои киштро тағйир диҳанд [8-М].

Дар шароити кунунӣ тақвияти равандҳои инноватсионии соҳаи кишоварзӣ зарур буда, рушди инноватсионии технологии субъектҳои хоҷагидори аграрӣ танҳо дар заминаи имкониятҳои иқтисодӣ ва хусусиятҳои бозории он амалӣ карда мешавад.

 

 

Дар ин самт, сиёсати инноватсионии давлатӣ бояд ба тақвияти иқтидори илмию техникӣ, рушди инфрасохтори зарурӣ ва коркарди механизмҳои ҳавасмандгардонии рушди инноватсиҳо нигаронида шавад.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 3

  


Ссылка для цитирования:

Мастова Г.Н. ТАҲЛИЛИ ВА ТАВСИФИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ // Вестник науки №6 (87) том 3. С. 2614 - 2619. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24534 (дата обращения: 09.02.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/24534



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.