'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №6 (87) том 4
  4. Научная статья № 259

Просмотры  53 просмотров

Халифаев Ф.Н.

  


БАЊО ЊАМЧУН УСУЛИ САНЉИШИ ДОНИШ *

  


Аннотация:
Мақола оиди вазифа ва талабот оид ба низоми баҳодиҳии дониш маълумот медиҳад. Муаллиф қисман ба вазифаҳои дар мақола зикршуда такя карда, як қатор мушкилотҳоро пеш меорад, ки ҳалли онҳо бояд ба низоми баҳодиҳї ва талабот ба он бояд љавобгў бошад.Аз як тараф мувофиќи меъёри тасдиқнамудаи давлат муайян намудани комёбиҳои хонанда ва мутобиқат кардани пешрафти таҳсили ў ба хатми муассисаи таълимї бошад, аз тарафи дигар назорати (мушоҳидаи) маъмурии пешрафти њар як хонанда дар алоњидагї ва сифати кори омўзгор мебошад. Вазифаи маълумотдињї ин дар бар гирифтани робитаи байни тамоми иштироккунандагони равиши таълим, дарбаргирии эҳсоси дудилагии хонанда ва ҳам дудилагии педагогии омўзгор мебошад. Чунки маҳз диагностикаи баҳодиҳї дар навбати аввал дар бораи чи гуна будани равиши таълим дар синфҳои алоҳида (дар як синф) ва беҳбудии мактабии ҳар як хонандаро дар алоҳидагї нишон медиҳад. Пешниҳодҳои муаллиф дар мавриди бо фисади калимаҳо ҳисоб кардани ғалатҳо хеле мувофиқ аст. Он, чи барои синфҳои ибтидоӣ ва чи синфҳои болоӣ, мувофиқат мекунад. Танҳо лозим мешавад, ки мутахассион пешниҳодҳои муаллифро ба инобат гирифта, абзорҳои баҳодиҳиро мукаммал намоянд   

Ключевые слова:
Маълумот, баҳогузорӣ, усули санҷиш, ҳавасмандкуни, сифати таълим, натиҷаи омӯзиш.   


Бањо њамчун усули санљиши дониш якчанд вазифаҳоро иҷро менамояд. Вазифаи меъёрї аз як тараф мувофиќи меъёри тасдиқнамудаи давлат муайян намудани комёбиҳои хонанда ва мутобиқат кардани пешрафти таҳсили ў ба хатми муассисаи таълимї бошад, аз тарафи дигар назорати (мушоҳидаи) маъмурии пешрафти њар як хонанда дар алоњидагї ва сифати кори омўзгор мебошад.

Вазифаи маълумотдињї – диагностикї (ташхисї) ин дар бар гирифтани робитаи байни тамоми иштироккунандагони равиши таълим, дарбаргирии эҳсоси дудилагии хонанда ва ҳам дудилагии педагогии омўзгор мебошад. Чунки маҳз диагностикаи баҳодиҳї дар навбати аввал дар бораи чи гуна будани равиши таълим дар синфҳои алоҳида (дар як синф) ва беҳбудии мактабии ҳар як хонандаро дар алоҳидагї нишон медиҳад.

Вазифаи љазодиҳї – ҳавасмандкунї ба далелҳо (сабабҳо, асосҳо, мақсадњо) фаъолияти хонанда робита дорад ва шарҳи иловагї талаб намекунад.

Талабот нисбати низоми баҳодиҳї. Акнун қисман ба вазифаҳои дар боло зикршуда такя карда, як қатор мушкилотҳоро пеш меорем, ки ҳалли онҳо бояд ба низоми баҳодиҳї ва талабот ба он бояд љавобгў бошад.

  1. Дар навбати аввал низоми баҳодиҳї бояд чунин имкониятњоро дошта бошад: муайян кунад, ки то чї андоза бомуваффақият ин ё он маводи таълимї аз худ карда шудааст, чї гуна ин ё он малакаи амалї ташаккул ёфтааст. Дигар карда гўем, имконияти муқоиса кардани сатҳи ноилшудаи (комёбшудаи) хонанда бо камтарин талаботи муайяншуда, ки дар ин ё он бахши таълимї љой дода шудааст.
  2. Низоми баҳодиҳї бояд дигаргуншавии сатҳи умумии тайёрии ҳар як хонандаро, амалиёти комёбиҳои љамбаҳои гуногуни фаъолияти мусбати ўро (азхудкунии маълумот, коркарди маълумот, эљодкорона баён кардани андешаҳои худ ва ғ.) – ро дарбар гирад. Дар ин маврид, хуб мешуд, ки агар санљишу назорати ин маълумот стандартизатсия карда мешуд ва аз омўзгор сарфи вақти зиёдро талаб намекард.
  3. Дар тартиботи (механизми) баҳогузорї шарҳи маълумот љой дода шавад. Низоми баҳогузорї бояд пурра равшану возеҳ бошад ва дар мафҳуми гузоштани баҳои даврї ва љамъбастї, инчунин мақсадҳои гузоштани баҳо љой дода шавад. Вагарна дар ба љои вазифаи маълумотї–диагностикї (ташхисї), вазифаи љазодиҳї ё ҳавасмандкунии баҳогузорї меояд. 
  1. Дар низоми баҳодиҳї тартиботи ҳавасмандкунї ва худбаҳодиҳии такмилдиҳандаи хонандагон аз дастовардҳои худ, инчунин дудилагие, ки дар љараёни таълим бо онҳо рўх медиҳад, бартараф гардад. Хонандагон бояд имкон дошта бошад, ки натиљаҳои ба дастовардаи худро бо баҳои гузоштаи омўзгор муқоиса кунанд. Аслан гирем, шаффофияти низоми баҳогузорї амале ба ҳисоб меравад, ки хонандаро ба худбаҳодиҳї тела медиҳад.
  2. Низоми баҳодиҳї бояд робитаи доимиро байни омўзгор, хонанда, волидайн, роҳбари синф ва инчунин маъмурият ва коллективи омўзгорони мактаб муҳайё кунад. Бе чунин робита муносибати услубии ташаккули љараёни таълим ѓайричашмдошт мебошад. Ин маънои онро дорад, ки таъминоти пурраи он ҳам боварибахш нест.
  3. Мавзўи фазои ягонаи таълимот барои хонандагонро давом дода, гуфтан мумкин аст, ки низоми баҳогузорї дар истифодабарии ҳар як синфи мактаб бояд ягона бошад. Дигар карда гўем, низоми баҳогузорие, ки барои ҳар як дарс принсипҳои гуногун дорад, самарабахш нест. Хусусияти принсипҳои гуногун доштани низоми баҳодиҳї танҳо дар миёни синну соли хонандагон метавон вуљуд дошт, вале на миёни гурўҳи фанҳо.
  4. Низоми баҳодиҳї бо тарзи эњтиёткорона тартиб дода шуда бошад, ки ба руњияи хонандагон зарба назанад. Роҳи асосии ноил шудан ба ин маќсад – дар зеҳни ҳар як шогирд љой додани муносибат нисбат ба низоми баҳодиҳї, ҳамчун калиди муҳиме дар гирифтани маълумоти бомуваффақият ва амалї кардани робитаи мутаќобила мебошад.

Ҳолатҳои дар боло зикршуда, бояд асоси низоми баҳодиҳиро ташаккул дињад, чорчўбаи умумии коркарди онро созад ва дар баробари ин, ба меъёрҳои комёбшудан ва пурарзиш шудани ҳар як низоми аниқи таълим хизмат кунад. Инчунин бояд илова кард, ки ин ҳама бояд бо талаботҳои тасдиқшудаи давлат низ мувофиқат кунад ва љавобгўи он бошад.

 

Айни ҳол дар љаҳон ченакҳои гуногуни баҳодиҳии дониш хеле зиёд аст. Дар баъзе мамлакатҳо ченакҳои танҳо рақамҳоро ҳамчун нишондиҳандаи сатҳу сифати дониш истифода мебаранд, дар баъзеи дигараш (мисол дар Амрико) аз рўи анъана ченакҳои ҳуруфї мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ченаки амрикої инчунин шарҳи рақамии ченаки ҳарфҳоро доро аст, ки баҳои баланди он А ва А+мебошад ва ба 4 хол баробар аст.

Ченаки баҳогузори дар мамлакатҳои дунё.

Дар Иттиҳоди Давлатҳои Шўравї баҳодиҳии 5 хола фаъолият мекард, ки аз љониби Вазорати маорифи халқї тасдиқ шуда буд. Дар давоми асри 20 баҳои «1» аз истифода берун шуд, ик дар натиља низоми 5 хола ба 4 хола табдил ёфт. Аз давраи Иттиҳои Шуравї инљониб дар тамоми мактабҳои ҳамагонї ва олии Љумҳурии Тољикистон ин низоми баҳогузорї фаъолият дорад. Солҳои охир ба гузаштани мактабҳои олии мамлакат ба низоми кредитї, низоми баҳогузорї низ ба куллї тағйир ёфт.

Дар Руссия ва баъзе мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравї низоми баҳодиҳии 4 хола то ҳол боқї монда бошад ҳам, дар баъзеи онҳо ченаки баҳодиҳї тағйир ёфтааст:

Белорусия ба ченаки 10 хола гузаштааст,

Украина – ченаки 12 хола,

Прибалтика (Эстония то ҳол ченаки 5 хола истифода мебарад. Баҳои 1 дар Эстония барои иљро накардани вазифа гузошта мешавад. Латвия – низоми баҳогузории 10 хола),

Молдовия – ченаки 10 хола,

Гурљистон – ченаки 10 хола.

Олмон дар таҳсилоти миёна, низоми 6 холаи баҳогузориро истифода мебарад. Вале истифодаи баръакс. Яъне низоми баҳодиҳї дар Олмон аз љиҳати миқдору сифат чунин сурат мегирад: 1-sehr gut «аъло», 2-gut «хуб», 3- befriedigend «кифоя», 4- ausreichend «қаноатбахш», 5- mangelhaft «ғайриқаоатбахш», 6- ungenügend «хеле бад».

Дар баъзе муассисаҳои таълимї барои нишон додани баҳои ниёна, баҳои дар боло қайд карда шударо бо холҳо нишон медиҳанд: 1=15хол, 2=12хол, 3=9хол, 4=6хол, 5=3хол, 6=0хол.

Дар мактабҳои олї бошад низоми баҳодиҳии 5 хола вуљуд дорад, ки ба 5 холи аввли он ба низоми 6 холаи мактаби миёна монанд мебошад.

Фаронса. Дар фаронса низоми 20 холаи баҳодиҳї мављуд аст, илова бар ин аз 18 хол боло гирифтан ғайримикон аст. Фаронсавиҳо бар он хулосаанд, ки 20 хол танҳо Худо худаш мегирад, 19 хол бошад устод. Танҳо ҳаминаш нофаҳмо мемонад, ки пас набошад чаро низоми 18 холаро љорї намекунанд.

Љопон – низоми баҳодиҳии 100 хола.

ИМА. Индекси сифати A-F (A-E)-ро одатан бо низоми 5 хола метавон чунин шарҳ дод:

A – 4.0

B – 3.0

C – 2.0

D – 1.0

E (F) – 0.0

Дигар намудҳои он «+» (аломати љамъ) илова карда шудааст. Қисми камее, ки онро истифода мебаранд, ба 4.3 ва 4.5 баробар мекунанд. Вале бисёриҳо А+-ро ҳамчун 4.0 мешуморанд, чунки онҳо бар ин ақидаанд, ки ченак аз 4.0 зиёд шуда наметавонад. Инчунин D – -ро ҳамбаъзан вақт истифода намебаранд чунки фикр мекунанд, ки баъди он дигар нокомї аст.

Камбудиҳои низоми баҳогузорї.

Воқеият (объективї будан) ҳамеша мавзўи баҳсу мунозираҳои зиёд буд. Сохтани ченаки баҳодиҳие, ки ҳамаро қаноатбахш куна два натиљаи аниқу пурра ва дуруст диҳад, ниҳоят кори мушкил аст. Дар мактабу литсейҳо, донишкадаю донишгоҳҳо доимо моро баҳогузорї мекунанд, баъзан вақт натиљаи кин кадом рақамҳоеро мебарорванд, ки бояд сатҳи тайёрї ва дониши моро нишон диҳанд.

 Воқеаҳое ҳам мешаванд, ки аз баҳо суиистифода мекунанд, баҳои баланд ва ё паст мегузоранд. Ва дар охир онҳо бештари вақт мафҳумҳои нисбї мемонанд, ки ҳақиқат ба шумор намераванд.

Хеле хуб мешуд, ки шумо инро дарқ мекардед ва барои хубтар кардани натиљаи худ кўшиш мекардед, вале баҳои паст барои шумо ҳељвақт дигаргуниҳои љиддии харобиовар нахоҳад шуд. Мумкин, ки худи шумо шунида бошед, ки аълохону ситораҳои мактаб баъзан вақт дар ҳаёт ба љое намерасанд вале сусхон ва духонҳо бошад ба зинаҳои боло рафта мерасанд ва баъзеи онҳо олиу муттафакирони бузугр ҳам мешаванд. Инљо метавон якқатор далелҳоро аз ҳаёти муттафакирони машҳури олам мисол овард:

Доҳї (гений) ва олим, дорандаи лауриати нобелї ва ба ҳама машҳур Алберт Энштейн ҳамин тариқ гимназияро тамом накард ва то охири умр љадвали зарбро аз ёд намедонист. Ин ба ў халал нарасонд, ки назарияи нисбиятро созад ва ба физикаи назариявии муосир асос гузорад.

Муаллим ба волидони Мотсарт, ки дар оянда бастакори бузарги австрия шуд, хоҳиш мекунад: «писаратонро бо таҳсил азоб надиҳед – вай аҳмақ аст». Осип Манделштам бошад, имтиҳонҳоро яке паси дигар ноком месупорид бо вуљкди он ки дўстон ўро энсиклопедияи роҳрав ном мебурданд.

Жорес Алфёров ноиби президенти Академияи илмҳои Россия ва дорандаи лауриати нобелї дар соҳаи физика, дар мактаб аз физика аз баҳои 4 боло намегирифт.

Доҳии кимиё ва ба ҳама машҳури рус Дмитрий Иванович Менделеев тартибдиҳандаи љадвали кимиявї, як чанд маротиба кўшиш кардааст, ки ба донишгоҳ имтиҳони давлатї супорад аммо, ҳар дафъа аз фанни кимиё имтиҳон супорида наметавонад.

Николай Василевич Гогол доим баҳои ду мегирифт. Хандаовараш дар он аст, ки иншо навишта наметавонист. Аз адабиёт ҳам, нависандаи бузурги рус, аз баҳои се боло намегирифт.

 

Дар шаҳодатнома оиди хатми донишгоҳ нисбати файласуфи олмонї Гегел бошад, суханони ногуворе навиштаанд: « ».

Анна ҳамин хел шахсиятҳои бузурге, ки номи онҳо ҳаррўза дар вирди забони мо аст, дар соҳаҳое, ки дониши кофї надоштанд, љойҳои намоёнро ишғол карданд ва ҳатто ба мартабаҳои баландтарин расиданд. Ин чи бошад, хатои нољо, гардиши фалак ва ё ин ки қисмат – гўфтан душвор аст. Як чизи дигарро қайд кардан зарур аст, ки баъзан вақт набояд даст кашид.

Албатта барои пойдевори хуб сохтан, барои ба зинаҳои баланд баромадан ва ба мақсадҳои орзукарда расидан, ҳатман барои баҳои мусбат, гирифтани маълумоти олї, донишу маҳорат ва малакаро такмил додан бояд ҳаракат кард.

Дар корҳои хаттї баҳоро бо меъёрҳо баробар кардан мумкин аст, вале ҳангоми љавоби шифоҳї дар вақти баҳогузорї хатогиҳои зиёде содир мешавад. Якчанд хатогиҳои омўзгорон, ки ҳангоми баҳодиҳї ба љаволи шифоҳї содир мешаванд:

Имтиҳонгиранда ба санъати суханронии љавобдиҳанда аҳамият намедиҳад ва бовуљуди хатогии нобахшидании забонї баҳогузорї мекунад. Аксари омўзгорон аз рўи суханварии шогирдон кор намекунанд,

Вақти љавоб додан набояд сухани хонандаро бурид. Баъди љавоб додан ба саволҳо, омўзгор бояд љавобҳоро шарҳи муфҳид дода, баҳоро асоснок карда баъд ба шогирд баҳогузорї кунад,

Хатогиҳои оддии субъективии баҳогузорї,

Хатогии олиҳимматї ва нармдилї,

Муносибати хуб ва ё бад дошатаро нисбати хонанда дар назар гирифта баҳогузорї кардан,

Баҳодиҳї аз рўи табъ (настроение),

Иљро накардани меъёрҳои баҳогузорї,

Ноустуворї дар низоми баҳодиҳї,

Такя кардан ба баҳое, ки пештар гузошта шудааст,

Гузаронидани баҳои рафтор ва баҳои фанни таълимї,

Болобарї ва поёнфарории баҳо.

Хулоса: Ҳамин тариқ дар низоми баҳогузори омӯзгор ҳангоми санҷида баромадани кори ҳар як хонанда, ба кадом дараҷа мавзӯъро аз худ кардани хонандаашро дарк мекунад ва дар кадом мавзӯъҳо ба душворӣ рӯ ба рӯ шудани ӯро муайян менамояд. Дараҷаи саводи хонандаро дар давоми дарс мефаҳмад ва барои ислоҳ кардани ӯ ба кадом ҷиҳатҳо эътибор доданро барои худ муайян месозад.

Дар ин усули баҳогузорӣ ба хонанда бинобар низоми 100 холӣ баҳо гузошта мешавад. Дар ин низом аз 86 то 100 хол баҳои 5, аз 65 то 85 баҳои 4, аз 30 то 64 хол баҳои 3 аст.

Мувофиқи низоми мазкур ба дониши хонанда баҳои пурра дода мешавад.

Корҳои амалӣ ва лоиҳавӣ ҷузвҳои муҳимтарини баҳогузорӣ буда, ин барои дар амал истифода бурда, мустаҳкам кардани дониши назариявии хонандагон кумак мерасонад. Дар натиҷа ҳангоми ташкил кардани дасрҳо ба қисми амалии онҳо эътибори бештар дода хоҳад шуд.

– Барои оммавӣ кардани таҷрибаи низоми баҳогузорӣ, ба хусус, дар ҳазор мактаби ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани он чӣ гуна нақшаҳо пешбинӣ шудаанд?

– Дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқии таълим маводи махсуси баҳогузорӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Ба хусус, бобати намуна гирифтан аз супоришҳои маводи PISA тренингҳо гузаронида хоҳанд шуд. Ба таҳлил кардан ва такмил додани маводи баҳогузорӣ, зиёд кардани тахассуси касбии омӯзгорони фанҳои табиӣ ва фанни математика эътибор дода мешавад. Бо иштироки мутахассисони байналхалқӣ машварат-тренингҳо ташкил мегарданд, бо усули каскад таъмин кардани давомияти хонандагон ба нақша гирифта шудааст.

Боз як ҷиҳати муҳими ислоҳоти соҳаи таълим мувофиқи таҷрибаи хориҷӣ офаридани барномаҳои хониш ва китобҳои дарсии муассисаҳои таълими уму-мӣ, такмил додани онҳо мебошад. Дар ин маврид инкишоф додани донишҳои амалии хонандагон, дар куҷо ва чӣ гуна истифода бурдани он муҳим дониста мешавад. Барои ин бошад, ҳангоми дарсҳо эътибор додан ба зиёд намудани қисми амалии барномаҳои таълимӣ айни муддао аст.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 4

  


Ссылка для цитирования:

Халифаев Ф.Н. БАЊО ЊАМЧУН УСУЛИ САНЉИШИ ДОНИШ // Вестник науки №6 (87) том 4. С. 2099 - 2107. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24797 (дата обращения: 13.12.2025 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/24797



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.