'
Мастова Г.Н., Шарипова З.Т.
ИДОРАКУНИИ МАРКЕТИНГ ДАР ТАШАККУЛИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК *
Аннотация:
мақола (ё таҳқиқот) ба таҳлили равандҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди фаъолияти маркетингӣ бахшида шудааст, ки дар заминаи таҳаввулоти иқтисодӣ ва рақобати афзоянда дар бозори молиявӣ, хусусан дар низоми бонкдорӣ аҳамияти махсус пайдо намудааст. Дар кори мазкур моҳияти маркетинг, вазифаҳо ва функсияҳои он дар бонк, усулҳои ҷалби муштариён ва таҳкими имиҷи муассисаи молиявӣ баррасӣ мегарданд. Инчунин, таҷрибаи корбурди стратегияҳои маркетингӣ дар ташкилотҳои бонкии муосир таҳлил мешавад.
Ключевые слова:
маркетинг, маркетинги бонкӣ, фаъолияти маркетингӣ, бонкдорӣ, идоракунии маркетинг, муштарӣ, хизматрасонии молиявӣ, стратегияи маркетинг, рақобатпазирӣ, имиҷи бонк
Маркетинг — яке аз шаклҳои фаъолияти инсон буда, бо воситаи мубодила ба қонеъ намудани эҳтиёҷоту талаботи одамон равона карда мешавад. Маркетинг — аз калимаи англисӣ «market» — бозор пайдо шудааст. Назар ба бозор мафҳуми маркетинг мазмуни васеъ ва чуқуртар дорад. Маркетингро — бозоршиносӣ гуфтан ҳам на чандон дуруст аст. Маркетингро ҳамчун системаи мукаммали ташкил ва идоракунии фаъолияти боҳаракати ширкат тасвир намудан лозим аст.
Бо ибораи дигар фаъо¬лияти маркетингии ширкат аз вақти пайдо шудани ақида дар бораи ягон моли нав cap шуда то вақти истеҳсолу гузориши мол, мубодилаи вай ва инчунин хидматрасонӣ пас аз фурӯш ва ташкили истеъмоли мо мебошад.[1]
Маргетинг ба таърифҳо шарҳ додашудааст:
Хоҷагиҳои кишварҳои тараққиёфтаи капиталистиро дар солҳои 1900 -1903 буҳрони иқтисодӣ фаро гирифт. Молҳо назар ба қобилияти харидорӣ барзиёд истеҳсол шуда ба фуруш намерафтанд ва ин масъала ҳалли худро талаб намуд. Аз ин сабаб дар баъзе донишгоҳҳои ИМА ба омӯхтани фанни махсус, яъне роҳҳои оқилона ташкил намудани муомилоти мол шурӯъ намуданд. Ин заминаи нахуст барои маркетинг буд. Маркетинги муосир ҳамчун назарияи бозори идоракунии фаъолияти ширкат аз солҳои 50-уми асри XX cap карда инкишоф ёфта истодааст. Дар ин марҳила миқдори зиёди ширкатҳо ба сохти ташкилии идоракунии корхона тағйироти куллӣ дохил намуданд. Ягона мақсад дар он буд, ки ҳамаи унсурҳои истеҳсолию тиҷоратро ба талаби бозор мувофиқ намоянд.
Ба даст овардани истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввал барои ташкил додани системаи мукаммали маркетинги ва истифодаи тарзу усулҳои вай гузошта шуда истодааст.[2]
Фаъолияти маркетинг дар соҳаи бонкӣ самти босуръат- рушдёбанда ва ояндадори фаъолияти тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Ҳатто маҳсулоти аълосифати дорои мушаххасоти беҳтарин бидуни омода сохтани истеъмолкунандагон рақобатпазир буда наметавонад. Дар замони муосир маркетинг дар бахши бонкӣ дар рушди иқтисоди бозоргонӣ аз мубрамияти махсус бархурдор аст ва унсури муҳими он ба ҳисоб меравад. Ба мақсади тезтар вокуниш нишон додан ба шикастҳои бозор бонкҳо механизми мутобиқшавиро ба тағйирёбии он таҳия мекунанд. Меъёрҳои стратегӣ ва тактикии рафтор, омода кардани ҳалли алтернативӣ ва чандир барои нигоҳ доштани мавқеи устувори бонк дар бозор чунинанд. [4]
Баробари рушди хизматрасониҳои бонкӣ рақобат меафзояд, ки дар навбати худ ба ташкил ва идоракунии фаъолияти маркетингӣ дар бонкҳо, қабули қарорҳои идоракунӣ, ташкили кор бо мизоҷон талаботи куллан нав пешниҳод мекунад.
Ноил шудан ба ҳадафҳои маркетингии бонк аз бисёр ҷиҳат аз сохтори ташкилӣ ва чӣ гуна фаъолият кардани сохтори мазкур вобаста мебошад. Сохтори ташкилии фаъолияти маркетингиро дар бонк чун сохтори ташкилоте муайян кардан мумкин аст, ки дар он идоракунии маркетинг амалӣ мегардад, ба ибораи дигар, он маҷмӯи хидматҳо, шуъбаҳо, зершуъбаҳо мебошад, ки ба ҳайъати он кормандоне дохил мешаванд, ки бо фаъолияти мушаххаси маркетингӣ машғуланд [5].
Сохтори маркетинг барои татбиқи бомуваффақияти консепсияи маркетингӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Шуъбаҳои маркетингро дар асосҳои гуногун таъсис додан мумкин аст: маъмулан онҳо ба соҳаи тиҷоратии бонки тиҷоратӣ дохил мешаванд.
Ҳар як бонки тиҷоратӣ шуъбаи маркетингро тавре сохторбандӣ мекунад, ки он барои расидан ба ҳадафҳои маркетинг (ошкор сохтани талаботи қонеънашудаи муштариён, тавсеаи ҷуғрофии бозор, ҷустуҷӯи сегментҳои нави бозор, афзоиши фоида ва ғайра) мусоидат намояд.
Барои фаъолияти бомуваффақияти бонки тиҷоратӣ бояд комплекси идоракунии маркетинг амалӣ карда шавад, ки он аз унсурҳои зерин иборат аст:
Унсурҳои асосии комплекси идоракунии маркетинг.
Ташкили фаъолияти маркетингро дар бонк ба таври зерин тасвир кардан мумкин аст:
Ташкили фаъолияти маркетингӣ дар бонк мумкин аст бо муайян кардани ҳадаф ва вазифаҳои бонк ифода ёбад:
Сохторҳои маркетинг аз ҳаҷми захираҳои корхона, хусусиятҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда ва бозорҳое, ки дар он маҳсулот ба фурӯш бароварда мешаванд, инчунин аз сохтори мавҷудаи идоракунии корхона вобастагии калон доранд. Ба вуҷуди сершумории намуди сохторҳои маркетинг, ҳамгироии воқеии фаъолияти маркетингии бонкҳо аксар вақт аз рӯи функсия (вазифаҳо) ё маҳсулот амалӣ карда мешавад. Сохтори ташкилии хадамоти маркетинг метавонад яке аз самтҳои зеринро дошта бошад:
1) вазифаҳо (функсионалӣ),
2) мол,
3) бозор ва харидорон (бозорӣ),
4) минтакаҳо (минтакавӣ),
5) молҳо ва бозорҳо (молӣ-бозорӣ),
6) молҳо ва вазифаҳо (молӣ-вазифавӣ),
7) вазифа ва бозорҳо (бозорӣ - вазифавӣ),
8) вазифаҳо ва минтакаҳо (минтакавӣ-функсионалӣ).
Маркетинг низоми идоракуни ва ташкили фаъолияти бонкӣ ба хисоб рафта, ҷараёни тағйироти бозориро ба инобат мегирад. Маркетинги бонкӣ идеологияи беруна, дохилӣ, стратегия ва сиёсати бонк мебошад. Сохтори маркетинги бонкӣ барои татбиқи бомуваффақияти консепсияи маркетингӣ аҳамияти муҳим дорад. Маркетинги бонкӣ бояд аз қабули консепсияе оғоз шавад, ки на фаъолияти бонкӣ, балки ҳадаф, идеология ва стратегияи онро тавсиф кунад. [2]
Механизми идоракунии ташаккули фаъолияти маркетингӣ дар бонки тиҷоратӣ яке аз омилхои асосии расидан ба ҳадаф, яъне самаранокии фаъолияти бонкҳо мебошад.
Барои ҳалли ин муаммо ба масъалаҳои зерин аҳамият додан лозим аст:
1) Сохтори ташкили идоракунии бонкҳо ба талаботи принсипҳои маркетингӣ бояд мувофиқат кунад,
2) Сохтори ташкили хадамоти маркетингӣ вобаста ба вазъияти бозор бояд мушаххас карда шавад,
3) Сохтори омехтаи идоракунии маркетинг ҷорӣ карда шавад, ки мақсади асосии он баланд кардани самаранокии фаъолияти бонкӣ мебошад,
4) Нақшаи маркетингӣ бояд тағйирёбии ҳолати бозори хизматрасонии бонкиро ба инобат гирад. [1]
Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 3
Ссылка для цитирования:
Мастова Г.Н., Шарипова З.Т. ИДОРАКУНИИ МАРКЕТИНГ ДАР ТАШАККУЛИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК // Вестник науки №6 (87) том 3. С. 2620 - 2625. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24535 (дата обращения: 12.01.2026 г.)
Вестник науки © 2025. 16+