'
Ҳафизов Д.Ш.
ТАҒЙИРЁБИИ МИҚДОРИ АМИНОКИСЛОТАҲОИ ОЗОД ДАР ШИРАИ МЕЪДА ҲАНГОМИ БЕМОРИИ ҶИГАР *
Аннотация:
Ҳамин тариқ, таҷрибаҳои гузаронидашуда исбот сохтанд, ки сафедаҳо моддаҳои калонмолекуллаи органикӣ буда, дар организми одам вазифаҳои муҳимтаринро иҷро мекунанд. Аксарияти сафедаҳои плазмаи хун дар бофтаҳои ҷигар ҳосил мегарданд. Ҳангоми илтиҳоб ва серрози ҷигар фаъолияти синтетикии ин узв вайрон мегардад. Дар ҳолати паст гардидани миқдори албумин дар плазмаи хун яке аз оризаҳои вазнинтарини бемории астит ба амал меояд. Аз натиҷаҳои бадастомада бар меояд, ки ҳангомии бемории ҷигар аввалин тағйиротҳои физиологӣ ва биохимиявии сафедаҳо дар шираи меъда ба амал омада, талафоти ин моддаҳои муҳим пуршиддаттар мегарданд.
Ключевые слова:
Миқдор, аминокислота, шира, меъда, сафеда, ҷигар, серроз, узв, хун, фермент, натиҷа, гистидин, лизин, треонин, кислота, беморӣ.
Ҳангоми бемориҳои узувҳои ҳозима таносуб ва миқдори сафедаҳои зардоби хун ва бофтаҳо кам мегардад, новобаста аз он, ки ба зафи меъда ва рӯда миқдори зиёди маводҳои сафедагӣ ва аминокислотаҳо дохил гардида, вале ҷабиши ин модаҳо паст гардидааст. Дар натиҷа тавасути пардаи луоби меъдаю-рӯда талаботи сафедаҳо зиёд мегардад. Дар замони ҳозира исбот гардидааст, ки шираи меъда дорои сафедаҳои мураккаб мебошад. Ҳангоми ахилия, атрофияи пардаи луобии меъда, саратони меъда, илтиҳоби вазнини меъда дар таркиби шираи меъда миқдори сафедаҳо зиёд мегардад.
Осеб дидани пардаи луобии меъда сабаби кам ҳосил гардидани тезоби хлорид, баъдан ферменти пепсин ва дар охир ҳангоми атрофияи пардаи луоби ҳосилшавии гастро мукропротеинҳо суст мегардад. Оид ба аминокислотаҳои таркиби шираи меъда адабиёти мавҷуда кам буда, натиҷаҳои муаллифони гуногун ба якдигар зид ва баҳснок мебошанд. Маъсалан олим Петров А.М, (2010) дар таркиби шираи меъдаи одамони солим ва бемор доимо аминокислотаҳои лейсин, фенилаланин, кислотаи аспаргин дарёфт намуда, гистидин, лизин, треонин, аргинин ва алфа-амино-маслеол кислота камтар вомехӯранд [1,с. 82].
Ба ақидаи ин муаллиф аминокислотаҳои таркиби шираи меъда моҳияти ташхиси надоранд. Вале ин муаллиф исбот намудааст, дар шираи меъда набудани тезоби хлорид ҳангоми омоси меъда ва камхунӣ аз норасоии витамини В12 миқдори аминокислотаҳо нисбати захми меъда зиёдтар мебошанд. Абасов И.Т., (2008) дар беморони саратони меъда аминокислотаҳои лейсин, аланин, валин, лизин ва аргинин кам буда, систин 3 маротиба, метин 2,5 маротиба зиёдтар нисбати беморони гастрити музмин ва захми меъда во мехӯрад. Ин муаллиф зиёдгардии нитрогени аминий, лейсин ва аланинро дар таркиби шираи меъда ба сифати ташхиси диференсиалӣ ҳангоми омоси меъда пешниҳод мекунанд [2,с. 43].
Ҳангоми бемориҳои ҷигар, хусусан серроз яке аз механизмҳои муҳимтарин сабаби беморӣ вайрон гардидани мубодилаи моддаҳо пеш аз ҳама мубодилаи сафедаҳо электролитҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми бемориҳои музмини ҷигар метаболизми аминокислотаҳо, сафедаҳо ва фаъолияти безараргардонии ин узв вайрон гардида, дар организм миқдори зиёди маҳсули мобайнии мубодилаи моддаҳо ҷамъ мегардад. Дар навбати худ ин тағйирот таъсири манфии худро ба фаъолияти меъда ва рӯда мерасонад. Таҳқиқотҳои гузаронида дар ин мавзуъ исбот сохтанд, ки меъда ва рӯда дар ин ҷараёни патологӣ дар навбати дуюм ворид гардида, ба тағйироти чуқури морфологии пардаи луоби меъда дучор мегардад. Тағйироте, ки дар меъда ҳангоми бемориҳои ҷигар ва талхаро, натиҷаи таъсири рефлектории тағйироти патологии ҷигар ба меъда ё ин ки тайи маҳсули таҷзияи сафедаҳо ба ҳисоб меравад.
Ба ғайр аз тағйироти метаболитӣ ва инкишофи ҷараёни патологӣ дар меъда нақши муайянро механизми аутоиммунӣ ва дармонии ғизо, ки дар натиҷаи фишорбаландии порталӣ давомнок ба амал меояд [3,с. 175]. Ба ақидаи мо нақши марказии ҷигарро дар мубодилаи аминокислотаҳо ва алоқамандии ин узувро бо системаи ҳозима ба назар гирем, ҳангоми тағйироти дифузиявӣ дар ҷигар таъсири он ба миқдори аминокислотаҳо бе тағйир намемонад. То ҳол таркиби аминокислотаҳои шираи меъда ҳангоми бемориҳои ҷигар омӯхта нашудааст. Ин гуна таъсири ангезандаҳои гуногун ба миқдори аминокислотаҳои шифои меъда маълум нест.
Омӯзиш таъсири муқоисавии ангезандаҳои энтералӣ ва пароэнтералӣ нишон дод, ки акарияти онҳо ангезандаҳои сусти шираи меъда ба ҳисоб мераванд. Чунки онҳо ангезиши максималиро ба амал намеорад. Бинобар ин дар вақтҳои охир диққати асосиро ба ангезандаи гистамин медиҳанд. Аз таҳқиқотҳои олимони дигар муайян гардид, ки тести пурқуввати гистамини қобилияти функсионалии меъдаро пурра фаро гирифта, тағйироти сохтории пардаи луобии меъдаро дуруст маънидод мекунад. Омӯзиши муқоисавии 8 намуди ангезанда нишон дод, ки ҷӯшобаи карам ва гистамин миқдори тезобҳои шираи меъдаро зиёд, ҳазмкунии онро афзун, қобилияти сафедаҳосилкунии пардаи луобии меъдаро пурқувват ва миқдори хлоридҳоро зиёд намуда, РН-и дохили меъдаро паст мекунад [4,с. 215].
Новобаста аз васеъ истифода бурдани гистамин ба сифати ангезандаи шираи меъда механизми таъсири он ҳанӯз муайян нест. Бо таъсири ангезанда гистаминро ба миқдори аминокислотаҳои шираи меъда дар муқоиса ба ангезандаи кофеин дар беморони ҷигар омӯхтем. Таркиби аминокислотаҳои шираи меъда дар беморони ҷигар ва таъсири ангезандаҳои гуногун ҳанӯз омӯхта нашудааст. Аминокислотаҳои озоди шираи меъдаро мо дар 25 бемор, ки аз он 15 нафар ба гепатити музмин ва 10 нафар ба серрози ҷигар дучор шудаанд, омӯхтем. Шираи меъдаро пагоҳӣ пеш аз наҳорӣ ва баъди 10 ва 20 дақиқаи гузаронидани ангезандаи кафеин ё ин ки гистамин мушоҳида кардем.
Ангезандаи гистаминро 0,1 мг бо 10 кг вазн, ангезандаи кофеинро бо миқдори 200 мг дар 300 мл об истифода намудем. Аминокислотаҳои озодро дар шираи меъда бо ёрии усули электрофарез ва баъдан хроматография болораванда истифода бурдем. Дар шираи меъда мо 22 аминокислотаро дарёфт намудем, ки аз онҳо 16-тояшро миқдоран муайян намудем. Чи хеле, ки аз натиҷаҳои бадастомада маълум гардид, дар шираи меъдаи беморони гепатити музмин доимо аминокислотаҳои лизин, гистидин, аргинин, аспаргиновая кислота, серин, глисин, глютаминовая кислота, аланин, тирозин, триптофан, валин, метионин, фенилаланин ва лейсин во мехӯрад [5,с. 289]. Систин, пролин ва треонин дар беморони таҳлилшавандаи гепатити музмин баъди 10 дақиқа додани кофеин маълум гардида, миқдори лизин аспаргиновая кислота, глисин, трианин, аланин, тирозин, триптофан, валин, метионин, фенилаланин ва лейсина дар навбати худ миқдори гистедин ва кислотаи глютамини зиёд гардид. Баъди 20-дақиқаи додани кофеин миқдори гистидин, аргининн, глютаминовая кислота, валин, метионина дар таркиби шираи меъда кам гардида, миқдори дигар аминокислотаҳо дар муқоиса консентратсияи онҳо дар ҳиссаҳои пеш зиёд гардид. Дар шираи меъда беморони гепатити музмин баъди стимулятсияи гистамини миқдори аминокислотаҳои озод нисбати пеш аз аминокислотаҳое, ки баъди ангезиши кофеин фарқ мекунанд. Миқдори аминокислотаҳо гистидан ва аргинин дар шираи меъдаи беморони гепатити музмини 5,3±0,4, 12,96±1,0 дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар бошад, гистидин 9,3±0,5 ва аргин 45,8±5,0 мкг/мл ташкил дод.
Миқдори аминокислотаҳоро гистидин 75%, аргинин 3,5 маротиба нисбати беморони гепатит зиёд гардидаанд. Миқдори аминокислоатҳои серин дар шираи меъдаи беморони гепатити музмин 13,9±1,3 ва 5,8±0,3 мкг/мл дар беморони серрози ҷигар бошад аспаргиновая кислота 51%, серин бошад, 2,5 маротиба нисбати беморои серрози ҷигар зиёд гардиданд.
Миқдори аминокислотаҳои глисин ва глютаминовая кислота дар шираи меъдаи беморони гепатити музмин 5,7±0,30 мкг/мл, глютаминовая кислота 4,2±0,15 мкг/мл дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар бошад, миқдори глисин 6,4±0,5, глютаминовая кислота бошад 16,0±0,5 мкг/мл. Ҳарду аминокислотаи аз 5 то 12% дар беморони серрози ҷигар зиёдтар мебошанд.
Баъди 20 дақиқаи гузаронидани гистамин миқдори лизина, аспаргиновая кислота, серин, глисин, треонин, валин+метиолин, фенол аланин нисбати ҳамин аминокислоатҳо дар шираи меъдаи беморон кам гардиданд. Ҳамин тариқ, ангезиш шираи меъда бо кофеин ва гистамин ба миқдори аминокислоатҳои озод таъсири гуногун расониданд. Дар муқоиса ба кафеин гистамин ба таври боварибахш миқдори зиёд аминокислотаҳоро баъди 10 ва 20 дақиқа ангезиш кам намудаанд.
Чи хеле, ки аз натиҷаҳои дарҷгардида бар меояд, миқдори амнокислотаҳои систин ва лизин дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар 31,4±4,0, мкг/мл, ки нисбати беморони гепатити музмин 11,4±1,3, 5,7±0,5 мкг/мл бошад, дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар миқдори аминокислоти систин 31,4±4,0 мкг/мл, ки нисбати беморони гепатити музмин 3 маротиба зиёд гардидааст. Аминокислотаи лизин бошад 8,6 ±0,4 мкг/кг нисбати беморони гепатити музмин 67% афзунтар гардидааст.
Миқдори амнокислотаҳои систин ва лизин дар шираи меъдаи беморони серроз 31,4±4,0, мкг/мл, ки нисбати беморони гепатити музмин 11,4±1,3, 5,7±0,5 мкг/мл бошад дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар миқдори аминокислоти сисстин 31,4±4,0 мкг/мл, ки нисбати беморони гепатити музмин 3 маротиба афзун шудааст Аминокислотаи лизин бошад 8,6 ±0,4 мкг/кг нисбати беморони гепатити музмин 67% зиёд гардидааст.
Миқдори аминокислотаҳои треонин ва аланин дар шираи меъдаи беморони гепатити музмин ва серрози ҷигар дарҷ гардидааст.
Миқдори треонин дар беморони гепатити музмин 12,4±1,0, аланин 2,5±0,20 мкг/мл, дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар бошад, миқдори треанин 11,8±1,0, аланин 12,8±2,0 мкг/мл, ки нисбати беморони гепатит 5,1 маротиба аланин зиёд гардидааст. Миқдори аминокислотаҳои тирозин ва триптофан дар шираи меъдаи беморони гепатити музмин 19,1±2,0, 6,0±0,3 мкг/мл ин аминокислотаҳо дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар 35,2±3,2, 24,0±2,0 мкг/мл, ки дар муқоиса тирозин 83%, триптофан бошад 4 маротиба зиёд гардидааст.
Ҳамин тариқ, ҳангоми осеби дифузияи ҷигар хусусан шакли музмин ба як қатор тағйиротҳои миқдори аминокислотаҳои озоди шираи меъда дучор мегарданд. Натиҷаҳое, ки мо ба даст овардем ба натиҷаҳои дигар муаллифон мувофиқ буда, дар шираи меъда беморони гепатити музмин ва серрози ҷигар зиёд мегарданд. Агар ҳангоми бемории гепатити музмин миқдори аминокислотаҳои озод зиёд гардад, миқдори сафедаҳо ва боқимондаҳои нитроген дар шираи меъда алоқаманд аст ба тағйироти секреторию-экскретори меъда ва таҷзияи сафедаҳои бофтаҳо, тағйирот ворид мегардад. Ҳамаи он тағйиротҳое, ки дар аминокислотаҳои озод дар шираи меъда ба амал меояд, дар беморони серрози ҷигар моҳияти асосии омӯзиши сафедаҳо дар худи узв ба ҳисоб меравад [6,с. 417].
Таҳқиқоти гузаронидашуда нишон дод, ки ангезиши шираи меъда миқдори аминокислотаҳо дар шираи меъдаи беморони гепатити музмин нисбати беморони серрози ҷигар камтар буда, нисбати холесистити музмин бошад каме зиёд мебошанд. Муайян гардид, ки ангезиш ба гистамини ва кофеин ба миқдори аминокилотаҳо инчунин ба вақти максималии зиёдгардии онҳо дар шираи меъда. Ангезиши гистамини дар беморони гепатити музмин ба миқдори аминокислотаҳои шираи меъда кам таъсир мерасонад.
Дар беморони серрози ҷигар бошад, ангезиш ба гистамин ба зиёд гардидани аминокислота мерасонад. Хусусан миқдори систин, лизин, гистидин ва тирозин зиёд мегарданд. Зиёдгардии аминокислотаҳо дар шираи меъдаи беморони серрози ҷигар на танҳо ба миқдори тезоби хлорид, балки ба фаъолияти ҳуҷайраҳои асоси меъда таъсир мерасонад.
Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 3
Ссылка для цитирования:
Ҳафизов Д.Ш. ТАҒЙИРЁБИИ МИҚДОРИ АМИНОКИСЛОТАҲОИ ОЗОД ДАР ШИРАИ МЕЪДА ҲАНГОМИ БЕМОРИИ ҶИГАР // Вестник науки №6 (87) том 3. С. 2637 - 2643. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24537 (дата обращения: 17.02.2026 г.)
Вестник науки © 2025. 16+