ТАРТИБИ АРЗЁБЇ ВА БАЊОДИЊИИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ГЕОГРАФИЯ ДАР МАКТАБҲО
Аннотация: Мақола дар бораи тартиби бањогузории тарзи анъанвии дониши хонандагон, ки њанўз дар даврони мактаби шўравї ба вуљуд омада буд таљрибаи бою рангинро дар самти санљиши натиљањои таълим доро буд, дар баробари тавоної ва хусусиятњои хоси техникии худ он наметавонад талаботи љомеъаи имрўзаро ќонеъ гардонад.. Муаллиф зимнни таҳлилу баррасии мақалоаи мазкур аз таълиму тарбия ва роҳои нав ҳамқадами замона бо истифода аз методҳои тартиби бањогузории тарзи анъанвии дониши хонандагон мавриди пажуҳиш қарор додааст
Ключевые слова: Метод, арзёбӣ, салоҳиятнокӣ, мукамалгардонӣ, мањорат, мушоњида, малака.
Дар мақолаи маскур дар барои тартиби бањогузории тарзи анъанвии дониши хонандагон, ки њанўз дар даврони мактаби шўравї ба вуљуд омада буд таљрибаи бою рангинро дар самти санљиши натиљањои таълим доро буд, дар баробари тавоної ва хусусиятњои хоси техникии худ он наметавонад талаботи љомеъаи имрўзаро ќонеъ гардонад. Натиљањои онро бањри истифодабарї барои ба даст даровардани шумораи объективї ва нишондодњои сифатнокї, ки сиффати таълимро идора менамояд истифода бурдан лозим нест. Барои њалли ин масъала ташаккулёбии муносибатњои тартиби нави умумї нисбат ба бањогузории сифати таълим дар њама самт, пеш аз њама дар сатњи муассисањои таълимї ба вуљуд омадаанд.
Тартиби бањои дастовардњои таълимии хонандагон дар худ хусусиятњои дохилї ва берунаро доро мебошад. Бањои дохилї – ин бањои худи мактаб (омўзгор, хонанда, маъмурият) мебошад, ки он ба тариќи системанокї амалї гардонида мешавад, зеро њар як дарс тибќи анъанот элементњои бањогузориро доро мебошанд.
Бањогузории беруна – ин бањое мебошад, ки аз љониби идорањои махсус нисбати мактаб гузошта мешаванд. Он њангоми аттестатсияи нињоии хонандагон, омўзгорон ва ѓайра гузошта мешаванд, дар њолати бањогузории беруна диќќати асоси ба стандарткунонии корњои нињої ва дастовардњо дода мешаванд.
Ба тариќи дуруст риоя кардани ќоидаи бањогузории дохилї хонандагонро нисбати омўзиши география њавасманд гардонида, ба худтакмилдињї ёри расонида, бо њамроҳии омўзгори фанни география троикторияи инфиродии таълимиро ба роњ мемонанад. Айни њол бањри муќарар кардани сифатти таълими география мунтазам мониторингњои дохилї мактабї гузаронида мешаванд.
Марњилањои таркибї:
- Оѓози ташхисї.
- Иљро намудани вазифањои интихобии таълимї-даркиятии љорї.
- Корњои санљишии фосилавї ва нињої.
- Иљро кардани лоињањо ва тадќиќотњои љорї.
- Њимояи лоињаои љорї.
Бањои берунаи дастовардњои дониши географии хонандагон дар натиљањои бадастомадаи аттестатсияи нињоии давллатї иниќос меёбанд. Арзёбии сифати таълими географї аз синфи 6 оѓоз меёбад. Дар мадди аввал ташаккулёбии мањорат оиди аз худ кардани маълумот ва тафсири он маҳсуб меёбад.
Сањми таълими география дар ташаккулёбии маданияти хонандаи муосир дар асоси ташхиси се љанба бањогузорї карда мешаванд: дониши хонанда оиди љањон, аз љониби онњо истифода намудани методњои даркиятии илмї, сарфањм рафтани ањамияти даркияти илмї барои њаёт ва фаъолияти инсон. Барои тафсири таркибии натиљањо меъёрњои зерин истифода бурда мешаванд:
- дарк кардани таълимоти илмї-географї, назарияњо, консепсияњо, фарзияњо, мафњумњо,
- донистани далелњои илмї-географї, истилоотњо, номгўйњо, раќамњо,
- истифодабарии методњои картографї,
- истифодабарии методњои ќиёскунї-географї,
- истифодабарии методи шарњдињии географї,
- истифодабарии методњои оморї,
- истифодабарии методњои амсиласозї ва пешгўї кардан,
- донистани таърихи кашфиётњои географї ва хусусиятњои марњилаи муосири омўзиши Замин,
- дарк кардани проблемањои асосии рушди илмњои географї, наќши тадќиќотчиёни Замин дар бартарафсозии онњо,
- дарк кардани имкониятњои истифодабарии донишњо ва методњои илмї-географї барои иљро намудани вазифањои таљрибавї [3].
Тарзи муосири бањогузории сиффат, ки ба самти идоракунї равона гардонида шудааст, дорои хусусиятњои муњим мебошад. Онњо бо муайянкунї ва амалигардонии рушди ѓояњо алоќаманд мебошанд, вусъатдињии бањои шумораи объектњо, назорати мунтазам нисбати дастовардњои донишњои геогрфии хонандагон, ки дар рафти маниторингњо амалї гардонида мешаванд, бо пешнињодоти натиљањои бањогузорї нисбати вазъи таълими географияи мактабї, лоињањои чорабинињо нисбати идоракунии сифат ва ѓайра.
Њадафи арзёбии сифати таълими географии хонандагон вобаста ба муносибатњои муосир, дар рушди таълими географияи мактабї дар асоси бањогузории сиффати он зоњир мегардад. Барои расидан ба маќсад њаллу фасл намудани як чанд масъалањои бо њам алоќаманд пешбинї шудааст:
- тавсифи муосири вазъи таълими географияи мактабї,
- муайян кардани проблемањо ва мушкилотњои асосї дар раванди омўзиши георафия,
- муайян кардани сабабиятњое, ки ба рушди минбаъдаи монеъа эљод менамоянд,
- шарњ додани имкониятњои рушди тамоюл,
- андешидани чора нисбати идоракунии раванди сифати таълим.
Нишондоди асосии вазъи таълими географияи мактабї, тибќи муносибатњои нав ин дастовардњои дониши хонандагон бањисоб мераванд.
Расми 1. Назорати сифати донишу мањорат ва малакаи хонандагон [3].
Назорати натиљањои таълим барои омўзгор низ хеле муњим мебошанд, зеро он
имконият медињад, ки то муаллим хонандагони худро хубтар омўхта, раванди таълимиро ислоњ намояд, ва инчунин барои падару модарон, ки кўшиш менамоянд то аз натиљаву дастовардњои фарзандони худ огањї ёбанд. Нињоят раванди назорат бањри идоракунии раванди таълим ба омўгор кўмак мерасонад.
Назорат ва арзёбии дониш ва мањорати хонандагон яке аз омилњои мўњими раванди таълим ба њисоб меравад, ки аз тањияи дурусти он натиљаи таълим вобастагї дорад. Дар адабиётњои методї ќабул шудааст, ки бањогузорї ин «алоќаи мутаќобилаи» омўзгор бо хонандагон ба њисоб рафта он дар навбати худ, њамон марњилаи раванди таълиме мебошад, ки ваќте омўзгор иттилоот оиди самаранокии фанни таълимиро дастрас менамояд. Тибќи ин гуфтањо њадафњои бањогузорї ва санљиши донишу мањорати хонандагонро људо менамоянд:
-ташхис ва ислоњотдарорї нисбат ба дониш ва мањорати хонандагон,
-бањисобгирии натиљањои раванди алоњидаи марњилањои таълим,
-муайян кардани натиљањои нињоииї таълим дар сатњи гуногун.
Њангоми омодагирї ба дарс омўзгор њатман бояд дар хотир нигоњ дошта бошад, ки дарёфт намудани шакл ва методњои муносиби бањогузорї ва ташкили он – яке аз вазифањои асосии педагог бањисоб меравад. Киро, дар кадом лањза, чанд нафар хонанда, аз рўи кадом саволњои гузошташуда, бо кўмаки кадом воситањо бояд пурсиш кард ва бањо гузошт – њамаи ин бояд аз љониби омўзгор њангоми банаќшагирии дарс коркард гардад. Дар баробари ин бояд омўзгор фикр карда барояд, ки њангоми хонанда дигар хонандагон бок адом кор машѓул шаванд. Њар як омўзгор бояд тартиби бањогузории худро дошта бошад, ва он бояд дар худ воситањои гуногун ва тарзи иљроиширо дошта бошад, то ин ки хонандагон дарк намоянд, ки омўзгор њамеша дастовардњои онњоро нисбат ба дониш ва сифати азхудкунии маводи таълимї месанљад [6].
Љадвали 1. Таснифоти шаклњои санљиши дониши хонандагон аз фанни география [6].
|
Нишонањои људошаванда |
Шаклњои санљиши дониш |
|
Шумораи њайиати хонандагон |
Инфиродї (шахсї), гурўњї, фронталї, санљиши љамъбастии њайиати синф. |
|
Ташкили махсуси фаъолияти хонандагон ва роњбарияти омўзгор |
Хаттї, санљиши шифої, семинар, бозињои географї, иншо, корњои амалии мустаќилона, вазифаи хонагї |
|
Технологияи гузаронидан ва хусусияти тасвирњо |
Санљиши графикї, барномасозї, тестикунонї |
|
Сермањсулияти санљиш |
Зачет, пурсиш, санљиши омехта |
|
Сатњи даркияти мустаќилонаи хонандагон |
Корњои таљдидии таззакурї, корњои мустаќилона аз рўи супориш, тадќиќотњои мустаќилонаи таљрибавї |
Дар баробари шаклњои санљишї, дар дидактика намудњои санљиширо вобаста аз иљроиши функсияњои дидактикї људо менамоянд: ќаблї, љорї, тематикї (даврї), хотимавї.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 6 (87) том 4
Ссылка для цитирования:
ТАРТИБИ АРЗЁБЇ ВА БАЊОДИЊИИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ГЕОГРАФИЯ ДАР МАКТАБҲО // Журнал «Вестник науки» от 22 июня 2025 г. № 6 (87) том 4. С. 2093 - 2098. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24796 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/24796
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
