НАҚШИ ҚАБУЛИ ҚАРОРИ СИЁСӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Аннотация: Омӯзиши вазъи сиёсӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ ва роҳу воситаҳои мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар илми сиёсӣ мебошад. Дар мақола муалиф кӯшиш намудааст, ки бо роҳи гузаронидани таҳлилҳо ва овардани мисолҳои амиқ аз ҳаёти сиёсии кишвар дар бораи қарорҳои қабулшудаи давраи Иҷлосия ва баъди он муайян намояд. Муайян гардид, ки дар раванди қабули қарори сиёсӣ нақш ва услуби сарвари сиёсӣ зиёд буда, тавассути маҳорат, малака ва хислатҳои табии сарварӣ метавонад натиҷабахшии онҳоро баланд бардорад. Бо кушишу заҳматҳои Президенти мамакат давлат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои тамоми ҷаҳониён ҳамчун як давлати соҳибистиқлол муаррифӣ гардид.
Ключевые слова: Қарор, қарори сиёсӣ, сарвари сиёсӣ, иҷлосия, идоракунӣ, сиёсат, истиқлолият, идоракунии сиёсӣ, хусусиятҳои сарвари сиёсӣ.
Идоракунии сиёсӣ дар илми муосир яке аз масъалаҳое мебошад, ки ба равандҳои гуногуни сиёсӣ таъсиррасон буда, маҳз қабули қарорҳои самарабахши сиёсӣ онро ба ҳадафҳои олии гузошташуда оварда мерасонад. Масъалаи асосӣ дар ҷомеаи демократӣ ин ҷавобгарӣ дар назди ҷамъият буда, ин ҷавобгариро институти асосии сиёсӣ - давлат ба зимма дорад. Аз номи давлат бошад, роҳбари сиёсӣ ин ӯҳдадориро ба зима дошта, барои таъмини устуворӣ ва пайванди сиёсии давлат кӯшиш менамояд. Роҳбар бояд эътимод ва қобилияти қабули қарорҳо дар ҳар гуна фазои сиёсиро дошта бошад, ки манбаи паст намудани ҳамаи шиддатҳои сиёсӣ ин қабули қарори сиёсии бомуваффақият мебошад.
Қабули қарори сиёсӣ раванди мураккабе мебошад, ки тавассути он роҳбарон мехоҳанд мақсадҳои умумиро амалӣ созанд, рушди иқтисодиро таъмин кунанд ва сарфаи захираҳоро дуруст ба роҳ монанд. Қарори сиёсӣ устувории сиёсии ҷомеаро нигоҳ дошта, пеш аз ҳама бояд манфиати миллӣ ва иҷтимоиро ба назар гирад. Яке аз воситаҳои қонеъ гардонидани талаботу манфиатҳои халқу миллат ин қабул намудани қарори сиёсӣ мебошад. Ба ақидаи Ҷ.Андерсон коркарди қарори сиёсӣ бо интихоби беҳтарин барои идоракунӣ ба охир нарасида, он фаъолияти мураккабест дар соҳаҳои бартараф намудани нофаҳмиҳо, нобаробариҳо, мубоҳиса ва муноқиша байни онҳое, ки ба як хулосаи умумӣ меоянд”. [13, c. 3].
Яке аз қисмҳои муҳими идоракунии сиёсӣ ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ин қабули қарорҳои сиёсӣ мебошанд. Қабул намудани қарори дуруст баъди ҳар як нақшагузории стратегӣ, баъди ҳар як паём ва вохуриҳои сарвари давлат ба пешрафт ва инкишофи ҷомеа ва давлат оварда мерасонад. Мувофиқи ақидаи муҳаққиқ К.В. Симонов “қарори сиёсӣ ин коркарди якчанд варианти фаъолият барои бартараф намудани мушкилоти сиёсии мавҷуда ва интихоби яке аз онҳо мебошад, ки нисбатан самарабахш буда, истифодаи он имконият медиҳад, ки мушкилоти мавҷуда дар сатҳи беҳтарин бартараф карда шавад”. Мо бо ақидаи ин муҳаққиқ комилан розӣ ҳастем, чунки роҳбарон аввал бо аъзои ҳукумат, намояндагони ҷомеа ва ҳизбҳои сиёсӣ машварат намуда, мушкилоти ҷомеаро дарк намуда, ба манфиати халқу давлат қарори сиёсиро қабул мекунанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки мавҷуд будани якчанд варианти коркард худ нишонаи расидан ба моҳияти мушкилот аз тарафи субъектҳои қабулкунандаи қарори сиёсӣ мебошад. Ин намуди қабул намудани қарорро дар давлати демократӣ қарорҳои ҳамоҳангшуда ном мебаранд.
Қабули қарорҳои сиёсӣ ҳамчун марҳилаи алоҳидаи раванди сиёсӣ аз як қатор амалҳои пай дар пай иҷрошаванда иборат буда, ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ механизми қабули қарор ва иҷрои онро дар бар мегиранд. [1, c. 192]. Мо бо ақидаи ин сиёсатшиносон ба пуррагӣ розӣ буда, марҳилаҳои қабули қарори сиёсиро дар ҷадвали зерин овардем:
Сарчашма: Дар асоси таҳлили маводҳо аз тарафи муаллиф тартиб дода шудааст.
Қабул гардидани қарори бомуваффақияти сиёсӣ на танҳо таъсири мустақим ба ҳолати сиёсии кишвар, балки ба робитаҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дорад. Натиҷаи бо роҳи дуруст қабул гардидани қарорҳои сиёсиро имрӯз мо дар рушди устувор ва нуфузи байналмиллалӣ пайдо намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эҳсос менамоем. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар мавриди нодуруст қабул намудани қарор ба оқибатҳои фоҷиабор барои давлату миллат оварда мерасонад. Вобаста ба ин масъала сиёсатшинос Комилбек А.Ё қайд менамояд, ки “воқеаҳои маълуми солҳои 90 асри гузашта худ нишонаи онанд, ки қабули қарори нодурусти сиёсӣ то чӣ андоза метавонад барои ҷомеа хавфу хатар эъҷод намояд”. Яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз қабули қарорҳои нодурусти сиёсӣ аз тарафи роҳбарони он давра буд. [9, c. 146]. Дар ҳолатҳои фаврӣ ё аз тарафи як нафар қабул шудани қарори сиёсӣ дар бисёр ҳолатҳо метавонад ба паст гардидани нуфузи сиёсии давлат ё худ ба бӯҳрони сиёсӣ оварда расонад.
Дар аввали солҳои соҳибихтиёрӣ муҳимтарин воқеаи таърихие, ки дар он қарорҳои сиёсии дуруст қабул шуданд, ин Иҷлосияи XVI уми Шӯрои Олӣ буд, ки дар инкишофи ҳаёти сиёсии минбаъдаи давлат нақши таърихии худро гузошт. Яке аз мавзӯҳои асосии иҷлосия таҳкими амнияти миллӣ ва мубориза бо таҳдидҳои нав буд. Қарорҳо дар ин самт барои мустаҳкам намудани ҳифзи ҳудуд, мубориза бо терроризму экстримизм ва таъмини суботи сиёсӣ пешбинӣ шуда буданд. Илова бар ин иҷлосия ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, таъмини фаъолияти озоди ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Ин қадамҳо барои таҳкими давлатдории ҳуқуқӣ ва таъмини рушди низоми нави демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон доштанд.
Қабул гардидани қарор дар бораи интихоб шудани раиси Шӯрои Олӣ ҷараёни ҳодисоту зуҳуроти минбаъдаи ҷомеаро ба куллӣ таъғир дод. Ин дар даврае буд, ки бисёриҳо ҳам шаҳрвандони мамлакат ва ҳам коршиносони хориҷӣ ба ояндаи арзи ҳастӣ намудани давлат боварӣ надоштанд. Дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 197 вакил 186 нафар ба роҳбарии шахси ҷасуру ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу салоҳ, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд. Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси нави Шӯрои Олӣ яке аз беҳтарин қарорҳои сиёсии қабулшуда дар аввали солҳои истиқлолият буд, ки барои минбаъд мустаҳкам намудани асосҳои истиқлолияти давлатӣ заминаи устувор гузошт.
Ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи роҳбарияти олии он давра амалан таҳти як парчам ва рамзҳои давлатӣ гирд овардан ва минбаъд муттаҳид намудани неруҳои гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд. Дар чунин шароит қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи пешрафти кишвар ба сӯи ҷомеае, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми мардум ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи муосир ва мутамаддин бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори Иҷлосия буд. [12, c. 30].
Роҳбарияти олии мамлакат дар мадди аввал масъалаи таъмини сулҳ ва баргардонидани гурезаҳоро ба Ватан гузошта, барои расидан ба ин ҳадафҳо тамоми ирода ва қувваю имконияти хешро равона намуданд.
Иҷлосияи тақдирсози миллат бо қарорҳои қабулкардаи худ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва минбаъд ба эътидол овардани идоракунии сиёсии давлат нақши калидӣ дошта, дар маҷмӯъ дар он 74 санади ҳуқуқӣ, ки аз онҳо 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот буданд. Инҳо қарорҳое буданд, ки барои мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатӣ ва рушди имрӯзу фардои кишвар чун обу ҳаво зарурият доштанд.
Дар натиҷаи таҳлилу татбиқи санадҳои қабулкардашудаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосия бо чунин қарорҳо ба хулоса омад:
- Ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ки дар натиҷа дар давоми солҳои 1993 то соли 2000 зиёда аз 950000 нафар ба Ватан баргардонида шуданд.
- Вазифаи дигари Иҷлосия ин таъмини сулҳу субот, ризоияти саросари ҷомеа ва ваҳдату ягонагӣ буд. Дар натиҷаи музокироти дуру дарози тоҷикон, ки аз 05 апрели соли 1994 оғоз шуда, то 27 июни соли 1997 давом кард, ба ҷанги шаҳрвандии тоҷикон хотима гузошта шуд.
- Баррасӣ намудани фаъолияти қонунгузори давраи навини тоҷикон ва дар натиҷа қабул шудани Конститутсияи нав. Заминаи Конститутсияи нав дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
- Ба миён гузоштани масъалаи бозсозии Ватан ва пешбурди рушди иқтисодӣ, аз нав ба кор даровардани корхонаҳо, шурӯъ намудан ба сохтмони роҳҳо.
- Гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва дар асоси он рушду нумӯи иқтисодиёти давлат.
- Иҷлосияи XVI-ум заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамта бо тамоми кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонро гузошт. Дар натиҷа, дар давоми 33 соли давраи Истиқлолият нуфузу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чандин маротиба афзуд.
- Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти конститутсиониро ба пуррагӣ барқарор намуда, харобшавии низоми иқтисодии мамлакатро пешгирӣ намуд.
Аз вазифаҳои гузошташудаи Иҷлосия ва қарорҳои сиёсии қабулшуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки он наҷотбахши давлату миллати тоҷик буда, ҳамаи вазифаҳое, ки дар назди Иҷлосия гузошта шуданд, ба манфиати халқ равона гардиданд. Қарори муҳимтарини сиёсӣ дар Иҷлосияи XVI ум ин таъин гардидани раиси нави Шӯрои Олӣ буд, ки ояндаи давлат аз талошу заҳматҳои сарвари навинтихобгардида вобастагии калон дошт. Дар ин маврид яке аз омилҳое, ки аз тарафи ҳамаи мардум ва гурӯҳҳои гуногуни сиёсии ҷомеа мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад, ин эътимод ба ирода ва қарорҳои қабулкардаи роҳбар мебошад. Эътимод ба роҳбарон ва қарорҳои қабулкардаи онҳо барои муваффақият, устуворӣ ва рушди давлату ҷомеа муҳим аст. Агар роҳбар дорои иродаи қавӣ буда, қарорҳои дуруст қабул кунад ва эътимоди мардумро ба даст орад, он гоҳ амният ва муттаҳидӣ дар ҷомеа таъмин мегардад.
Дар натиҷаи таҳлили назариявии боло метавон қонуниятҳои зикргардидаи раванди қабули қарори сиёсӣ ва аҳамияти онҳоро дар идоракунии самарабахши сиёсӣ дар таҷрибаи амалии қабули қарорҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дида баромад. Роҳбари навинтихобшуда мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти ниҳоят фавқулода аз худ ҷасоратро нишон дода, бисёриҳо ба ояндаи равшани давлат боварӣ надоштанд. Худи сарвари давлат мегӯянд, ки: “бисёр сиёсатмадорону сиёсатшиносон ҳатто гуфта буданд, ки умри ин Ҳукумат зери сарварии раиси ҷавони Шӯрои Олӣ аз ду ҳафта зиёд нахоҳад буд”. Дар баромадҳои худ раиси Шӯрои Олӣ аз дигар баромадкунандагон бо он фарқ мекард, ки дар баромадҳои ӯ масъалагузориҳои воқеӣ ва мушаххас дида шуданд. [2, c. 18].
Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳро аз вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи худ ҳисобида гуфта буд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”. [15, с.3]. Роҳбари нави давлат аз рӯзҳои аввали сарварӣ медонист, ки чӣ мехоҳад ва дар назди худ ҳадаф гузошт, ки “Бояд мардумро дубора сарҷамъ карда, давлати навини тоҷиконро аз парокандагӣ наҷот диҳем. Барои ин ман тамоми ҳастиамро бахшидаам”. Дар ин ҷо мо якчанд хусусиятҳои роҳбарро муайян кардем, ки дар вақти қабули қарори сиёсӣ ва идоракунии сиёсӣ хеле муҳим мебошанд:
а) Иродаи қавии роҳбар. Ин аз қобилияти роҳбарӣ ва самараи иродаи роҳбар вобастагӣ дошта, бартараф намудани мушкилот, қабул кардани қарорҳои сиёии дуруст, паст намудани шиддатҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва ба манфиати давлату миллат ҳал намудани масъалаҳои муҳимро нишон медиҳад.
б) Шаффофият ва муайянӣ. Роҳбарон бояд қарорҳои сиёсиро шаффоф ва барои мардум равшан қабул намуда, ҷомеа дарк намояд, ки роҳбар як раванди дуруст ва ба манфиати онҳоро пеш гирифтааст.
в) Адолатнок ва эътимодбахш будан. Роҳбарон, ки муносибат ва амалҳои худро бо дурустӣ, воқеъбинона ва адолат муаррифӣ мекунанд, метавонанд эътимодро ба худ ва қарорҳои худ зиёд кунанд. Ба назар гирифтани баробарии иҷтимоӣ эътимоди мардумро ба иродаи роҳбарӣ зиёд мекунад.
г) Баҳогузорӣ ва таъмини иҷрои қарор. Роҳбар бояд ба амалишавии қарори қабулкардаи худ таваҷҷӯҳ намояд ва барои баҳогузорӣ намудани он роҳу воситаҳои дурустро фароҳам орад.
д) Муқовимат бо танқиди ҷомеа. Яке аз хусусиятҳои муҳими роҳбар ин қобилияти муқовимат карда тавонистан бо танқид ва шиддатҳо дар ҷомеа мебошад. Дар ҷомеаи демократӣ ҷавоб гардонидан бо танқидҳо ба фоидаи халқ эътимоди мардумро ба роҳбар дучанд зиёд мекунад.
Хусусиятҳои дар боло номбаршуда аз ҷумлаи хислатҳои роҳбаре мебошанд, ки дар натиҷаи инкишофи маҳоратҳои ҷасорат, садоқат, адолат, масъулият, самимият, меҳру муҳаббат ба миллат ва марзу буми аҷдодӣ, ки дар симои сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ раҳмон дида мешаванд, мебошанд. Бо қарорҳои қабулшудаи солҳои аввали истиқлолият ва махсусан қарорҳои сиёсии Иҷлосияи XVI уми Шӯрои Олӣ истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам намуда, ба фаъол сохтани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, пурзӯр намудани фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъмини амнияту озодии шаҳрвандон, барқарор сохтани харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ, устуворӣ ва ягонагӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешгирии нофаҳмиҳо ва шиддатҳои сиёсӣ, дарёфти роҳи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ беҳбуд гардонидани вазъият мусоидат намуданд.
Баъди истиқллолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, он низоми нави сиёсиву ҳуқуқӣ, ки Президент баъд аз раъйпурсии умумимардумӣ роҳандозӣ намуданд, дар ботини худ ҳам ҷавҳари таҷрибаи тафаккури мардумсолории ҳазорсолаҳо ва ҳам таҷрибаи сиёсати имрӯзаи ҷаҳони муосирро фаро гирифта буд [2, c.166]. Бозгӯи ҳамаи ин гуфтаҳо аз изҳороте, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI уми Шӯрои Олӣ садо дода буд: “То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам”. Ин масъалаи сарҷамъии миллат на танҳо мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ, балки масъалаи дорои ҷанбаи маънавию ахлоқӣ, ифодагари номуси баланди миллии сарварӣ буд, ки фаъолияти стратегии давлат ва ояндаи миллат аз он сахт вобастагӣ дошт.
Хидмати бузург ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки маҳз ба шарофати истеъдод ва фазилатҳои давлатдорӣ ӯ хатари нобудшавии давлату миллатро пешгирӣ намуд, сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатро барқарор намуд, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод, сулҳу ризоияти миллиро бунёд намуд, гурезаҳо ва муҳоҷирони хориҷиро ба Ватан баргардонд, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ кард, Конститутсияи нави давлатро таҳия намуд, Парчаму Нишон ва Суруди миллиро қабул намуд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардумро ба куллӣ беҳтар гардонид, эътибори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. К.А. Ёрбек доир ба масъалаи Иҷлосияи таърихии XVI ум қайд менамояд, ки “Омӯзиши мавод вобаста ба масъалаи хусусиятҳои қабули қарори сиёсӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои минбаъда нишон медиҳад, ки маҳз тавассути иҷрои дурусти ин амал имкон дод, ки мушкилтарин масъалаи дар назди давлати соҳибистиқлол истода масъалаи ҷанг ва сулҳ ҳалли бебозгашти худро ёбад” [9, c.47] . Баъди дар ин иҷосияи таърихӣ интихоб шудани роҳбари нав ва қабул шудани қарорҳои сиёсии минбаъда бо иродаи ӯ дар таърихи давлати навини тоҷикон дигаргуниҳои куллиро ба миён овард.
Дар охирсухани рисолаи “Асосгузори давлати навини тоҷикон” муаллифон қайд намудаанд, ки “Дар тӯли 30 соли баргузории Иҷлосияи таърихии XVI ум ва 6 марҳаллаи таърихии давлатсозии хеш Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадори сатҳи умумиҷумҳурӣ то ба дараҷаи сатҳи байналмилалӣ ба камол расид ва сазовори эътирофу эътимоди давлатмардони ҷаҳонӣ гардид. [2, c.167]
Аз ин ҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки оғози ҳамаи ин дастовардҳои халқи тоҷик аз Иҷлосияи таърихӣ ва қарорҳои сиёсии қабулкарда дар он аст. Интихоб гардидани Раиси Шурои Олӣ аз як тараф қарори муфид ва бамаврид буда, аз ҷониби дигар қабул шудани қарорҳои сиёсии дигар бо роҳбарии сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам гардидани пояи давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуданд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 6 (87) том 5 ч. 1
Ссылка для цитирования:
НАҚШИ ҚАБУЛИ ҚАРОРИ СИЁСӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ // Журнал «Вестник науки» от 26 июня 2025 г. № 6 (87) том 5 ч. 1. С. 1099 - 1108. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/24941 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/24941
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
