'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №9 (90) том 2
  4. Научная статья № 72

Просмотры  30 просмотров

Мирзода З.К.

  


НАҚШ ВА ТАНОСУБИ МАТН ДАР ЖАНРИ ТОК ШОУИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ *

  


Аннотация:
“Ток-шоу” аз ду калима :”ток”-гуфтугӯ, “шоу”-намоиш ва баромади калимаҳо ба забони англисӣ нисбат дода мешавад. Ба таърих назар андозем, чунин намоишҳоро ҳунармандон, масахарабозон, дорбозон дар кӯчаҳо баргузор менамуқданд ва одамони зиёде ҷамъ шуда онро тамошо мекарданд. Ҳатто дар филмҳои таърихӣ низ вобаста ба ягон чорабиниҳо чунин намоишҳо баргузор карда мешуданд. Бо пайдоиши телевизион он ранги дигар гирифт ва бо суръати кайҳонӣ пеш рафтани технология барномаҳои “шоу”-ро рангину тамошобюинони зиёдеро ҳам дар рафти намоиш ва ҳам аз тариқи телевизион ҷалб карда тавонист.   

Ключевые слова:
Барномаҳо бештар барои санъати рақс, балет, мусиқии эстрадӣ, бо лазер ороиш додани чорабиниҳо таҳия ва бо ҷалби шахсиятҳои машҳур намоиш дода мешаванд.   


Жанри ток-шоу дар телевизион бисёр машҳуру маъмул гардидааст. Дар чунин барномаҳо бештар гуфтугӯ истифода бурда мешавад. Барои ҳамин тамошобини худро ин аудитория дорост. Ин намудаи жанр аз созандагони он хусусан баранда ва шахсияти ӯ вобаста мебошад. Баранда дониши мукаммал,

Муносибати дипломатӣ, чаққон ва бо таваҷҷуҳ гӯш карда тавонистан, ҳаракати зебо ва монанди ин хислатҳоро бояд дошта бошад. Ҳангоми силсилавӣ будани барнома бо мақсади дар атрофи ток-шоу ҷамъ намудани бинанда, зиёд гардидани ҳавасмандони дар ток-шоу ширкаткунандагон мегардад.

 

Бо ба истифода додани шабакаҳои телевизионҳои соҳавӣ дар шаҳри Душанбе барномаҳои телевизионӣ сабку услуби хосаи худро то андозае пайдо намудаааст. Аз ҷумла, ток-шоу, ки тамошобини худро ҷалб карда метавонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон телевизиони “Тоҷикистон” ва баъдан телевизиони “Сафина” барномаҳои ҷолибу мунаққаш ба бинандагони сершумор пешкаш менамуданд. Имрӯзҳо дар телевизиони барои кӯдакону наврасон “Баҳористон”, телевизиони “Синамо”, телевизиони “Шаҳнавоз” бап жанри ток-шоу монанд барномаҳое таҳия карда мешавад, ки тамошобини худро аллакай пайдо намудаанд ва ин барномаҳо силсилавӣ идома ёфта истодаанд.

Масалан, барномаи нахустини “Авранг” аз телевизиони “Баҳористон”, ки барандаи он Наврӯз Боев мебошад. Қаҳрамонони барнома аз рӯйи синну сол, самти ихтисос гуногун буда, бо рақамгзории иштирокчиён ба онҳо саволҳо пешкаш кардла мешавад. Дар ҳолати ҷавоби нодуруст додан ягон шарти бозиро иҷро мекунанд. Фақат барандаи барнома бояд, ки ҳангоми суҳбат оростан  ва савол додан ба иштирокчиён тамни мураккабтар ва сенарияи барномаро бо коргардон ва режисёр пурқувваттар намояд. Чунки он каме такмил мехоҳад. Бояд чунин барномаҳо аз диди журналистони касбӣ таҳия карда шавад. Баранда ба иштирокчии таҳти №1 савол пешниҳод мекунад. Мисраъҳои шеъриро мехонад ва ба қалами кӣ тааллуқ доштанашро пурсон мешавад. Баранда саволро бояд кутоҳтар ва фаҳмо талаффуз мекард то ба тамошобин ва иштирокчии барнома фаҳмо мешуд, аз ин сабаб дубора ба такрор кардани мисраъҳои шеърӣ иштирокчии рақами 1 талаб кард ва ҷавоби дуруст низ дод. Дар таҳия кардани атни барнома бояд ҷиддият, калимаву ибораҳо, ҷумлаҳо равшан, возеҳ баён карда шавад. Тарзи саволгузорӣ низ аниқу дақиқ бошад.

Барои шарти дуюмро пешниҳод намудани баранда иштирокчиён ҳаракату овози ӯро интизоранд. Баранда боҷуръаттар ва дар талаффуз овози баланд бояд дошта бошад. Хусусан, вақте ки барнома аз телевизиони кӯдакону наврасон таҳия мегардад барои онҳо низ ҷолибтару чашмрастар гардад.

 

 

Барнома аз се бахш иборат аст. Дар бахши якуми он мисраъҳои шеърӣ аз адибони классик ва муосир ба иштирокчиён дода мешавад. Бахши дуюм интихоб кардани рақамҳо ва таҳти ин савол дода мешавад. Ғолибу мағлубро баранда муайян мекунад, вале дар ғолибият иштирокчӣ ҳис намекунад, ки ӯ ғолиб аст, баранда бояд ӯро руҳбаланд намояд, ин чиз дида намешавад. Шояд дар аввали барнома аз шартҳо ба иштирокчиён фаҳмонида мешуд ва баъдан барномаро барандаи закиву доно оғоз менамуд. Ба иштирокчиён шарти дуюм эълон карда шуд. Ба саволҳои додаи баранда як-як ҷавоб мегуфтанд. Барандаи барнома бо ҷавоби “ҳа” ё “не” тасдиқ менамуд. Ҳангоми ҷавоб додани иштирокчиён ҳаракатҳои ноҷури баранда, яъне дар кадр дида мешавад, ба сифати барнома халал ворид менамояд. Ба мисли ангуштони дастро ба остини курта даровардан, шояд худаш хабар надошгта бошад, вале барномаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин нафарон тамошо мекунанд. Телевизион мисли оинаест, ки камбудиҳоро ошкор месозад.

Гумони ғолиб он аст, ки барномаҳои дар телевизион дар кадом жанре, ки набошад пеш аз ба эфир баромадан бояд таҳлилгарон онро таҳлил намуда, баъд аз ислоҳи камбудиҳо намоиш дода шаванд. Аз тарафи дигар журналистони ҷавон бояд барномаҳои дар сатҳи баланд омодашударо, ки дар телевизионҳои мамлакатҳои хориҷӣ онро тамошо мекунанд дида дар барномаҳои  худ бо журналистони касбӣ, хусусан журналистоне, ки солиёни зиёд дар телевизион кору фаъолият намудаанд, бо диди нав маслиҳату машварат намуда, барномаҳои худро омода намоянд.

Дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намудани шабакаҳои соҳавии телевизион барои таҳияи барномаҳои сифатан хуб шароити мусоид фароҳам овард. Вақти он расидааст, ки барномаҳои таҳия гардида барои кӯдакону наврасон дар соҳаи варзиш, тахриху фарҳанги мардумии тоҷик, сиёсату иқтисодиёт, саноату кишоварзӣ бояд аз ҳама ҷиҳат таҳлилшудаву дастовардҳои давраи Истиқлолият ва дурнамои он намоиш дода шаванд.

 

Дар он вақт аз шабакаҳои иҷтиомӣ, ки дар он ба ғайр аз одамони касбу кори гуногун ва шаҳрвандони зиёд наворҳои ғайрикасбиву сохтаву бардурӯғро пешниҳоди аҳолӣ мекунанду бо  ин тафаккури мардумро барои ба дигар тараф кашидан кӯшиш менамоянд, даст мекашанд.

Мебояд таъкид кард, ки нақш ва таносуби матн дар жанри то-шоу аз ҷузъҳои муҳими таҳиякунии барномаҳои телевизионӣ ба шумор меравад. Ба шарте уи матн дар ҷои даркорӣ вобаста ба рафти сюжети барнома мантиқан истифода бурда шавад. Аслан дар жанри ток-шоу матн тариқи суханрониҳои баранда (шоумен), қаҳрамонҳои барнома ва андешарониҳои экспертҳову ситораҳои ба барнома даъватшуда баён мегарданд, ки риояи  таносуби матн вобаста ба талаботи жанрӣ хеле муҳим ва ҷузъи муҳими жанри ток-шоу ба ҳисоб меравад.

Телевизион дар баробари яке аз воситаҳои асосии эелектронии ахбори омма будан, боз санъат низ мебошад. Аз ин рӯ, дар санъат эҷоди ғайрикасбӣ бинандаро ба худ ҷалб карда наметавонад. Боиси таасссуф аст, ки аз минбари телевизионӣ, ки  алҳол қариб дар тамоми оилаҳо тамошо мекунанд, самаранок истифода бурда намешавад. Дар ин маврид таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизионҳои “Варзиш”, “Синамо” ва Академияи ВАО 1 марти соли 2016-ро ба хотир мебояд овард, ки чунин гуфта буданд: “Дар таҳияи матнҳои мукаммали санфидашуда ва услуби баён, маводи таҳлилии нишонрасу саривақтӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ аз кормандони соҳа дониши мукаммали таҳлилӣ ва сатҳи баланди касбиро тақозо менамояд” [16]. Яъне имрӯз тақозои замон аст, ки журналистони телевизион натанҳо маълумоти олии ихтисосии журналистикаи умумӣ, балки ҳамчун журналисти соҳавӣ тарбия карда шаванд ва вобаста ба соҳаҳои муайян бо донистани соҳа бо мутахассис суҳбати ихтисосии касбиёна карда тавонанд, то ки он барои бинанда мақбул гардад.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №9 (90) том 2

  


Ссылка для цитирования:

Мирзода З.К. НАҚШ ВА ТАНОСУБИ МАТН ДАР ЖАНРИ ТОК ШОУИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ // Вестник науки №9 (90) том 2. С. 613 - 617. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/25621 (дата обращения: 07.02.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/25621



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.