'
Мирова Н.Р.
НИГОҲЕ БА АНДЕШАИ СИЁСИВУ ДАВЛАТДОРИИ ИМОМИ АЪЗАМ *
Аннотация:
Дар мақолаи мазкур сухан перомуни андешаи сиёсиву иҷтимоиӣ яке аз мутафаккирони маъруф Имоми Аъзам Абӯҳанифа меравад. Дар таърихи башар мақоми шахсиятҳои бузург аз рисолати дар назди халқу Ватан иҷро намудаашон муайян мегарданд.
Ключевые слова:
Абӯҳанифа, ахлоқгароӣ, шуури сиёсӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, адолати иҷтимоӣ, Ватандӯстӣ
Шароити сиёсӣ ва фарҳангии ташаккули ҷаҳонбинии инсонҳо дар ҳар давру замон ва марҳилаҳои мухталифи таърихӣ воқеаҳои мушаххаси даврро дар бар мегирад. Тамоми падидаву воқеаҳои сиёсӣ ба сарнавишти одамон тасири ҳаётан муҳим мерасонад. Таълимоту андешаҳои гуногун маҳз дар ҳамин замина ташаккул ва инкишоф меёбанд.
Тамоми таълимоти файласуфони бузурги мо саршор аз идеяҳои иҷтимооӣ буда, шарти асосии он ба даст овардани бахт барои ҳар як фард мавҷуд будани ҷамъияти комил мебошад. Зимнан дар ҷомеаи солим фард тавассути омӯзиши илм метавонад ба инсони комил мубаддал гардад. Аз нигоҳи эшон метавон хулоса кард, ки фард барои хотири манфиатҳои шахсии худ ва ҳамчунин манфиати дигарон бояд саҳми хешро дар кори давлат ва давлатдорӣ гузорад.
Таълимоти мутафаккири бузурги точик Имоми Аъзам низ дар афкори иҷтимоии худ на танҳо ба проблемаҳои мазҳабӣ ва ахлоқӣ балки хосатан ба ойини давлатдорию подшоҳӣ таваҷҷӯҳ ва иродати махсус зоҳир кардааст. Зеро таълимот ва фиқҳи Абӯҳанифа дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ арзи ҳасти намудааст.
Дар робита ба ин “аз ақоиду андеша ва мақоми иҷтимоиву сиёсии Абӯҳанифа танҳо дар сурате иттилои зарурӣ ва амиқ дарёфт хоҳем намуд, ки ба моҳити воҷеаву падидаҳои замони ӯ ворид гардем ва инъикоси онҳоро дар осору ҷаҳонбиниаш ҷӯё шавем, то ба аслашон сарфаҳм равем”[3.с. 25]. Аз ин лиҳоз мутафаккир тарзи зиндагии ашрофро тасвир намуда, тариқи идораи давлат ва сарвари ҷомеаро ҳамчун дастурамал нишон медиҳад. Имоми Аъзам сиёсатмадору давлатдорро ба офтоб монанд менамояд, яъне умуми будани масъулият ва иҷрои фармони шоҳро барои тамоми аҳоли зикр менамояд. Одилиро вазифаи муҳимтарини подшоҳ дониста қайд мекунад, ки танҳо дар ҳолати адолатпеша будан ӯ метавонад тамоми аҳолиро таҳти итоати хеш нагаҳ дорад. Бадахлоқиву ишратпарапстии амалдорони давлатро, ки ба ҳукми анъана даромада буд, сарзаниш намуда, порсоиву покдоманиро барои онҳову подшоҳ ҳидоят менамояд. Мутафаккир пешниҳод месозад, ҳангоми таъини амалдорони давлатӣ ба сифати кордонии онҳо диққати хоса дода шавад.
Имоми Аъзам таълим медиҳад, то подшоҳ дар додани фармон ва мукаллаф ба иҷрои он намудани ашхос эҳтиёт бошад ва шахсони бемасъулро ба умури давлатӣ роҳ надиҳад. Имоми Аъзам ҷавонмардиро сифати муҳими амалдорон ҳисобидааст.
Аз нигоҳи муҳаққиқони Ватанӣ таълимоти Абӯҳанифа “ба арзишҳои инсонгароӣ, ягонагии тамоми халқҳо, таҳаммул ба ғайримусалмонон, адолати иҷтимоӣ бунёд ёфтааст”.[1.с.186]
Баробари интихоби мансабдорон, Имоми Аъзам ба мақоми онҳо таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Мақоми вазирро баъд аз подшоҳ гузоштааст. Мутобиқи он, вазир бояд мухосабату муомалатшинос бошад, бо подшоҳ ростиву инсофро пеша карда бошад, вайронаҳои мамлакатро обод гардонад, бо валинеъмати хеш мунсиф ва бо раият мунсифтар бошад, барои тавсеи ҳокимият кӯшад, дар ҳар ҷое, ки шоҳ равад, набояд ӯро танҳо гузорад.
Аз нигоҳи файласуфи маъруфи тоҷик Абдулвоҳид Шамолов Имом Абӯҳанифа “дар нимаи дуввуми қарни I ва нимаи аввали қарни II ҳиҷрӣ (VII-VIII м.) давраи ихтилофангезу носозгори хилофати араб, ҳамчун олими бузург, фақеҳу қонунгузор, мутакаллиму сиёсатмадор ва ахлоқшинос по ба арсаи таърих гузошта, масоили мухталифи улуми даврони хешро мутобиқ ба Қуръону суннат, ақли солим ва талаботи давру замон матраҳ намуд”[3.с.25].
Гузашта аз ин, обод сохтани кишвар аз назари Абӯҳанифа вазифаи ҳам подшоҳ ва ҳам вазир аст. Маҳз ба ҳамин маъно дар хусуси сифатҳои шахсияти халифа мутафаккир таъкид намудаст, ки халифа бояд инсони дурусткор бошад, шахсеки ситамкор ва фосид аст наметавонад халифа, қозӣ, муфтӣ ё довар интихоб гардад. Дар хусуси давлат ва ҳукумат низ нигоҳи мутафаккир хусусияти муҳим дошта, ба фикри ӯ ҳикими ростӣ Худованд аст, паёмбар ба сифати ҷонишин аз ҷониби Худо баргузида шудааст ва бояд инро эътироф кард.
Абӯҳанифа гуноҳи нобахшудании халифаҳои замони хешро дар талафу тороҷ намудани моли ятимону мусулмонон ва ғасби ғайриқонунии амволи мардум медид. Дар ҳамин замина доир ба ҳаёту фаъолияти қозиён ва қонунгузорон ақида дошт, ки “барои риоя шудани адолат қувваи қозоия бояд аз қувваи иҷроияи мустақил бошад”[3.с. 307].
Абӯҳанифа ғасби ҳокимиятро бо роҳи зӯрӣ маҳкум менамояд. Ӯ пешниҳод менамояд, ки халифа дар маҷлиси хирадмандон ба таври озоду шаффоф интихоб гардад.
Мутафаккир дар сифати халифа баён менамояд, ки ӯ бояд шахси дурусткор бошад ва фасоду ситамкор ҳақ надорад, ки ягон мансаберо ишғол намояд. Дар ҳолати золим будани халифа халқ ҳуқуқ дорад, ӯро итоат накунад. Афкори эшон “дар мавриди аз ҳамдигар мустақил будани қозиёт ва ҳокимити халифа пешқадам буда, бо низоми муосири мустақилияти шохаҳои ҳокимияти иҷроия ва судӣ ҳамоҳанг аст”[1.с 188].
Аз нуқтаи назари мутафаккир озодии баён (плюрализми сиёсӣ) дар кишварҳои исломӣ зарурат ва муҳимияти таърихӣ дорад, зеро бидуни озодии субъект рушди ҷомеа ғайриимкон мебошад. Абӯҳанифа зарурати озодии баёнро ҳамчун асоси бақои давлат собит кардааст. Ҷазо додани шахс, ки нисбати халифаи замон бадгӯи намудааст ё қасди куштани ӯ кунад, ҷоиз нест. Имоми Аъзам даъват менамояд, ки байни мусалмонон ва ғайнримусалмонон дӯстиву рафоқат бошад. “Ҳегоҳ бо мусалмон ё зиммӣ (кофар) душманӣ накунад”[2.с.105].
Дар баробари ҳамин, Абӯҳанифа ҷонибдори таҳаммул ва созиш ба ҳукумат буда, мардумро ба эҳтирому эътирофи он даъват мекунад ва зимнан барои легитимнокии ҳокимияти сиёсии хилофат замина омода месозад.
Яке аз муҳимтарин масъалаи сиёсиеки мутафаккир дар таълимоти хеш баён кардааст, ин муборизаи беамон бар зиддӣ истисмори инсон ва беадолатиҳои ҳукумати золимонаи замони худ мебошад. Чунин муносибат ба бедодгариҳои замон пеш аз ҳама вобаста ҷаҳонбинӣ ва рушди шуури ҷамъиятӣ аст. Мардум аз нигоҳи ӯ бидуни надонистани ҳуқуқҳои хеш наметавонанд ба ҳаргуна беадолатиҳо мубориза баранд. Бинобар ҳамин идоракунандагони ҷомеаро ба парҳезгорӣ ва ахлоқгароӣ даъват менамояд. Ахлоқ барои мутафаккир ягона роҳи рушди инсоният мебошад. Он заминаи худшиносии халқҳо маънидод мешавад.
Таҳлили осор ва андешаҳои сиёсӣ ва ахлоқии Абӯҳанифа “аз он шаҳодат медиҳад, ки вай равшантарин намунаи инсони комил, олими бузург, мутафаккири шаҳир ва нобиғаи нотакроре буд, ки дар хилофати Араб наҳзати ислоҳгароиро бо қудрати тавонояш пеш бурда, тавассути таълимоти инсонпарварӣ ва наҷотбахшаш дар масири таърих миллионҳо мардумони сайёраро новобаста аз нажоду миллат бо ҳам дӯст ва ҳамфикр сохт”[3.с. 4].
Ба ҳамин гуна, андешаҳои Имоми Аъзам Абӯҳанифа бо вуҷуди вобаста ба макон ва замони таърихӣ будан, боиси омӯзиш ва пажӯҳиш мебошанд. Дар назар бояд дошт, ки мутафаккир ахлоқро ҳаракатдиҳандаи таърих медонад. Ахлоқ ягона идеяе мебошад, ки метавонад, барои хушбахтии инсоният хидмат кунад. Заминаи ҷомеаи боадолат низ раванди ташаккулёбии ахлоқи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.
Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 3
Ссылка для цитирования:
Мирова Н.Р. НИГОҲЕ БА АНДЕШАИ СИЁСИВУ ДАВЛАТДОРИИ ИМОМИ АЪЗАМ // Вестник науки №6 (87) том 3. С. 2644 - 2648. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24538 (дата обращения: 14.01.2026 г.)
Вестник науки © 2025. 16+