'
Комилов Д.Р., Муродзода А.И.
БЕМОРӢ ҲАМЧУН ИМТИҲОН ВА ИСЛОҲ: БИНИШИ ИРФОНӢ ВА ФАЛСАФИИ ИБНИ СИНО БА САРАТОН *
Аннотация:
Мақолаи мазкур ба таҳқиқи бемории саратон на аз дидгоҳи клиникӣ, балки ҳамчун як падидаи фалсафӣ ва маънавии инсонӣ равона шудааст. Муаллиф дар асоси равишҳои фалсафаи экзистенсиалӣ, феноменология, фалсафаи иҷтимоии Фуко ва ахлоқи Левинас бемориро ҳамчун ҳолати фаҳмиш ва эҳёи маънӣ баррасӣ менамояд. Беморӣ ҳамчун як шакли таҷрибаи ҳастӣ ва имтиҳони маънавӣ ба миён омада, фурсати худшиносӣ ва бознигарии арзишҳои зиндагиро фароҳам месозад
Ключевые слова:
Саратон, фалсафаи экзистенсиалӣ, беморӣ ва маъно, ранҷ, худшиносӣ, феноменология, Фуко, Левинас, маърифат ва ҳастӣ
Дар тӯли таърихи тафаккури фалсафӣ, муносибати инсон бо беморӣ, бахусус бемориҳои сабукнашаванда ва маргбор, ба мисли саратон, на танҳо мавзӯи пажӯҳиши тиббӣ, балки масъалаи муҳимми маърифатӣ, ахлоқӣ ва ирфонӣ маҳсуб ёфтааст.
Инсон на танҳо мавҷуди биологист, балки зотест, ки маъно ва марҳилаи ҳастии худро дар раванди ранҷ ва беморӣ меҷӯяд. Беморӣ ҳамчун падидаи фалсафӣ, равзанаест ба дунёи ботинии инсон, ки дар он саволҳои муҳимми "ман кистам?", "барои чӣ зиндагӣ мекунам?" ва "мавҷудияти ман чӣ арзиш дорад?" дубора ва бо шиддати бештар садо медиҳанд.
Абӯалӣ ибни Сино, файласуфи нобиғаи тоҷик, табиб ва арбоби барҷастаи маърифат дар ҷаҳон, дар асарҳои худ, бахусус дар «Қонуни тиб[i]» ва «Китоб-уш-шифо», бо нигоҳи ҳамгироёнаи фалсафӣ ва тиббӣ бемориро на танҳо ҳамчун ҷисм, балки ҳамчун шакли ифодаи беҳамоҳангии рӯҳ ва нафс низ мефаҳмонад. Ӯ ба сохтори инсонӣ на ҳамчун маҷмӯи узвҳои моддӣ, яъне ҷаҳони хурде, ки тамоми неруҳои коинотро дар худ таҷассум мекунад, менигарист. Дар ин равшанӣ, беморӣ на танҳо аз ҷиҳати биологӣ, балки ҳамчун мушкилоти фалсафии таносуби ҷисму рӯҳ ва ифодаи шикасти мувозинати маънавӣ низ арзёбӣ мешавад.
Дар шароити муосир, ки тиб ва илмҳои биологӣ дар самти мубориза бо бемориҳои саратонӣ ба дастовардҳои чашмгир ноил шудаанд, эҳёи тафаккури ирфонӣ ва фалсафии Ибни Сино метавонад замина барои нигоҳи инсонгароёна ва маънигароёна ба беморӣ фароҳам оварад. Пажӯҳиши равиши Ибни Сино ба саратон имконият медиҳад, ки инсонро ҳамчун зоти маънавӣ ва мақсаддор дарк мекунем.
Ин мақола мекӯшад, ки дар партави таълимоти Ибни Сино, беморӣ, бахусус саратон, ҳамчун имтиҳон ва ислоҳи ботин, ҳамчун раванд ва имкони таҳаввули маънавӣ ва худшиносӣ баррасӣ мешавад. Дар ин асос, мо на танҳо ба шифои ҷисмонӣ, балки ба шукуфтани маънавӣ ва ирфонии инсон таваҷҷуҳ хоҳем кард.
Ибни Сино дар баробари табиб будан, файласуфи ирфонӣ низ буд, ки бемориро ҳамчун падидаи ҳастишинохтӣ ва ахлоқӣ шарҳ додааст. Бемории саратон, аз дидгоҳи ӯ, на танҳо марги ҳуҷайраҳост, балки даъватест ба бознигарии маънии ҳаёт, инсонгароӣ ва таносуби байни нафс ва ҷисм.
Аз ин рӯ, нигоҳи Ибни Сино метавонад ҳамчун алтернативи инсонӣ ва ирфонӣ дар рӯбарӯи таҳдидҳои фалсафӣ ва технологияи беинсон хизмат кунад.
Мафҳуми беморӣ дар таълимоти Ибни Сино танҳо ба сатҳи биологӣ ё физиологӣ маҳдуд намешавад. Баръакс, он як сохтори мураккаби фалсафӣ ва онтологӣ дорад, ки дар мутавозин будан ё набудани унсурҳои табиӣ ва равандҳои ботинии инсон реша давондаанд. Ибни Сино, ки тибро дар заминаи фалсафаи Арастуӣ ва таълимоти Галени қадим таҳия намуд, бемориро ҳамчун ихтилоли мувозинати табиат дар зот ва нафси инсон медонад.
Тибқи Қонуни тиб «Китоб ал-Қонун фи ат-Тиб», саломатии инсон натиҷаи таносуб ва ҳамоҳангии қувваҳои чаҳоргона гармӣ, сардӣ, хушкӣ ва тарӣ мебошад, ки ба воситаи чаҳор унсури асосии ҳастӣ оташ, об, замин ва ҳаво дар ҷисм таҷассум меёбанд [1]. Ҳангоми шикасти ин таносуб, беморӣ падид меояд. Аммо ин шарҳ танҳо ҷанбаи тиббӣ надорад он ҷанбаи ҷаҳонишиносӣ ва фалсафии Ибни Сино низ мебошад.
Ба ақидаи Ибни Сино, инсон микрокосм аст, яъне ҷузъи хурди олам, ки тамоми неруҳо ва қонунҳои табиат дар ӯ таҷассум ёфтаанд. Ҳамин аст, ки ҳар гуна ихтилофи дохилии инсон, яъне нооромии нафс, метавонад ба бемории ҷисмонӣ бипазирад. Ҷисм ва рӯҳ дар таълимоти ӯ воҳиди ягонаанд, ки дар мутақобил таъсир қарор доранд.
Дар ҷаҳонишиносии Ибни Сино, беморӣ бештар аз як воқеияти физиологӣ, як падидаи ахлоқӣ-маънавӣ низ ҳаст. Вай дар Китоб-уш-шифо ва Китоб-ун-наҷот дар бораи нафс ва таъсири он ба ҳолати ҷисмонӣ баҳс намуда, бар ин назар аст, ки:
Ҳолатҳои ботинӣ ва муҳитҳои ахлоқии инсон метавонанд тавозуни табиии ӯро вайрон кунанд ва сабаби бемориҳои ҷисмонӣ гарданд.
Ин нуқта бо таълимоти муосири психосоматикӣ ҳамоҳангӣ дорад, ки таъсири эҳсосот ва фикрро ба саломатӣ таъкид мекунад. Дар ин замина, Ибни Сино аз пешравони фаҳмиши инсон буда, фалсафаи тандурустии ӯ ба инсон ҳамчун воҳиди зотан ирфонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ менигарад[2].
Яке аз заминаҳои амиқи фалсафии Ибни Сино дар таҳлили беморӣ, назарияи микрокосм ва макрокосм аст. Инсон на танҳо ҷузъе аз олам, балки оинаи бутуни он аст. Агар олам аз таносуб ва мувозинат иборат бошад, саломатии инсон низ инъикоси ҳамин тартиби коинот аст. Беморӣ, баръакс, шикасти таносуб дар сатҳи инфиродӣ мебошад.
Аз ин рӯ, шифо на танҳо барқарорсозии ҷисм аст, балки таквияти ҷанбаҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва рӯҳӣ, ки бо қонунҳои табиат ва олам ҳамоҳанг бошанд. Ин равиши фалсафавӣ, ки дар фалсафаи исломии баъдӣ низ такмил ёфт (Суҳравардӣ, Мулло Садро), инсонро ба таври куллӣ — яъне фалсафӣ ва ирфонӣ — мефаҳмонад.
Мафҳуми беморӣ дар фалсафаи Ибни Сино на танҳо воқеияти ҷисмонӣ, балки ифодаи шикасти равобити ботинӣ ва таносуби зотӣ мебошад. Бо мутолиаи назарияи элементҳо ва тавозуни қувваҳо, инчунин бо омӯзиши робитаи микрокосм ва макрокосм, метавон дарк кард, ки дар нигоҳи Ибни Сино шифо маънои васеътар аз табобати зоҳирӣ дорад: он раванди бозгашт ба ҳоли тавозуни ҳастӣ ва мутобиқати ботин бо ҷаҳони берун аст.
Дар ирфон ва фалсафаи исломӣ, беморӣ танҳо як ҳолати физиологӣ нест, балки таҷаллии ҳикматомези иродаи илоҳӣ ва воситаи озмоиши инсони солик дар роҳи такомули маънавист. Аз нигоҳи фалсафаи Исломӣ ва ирфони авлиё, инсон дар олами ҳастӣ на танҳо мавҷуди биологист, балки зоте аст, ки дар гардиши таҳаввули рӯҳонӣ қарор дорад. Беморӣ — агарчи дар зоҳир ранҷу озор аст метавонад имтиҳон, поксозӣ, ва тарбия бошад.
Ба гуфти Ибни Сино, инсон аз ду пояи ҳастӣ иборат аст: ҷисм ва нафс. Нафс табиати абадӣ дорад ва мақсади он камол аст. Ҷисм бошад, воситаест барои ҳаракат ва амали маънавии нафс. Агар беморӣ ҷисмро фаро гирад, нафс озмӯда мешавад. Дар ҳамин озмоиш, нерӯи ботин, ахлоқ ва сабри инсон зоҳир мегардад.
«Беморӣ ҷое аст, ки қувваи маънавӣ метавонад болотар аз қувваи ҷисмӣ қомат барафрозад» [3:238].
Фалсафаи ирфонӣ бемориро ҳамчун лутфи ниҳонии Ҳақ ба инсони дилбохтаи маърифат тавсиф мекунад.
Сабр дар мактаби ирфон танҳо таҳаммул нест, балки сифати дарки ҳикмати Ҳақ дар пушти воқеаҳо мебошад. Сабр рамзи таслими хирадмандона ба қазову қадар аст.
Беморӣ на танҳо сабр талаб мекунад, балки шакли таҷассумёфтаи фано, ниҳон шудани нафс ва ифшои рӯҳ аст. Сарчашмаҳои ирфонӣ бемориро воситаи интиқоли инсон аз олами зоҳир ба олами маъно медонанд.
Фалсафаи Шарқ беморӣ ва мусибатро ҷузъи суннати иллоҳӣ мешуморад.
Дар ин замина, беморӣ дигар як ҳолати ғайритабиӣ нест, балки ҷузъи низоми такомули маънавии инсон аст. Солике, ки ба ин маъно огоҳ аст, бемориро ҳамчун мактаби сабр ва шифои маънавӣ пазируфта, аз он дарси биниш ва муҳосибаи нафс мегирад.
Ирфони беморӣ имрӯз дар илми тиб низ то андозае таҳқиқ шудааст. Дар равиши психосоматикӣ[ii] табибон бар ин назаранд, ки бисёре аз бемориҳо дар натиҷаи ихтилофи равонӣ ва фишорҳои ахлоқиву эҳсосӣ ба вуҷуд меоянд. Ин фаҳмиш бо ирфон беморӣ ҳамсадост, ки инсон бояд ботин ва зоҳири худро дар тавозун нигоҳ дорад.
Ба қавли Виктор Франкл, мутахассиси маъношиносии клиникӣ:
«Агар инсон барои ранҷ маъное ёбад, ранҷ ба василаи рушд табдил меёбад» [4:184].
Ибни Сино низ дар «Донишнома» мефармояд, ки нафс бояд дар ҳар шароит (аз ҷумла беморӣ) тавони ҳифзи тавозуни ахлоқиро дошта бошад[5].
Беморӣ, дар фаҳмиши ирфонӣ ва фалсафаи Шарқ, танҳо ранҷи физикӣ нест, балки таҷассум ва таҷрибаи ирфонист. Инсон дар ҳолати беморӣ ба марзи нозуки байни ҷисм ва рӯҳ мерасад. Сабр, қаноат ва таҳаммули маънавӣ воситаи поксозии нафс ва наздикшавӣ ба Ҳақ мебошанд. Агар беморӣ ҳамчун имтиҳон қабул шавад, он метавонад вусъати маънавии инсонро фароҳам меоварад.
Бемории саратон, ки дар тӯли асрҳои ахир ҳамчун яке аз муҳимтарин масъалаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ шинохта шудааст, танҳо як воқеияти биологӣ нест. Он ба маротиб аз ин фаротар рафта, бо худ саволҳои дақиқи фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ меорад.
Дар ирфон ва фалсафаи Шарқ, беморӣ як имтиҳон, гоҳе зангӯлаи бедории маънавии инсон шумурда мешавад. Саратон, ки бо номи худ тарс, нобоварӣ, андеша дар бораи марг ва ноумедиро низ меорад метавонад ба ҳайси оинае хидмат кунад, ки дар он инсон эҳсосоти ботинии худро бозшиносад.
Аз диди ахлоқи фалсафӣ, беморӣ имкони бознигарии арзишҳо ва афзалиятҳои инсонро фароҳам месозад. Иммануил Кант дар фалсафаи ахлоқии худ таъкид мекунад, ки инсон на танҳо восита, балки ғоя ва ҳадаф аст. Дар партави ин ақида, шахси мубтало ба саратон набояд танҳо табобат бошад, балки зоте бошад, ки арзиши зисти ӯ ҳатто дар раванди дардмандӣ бояд эҳтиром гардад.
Ибни Сино низ дар асари худ Китоб-уш-шифо ба муҳиммияти рӯҳ ва муносибати ахлоқӣ бо бемор ишора мекунад, ки:
«Табиб на танҳо ба аъзои ҷисм нигоҳ кунад, балки ба руҳу ахлоқи бемор низ таваҷҷуҳ намояд» [2].
Бемор будан на танҳо далели заъф, балки шаҳодати зинда будан аст. Вақте ки инсон бо саратон рӯ ба рӯ мешавад, маҷбур аст арзишҳои зиндагии худро бозбинӣ кунад: муҳаббат, сабр, ростгӯӣ, омодагӣ ба марг ва умедворӣ ба Худо ҳамаи инҳо меъёрҳои навини ахлоқ мегарданд.
Саратон на танҳо як воқеаи шахсӣ аст, балки падидаи иҷтимоист. Ин беморӣ нобаробариҳои иқтисодӣ, дастрасии маҳдуд ба хадамоти тиббӣ, ва номувофиқати сохторҳои иҷтимоиро бармало мекунад.
Фалсафаи иҷтимоии беморӣ дар асарҳои файласуфони муосир низ бо тавҷеҳ дида мешавад.
«Тиб на танҳо дониши илмист, балки василаи назорат ва таҳти қудрат қарор додани ҷисми инсон дар сохтори қудрат мебошад» [6:89].
Ин андеша боиси он мегардад, ки бар сари беморӣ фақат бо забони биология суҳбат накунем, балки онро ҳамчун масъалаи ахлоқ ва адолат низ ҳал кунем.
Дар ирфон, беморӣ ҳамчун василаи таҷдиди маърифат ва худшиносӣ арзёбӣ мешавад. Саратон, дар ин замина, метавонад нишонаи он бошад, ки инсон бояд роҳи зиндагии худро иваз кунад, ботинро пок созад ва ҳақиқатро бишносад.
Инсон пас аз ташхиси саратон, аксар вақт дунёро бо чашме дигар мебинад. Мегӯянд, ки ранҷ одамро таҳрик мекунад, то ҳақиқати аслиро ҷустуҷӯ кунад. Дар ҳамин асно, ки бемор метавонад бо «ман»-и аслии худ рӯ ба рӯ шавад.
Агар саратон рамзи марг бошад, пас фалсафаи беморӣ бояд рамзи умед гардад. Имкони табобат, сабр, ва эътиқод ба иродаи Илоҳӣ ба вуҷуд меорад, ки дар он инсон на фақат мубориз, балки ҳамзист бо сарнавишт мешавад.
«Умед инкор ё тасалло нест, балки эътиқод ба маъное аст, ки паси фоҷиа ниҳон шудааст» [4].
Ибни Сино дар бахши наҷот аз беморӣ ба итминон ва оромиши нафс таваҷҷуҳи хос медиҳад:
«Танзеҳ ва тақвияи рӯҳ сабаби табобат аст, чунончи иллат бо маънавият шифо меёбад» [7].
Тафсири ахлоқӣ ва иҷтимоии бемории саратон як андешаи бисёрсатҳӣ аст. Саратон метавонад ҳамзамон рамзи ранҷ, ҳушдор, оинаи ахлоқ, ва шиносномаи иҷтимоӣ бошад. Дар ҳоле ки илми тиб сабабҳо ва усулҳои табобатро меҷӯяд, фалсафа имкониятҳои маънавии ин бемориро мебинад: беморӣ ҳамчун имкони такомули инсон, бозгашт ба маъно, ва эҳё шудани муҳити ахлоқиву иҷтимоӣ. Ҷомеаи муосир бояд на танҳо табобати саратон, балки фаҳмиши он ба ҳайси таҷрибаи инсонӣ ва маънавиро низ рушд диҳад.
Фалсафаи муосир, ки зеҳн ва маънои зиндагиро дар меҳвари таҳқиқоти худ қарор медиҳад, дар баррасии бемориҳо низ дидгоҳи дақиқро пешниҳод мекунад. Бемории саратон, ки бештар бо истилоҳоти биологӣ ва тиббӣ тавсиф мешавад, дар партави фалсафаи экзистенсиалӣ (вуҷудгароӣ), иҷтимоӣ-психологӣ, маҳдуд ба ҷисм нест. Он як падидаи маънавӣ, иҷтимоӣ мебошад, ки имкони бозбинӣ ва маърифати инсонро ба вуҷуд меорад.
Аз нигоҳи фалсафаи экзистенсиализми Мартин Ҳайдеггер ва Жан-Пол Сартр, зиндагии инсон танҳо замоне маънӣ пайдо мекунад, ки ӯ бо «ҳудуди мавҷудият» рӯбарӯ мешавад. Саратон дар ин замина як даъват аст, даъвате ба бедории маънавӣ, ба тавонист, ки инсон бо ҳақиқати заъф, нобудшавӣ ва ниёз ба маъно рӯ ба рӯ шавад.
Ба ақидаи Ҳайдеггер: «Марг амиқтарин имконияти ҳастии инсон аст, ва рӯбарӯ шудан бо он маънои аслии ҳастиро мекушояд» [8:247].
Аз ин дидгоҳ, саратон «марг»-ро ба ҳаёт ворид мекунад на ба ҳайси нобудсоз, балки ба ҳайси равшансоз.
Феноменологияи[iii] Мерло-Понти ва Ҳуссерл нишон медиҳад, ки бадан танҳо заминаи таҷриба ва маърифат мебошад. Бемории саратон таҷрибаи баданро мутағайир месозад: бадан дигар ба фармони ирода нест, балки ба унсуре табдил меёбад, ки инсон маҷбур аст онро эҳсос, таҳаммул ва пазируфта шавад.
Дар беморӣ, бадан на фақат ранҷ мебарад, балки сухан мегӯяд. Таҷрибаи саратон феноменологияи баданро ошкор месозад: эҳсоси дард, талафоти зоҳир, ниёз ба дигарон ва вобастагӣ ба муҳит.
Саратон ва сохтори қудрат: таҳлили иҷтимоӣ-фалсафии Мишел Фуко.
Дар таҳлили фалсафаи қудрат ва наҳваҳои назорат бар ҷисм, Фуко нишон медиҳад, ки тиб ва бемористонҳо танҳо муассисаҳои табобатӣ нестанд, балки низомҳои назорат ва тасарруф мебошанд. Бемории саратон ба як маҷмӯаи қонунҳо, протоколҳо ва истифодабарии технологӣ табдил ёфтааст, ки шахсияти беморро зери нуфуз мегирад. Бадан муҳити сиёсист: қудратҳо ҷисмро таҳти тарбия, назорат ва танзим қарор медиҳанд.
Дар ин замина, саратон на танҳо беморӣ, балки як шаҳрванди иҷтимоӣ мебошад шахсе, ки дар доираи сиёсатҳои тандурустӣ қарор дорад.
Фалсафаи ахлоқии муосир, аз ҷумла назариёти Эммануэл Левинас, бар он аст, ки ранҷи дигарон бояд манбаъи ахлоқи мост. Ба ақидаи Левинас, чеҳраи ранҷкашида моро ба масъулият даъват мекунад.
«Дидани чеҳраи дигарӣ — оғози ахлоқ аст» [9:97]. Саратон бо чеҳраи ранҷ дунёи ахлоқро мекушояд. Муносибати ҷомеа бо чунин бемор, тарзи нигоҳубини ӯ, эҳсоси масъулияти инсони дигар ҳамаи ин дар заминаи фалсафаи арзиш таърифи ахлоқии навро талаб мекунад.
Беморӣ метавонад ба шикасти маъно бирасонад. Аммо ин шикаст метавонад ба як эҳёи маънавӣ табдил ёбад. Виктор Франкл, асосгузори логотерапия, бар он аст, ки инсон дар шароити душвортарин низ метавонад маънои зиндагиро биёбад.
«Он ки чаро зиндагӣ карданро медонад, бо ҳар чӣ тавр ҳам тавонад рӯ ба рӯ шавад» [8:104].
Пазириши беморӣ на фақат шикаст нест он шонси «таҳаввули маънавӣ» ва ба маънои волотар расидан аст.
Бемории саратон дар фалсафаи муосир ҳамчун падидаи серсатҳ ва бисёрвежа баррасӣ мешавад. Он на танҳо мушкили ҷисм аст, балки бозтоби бунёдии ҳастӣ, маъно, қудрат, ахлоқ ва умед мебошад. Дар равшании экзистенсиализм, феноменология, фалсафаи иҷтимоӣ ва ахлоқ, саратон як фурсат барои худшиносӣ, таҷдиди арзишҳо ва бозёбии маънои зиндагист. Аз ин рӯ, фалсафа на танҳо фаҳми беморӣ, балки шифои маънавии инсонро низ пайгирӣ мекунад.
Масъалаи бемории саратон, ки дар доираҳои илмии тиб ҳамчун мушкили биологӣ ва клиникӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, дар фазои фалсафии муосир ба як падидаи маънавӣ, иҷтимоӣ ва онтологӣ табдил ёфтааст. Бар асоси равишҳои экзистенсиалӣ (Ҳайдеггер, Сартр), феноменологӣ (Мерло-Понти, Ҳуссерл), иҷтимоӣ-танқидӣ (Фуко) ва маърифатӣ-ахлоқӣ (Левинас, Франкл), метавон натиҷагирӣ кард, ки саратон на танҳо нишонаи фурӯпошии равандҳои биологӣ, балки тазоҳури шикасти маънавии инсонӣ ва даъват ба бозсозии маънои зиндагист.
Фалсафа дар ин замина ҷузъи муҳими фаҳми бештари ранҷ, муносибат бо бадан, таҳаввули шахсият ва эҳёи арзишҳо мешавад. Беморӣ чун фоҷиаи маҳдуд ба ҷисм набояд баррасӣ гардад, балки бояд ҳамчун ҳолати амиқи вуҷудӣ ва таҷрибаи маънавӣ, ки шахсро ба худшиносӣ, эҳсоси масъулият ва умеди маънӣ раҳнамун месозад, пазируфта шавад.
Дар асри техникию тиббикунонидашудаи мо, ки инсонро танҳо аз нигоҳи функсионалӣ ва клиникӣ мебинанд, баргашт ба худогоҳии фалсафӣ зарур аст. Танҳо тавассути ин баргашт аст, ки инсони гирифтори беморӣ метавонад дар дохили ранҷ маънӣ биёбад ва зиндагии худро, ҳатто дар шиддати таҳдиди марг, ҳамчун амали маънавӣ ва шинохти ҳастӣ идома диҳад.
[i] Абуалӣ ибни Сино. Қонуни тиб: Иборат аз 5 китоб — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2005.
[ii] Психосоматикӣ — (аз юнонӣ: psyche — ҷон, рӯҳ ва soma — бадан), равишест дар тиб ва равоншиносӣ, ки таъсири ҳолатҳои равонӣ (мисли стресс, изтироб, фишори рӯҳӣ, тарс, афсурдагӣ) ба пайдоиш, рушди бемориҳои ҷисмонӣ ва шифоёбии онҳо таҳлил мекунад. Равон сабаби беморӣ аст: Масалан, стрессҳои тӯлонӣ метавонанд ба бемориҳои дил, фишори хун, захми меъда, ё ҳатто саратони рӯда оварда расонанд. Бадан ба рӯҳ гӯш медиҳад: Равоншиносон ва духтурони психосоматик бовар доранд, ки бадан ҳолатҳои равониро “ба забони худ” ифода мекунад. Муаррифии аломатҳо: Бемориҳои психосоматикӣ аксар вақт бе пайдо кардани сабабҳои тиббии ошкор дар ташхис зоҳир мешаванд.
[iii] Феноменология — мактаби фалсафӣ ва усули таҳлил аст, ки омӯзиши таҷрибаи мустақими инсон ва шуурро марказ қарор медиҳад. Феноменология» аз калимаи юнонӣ гирифта шуда phainómenon — «падида», «зуҳур», logos — «илм», «таҳлил», «сухан», яъне «илм ё таҳлили падидаҳо» мебошад. Асосгузори ин илм Эдмунд Ҳуссерл (1859–1938).
Феноменология бо асари ӯ – Идеяҳо барои феноменологияи пок (1913) – машҳур шуд.
Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 4
Ссылка для цитирования:
Комилов Д.Р., Муродзода А.И. БЕМОРӢ ҲАМЧУН ИМТИҲОН ВА ИСЛОҲ: БИНИШИ ИРФОНӢ ВА ФАЛСАФИИ ИБНИ СИНО БА САРАТОН // Вестник науки №6 (87) том 4. С. 2108 - 2118. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24798 (дата обращения: 12.01.2026 г.)
Вестник науки © 2025. 16+