'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №6 (87) том 4
  4. Научная статья № 261

Просмотры  76 просмотров

Комилов Д.Р., Ҷавҳарӣ М.О.

  


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ПОЯИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ: ТАҲЛИЛИ СИЁСАТИ ДУРНИГАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ *

  


Аннотация:
Мақолаи мазкур таҳлили фалсафаи иҷтимоии мафҳуми ваҳдати миллӣ дар шароити давлатдории муосири Тоҷикистонро бо такя ба таҷрибаи таърихии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш менамояд. Муаллифон бо истифода аз равишҳои ҳастишиносии иҷтимоӣ, герменевтикаи таърихӣ, ахлоқи виҷдонӣ нишон медиҳанд, ки ваҳдат дар таҷрибаи тоҷикон аз марҳилаи созиши зоҳирӣ гузашта, ба пояи маънавиёти давлатдорӣ, низоми арзишии рушди миллӣ ва шинохти ахлоқии шахсият табдил ёфтааст. Ваҳдат ҳамчун шеваи таҷдиди маърифати миллӣ ва худшиносии таърихӣ, дар заминаи сиёсати хирадгароёна ва ахлоқмеҳвари Пешвои миллат ташаккул ёфта, давлатро аз фазои ҳукмронӣ ба муҳити маърифати ахлоқии иҷтимоӣ табдил дод. Мақола робитаи байни сиёсат ва маърифат, рӯҳияи сулҳ ва қонунияти виҷдон, фарҳанг ва иқтисоди маънавиро бо забони фалсафӣ равшан намуда, дар баробари арзёбии равандиҳии таърихсоз, нақши Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти таърихӣ мавриди таҳлил қарор медиҳад.   

Ключевые слова:
ваҳдати миллӣ, фалсафаи ахлоқ, ҳастишиносии иҷтимоӣ, герменевтикаи таърих, маърифат ва давлат, виҷдонсолорӣ, пешвошиносӣ, ахлоқи роҳбарӣ, сиёсати хирадгароёна, ахлоқи амалӣ, рушди маънавӣ, фалсафаи худшиносӣ, таҷдиди арзишҳои миллӣ.   


Ваҳдати миллӣ, ҳамчун мафҳуми марказии давлатсозии муосир, як низоми ҳастишиносӣ, ифодаи ҳуввияти таърихии миллат, ва таҷассумгари виҷдон ва маърифат дар сатҳи ҷамъиятӣ мебошад. Он дар баробари забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои ахлоқӣ, пояи маънавии миллӣ ва низоми танзими суботи давлатро ташкил медиҳад.

Дар фалсафаи иҷтимоӣ, «ваҳдат» шакли волотарин ҳамбастагии инсонҳо дар дохили ҷомеа мебошад, ки ҳадафи он на танҳо рафъи ихтилоф, балки эҷоди заминаи маърифати муштарак ва иродаи ҳамоҳангшудаи миллӣ мебошад. Мафҳуми ваҳдати миллӣ дар ин замина, замоне маънои ҳастишиносӣ касб мекунад, ки миллат аз саргузашти фоҷиабори таърихи гузашта, аз шикасти виҷдон ва парокандагии худшиносӣ худро эҳё мекунад.

Ҷомеаи тоҷик, ки дар даҳаи охири асри ХХ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд, чунин як марҳилаи даҳшатбори парешонӣ ва ҷустуҷӯйи маънои миллиро аз сар гузаронд. Дар чунин шароит, зуҳури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳнамо ва сиёсатмадори дорои ҷаҳонбинии хирадгароёна, на танҳо як таҳаввули сиёсӣ, балки як рӯйдоди таърихсоз гардид. Ӯ мафҳуми ваҳдатро аз муҳити самти арзишшиносии миллӣ ба асли бунёдии давлатдорӣ ҳувайдо сохт.

Бо такя ба мантиқ ва ахлоқи сулҳ, Пешвои миллат на танҳо асосгузори муколамаи сиёсӣ гардид, балки асосҳои маърифатии ваҳдатро ташаккул дод, ки дар онҳо гузашт, хирад, худогоҳии таърихӣ ва масъулияти маънавӣ бо ҳам мепайванданд. Ин таҳаввулро метавон ба равиши герменевтикии таърихии мутафаккирони Ғарб Рикёр ва Ханс-Георг Гадамер пайваст кард, ки дар онҳо фаҳмиши маъно танҳо дар равобити мутақобили инсон бо гузашта ва тафсири навин аз таҷрибаҳои муштарак сурат мегирад.

Аз ҳамин нигоҳ, ваҳдати миллӣ дар сиёсати Пешвои миллат танҳо як «созишномаи сиёсӣ» набуд, балки як раванди эҳёи виҷдон, бозсозии маърифат ва ташаккули ифодаи нави миллӣ гардид. Он аз доираи сиёсат берун рафта, ба унсури асосии тафаккури миллӣ ҳуввиятӣ табдил ёфт.

Аз ин рӯ, мақолаи мазкур кӯшиш менамояд, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ, фалсафӣ ва маънавӣ мавриди таҳлил қарор бигирад. Бо нигариш ба нақши Пешвои миллат дар таълифи мафҳуми ваҳдат ҳамчун сохтори маънии миллӣ ва ҳамзамон, таҳқиқ ба сурате равона мешавад, ки моҳияти ваҳдатро дар ҳамбастагӣ бо маърифати иҷтимоӣ ва ояндабишиносии сиёсӣ шарҳ диҳад.

Мафҳуми «ваҳдат» дар сатҳи аввалини тафаккур ҳамчун иттиҳоди муташаккили гуруҳҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии иродаҳо тафсир мешавад. Вале дар заминаи маърифатшиносӣ, он аз шакли зоҳирии иттифоқи иҷтимоӣ фаротар рафта, ба ҳайси як арзишномаи маънавии ҳастии миллӣ зуҳур мекунад. Ваҳдат на танҳо дар ирода ва қонун, балки дар хидмати фаҳмиши умумии ҷаҳон ва худшиносии муштарак амал мекунад. Ин дарки куллӣ ва маънавии ваҳдатро метавон фалсафаи муттаҳидсозии маърифати миллӣ номид.

Тафсири мафҳуми ваҳдат дар афкори муосири фалсафаи иҷтимоӣ, махсусан дар назарияи амалҳои муколимавии Юрген Ҳабермас, ифодаи иродаи бозсозии тартиботи маънавии ҷомеа ва муҳити муколама мебошад[5:285]. Дар ин чаҳорчӯб, ваҳдат шарти эҳёи виҷдони маънавиёти умум, заминаи муколама дар фазои хирадгароии амалӣ мебошад.

Дар баробари ин, агар бар фалсафаи Дюркгейм такя кунем, ваҳдат ҳамзамон бо пайдоиши ахлоқӣ ва шуури иҷтимоест, ки ҳамчун шакли бунёдии пайвастии иҷтимоӣ ва арзишгузории умумии воқеият зуҳур мекунад [4:132]. Аз ин дид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, пас аз фоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ, на танҳо як паймон, балки эҳёи ахлоқӣ ва ҷавҳари маънавии иҷтимоӣ гардид.

Дар таҷрибаи сиёсӣ ва таърихии тоҷикон, ваҳдат ба сифати нусхаи амалии ҳикмати сиёсӣ зуҳур кард, ки дар он иродаи шахсӣ ва ҷамъи миллат бо иродаи таърих муттаҳид гардиданд. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ваҳдатро ҳамчун ҳикмати амалӣ ва ахлоқии давлатсозӣ арзёбӣ намуд.

Дар ин замина, сиёсат ба сифати абзори ахлоқ ва маърифат зуҳур кард, ки бо маънии виҷдони таърихӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ҳамбастагӣ дошт. Пешвои миллат ба сиёсат ҳамчун иродаи маънавии созанда ва виҷдонсолории ҷамъият менигарист. Ин дидгоҳ дар фалсафаи сиёсии Макс Вебер иртибот дорад, ки ахлоқ ва давлатро ҳамчун ду ифодаи як иродаи созанда арзёбӣ мекунад [8:47].

Бо такя ба арзёбии фалсафии равандҳои давлатсозӣ, метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ дар сиёсати Пешвои миллат тадриҷан аз зинаи иҷтимоӣ ба зинаи маънавӣ ва ҳастишиносӣ ҳаракат кард. Яъне, ваҳдат аз иттифоқи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба ҳастии маънавии миллат, аз созиш ба маърифат, ва аз ният ба дарки муштараки таърих табдил ёфт.

Дар ин раванд, сиёсат ҳамчун амалишавии фалсафа, эҳёи ҳуввият, ҳамбастагии виҷдон ва ҳикматгароии таърихӣ зуҳур намуд. Пешвои миллат ин равандро бо сухан, амал ва арзишҳои худ шакл дода, мафҳуми ваҳдатро ҳамчун падидаи фалсафӣ ва ҳикмат таҷассум намуд.

Таҷрибаи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на дар фазои сулҳи тадриҷӣ, балки дар оташи фоҷеа ва фурӯпошии маънавии ҷомеа тавлид ёфт. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, ки ба хисороти азими бузурги инсонӣ, харобиҳои иҷтимоӣ ва парешонии ҳуввиятӣ овард, фазои маънавии миллатро ба як буҳрони виҷдон, фаромӯшии арзишҳои асосии ҳамбастагӣ ва парокандагии хештаншиносӣ оварда расонд. Маҳз дар чунин ҳолати сукути маънавӣ, ниёз ба эҳёи ваҳдат ҳамчун арзиш ва низоми маърифат зуҳур кард.

Ҷанг на танҳо муҳити сиёсӣ, балки ҳастии маънавии ҷомеаро шикаст. Зуҳури бесарусомонӣ, коҳиши эътимод, ва парешонии тафаккури миллӣ далолат бар он дошт, ки ҷомеа бори дигар ниёз ба маърифати арзишҳо ва бунёди маънавии давлатдорӣ дорад.

Ин ҳолатро метавон бо истилоҳи бозгашт ба марҳалаи фаҳмиши ибтидоӣ дар герменевтикаи Гадамер тавсиф кард, ки ҷомеа дар заминаи танқиди гузашта, худшиносии нав ва фаҳмиши воқеиятро эҳё мекунад [7:278].

 

Дар ҳамин шароит, шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи субот ва хирад зуҳур кард. Аммо хиради ӯ хиради маърифатӣ, ахлоқӣ ва виҷдонии таърихӣ буд. Вақте ӯ дар Қасри Арбоб сухан гуфт: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!», ин сухан аз доираи шиори сиёсӣ берун рафт ва ба як эъломияи фалсафии арзишсозӣ ва маънои миллӣ табдил ёфт.

Пешвои миллат ду ҷанбаи асосии ваҳдатро тавъам ба ҳам пайванд дод:

Ваҳдати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ – бо шинохти расмии қонунии ҳама ҷонибҳо ва имзои Созишномаи сулҳ,

Ваҳдати маънавӣ ва виҷдонӣ – бо эҳёи арзишҳои таърихӣ, анъанаҳои миллатсоз, забони модарӣ, фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихӣ.

Дар ин раванд, мафҳуми ваҳдат аз як абзори стратегӣ ба мафҳуми виҷдонӣ табдил ёфт, ки ҳар фард, пеш аз ҳама, бояд дар худ он ваҳдатро эҳсос, таҷриба ва зиндагӣ кунад.

Яке аз равишҳои Пешвои миллат дар замони гузар ба сулҳ, фалсафаи гузашт ва афв буд. Эълони афви умум ва даъвати иштирокчиёни мухолифин ба сохторҳои давлатӣ, танҳо тадбири сиёсӣ набуд. Балки ин амал аз рӯйи фалсафаи дин гуноҳбахшӣ, ахлоқи ориёии бузургназарӣ, ва қонуни виҷдони инсоният шакл гирифт.

Ин равиш бо тафаккури Муҳаммад Ғаззолӣ дар «Эҳёи улуми дин» монанд аст, ки мегуфт: "Роҳбар касест, ки пеш аз ҳама нафсашро шикаста, дигаронро аз дари раҳмат ворид мекунад." [14:214]. Пешвои миллат, ба маъное, аввал нафси интиқомро аз қудрат гирифт, то миллат битавонад аз нафси кина раҳо шавад.

Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи фақат музокирот ва имзои созишнома набуд, балки он тағйири тамоми идоракунӣ ва тафаккури давлатсозӣ гардид. Аз ин лаҳза, давлат дар Тоҷикистон дигар танҳо «макони ҳокимият» набуд, балки ба муассисаи маърифатӣ ва виҷдонсолории ҷамъият табдил ёфт.

Инро метавон ба модели «ноосфера» дар афкори В.И. Вернадский пайванд дод, ки дар он олами инсонӣ ба сатҳи нави маърифати ахлоқӣ ва масъулияти умумибашарӣ мебарояд [15:51].

Аз таҷрибаи фоҷеабори ҷанг ва шикасти маънавӣ то эҳёи маърифати ваҳдат, ҷомеаи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои миллат аз як буриши таърихӣ гузашт, ки на танҳо шикаст, балки таҷдиди маънои ҳастӣ, сиёсат ва ахлоқ буд. Дар ин раванд, ваҳдат ҳамчун ҳастии маънавии муштарак ва заминаи маърифати умумимиллӣ гардидааст.

Дар фазои сиёсии муосир, сиёсати ваҳдатгароёна як шакли баландтари фаҳмиши ҳуввият, маърифат ва иродаи таърихии миллат мебошад. Ҳамин гуна фаҳмиши баланд дар ҷаҳонбинии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфт, ки аз ваҳдат як фалсафаи амал ва самти таълифи худогоҳии миллӣ сохт. Ӯ тавонист падидаи ваҳдатро аз рӯйдоди сиёсӣ ба сатҳи арзишшиносии таърихӣ ва маънавии давлатдорӣ бардорад.

Агар бар назарияи амалии фалсафаи Афлотун такя намоем, амал он аст, ки бо худ ҳикмат, ахлоқ ва мақсади маънавиро ҳамроҳ дорад. Ваҳдат, дар ин замина, як намуди амалест, ки хосияти эътиқодӣ, иродаи маънавӣ дорад. Дар ин фаҳмиш, сиёсати Пешвои миллат танҳо ҳалли масъалаи муноқиша набуд, балки ифодаи як навъ амали фалсафӣ, ки бо иродаи маънавии шахс ва ҳадафи умумибашарии наҷоти миллат пайванд дошт.

Эмомалӣ Раҳмон бо ирода ва виҷдони шахсии худ сиёсати ваҳдатро ба марҳилаи амал овард, ки дар он давлат ҳамчун амали виҷдон ва масъулияти таърихӣ амал мекунад. Ин равиш бо назарияи ахлоқии Макс Вебер ҳамоҳанг аст, ки талаб мекунад шахси сиёсӣ дар назди таърих ва башарият ҷавобгар бошад [8:47].

Сиёсати ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат дорои се пояи фалсафии устувор аст:

Иродаи маънавии сулҳсоз: иродае, ки ба ахлоқ ва ҳақиқат устувор аст,

Маърифати таърихӣ: шинохти шикасти таърих ва зарурати эҳёи миллӣ,

Фалсафаи ахлоқии роҳбарӣ: сиёсати раҳнамоие, ки барои ҷомеа арзиш меофарад ва ба як тафаккури умумимиллӣ табдил меёбад.

 

 

Ҳамин тавр, сиёсати ваҳдатгароёна дар мисоли Пешвои миллат намунаи равшани ахлоқӣ, фалсафаи хирадгароии сиёсӣ ва наҷоти маънавии ҷомеа мебошад. Ӯ раванди ваҳдатро ҳамчун имкони табдил додани мардум аз гурӯҳҳои муноқишанок ба як ҷомеаи ҳушёру воҳид медид.

Мафҳуми ваҳдат дар сиёсати Пешвои миллат бо дарки таърихӣ ҳамбастагӣ дорад. Ӯ таърихро на танҳо чун заминаи гузаштаи шикастҳо, балки ҳамчун қудрати маърифати миллӣ ва оинаи ояндашиносии миллат истифода бурд. Маҳз бо истинод ба тамаддуни бостон, забони модарӣ, фарҳанги гузашта ва афкори Ибни Синову Сомониён, Пешвои миллат худогоҳии миллӣ ва арзишҳои умумимиллӣ ба ваҳдат пайванд дод.

Дар фалсафаи Рикёр ва Гадамер, фаҳмиши таърих ҳамчун саргузашти худшиносӣ қаламдод мешавад. Пешвои миллат маҳз чунин саргузашти миллӣ сохт, ки дар он на танҳо фоҷеаҳо, балки қудрати гузашт, виҷдон ва эҳёи маърифат ифода ёфт.

Пешвои миллат бо сиёсати ваҳдатгароёна ба тарзи амалӣ нишон дод, ки сиёсат метавонад на воситаи ҳукмронӣ, балки нақши виҷдонии ҳидоятгар дошта бошад. Бар хилофе, ки сиёсатро ҳамчун мубориза барои қудрат мефаҳмад, ӯ сиёсатро ҳамчун фанни ризоият, хирад ва шинохти якдигар ташаккул дод.

Давлатсозии Пешвои миллат ба афкори наве дар илми сиёсат ишора мекунад, ки давлат бояд на танҳо ниҳоди ҳуқуқӣ, балки фалсафаи виҷдонии ҷомеа, ҳомии маърифат ва арзишҳои умумии миллат бошад. Ин ба тафаккур дар илмҳои иҷтимоии муосир пайванд дорад, ки ҷомеа бояд ба сатҳи маърифати умумӣ ва хирадсолорӣ ворид гардад.

Сиёсати ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат намунаи зиндаи ҷамъомадани иродаи ахлоқӣ, ҷаҳонбинии масъулияти таърихӣ дар як шахсият ва дар як амал мебошад. Ваҳдат дар Тоҷикистон танҳо натиҷаи музокирот нест, балки таърихи маънавии амал, ҳаёт, ва модели нави давлатсозӣ мебошад, ки он асосан ба хирад, маърифат, гузашт ва худогоҳии миллӣ такя мекунад. 

 

Таърихи давлатҳо нишон медиҳад, ки бе фазои итминон, бовар, ва низоми арзишии муштарак, ҳеҷ модели иқтисодӣ дар тӯли дарозмуддат пойдор нахоҳад монд. Сиёсати ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат ба фазои иқтисодӣ на фақат суботи сиёсӣ, балки эътимоди ҷамъиятӣ, иродаи маънавии рушд фароҳам овард.

Дар таълимоти назариявии Миллер ва Норт [12:91], рушди иқтисодӣ танҳо дар шароити бовар ба қонун, пешгӯишавандагии сиёсат ва иттиҳоди маънавии ҷомеа сурат мегирад. Пешвои миллат тавассути ваҳдат чунин муҳити стратегиро бунёд кард, ки имкон дод Тоҷикистон дар зарфи севвум даҳа аз як кишваре, ки дар остонаи фурӯпошӣ қарор дошт, ба иқтисоди рушдёбанда табдил ёфт.

Дар сиёсати Пешвои миллат фарҳанг ва маънавиёт на ҳамчун соҳаҳои иловагӣ, балки ҳамчун мавқеи марказии рушди миллӣ арзёбӣ мешаванд. Ваҳдат барои эҳёи ин фарҳанг ва таърихи тамаддуни миллӣ имкони беназир фароҳам овард: эҳёи ҷашнҳои миллӣ, забони давлатӣ, мероси фарҳангии ниёгон ва шаклгирии идеологияи маънавии давлатӣ.

Фарҳанг дар ин замина шакли сармояи маънавии иҷтимоӣ гардид. Ба гуфтаи Бурдю [11:241], фарҳанг метавонад ҳамчун сармоя амал кунад, агар ҷомеа онро дар шакли низоми арзишҳо ва рамзҳои муштарак пазируфта бошад. Дар Тоҷикистон маҳз ваҳдат имкон дод, ки фарҳанг аз ҳоли пароканда ва ё рамзӣ, ба нерӯи идеологии рушди миллӣ табдил ёбад.

Пешвои миллат дар барномаҳои миллӣ, махсусан дар «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», мафҳуми рушдро танҳо ба маънои иқтисодӣ маҳдуд накарда, балки онро ба мафҳуми ҳаётии маърифат, ахлоқ, субот ва ҳуввият тавсиа дод. Яъне рушди воқеӣ дар сиёсати ӯ фақат зиёдшавии рақамҳо нест, балки инкишофи шуури миллӣ, тақвияти ҳуввияти давлатӣ, ва болоравии виҷдони иҷтимоӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, равиши Пешвои миллат бо афкори Амартия Сен, файласуфи иқтисод ва барандаи ҷоизаи Нобел, ҳамоҳанг мебошад, ки рушдро ҳамчун «озодии воқеӣ» ва «имконияти маърифатии интихоб» таъриф мекунад [9:18].

Эҳёи фарҳанги ватандорӣ ки дар таълимоти Пешвои миллат як мафҳуми ҳуҷҷатӣ нест, балки як ҷараёни маънавии худошиносӣ, масъулият ва фидокорӣ мебошад низ бевосита ба ваҳдат алоқаманд аст. Дар фазои ваҳдати миллӣ, мафҳуми Ватан аз як қаламрав ба макони маърифатӣ ва манбаи рисолати ахлоқии шаҳрванд табдил ёфт.

Дар ин замина, Пешвои миллат ҳамчун муаллифи фалсафаи ватандорӣ, ки ваҳдатро рамзи баланди иродаи ахлоқӣ ва эҳсоси масъулияти таърихӣ сохт. Ин равиш ба фалсафаи Сартр низ иртибот дорад, ки инсони озод бояд масъули ҳаёти худ ва дигарон бошад [10:36].

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун муҳаррики маънавӣ ва заминаи пойдори фалсафаи давлатдорӣ ташаккул ёфт, дар баробари суботи сиёсӣ, заминаи рушди иқтисодӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ гардид. Он ба як низоми арзишӣ табдил ёфт, ки дар он иҷтимоъ, маърифат, иқтисод ва ахлоқ ба таври ҳамоҳанг амал мекунанд.

Дар заминаи фалсафаи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ на танҳо як ҳодисаи таърихии муваққат, балки шакли устувори дарки миллат аз ҳастии худ, масъулияти таърихии худ, ва мақоми хеш дар олами муосир аст. Дар таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон, ки аз фоҷеа ба фалсафа, аз парокандагӣ ба худогоҳӣ ва аз бесуботӣ ба якпорчагӣ гузашт, ваҳдат ба пояи асосии низоми маънавӣ ва ҳуввияти миллӣ табдил ёфт.

Сиёсати ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ҳамчун низоми виҷдонсолории сиёсӣ ва рафтори маърифати таърихӣ зуҳур кард. Ӯ ба ҷомеа на танҳо сулҳ, балки маърифат, на танҳо оромӣ, балки арзиш, ва на танҳо созиш, балки таҷдиди маънии давлат ва миллат овард.

Дар равшании ин таҳлил, метавон чунин хулосабардорӣ кард:

Ваҳдат дар Тоҷикистон аз чаҳорчӯби шартномаи сиёсӣ берун рафта, ба як низоми маънавии худшиносӣ табдил ёфт. Он дар худ ифодаи иродаи арзишҳои муштарак, ва эҳсоси пайванди виҷдонҳои иҷтимоиро дорад. Он на танҳо ҷомеаро муттаҳид кард, балки шакли ҷадиди зиндагии маърифатӣ ва сиёсии миллатро падид овард.

Нақши Пешвои миллат дар ин раванд бо иродаи ахлоқӣ гузашт, маърифат ва ҳикмати амал, ваҳдатро на ҳамчун стратегия, балки ҳамчун куллиёти сиёсати маънавӣ амалӣ сохт.

Моҳияти ваҳдат дар пайвасти он ба мафҳумҳои рушди устувор, фарҳанги маърифат ва иқтисоди миллӣ ошкор мегардад. Таҷрибаи ваҳдати тоҷикон нишон дод, ки на суботи зоҳирӣ, балки суботи маънавӣ шарти рушди воқеист. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро ба муҳаррики маърифати миллӣ табдил дод.

Таҷрибаи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат як намунаи беназирест аз он, ки чӣ гуна бо иродаи фалсафӣ, бо ҳикмати ахлоқӣ ва бо тафаккури иҷтимоӣ, ҷомеае, ки ба буҳрони ҳастӣ гирифтор аст, ба миллати худогоҳ ва фардои устувор табдил ёбад.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба маънои таҷдиди низоми маънӣ ва эҳёи арзишҳои бунёдӣ аст. Он ҳамчун ҳастишиносии фардии виҷдон, ахлоқи ирода, ва маърифати ҳастии миллӣ зуҳур кард. Пешвои миллат бо сиёсати ваҳдатгароёнаи худ нишон дод, ки давлатсозӣ метавонад ба таҷассумгари маърифат, ахлоқ ва худогоҳии таърихӣ табдил ёбад.

Ҳамин тариқ, ваҳдат дар ҷомеаи тоҷик имрӯз на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки арзишномаи ҳастӣ, санади маънавии миллат, ва нигоҳи ояндабшиносии иҷтимоӣ мебошад. Он на танҳо гузашта, балки ояндаи тамаддуни тоҷиконро муайян мекунад.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №6 (87) том 4

  


Ссылка для цитирования:

Комилов Д.Р., Ҷавҳарӣ М.О. ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ПОЯИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ: ТАҲЛИЛИ СИЁСАТИ ДУРНИГАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ // Вестник науки №6 (87) том 4. С. 2119 - 2129. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24799 (дата обращения: 07.02.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/24799



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.