РУШДИ СОҲАИ МЕТАЛУРГИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Аннотация: Аввалин корхонаҳои металлургияи ранга дар Тоҷикистон солҳои 30 -юми асри гузашта сохта шуданд. Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: металлургияи сиёҳ ва металлургияи ранга. Дар водии Зарафшон яке аз корхонаҳои калони коркарди сурмаю симоб - комбинати Анзоб вуҷуд дорад ва маҳсулоти он ба шакли консентрат ба заводи металлургии Ҳайдаркон (Ҷумҳурии Қирғизистон) фиристода мешавад. Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар базаи Кони Мансур бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нуқра сохтмони корхонаи бузург дар назар дода шудааст.
Ключевые слова: саноати металлургӣ, сехҳои металлгудозӣ, металлургияи ранга, заводҳо, сурмаю симоб, иқтисодию географӣ.
Металлургия - асос ва таҳкурсии саноати ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Аз инкишофи соҳаи металлургӣ пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ - саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва сохтмон вобаста мебошад. Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: металлургияи сиёҳ ва металлургияи ранга. Дар Тоҷикистон корхонаҳои калони металлургияи сиёҳ вуҷуд надорад. Аммо дар дохили корхонаҳои мошинсозӣ сехҳои металлгудозӣ амал мекунанд. Аз метали дар ин сехҳо гудохташуда қисмҳои эҳтиёҷии мошинҳоро тайёр менамоянд. Ин гуна сехҳо дар тамоми корхонаҳои мошинсозии мамлакат дида мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон якчанд кони маъдани оҳан муайян карда шудааст, ки барои ташаккули гардиши пурраи металлургӣ (таъсиси корхонаи маъдангудозӣ, печҳои электроплавикӣ ва ғайра) имконият медиҳад.
Кони маъдани оҳани Чоқадамбулоқ захираи зиёд (аз рӯи категорияи саноатӣ бештар аз 60 млн. тонна) ва мавқеи мувофиқи иқтисодию географӣ дошта, начандон дуртар аз шаҳри Хуҷанд воқеъ гардидааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки ҳангоми сохтмони корхона дар базаи кони мазкур имконият ҳаст, ки усули истеҳсоли метал бе истифода аз кокс ба роҳ монда шавад.[1.56-76с.]
Аввалин корхонаҳои металлургияи ранга дар Тоҷикистон солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуданд. Дар ин корхонаҳои маъдани кӯҳӣ истихроҷи сурбу рӯҳ, мису молибден, волфраму флюорит, сурмаю симоб ба роҳ монда шуда, консентрати онҳо ба корхонаҳои металлургии Урал, Қазоқистон, Сибир, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода мешуданд. Марказҳои асосии истихроҷи металлҳои ранга дар қисмати Шимолӣ ва Марказии мамлакат - дар Адрасмон, Анзоб, Исфара, Майхура, Консой, Табошар, Олтинтопган, Ҷилав, Панҷакент мавҷуд мебошанд.
Конҳои металлҳои рангаи Тоҷикистон дар ҷойҳои душворгузари кӯҳ воқеъ гаштаанд ва хусусияти комплексӣ доранд. Дар водии Зарафшон яке аз корхонаҳои калони коркарди сурмаю симоб - комбинати Анзоб вуҷуд дорад ва маҳсулоти он ба шакли консентрат ба заводи металлургии Ҳайдаркон (Ҷумҳурии Қирғизистон) фиристода мешавад. Танҳо дар шаш кони сурмаи водии Зарафшон 80 фоизи захираи сурмаи Осиёи Марказӣ маҳфуз аст.[2.87-98с.]
Корхонаи муштараки истеҳсоли тиллои «Зарафшон» сол аз сол ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуда истодааст. Ин корхона дар базаи конҳои Тарор, Ҷилав ва Ғиждар аз истеҳсоли тиллои холисро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои нуқра дар ҷаҳон ҷои сеюмро мегирад. Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар базаи Кони Мансур бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нуқра сохтмони корхонаи бузург дар назар дода шудааст.
Корхонаи асосии металлургияи рангаи ҷумҳурӣ заводи алюминии тоҷик мебошад. Завод дар шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. Соли 1975 дар завод аввалин металл гудохта шуд. Заводи алюминий яке аз корхонаҳои калонтарини ҷаҳон буда (12 корпус дорад), аз гуфти мутахассисон ба вазъи экологии ноҳияҳои атроф таъсири манфӣ намерасонад.
Зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти корхона навъи аъло аст. Корхона бо қувваи барқии арзони нерӯгоҳи барқии обии Норак кор мекунад. Алҳол ашёи хомро барои корхона аз дигар кишварҳо бо нархи аз 300 то 350 доллар аз як тонна меоранд. Баъди аз худ шудани кони нефелину сиенити Турпӣ (ноҳияи Рашт) завод бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мегардад.
Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: металлургияи сиёҳ ва металлургияи ранга. Сехҳои металургияи сиёҳ дар заводҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», «Таджикгидроагрегат», (ҶШСК «Хумо») заводи арматурии шаҳри Душанбе, «қисмҳои эҳтиётии автомобил» – и шаҳри Конибодом (ҶСШК Бодом), комбинати «Абрешим» (Хуҷанд) мавҷуданд.[3.43-52 с.]
Корхонаҳои металлургияи ранга (ғайр аз истеҳсоли алюминий) фақат зинаи истихроҷкунии маъдан, майдакунӣ ва пурбаҳрагардонии маъдан вуҷуд дорад. Маҳсулоти асоси – консентрати (ордаи) металҳои ранга мебошад. Консентрат то замони Истиқлол ба корхонаҳои металлургияи рангаи Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешуданд. Дар заводҳои металлургӣ аз ин консентрат ғайр аз металлҳои ранга, металлҳои камёб ва қиматбаҳо низ ҷудо карда мешаванд. Алҳол дар корхонахҳои металлургияи ранга: рўҳ, симоб, қурғошим, сурма, волфрам, селистин ва ба тарзи иловаги висмут, мис, қадми, нуқра, меолибден, қалъагӣ ва дигар металлхои нодир ва пароканда истеҳсол карда мешавад.[4.56-76 с.]
Асоси рушди фаъолияти субъектҳои саноат аз фаъолияти инноватсионӣ сарчашма гирифта, барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда, истифодаи сармоя бояд босамар ба роҳ монда шавад.
Дар шароити имрӯза вазъи самаранокии истеҳсолоти як қисми корхонаҳои саноатиро мӯътадил гуфтан ғайриимкон аст, зеро аксарияти онҳо ҳанӯз ҳам истеҳсолоташонро бо дастгоҳу таҷҳизоти фарсудашуда ба роҳ монда, ба сармояҳои соҳаашон кам аҳамият медиҳанд. Дар фаъолияти аксари субъектони соҳибкории истеҳсолӣ татбиқи инноватсияҳо на дар шакли технологияи нав ва на дар шакли ашё ё маҳсулоти нав мушоҳида намешаванд.
Дар замони муосир ҷараёни ихтироот ва коркардҳо то дар амал ҷорӣ намудани онҳо ба сифати ашё ва гирифтани фоида аз онҳо дар истеҳсолот вақти зиёдеро талаб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои узви ИДМ сол то сол ҳам аз ҷиҳати дараҷаи инноватсияҳои илмӣ-техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати татбиқи онҳо дар истеҳсолот ақиб монда истодааст. Барои таъмини рушди илмӣ-техникӣ зарурияти азхуднамоӣ ва дар амал ҷорӣ намудани инноватсияҳои самаранок ба миён омадааст.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ муваффақияти истеҳсолию тиҷоратии ҳар як корхонаи саноатӣ аз бисёр ҷиҳат аз ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ё ки фаъолияти инноватсионӣ вобаста аст.
Рушди инноватсионӣ идоракунии пайдарпайро талаб мекунад, ки бояд аз пайдоиши ғоя то коркард ва ҷорӣ кардани инноватсия дар истеҳсолоту муомилотро дар бар гирад. Қабули сармоя ҳамчун объекти идоракунӣ имкон медиҳад, ки тараққиёти илмӣ-техникӣ ва тезонидани суръати афзоиши самаранокии истеҳсолоти саноатӣ таъмин шавад.
Умуман, барои расидан ба истеҳсолоти самаранок ва натиҷаҳои баланди молиявӣ корхонаҳоро лозим аст, ки фаъолияти инноватсиони худро бештар ба дарёфт ва коркарду идоракунии сармояҳои имконпазир, ки рақобаттобоварии соҳибкоронро таъмин карда метавонанд, равона гардонанд, чунки гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар ҷумҳурии мо таъмини сифати баланди маҳсулоти истеҳсолшавандаро, ки ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯст, тақозо менамояд. Расидан ба ин мақсад танҳо тавассути инноватсияҳо амалӣ гардонида мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб, дар доираи фаъолияти субъектҳои соҳибкории ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан саноат фаъолияти инноватсиониро ҳамчун объекти тадқиқот қарор додан шарти муҳим ва зарурӣ маҳсуб мешавад.[5.76-82 с.]
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 6 (87) том 4
Ссылка для цитирования:
РУШДИ СОҲАИ МЕТАЛУРГИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН // Журнал «Вестник науки» от 22 июня 2025 г. № 6 (87) том 4. С. 2130 - 2134. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24800 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/24800
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
