'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №9 (90) том 2
  4. Научная статья № 73

Просмотры  28 просмотров

Мирзода З.К.

  


НАҚШИ МАТН ДАР ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН *

  


Аннотация:
Кор бо матн дар телевизион яке аз муҳимтарин дар ихтисоси журналист ва муҳаррир ба ҳисоб меравад. Навоварӣ дар навиштани матн, бо жанрҳои гуногун кор кардан, донистани талаботи матн дар телевизион, таҳлил намудан, баҳо ва таҳрир намудани матнҳои худ ва бегона аз бисёр ҷиҳат сатҳи тайёрии профессионалиро тақозо мекунад. Барои навиштани матн дар телевизион сараввал сарчашмаи иттилоотро пайдо намудан аст: агар гуфтание бошад, бояд он ба ки ва ё чи дахл дошта бошад, муайян гардад ва баъд аз ин ба шарҳ шуруъ намудан аст. Агар имконият бошад, дар шакли пурра бояд сабт гардад, агар бисёр маводи муҳим бошад ному насаб дар сужа дубора ёдовар шавад. Вазифа ва ё касби ба персонажҳо мутобиқ дар шакли кутоҳ, дар баъзе маврид номгӯи вазифаҳои расмӣ кутоҳбаёниро тақозо мекунад.   

Ключевые слова:
Шумораҳо, низ дар шакли мувофиқ оварда мешаванд, агар маълумоти дақиқ талаб карда нашавад.   


Рамзҳо ба монанди $, %, №, + ва м.и. истифода бурда намешаванд. Чунин навишта мешавад: “1500 доллари амрикоӣ ва ё 15000 сомонӣ”, “50 фоиз”, “рақами 1” ва аломати “+” “ҷамъ” бо ҳарф навишта ва танҳо дар маълумотномаи муҳосибӣ ин аломат дар шакли “+” истифода бурда мешавад. Инчунин, беҳтар аст: “якуним ҳазор сомонӣ”, “ панҷоҳ фоиз”, “рақами як” истифода шавад.

 

Барои мисол:

Видеонавор: наттоқ дар кадр

дар Паёми имсолаи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст:

“Ҳукумати мамлакат бо истифода аз

ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда

ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани

шароити зиндагии мардум нақшаҳои

бузурги созандагиро роҳандозӣ карда

истодааст.

Соли 2024-ум ҳаҷми маҳсулоти

дохилии кишвар ба беш аз 150

миллиард сомонӣ ва суръати рушди

воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир

суръати рушди иқтисодии миллӣ ба

ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод”.

Иқтибос аз ду тараф бо нохунак оварда шудааст. Чи тавре ки ба тамошобин барои шунидан расонида мешавад ҳамон тавр навишта шудааст.Яъне матн ба талаботи телевизион мутобиқ аст.

Иқтибос аз Паём (28.12.2024) рӯзномаи “Ҷумҳурият” (30.12.2024,№251 (2514)

  

Видеонавор: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба

иқтисоди рақамикунонии соҳаҳои

иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин

намудани шаффофияти муносибатҳои

иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор

гузошта истодааст. Дар панҷсолаи

минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисод

рақамӣ бояд ба самтҳи зерин диққати

аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ

ва қабули санадҳои дахлдор дар сатми

гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

 

Дуюм, то шабакаҳои панҷ-ҷи (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот,

таъсиси махзани мукаммали миллии

маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи

хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳкили

махзани ягонаи хизматрасониҳои

давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо

роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир

ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил

ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани

маърифати истифодаи технологияҳои

рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни

сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо

ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар

самти таъмин намудани амнияти киберии

махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани

соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (31.12.24). Дар саҳифаи аввал зери рубрикаи Паём омадааст:

“Ҳуҷҷати барномавие, ки марҳалаи нави

рушдро муайян кард”

Дар ҳақиқат Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси

Олии мамалакат, ки низоми давлатдории

навини мо ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ

шинохта мешавад, ин навбат

масъалаҳоеро дар худ инъикос

намуд, ки татбиқи самараноки ҳар

банди он роҳи тараққиёти кишвар,

зиндагии боз ҳам шоистатари

мардумро ҳамвор хоҳанд кард.

Хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” андешаи иштирокчиёнро вобаста ба вижагиҳои Паёми навбатӣ дар шакли фишурда дар ҳамин шумора нашр намудаанд. Аз ҷумла: “Гулназарзода Жило, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода: дар сатҳи олӣ донистани забони ширину шевову шоиронаи тоҷикӣ, омӯхтани

забонҳои хориҷӣ, инчунин, пурра ворид гардидан ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия...”, “Абдураҳмон Хонзода, роҳбари дастгоҳи КИМ (Кумитаи иҷроияи Марказии)ҲХДТ (Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон): дар бораи эълон намудани солҳои 2025- 2030 солҳои иқтисоди рақамӣ...”.

 

 Муҳтавои андешаи иштирокчиён оварда шудааст, яъне бо услуби публитсистӣ дар рӯзнома дарҷ гардидааст. Агар аз тариқи телевизион мусоҳибаи иштирокчиёнро бо навор тамошо мекардем, он ҳам дар шакли фишурда ва баёни кӯтоҳ шунида мешуд.

Матни телевизионӣ ба доираи васеи омма , ки дар он тамошобини тамоми қишри ҷомеа, новобаста аз синнусоли гуногун, сатҳи иҷтимоӣ ва ихтисос, ба ҳама ва ҳар кас равона мегардад. Аз ҳамин хотир аз як тараф сода намояд, аз тарафи дигар мураккабии тайёр намудани матни телевизионӣ ба эфир дар ин ҷо дида мешавад. Дар матнҳо ҳамзамон якҷо ва ягонагӣ, дастрасӣ ва барои ҳар як фард фаҳмо ва хислатҳои алоҳидаи муаллиф дида мешавад.

Забони телевизион воситаҳои муайянро дорост, шартан “табиӣ” номидан мумкин аст, яъне дар асоси моҳияти аудиовизуалии васоити ахбори омма мебошад.

Ба ақидаи профессор З.Муъминҷонов “...телевизион аз рӯи табиати хеш бештар аз матн дида ба навор ниёзмандтар аст. Агар дар матбуот асос матн ва сурат пуркунандаи он бошад, дар радио асос садое, ки аз рӯи матн омода мешаваду мусиқӣ ва интершум пуркунандаи он мегардад. Дар телевизион бошад, садо ба ҷои дуюм фаромада, навор (кадр) ба ҷои аввал мебарояд. Матн ҳамчун пуркунандаи навор ба кор меравад. Аз ин рӯ ҳангоми эҷоди барнома ин хусусиятҳои хоси телевизионро ба ҳисоб гирифта, вобаста ба он эҷод бояд кард”.

Барои амиқтар омӯхтани матни телевизионӣ бевосита фаҳмиши медиатекстро дида мебароем. Ин термин дар адабиёти илмии англисӣ солҳои 90-уми асри ХХ пайдо шуда ва дар таҳқиқотҳои илмӣ-оммавии коммуникатсионӣ истифода бурда мешавад. Ба ин гурӯҳ олимони зиёде чун: А.Белл, М.Монтгомери, Р.Фаулер, А.А.Леонтев, Т.М.Дридзе, С.И.Берштейн, А.Н.Василева, Д.Н.Шмелев, В.Б.Костомаров, Я.Н.Засурский, Г.Я.Солганик, Н.Н.Кохтев, Т.Г.Добросклонская ва дигарон фаъолона таҳқиқот бурдаанд.

 

 Медиатекст (аз забони лотинии media textus гирифта шуда, маънои “восита, миёнаравон + матоъ, плексус, пайвастшавӣ, омезиш”-ро дорад) - ин паём дилхоҳ медиатексти намуди жанр, ки ба воситаи он муоширати нутқ дар фазои коммуникатсия рӯй медиҳад, мефаҳмонад. Фаҳмиши медиатекст нишондиҳандаи авлодӣ буда, барои гурӯҳи матнҳо маҳсуб меёбад ва чунин бахшҳоро дорост: матни журналистӣ, PR- матн, матни публитсистӣ, матни рӯзнома, матни телевизион ва радио, матни реклама, матни ВАО дар Интернет ва монанди инҳо.

Ҳар яке аз ин намуди матнҳо ба худ хусусияти умумӣ барои ҳама медиатекстҳо, инчунин хусусиятҳои алоҳидае, ки яке аз дигар фарқ мекунанд, дорад.

Ба категорияи асосии матни телевизионӣ вобаста ба мансубияти ин намуди нутқро дар маҷмуъ ба медиатекст ҳамчун ба воҳиди маводи баландтар дохил менамоянд:3

Дар ВАО муайян карда шудааст, ки матни телевизионӣ дар канали коммуникатсионӣ гуфтугӯӣ, аудиалӣ ва визуалиро муттаҳид месозад. Вобаста ба ин дар таҳияи матн ин хусусиятро ба эътибор гирифта канали коммуникатсионӣ ва воситаҳои таъсири онро ба аудитория мадди назар намудан зарур аст.

Дилхоҳ намуди матн – ин гуногунии коммуникатсия аст, азбаски муаллиф ва муроҷиаткунандаи паём вуҷуд дорад, тибқи талаботи матни телевизионӣ ин натиҷаи меҳнати гурӯҳӣ мебошад: журналист, оператор, режиссери овоз, танзимгар, муҳаррир ва мутахассисони дигар. Муроҷиаткунандаи ВАО аудиторияи омммавӣ маҳсуб меёбад. Инро бояд ба эътибор гирифт, ки аудиторияи омма аз тамошобин алоҳида бо хусусияти инфиродӣ фарқ мекунад.

Матни телевизионӣ дар худ метавонад рамзҳои зиёдеро дошта бошад, ки иттилоотро ба ҷояш расонад. Мутахассисон оид ба коммуникатсияи оммавӣ намудҳои зерини онро муайян намудаанд: идеологӣ, риторикӣ, фарҳангӣ, жанрӣ, услубӣ ва ғайра. Бисёр муҳим аст донистани он, ки полиководӣ ҳеҷ гоҳ ҳаммаънои мултимедӣ нест. Он ба воситаи иттилоот бо ёрии каналҳои гуногуни алоқа асос ёфтааст расонида мешавад.

Махсусияти полиководӣ дар он хулоса мешавад, ки тамошобин метавонад огоҳона ва ё ғайри он ин рамзҳоро “хонад” вобаста аз таҷрибаи индивидуалӣ, сатҳи интелектуалӣ ва руҳияву ҳиссиёт рамзкушоӣ ва тафсир намояд.

Дар илми муосир равише вуҷуд дорад, ошкорбаёнии асосии матн, муқаррарот дар бораи он, ки матни телевизионӣ сохтори мукаммал нест ба пуррагӣ маънои онро хулоса медорад.4

Дилхоҳ матни телевизионӣ қисмати умумии баҳс маҳсуб ёфта, имконият ва замина барои интихоби тафсирҳои тамошобин мегардад. Ба тарзи дигар интертекстуалӣ-ин воситаи умумии матнҳо, ки имконият ва мавҷудияти алоқа дар байнашон мебошад. Бо шарофати онҳо матнҳо равшан ва норавшан ба якдигар фиристода мешаванд.

  1. Матни телевизионӣ ва “давраи ҳаёт”-и хабарҳо

Барои фаҳмидани махсусияти матни телевизионӣ, пеш аз ҳама бевосита ба кӣ равона шудани он ва чиро ӯ аз матни телевизионӣ интизор аст, муайян намудан зарур аст. Матнҳои телевизионӣ қариб ҳамеша овоз доранд, яъне бо нутқи телевизионӣ муайян карда мешаванд.

Матни телевизионӣ ба доираи васеи омма равона мешавад, дар он тамошобини тамоми қишри ҷомеа, нобоваста аз синну соли гуногун, сатҳи иҷтимоӣ ва ихтисос, ба ҳама ва ҳар кас равона мегардад. Аз ҳамин хотир аз як тараф сода намояд, аз тарафи дигар мураккабии тайёр намудани матни телевизионӣ ба эфир дар ин ҷо дида мешавад. Дар матнҳо ҳамзамон якҷо ва ягонагӣ, дастрасӣ ва барои ҳар як фаҳмо ва хислатҳои алоҳидаи муаллиф дида мешавад.

  

Забони телевизион воситаҳои муайянро дорост, шартан “табиӣ” номидан мумкин аст, яъне дар асоси моҳияти аудиовизуалии ВАО мебошад.

Олими барҷастаи рус Л.А. Мутовкин дар китоби “Правила написание текста на телевидение” қоидаҳои тиллоии навиштани матни телевизиониро чунин овардааст:

1.Силсилаи наворҳои видеоиро ба ман нафаҳмонед, он чизеро ки ман дар экран мебинам, барои чи инро ба ман намоиш медиҳанд, фаҳмонед?

Барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и Фатҳиддини Замон

Таҳияи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” яке аз барномаҳои муаллифӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон дар тӯли солҳои фаъолияти хеш (аз 7-уми феврали соли 2012) бисёр ҳаводорон ва мухлисони дохиливу хориҷиро пайдо кардааст.

Пеш аз ҳама муаллифи он Фатҳиддини Замон масъулиятшиносӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, шинохти маорифи дунявӣ,дарки шинохти таърихи гузаштаи тоҷик ва ҷаҳон, шинохти созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва шинохти набзи сайёраро аз худ намудаву пешкаши тамошобинони сершумор гардонистааст. Дар яке аз барномаҳояш дар бораи кӯдакони сайёра ва зисту зиндагии онҳо,нарасидани оби ошомиданӣ ва аҳволи бади онҳоро таҳлил намудааст.

 

Дар барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”

матни пасикадрӣ овардааст:

“...Кӯдакони имрӯз падарон ва

модарони фардо ҳастанд.Оморҳои

байналмилалӣ-демографии Созмони

милали муттаҳид оид ба вазъи

кӯдакони ҷаҳон нишон медиҳад, ки

ҳоло бахши умдаи аҳолии ҷаҳонро

кӯдакон ва ҷавонон ташкил медиҳанд,

ки аз онҳо ба унвони насли нави олам

умеде барои ояндаи ҷаҳон ва идомаи

аҷдоди инсоният ёд мешавад. Аммо

фаротар аз ҳама имрӯз бахши зиёде а

кӯдакон дар кишварҳои фақир ва

давлатҳои зери сояи ҷанг ва таҳдиди

терроризму ифродгароӣ гиребонгири

ваҳшату бераҳмӣ ва ятимиву

хонавайронӣ мебошанд.

  

Дар кадр наворҳо аз хориҷи кишвар дар бораи кӯдакони гуруснаву бемору чашм ба роҳ намоиш дода мешавад.

Матни пасикадрӣ: Ҷангҳои хонумонсӯз ва ҳузури

қудратҳои ҷаҳонӣ дар зери сиёсати

мавқеҷӯиву тақсими моликият дар

минтақаҳои Шарқи наздик ва

сарзаминҳои падарӣ мусалмон ҳазорон

нафар аз кӯдаконро ятиму бесарпаноҳ

намудааст. Кишварҳое, ки даргири ҷанг,

ҳамлаҳои террористиву мусаллаҳона,

ифротгароӣ, бесуботиву ноамнӣ ҳастанд,

дар он кишварҳо аз ҳуқуқ ва озодиҳои

кӯдакон хабаре нест.

Наворҳои видеоӣ ва тасвирҳои дар барномаи муаллифии Фатҳиддини Замон аз тариқи телевизион намоиш дода шуда, касро ба ҳайрат мегузоранд. Чунки аз ҷиҳати поймол кардани ҳуқуқи кӯдакон ва ҳифзи саломатии онҳо бояд кишварҳои сайёраро низ бетараф намонад. Ба қавли шоир: “Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи кишваре, Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре”.

Муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” Фатҳиддини Замон овози форам, шунаво, диққатҷалбкунанда ва он матнҳое, ки барои барномаҳояш омода менамояд бо риояи талаботи барномаи таҳиянамудааш мебошад.

 

  1. Матнро барои шунидан нависед-матн бояд фаҳмо бошад: ин муҳимтар аз он аст, ки дар коғаз навишта мешавад. Бештар матни пасикадрӣ (овози форам).

Дар ҳақиқат матни пасикадрӣ бояд фаҳмо шунида шавад.Наворро тамошо карда, мехоҳед, ки барои пурратар, амиқтар донистани навори тамошо карда истода, маълумоти бештаре дошта бошед.

 

 

Аз телевизони наврасону кӯдакон “Баҳористон” барномаеро намоиш медоданд, ки дар бораи уқёнусҳо сухан мерафт. Агар дар бораи ҷирмҳои осмонӣ маълумот дошта бошем, пас дар бораи мавҷудоти зиндаи қаъри уқёнусҳо низ бояд донем.

Видеонавор: дар кадр манзараи қаъри уқёнус ва ҷо-ҷое

рангҳои гирд-гирди бунафшу лоҷувардӣ,

кабуди баланду сабз бисёр равшан зуд ба

чашм мерасанд.

Журналист: Матни паси кадрӣ. Овози бисёр форами шахси

синну соли миёна. Оҳанги талаффуз мулоим,

гӯшнавоз ва фаҳмо. Чунон ки кӯдак наворро

тамошо карда дар бораи мавҷудоти зиндаи

зери обӣ маълумот пайдо мекунад. Масалан:

ҳаштпо.Тухм мондаасту шино карданаш ба

гумон. Танҳо пойҳояшро меҷунбонад.

То охири барнома навор бо шарҳи матн рафтан мегирад. Аз матни журналист маълум мегардад, ки сухан дар бораи уқёнуси Ором меравад. Кӯдакону наврасон аз виденавор ва матни паси кадрии он дар бораи уқёнус ва мавҷудоти дар он зиндагӣ мекардагӣ маълумот пайдо карда метавонанд.

 

3.Иттилооти воқеӣ-қайд кунед, тамоми маълумоти фикрӣ, танҳо аз ҳама муҳимашро барои фаҳмидани сужет нигоҳ доред.

Барномаи Соҳил аз ТВ “Сафина”. Муаллифи барнома Нигинаи Муъмин дар барномаи Соҳил инъикоси Муҳаббат ба Ватанро дар суруд.

  

Видеонавор: навозише аз эҷодиёти Ҳунарманди халқии

Тоҷикистон Исмоил Назрӣ.

Журналист: Ай ҳамватан дуруд бар Шумо. Шукрона ки дар чаманҳои аз гул лолабанду аз шабнам

Шакарханди ватан ҳолиё ҳеҷ хавфу хатаре

наметаркад. Шукрона ки заминҳои мо

саодати офарандагиву зояндагӣ дорад.

Шукрона ки миллати мо ҳамеша роҳи

такмилу роҳи ислоҳро меҷӯяд. Шукрона

ки ҳастии мо мазҳари таманноҳост. Ва

ҳанӯз ҳам дар дили мо як макони бисёр

азизи зиндагӣ ошиқӣ дорад.

Маҳз ҳамин ишқ ватани гулободи моро

Ватани гулободи моро ба эътиқоди

тамаддуну маънавиёт ва самти ибтикору

тозакориҳои ношинохтанӣ хоҳад буд.

Видеонавор: Навозиши маҳзун дар иҷрои Исмоил Назрӣ.

Журналист: Агар таваҷҷуҳ карда бошед ба муҳтавои эҷоди

Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ.

Таронаҳои бисёр ноби Ҳунарманди асил

Исмоил Назрӣ.

Ҳатман ҳамин ҳикматро хоҳед бардошт.

Ин лаҳза дар соҳил бо ҳам мо ҷамъ омадем,

ки ана ҳамин ҳикматро бори дигар дар

ботини ҳар яки Шумо кошта бошем.

Биёед таваҷҷуҳ кунед ба муҳтавои барнома.

Равзани рози ихлосу сипосро ба ин ватан ба

Ин Миллат бо Шумо дарёфта бошем.

Видеонавор: Суруди дӯстиву рафоқату ваҳдат дар иҷрои

Исмоил Назрӣ.

Меҳмонони барнома шахсони шинохтаи ҷумҳурӣ, ки эҷодиёти Абдулло Назриро хуб медонистанду сабку услуби хоси онро дар ин барнома таҳлил намуданд.

Журналист: Бо мусиқӣ метавон дар хизмати халқу ватан

буд.

Муҳтавои барнома дар бораи оилае, ки фарзандони бисёр ҳунарманду номбардори падарро тарбия кардааст, дар бар мегирад. Шогирдоне, ки имрӯз фарзандони шинохтаи ин марди ҳунарманданд боз шогирдони худро доранд, сухан мерафт.

Меҳмонони барнома пурра дар бораи эҷодиёти Абдулло Назрӣ ва ба нота гирифтани сурудҳои эҷодкардаи Исмоил Назрӣ ва Давлат Назрӣ сухан мегуфтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фазоеро ба вуҷуд овард, ки имрӯз ин фазои оромиро бояд нигоҳ дорем. Дар васфаш суруд хонем, бо таронаҳои худ, бо офаридани шеърҳо васфи ин диёри биҳишосоро намоему сароем,-мегӯяд муаллифи барнома Нигинаи Муъмин.

Дар ин барнома он чи воқеият аст, ҳамон оварда шудааст. Ҷавононе, ки дар барнома иштирок доштанд андаке бошад ҳам аз эҷодиёти Абдулло Назрӣ огаҳӣ ёфтанд.

Матн, ки дар худ мақсади муайянро дар бар мегирад, беҳтар аст, ба муаллиф тааллуқ дошта бошад, дар ин барнома баръало эҳсос мешуд.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №9 (90) том 2

  


Ссылка для цитирования:

Мирзода З.К. НАҚШИ МАТН ДАР ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН // Вестник науки №9 (90) том 2. С. 618 - 631. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/25622 (дата обращения: 07.02.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/25622



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.